ИНҶИЛИ ЮҲАННО
Каломи абадӣ ба ҷисм мубаддал шуд.
1:1 Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд. 2 Он дар ибтидо бо Худо буд. 3 Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вучуд наёфт. 4 Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд. 5 Ва нур дар торикӣ медурахшид, ва торикӣ онро фаро нагирифт. 6 Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуда буд, ки Яҳьё ном дошт. 7 Вай барои шоҳидӣ омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ки ҳама ба воситаи вай имон оваранд. 8 Вай он Нур набуд, балки омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад.
Исо — Нури ҳақиқӣ.
9 Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд. 10 Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ӯро нашинохт. 11 Ӯ назди мансубони Худ омад, ва мансубонаш Ӯро қабул накарданд. 12 Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд, 13 Ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд. 14 Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.
Шаҳодати Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар бораи худаш.
15 Ва Яҳьё бар Ӯ шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт: «Ин аст Он ки дар бораи Ӯ гуфтам: "Он ки пас аз ман меояд, пеш аз ман будааст, зеро ки бар ман муқаддам буд"». 16 Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем; 17 Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. 18 Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард. 19 Ва ин аст шаҳодати Яҳьё дар вақте ки яҳудиён аз Ерусалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд, ки: «Ту кистӣ?» 20 Вай иқрор кард ва инкор накард, балки зътироф намуда, гуфт: «Ман Масеҳ нестам». 21 Аз вай пурсиданд: «Пас кистӣ? Оё Ильёс ҳастӣ?» Гуфт: «Не». «Оё он набӣ ҳастӣ?» Ҷавоб дод: «Не». 22 Он гоҳ ба вай гуфтанд: «Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фирнстодаанд, ҷавоб диҳем: дар бораи худ чӣ мегӯӣ?» 23 Гуфт: «Ман овози нидокунанде дар биёбонам: роҳи Худовандро рост кунед, чунон ки Ишаъёи набӣ гуфтааст». 24 Он фиристодагон аз фарисиён буданд; 25 Ва онҳо аз вай пурсиданд: «Агар ту на Масеҳ ҳастӣ, на Ильёс ва на он набӣ, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?» 26 Яҳьё дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман бо об таъмид медпҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодааст, ки шумо Ӯро намешиносед: 27 «Ӯ Он аст, ки пас аз ман меояд, аммо пеш аз ман будааст; ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ӯро воз куиам». 28 Ин дар Байт-Абора, ки он тарафи Ӯрдун аст, дар ҷое ки Яҳьё таъмид медод, воқеъ шуд.
Шаҳодатпи Таъмиддиҳанда дар бораи Барраи Худо. Таъмиди Исо.
29 Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад; 30 «Ин аст Он ки ман дар бораи Ӯ гуфтам, ки: "Пас аз ман Марде меояд, ки пеш аз ман будааст, зеро ки Ӯ бар ман муқаддам буд"; 31 «Ман Ӯро намешинохтам; лекин барои он ки Ӯ ба Исроил зоҳир гардад, омадам ва бо об таъмид медодам». 32 Ва Яҳьё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт; 33 «Ман Ӯро намешинохтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт: "Бар ҳар кас бубинй, ки Рӯҳ нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт, Ӯ Ҳамон аст, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад". 34 «Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост».
Исо ва шогирдони аввалин.
35 Фардои он, боз Яҳьё бо ду шогирди худ истода буд. 36 Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо». 37 Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз паи Исо равона шуданд. 38 Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, гуфт: «Чӣ мехоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ», яъне: «эй Устод, дар куҷо истиқомат дорӣ?» 39 Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед». Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рӯз назди Ӯ бимонданд. Тақрибан соати даҳум буд. 40 Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳьёро шунида, аз паи Ӯ омада буданд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд. 41 Вай аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта, гуфт: «Мо Масеҳро, яъне Христосро ёфтем». 42 Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юнус ҳастй; акнун номат Кифо хоҳад шуд, ки маънояш Петрус аст». 43 Фардои ин, Исо хост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, гуфт: «Аз ақиби Ман биё». 44 Филиппус аз Байт-Сайдо, ҳамшаҳрии Андриёс ва Петрус буд. 45 Филиппус Натанъилро ёфта, гуфт: «Мо Он касеро, ки Мусо дар бораи Ӯ дар Таврот навиштааст, ва анбиё зикр кардаанд, ёфтаем, ки Исо, писари Юсуф, аз Носира аст». 46 Вале Натанъил ба вай гуфт: «Магар мумкин аст, ки аз Носира чизи некӯе пайдо шавад?» Филиппус ба вай гуфт: «Биё ва бубин». 47 Исо чун дид, ки Натанъил сӯи Ӯ меояд, дар бораи вай гуфт: «Инак, исроилии ҳақиқй, ки дар вай макре нест». 48 Натанъил ба Ӯ гуфт: «Маро аз куҷо мешиносӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, ҳангоме ки дар зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам». 49 Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ». 50 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту имон овардӣ, зеро ба ту гуфтам, ки: "Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам"; чизҳои бузургтар аз ин хохӣ дид». 51 Ва ба вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: минбаъд осмонро кушода ва фариштагони Худоро, ки бар Писари Одам сууд ва нузул мекунанд, хоҳед дид».
Тӯи арӯсӣ дар Қонои Ҷалил ва мӯъҷизаи аввалин.
2:1 Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд. 2 Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд. 3 Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: «Шароб надоранд». 4 Исо ба вай гуфт: «Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст». 5 Модараш ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред». 6 Дар он ҷо, мувофиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кӯзаи сангин истода буд, ки гунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд. 7 Исо ба онҳо гуфт: «Зарфҳоро аз об пур кунед». Ва онҳоро лабрез карданд. 8 Ва гуфт: «Акнун кашида, ба сардори базм баред». Ва онхо бурданд. 9 Чун сардор оби ба шароб мубаддалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда, 10 Ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ». 11 Ин ибтидои мӯъҷизоте буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро зоҳир кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд. 12 Пас аз он Ӯ бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, ва дар он ҷо айёми каме монданд.
Фисҳи аввалин ва пок кардани маъбад.
13 Ва чун иди фисҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Ерусалим рафт. 14 Ва дид, ки дар маъбад фурӯшандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд. 15 Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз маъбад пеш кард, ва тангаҳои саррофонро пошида, мизҳошонро чаппа кард; 16 Ва ба кафтарфурӯшон гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарй насозед». 17 Ва шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст». 18 Он гоҳ яҳудиён ба Ӯ рӯ оварда, гуфтанд: «Ба мо чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки ин корҳоро мекунӣ?» 19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин маъбадро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо хоҳам кард». 20 Яҳудиён гуфтанд: «Ин маъбадро дар зарфи чилу шаш сол бино кардаанд, ва Ту онро дар се рӯз барпо мекунӣ?» 21 Лекин Ӯ дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт. 22 Вақте ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ӯ инро ба онҳо гуфта буд, ва ба Навиштаҳо ва ба сухане ки Исо гуфта буд, имон оварданд. 23 Ва ҳангоме ки дар иди фисҳ дар Ерусалим буд, бисьёр касон мӯъҷизотеро, ки Ӯ нишон медод, дида, ба исми Ӯ имон оварданд. 24 Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешиноҳт, 25 Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.
Мусоҳибаи Исо бо Ниқӯдимус.
3:1 Дар байни фарксиён шахсе ки Ниқӯдимус ном дошт, аз сардорони яҳудиён буд. 2 Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ; зеро мӯъҷизотеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад». 3 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад». 4 Ниқӯдимус ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?» 5 Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад: 6 «Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. 7 «Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед. 8 «Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад». 9 Ниқӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?» 10 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инҳоро намедонӣ? 11 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед; 12 «Вакте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард? 13 «Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст; 14 «Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, 15 «То ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. 16 «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. 17 «Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. 18 «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст. 19 «Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро бештар аз рӯшноӣ дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст. 20 «Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад; 21 «Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рушноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст».
Шаҳодати охирини Яҳъёи Таъмиддиҳанда.
22 Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба сарзамини Яҳудо омад ва дар он ҷо бо онҳо сокин шуда, таъмид медод. 23 Ва Яҳьё низ дар Энӯн, ки дар наздикии Солим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисьёр буд, ва мардум омада, таъмид меёфтанд; 24 Зеро ки Яҳьё ҳанӯз дар зиндон андохта нашуда буд. 25 Ва дар байни шогирдони Яҳьё ва яҳудиён дар масъалаи татҳир баҳсу мунозира рӯй дод; 26 Ва назди Яҳьё омада, ба вай гуфтанд: «Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Ӯрдун бо ту буд, ва ту дар ҳаққи Ӯ шаҳодат дода будӣ, ҳоло таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ӯ меоянд». 27 Яҳьё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад. 28 «Шумо худ шоҳидони ман ҳастед, ки гуфтам: "Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ӯ фиристода шудаам". 29 «Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, ба овози вай гӯш медиҳад, аз шунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст; 30 «Ӯ бояд нашъунамо ёбад, ва ман завол ёбам. 31 «Он ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст; ва он ки аз замин аст, заминӣ бошад ва чун заминӣ сухан гӯяд; Он ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст. 32 «Ва он чи дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад. 33 «Ва касе ки шаҳодати Ӯро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо рост аст. 34 «Зеро Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегӯяд; зеро Худо Рӯҳро бамизон ато намекунад. 35 «Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст. 36 «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад».
Исо ва зани сомарӣ.
4:1 Чун Исои Худованд дарьёфт, ки ба гӯши фарисиён овозае расидааст, ки Ӯ, назар ба Яҳьё, бештар шогирд пайдо мекунад ва таъмид медиҳад, — 2 Гарчанде ки Худи Исо не, балки шогирдонаш таъмид медоданд, — 3 Яҳудоро тарк карда, боз ба Ҷалил рафт. 4 Ва Ӯро лозим буд аз Сомария гузашта равад. 5 Пас ба яке аз шаҳрҳои Сомария омад, ки Суҳар ном дошта, дар наздикии қитъаи замине буд, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода буд;
Мусоҳибаи Исо бо зани сомарӣ.
6 Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд, ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст, ва тақрибан соати шашум буд, 7 Ки зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: «Ба Ман барои нӯшидан об деҳ». 8 Зеро ки шогирдонаш барои харидани хӯрок ба шаҳр рафта буданд. 9 Зани сомарӣ ба Ӯ гуфт: «Чӣ тавр Ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, аз ман об мехоҳӣ, дар сурате ки ман зани сомариам? Зеро ки яҳудиён бо сомариён муошират надоранд». 10 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: "Ба Ман барои нӯшидан об деҳ", холо худат аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод». 11 Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Ту зарфе надорӣ, ки об кашӣ, ва ҷоҳ чукур аст: пас, аз куҷо оби ҳаёт дорӣ? 12 «Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар хастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва чорвояш аз он менӯшиданд?» 13 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна монад; 14 «Лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, абадан ташна намонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонӣ меҷӯшад». 15 Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Ба ман аз он об деҳ, то ки дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям». 16 Исо ба вай гуфт: «Бирав ва шавҳаратро бихон ва ба ин ҷо биё». 17 Зан дар ҷавоб гуфт: «Ман шавҳар надорам». Исо ба вай гуфт: «Ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ; 18 «Зеро ки панҷ шавҳар доштӣ, ва касе ки алҳол дорӣ, шавҳари ту нест; ин суханат рост аст». 19 Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Мебинам, ки Ту набӣ ҳастӣ; 20 «Падарони мо дар болои ин кӯҳ парастиш мекарданд, вале шумо мегӯед, ки ҷое ки дар он бояд парастиш кард, дар Ерусалим мебошад». 21 Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Ба Ман бовар кун, соате мерасад, ки на дар болои ин кӯҳ ва на дар Ерусалим Падарро парастиш хоҳед кард; 22 «Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем, зеро ки наҷот аз яҳудиён аст; 23 «Лекин соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рӯҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро ки Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад: 24 «Худо рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд ба рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд». 25 Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун Ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод». 26 Исо ба вай гуфт: «Ман, ки бо ту сухан мегӯям, Ҳамонам». 27 Дар ҳамин вақт шогирдонаш омада, тааҷҷуб карданд, ки Ӯ бо зане гуфтугӯ мекунад; лекин ҳеҷ кас нагуфт, ки: "Чӣ металабӣ?" ё ки: "Барои чӣ бо вай ҳарф мезанӣ?" 28 Зан кӯзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба мардум гуфт: 29 «Биёед ва Касеро бубинед, ки ҳар он чи кардаам, ба ман гуфт; оё Ӯ Масеҳ нест?» 30 Онҳо аз шаҳр берун шуда, назди Ӯ меомаданд.
