The New Testament of our Lord and Saviour Jesus Christ

Матто 1

Насабномаи Исо

1 НАСАБНОМАИ Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим. 2 Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард; ва Исҳоқ Яъқубро ба дуньё овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дуньё овард; 3 Ва Яҳудо Форас ва Зораҳро аз Томор ба дуньё овард; ва Форас Ҳесрӯнро ба дуньё овард; ва Ҳесрӯн Ромро ба дуньё овард; 4 Ва Ром Аминодобро ва дуньё овард; ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард; ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньё овард; 5 Ва Салмӯн Бӯазро аз Роҳоб ба дуньё овард; ва Буаз Ӯбидро аз Рут ба дуньё овард; ва Ӯбид Йисойро ба дуньё овард; 6 Ва Йисой подшоҳ Довудро бадуньё овард; ва подшоҳ Довуд Сулаймонро аз зани Ӯриё ба дуньё овард; 7 Ва Сулаймон Раҳабъомро ба дуньё овард; ва Раҳабъом Абиёро ба дуньё овард; ва Абиё Осоро ба дуньё овард; 8 Ва Осо Еҳӯшофотро ба дуньё овард; ва Еҳӯшофот Еҳӯромро ба дуньё овард; ва Еҳӯром Ӯзиёро ба дуньё овард; 9 Ва Ӯзиё Югомро ба дуньё овард; ва Ютом Оҳозро ба дуньё овард; ва Оҳоз Ҳизқиёро ба дуньё овард; 10 Ва Ҳизқиё Менашшеро ба дуньё овард; ва Менашше Омӯнро ба дуньё овард; ва Омӯн Йӯшиёро ба дуньё овард; 11 Ва Йӯшиё Еконьё ва бародарони ӯро дар замони ҷалои Бобил ба дуньё овард; 12 Ва баъд аз ҷалои Бобил Еконьё Шаалтиилро ба дунъё овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дуньё овард; 13 Ва Зарубобил Абиҳудро ба дуньё овард; ва Абиҳуд Эльёқимро ба дуньё овард; ва Эльёқим Озурро ба дуньё овард; 14 Ва Озур Содӯқро ба дуньё овард; ва Содӯқ Ёкинро ба дуньё овард; ва Ёкин Элиҳудро ба дуньё овард; 15 Ва Элиҳуд Элъозорро ба дуньё овард; ва Эльозор Маттонро ба дуньё овард; ва Маттон Яъқубро ба дуньё овард; 16 Ва Яъқуб Юсуф, шавҳари Марьямро ба дуньё овард, ва аз Марьям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ номида мешавад. 17 Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то ҷалои Бобил чордаҳ насл аст; ва аз ҷалои Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст.

Ҳомилагии Марьям ва таваллуди Исои Масеҳ

18 Ва мавлуди Исои Масеҳ чунин буд: вақте ки модари Ӯ Марьям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомиладор аст. 19 Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди одил буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ ҷавоб дода фиристонам. 20 Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст; 21 «Ва Писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳй номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод». 22 Ва ҳамаи ин воқеъ шуд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ гуфтааст: 23 «Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо». 24 Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард. 25 Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро Исо ном ниҳод.

Матто 2

Омадани мунаҷҷимон

1 ЧӮН Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт-Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд: 2 «Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем». 3 Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Ерусалим ҳам. 4 Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад? 5 Ба вай гуфтанд: Дар Байт-Лаҳми Яҳудо, зеро ки ба воситаи набй чунин навишта шудааст: 6 "Ва ту, эй Байт-Лаҳм, замини Яҳудо, аз дигар ноҳияҳои Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ; зеро ки аз ту Пешвое ба майдон хоҳад омад, ки Ӯ қавми Ман Исроилро чӯпонӣ хоҳад кард"». 7 Он гоҳ Ҳиродус мунаҷҷимонро пинҳонй даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт, 8 Ва онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда, гуфт: «Биравед ва аз аҳволи Кӯдак дурустакак пурсуҷӯй кунед ва ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хдбар диҳед, то ки ман ҳам рафта, Ӯро парастиш кунам». 9 Онҳо суханони подшоҳро шунида, равона шуданд. Ва инак, ситорае ки дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо мерафт ва ба болои он ҷое ки Кӯдак буд, расида, биистод. 10 Ва ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд, 11 Ва ба хона даромада, Кӯдакро бо модараш Марьям диданд, ва зону зада, Ӯро парастиш карданд; ва ганҷинаҳои худро кушода, инъомҳои тилло, лодан ва мур ба Ӯ тақдим карданд. 12 Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.

Фирор ба Миср

13 Вакте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро чустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад». 14 Ва шабона бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифта, сӯи Миср равона шуд, 15 Ва то вафоти Ҳиродус дар он ҷо бимонд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони набӣ гуфтааст: "Аз Миср Писари Худро хондам".

Қатяи кӯдакон

16 Чун Ҳиродус дид, ки мунаҷҷимон ӯро фиреб доданд, бисьёр хашмгин шуд ва фиристода, ҳамаи кӯдаконро дар Байт-Лаҳм ва тамоми ҳудуди он, мувофиқи вакте ки аз мунаҷҷимон фаҳмида гирифта буд, аз дусола ва камтар ба катл расонд. 17 Он гоҳ ба амал омад каломе ки бо забони Ирмиёи набӣ гуфта шудааст: 18 "Овозе дар Ромо шунида шуд, овози гирья ва нола ва мотами азим; Роҳел барои фарзандони худ гирья мекунад ва тасаллӣ намеёбад, зеро ки нестанд".

Баргаштан ба Носира

19 Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб зоҳир шуд, 20 Ва гуфт: «Бархез, Кӯдакро бо модараш гирифта, ба сарзамини Исроил равона шав, зеро онҳое ки қасди ҷони Кӯдак доштанд, мурданд». 21 Ва ӯ бархоста, Кӯдакро бо модараш гирифт ва ба сарзамини Исроил омад. 22 Лекин чун шунид, ки Аркилоус ба ҷои падари худ Ҳиродус дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад, аз рафтан ба он ҷо тарсид; ва дар хоб ваҳй ёфта, ба ноҳили Ҷалил рафт, 23 Ва чун расид, дар шаҳре ки Носира ном дорад, маскан гирифт, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст, ки Ӯ Носирӣ хонда хоҳад шуд.

Матто 3

Хизматгузории Яҳьёи Таъмиддиҳанда; гиаҳодати ӯ дар бораи Исо

1 ДАР он айём Яҳьёи Таъмиддиҳанда зоҳир шуда, дар биебони Яҳудо мавъиза мекард, 2 Ва мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст». 3 Зеро ӯ ҳамон аст, ки Ишаъёи набӣ аз ӯ хабар дода, гуфтааст: "Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро таиёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед". 4 Ва ин Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт; ва хӯроки ӯ малах ва асали ёбоӣ буд. 5 Он вакт аҳли Ерусалим ва тамоми Яҳудо ва музофоти Ӯрдун назди ӯ берун меомаданд, 6 Ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Ӯрдун таъмид меёфтанд. 7 Чун бисьёре аз фарисиён ва саддуқиёнро дид, ки назди ӯ барои таъмид меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъизодагон! Кй ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед? 8 «Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, 9 «Ва дар дили худ нагӯед, ки "падари мо Иброҳим аст"; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад; 10 «Ва алҳол теша бар решаи дарахтонгузошташудааст: ҳар дараҳте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андоҳта хоҳад шуд; 11 «Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, лекин Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулкудс ва оташ таъмид ҳоҳад дрд; 12 «Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи ҳомӯпшашаванда ҳоҳад сӯзонд».

Таъмиди Исо

13 Он гоҳ Исо аз "Ҷалил ба Ӯрдун назди Яҳьё омад, то ки аз вай таъмид ёбад. 14 Леюда Яҳьё Ӯро боздошта, гуфт: «Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид ёбам, ва Ту назди ман меоӣ?» 15 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Алҳол бигзор; зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем». Пас Яҳьё Ӯро вогузошт. 16 Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад. 17 Ва икак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».

Матто 4

Озмоиши Исо

1 ОН гоҳ Рӯҳ Исоро ба биебон бурд, то ки Ӯро иблис биоэмояд, 2 Ва чил шабонарӯз рӯза дошта, ниҳоят гурусна монд. 3 Ва озмоишкунанда назди Ӯ омада, гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин саигҳо бигӯй, ки нон шаванд». 4 Дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки "одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд"». 5 Пас иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва бар кунгураи маъбад гузошт, 6 Ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба зер андоз; зеро ки навишта шудааст: "Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр ҳоҳад дод, ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанй"». 7 Исо ба вай гуфт: «Ҳамчунин навишта шудааст: "Худованд Худон худро наозмой"». 8 Боз иблис Ӯро ба кӯҳи бисьёр баланде бардошта бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро ба Ӯ нишон дод, 9 Ва ба Ӯ гуфт: «Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Тӯ медиҳам». 10 Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайТон; зеро ки навишта шудааст: "Ба Худрванд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо"». 11 Пас иблис Ӯро вогузошг, - ва инак, фариштагон омада, Ӯро иа,расторӣ карданд. Исо ба Кафарнахум омада, ба хшматгузории цамъиятӣ шурӯъ менамояд. 12 Чун Исо шунид, ки Яҳьё дастгир шудааст, ба Ҷалил равона шуд. 13 Ва Носираро тарк карда, дар Кафарнаҳум, ки дар канори баҳр аст, дар ҳудуди Забулун ва Нафтолй маскан гирифт, 14 То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст: 15 "Замини Забулун ва замини Нафтолӣ, дар роҳи канори баҳр, он тарафи Ӯрдун, Ҷалили халқҳо, 16 Қавме ки дар торикӣ мезистанд, нури азиме диданд, ва бар онҳое ки дар кишвари марг ва сояи он мени шастанд, нуре дурахтшод''. 17 Аз ҳамон вакт Исо ба мавъиза оғоз намуд ва гуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».

Ба хизматгузорӣ даъват кардани Петрус ва Андриёс

18 Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, ду бародарро: Шимъӯнро, ки Петрус меномиданд, ва бародари ӯ Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд; зеро ки сайёди моҳӣ буданд; 19 Ва ба онҳо гуфт: «Маро шйравй кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам». 20 Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд.

Даьват кардани Яъқуб ва Юҳанно. Фаъолияти Исо дар тамоми Ҷалил

21 Чун аз он ҷо гузашт, ду бародари дигарро, Яъкуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ бо падари худ Забдок тӯрҳои худро таъмир мекарданд, ва онҳоро даъват намуд. 22 Ва онҳо дарҳол қаиқ ва падари худро гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд. 23 Ва Исо дар тамоми Ҷалил мегашт ва дар куништҳои онҳо таълим дода, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморй ва ҳар дарди мардумро шифо мебахншд. 24 Ва овозаи Ӯ дар тамоми Сурия паҳн шуд; ва ҳамаи беморонро, ки ба дарду касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ҳам девонагон, ҳам масрӯон ва ҳам мафлуҷонро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ онҳоро шифо мебахшид. 25 Ва мардуми бисьёре аз Ҷалил, Декаполис, Ерусалим, Яҳудо ва он тарафи Ӯрдун аз паи Ӯ равона буданд.

Матто 5

Мавъизаи болои кӯҳ. Аҳкоми хушбахтн

1 ЧӮН мардумро дид, бар фарози кӯҳе баромад ва биншаст; ва шогирдонаш назди Ӯ ҳозир шуданд. 2 Он гоҳ Ӯ даҳони Худро кушода, онҳоро таълим дод ва гуфт: 3 «Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост. 4 «Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллй хоҳанд ёфт. 5 «Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд 6 «Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд пгуд. 7 «Хушо раҳимон, зеро ки онҳо раҳм хоҳанд ёфт. 8 <Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид. 9 «Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд. 10 «Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост. 11 «Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ гайбат кунанд. 12 «Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъкдб мекарданд.

Вазифаи имондорон дар цаҳон

13 «Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад. 14 «Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки бар фарози кӯҳ воқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад. 15 «Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад. 16 «Ҳамчунин бигзор нури _лумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.

Муносибати Исо ба Таврот

17 «Гумон накунед, ки барои вайрон кардани Таврот ё суҳафи анбиё омадаам; наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам. 18 «Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқгае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад. 19 «Пас, ҳар кӣ яке аз ин аҳкоми хурдтаринро вайрон кунад ва ба мардум чунин таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон хурдтарин шумурда хоҳад шуд; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон бузург хонда хоҳад шуд. 20 «Зеро ки ба шумо мегӯям: агар адолати шумо аз адолати китобдонон ва фарисиён бартарй надошта бошад, ба Малакути Осмон дохил нахоҳед шуд.

Ҳукми шашум

21 «Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: "Қатл накун; ҳар кй қатл кунад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд". 22 «Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кй ба бародари худ беҳуда хашм гирад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд; ҳар кӣ бародари худро "реқо" гӯяд, лоиқи ҳукми шӯрои пирон хоҳад буд; ва ҳар кӣ "аҳмақ" гӯяд, лоиқи оташи дӯзах хоҳад шуд. 23 «Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ, ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, 24 «Қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон, ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун. 25 «Ханӯз ки бо даъвогари худ дар роҳ ҳастӣ, зуд бо вай оштй шав, то ки даъвогар туро ба қозӣ насупорад, ва қозй туро ба мулозим насупорад, ва туро ба зиндон наандозанд; 26 «Ба ростӣ ба ту мегӯям: то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳй рафт.

Ҳукми ҳафтум

27 «Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: "Зино накун". 28 «Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кй ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад. 29 «Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад. 30 «Ва агар дасти ростат туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.

Исо дар бораи талок

31 «Хдмчунин гуфта шудааст: "Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо мешавад, бояд талоқномае ба вай диҳад". 32 «Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ, ғайр аз айби зино, ҷудо шавад, боиси зинокории вай мегардад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.

Исо дар бораи қасам

33 «Боз шунидаед, ки ба қаднмиён гуфта шудааст: "Қасами дурӯғ ёд накун ва ба қасами худ дар назди Худованд вафо кун". 34 «Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳаргиз қасам ёд накун: на ба осмон, зеро ки тахти Худост; 35 «На ба замин, чунки пойандози Ӯст; на ба Ерусалим, чунки шаҳри Подшоҳи бузург аст; 36 «Ва на ба сари худ қасам ёд кун, чунки қодир нестй як тори мӯйро сафед ё сиёҳ кунӣ. 37 «Балки сухани шумо: "оре, оре" ва "не, не" бошад; он чи зиёда аз ин бошад, аз иблис аст.

Ғалаба бар адоват ба воситаи муҳаббат

38 «Шунидаед, ки гуфта шудааст: "Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне". 39 «Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накун. Балки агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон; 40 «Ва агар касе ба ту даъво карда, куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ; 41 «Ва ҳар кӣ туро ба тай кардани як фарсанг роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду фарсанг бирав. 42 «Ба касе ки аз ту металабад, бидеҳ, ва аз касе ки мехоҳад аз ту қарз гирад, рӯ нагардон. 43 «Шунидаед, ки гуфта шудааст: "Ёри худро дӯст бидор ва аз душмани худ нафрат кун". 44 «Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некй кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед, 45 «То ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулуъмекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад. 46 «Зеро ки агар дӯстдорандагони худро дӯст бидоред, чӣ мукофоте хоҳед ёфт? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд? 47 «Ва агар танҳо ба бародарони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд? 48 «Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст».

Матто 6

Давоми мавъизаи болои кӯҳ. Маҳкум кардани иамуди зоҳирй дар дин

1 «ЗИНҲОР, садақаи худро дар пеши назари мардум ба амал наоваред, то ки онҳо шуморо бубинанд; вагар на шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, мукофоте нахоҳед дошт. 2 «Пас, вақте ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки риёкорон дар кунщнтҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд. 3 «Аммо вакте ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад, 4 «То ки садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод. 5 «Ва ҳангоме ки дуо мегӯй, монанди риёкорон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба мардум худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти ҳудро гирифтаанд. 6 «Лекин ту, вақте ки мехоҳӣ дуо гӯӣ, ба ҳуҷраи худ даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯи; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот ҳоҳад дод. 7 «Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед; зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад;

Муносибати нав ба дуо

8 «Монанди онҳо набошед; зеро Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад. 9 «Пас ба ин мазмун дуо гӯед: "Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод; 10 "Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд; 11 "Ризқу рӯзии моро имрӯз 6а мо бидеҳ; 12 "Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони ҳуд мебаҳшем; 13 "Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳой деҳ; зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин". 14 «Зеро, агар шумо ба мардум ҳатоҳошонро бибаҳшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ ҳоҳад бахшид; 15 «Ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ ҳатоҳои шуморо ба шумо наҳоҳад бахдшд.

Дар бораи рӯзадорӣ

16 «Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди риёкорон туршрӯ набошед; зеро ки онҳо қиёфаи ҳудро дигаргун мекунанд, то ки рӯзадории худро ба мардум нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо мукофоти худро гирифтаанд. 17 «Лекин ту, вақте ки рӯза медорӣ, ба сари ҳуд равған бимол ва рӯи худро бишӯй, 18 «То ки на дар назари мардум, балки дар ҳузури Падари ҳуд, ки ниҳон аст, рӯзадор бошй; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот Ҳоҳад дод.

Қонуни Малакут дар хусуси сарват

19 «Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд; 20 «Балки барои ҳуд ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд; 21 «Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо ҳоҳад буд. 22 «Чароги бадан чашм аст. Ва агар чашмат солим бошад, тамоми баданат равшан ҳоҳад буд; 23 «Лекин агар чашми ту хира бошад, тамоми баданат торик ҳоҳад буд. Пас, агар нуре ки дар туст, зулмот бошад, чӣ гуна азимест он зулмот! 24 «Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед.

Восита ба муқобили ғамхориҳо - умедворй ба Падаре ки дар осмон аст

25 «Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест? 26 «Ба мурғони ҳаво нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳо рӯзӣ мерасонад. Оё шумо аз онҳо хеле беҳтар нестед? 27 «Ва кист аз шумо, ки бо ғамҳории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад? 28 «Ва барои либос чаро ғамҳорӣ мекунед? Ба савсанҳои саҳро назар кунед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд; 29 «Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст; 30 «Пас агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонда наметавонад! 31 «Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: "Чӣ бихӯрем?" ё: "Чӣ бинӯшем?" ё: "Чӣ бипӯшем?" 32 «Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред. 33 «Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд. 34 «Пас, барои фардо ғамҳорӣ накунед, зеро ки фардо барои худ ғамхорӣ хоҳад кард: заҳмати имрӯз барои имрӯз кофист».

Матто 7

Давоми ма&ъизаи болои куҳ. Ҳукм накардан дар ҳаққи дигарон

1 «ҲӮКМ накунед, то ки ҳукм карда нашавед; 2 «Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд. 3 «Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ? 4 «Ё чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: "Иҷозат деҳ, ки ҳасро аз чашми ту дур кунам"; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст? 5 «Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ. 6 «Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон наандозед, то ки онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд.

Таргиб барои дуо

7 «Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, ҳоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд; 8 «Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. 9 «Ва кадом одамест аз шумо, ки писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? 10 «Ё моҳие аз ӯ биталабад, ва море ба вай бидиҳад? 11 «Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек ҳоҳад дод. 12 «Пас, ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё.

Ду рох

13 «Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисьёранд; 14 «Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.

Огоҳонидан аз муаллимони козиб. Имтиҳон

15 «Аз анбиёи козиб ҳазар кунед, ки ба либоси меш назди шумо меоянд, лекин дар ботин гургони даррандаанд: 16 Юнҳоро аз меваҳошон хоҳед шиноҳт. Оё аз буттаи олуча ангур ва аз мушхор анҷир мечинанд? 17 «Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад; 18 «Наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад - меваи нек. 19 «Ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад. 20 «Пас, онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт.

Хатари эьтирофи бе имон

21 «На ҳар касе ки ба Ман: "Худовандо! Худовандо!" мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад. 22 «Бисьёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: "Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоТи зиёде нишон надодем?" 23 «Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: "Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!"

Ду асос

24 «Пас, ҳар кӣ ин суҳанони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард; 25 «Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чзшки бар санг бино шуда буд. 26 «Ва ҳар кӣ ин суханони Маро бшинавад ва онҳоро ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки ҳонаи худро бар рег бино кард; 27 «Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд».

Исо бо қудрати Худо таьлим медод

28 Вақте ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, 29 Зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон ва фарисиен.

Матто 8

Шифо ёфпгани махавӣ

1 ВАҚТЕ ки Ӯ аз кӯҳ фуромад, мардуми бисьёре аз паи Ӯ равона шуданд. 2 Ва инак, махавие наздик омада, назди Ӯ зону зад ва гуфт: «Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». 3 Ва Исо дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Меҳоҳам, пок шав». Ва дарҳол вай аз махав пок шуд. 4 Ва Исо ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе магӯ; балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».

Шифо ёфтани хизматгори мирисади Кафарнаҳум

5 Чун Исо вориди Кафарнаҳум шуд, мирисаде назди Ӯ омад ва илтимос карда, гуфт: 6 «Худовандо! Хизматгори ман гирифтори фалаҷ шуда, дар ҳона хобидааст ва азоби сахте дорад». 7 Исо ба вай гуфт: «Ман омада, ӯро шифо хоҳам Дод». 8 Мирисаддар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Ман лоикирн нестам, ки Ту зери сақфи ман биёи; балки фақат суҳане бигӯ, ва хизматгори ман шифо хоҳад ёфт; 9 «Зеро ки ман як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: "Бирав", меравад; ба дигаре мегӯям: "Биё", меояд; ба ғуломи худ мегӯям: "Фалон корро бикун", мекунад». 10 Ва Исо ин суханонро шунида, дар тааҷҷуб монд ва ба пайравони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: чунин имоне дар Исроил ҳам наёфтаам. 11 «Ва ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон аз шарқ ва ғарб омада, дар Малакути Осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб хоҳанд нишаст; 12 «Лекин фарзандони малакут ба зулмоти берун бадар ронда хоҳанд шуд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон ҳоҳад буд». 13 Ва Исо ба мирисад гуфт: «Бирав, мувофиқи имонат ба ту ато шавад». Ва ҳамон соат хизматгори ӯ шнфо ёфт.

Исо модарарӯси Петрусро шифо медщад

14 Вақте ки Исо ба хонаи Петрус омад, модарарӯси ӯро дид, ки дар ҳолати табларза хобидааст, 15 Ва дасти ӯро ламс кард, ва табларзаи ӯ қатъ шуд; ва ӯ бархоста, ба парастории онҳо маштул гашт. 16 Чун шом шуд, бисьёр девонагонро назди Ӯ оварданд, ва Ӯ бо сухане арвоҳро берун кард ва ҳамаи беморонро шифо дод, 17 То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст: Ӯ заъфҳои моро гирифт ва бемориҳои моро бардошт". 18 Чун Исо мардуми бисьёрро дар гирди Худ дид, фармуд, ки ба соҳили дигар гузаранд.

Пайравӣ ба Исо

19 Он гоҳ як китобдон назди Ӯ омада, гуфт: «Ӯстод! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард». 20 Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад». 21 Ва дигаре аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам». 22 Лекин Исо ба вай гуфт: «Маро пайравӣ кун ва бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд».

Исо мавҷхоро ором мекунад

23 Чун ба қаиқ савор шуд, шогирдонаш бо Ӯ ҳамроҳӣ карданд. 24 Ногоҳ ғалаёни бузурге дар баҳр ба амал омад, то ба ҳадде ки мавҷҳо қаиқро фаро мегирифтанд; ва Ӯ хуфта буд. 25 Шогирдонаш пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Худовандо! Моро наҷот деҳ, ки ҳалок мешавем». 26 Ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро ҳаросонед?» Баъд бархоста, бодҳо ва баҳрро манъ кард, ва оромии комил барқарор шуд. 27 Ва мардум дар тааҷҷуб монда, гуфтанд: «Ин кист, ки бодҳо ва баҳр низ ба Ӯ итоат мекунанд?»