Киштзори Худо барои дарав пухтааст.
31 Дар ин миён шогирдон аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Эй Устод! Бихӯр!» 32 Ба онҳо гуфт: «Ман ғизое дорам, ки бихӯрам, ва шумо онро намедонед». 33 Шогирдон ба якдигар гуфтанд: «Магар касе ба Ӯ хӯрданӣ овардааст?» 34 Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам. 35 «Оё шумо намегӯед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро хоҳад расид? Инак, Ман ба шумо мегӯям: чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст. 36 «Даравгар музди худро мегирад ва маҳсулеро барои ҳаёти ҷовидонӣ ҷамъ мекунад, то ки коранда ва даравгар бо ҳам шодӣ кунанд; 37 «Зеро ки дар ин маврид чунин сухан ҳаққонист, ки: "Яке мекорад ва дигаре дарав мекунад". 38 «Ман шуморо барои даравидани маҳсуле фиристодам, ки барои он шумо меҳнат накардаед: дигарон меҳнат кардаанд, ва шумо дар меҳнати онҳо дохил шудаед». 39 Ва аз рӯи каломи он зан, ки шаҳодат дода буд: «Ҳар он чи кардаам, Ӯ ба ман гуфт», аз он шаҳр бисьёр сомариён ба Ӯ имон оварданд. 40 Бинобар ин, чун сомариён пеши Ӯ омаданд, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки назди онҳо бимонад; ва Ӯ ду рӯз назди онҳо монд. 41 Ва боз бисьёре аз рӯи каломи Ӯ имон оварданд. 42 Ва ба он зан гуфтанд: «Пас аз ин имони мо аз рӯи сухани ту нест, зеро ки худамон шунидем ва донистем, ки Ӯ дар ҳақиқат Наҷотдиҳандаи олам аст, яъне Масеҳ аст». 43 Пас аз ду рӯз Ӯ аз он ҷо берун омада, ба Ҷалил равона шуд; 44 Зеро Худи Исо шаҳодат додааст, ки пайғамбар дар зодгоҳи худ беқадр аст. 45 Чун Ӯ ба Ҷалил омад, аҳли Ҷалил Ӯро пазируфтанд, зеро ҳар он чи дар Ерусалим дар ид карда буд, дида буданд, чунки онҳо низ ба ид рафта буданд.
Шифо ёфтани писари дарборӣ.
46 Ва Исо бори дигар ба Қонои Ҷалил омад, ки дар он ҷо обро шароб гардонда буд. Ва шахсе аз дарбориён буд, ки писараш дар Кафарнаҳум бемор буд. 47 Чун шунид, ки Исо аз Яҳудо ба Ҷалил омадааст, назди Ӯ рафта, илтимос кард, ки омада, писарашро шифо диҳад, ки вай дар дами марг аст. 48 Исо ба вай гуфт: «Агар аломот ва мӯъҷизот набинед, имон намеоваред». 49 Дарборй ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Пеш аз он ки писарам бимирад, биё». 50 Исо ба вай гуфт: «Бирав, ки писарат зинда аст». Вай ба сухане ки Исо гуфт, имон оварда, равона шуд. 51 Ва ҳангоме ки мерафт, навкаронаш вайро пешвоз гирифтанд ва мужда дода, гуфтанд: «Писарат зинда аст». 52 Аз онҳо пурсид: «Дар кадом соат аҳволаш беҳтар шуд?» Ба вай гуфтанд: «Дирӯз дар соати ҳафтум табларза вайро тарк кард». 53 Ва падар донист, ки ин ҳамон соате буд, ки Исо ба вай гуфт: «Писарат зинда аст». Ва худаш ва тамоми аҳли байташ имон оварданд. 54 Ин мӯъҷизаи дуюм буд, ки Исо баъд аз омаданаш аз Яҳудо ба Ҷалил нишон дод.
Шифо додан дар рӯзи шанбе назди ҳавзи Байт-Ҳасдо.
5:1 Пас аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Ерусалим омад. 2 Дар Ерусалим дар назди дарвозаи Меш ҳавзе ҳаст, ки ба ибронӣ Байт-Ҳасдо мегӯянд, ва он панҷ равоқ дорад: 3 Дар он ҷо шумораи зиёди беморон, кӯрон, лангон ва шалон хобида, мунтазири ҳаракати об буданд; 4 Зеро фариштаи Худо вақт-вақт ба ҳавз фуромада, обро ҳаракат медод, ва ҳар кӣ дар аснои ҳаракати об аввал ба ҳавз дарояд, аз ҳар касалие ки дошт, шифо меёфт. 5 Ва касе дар он ҷо буд, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд. 6 Чун Исо вайро хобида дид ва донист, ки муддати дарозе бемор аст, ба вай гуфт: «Оё мехоҳӣ шифо ёбӣ?» 7 Бемор ҷавоб дод: «Эй оғо! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро дар ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре худро дар ҳавз меандозад». 8 Исо ба вай гуфт: «Бархез, бистаратро бардор ва бирав». 9 Ҳамон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ даромад. Он рӯз рӯзи шанбе буд. 10 Яҳудиён ба касе ки шифо ёфта буд, гуфтанд: «Имрӯз шанбе аст, ва ҷоиз нест, ки бистари худро бардорӣ». 11 Вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Он Кас, ки маро шифо дод, ба ман гуфт: "Бистаратро бардор ва бирав"». 12 Аз вай пурсиданд: «Кист Он Кас, ки ба ту гуфт: "Бистаратро бардор ва бирав"?» 13 Лекин он ки шифо ёфта буд, намедонист, ки Ӯ кист; зеро ки дар он ҷо издиҳоми калоне буд, ва Исо нопадид шуда рафт. 14 Пас аз он Исо вайро дар маъбад ёфта, гуфт: «Инак, шифо ёфтаӣ; дигар гуноҳе накун, то ки ба вазъияти бадтаре дучор нашавӣ». 15 Он мард рафта, ба яҳудиён гуфт, ки шифодиҳандаи ман Исо мебошад. 16 Аз ин сабаб яҳудиён Исоро таъқиб мекарданд ва Ӯро мехостанд ба қатл расонанд, зеро ки ин корро дар рӯзи шанбе карда буд.
Исо аъмоли Худро ҳимоят мекунад ва аз ҷониби Падар фиристода шуданашро далел меоварад.
17 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам». 18 Аз ин сабаб бештар қасд карданд, ки Ӯро ба қатл расонанд, зеро ки на танҳо шанберо риоят намекард, балки Худоро низ Падари Худ гуфта, Худро бо Худо баробар медонист. 19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бубинад, ки Падар ба амал меоварад: зеро ки он чи Ӯ мекунад, Писар низ мекунад. 20 «Зеро ки Падар Писарро дӯст медорад ва ҳар он чи Худаш мекунад, ба Писар нишон медиҳад; ва корҳои бузургтар аз ин ҳам ба Ӯ нишон хоҳад дод, то ки шумо тааҷҷуб намоед. 21 «Зеро, ҳамчунон ки Падар мурдагонро эҳьё мекунад ва зинда мегардонад, Писар низ ончунон ҳар киро, ки хоҳад, зинда мегардонад. 22 «Зеро ки Падар бар ҳеҷ кас доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст, 23 «То ки ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст. 24 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст. 25 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд, ва ҳар кӣ бишнавад, зинда гардад. 26 «Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад; 27 «Ва ба Ӯ қудрат бахшидааст, ки доварӣ кунад, зеро ки Ӯ Писари Одам аст.
Қиёмати ҳаёт ва қиёмати доварӣ.
28 «Ва аз ин тааҷҷуб накунед: зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро хоҳанд шунид, 29 «Ва берун хоҳанд омад — некӯкорон барои қиёмати ҳаёт ва бадкорон барои қиёмати доварӣ. 30 «Ман аз Худ чизе ба амал оварда наметавонам. Ончунон ки мешунавам, доварӣ мекунам, ва доварии Ман одил аст, зеро ки толиби иродаи Худ не, балки иродаи Падаре ҳастам, ки Маро фиристодааст.
Шоҳиди Исо дар бораи фиристода шудани Ӯ аз ҷониби Падар.
31 «Агар Ман бар Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман рост нест: 32 «Дигаре ҳаст, ки бар Ман шаҳодат медиҳад, ва Ман медонам, ки шаҳодате ки вай бар Ман медиҳад, рост аст; 33 «Шумо назди Яҳьё фиристодед; вай ба ростӣ шаҳодат дод. 34 «Аммо Ман шаҳодати одамро қабул намекунам, вале ин суханонро мегӯям, то ки шумо наҷот ёбед. 35 «Вай чароғе буд, ки месӯхт ва медурахшид; ва шумо хостед, ки соате ба нури вай шодӣ кунед. 36 «Лекин Ман шаҳодате дорам, ки аз шаҳодати Яҳьё бузургтар аст: зеро корҳое ки Падар ба Ман ато кардааст, то анҷом диҳам, яъне ин корҳое ки Ман мекунам, бар Ман шаҳодат медиҳанд, ки Падар Маро фиристодааст. 37 «Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат додааст, ва шумо ҳаргиз на овози Ӯро шунидаед ва на сурати Ӯро дидаед, 38 «Ва каломи Ӯ дар дилҳои щумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он Касе ки Ӯ фиристодааст, имон намеоваред. 39 «Шумо Навиштаҳоро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи онҳо ҳаёти човидонӣ пайдо мекунед, вале онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд. 40 «Ва шумо намехоҳед назди Ман биёед, то ки ҳаёт ёбед. 41 «Чалолро аз мардум қабул намекунам. 42 «Лекин шуморо мешиносам: дар дили худ мухаббати Худоро надоред. 43 «Ман ба исми Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед, ва агар дигаре ба исми худаш биёяд, вайро қабул хоҳед кард. 44 «Шумо чӣ тавр метавонед имон оваред, дар сурате ки ҷалол аз якдигар металабед, лекин ҷалолеро, ки аз Худои ягона аст, толиб нестед? 45 «Гумон накунед, ки Ман назди Падар бар шумо даъвое хоҳам кард: даъвогар бар шумо Мусо мебошад, ки ба вай умед бастаед. 46 «Зеро ки агар шумо ба Мусо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст. 47 «Модоме ки шумо ба навиштаҳои вай имон надоред, ба суханони Ман чӣ гуна имон хоҳед овард?»
Сер шудани панҷ ҳазор мард.
6:1 Пас аз он Исо ба он тарафи баҳри Ҷалил, ё баҳри Табария раҳсипор шуд; 2 Ва мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ равона шуданд, зеро он мӯъҷизотеро, ки ба беморон нишон медод, медиданд. 3 Исо ба кӯҳе баромада, бо шогирдони Худ дар он ҷо нишаст. 4 Иди фисҳи яҳудиён наздик буд. 5 Исо чашм андохта, дид, ки мардуми бисьёре назди Ӯ меоянд, ва ба Филиппус гуфт: «Аз куҷо нон бихарем, ки инҳо бихӯранд?» 6 Лекин инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ бояд кард. 7 Филиппус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Дусад динор барои онҳо кифоят намекунад, то ки ҳар яке андаке нон бихӯранд». 8 Яке аз шогирдонаш, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус, ба Ӯ гуфт: 9 «Дар ин ҷо писаре ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад; лекин барои ин қадар одам чӣ мешавад?» 10 Исо гуфт: «Мардумро шинонед». Дар он ҷо сабза бисьёр буд, ва мардум, ки қариб панҷ ҳазор мард буданд, нишастанд. 11 Исо нонҳоро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд. 12 Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт: «Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ки чизе талаф нашавад». 13 Ва ҷамъ карда, аз пораҳои панҷ нони ҷав, ки аз хӯрандагон зиёдатӣ монда буд, дувоздаҳ сабадро пур карданд. 14 Вақте ки мардум ин мӯъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд: «Ин ҳақиқатан Он Пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».