Исо девҳоро берун мекунад

28 Ва чун дар соҳили дигар ба сарзамини ҷарҷасиён расид, ду девона аз мағоки гӯрҳо берун омада, ба Ӯ рӯ ба рӯ шуданд, ва чунон бадхашм буданд, ки ҳеҷ кас ҷуръат надошт аз он роҳ бигзарад. 29 Ва инак, онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Туро бо мо чӣ кор аст, Эй Исо, Писари Худо? Ту ба ин ҷо омадай, то ки моро пеш аз вақг азоб диҳӣ!» 30 Ва дар ҷои аз онҳо дуртаре галаи бузурги хукон мечарид. 31 Ва девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Агар моро берун кунй, ба галаи хукон моро равона кун». 32 Ба онҳо гуфт: «Биравед». Ва онҳо берун шуда, ба галаи хукон даромаданд. Ва инак, тамоми галаи хукон аз баландӣ ба баҳр ҷаста, дар об ғарқ шуд. 33 Ва хукбонҳо давида рафтанд ва ба шаҳр расида, тамоми ҳодисаро, низ он чиро, ки ба девонагон рӯй дод, нақл карданд. 34 Ва инак, тамоми аҳли шаҳр ба пешвози Исо берун омаданд ва чун Ӯро диданд, илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад.

Матто 9

Исо ба Кафарнаҳум бармегардад ва мафлууро шифо медиҳад

1 ПАС ба қаиқ савор шуда, убур кард ва ба шаҳри Худ омад. 2 Ва инак, мафлуҷеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Чун Исо имони онхоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Далер бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту омурзида шуд». 3 Дар айни ҳол баъзе аз китобдонон дар дили ҳуд гуфтанд: «Ӯ куфр мегӯяд». 4 Лекин Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, гуфт: «Барои чӣ дар дили худ андешаҳои бад доред? 5 «Зеро кадомаш осонтар аст: гуфтани ин ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтани он ки "бархез ва равона шав"? 6 «Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», - он гоҳ ба мафлуҷ гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва бахонаи худ равона шав». 7 Дарҳол бархоста, ба хонаи худ равона шуд. 8 Чун мардум инро диданд, ҳайрон шуданд ва Худоро3 ки ба одамизод чунин кудрате баҳшидааст, ҳамду сано хонданд.

Даыат кардани Матто

9 Ва Исо аз он ҷо гузашта, Матто ном шахсеро дид, ки дар боҷгох нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд.

Исо бо боцгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад

10 Ва ҳангоме ки Исо дар хона дар сари суфра нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари суфра нишастанд. 11 Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯстоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?» 12 Исо чун шунид, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд; 13 «Ва шумо биравед ва маънои ин суҳанро биомӯзед: "Марҳамат мехоҳам, на курбонӣ"; зеро Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».

Масъалаи рӯзадорӣ

14 Шогирдони Яҳьё назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён бисьёр рӯза медорем, лекин шогирдони Ту рӯза намедоранд?» 15 Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, мотам дошта метавонанд? Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ рӯза хоҳанд дошт.

Масалҳо дар бораи ҷома ва машк

16 «Ва ҳеҷ кас бар ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад; зеро ямоқи нав аз ҷома ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад. 17 «Ва шароби навро дар машки кӯҳна намеандозанд; вагар на машк дарида, шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав меандозанд, ва ҳар ду маҳфуз мемонад».

Исо зани беморро шифо медиҳад ва духтари Ёирро зинда мекунад

18 Ханӯз ин суханонро Ӯ ба онҳо мегуфт, ки сардоре омада, пеши Ӯ зону зад ва гуфт: «Духтари ман ҳозир мурд; лекин биё ва дасти Худро бар вай бигузор, ва зинда хоҳад шуд». 19 Исо бархоста, бо шогирдонаш аз паи вай равона шуд. 20 Ва инак, зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд. 21 Зеро ки ба дили худ гуфт: «Агар маҳз либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам». 22 Исо ба қафо нигоҳ карда, занро дид ва гуфт: «Далер бош, эй дуҳтар! Имонат туро шифо бахшид». Ҳамон соат зан шифо ёфт. 23 Ва ҳангоме ки Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва мардуми навҳакунандаро дид, 24 Ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷобароед; зеро ки духтар намурдааст, балки хуфтааст». Онҳо бар Ӯ хандиданд. 25 Чун мардум берун рафтанд, Ӯ даромада, дасти вайро гирифт, ва духтар бархост. 26 Ва овозаи ин дар тамоми он сарзамин паҳн шуд.

Шифо ёфтани ду кӯр ва девонаи гунг

27 Вақте ки Исо аз он ҷо мерафт, ду кӯр аз паи Ӯ рафта, фарьёд мезаданд: «Эй Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун». 28 Ва чун ба хона расид, кӯрон назди Ӯ даромаданд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё имон доред, ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре» Худовандо!» 29 Он гоҳ чашмони онҳоро ламс карда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо бишавад». 30 Ва чашмони онҳо кушода шуд. Ва Исо онҳоро таъкид карда, гуфт: «Зинҳор, касе аз ин огоҳӣ наёбад». 31 Лекин онҳо берун рафта, овозаи Ӯро дар тамоми он сарзамин паҳн карданд. 32 Ва ҳангоме ки онҳо берун мерафтанд, касеро назди Ӯ оварданд, ки девонаи гунг буд. 33 Ва чун дев берун карда шуд, гунг ба гап даромад. Ва мардум дар ҳайрат монда, гуфтанд: «Чунин ҳодиса дар Исроил ҳаргиз дида нашудааст». 34 Лекин фарисиён гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи калони девҳо берун мекунад».

Илтимос дар бораи коргарон дар Малакути Худо

35 Ва Исо дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳот гашта, дар куништҳои онҳо таълим медод, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва заъфи мардумро шифо медод. 36 Ва анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд. 37 Он гоҳ ба шогирдони Худ гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; 38 «Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад».

Матто 10

Насихат додан еа фиристодани дувоздах шогирдон

1 ВА дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонда, ба онҳо бар арвоҳи палид кудрат дод, то ки онҳоро берун кунанд ва ҳар беморй ва бетобиро шифо диҳанд. 2 Ва номҳои дувоздаҳ ҳавворӣ ин аст: аввал Шимъӯн, ки Петрус номида шуда буд, ва бародараш Андриёс, Яъкуб ибни Забдой ва бародараш Юҳанно, 3 Фшгиппус ва Барталмо, Тумо ва Маттои боҷгир, Яъкуб ибни Ҳалфой ва Лаббой, ки лақабаш Таддо буд, 4 Шимъӯни Канно ва Яҳудои Исқарьют, ки Ӯро таслим кард. 5 Ин дувоздаҳро Исо фиристод ва ба онҳо ҳукм дода, гуфт: «Ба роҳи ғайрияҳудиён наравед ва ба шаҳри сомариён надароед; 6 «Балки назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед; 7 «Ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Малакути Осмон наздик аст; 8 «Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, мурдагонро эҳьё кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед. 9 «Дар камарбанди худ тилло ё нуқра ё мис захира накунед, 10 «Ва барои сафар на тӯрбае дошта бошед, на ду пероҳан, на чоруқ ва на асо. Зеро ки меҳнаткаш сазовори хӯроки худ мебошад. 11 «Ва дар ҳар шаҳр ё деҳа, ки медароед, суроғ кунед, ки дар он ҷо шаҳси шоиста кист, ва то вақти баромаданатон дар он ҷо бимонед; 12 «Вақте ки ба хонае медароед, салом бигӯед; 13 «Агар аҳли он хона лоиқ бошанд, саломи шумо бар онҳо қарор мегирад; ва агар лоиқ набошанд, саломатон сӯи шумо бармегардад. 14 «Ва ҳар кӣ шуморо қабул накунад, ва ба сухани шумо гӯш надиҳад, аз он хона ва ё шаҳр берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед; 15 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварй аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд. 16 «Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед. 17 «Лекин аз мардум хазар кунед: зеро шуморо ба маҳкамаҳо хоҳанд супурд ва дар куништҳои худ шуморо қамчинкорй хоҳанд кард, 18 «Ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад. 19 «Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чй бояд бигӯед; зеро ки дар он соат ба щумо ато хоҳад шуд, ки чӣ бояд гуфт; 20 «Зеро ки гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст. 21 «Ва бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд; 22 «Ва аз барои исми Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт. 23 «Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре бигрезед. Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки ҳамаи шаҳрҳои Исроилро тай кунед, Писари Одам хоҳад омад. 24 «Шогирд аз муаллими худ ва ғулом аз оғои худ авло нест: 25 «Басанда аст, ки шогирд чун муаллими худ бошад, ва ғулом чун оғои худ бошад. Агар соҳибихонароБаал-Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чй қадар зиёдтар хоҳанд номид. 26 «Пас, аз онҳо натарсед: зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи маҳфие нест, ки маълум нашавад. 27 «Он чи дар торикӣ ба шумо мегӯям, дар рӯшноӣ бигӯед; ва он чи дар гӯш мешунавед, дар болои бомҳо мавъиза кунед. 28 «Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад. 29 «Оё ду гунҷишк ба як фулус фурӯхта намешавад? Ва ҳол он ки ягонтои онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад; 30 «Лекин ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст; 31 «Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред. 32 «Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард; 33 «Лекин ҳар кй Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард. 34 «Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер; 35 «Зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш чудо кунам. 36 «Ва душмани одам ахди хонаи ӯ хоҳанд буд. 37 «Хар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё дуҳтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; 38 «Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест. 39 «Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард. 40 «Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; 41 «Ҳар кӣ пайғамбарро ба исми пайғамбар қабул кунад, мукофоти пайғамбарро хоҳад ёфт; ва ҳар кӣ одилро ба исми одил қабул кунад, мукофоти одилро хоҳад ёфт. 42 «Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро фақат як пиёла оби сард бинӯшонад, чунки исми шогирд дорад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мукофоти худро аз даст нахоҳад дод».

Матто 11

Саволи Таьмиддщанда ва цавоби Исо. Шаходатц Исо дар бораи Таъмиддщанда

1 ЧӮН Исо насиҳатгӯиро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то ки дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад. 2 Вақте ки Яҳьё дар зиндон аъмоли Масеҳро шунид, ду нафар аз шогирдони худ фиристод, 3 То ки ба Ӯ бигӯянд: Юё Ту Ҳамон хастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?» 4 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи шунидед ва дидед, ба Яҳьё бигӯед: 5 «Кӯрҳо мебинанд ва шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ва ба мискинон башорат дода мешавад; 6 «Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад». 7 Ва ҳангоме ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани нае ки аз бод меларзад? 8 «Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд. 9 «Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед?Оё барои дидани як набй? Оре, ба шумо мегӯям, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст. 10 «Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: "Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад". 11 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда барнахост; лекин он ки дар Малакути Осмон хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст. 12 «Ва аз айёлш Яҳьёи Таъмиддиҳанда то алҳол Малакути Осмон бо зӯрӣ ба даст оварда мешавад, ва зӯроварон онро мерабоянд; 13 «Зеро ки тамоми анбиё ва Таврот то вақти зуҳури Яҳьё пешгӯӣ кардаанд. 14 «Ва агар қабул кардан хоҳед, вай Ильёс аст, ки бояд биёяд. 15 «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад! 16 «Лекин ин наслро ба кӣ монанд кунам? Вай ба кӯдаконе монанд аст, ки дар кӯчаҳо нишаста ва ба рафиқони худ муроҷиат карда, 17 «Мегӯянд: "Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед". 18 «Зеро ки Яҳьё омад, намехӯрад ва наменӯшад; мегӯянд: "Дев дорад". 19 «Писари Одам омад, мехӯрад ва менушад; мегуянд: "Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст". Ва ҳикмат аз тарафи фарзандонаш тасдиқ карда мешавад».

Ба мункирон Исо довариро пешгӯӣ мекунад

20 Он гоҳ Ӯ ба мазаммат кардани шаҳрҳое шурӯъ намуд, ки аксари мӯъҷизоти Ӯ дар он ҷо зоҳир шуда буд, чунки тавба накарда буданд. 21 «Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Зеро агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд; 22 «Лекин ба шумо мегӯям: дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз шумо сабуктар хоҳад буд. 23 «Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзах сарнагун хоҳӣ шуд; зеро агар мӯъчизоте ки дар ту зоҳир шуд, дар Садӯм зоҳир мешуд, вай то имрӯз боқӣ мемонд; 24 «Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ту сабуктар хоҳад 'буд».

Ситоиши Падар

25 Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон гашҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардй. 26 «Оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд. 27 «Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ҷуз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад.

Даъват кардани заҳматкашон ва гаронборон

28 «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; 29 «Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; 30 «Зеро юғи Ман ҳуш ва бори Ман сабук аст».

Матто 12

Исо ва қоидаҳои яҳудиён дар бораи рӯзи шанбе

1 ДАР он вақт Исо рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт; ва шогирдонаш гурусна монда, ба чидан ва хӯрдани хӯшаҳо сар карданд. 2 Фарисиён инро дида, ба Ӯ гуфтанд: «Инак, шогирдони Ту коре мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест». 3 Ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд? 4 «Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он ба вай ва ҳамроҳонаш раво набуд, балки фақат ба коҳинон раво буд? 5 «Ё дар Таврот нахондаед, ки коҳинон дар рӯзҳои шанбе дар маъбад оини шанберо риоят намекунанд ва бо вучуди он бегуноҳанд? 6 «Лекин ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо Шахсе ҳаст, ки аз маъбад бузургтар аст; 7 «Ва агар медонистед, ки "марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ" чӣ маъно дорад, бегуноҳонро мазаммат намекардед; 8 «Зеро ки Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».

Шифо ёфтани одами дастхушк дар рузи шанбе

9 Ва аз он ҷо рафта, ба куништи онҳо даромад. 10 Ва инак, дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт. Аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан ҷоиз аст?» Қасдашон ин буд, ки Ӯро айбдор кунанд. 11 Ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки як гӯсфанд дошта бошад, ва он дар рӯзи шанбе ба мағоке афтаду онро гирифта набарорад? 12 «Пас чй қадар аз гӯсфанд одам азизтар аст! Бинобар ин дар рӯзҳои шанбе некй кардан ҷоиз аст». 13 Он гоҳ ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вал дароз кард; ва мисли дасти дигараш сиҳат шуд. 14 Фарисиён берун рафта, дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.

Исои бандаи Худо дар хомушӣ амал мекунад

15 Лекин Исо инро дарьёфта, аз он ҷо дур шуд. Ва мардуми бисьёре аз паи Ӯ равона шуданд, ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо бахшид, 16 Ва ба онҳо фармоиш дод, ки овозаи Ӯро паҳн накунанд, 17 То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст: 18 "Инак Бандак Ман, ки Ӯро баргузидаам, ва Маҳ буби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Рӯҳи Худро бар Ӯ хоҳам ниҳод, то ки довариро ба халққо эълон кунад; 19 "Ситеза ва фиғоне нахоҳад кард, ва касе дар кӯчаҳо овозиӮро нахоҳад шунид; 20 "Наи хамидаро нахоҳад шикаст ва фатилаи нимсӯх таро хомӯш нахоҳад кард, то даме ки довариро ба ғалаба оварда расонад; 21 "Ва халқҳо ба исми Ӯ умед хоҳанд баст".

Шифо ёфтани девопа. Куфри фарисиён

22 Он гоҳ девонаеро назди Ӯ оварданд, ки кӯр ва гунг буд; Ӯ вайро шифо бахшид, ба тавре ки он кӯр ва гунг гӯё ва бино шуд. 23 Ва тамоми мардум дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Оё ин Шахс Писари Довуд нест?» 24 Лекин фарисиён инро шунида, гуфтанд: «Ӯ девҳоро фақат бавоситаи Баал-Забул, калони девҳо, берун мекунад». 25 Аммо Исо фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонае ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад. 26 «Ва агар шайтон шайтонро берункунад, вайбар зидди ҳуд аз ҳам ҷудо шуда бошад: пас салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад? 27 «Ва агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кй берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд. 28 «Лекин агар Ман девҳоро бо Рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст. 29 «Ё касе чӣ гуна ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат карда метавонад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад ва пас аз он хонаи вайро ғорат кунад? 30 «Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.

Гуноҳе ки омурзида намешавад: ба шайтон нисбат додани аъмоли Рӯҳулқудс

31 «Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар навъ гуноҳ ва куфр ба одамизод омурзида мешавад; лекин куфр бар зидди Рӯҳ ба одамизод омурзида нахоҳад шуд. 32 «Ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидци Рӯҳулкудс сухане гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд? на дар ин олам, на дар олами оянда.

Цавобгарӣ барои сухан

33 «Ё дараҳтро нек гардонед ва меваашро нек; ё дарахтро бад гардонед ва меваашро бад; зеро ки дарахт аз мевааш шинохта мешавад. 34 «Эй афъизодагон! Шумо чӣ тавр суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед? Зеро ки забон аз пурии дил сухан мегӯяд. 35 «Шахси нек аз ганҷинаи нек чизи нек берун меоварад; ва шахси бад аз ганҷинаи бад чизи бад берун меоварад. 36 «Лекия ба шумо мегӯям, ки мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб ҳоҳанд дод: 37 «Зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд».

Исо ба муқобили фарисиёне ки мӯъҷизот металабанд

38 Он гоҳ баъзе аз китобдонон ва фарисиён ба ҷавоб гуфтанд: «Эй Ӯстод! Мехоҳем аломате аз Ту бубинем». 39 Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Насли шарир ва зинокор аломате металабад: ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд; 40 «Зеро, чунон ки Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд, Писари Одам низ се шабонарӯз дар оғӯши замин хоҳад буд. 41 «Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Юнус бузургтар аст. 42 «Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварй бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст.

Баргаштани рӯҳи палид

43 «Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад; 44 «Он гоҳ мегӯяд: "Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам". Ва гапгта омада, онро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад; 45 «Пас аз он рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад. Ҳоли ин насли шарир низ ҳамин тавр хоҳад шуд».

Хешовандони ҳақиқии Исо

46 Ҳанӯз Ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронаш омада, дар берун истоданд ва мехостанд бо Ӯ гуфтугӯ кунанд. 47 Ва шахсе ба Ӯ гуфт: «Инак, модарат ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд бо Ту гуфтугӯ кунанд». 48 Лекин Ӯ дар ҷавоби он шахс гуфт: «Кист модари Ман, ва кист бародарони Ман?» 49 Ва бо дасти Худ шогирдони Худро нишон дода, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман; 50 «Зеро, ҳар кӣ хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».

Матто 13

Ҳафт масал дар бораи Малакути Осмон

Коранда

1 ВА ҳамон рӯз Исо аз хона берун омада, дар канори баҳр нишаст. 2 Ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки ӯ ба қаиқ даромада, нишаст, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд. 3 Ва бо масалҳо чизҳои бисьёрро ба онҳо омӯхта, гуфт; «Инак, корандае барои пошидани тухм берун рафт; 4 «Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро хӯрданд; 5 «Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт; 6 «Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва азбаски реша надошт, хушк шуд; 7 «Қадаре дар миёни хорҳо афтод,ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд; 8 «Қадаре дар хоки нағз афтод ва бор овард: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сй. 9 «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» 10 Ва шогирдонаш омада, ба Ӯ гуфтанд: «Чаро ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯй?» 11 Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст; 12 «Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз ваи он чи низ дорад, гирифта шавад; 13 «Аз он сабаб ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намешунаванд, ва намефаҳманд; 14 «Ва дар ҳаққи онҳо нубуввати Ишаъё ба амал меояд, ки гуфтааст: "Бо гӯшҳои худ хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид; бо чашмҳои худ нигоҳ хоҳед кард, вале нахоҳед дид; 15 "Зеро ки дили ин мардум сангин ва гӯшҳошон вазнин шудааст, ва чашмони худро бастаанд, мабодо бо чашмон бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дилҳо бифаҳманд ва ручӯъ кунанд, ва Ман онҳоро шифо диҳам". 16 «Лекин хушо чашмони шумо, ки мебинанд, ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд; 17 «Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва одилон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд ва нашуниданд. 18 «Пас шумо маънои масали корандаро бишнавед: 19 «Ҳар кӣ каломи Малакутро бишнавад, ва нафаҳмад, иблис назди вай омада, он чиро, ки дар дили вай кошта щудааст, мерабояд: ин ҳамон аст, ки дар канори роҳ кошта шудааст. 20 «Ва кошташуда дар санглох он кас аст, ки каломро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад; 21 «Лекин дар худ реша надорад ва ноустувор аст ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтад. 22 «Ва кошташуда дар миёни хорҳо он кас аст, ки каломро мешунавад, лекин андешаҳои дуньёй ва ҳирси сарват каломро пахш мекунад, ва он бесамар мегардад. 23 «Ва кошташуда дар хоки нағз он кас аст, ки каломро мешунавад ва мефаҳмад ва бор ҳам меоварад: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ».

Сирри дуюм: мастак дар миёни гандум

24 Ва масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст; 25 «Лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт; 26 «Чун киштзор сабзид, ва самараш ба назар намоён шуд, мастак ҳам пайдо шуд. 27 «Ғуломони соҳиби киштзор омада, гуфтанд: "Эй оғо! Оё дар киптгзори худ тухми некӯ накоштаӣ? Пас мастак аз куҷо пайдо шуд?" 28 «Вай ба онҳо гуфт: "Ин кори душман аст". Ғуломон ба вай гуфтанд: "Оё мехоҳӣ биравем ва онро чида гирем?" 29 «Вай гуфт: "Не, мабодо дар вақти чида гирифтани мастак гандумро ҳам аз реша биканед; 30 "Бигэоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо хам нумӯ кунанд; ва дар мавсими дарав ба даравгарон хоҳам гуфт: аввал мастакро чида гиреду барои сӯзондан бандбанд кунед; лекин гандумро дар акбори ман захира кунед"».

Сирри сеюм: донаи хардал

31 Масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ коштааст, 32 «Ва гарчанде ки хурдтарини тухмҳост, чун нумӯ кунад, аз ҳамаи наботот бузургтар мешавад ва дарахт мегардад, ба тавре ки мурғони ҳаво омада, дар шохаҳояш ошьёнамесозанд».

Сирри чорум: хамиртуруги

33 Ва масали дигаре ба онҳо гуфт: «Малакути Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид». 34 Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард, ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт, 35 То ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: "Даҳони Худро ба масалҳо мекушоям; чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст, баён менамоям".

Мацнидоди сирри дуюм

36 Он гоҳ Исо мардумро ҷавоб дода, ба хона даромад. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Масали мастаки киштзорро ба мо бифаҳмон». 37 Дар ҷавоби онҳо гуфт: «гКорандаи тухми некӯ Писари Одам аст; 38 «Киштзор ин ҷаҳон аст; тухми некӯ писарони Малакут ҳастанд, ва мастакҳо писарони иблис мебошанд; 39 «Ва душмане ки онҳоро кошт, иблис аст; мавсими дарав анҷоми олам аст, ва даравгарҳо фариштагонанд. 40 «Пас, чӣ тавре ки мастакҳоро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, анҷоми олам низ ҳамон тавр ҳоҳад шуд: 41 «Писари Одам фариштагони Худро ҳоҳад фиристод, ва онҳо аз Малакути Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкоронро ҷамъ хоҳанд кард, 42 «Ва онҳоро ба кӯраи оташ хоҳанд андохт; дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд. 43 «Он гох одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!

Сирри панҷум: ганҷи ниҳонӣ

44 «Боз Малакути Осмон монанди ганҷест, ки дар киштзор ниҳон бошад, ва онро касе ёфта, пинҳон кард, ва аз шодии он рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва он киштзорро харид.

Сирри шашум: марворид

45 «Боз Малакути Осмон монанди тоҷирест, ки марворидҳои хуб меҷуст, 46 «Ва чун як марвориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид.

Сирри ҳафтум: тӯр

47 «Боз Малакути Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳй ба он даромад, 48 «Ва чун пур шуд, онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, ҳубҳоро дар зарфҳо ҷамъ карданд, лекин бадҳоро дур андохтанд. 49 «Дар анҷоми олам ҳамин тавр хоҳад шуд: фариштагон берун омада, бадкоронро аз миёни одилон ҷудо мекунанд, 50 «Ва онҳоро ба кӯраи оташ меандозанд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд». 51 Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инро фаҳмидед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!» 52 Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Малакути Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад».