Исо бар баҳр қадам мезанад.
15 Лекин Исо чун дарьёфт, ки мехоҳанд омада, Ӯро ба зӯрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кӯҳ баромад. 16 Шомгоҳон шогирдонаш ба лаби баҳр фуромаданд 17 Ва ба каиқе савор шуда, ба он тарафи баҳр, сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Ва ҳаво торик шуд, ва Исо назди онҳо наомада буд. 18 Ва боди шадиде вазида, баҳр ба талотум омад. 19 Вақте ки ба дурии тақрибан бисту панҷ ё сӣ стадия қаиқ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар баҳр қадам зада, ба қаиқ наздик меояд, ва ҳаросон шуданд. 20 Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин Манам, натарсед». 21 Онҳо мехостанд Ӯро ба қаик дароваранд; ҳамон дам қаиқ ба соҳиле ки сӯи он равона буданд, расид.
Исо — нони ҳаёт.
22 Фардои он, мардуме ки дар он тарафи баҳр истода буданд, диданд, ки дар он ҷо ҳеҷ қаиқе набуд, ҷуз он ки шогирдони Ӯ дохили он шуда буданд, ва Исо бо шогирдони Худ ба он надаромада буд, балки шогирдонаш танҳо рафта буданд; 23 Лекин қаиқҳои дигаре аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз баракат додани Худованд нон хӯрда буданд, расиданд; 24 Ва чун мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар он ҷо нестанд, онҳо низ ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Исо ба Кафарнаҳум омаданд. 25 Ва Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Кай ба ин ҷо омадӣ?» 26 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Маро на ба сабаби мӯъҷизоте ки дидед, балки ба он сабаб ҷустуҷӯ мекунед, ки нон хӯрда, сер шудед. 27 «На аз барои гизои фонӣ, балки барои гизое саъю кӯшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст». 28 Ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ бояд кунем, ки аъмоли писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?» 29 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе ки Ӯ фиристод, имон оваред». 30 Ба Ӯ гуфтанд: «Пас, чӣ аломате Ту нишон медиҳӣ, то ки дида, ба Ту имон оварем? Чӣ кор мекунӣ? 31 «Падарони мо дар биёбон манн хӯрдаанд, чунон ки навишта шудааст: "Аз осмон ба онҳо нон ато кард, то бихӯранд"». 32 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Мусо нонро ба шумо аз осмон надодааст, балки Падари Ман нони ҳақиқиро ба шумо аз осмон медиҳад; 33 «Зеро нони Худо Он Касест, ки аз осмон нозил шуда, ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад». 34 Он гоҳ ба Ӯ гуфтанд: «Эй оғо! Ҳамеша ин нонро ба мо бидеҳ». 35 Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд. 36 «Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро низ дидаед, ва имон намеоваред. 37 «Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд. 38 «Зеро аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки ба иродаи Фиристандаи Худ. 39 «Ва иродаи Падаре ки Маро фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман ато кард, чизе талаф накунам, балки дар рӯзи вопасин онро эҳьё кунам; 40 «Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард». 41 Яҳудиён аз Ӯ шикоят карданд, зеро ки гуфта буд: «Манам он ноне ки аз осмон нозил шуд». 42 Ва гуфтанд: «Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ӯро мешиносем? Пас чӣ тавр мегӯяд, ки "Ман аз осмон нозил шудаам"?» 43 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба якдигар шикоят накунед: 44 «Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳам кард. 45 «Дар суҳафи анбиё навишта шудааст: "Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт". Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд. 46 «На ин ки касе Падарро дидааст, чуз Он ки аз ҷониби Худост: Ӯ Падарро дидааст. 47 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад. 48 «Ман нони ҳаёт ҳастам. 49 «Падарони шумо дар биёбон манн хӯрданд ва мурданд; 50 «Валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон нозил шуд, то ҳар кӣ аз он бихӯрад, намирад. 51 «Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам». 52 Яҳудиён бо ҳамдигар мубоҳиса карда, мегуфтанд: «Чӣ тавр Ин Шахс метавонад Бадани Худро бидиҳад, то мо бихӯрем?» 53 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар Бадани Писари Одамро нахӯред ва Хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред; 54 «Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард; 55 «Зеро ки Бадани Ман ғизои ҳақиқист, ва Хуни Ман нӯшокии ҳақиқист; 56 «Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай; 57 «Чунон ки Падари Ҳай Маро фиристод, ва Ман ба василаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро бихӯрад, ба василаи Ман зинда хоҳад монд; 58 «Ин аст ноне ки аз осмон нозил шуд; на ончунон ки падарони шумо маннро хӯрданд ва мурданд; ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд». 59 Ин суханонро, ҳангоме ки дар Кафарнаҳум таълим медод, дар куништ гуфт.
Ҷудоӣ дар миёни шогирдон.
60 Бисьёре аз шогирдони Ӯ, инро шунида, гуфтанд: «Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро бишнавад?» 61 Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бобат шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт: «Оё ин шуморо ба васваса меандозад? 62 «Пас агар Писари Одамро бинед, ки ба мақоми аввалааш сууд мекунад, чӣ хоҳед гуфт? 63 «Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест; суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаёт аст; 64 «Лекин баъзе аз шумо ҳастанд, ки имон надоранд». Зеро Исо аз ибтидо медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ Ӯро таслим хоҳад кард. 65 Ва гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад». 66 Аз он вакт бисьёре аз шогирдонаш аз Ӯ дур шуда, дигар Ӯро пайравӣ накарданд.
Эътирофи Петрус. Яҳудо — таслимкунанда.
67 Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?» 68 Шимъӯни Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст, 69 «Ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ». 70 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Ва ҳол он ки яке аз шумо иблис аст». 71 Инро Ӯ дар бораи Яҳудо писари Шимъӯни Исқарьют гуфт, зеро вай, ки яке аз он дувоздаҳ буд, мехост Ӯро таслим кунад.
Бародарон Исоро ба иди хаймаҳо таклиф мекунанд.
7:1 Пас аз он Исо дар Ҷалил мегашт, зеро намехост дар Яҳудо бошад, чунки яҳудиён қасди куштани Ӯ доштанд. 2 Ва иди яҳудиён, ки иди хаймаҳо бошад, наздик буд. 3 Пас бародаронаш баУ гуфтанд: «Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудо равона шав, то ки шогирдонат низ он аъмолеро, ки Ту ба ҷо меоварӣ, бубинанд; 4 «Зеро касе ки мехоҳад машҳур шавад, дар пинҳонӣ амал намекунад; агар Ту чунин аъмолро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон бинамо». 5 Зеро бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд. 6 Исо ба онҳо гуфт: «Вақти Ман ҳанӯз нарасидааст, лекин барои шумо ҳар вақт муносиб аст; 7 «Чаҳон наметавонад ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст; 8 «Шумо ба ин ид биравед, аммо Ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз пур нашудааст». 9 Инро ба онҳо гуфта, дар Ҷалил монд.
Исо Ҷалилро тарк мекунад.
10 Вакте ки бародаронаш ба ид омаданд, Ӯ низ омад, на ошкоро, балки пинҳонӣ. 11 Аммо яҳудиён Ӯро дар ид ҷустуҷӯ намуда, мегуфтанд, ки: «У куҷост?» 12 Ва дар миёни мардум дар бораи Ӯ гуфтугӯи бисьёре буд. Баъзеҳо мегуфтанд: «Ӯ некӯст», аммо дигарон мегуфтанд: «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад». 13 Лекин, аз тарси яҳудиён, ҳеҷ кас дар бораи Ӯ ошкоро сухан намегуфт.
Исо дар иди хаймаҳо.
14 Чун нисфи ид гузашт, Исо ба маъбад омада, таълим дод. 15 Ва яҳудиён дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Ин Шахс Навиштаҳоро чӣ гуна медонад, дар сурате ки ҳаргиз таълим наёфтааст?» 16 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст; 17 «Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям. 18 «Ҳар кӣ аз худ сухан гӯяд, ҷалоли худро меҷӯяд; вале ҳар кӣ ҷалоли Фиристандаи Худро меҷӯяд, Ӯ ҳақиқист, ва дар Ӯ норостӣ нест. 19 «Оё Мусо ба шумо шариатро надод? Ва касе аз шумо аз рӯи шариат амал намекунад. Чаро мехоҳед Маро бикушед?» 20 Мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро бикушад?» 21 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Як кор кардам, ва ҳамаи шумо дар ҳайрат мондед; 22 «Мусо ба шумо хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо писарони худро дар рӯзи шанбе хатна мекунед. 23 «Модоме ки писаронро дар рӯзи шанбе хатна мекунанд, то ки шариати Мусо вайрон нашавад, пас чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе касеро шифои комил додаам? 24 «Аз рӯи намуди зоҳирӣ доварӣ накунед, балки аз рӯи адолат доварӣ кунед». 25 Он гоҳ баъзе аз аҳли Ерусалим гуфтанд: «Оё ин Ҳамон Касе нест, ки Ӯро мехоҳанд бикушанд? 26 «Инак, Ӯ ошкоро сухан мегӯяд, ва ба Ӯ чизе намегӯянд: оё сардорон яқин донистаанд, ки Ӯ дар ҳақиқат Масеҳ аст? 27 «Лекин мо медонем, ки Ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд, касе нахоҳад донист, ки Ӯ аз куҷост». 28 Ва Исо, вақте ки дар маъбад таълим медод, нидо карда, гуфт: «Маро мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале Фиристандаи Ман ҳақиқист, ки шумо Ӯро намешиносед; 29 «Аммо Ман Ӯро мешиносам, чунки ман аз ҷониби Ӯ ҳастам, ва Ӯ Маро фиристодааст». 30 Он гоҳ хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале касе даст бар Ӯ наандохт, чунки ҳанӯз соаташ нарасида буд. 31 Лекин бисьёре аз мардум ба Ӯ имон оварданд ва гуфтанд: «Чун Масеҳ ояд, наход ки аз Ин Шахс бештар аломот нишон хоҳад дод?» 32 Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ӯ чунин мегӯянд, пас фарисиён ва саркоҳинон мулозимонро фиристоданд, то ки Ӯро дастгир кунанд. 33 Ва Исо гуфт: «Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристандаи Худ меравам; 34 «Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед». 35 Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд: «У ба куҷо мехоҳад биравад, ки мо Ӯро ёфта натавонем? Оё мехоҳад назди онҳое биравад, ки дар байни юнониён пароканда ҳастанд, ва юнониёнро таълим диҳад? 36 «Чист маънои суханоне киӮгуфт: "Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед"?»
Исо дар бораи қуввати Рӯҳулқудс сухан меронад.
37 Ва дар рӯзи охир, ки рӯзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо кард ва гуфт: «Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман биёяд ва бинӯшад; 38 «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст, аз батни вай наҳрҳои оби ҳаёт ҷорӣ хоҳад шуд». 39 Ин суханро Ӯ дар бораи Рӯҳ гуфт, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, Онро хоҳад ёфт; зеро ки Рӯҳулқудс ҳанӯз ато нашуда буд, чунки Исо ҳанӯз ҷалол наёфта буд.
Фикрҳои дигардигари яҳудиён дар бораи Исо.