Исо ба Носира бармегардад ва Ӯро боз мункир мешаванд

53 Вақте ки Исо ин масалҳоро ба оҳир расонд, аз он ҷо равона шуд, 54 Ва ба зодгоҳи Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ чунин ҳикмат ва мӯъҷизот? 55 «Оё Ӯ писари наҷҷор нест? Оё номи модараш Марьям нест, ва бародаронаш Яъкуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо? 56 «Ва ҳамаи хоҳаронаш дар байни мо намебошанд? Пас, аз куҷост дар Ӯ ҳамаи ин чизҳо?» 57 Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд. Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар хонаи худ». 58 Ва дар он ҷо ба сабаби беимонии онҳо мӯъҷизаи бисьёр нишон надод.

Матто 14

Беқарории Ҳиродус. Қатли Яҳъёи Тагмиддиҳанда

1 ДАР он ҳангом овозаи Исо ба гӯши тетрарх Ҳиродус расид, 2 Ва ба хизматгузорони худ гуфт: «Ин Яҳьёи Таъмиддиҳанда аст; вай аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб ин мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд». 3 Зеро ки Ҳиродус Яҳьёро дастгир карда ва баста, ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия, зани Филиппус бародараш; 4 Зеро Яҳьё ба вай гуфта буд: «Ба ту раво нест, ки вайро ба занӣ бишрй». 5 Ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин аз мардум тарсид, чунки ӯро набӣ медонистанд. 6 Аммо вақге ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирйфт, духтари Ҳиродия дар пеши аҳли базм рақсид, ва ин ба Ҳиродус бисьёр писанд афтод; 7 Аз ин рӯ ба вай қасам ёд карда, ваъда дод, ки ҳар он чи хоҳад, ба вай медиҳад. 8 Пас вай, бо талқини модари худ, гуфт: «Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро дар ҳамин ҷо дар табақе ба ман ҳадия бикун». 9 Подшоҳ ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, амр фармуд, ки дода шавад, 10 Ва ҷаллодеро фиристод, то дар зиндон каллаи Яҳьёро аз танаш ҷудо кунад. 11 Ва каллаи ӯро дар табақе оварда, ба духтар доданд, ва онро вай ба модари худ бурд. 12 Ва шогирдонаш омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд; ва рафта, ба Исо хабар доданд. 13 Чун Ӯ инро шунид, ба қаиқ савор шуда, аз он ҷо танҳо ба ҷои хилвате рафт; ва мардум, чун шуниданд, аз акиби Ӯ аз шаҳрҳо пиёда равона шуданд. 14 Ва Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид, ва ба онҳо раҳмаш омад, ва беморони онҳоро шифо дод.

Сер гиудани панҷ ҳазор мард

15 Дар вакти аср шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷои хшгват аст, вақт ҳам дер шуд; мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба деҳот рафта, барои худ хӯроке бихаранд». 16 Ба онҳо гуфт: «Ҳоҷате нест, ки онҳо бираванд: шумо ба онҳо хӯрок диҳед». 17 Ба Ӯ гуфтанд: «Мо дар ин ҷо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем». 18 Гуфт: Юнҳоро ин ҷо назди Ман биёред». 19 Ва мардумро фармуд, ки бар сабза биншинанд, ва панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигаристу баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба мардум доданд. 20 Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд; 21 Ва хӯрандагон, ба ғаир аз занону бачагон, тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.

Исо бар об қадам мезанад. Сустимонии Петрус

22 Дарҳол Исо шогирдони Худро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба соҳили дигар равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад. 23 Ва чун мардумро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан танҳо бар фарози кӯҳебаромад; бегоҳирӯзӣ низ дар он ҷо танҳо буд. 24 Ва қаиқ ҳанӯз дар миёнаи баҳр буд ва аз мавҷҳо лат мехӯрд, зеро ки боди мухолиф мевазид. 25 Ва дар поси чоруми шаб Исо бар баҳр қадам зада, назди онҳо омад. 26 Ва шогирдон чун Ӯро диданд, ки бар баҳр қадам мезанад, дар изтироб афтода, гуфтанд: «Ин шабаҳ аст!» Ва аз тарс фарьёд заданд. 27 Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед». 28 Петрус дар ҷавоби Ӯгуфт: «Худовандо! Агар ин Туӣ, ба ман амр деҳ, то ки бар рӯи об назди Ту биеям». 29 Гуфт: «Биё». Ва Петрус аз қаиқ баромада, бар рӯи об равона пгуд, то ки назди Исо биёяд; 30 Лекин чун боди шадидро дид, ҳаросон шуд ва дар ҳолате ки ғарқ мепгуд, фарьёд кашид: «Худовандо! Маро халос кун». 31 Исо фавран дасташро дароз карда, вайро нигоҳ дошт ва гуфт: «Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?» 32 Вақте ки ба қаиқ даромаданд, бод сокит шуд. 33 Онҳое ки дар қаиқ буданд. назди Ӯ омада, саҷда карданд ва гуфтанд: «Ҳақиқатан Ту Писари Худо ҳастй».

Шифо ёфтани беморон дар Ҷинесор

34 Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Чднесор омаданд. 35 Ва сокинони он мавзеъӮро шинохтанд ва ба тамоми музофот касонеро фиристода, ҳамаи беморонро назди Ӯ оварданд, 36 Ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.

Матто 15

Аҳкоми Худо аз ривоятҳои инсонӣ болотар аст

1 ОН гоҳ китобдонон ва фарисиён, ки аз Ерусалим буданд, назди Исо омада, гуфтанд: 2 «Чаро шогирдони Ту ривоятҳои муршидонро вайрон мекунанд? Зеро ки пеш аз хӯрдани нон дастҳои худро намешӯянд». 3 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: «Чаро шумо ҳам ба хотири ривоятҳои худ ҳукми Худоро вайрон мекунед? 4 «Зеро ки Худо ҳукм кардааст: "Падару модари худро иззат намо"; ва: "Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад". 5 «Лекин шумо мегӯед: "Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Оы чи аз ман нафъ ёбӣ, ҳадия барои Худост», 6 «Баъд аз он вай набояд падар ё модари худро ҳурмат кунад". Ба ҳамин тариқ шумо ҳукми Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед. 7 «Эй риёкорон! Ишаъё дар бораи шумо некӯ пайғом дода, гуфтааст: 8 "Ин мардум бо забони худ баМан наздик мешаванд ва бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст; 9 "Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд"».

Одамро ба ҳузури Худо чӣ палид мекунад

10 Ва мардумро даъват намуда, гуфт: «Гӯш диҳед ва бифаҳмед: 11 "На он чи ба даҳон медарояд, одамро палид мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро палид мекунад». 12 Он гоҳ шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: Юё медонӣ, ки фарисиён ин суханро шунида, ба васваса афтоданд?» 13 Дар ҷавоб гуфт: «Ҳар ниҳоле ки Падари Ман, ки дар осмон аст, нашинонда бошад, решакан хоҳад шуд; 14 Юнҳоро ба ҳоли худашон бигзоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамой мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамой кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтод». 15 Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Ин масалро ба мо фаҳмонда деҳ». 16 Исо гуфт: Юё шумо низ то ҳанӯз бефаҳм ҳастед? 17 Юё ҳанӯз дарк накардаед, ки ҳар он чи ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он хориҷ мешавад? 18 «Лекин ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад; ва ин чизҳо одамро палид мекунад; 19 «Зеро ки аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯг ва куфр пайдо мешавад: 20 «Ин чизҳо одамро палид мекунад; лекин бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан одамро палид намекунад».

Шифо ёфтани духтари канъонӣ

21 Ва Исо аз он ҷо берун шуда, ба ҳудуди Сӯр ва Сидӯн рафт. 22 Ва инак, як зани канъонӣ дар он ҳудуд пеш омада, фарьёдкунон ба Ӯ гуфт: «Худовандо, Писари Довуд, ба ман марҳамат кун! Зеро ки духтарам сахт дар чанги дев аст». 23 Лекин Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, илтимос карданд: «Вайро ҷавоб деҳ, зеро ки аз ақиби мо фарьёд мезанад». 24 Дар ҷавоб гуфт: «Ман фақат барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам». 25 Лекин зан омада, ба Ӯ саҷда кард ва гуфт: «Худованно! Ба ман мадад кун». 26 Дар ҷавоб гуфт: «Нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест». 27 Зан гуфт: «Оре, Худовандо! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз суфраи оғоёнашон меафтад, мехӯранд». 28 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Эй зан! Имони ту бузург аст; пас он чи хостӣ, барои ту бшпавад». Ва духтари вай ҳамон соат шифо ёфт.

Шифо ёфтани беморони бисьёр

29 Исо аз он ҷо ҳаракат карда, назди баҳри Ҷалил омад ва бар фарози кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст. 30 Ва мардуми бисьёре назди Ӯ бо лашон, кӯрон, гунгон, маъюбон ва хеле беморони дигар омада, онҳоро пеши пойҳои Исо гузоштанд; ва Ӯ онҳоро шифо дод, 31 Ба тавре ки мардум гунгонро гӯё, маъюбонро солим, лангонро равон ва кӯронро бино дида, дар ҳайрат монданд; ва Худои Исроилро ҳамду сано хонданд.

Сер шудани чор ҳазор мард

32 Ва Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт: «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд; намехоҳам онҳоро гурусна ҷавоб диҳам, ки мабодо дар роҳ бемадор шаванд». 33 Шогирдонаш дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон он қадар нон ёбем, ки чунин анбӯҳро сер кунем?» 34 Исо ба онҳо гуфт: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто, ва андак моҳии майда». 35 Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин бинпгинанд, 36 Ва ҳафт нон ва моҳиёнро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, ва шогирдон ба мардум доданд. 37 Ва ҳама хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои бокимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд; 38 Хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор мард буданд. 39 Пас Ӯ мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуд ва ба ҳудуди Маҷдал омад.

Матто 16

Фарисиён аломати осмонӣ металабанд

1 ФАРИСИЁН ва саддуқиён омаданд ва Ӯро озмуда, хоҳиш карданд, ки аломати осмонӣ ба онҳо нишон диҳад. 2 Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шомгоҳон шумо мегӯед: "Ҳаво хуб хоҳад шуд, чунки осмон сурх аст"; 3 «Бомдодон мегӯед: "Имрӯз ҳаво бад ҳоҳад шуд, чунки осмой арғувонӣ ва гирифта мебошад". Эй риёкорон! Қиёфаи осмонро фарқ карда метавонеду аломоти замонҳоро наметавонед? 4 «Насли шарир ва зинокор аломате металабад, ва ба вай чуз аломати Юнуси набӣ дода нахоҳад шуд». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд.

Огоҳонидан аз таълимоти фарисиёи ва саддуқиён

5 Ва чун шогирдон ба соҳили дигар убур карданд, нон гирифтанро фаромӯш карда буданд. 6 Исо ба онҳо гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед». 7 Онҳо дар дили худ андешида мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон нагирифтаем». 8 Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро дар дили худ андеша мекунед, ки нон нагирифтаед? 9 Юё ҳанӯз намефаҳмед ва дар хотир надоред он панҷ нон ва панҷ ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед? 10 «Ва он ҳафт нон ва чор ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед? 11 «Чаро намефаҳмед, ки на дар бораи нон ба шумо гуфтам, ки аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед?» 12 Он гоҳ фаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо амр фармудааст на аз хамиртуруши нон, балки аз таълими фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунанд.

Эътирофи Петрус

13 Вақте ки Исо ба муэофоти Қайсарияи Филиппус омад, аз шогирдони Худ пурсид: «Мардум Маро, ки Писари Одам ҳастам, кӣ мегӯянд?» 14 Гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ, баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ, ва баъзе мегӯянд, ки Ирмиёй ё яке аз пайғамбаронӣ». 15 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» 16 Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».

Башорати аввалин дар бораи калисо

17 Ва Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Хушо ту, эй Шимъӯн писари Юнус, чунки башар инро ба ту зоҳир накардааст, балки Падари Ман, ки дар осмон аст. 18 «Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастн, ва бар ин сахра Ман калисои Худро бико мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он голиб нахоҳад шуд; 19 «Ва калидҳои Малакути Осмонро ба ту месупорам, ва он чи ту бар замин бибандӣ, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоӣ, дар осмон кушода хоҳад шуд». 20 Он гоҳ ба шогирдони Худ таъин кард, ки ба ҳеҷ кас нагӯянд, ки Ӯ Исои Масеҳ аст.

Исо ба шогирдон дар бораи мамот ва зҳьёи Худ зълон мекунад

21 Аз ҳамон вақт Исо ба фаҳмондан ба шогирдони Худ оғоз намуд, ки Ӯ бояд ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, саркоҳинон ва китобдонон бисьёр азоб кашад, ва кушта шавад, ва пас аз се рӯз эҳьё шавад. 22 Ва Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд: «Ҳошо Туро, эй Худованд! Ин ба Ту ҳаргиз руй нахоҳад дод!» 23 Аммо Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Маи дур шав! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ». 24 Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд. бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравй намояд; 25 «Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад; 26 «Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? Ё ки одалшзод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад? 27 «Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вакт ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.

Дшаргун шудани Худоеанд. Симои Малакуте ки чеояд

28 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Малакути Худ меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид».

Матто 17

1 БАЪД аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард, 2 Ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид. 3 Ва инак, Мусо ва Ильёс ба онҳо намоен шуданд, ки бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд. 4 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Худовандо! Дар ин ҷо будани мо некӯст; агар хоҳӣ, дар ин ҷо се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс». 5 Ханӯз вай сухан мегуфт, ва инак абри дурахшандае бар онҳо соя андохт; ва инак овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Ӯро бишнавед». 6 Чун шогирдон инро шуниданд, рӯй ба замин афтоданд ва бисьёр тарсиданд. 7 Лекин Исо наздик омада, ба онҳо даст расонд ва гуфт: «Бархезед ва ҳаросон нашавед». 8 Ва онҳо чашмони худро кушода, ҷуз Исо касеро надидаид. 9 Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда,гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, ин рӯъёро ба касе нагӯед». 10 Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?» 11 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; 12 «Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс аллакай омад, ва онҳо вайро нашиноҳтанд, ва бо вай он чи ҳостанд, карданд; Писари Одам низ аз дасти онҳо уқубат ҳоҳад кашид». 13 Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи Яҳьёи Таъмиддиҳанда ба онҳо суҳан мегуфт.

Шифо ёфтани девона

14 Чун онҳо назди мардум омаданд, марде пеш омада, назди Ӯ зону зад, 15 Ва гуфт: «Худовандо! Ба писари ман марҳамат кун; вай масрӯъ аст ва саҳт азият мекашад, зеро ки худро дам ба дам дар оташ меандозад ва дам ба дам дар об; 16 Вайро ба шогирдони Ту овардам, онҳо шифо дода натавонистанд». 17 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро ин ҷо назди Ман биёред». 18 Ва Исо ба вай амр фармуд; ва дев аз вай берун рафт; ва он писар дарҳол шифо ёфт. 19 Шогирдонаш назди Исо омада, ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?» 20 Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростй ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: "Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун", он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон наҳоҳад буд; 21 «Лекин ин ҷинс фақат ба воситаи дуо ва рӯза берун меравад».

Исо аз нав дар бораи мамот ва эҳьёи Худ эълон мекуиад

22 Вақте ки онҳо дар "Ҷалил мегаштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одам ба дасти одамон таслим карда ҳоҳад шуд, 23 «Ва Ӯро хоҳанд кушт, ва дар рӯзи сеюм эҳьё ҳоҳад шуд». Ва онҳо бисьёр ғамгин шуданд.

Хироч барои маъбад

24 Чун онҳо ба Кафарнаҳум расиданд, ҷамъкунандагони дудирҳам назди Петрус омада, гуфтанд: Юё Ӯстоди шумо дудирҳамро намедиҳад?» 25 Гуфт: «Оре». Ва чун ба хона даромад, пеш аз он ки чизе бигӯяд, Исо ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн, фикри ту чист? Подшоҳони ҷаҳон боҷ ва хироҷро аз киҳо мегиранд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?» 26 Петрус баӮгуфт: «Аз бегонагон». Исо ба вай гуфт: «Пас фарзандон озоданд; 27 «Лекин барои он ки онҳоро ба васваса наандозем, ба соҳили баҳр рафта, қалмоқе биандоз, ва аввалин моҳиро, ки банд шуд, бигир; ва даҳонашро кушода, истатир хоҳй ёфт; онро гирифта, барои Ман ва барои худат ба онҳо бидеҳ».

Матто 18

Исо иззатталабии шогирдонро мазаммат мекунад

1 ДАР он соат шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Дар Малакути Осмон кист бузургтар?» 2 Исо кӯдакеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо ба по гузошт, 3 Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар руҷӯъ накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Малакути Осмон нахоҳед даромад. 4 «Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Малакути Осмон вай бузургтар аст; 5 «Ва ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман қабул кунад, вай Маро қабул мекунад; 6 «Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар қаъри баҳр ғарқ кунанд.

Мубориза ба муқобили васвасахо

7 «Вой бар ҳоли ҷаҳон ба сабаби васвасаҳо, зеро ки вуқӯи васвасаҳо ногузир аст; лекин вой бар ҳоли касе ки сабаби васвасаҳо гардад. 8 «Пас, агар дастат ё поят туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур андоз: барои ту беҳтар аст, ки ланг ва ё шал шуда, ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ва ё бо ду по дар оташи ҷовидонй андохта шавӣ; 9 «Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур андоз: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавй.

Гӯсфанди гумшуда. Худованд чустуҷӯ менамояд

10 «Зинҳор, ҳеҷ яке аз ин тифлонро хор нашуморед; зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд. 11 «Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо наҷот диҳад. 12 «Фикри шумо чист? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад, ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нӯҳро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи он як гумшуда намеравад? 13 «Ва агар иттифоқан онро ёбад, ба ростй ба шумо мегӯям, барои он бештар шодӣ мекунад аз он наваду нӯҳ, ки гум нашудаанд. 14 «Ба ҳамин тариқ, иродаи Падари шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин тифлон нобуд шавад.

Тартиб дар калисои оянда. Дуои умумӣ

15 «Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, рафта байни худат ва ӯ ба танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон: агар ба сухани ту гӯш диҳад, бародари худро дарьёфтӣ; 16 «Ва агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ бигир, то ки аз забони ду ё се шоҳид ҳар сухан тасдиқ шавад. 17 «Ва агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба калисо бигӯ; ва агар ба калисо низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту чун халқҳо ва ё чун боҷгир бошад. 18 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо бар замин бандед, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоед, дар осмон кушода хоҳад шуд. 19 «Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд. 20 «Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».

Муҳаббат афв менамояд. Масал дар бораи оғои раҳмдил ва хизматгори бераҳм

21 Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: «Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, афв намонм? Оё то ҳафт бор?» 22 Исо ба вай гуфт: «Ба ту намегӯям: "То ҳафт бор", балки то ҳафтод карат ҳафт бор. 23 «Аз ин рӯ Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобй кунад. 24 «Вақте ки ба ҳисобӣ кардан шурӯь намуд, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант аз вай қарз дошт. 25 «Чун чизе барои адои қарз надошт, оғояш амр фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд. 26 «Ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай сачда бурд ва гуфт: "Эй оғо! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард". 27 «Ва огои он ғулом, раҳмаш омада, вайро ҷавоб дод ва қарзашро ба вай бахшид. 28 «Лекин чун ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: "Он қарзатро ба ман адо кун". 29 «Он рафиқаш ба пойҳои ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт: "Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард". 30 «Аммо ӯ розй нашуд, балки рафта, вайро дар зиндон андохт, то ки қарзашро адо кунад. 31 «Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисьёр ғамгин шуданд ва назди оғои худ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд. 32 <Юн гоҳ оғояш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: "Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос карди; 33 "Ое туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунй, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?" 34 «Ва оғояш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад. 35 «Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аста бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад».

Матто 19

1 ВАҚТЕ ки Исо ин суханонро ба анҷом расонд, аз Ҷалил баромада, ба он сӯи Ӯрдун, ба худуди Яҳудо омад. 2 Мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.

Исо дар бораи талоқ

3 Ва фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфтанд: Юё ҷоиз аст, ки мард зани худро бо ҳар сабаб талоқ диҳад?» 4 Дар ҷавоби онҳо гуфт: Юе нахондаед, ки Офаридагор дар ибтидо онҳоро марду зан офарид? 5 «Ва гуфт: "Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд", 6 «Ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад». 7 Ба Ӯ гуфтанд: «Пас чаро Мусо амр фармудааст, ки мард талоқномае дода, аз зан ҷудо шавад?» 8 Ба онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо Мусо ба шумо иҷозат додааст, ки занони худро талоқ диҳед; лекин дар ибтидо чунин набуд; 9 «Аммо Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ зани худро, ба чуз сабаби зино, талоқ диҳад ва дигареро никоҳ кунад, зино карда бошад; ва ҳар кй зани талоқшударо гирад, зино карда бошад». 10 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Агар аҳволи мард бо занаш чунин бошад, зан нагирифтан беҳтар аст». 11 Ба онҳо гуфт: «На ҳама метавонанд ин каломро қабул кунанд, балки танҳо касоне ки ба онҳо ато шудааст; 12 «Зеро ахтаҳое ҳастанд, ки аз шиками модар чунин таваллуд шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки аз дасти одамон ахта шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки ба хотири Малакути Осмон худро ахта кардаанд. Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад».

Исо кӯдоконро мепазирад ва дуо мекунад

13 Дар ин вақт кӯдаконро назди Ӯ оварданд, то ки дастҳои Худро бар онҳо ниҳода, дуо кунад; лекин шогирдон ба онҳо монеъ шуданд. 14 Исо гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Осмон ба чунин касон тааллуқ дорад». 15 Ва дастҳои Худро бар онҳо ниҳода, аз он ҷо равона шуд.

Исо ва ҷавони сарватдор

16 Ва инак, яке назди Ӯ омада, гуфт: «Эй Ӯстоди Некӯ! Чӣ кори нек кунам, то ки ҳаёти ҷовидонӣ ёбам?» 17 Ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯй? Хеҷ кас некӯ нест, чуз Худои ягона. Лекия агар мехоҳӣ дохили ҳаёт шавӣ, аҳкомро нигоҳ дор». 18 Ба Ӯ гуфт: «Кадом аҳкомро?» Исо гуфт: «Қатл накун; зино накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; 19 «Падару модаратро иззат намо; ва ёри худро мисли худ дӯст бидор». _ 20 Ҷавон ба Ӯ гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам; дигар чй камбудӣ дорам?» 21 Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ комил шавӣ, рафта, ҳар он чи дорй, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ; ва дар осмон ганҷе хоҳй ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун». 22 Чун ҷавон ин суханро шунид, ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьер дошт. 23 Ва Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Ба ростй ба шумо мегӯям, ки ба Малакути Осмон даромадани сарватдор душвор аст; 24 «Ва боз ба шумо мегӯям: аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад». 25 Чун шогирдон инро шуниданд, бағоят дар ҳайрат шуда, гуфтанд: «Пас кй метавонад наҷот ёбад?» 26 Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин ба Худо ҳама чиз имконпазир аст».

Мукофоти ҳаввориён

27 Он гоҳ Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем; подоши мо чӣ хоҳад буд?» 28 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, шумо, ки Маро пайравӣ намудаед, дар умри дубора, вақте ки Писари Одам бар тахти чалоли Худ биншинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард; 29 «Ва ҳар кӣ аз баҳри исми Ман хонаҳо, ё' бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро тарк кунад, сад чандон хоҳад ёфт ва вориси ҳаёти ҷовидонй хоҳад шуд; 30 «Лекин басо аввалин, ки охирин хоҳанд шуд, ва охирин - аввалин».