40 Бисьёре аз мардум ин суханро шунида, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Ин Шахс ҳамон Пайғамбар аст». 41 Баъзеҳо гуфтанд: «Ин Масеҳ аст». Лекин дигарон гуфтанд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд? 42 «Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт-Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?» 43 Ба ҳамин тариқ, дар бораи Ӯ дар байни мардум ихтилоф афтод. 44 Баъзе аз онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин касе ба Ӯ даст наандохт. 45 Пас мулозимон назди саркоҳинон ва фарисиён баргаштанд, ва онҳо пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?» 46 Мулозимон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст». 47 Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Оё шумо низ гумроҳ шудаед? 48 «Оё касе аз сардорон ё аз фарисиён ба Ӯ имон овардааст? 49 «Аммо ин мардуме ки шариатро намедонанд, малъун мебошанд». 50 Ниқӯдимус, ки шабона назди Ӯ омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт: 51 «Оё шариати мо касеро маҳкум менамояд бе он ки аввал суханашро бишнавад ва бидонад, ки вай чӣ кор кардааст?» 52 Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Магар ту низ ҷалилӣ ҳастӣ? Таҳқиқ кун ва бубин, зеро ки ҳеҷ пайғамбаре аз Ҷалил зуҳур накардааст». 53 Пас ҳар кас ба хонаи худ рафт.
Исо зани гуноҳкорро афв менамояд.
8:1 Лекин Исо ба кӯҳи Зайтун рафт, 2 Ва бомдодон боз ба маъбад омад, ва тамоми мардум назди Ӯ омаданд; ва Ӯ нишаста, онҳоро таълим медод. 3 Дар ин вақт китобдонон ва фарисиён занеро, ки дар амали зино дастгир шуда буд, назди Ӯ оварданд, ва дар миёна ба по ниҳода, 4 Ба Ӯ гуфтанд: «Устод! Инзандар амали зино дастгир шуд; 5 «Ва Мусо дар шариат ба мо гуфтааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд: аммо Ту чӣ мегӯӣ?» 6 Инро барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд, то ки далеле ёфта, Ӯро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда, бо ангушташ бар рӯи замин чизе менавишт. 7 Чун дар савол исрор намуданд, Ӯ рост шуда, ба онҳо гуфт: «Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад». 8 Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт. 9 Чун шуниданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, то каси охирин паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна ба по меистод. 10 Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт: «Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?» 11 Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй оғо!» Исо ба вай гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун».
Исо — Нури ҷаҳон.
12 Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаётро ёбад». 13 Он гоҳ фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту бар Худ шаҳодат медиҳӣ, шаҳодати Ту рост нест». 14 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Гарчанде ки Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; лекин шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; 15 «Шумо аз рӯи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварӣ намекунам; 16 «Ва агар Ман доварӣ кунам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам, балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст; 17 «Ва низ дар шариати шумо навишта шудааст, ки шаҳодати ду кас рост аст; 18 «Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад». 19 Ба Ӯ гуфтанд: «Падари Ту куҷост?» Исо ҷавоб дод: «Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед». 20 Ин суханонро Исо назди ганҷина, ҳангоме ки дар маъбад таълим медод, гуфт; ва ҳеҷ кас Ӯро дастгир накард, чунки соати Ӯ ҳанӯз нарасида буд.
Исо дар бораи назди Падар рафтани Худ шаҳодат медиҳад.
21 Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ман меравам, ва шумо Маро ҳоҳед ҷуст, ва дар гуноҳи худ хоҳед мурд; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед». 22 Яҳудиён гуфтанд: «Наход ки Ӯ мехоҳад Худро бикушад, ки мегӯяд: "Ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед"?» 23 Ба онҳо гуфт: «Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам; 24 «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд». 25 Ба Ӯ гуфтанд: «Ту кистӣ?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам; 26 «Ман чизҳои бисьёр дорам, ки дар ҳаққи шумо бигӯям ва доварӣ кунам; лекин Фиристандаи Ман ҳақиқист, ва Ман ҳар чи аз Ӯ шунидаам, ба ҷаҳон мегӯям». 27 Онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо дар бораи Падар суҳан мегӯяд. 28 Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки Писари Одамро баланд бардоштед, хоҳед фаҳмид, ки ин Ман ҳастам, ва ҳеҷ амалро аз Худам намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям; 29 «Фиристандаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро ки Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам». 30 Чун инро гуфт, бисьёр касон ба Ӯ имон оварданд.
Дар бораи озодии ҳақиқӣ.
31 Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд, 32 «Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард». 33 Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чӣ сон Ту мегӯӣ, ки "озод хоҳед шуд"?» 34 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст; 35 «Лекин ғулом ҳамеша дар хона намемонад: писар ҳамеша мемонад; 36 «Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд;
Дар бораи душманони ростӣ.
37 «Медонам, ки фарзандони Иброҳим ҳастед; лекин мехоҳед Маро бикушед, чунки каломи Ман дар шумо намегунҷад; 38 «Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегӯям; ва шумо он чи назди падари худ дидаед, мекунед». 39 Онҳо дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар фарзандони Иброҳим мебудед, аъмоли Иброҳимро ба ҷо меовардед; 40 «Валекин ҳоло мехоҳед Маро бикушед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегӯям: Иброҳим чунин коре накардааст. 41 «Шумо аъмоли падари худро мекунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо аз зино таваллуд наёфтаем; мо як Падар дорем, ки Худо бошад». 42 Исо ба онҳо гуфт: «Агар Худо Падари шумо мебуд, Маро дӯст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо баромада, назди шумо омадаам; зеро ки Ман ба иродаи Худ наомадаам, балки Ӯ Маро фиристод. 43 «Чаро каломи Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро наметавонед бипшавед. 44 «Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст. 45 «Лекин азбаски Ман сухани ростро ба шумо мегӯям, ба Ман имон намеоваред.
Сирри шахсияти Исо.
46 «Кист аз шумо, ки Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гӯям, чаро ба Ман имон намеоваред? 47 «Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад; шумо ба он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед». 48 Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Оё дуруст нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?» 49 Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо ба Ман беҳурматӣ мекунед; 50 «Ман ҷалоли Худро толиб нестам: Яке ҳаст, ки Толиб ва Довар мебошад; 51 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид». 52 Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ; Иброҳим ва анбиё мурданд, вале Ту мегӯӣ: "Касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад зоиқаи маргро нахоҳад чашид"». 53 «Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз анбиё, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонӣ?» 54 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ чизе набошад: Маро Падари Ман ҷалол мебахшад, ки дар ҳаққи Ӯ шумо мегӯед: "Ӯ Худои мост"; 55 «Ва Ӯро нашинохтаед, лекин Ман Ӯро мешиносам; ва агар бигӯям, ки Ӯро намешиносам, мисли шумо дурӯғгӯй мешавам; лекин Ман Ӯро мешиносам ва каломи Ӯро риоя мекунам; 56 «Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи Маро бубинад: ва дид ва шод гардид». 57 Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?» 58 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим пайдо шуд, Ман ҳастам». 59 Он гоҳ санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд; лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз маъбад берун шуд ва рафт.
Шифо ёфтани кӯри модарзод дар рӯзи шанбе.
9:1 Ва чун мерафт, як кӯри модарзодро дид. 2 Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Эй Устод! Кӣ гуноҳ кард: ин одам ё падару модараш, ки вай кӯр зоида шуд?» 3 Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки барои он ки дар вай аъмоли Худо ошкор гардад; 4 «То вақте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад; 5 «То вакте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам». 6 Инро гуфта, оби даҳан бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро ба чашмони кӯр молид, 7 Ва ба вай гуфт: «Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ, ки маънояш "Фиристода" мебошад, худро бишӯй». Вай рафта, худро шуст, ва бино шуда, омад. 8 Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?» 9 Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва баъзе гуфтанд: «Фақат ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам». 10 Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ тавр чашмони ту воз шуд?» 11 Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: "Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ худро бишӯй". Ман рафта, худро шустам ва бино шудам». 12 Ба вай гуфтанд: «У куҷост?» Гуфт: «Намедонам». 13 Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд. 14 Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, рӯзи шанбе буд. 15 Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гузошт, ва ман худро шуста, бино шудам». 16 Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шанберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чӣ тавр як шахси гуноҳкор чунин мӯъҷизот нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ихтилоф афтод. 17 Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чӣ мегӯӣ?» Гуфт: «Пайғамбар аст». 18 Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду биио шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда, 19 Аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст ? Пас чӣ тавр вай алҳол бино шудааст ?» 20 Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст; 21 «Лекин алҳол чӣ тавр бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кӣ воз кардааст, намедонем; вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад». 22 Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиён метарсиданд; зеро ки яҳудиён аллакай забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро чун Масеҳ эьтироф намояд, аз куништ биронанд; 23 Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки «вай болиғ аст, аз худаш пурсед». 24 Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, талабида, гуфтанд: «Худоро сано гӯй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст». 25 Дар ҷавобашон гуфт: «Оё гуноҳкор аст ё не, намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва ҳоло бино ҳастам». 26 Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро воз кард?» 27 Ба онҳо ҷавоб дод: «Аллакай ба шумо гуфтам, ва гӯш надодед: чаро мехоҳед дубора бишнавед? Оё шумо низ мехоҳед шогирдони Ӯ шавед?» 28 Вайро мазаммат намуда, гуфтанд: «Ту шогирди Ӯ ҳастӣ, мо шогирдони Мусоем; 29 «Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин Ин Шахсро намедонем аз куҷост». 30 Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард. 31 «Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад; 32 «Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад; 33 «Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист». 34 Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд ёфтаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд. 35 Исо чун шунид, ки вайро бадар рондаанд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Одам имон дорӣ?» 36 Дар ҷавоб гуфт: «Эй оғо, Ӯ кист, то ки ба Ӯ имон оварам?» 37 Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад». 38 Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва ба Ӯ саҷда вард. 39 Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то ки кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд». 40 Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Наход ки мо ҳам кӯр бошем?» 41 Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонад».
Масал дар бораи чӯпон ва дар бораи каси бегона.
10:1 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфанд аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст; 2 «Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, вай чӯпони гӯсфандон аст: 3 «Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад; 4 «Чун гӯсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз ақиби вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд; 5 «Лекин аз ақиби каси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд». 6 Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо чӣ гуфт.
Исо — дар бораи гӯсфандон.
7 Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар ҳастам. 8 «Ҳамаи касоне ки пеш аз Ман омаданд, дузд ва роҳзан ҳастанд; лекин гӯсфандон ба овози онҳо гӯш надоданд. 9 «Ман дар ҳастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба дарун ва берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад. 10 «Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонй дошта бошанд.
Исо — чӯпони некдил.
11 «Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони ҳудро барои гӯсфандон фидо мекунад; 12 «Лекин муздуре ки чӯпон нест, ва гӯсфандон аз они худаш нестанд, чун бубинад, ки гург меояд, гӯсфандонро монда мегурезад, ва гург гӯсфандонро мегирад ва пароканда мекунад; 13 «Муздур мегурезад, чунки муздур аст, ва ғами гӯсфандонро намехӯрад. 14 «Ман чӯпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонам Маро мешиносанд: 15 «Чунон ки Падар Маро мешиносад, Ман ҳам Падарро мешиносам, ва ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам. 16 «Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд, ва онҳоро низ бояд оварам: онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид, ва як рамаю як чӯпон хоҳанд шуд. 17 «Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам; 18 «Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин хукмро аз Падари Худ гирифтаам». 19 Ба сабаби ин суҳанон боз дар байни яҳудиён ихтилоф афтод. 20 Бисьёре аз онҳо гуфтанд: «Ӯ дев дорад ва девона ает; чаро ба суханонаш гӯш медиҳед?» 21 Дигарон гуфтанд: «Ин суханони девона нест; оё дев метавонад чашми кӯронро воз кунад?»
Исо дар Ерусалим дар иди тачдид. а) Худро Масеҳ эълон мекунад.
22 Дар Ерусалим иди таҷдид барпо шуд, ва зимистон буд. 23 Ва Исо дар маъбад, дар равоки Сулаймон мегашт. 24 Яҳудиён гирди Ӯро гирифта, ба Ӯ гуфтанд: «То кай моро дар тардид мегузорӣ? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро бигӯ». 25 Исо ба онҳо чавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ва имон наовардец; аъмоле ки Ман ба исми Падари Худ ба ҷо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳад; 26 «Лекин шумо имон намеоваред, зеро ки аз гӯсфандони Ман нестед, чунон ки ба шумо гуфтам; 27 «Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд, 28 «Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад; 29 «Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад: 30 «Ман ва Падар як ҳастем».
б) Адовати яҳудиён.
31 Боз яхудиён санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд. 32 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисьёр аъмоли нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?» 33 Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои амали нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастӣ, Худро Худо мехонӣ». 34 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дар шариати шумо навишта нашудааст: "Ман гуфтам: шумо худоён ҳастед"? 35 «Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон нозил шуд, худоён хондааст, ва Навишта наметавонад ботил шавад, — 36 «Пас ба Касе ки Падар Ӯро тақдис карда, ба ҷаҳон фиристод, чӣ тавр шумо мегӯед, ки: "Куфр мегӯӣ", чунки гуфтаам: "Писари Худо ҳастам"? 37 «Агар аъмоли Падари Худро ба ҷо намеоварам, ба Ман имон наоваред; 38 «Ва агар ба ҷо меоварам, ҳарчанд шумо ба Ман имон намеоваред, пас ба аъмол имон оваред, то бидонед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ». 39 Он гоҳ бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин Ӯ аз дасташон раҳо шуд. 40 Ва боз ба он тарафи Ӯрдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳьё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд. 41 Ва бисьёр касон назди Ӯ омаданд ва гуфтанд: «Яҳьё ҳеҷ мӯъҷизае нишон надод; лекин ҳар он чи Яҳьё дар бораи Ин Шахс гуфт, рост буд». 42 Ва бисьёр касон дар он ҷо ба Ӯ имон оварданд.
Эҳьёи Лаъзор.
11:1 Шахсе Лаъзор ном бемор буд аз аҳли Байт-Ҳинӣ, ки деҳаи Марьям ва хоҳараш Марто буд. 2 Марьям ҳамон буд, ки Худовандро бо равғани атрафшон тадҳин карда, пойҳои Ӯро бо мӯи ҳуд ҳушконид; Лаъзори бемор бародари вай буд. 3 Ва хоҳарон ба Ӯ кас фиристода, гуфтанд: «Худовандо! Инак, он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст». 4 Чун Исо шунид, гуфт: «Ин касалӣ барои мамот нест, балки барои ҷалоли Худост, то ки Писари Худо ба василаи он ҷалол ёбад». 5 Исо Марто ва хоҳари вай ва Лаъзорро дӯст медошт. 6 Чун шунид, ки вай бемор аст, дар ҷое ки буд, ду рӯз монд. 7 Пас аз он ба шогирдонаш гуфт: «Боз ба Яҳудо биравем». 8 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Бисьёр нагузаштааст, ки яҳудиён мехостанд Туро сангсор кунанд, ва Ту мехоҳӣ боз ба он ҷо биравӣ?» 9 Исо ҷавоб дод: «Оё рӯз дувоздах соат нест? Касе ки рӯзона роҳ меравад, пешпо намехӯрад, чунки нури ин ҷаҳонро мебинад; 10 «Лекин касе ки шабона роҳ меравад, пешпо мехӯрад, чунки дар вай нур нест». 11 Инро ба забон ронд ва пас аз он ба онҳо гуфт: «Дӯсти мо Лаъзор хуфтааст, лекин Ман меравам, то ки вайро бедор кунам». 12 Шогирдонаш гуфтанд: «Худовандо! Агар хуфта бошад, шифо хоҳад ёфт». 13 Исо дар бораи вафоти вай сухан меронд, лекин онҳо гумон карданд, ки дар бораи хоби муқаррарӣ сухан меронад. 14 Он гоҳ Исо ба онҳо ошкоро гуфт: «Лаъзор мурдааст; 15 «Ва барои шумо шодам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред; вале акнун назди вай биравем». 16 Тумо, ки Экизак номида мешуд, ба шогирдон гуфт: «Биёед мо ҳам биравем, то ки бо Ӯ бимирем». 17 Чун Исо омад, фаҳмид, ки вай чор рӯз боз дар қабр мебошад. 18 Байт-Ҳинӣ дар наздикии Ерусалим, ба масофаи тақрибан понздаҳ стадия воқеъ буд, 19 Ва бисьёре аз яҳудиён назди Марто ва Марьям омада буданд, то ки барои бародарашон онҳоро тасаллӣ диҳанд. 20 Чун Марто шунид, ки Исо меояд, ба пешвози Ӯ берун рафт; лекин Марьям дар хона монд. 21 Марто ба Исо гуфт: «Худовандо! Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд. 22 «Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, Худо онро ба Ту хоҳад дод». 23 Исо ба вай гуфт: «Бародари ту эҳьё хоҳад шуд». 24 Марто ба Ӯгуфт: «Медонам, ки дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳад шуд». 25 Исо ба вай гуфт: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд; 26 «Ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад наҳоҳад мурд. Оё ба ин имон дорӣ?» 27 Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ман имон дорам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, Он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд». 28 Чун инро гуфт, рафта ҳоҳари худ Марьямро пинҳонӣ ҳонд ва гуфт: «Устод ин ҷост ва туро металабад». 29 Инро шунида, вай зуд бархост ва назди Ӯ омад. 30 Исо ҳанӯз ба деҳа ворид нашуда буд, балки дар ҳамон ҷое буд, ки Марто Ӯро пешвоз гирифт. 31 Яҳудиёне ки дар хона бо вай буданд ва тасаллӣ медоданд, чун диданд, ки Марьям зуд бархоста, берун рафт, аз паи вай равона шуданд, ба гумони он ки ба сари қабр меравад, то ки дар он ҷо гирья кунад. 32 Чун Марьям ба он ҷое ки Исо буд, омад, Ӯро дида, ба пойҳои Ӯ афтод ва гуфт: «Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». 33 Исо, вақте ки вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирьён дид, аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд, 34 Ва гуфт: «Вайро куҷо гузоштаед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Биё ва бубин». 35 Исо гирья кард. 36 Яҳудиён гуфтанд: «Бингаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!» 37 Баъзе аз онҳо гуфтанд «Оё Ин Шахс, ки чашмони кӯрро боз кард, наметавонист амале бикунад, то ки ин ҳам намирад?» 38 Исо, дар ҳолате ки аз дил оҳ мекашид, ба сари қабр омад; ва он як ғоре буд, ки санге бар даҳанаш гузошта буданд. 39 Исо гуфт: «Сангро бардоред». Марто, хоҳари мурда, ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Аллакай бадбуй шудааст; зеро ки чор рӯз боз дар ин ҷост». 40 Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро ҳоҳӣ дид?» 41 Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шудабуд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ; 42 «Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ». 43 Чун инро гуфт, бо овози баланд нидо кард: «Эй Лаъзор, берун о!» 44 Ва мурда, ки дастҳо ва поҳояш ба кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт: «Вайро воз кунед ва бигзоред биравад». 45 Бисьёре аз яҳудиён, ки бо Марьям омада буданд, чун амали Исоро диданд, ба Ӯ имон оварданд; 46 Лекин баъзе аз онҳо назди фарисиён рафта, он чи Исо карда буд, ба онҳо гуфтанд.
Қарори саркоҳинон ва фарисиён, ки Исоро бикушанд.
47 Саркоҳинон ва фарисиён дар шӯрои пирон ҷамъ омаданд ва гуфтанд: «Чӣ бояд кард? Ин Шахс мӯъҷизоти зиёде нишон медиҳад; 48 «Агар Ӯро чунин вогузорем, ҳама ба Ӯ имон хоҳанд овард, ва румиён омада, кишвар ва қавми моро хоҳанд гирифт». 49 Яке аз онҳо, ки Қаёфо ном дошт ва дар он сол саркоҳин буд, гуфт: «Шумо чизе намедонед, 50 «Ва фикр ҳам намекунед, ки барои мо беҳтар аст агар як кас ба хотири қавм бимирад, ва тамоми қавм нобуд нашавад». 51 Лекин вай инро аз худ нагуфт, балки, чун дар он сол саркоҳин буд, нубувват кард, ки Исо бояд барои қавм бимирад, 52 Ва на танҳо барои қавм, балки низ барои он ки фарзандони Худоро, ки пароканда ҳастанд, якҷоя кунад. 53 Аз ҳамон рӯз маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки Ӯро бикушанд. 54 Бинобар ин Исо дигар дар миёни яҳудиён ошкоро намегашт, балки аз он ҷо ба мавзее ки наздики биёбон буд, ба шаҳре ки Эфроим ном дошт, равона шуд ва бо шогирдони Худ дар он ҷо монд. 55 Чун иди фисҳи яҳудиён наздик шуд, мардуми бисьёре аз ҳар тарафи мамлакат пеш аз фисҳ ба Ерусалим омаданд, то ки худро татҳир намоянд. 56 Ва онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданд ва дар маъбад истода, ба якдигар мегуфтанд: «Фикри шумо чист? Оё Ӯ ба ид намеояд?» 57 Лекин саркоҳинон ва фарисиён фармоне дода буданд, ки агар касе донад, ки Ӯ куҷост, бояд хабар диҳад, то ки Ӯро дастгир кунанд.
Бо равғани атрафшон тадҳин кардани Исо дар Байт-Ҳинӣ.
12:1 Шаш рӯз пеш аз иди фисҳ Исо ба Байт-Ҳинӣ омад, ба он ҷое ки Лаъзори мурдаро аз мурдагон эҳьё карда буд. 2 Дар он ҷо барои Ӯ таоми шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари суфра менишастанд. 3 Он гоҳ Марьям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, пойҳои Исоро тадҳин кард ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; ва хона аз бӯи равғани атрафшон пур шуд. 4 Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют, ки мехост Ӯро таслим кунад, гуфт: 5 «Чаро ин равғани атрафшон ба сесад динор фурӯхта нашуд, то ки ба мискинон тақсим карда дода шавад?» 6 Ва инро на аз барои он гуфт, ки ғамхори мискинон бошад, балки барои он ки дузд буд: ҳамьёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандоҳтанд, барои худ мегирифт. 7 Исо гуфт: «Вайро ором гузор; вай инро барои рӯзи дафни Ман саришта карда нигоҳ доштааст; 8 «Зеро ки мискинон ҳар вақт назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам». 9 Бисьёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ӯ дар он ҷост, омаданд, то ки на танҳо Исоро, балки низ Лаъзорро, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё карда буд, бубинанд. 10 Он гоҳ саркоҳинон қарор доданд, ки Лаъзорро низ бикушанд, 11 Чунки ба хотири вай бисьёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд.
Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо.
12 Фардои он, мардуми бисьёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Ерусалим меояд, 13 Шохаҳои дарахти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарьёд мекарданд: «Ҳӯшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!» 14 Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст: 15 «Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае савор шуда, меояд». 16 Шогирдонаш аввал ин чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба хотир оварданд, ки ин чизҳо дар бораи Ӯ навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои У ба ҷо оварда шуд. 17 Ва мардуме ки бо Ӯ буданд, шаҳодат доданд, ки Ӯ Лаъзорро аз қабр хонд ва аз мурдагон эҳьё кард; 18 Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ӯ баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ӯ чунин мӯъҷиза нишон додааст. 19 Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, тамоми ҷаҳон аз паи Ӯ меравад». 20 Дар байни онҳое ки дар ид барои ибодат омада буданд, баъзе юнониҳо буданд; 21 Онҳо назди Филиппус, ки аз Байт-Сайдои Ҷалил буд, омаданд ва илтимос намуда, гуфтанд: «Эй оғо! Мо мехоҳем Исоро бубинем». 22 Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриёс ва Филиппус ба Исо гуфтанд.
Писари Худо аз ҷониби Худои Падар ҷалол дода мешавад.