Матто 20

Масал дар бораи коргарони токзор

1 «ЗЕРО Малакути Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то ки барои токзори худ коргаронро киро кунад, 2 «Вабо коргарон рӯзе як динорӣ паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод. 3 «Ва қариби соати сеюм берун рафта, дигаронро дид, ки дар бозор бекор истодаанд, 4 «Ва ба онҳо гуфт: "Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод". Ва онҳо рафтанд. 5 «Боз қариби соатҳои шашум ва нӯҳум берун рафта, ҳамчунин кард. 6 «Ва қариби соати ёздаҳум берун рафта, дигаронро дид, ки бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: "Барои чй шумо тамоми рӯз дар ин ҷо бекор истодаед?" 7 «Ба вай гуфтанд: "Касе моро киро накард". Ба онҳо гуфт: "Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод". 8 «Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: "Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз охирин то аввалин бидеҳ". 9 «Онҳое ки қариби соати ёздаҳум омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд. 10 «Онҳое ки аввалин шуда омада буданд, хаёл карданд, ки бештар хоҳанд гирифт; лекин онҳо низ ҳар яке диноре гирифтанд; 11 «Ва чун гирифтанд, аз соҳиби хона шикоят карда, 12 «Гуфтанд: "Ин охиромадагон як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистй". 13 «Лекин вай дар ҷавоби яке аз онҳо гуфт: "Эй рафиқ! Туро озор надодаам; оё ту ба як динор бо ман паймон накардӣ? 14 «Музди худро гирифта, рав; мехоҳам ба ин охирин мисли ту диҳам; 15 «Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, бикунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ?" 16 «Ба ин тариқа охиринҳо аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо - охкрин; зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон - кам».

Исо боз дар бораи мамот ва эҳъёи Худ эьлон мекунад

17 Ва ҳангоме ки ба Ерусалим мерафтанд, Исо дар аснои роҳ дувоздаҳ шогирдашро танҳо назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: 18 «Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум хоҳанд кард; 19 «Ва Ӯро ба дасти гайрияҳудиён таслим хоҳанд кард, то ки тамасхур намоянд, тозиёна зананд ва маслуб кунанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё хоҳад шуд».

Хоҳиши иззатталабонаи Саломия дар бораи писаронаш

20 Он гоҳ модари писарони Забдой бо писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард. 21 Исо ба вай гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Гуфт: «Бифармо, ки ду писари ман дар Малакути Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат биншинанд». 22 Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем». 23 Ба онҳо гуфт: «Косаи Маро хоҳед нӯпшд, ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт; лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон аз ҷониби Падари Ман муҳайё шуда бошад». 24 Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз он ду бародар норозӣ шуданд. 25 Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронй мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд; 26 «Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад. 27 «Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад; 28 «Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».

Шифо ёфтани ду кур дар наздикии Ерщӯ

29 Ва ҳангоме ки онҳо аз Ериҳӯ мебаромаданд, мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ мерафтанд. 30 Ва инак, ду кӯр, ки дар канори роҳ нишаста буданд, гузаштани Исоро шунида, фарьёдкунон гуфтанд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун». 31 Мардум онҳоро ба ҳомӯш шудан водор мекарданд; лекин онҳо боз ҳам бештар фарьёд мезаданд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун». 32 Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чй мехоҳед, ки барои шумо бикунам?» 33 Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Мехоҳем чашмони мо кушода шавад». 34 Пас Исо ба онҳо раҳм карда, чашмҳошонро ламс намуд; ва дарҳол бино гашта, аз ақиби Ӯ равона шуданд.

Матто 21

Ба Ерусалим ворид шудани Исо

1 ЧӮН ба Ерусалим наздик шуда, ба Байт-Фоҷии наздикӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирди Худро фиристода, 2 Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; ва дарҳол модахареро баста хоҳед ёфт, ки куррааш назди вай аст; онҳоро воз карда, назди Ман биёред; 3 «Ва агар касе ба шумо ҳарфе занад, бигӯед, ки Худованд ба инҳо эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онҳоро хоҳад фиристод». 4 Ин ҳама руй дод, то ба амал ояд каломе ки бо забони набй гуфта игудааст: 5 "Ба духтари Сион бигӯед: «Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд»". 6 Шогирдон рафтанд ва он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд: 7 Модаҳар ва курраро оварда, ҷомаҳои худро бар онҳо афканданд, ва Ӯ бар онҳо савор шуд. 8 Мардуми бисьёре ҷомахои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дараҳтонро бурида, бар роҳ густурданд; 9 Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, ҳитоб мекарданд: «Хӯшаъно ба Писари Довуд! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!» 10 Ва ҳангоме ки Ӯ ба Ерусалим ворид шуд, тамоми аҳли шаҳр ба ошӯб омада, мегуфтанд: «Ин кист?» 11 Мардум мегуфтанд: «Ин аст Исои Пайғамбар аз Носираи Ҷалил».

Исо бори дуюм мшьбадро пок мекунад

12 Ва Исо ба маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард. 13 Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки "хонаи Ман хонаи ибодат номида хоҳад шуд"; аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед». 14 Дар маъбад назди Ӯ кӯрон ва лангон омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод. 15 Чун саркоҳинон ва китобдонон диданд, ки Ӯ мӯъҷизаҳоро ба амал овард, ва кӯдакон дар маъбад "ҳӯшаъно ба Писари Довуд!" гӯён хитоб мекарданд, хашмгин шуданд, 16 Ва ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Исо ба онҳо гуфт: «Оре! Магар нахондаед: "Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ"?» 17 Ва онҳоро тарк карда, аз шаҳр сӯи Байт-Ҳинй рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.

Дарахти анчири хушкшуда

18 Бомдодон, вақте ки ба шаҳр бармегашт, гурусна монд; 19 Дар сари роҳ дарахти анҷире дида, назди он рафт ва, ҷуэ баргҳо, чизе бар он наёфта, ба он гуфт: «Пас аз ин то абад мевае аз ту нарӯяд». Ва ҳамон дам дарахти анҷир хушк пгуд. 20 Шогирдон инро дида, дар тааҷҷуб монданд ва гуфтанд: «Чӣ гуна ин дарахти анҷир даррав хушк шуд?» 21 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки "барҳоста, худро дар баҳр афкан", - чунин хоҳад шуд; 22 «Ва ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хохед ёфт».

Масъалаи кудрати Исо

23 Ва ҳангоме ки ба маъбад омада таълим медод, саркоҳинон ва пирони қавм назди Ӯ омада, гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин кудратро ба Ту додааст?» 24 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам; агар шумо онро ба Ман гӯед, Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом кудрат ин корҳоро мекунам; 25 «Таъмиди Яҳьё аз куҷо буд: аз осмон ё аз инсон?» Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имоннаовардед?" 26 «Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд", - аз мардум метарсем, зеро ки ҳама Яҳьёро набӣ медонанд». 27 Ва дар ҷавоби Исо гуфтанд: «Намедонем». Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам.

Масал дар бораи ду писар

28 «Лекин фикри шумо чист? Марде ду писар дошт; ва назди нахустин омада, гуфт: "Писарам! Имрӯз ба токзори ман рафта кор кун". 29 «Дар ҷавоб гуфт: "Намехоҳам"; аммо баъд пушаймон шуд ва рафт. 30 «Назди дигаре омада, ҳамон гапро гуфт. Вайдар ҷавоб гуфт: «Меравам, оғо»; ва нарафт. 31 «Кадом як аз ин ду нафар хоҳиши падарро ба ҷо овард?» Ба Ӯ гуфтанд: «Нахустин». Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки боҷгирон ва фоҳшнагон пеш аз шумо ба Малакути Худо дохил хоҳанд шуд; 32 «Зеро ки Яҳьё назди шумо бо роҳи адолат омад, ва шумо ба ӯ имон наовардед, лекин боҷгирон ва фоҳишагон ба ӯ имон оварданд; ва шумо, инро дида, баъд аз он ҳам тавба накардед, то ки ба ӯ имон оваред.

Масал дар бораи токдорони бадкор

33 «Масали дигаре бишнавед. Соҳиби хонае буд, ки ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште дар он сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт. 34 «Чун мавсими мева расид, хизматгорони худро назди токдорон фиристод, то ки меваи худро бигирад; 35 «Лекин токдорон хизматгорони ӯро гирифта, баъзеро заданд, баъзеро куштанд ва баъзеро сангборон карданд. 36 «Боз ӯ хизматгорони дигарро фиристод, ки аз пештара зиёдтар буданд; ба онҳо низ ҳамон тавр амал карданд. 37 «Дар охир писари худро назди онҳо фиристода, гуфт: "Аз гшсарам шарм хоҳанд дошт". 38 «Лекин токдорон чун писарро диданд, ба якдигар гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем ва соҳиби мерос шавем". 39 «Ва ӯро гирифта, аз токзор берун бароварданд ва куштанд. 40 «Пас, чун соҳиби токзор ояд, ба он токдорон чй хоҳад кард?» 41 Ба Ӯ гуфтанд: «Он бадкоронро ба марги шадид маҳкум карда, токзорро ба токдорони дигаре хоҳад супурд, ки меваро дар мавсимаш ба ӯ диҳанд». 42 Исо ба онҳо гуфт: «Магар ин Навиштаро ҳаргиз нахондаед: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид: ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳаиратангез аст"? 43 «Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад; 44 «Ва ҳар кӣ бар ин санг афтад, порапора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро мачақ кунад». 45 Саркоҳинон ва фарисиён масалҳои Ӯро шунида, донистанд, ки Ӯ дар бораи онҳо сухан меронад, 46 Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин аз мардум тарсиданд, чунки Ӯро пайғамбар медонистанд.

Матто 22

Масал дар бораи тӯи арӯсӣ дар хонаи подшох

1 ВА Исо суханашро бо масалҳо давом дода, ба онҳо гуфт: 2 «Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ тӯи арӯсӣ барпо кард, 3 «Ва ғуломони худро фиристод, то ки даъватшудагонро ба тӯи арӯсӣ бихонанд; лекин онҳо нахостанд биёянд. 4 «Боз ғуломони дигарро фиристод ва гуфт: "Ба даъватшудагон бигӯед, ки «инак, дастархони худро оростаам, говҳо ва бӯрдоқиҳои ман сар бурида шудаанд^ ва ҳама чиз тайёр аст; ба тӯи арӯсӣ биёед»". 5 «Лекин онҳо беэътиноӣ карда, яке ба киштзори худ ва дигаре ба тиҷоратхонаи худ рафтанд; 6 «Ва баъзеи дигарон ғуломони ӯро гирифта, ҳақорат доданд ва куштанд. 7 «Подшоҳ, чун шунид, хашмгин шуд ва аскарони худро фиристода, он қотилонро маҳв намуд ва шаҳрашонро оташ дода сӯзонд. 8 «Он гоҳ ба гуломони худ гуфт: "Тӯй тайёр аст, лекин даъватшудагон сазовори он набуданд; 9 "Пас, ба сари гузар бароед ва ҳар киро биёбед, ба тӯи арӯсӣ даъват кунед". 10 «Ва ғуломон ба сари роҳ баромада, ҳар киро ёфтанд, хоҳ нек буд хоҳ бад, ҷамъ карданд; ва тӯйхона аз меҳмонон лур шуд. 11 «Подшоҳ барои дидани аҳли маҷлис даромада, шахсеро дид, ки ҷомаи тӯёна дар бар надорад, 12 «Ва ба вай гуфт: "Эй рафик, чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ, дар ҳолате ки ҷомаи тӯёна дар бар надорӣ?" Лекин вай хомӯш монд. 13 «Подшоҳ ба ходимони худ гуфт: "Дасту лои вайро баста, ба зулмоти берун бароварда лартоед: дар он ҷо гирья ва гиҷирроси дандон хоҳад буд". 14 «Зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон - кам».

Ҷавоби Исо ба хиродиён

15 Он вакт фарисиён рафта, машварат карданд, ки чй тавр Ӯро аз суханаш афтонанд. 16 Ва шогирдони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростй таълим медиҳй ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ; 17 «Пас ба мо бигӯ, ки фикри Ту чист? Оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст, ё не?» 18 Аммо Исо макри онҳоро дарьёфта, гуфт: «Эй риёкорон, чаро Маро меозмоед? 19 «Сиккаи ҷизьяро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд. 20 Ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?» 21 Ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо». 22 Чун инро щуниданд, дар ҳайрат монданд ва Ӯро гузошта, рафтанд.