23 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Соати он расидааст, ки Писари Одам ҷалол ёбад. 24 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар ҳок афтода, намирад, фақат худаш боқӣ мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад. 25 «Касе ки ҷони худро дӯст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовидонӣ онро нигоҳ хоҳад дошт. 26 «Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ҳодими Ман низ он ҷо ҳоҳад буд; ва ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт. 27 «Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам. 28 «Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Дарҳол садое аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол ҳоҳам дод». 29 Мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд: «Раъд ғуррид». Дигарон гуфтанд: «Фариштае бо Ӯ сухан гуфт». 30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин садо на аз барои Ман, балки барои щумо омад; 31 «Алҳол доварӣ бар ин ҷаҳон аст; алҳол мири ин ҷаҳон бадар ронда мешавад; 32 «Ва хангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сӯи Худ хоҳам кашид». 33 Инро гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна марг Ӯ бояд бимирад.
Беимонии халқ.
34 Мардум дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад боқӣ хоҳад монд; пас чӣ сон мегӯӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писарн Одам кист?» 35 Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе ки дар торикй роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад; 36 «То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед». Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд. 37 Бо вуҷуди мӯъҷизоти бисьёре ки дар пеши назарашон нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд, 38 То сухани Ишаъёи набӣ ба амал ояд, ки гуфта буд: «Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, ва бозуи Худованд ба кӣ ошкор гардид?» 39 Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст: 40 «Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷӯъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам». 41 Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ сухан ронд. 42 Бо вуҷуди ин бисьёре аз сардорон низ ба Ӯ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд; 43 Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд.
Исо халқро бори охирин даьват менамояд ва огоҳ мекунад.
44 Лекин Исо нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристандаи Ман имон овардааст; 45 «Ва ҳар кӣ Маро бинад, Фиристандаи Маро дидааст. 46 «Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад. 47 «Ва агар касе суханони Маро шунида, риоят накунад, Ман бар вай доварӣ нахоҳам кард: зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот бахшам. 48 «Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро қабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рӯзи вопасин бар вай доварӣ хоҳад кард; 49 «Зеро ки Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман ҳукм дод, ки чӣ бигӯям ва чӣ гуна сухан ронам; 50 «Ва Ман медонам, ки ҳукми Ӯ ҳаёти ҷовидонист. Пас, он чи Ман мегӯям, хамон аст, ки Падар фармудааст, то бигӯям».
Шустани пойҳои шогирдон.
13:1 Пеш аз иди фисҳ, чун Исо донист, ки соати Ӯ расидааст, то ки аз ин ҷаҳон назди Падар биравад, Ӯ, ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт. 2 Ва дар вақти таоми шом, ки иблис қасде дар дили Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют андохта буд, ки Ӯро таслим кунад, 3 Ва Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст, ва Ӯ аз ҷониби Худо омада буд ва ба сӯи Худо меравад, 4 Аз сари суфра бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст; 5 Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурӯъ намуд. 6 Чун назди Шимъӯни Петрус омад, вай гуфт: «Худовандо! Ту пойҳои маро мешӯӣ?» 7 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Он чи Ман мекунам, алҳол намедонӣ, лекин баъд хоҳӣ фаҳмид». 8 Петрус ба Ӯгуфт: «Пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст». Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар туро нашӯям, туро бо Ман ҳиссае нест». 9 Шимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! На танҳо пойҳои маро, балки низ дастҳо ва сари маро бишӯй». 10 Исо ба вай гуфт: «Касе ки ғусл кардааст, фақат ба шустани пойҳояш эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама». 11 Зеро ки таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт: «На ҳама пок ҳастед». 12 Чун пойҳои онҳоро шуст, либоси Худро пӯшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт: «Оё медонед, ки барои шумо чӣ кардам? 13 «Шумо Маро Устод ва Худованд мегӯед ва рост мегӯед, зеро ки Ман чунин ҳастам. 14 «Пас, агар Ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед: 15 «Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед. 16 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом бузургтар аз оғои худ нест, ва расул бузургтар аз фиристандаи худ нест. 17 «Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред. 18 «Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям: онҳоеро, ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд: "Он ки бо Ман нон мехӯрад, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст". 19 «Алҳод, пеш аз вуқӯъ, ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми воқеъ шуданаш бовар кунед, ки ин Ман ҳастам. 20 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».
Таслимкунанда аз миёни шогирдон берун карда шуд.
21 Чун Исо инро гуфт, дар рӯҳ музтариб шуд, ва шаҳодат дода, гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим хоҳад кард». 22 Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегӯяд. 23 Яке аз шогирдонаш буд, ки бар сандуқи синаи Исо такья мезац: Исо вайро дӯст медошт; 24 Шимъӯни Петрус ба вай ишорат кард, то бипурсад: он кист, ки дар ҳаққаш чунин гуфт. 25 Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такья зада, пурсид: «Худовандо! Он кист?» 26 Исо ҷавоб дод: «Он аст, ки луқмаи нонро ғӯтонда ба вай медиҳам». Ва луқмаро гӯтонда, ба Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют дод. 27 Пас аз он ки луқмаро гирифт, шайтон дар вай дохил шуд. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Он чи мекунӣ, ба зудӣ бикун». 28 Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт. 29 Баъзеҳо гумон карданд, ки чун ҳамьён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо лозим аст, харид кунад ё ки чизе ба мискинон бидиҳад. 30 Вай луқмаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд.
Нутқи видоии Исо. Вақти чалол ёфтан наздик аст.
31 Чун вай берун рафт, Исо гуфт: «Алҳол Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ӯ ҷалол ёфт; 32 «Агар Худо дар Ӯ ҷалол ёфт, Худо низ Ӯро дар Худ ҷалол хоҳад дод, ва ба зудӣ Ӯро ҷалол хоҳад дод. 33 «Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам: шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегӯям: ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметовонед биёед.
Ҳукми нав.
34 «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. 35 «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред». Пешгуӣ кардани инкори Петрус. 36 Шимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Куҷо меравӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ба он ҷое ки Ман меравам, алҳол наметавонӣ аз ақиби Ман биёӣ, лекин баъд аз он аз ақиби Ман хоҳӣ омад». 37 Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Чаро алҳол аз ақиби Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо хоҳам кард». 38 Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҷони худро барои Ман фидо хоҳӣ кард? Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард».
Назди Падар рафтани Исо.
14:1 «Дили шумо музтариб нашавад; ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред. 2 «Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: "Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам"? 3 «Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед. 4 «Ҷое ки Ман меравам, шумо онро медонед, роҳро низ медонед». 5 Тумо ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Намедонем, ки Ту куҷо меравӣ; пас чӣ гуна метавонем роҳро донем?» 6 Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман; 7 «Агар Маро мешиноҳтед, Падари Маро низ мешинохтед; ва аз ҳамин дам Ӯро мешиносед ва Ӯро дидаед». 8 Филиппус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Падарро ба мо нишон деҳ, ва ин барои мо кофист». 9 Исо ба вай гуфт: «Ин қадар вақт Ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ, Филиппус? Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст; пас чӣ тавр мегӯӣ: "Падарро ба мо нишон Деҳ"? 10 «Оё бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман? Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худ намегӯям; Падаре ки дар Ман сокин аст, Ӯ ин аъмолро мекунад. 11 «Ба Ман имон оваред, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман; вагар на, ба хотири он аъмол ба Ман имон оваред.
Дуо ба исми Исо.
12 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, аъмолеро, ки Ман мекунам, вай низ хоҳад кард ва ҳатто бузургтар аз он ҳам хоҳад кард, зеро ки Ман назди Падар меравам. 13 «Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад; 14 «Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард. 15 «Агар Маро дӯст доред, аҳкоми Маро риоя хоҳед кард.
Ваъда кардани Рӯҳулқудс.
16 «Ва Ман аз Падар илтимос ҳоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад, 17 «Яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро бипазирад, зеро ки Ӯро намебинад ва намешиносад; лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро ки Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд. 18 «Шуморо ятим намегузорам; назди шумо меоям. 19 «Пас аз андак муддате ҷаҳон дигар Маро нахоҳад дид; лекин шумо Маро хоҳед дид, ва азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист. 20 «Дар он рӯз шумо хоҳед донист, ки Ман дар Падар ҳастам, ва шумо дар Ман, ва Ман дар шумо. 21 «Ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва риоят кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад; ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва Ман вайро дӯст ҳоҳам дошт ва Худро ба вай зоҳир хоҳам сохт». 22 Яҳудо, на он Яҳудои Искарьют, ба ӯ гуфт: «Худовандо! Ин чист, ки Ту мехоҳӣ Худро ба мо зоҳир созӣ ва на ба ҷаҳон?» 23 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва Мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт. 24 «Касе ки Маро дӯст надорад, суханони Маро риоят намекунад; ва каломе ки мешунавед, аз они Ман нест, балки аз они Падарест, ки Маро фиристод.
Ваҳйи пурфайзи Рӯҳулқудс. Омодагии Исо ба мамот.
25 «Ин суханонро ба шумо гуфтам, вақте ки бо шумо будам. 26 «Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулкудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.
Васият кардани осоиштагӣ.
27 «Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад. 28 «Шунидед, ки ба шумо гуфтам: "Меравам ва назди шумо бармегардам". Агар Маро дӯст медоштед, шод мешудед, ки гуфтам: "Назди Падар меравам"; зеро ки Падар аз Ман бузургтар аст. 29 «Ва инак, пеш аз вуқӯъ ба шумо гуфтам, то ки дар вақти воқеъ шуданаш имон оваред. 30 «Баъд аз ин ба шумо бисьёр гуфтугӯ нахоҳам кард, зеро ки мири ин ҷаҳон меояд, ва дар Ман вай чизе надорад. 31 «Лекин, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам, чунон ки Падар ба Ман ҳукм кард, амал мекунам: бархезед, аз ин ҷо биравем.
Масеҳ — ток.
15:1 «Ман Токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман Токдор аст; 2 «Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ӯ бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад. 3 «Шумо алҳол ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед. 4 «Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед. 5 «Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед. 6 «Касе ки дар Ман намонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навдаҳоро гирд оварда, ба оташ меандозанд, ва онҳо месӯзанд. 7 «Агар дар Ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чи мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд. 8 «Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд.
Дар бораи мондан дар муҳаббати Исо.
9 «Чунон ки Падар Маро дӯст доштааст, Ман низ шуморо дӯст доштаам; дар муҳаббати Ман бимонед. 10 «Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам. 11 «Инро ба шумо гуфтаам, то ки шодии Ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад. 12 «Ҳукми Ман ин аст, ки якдигарро дӯст доред, чунон ки Ман шуморо дӯст доштам. 13 «Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад. 14 «Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред. 15 «Дигар шуморо банда намехонам, зеро ки банда намедонад оғояш чӣ мекунад; лекин шуморо дӯст хондаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардам. 16 «На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад. 17 «Ин чизҳоро ба шумо ҳукм мекунам, то ки якдигарро дӯст доред.
Имондор ва ҷаҳон.
18 «Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат кардааст. 19 «Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад. 20 «Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: "Ғулом бузургтар аз оғои худ нест". Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя хоҳанд кард; 21 «Лекин ҳамаи инро барои исми Ман ба шумо хоҳанд кард, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд. 22 «Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд. 23 «Ҳар кӣ аз Ман нафрат кунад, аз Падари Ман низ нафрат мекунад. 24 «Агар дар миёни онҳо аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат кардаанд, 25 «То ба амал ояд каломе ки дар Тавроташон навишта шудааст: "Бе сабаб аз Ман нафрат доранд".
Имондор ва Рӯҳулқудс.
26 «Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод; 27 «Ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод, зеро ки аз ибтидо бо Ман будаед».
Дар бораи таъқиботи имондорон.
16:1 «Инро ба шумо гуфтам, то ки ба васваса наафтед. 2 «Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад. 3 «Ва ин корҳоро бо шумо хоҳанд кард, чунки на Падарро шинохтанд ва на Маро. 4 «Лекин инро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани он соат ба ёд оваред, ки Ман ба шумо гуфтаам ва инро аз аввал ба шумо нагуфтам, зеро ки бо шумо будам. 5 «Аммо акнун Ман назди Фиристандаи Худ меравам, ва касе аз байни шумо аз Ман намепурсад: "Куҷо меравӣ?" 6 «Вале чун инро ба шумо гуфтам, дили шумо пур аз ғам шуд.
Дар бораи таъсири Рӯҳулқудс.
7 «Лекин ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро ки агар Ман наравам, Пуштибон назди шумо нахоҳад омад; ва агар биравам, Ӯро назди шумо мефиристам, 8 «Ва чун Ӯ ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам хоҳад кард. 9 «Бар гуноҳ, зеро ки ба Ман имон намеоваранд; 10 «Бар адолат, зеро ки назди Падари Худ меравам, ва дигар Маро нахоҳед дид; 11 «Бар доварӣ, зеро ки мири ин ҷаҳон маҳкум шудааст. 12 «Боз бисьёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо бигӯям, лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред. 13 «Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод. 14 «У Маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар хоҳад дод. 15 «Ҳар он чи Падар дорад, аз они Ман аст; бинобар ин гуфтам: аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар хоҳад дод.
Мамот ва омадани Исо.
16 «Дере нагузашта Маро наҳоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро ҳоҳед дид; зеро ки Ман назди Падар меравам». 17 Баъзе аз шогирдонаш ба якдигар гуфтанд: «Чист, ки Ӯ ба мо мегӯяд: "Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро ҳоҳед дид" ва: "Ман назди Падар меравам"?» 18 Ва онҳо гуфтанд: «Ин чист, ки Ӯ мегӯяд: "Дере нагузашта"? Намедонем, чӣ мегӯяд». 19 Исо чун донист, ки мехоҳанд аз Ӯ бипурсанд, ба онҳо гуфт: «Оё ба якдигар дар ин хусус савол медиҳед, ки Ман гуфтам: "Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро хоҳед дид"? 20 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо гирья ва нола хоҳед кард, лекин ҷаҳон шод хоҳад шуд; шумо ғамгин хоҳед шуд, лекин гами шумо ба шодӣ мубаддал хоҳад шуд. 21 «Зан ҳангоми зоидан ғамгин аст, чунки соати вай расидааст; лекин чун кӯдакро зоид, ғамашро фаромӯш мекунад ба сабаби шодии он ки одаме дар ҷаҳон таваллуд ёфт. 22 «Шумо низ алҳол ғамгин ҳастед; лекин боз шуморо хоҳам дид, ва дили шумо шод ҳоҳад шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад он шодиро аз шумо бигирад.
Дуо ба исми Исо. Каломи охирини тасаллибахши Исо ба шогирдон.
23 «Ва дар он рӯз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба щумо ато хоҳад кард. 24 «То кунун ба исми Ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад. 25 «Ин чизҳоро бо масалҳо ба шумо гуфтам; лекин соате мерасад, ки дигар ба шумо бо масалҳо ҳарф намезанам, балки аз Падар ба шумо кушоду равшан хабар хоҳам дод. 26 «Дар он рӯз ба исми Ман талаб хоҳед кард, ва Ман ба шумо намегӯям, ки аз Пацар барои шумо илтимос хоҳам кард: 27 «Зеро ки Худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки шумо Маро дӯст доштаед ва шумо имон овардаед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам. 28 «Ман аз ҷониби Падар омадам ва ба ҷаҳон ворид шудам; боз ҷаҳонро тарк мекунам ва назди Падар меравам». 29 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Инак акнун кушоцу равшан сухан мегӯӣ, на бо масалҳо; 30 «Акнун донистем, ки Ту ҳама чизро медонӣ, ва ҳоҷат нест, ки касе аз Ту чизе бипурсад; аз ин рӯ имон меоварем, ки Ту аз ҷониби Худо омадаӣ». 31 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Алҳол имон меоваред? 32 «Инак, соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки игумо пароканда шуда, ҳар яке сӯи хонаи худ меравед ва Маро танҳо мегузоред; лекин Ман тачҳо нестам, зеро ки Падар бо Ман аст. 33 «Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».
Дуои саркоҳинии Исо. Илтимос дар бораи ҷалол додан.
17:1 Исо, чун инро гуфт, чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Соат расидааст: Писари Худро ҷалол деҳ, то ки Писарат низ Туро ҷалол диҳад. 2 «Зеро ки Ӯро бар тамоми башар кудрат додаӣ, то ки ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ баҳщидай, ҳаёти ҷовидонӣ бидиҳад: 3 «Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд. 4 «Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам; 5 «Ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам.
Илтимос дар бораи ёздаҳ шогирдон.
6 «Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардӣ, шиносондам; онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман ато кардӣ, ва онҳо каломи Туро риоят кардаанд; 7 «Ва акнун донистанд, ки ҳар он чи ба Ман додаӣ, аз ҷониби Туст; 8 «Зеро каломеро, ки ба Ман додӣ, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд ва ҳақиқатан донистанд, ки Ман аз ҷониби Ту омадаам, ва имон оварданд, ки Ту Маро фиристодаӣ. 9 «Ман барои онҳо илтимос мекунам: на барои ҷаҳон, балки барои онҳое ки Ту ба Ман додаӣ, зеро ки онҳо аз они Ту мебошанд; 10 «Ва он чи аз они Ман аст, аз они Туст, ва он чи аз они Туст, аз они Ман аст; ва Ман дар онҳо ҷалол ёфтаам. 11 «Ман дигар дар ҷаҳон нестам, лекин онҳо дар ҷаҳон ҳастанд, ва Ман назди Ту меоям. Эй Падари Муқаддас! Инҳоро, ки ба Ман додаӣ, ба исми Худ нигоҳ дор, то ки як бошанд, чунон ки Мо ҳастем. 12 «Вақте ки бо онҳо дар ҷаҳон будам, онҳоро ба исми Ту нигоҳ доштам; онҳоеро, ки Ту ба Ман додӣ, нигаҳбонӣ кардам, ва ҳеҷ яке аз онҳо ҳалок нашуд, ҷуз аз писари ҳалокат, то ки Навишта ба амал ояд. 13 «Вале акнун назди Ту меоям, ва инро дар ҷаҳон мегӯям, то ки шодии Ман дар онҳо комил бошад. 14 «Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам. 15 «Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоӣ; 16 «Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам. 17 «Онҳоро бо ростии Худ такдис кун: каломи Ту ростист. 18 «Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодӣ, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам; 19 «Ва Худро барои онҳо тақдис мекунам, то ки онҳо низ бо ростӣ тақдис карда шаванд.
Дуо дар бораи имондорони ҳамаи замонҳо.
20 «Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи каломи онҳо ба Ман имон хоҳанд овард: 21 «То ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, — то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ. 22 «Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам: то ки як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем. 23 «Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то ки онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодӣ ва онҳоро дӯст доштӣ, чунон ки Маро дӯст доштӣ. 24 «Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоли Маро, ки ба Ман додаӣ, бубинанд, чунки Маро пеш аз таъсиси ҷаҳоп дӯст доштӣ. 25 «Эй Падари Одил! Ҷаҳрн Туро нашинохт; лекин Ман Туро шинохтам, ва инҳо донистанд, ки Ту Маро фиристодӣ; 26 «Ва Ман ба онҳо исми Туро шиносондам ва боз ҳам хоҳам шиносонид, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад, ва Ман низ дар онҳо бошам».
Исо дар боғи Ҷатсамонӣ.
18:1 Чун Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи водии Қидрӯн рафт, ки дар он ҷо боғе буд, ва Ӯ ва шогирдонаш ба он даромаданд.
Таслим кардани Яҳудо.
2 Ва Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд. 3 Пас Яҳудо як даста сарбозон ва мулозимонро аз саркоҳинон ва фарисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад. 4 Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ӯ рӯй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» 5 Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Исои Носириро». Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам». Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ бо онҳо истода буд. 6 Чун Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам», — онҳо акиб-ақиб рафта, ба замин афтоданд. 7 Боз аз онҳо пурсид: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» Гуфтанд: «Исои Носириро». 8 Исо ҷавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар Маро ҷустуҷӯ мекунед, бигзоред инҳо бираванд», — 9 То он сухане ки Ӯ гуфта буд, ба амал ояд: «Аз онҳое ки ба Ман додӣ, якеро талаф накардаам». 10 Он гоҳ Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дошт, зад, ва гӯши рости вайро бурида партофт. 11 Исо ба Петрус гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун; наход ки он косаеро, ки Падарам ба Ман додааст, нанӯшам?»
Исо ба ҳузури доварии саркоҳинон. Инкори Петрус.
12 Он гоҳ дастаи сарбозон ва мириҳазор ва мулозимони яҳудиён Исоро дастгир карда, бастанд, 13 Ва аввал Ӯро назди Ҳонон, пацарарӯси Қаёфо, ки ҳамон сол саркоҳин шуд, бурданд: 14 Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён маслиҳат дода буд, ки беҳтар аст як кас барои қавм бимирад. 15 Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигар аз ақиби Исо рафтанд; азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад; 16 Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд. 17 Он канизе ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту низ аз шогирдони Ин Шаҳс нестӣ?» Вай гуфт: «Нестам». 18 Дар ин миён ғуломон ва мулозимон оташ афрӯхта буданд, зеро ки ҳаво сард буд, ва даври оташ истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард. 19 Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид. 20 Исо ба вай ҷавоб дод: «Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтаам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар маъбад, ки дар он ҷо яҳудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам; 21 «Чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, бипурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам». 22 Вақте ки инро гуфт, яке аз мулозимон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ зада, гуфт: «Ба саркоҳин ин тавр ҷавоб медиҳӣ?» 23 Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар бад гуфтам, ба бадӣ шаҳодат деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанӣ?» 24 Ҳонон "Ӯро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристод. 25 Ва Шимъӯни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд: «Ту низ аз шогирдони Ӯ нестй?» Вай инкор карда, гуфт: «Нестам». 26 Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гӯшашро бурида буд, гуфт: «Магар ман туро дар боғ бо Ӯ надидам?» 27 Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурӯс бонг зад.
Исо ба ҳузури Пилотус.
28 Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозхона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихӯранд. 29 Пилотус назди онҳо баромада, гуфт: «Чӣ даъвое бар Ин Шахс доред?» 30 Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Агар Ӯ бадкор намебуд, ба ту таслим намекардем». 31 Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро бигиред ва мувофиқи шариати ҳуд бар Ӯ доварӣ кунед». Яҳудиён ба вай гуфтанд: «Ба мо ҷоиз нест, ки касеро бикушем», 32 То он сухани Исо ба амал ояд, ки Ӯ дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд. 33 Он гоҳ Пилотус боз ба сарбозҳона даромада, Исоро хонд ва ба Ӯ гуфт: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» 34 Исо ба вай ҷавоб дод: «Оё ту инро аз худ мегӯӣ, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?» 35 Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Қавми Ту ва саркоҳинон Туро ба ман таслим кардаанц; чӣ кор кардаӣ?» 36 Исо ҷавоб дод: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони Ман меҷангиданд, то ки Ман ба яҳудиён таслим карда нашавам; лекин акнун Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест». 37 Пилотус ба Ӯ гуфт: «Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯӣ, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад». 38 Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ростӣ чист?» Чун инро бигуфт, боз назди яҳудиён баромад ва ба онҳо гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам;
Исо ва Бараббос.
39 «Лекин шумо одате доред, ки бандиеро дар иди фисҳ барои шумо озод кунам; оё мехоҳед, ки Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?» 40 Онҳо боз фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро не, балки Бараббосро». Бараббос як роҳзан буд.
Исо бо точи аз хор бофташуда.
19:1 Он гоҳ Пилотус Исоро гирифта, тозиёна зад. 2 Ва сарбозон тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд, ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд, 3 Ва гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!» Ва Ӯро торсакӣ мезаданд.
Пилотус ва Исо ба ҳузури мардум.
4 Боз Пилотус баромада, ба онҳо гуфт: «Инак, Ӯро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам». 5 Ва Исо, дар ҳолате ки тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар дошт, берун омад. Ва Пилотус гуфт: «Инак Он Одам!» 6 Чун саркоҳинон ва мулозимон Ӯро диданд, фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро гирифта, маслуб кунед, зеро ки ман дар Ӯ айбе намеёбам». 7 Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд: «Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ӯ бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо кардааст». 8 Чун Пилотус ин суханро шунид, беш аз пеш ҳаросон шуд. 9 Ва боз ба сарбозхона даромада, ба Исо гуфт: «Ту аз куҷоӣ?» Лекин Исо ба вай ҷавоб надод. 10 Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ба ман сухан намегӯӣ? Магар намедонӣ, ки қудрат дорам Туро маслуб кунам ва қудрат дорам Туро озод кунам?» 11 Исо ҷавоб дод: «Ҳеҷ қудрате бар Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештаре дорад». 12 Ва аз он вакт Пилотус саъй дошт Ӯро озод кунад, лекин яҳудиён фарьёд зада, гуфтанд: «Агар Ӯро озод кунӣ, дӯсти қайсар нестӣ; ҳар кӣ даъвои подшоҳӣ кунад, душмани қайсар аст». 13 Чун Пилотус инро шунид, Исоро берун овард ва дар он ҷое ки Сангфарш ва ба ибронӣ Ҷабто номида мешуд, бар курсии доварӣ нишаст. 14 Рӯзи ҷумъаи арафаи иди фисҳ буд, ки дар соати шашум ба яҳудиён гуфт: «Инак, Подшоҳи шумо!» 15 Лекин онҳо фарьёд заданд: «Ӯро нест кун, нест кун, маслуб кун!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Оё Подшоҳи шуморо маслуб кунам?» Саркоҳинон ҷавоб доданд: «Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем».
Маслуб шудани Исо ва мамоти Ӯ.
16 Ниҳоят, Ӯро ба дасти онҳо супурд, то ки маслуб кунанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд. 17 Ва Ӯ салиби Худро бардошта, ба он ҷое ки "Ҷои косахонаи сар" ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд; 18 Дар он ҷо Ӯро маслуб карданд ва бо Ӯ ду каси дигарро: яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исо дар миёна. 19 Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Подшоҳи Яҳудиёнь. 20 Бисьёре аз яҳудиён он айбномаро хонданд, зеро ҷое ки Исо маслуб шуда буд, ба шаҳр наздик буд, ва айбномаро ба забонҳои ибронӣ, юнонӣ ва румӣ навишта буданд. 21 Саркоҳинони яҳудӣ ба Пилотус гуфтанд: «Нанавис: "Подшоҳи Яҳудиён", балки он чи Ӯ мегуфт: "Манам Подшоҳи Яҳудиён"». 22 Пилотус ҷавоб дод: «Он чи навиштам, навиштам». 23 Ва сарбозон, чун Исоро маслуб карданд, либоси Ӯро гирифта, ба чор ҳисса тақсим карданд, ба ҳар сарбоз як ҳисса; ва пероҳанро низ гирифтанд; лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд. 24 Пас онҳо ба якдигар гуфтанд: «Онро пора накунем, балки қуръа бар он партофта бинем, ки аз они кӣ мешавад», то ки Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: "Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд". Ва сарбозон чунин карданд. 25 Дар назди салиби Исо модари Ӯ ва хоҳари модараш, Марьями завҷаи Қлӯпос, ва Марьями Маҷдалия истода буданд. 26 Чун Исо модари Худро бо он шогирде ки дӯст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт: «Эй зан! инак писари ту». 27 Ва баъд ба шогирди Худ гуфт: «Инак модари ту!» Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд. 28 Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то ки Навишта ба амал ояд, гуфт: «Ташнаам». 29 Дар он ҷо зарфе пур аз сирко истода буд. Пас исфанҷеро аз сирко пур карда, бар сари най ниҳоданд ва наздики даҳони Ӯ бурданд. 30 Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод. «Ҳеч як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд». 31 Лекин, азбаски рӯзи ҷумъа буд, барои он ки ҷасадҳо бар салиб дар рӯзи шанбе намонад, зеро ки он шанбеи бузург буд, бинобар ин яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро бишкананд ва поён фуроваранд. 32 Сарбозон омада, соқи пойҳои он ду нафарро, ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, шикастанд; 33 Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд, 34 Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд. 35 Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад, ки рост мегӯяд, то ки пгумо низ имон оваред. 36 Зеро ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: "Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд". 37 Ва Навишта боз дар ҷои дигар мегӯяд: "Ба Он Касе ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт".
Дафни Исо.
38 Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ҳаромот ва, аз тарси яҳудиён, шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки Ҷасади Исоро бардорад; ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, Ҷасади Исоро бардошт. 39 Ва Ниқӯдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард. 40 Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи маросими дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд. 41 Дар он ҷое ки Ӯ маслуб шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанӯз ҳеҷ кас дафн нашуда буд: 42 Дар он ҷо Исоро дафн карданд, зеро ки арафаи шанбеи яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд.
Эҳьёи Исо.
20:1 Дар рӯзи якшанбе, бомдодон, ки ҳаво ҳанӯз торик буд, Марьями Маҷдалия бар сари қабр омад ва дид, ки санг аз қабр бардошта шудааст; 2 Вай дартоз назди Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». 3 Дарҳол Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигар берун омада, ба ҷониби қабр рафтанд. 4 Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузашт ва аввал бар сари қабр омад, 5 Ва хам шуда, кафанро гузошта дид; лекин ба дарун надаромад. 6 Аз ақиби вай Шимъӯни Петрус омада, ба қабр даромад ва кафанро гузошта дид 7 Ва рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд, на бо кафан, балки дар гӯшае алоҳида печида дид. 8 Он шогирди дигар, ки аввал бар сари қабр омада буд, низ ба дарун даромад, ва дид, ва имон овард; 9 Зеро онҳо ҳанӯз Навиштаро нафаҳмида буданд, ки Ӯ бояд аз мурдагон эҳьё шавад. 10 Ва шогирдон ба ҳонаи ҳуд баргаштанд.
Зоҳир шудани Исои эҳьёшуда ба Марьями Маҷдалия ва ба шогирдон.
11 Аммо Марьям дар беруни қабр истода, гирья мекард; ва чун мегирист, ҳам шуда, ба даруни қабр нигоҳ кард 12 Ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар он ҷое ки Ҷасади Исо гузошта шуда буд, яке ба тарафи сар ва дигаре ба тарафи пой нишаста буданд. 13 Онҳо ба вай гуфтанд: «Эй зан! Чаро гирья мекунӣ?» Ба онҳо гуфт: «Худованди маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». 14 Чун инро гуфт, ба ақиб рӯ овард ва Исоро истода дид; вале надонист, ки ин Исост. 15 Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Чаро гирья мекунӣ? Киро ҷустуҷӯ мекунӣ?» Вай ба гумони он ки ин боғбон аст, ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯ, ки Ӯро куҷо гузоштӣ, то ки ман Ӯро гирифта барам». 16 Исо ба вай гуфт: «Эй Марьям!» Вай рӯ оварда, ба Ӯ гуфт: «Раббунӣ!» — яъне: "Устод!" 17 Исо ба вай гуфт: «Ба Ман даст нарасон, зеро ки ҳанӯз назди Падари Худ сууд накардаам; лекин назди бародарони Ман рафта, ба онҳо бигӯ: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам». 18 Марьями Маҷдалия омада, ба шогирдон хабар дод, ки: «Ман Худовандро дидаам, ва ба ман чунин гуфт». 19 Бегоҳии худи ҳамон рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон дар ҳонае ҷамъ омада, аз тарси яҳудиён дарҳои онро баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод!» 20 Чун инро гуфт, дастҳо ва қабурғаи Худро ба онҳо нишон дод. Шогирдон Худовандро дида, шод гардиданд. 21 Боз Исо ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам». 22 Чун инро гуфт, бар онҳо дамид ва гуфт: «Рӯҳулқудсро пайдо кунед: 23 Гуноҳи касеро, ки афв намоед, омурзида мешавад; ва касеро, ки афв накунед, омурзида намешавад». 24 Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Экизак номида мешуд, вақте ки Исо омад, бо онҳо набуд. 25 Шогирдони дигар ба вай гуфтанд: «Мо Худовандро дидаем». Вай ба онҳо гуфт: «То дар дастҳои Ӯ ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои мехҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи Ӯ наниҳам, бовар нахоҳам кард».
Исо ва Тумо.
26 Баъд аз ҳашт рӯз боз шогирдони Ӯ дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва гуфт: «Салом бар шумо бод!» 27 Пас аз он ба Тумо гуфт: «Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дасти худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош». 28 Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!» 29 Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ: хушо касоне ки надида, имон меоваранд». 30 Боз бисьёр мӯъҷизоти дшаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуд; 31 Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ӯ ҳаёт ёбед.
Исо назди кӯли Табария.
21:1 Баъд аз он боз Исо дар соҳили баҳри Табария ба шогирдон зоҳир шуд. Зоҳир шуданаш ин тавр буд: 2 Шимъӯни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд. 3 Ва Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Мехоҳам ба сайди моҳӣ биравам». Ба вай гуфтанд: «Мо низ ҳамроҳи ту меравем». Дарҳол рафта, ба қаиқ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд. 4 Вақте ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исост. 5 Исо ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Оё назди шумо хӯроке ҳаст?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не». 6 Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро ба тарафи рости қаиқ биандозед, ва хоҳед ёфт». Онҳо андохтанд, ва аз бисьёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд. 7 Он шогирде ки Исо дӯст медошт, ба Петрус гуфт: «Ин Худованд аст». Чун Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печонд, чунки бараҳна буд, ва худро дар баҳр андоҳт; 8 Ва шогирдони дигар бо қаиқ омаданд, — зеро ки аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад зироъ, — ва тӯри пур аз моҳиро кашиданд. 9 Ва чун ба ҳушкӣ баромаданд, оташи афрӯҳта ва моҳии бар он гузошташуда ва нон диданд. 10 Исо ба онҳо гуфт: «Аз он моҳие ки ҳозир сайд кардед, биёред». 11 Шимъӯни Петрус рафта, тӯрро пур аз моҳиёни бузург, ки саду панҷоху се адад буданд, ба хушкӣ кашид, ва бо вуҷуди бисьёрии моҳӣ тӯр надарид. 12 Исо ба онҳо гуфт: «Биёед, хӯрок бихӯред». Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ бипурсад: "Ту кистӣ?" Зеро медонистанд, ки ин Худованд аст. 13 Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро. 14 Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд.
Имтиҳони Петрус ва ба вай баргардонидани хизматгузории ҳавворигӣ.
15 Баъд аз хӯрок хӯрданашон, Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро бичарон». 16 Боз бори дигар ба вай гуфт:«Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Гусфандони Маро чӯпонӣ намо». 17 Ва бори сеюм ба вай гуфт:«Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: "Оё Маро дӯст медорӣ?" ва ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ту аз ҳама чиз вокиф ҳастӣ; Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон; 18 Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: вакте ки ҷавон будӣ, камаратро худат мебастӣ ва ба ҳар ҷо, ки меҳостӣ, мерафтӣ; лекин вақте ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз ҳоҳӣ кард, ва дигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳӣ, туро хоҳад бурд». 19 Чунин гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна фавт вай бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд: «Аз ақиби Ман биё». 20 Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо дӯст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом бар сандуқи синаи Ӯ такья зада, гуфта буд: «Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?» 21 Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт: «Худовандо! Оқибати ин чӣ хоҳад буд?» 22 Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вакти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз ақиби Ман биё». 23 Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вакти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?» 24 Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст. 25 Боз бисьёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дуньё ҳам он китобҳои навишташударо гунҷоиш дода наметавонист. Омин.