Дар бораи эҳьёи мурдагон

23 Ҳамон рӯз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд: 24 «Эй Ӯстод! Мусо гуфтааст: "Агар касе бимирад ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад". 25 «Назди мо ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва чун фарзанд надошт, занашро ба бародари худ гузошт; 26 «Ҳамчунин дуюм ва сеюм, то ҳафтум; 27 «Баъд аз ҳама зан низ мурд. 28 «Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоме аз он ҳафт нафар хоҳад буд? Зеро ки ҳама вайро ба занй гирифта буданд». 29 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро; 30 «Зеро ки дар эҳьёи мурдагон на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагони Худо дар осмон мебошанд. 31 «Аммо дар бораи эҳьёи мурдагон ое каломеро, ки Худо ба шумо гуфтааст, нахондаед. 32 "Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб"? Худо на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагок». 33 Ва мардум шунида, аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд.

Ҳукми муҳимтарин

34 Аммо чун фарисиён шуниданд, ки Ӯ даҳони саддуқиёнро бастааст, бо ҳам чамъ омаданд. 35 Ва яке аз онҳо, ки шариатдон буд, Ӯро озмуданӣ шуда, чунин савол дод: 36 «Эй Ӯстод! Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?» 37 Исо ба вай гуфт: «"Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор". 38 «Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин; 39 «Ва дуюмаш монанди он аст: "Ёри худро мисли худ дӯст бидор". 40 «Ба ин ду ҳукм тамоми Таврот ва суҳафи анбиё асос ёфтааст».

Исо - писар ва Худованди Довуд

41 Ҳангоме ки фарисиён бо ҳам ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо савол дода, 42 Гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд». 43 Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ тавр Довуд, аз рӯи илҳом, Ӯро Худованд хонда, чунин мегӯяд: 44 "Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»"? 45 Модоме ки Довуд Ӯро Худованд мехонад, чӣ сон Ӯ писари вай будааст?» 46 Ва ҳеҷ кас дар ҷавоби Ӯ сухане гуфта натавонист; ва пас аз он рӯз касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.

Матто 23

Риекории кигпобдонон ва фарисиён

1 ОН гоҳ Исо ба мардум ва ба шогирдони Худ хитоб кард 2 Ва гуфт: «Китобдонон ва фарисиён бар курсии Мусо нишастаанд; 3 «Пас, он чи ба шумо гӯянд, ба ҷо оваред ва риоя кунед; лекин аз рӯи аъмоли онҳо рафтор накунед, зеро ки мегӯянд ва намекунанд; 4 «Борҳои гарон ва душворро баста, бар дӯши мардум мегузоранд, лекин худашон намехоҳанд онҳоро ҳатто бо як ангушт ҳаракат диҳанд; 5 «Ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба мардум нишон диҳанд: дуоқуттичаҳои худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ридоҳои худро калонтар месозанд; 6 «Ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷойгир шаванд, 7 «Ва дар кӯчаю бозорҳо мардум ба онҳо таъзим кунанд ва онҳоро Ӯстод! Ӯстод!" гӯянд. 8 «Лекин шумо набояд устод хонда шавед, зеро ки ӯстоди шумо якест, яъне Масеҳ аст, ва ҳамаи шумо бародаронед; 9 «Ва ҳеҷ касро бар замин падари худ нахонед, зеро ки Падари шумо якест, ки дар осмон аст; 10 «Ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст. 11 «Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад: 12 «Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад.

Исо ба китобдонон ва фарисиён «вой бар ҳоли шумо» мегӯяд

13 «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки Малакути Осмонро ба рӯи мардум мебандед; зеро ки худатон намедароед ва ба онҳое ки даромадан мехоҳанд, монеъ мешавед. 14 «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаред ва дуоро риёкорона тӯл медиҳед' ба ин сабаб сахттар маҳкум хоҳед шуд. 15 «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки баҳр ва хушкиро давр мезанед, то якеро ба дини худ гардонед; ва ҳангоме ки ин ба шумо муяссар шавад, вайро ду баробар аз худатон зиёдтар гшсари дӯзах месозед. 16 «Вой бар ҳоли шумо, эй пешвоёни кӯр, ки мегӯед: "Ҳар кй ба маъбад қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кй ба тиллои маъбад касам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд". 17 «Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: тилло ё маъбад, ки тиллоро такдис мекунад? 18 «Ҳамчунин мегӯед: "Ҳар кй ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин хар кӣ ба қурбоние ки бар он аст, қасам хӯрад, ӯҳдадор хоҳад буд". 19 «Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш афзал аст: қурбонй ё қурбонгоҳ, ки қурбониро тақдис мекунад? 20 «Пас, ҳар кй ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ба он ва ба ҳар чи бар он аст, қасам хӯрда бошад; 21 «Ва ҳар кӣ ба маъбад қасам хӯрад, ба он ва ба Ӯ, ки сокини он аст, қасам хӯрда бошад. 22 «Ва ҳар кӣ ба осмон қасам хӯрад, ба таҳти Худо ва ба Ӯ, ки бар он нишастааст, қасам хӯрда бошад. 23 «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиени риёкор, ки аз наъно, бодиён ва зира ушр медиҳед, лекин бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед. 24 «Эй пешвоёни кӯр, ки пашшаро софӣ карда, шутурро фурӯ мебаред! 25 «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки беруни гшёла ва табақро тоза мекунед, дар сурате ки даруни онҳо аз дуздй ва ифроткорй пур аст. 26 «Эй фарисии кӯр! Аввал даруни гшёла ва табақро тоза кун, то ки беруни он низ тоза бошад. 27 «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки ба қабрҳои сафед кардашуда монанд мебошед, ки аз берун зебо менамоянд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел наҷосат пур аст; 28 «Ҳамчунин шумо низ ба зоҳир ба назари мардум одил менамоед, лекин дар ботин азриёкорйвашароратпурҳастед. 29 «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки мақбараҳои анбиёро бино мекунед ва биноҳои ёдгории одилонро зинат медиҳед, 30 «Ва мегӯед: "Агар дар замони падарони худ мебудем, дар рехтани хуни анбиё бо онҳо шарик намешудем". 31 «Ба ҳамин тариқ худатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки фарзандони қотилони анбиё ҳастед; 32 «Пас, шумо ҳам зарфи падарони худро лабрез кунед. 33 «Эй морон ва афъизодагон! Аз маҳкумияти дӯзах чӣ тавр гурехта метавонед? 34 «Бинобар ин, инак, Ман назди шумо анбиё ва ҳукамо ва китобдононро мефиристам; ва шумо баъзеро хоҳед кушт ва маслуб хоҳед кард, ва баъзеро дар куништҳои худ тозиёна зада, аз шаҳре ба шаҳре хоҳед ронд; 35 «То тамоми хуни одилон, ки бар замин рехта шуд, бар сари шумо фурӯД ояд, аз хуни Ҳобили одил то хуни Закарьё ибни Баракьё, ки вайро шумо дар миёни маъбад ва қурбонгоҳ куштед. 36 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин ҳама бар сари ин насл ҳоҳад омад.

Махзунии Исо дар бораи Ерусалим

37 «Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушй ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунй! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед! 38 «Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. 39 «Зеро ба шумо мегӯям: аз ин пас Маро нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: "Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!"»

Матто 24

Исо бар кӯхи Зайтун

1 ВА Исо аз маъбад баромада, мерафт. Ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд, то ки иморатҳои маъбадро ба Ӯ нишон днҳанд. 2 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростй ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге нахоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд».

Аломоти омадани дуюми Худованд

3 Вакте ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун нишаста буд, шогирдонаш ба танҳой назди Ӯ омада, пурсиданд: «Моро огоҳ кун, кл ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва оҳирзамон чй гуна аст?» 4 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад; 5 «Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки "ман Масеҳ ҳастам", вамардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард. 6 «Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед; зеро ҳамаи ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест: 7 «Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард, ва дар ҳар ҷо қаҳтиҳо, вабоҳо ва зилзилаҳо рӯй хоҳад дод; 8 «Аммо ҳамаи инҳо ибтидои дардҳост. 9 «Он гоҳ шуморо ба шиканҷаҳо таслим карда, хоҳанд кушт; ва ҳамаи қавмҳо аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт. 10 «Дар он замон бисьёр касон ба васваса хоҳанд афтод; ва якдигарро таслим хоҳанд кард ва аз якдигар нафрат хоҳанд дошт; 11 «Ва басе анбиёи козиб ба майдон омада, мардуми бисьёрро гумроҳ хоҳанд кард; 12 «Ва ба сабаби афзудани шарорат, муҳаббати бисьёр касон сард хоҳад шуд; 13 «Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт. 14 «Ва ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид.

Мусибати бузурги оянда

15 «Пас, чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набй ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бубинед, - ҳар кӣ хонад, дарк кунад, - 16 «Он гоҳ онҳое ки дар Яхудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; 17 «Ва ҳар кӣ бар бом бошад, барои гирифтани чизе аз ҳонаи худ, поён нафурояд; 18 «Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад. 19 «Лекин вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём! 20 «Дуо кунед, ки гурезстани шумо дар зимистон ва ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад; 21 «Зеро дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст, ва бори дигар нахоҳад шуд. 22 «Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд. 23 «Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: "Инак Масеҳ дар ин ҷост" ё "дар он ҷост", бовар накунед; 24 «Зеро ки масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд. 25 «Инак, Ман пешакӣ ба шумо гуфтам. 26 «Пас, агар ба шумо гӯянд: "Инак, дар биёбон аст", - берун наравед; "инак дар ҳуҷра аст", - бовар накунед.

Бо ҷалол омадани Исои Худованд

27 «Зеро, чӣ тавре ки барқ дар шарқ зоҳир шуда, дар ғарб ҳам иамудор мегардад, омадани Писари Одам низ чунин хоҳад шуд; 28 «Ҳар ҷо, ки лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ шаванд. 29 «Ва фавран, пас аз мусибати он айём, офтоб хира шавад, ва моҳ рӯшноии худро надиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд; 30 «Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор хоҳад гардид; ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа кунанд ва Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд; 31 «Ва фариштагони Худро бо карнаи баландовоз хоҳад фиристод, ва баргузидагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳад овард.

Масал дар бораи дарахти анҷир

32 «Акнун аз дарахти анҷир мисол гиред: чун шоҳааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст; 33 «Ҳамчунин шумо чун ҳамаи ин чизҳоро дидед, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст. 34 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям; ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ ҳоҳад шуд. 35 «Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест. 36 «Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас, ҳатто фариштагони осмон ҳам намедонанд; 37 «Чй тавре ки дар айёми Нӯҳ шуда буд, дар омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд: 38 «Зеро, чӣ тавре ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯх ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мерафтанд, 39 «Ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро несту нобуд кард, - омадани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд; 40 «Он вақт аз ду нафаре ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд; 41 «Ва аз ду зане ки бо дастос машғуланд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд.

Дуруст интизор шудан ба омадани дуюм

42 «Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд. 43 «Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳкби хона медонист, ки дар кадом поси шаб дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад. 44 «Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд. 45 «Пас он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад? 46 «Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад; 47 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард. 48 «Лекин агар он ғулом бадкирдор бошад ва дар дили худ гӯяд, ки "оғои ман ба зудӣ намеояд", 49 «Ва ба задани гуломони дигар шурӯъ кунад ва бо бадмастон ба хӯрдан ва нӯшидан машғул шавад, - 50 «Оғои он ғулом дар рӯзе ки вай мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳад омад, 51 «Ва ӯро ду пора карда, қисматашро бо риёкорон баробар хоҳад кард: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд».

Матто 25

Масал дар бораи дах бокира

1 «ДАР он замон Малакути Осмон монанди даҳ бокирае хоҳад буд, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд; 2 «Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд; 3 «Нодонон чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд; 4 «Лекин доноён бо чароғҳои худ дар зарфҳо низ равған гирифтанд; 5 «Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд. 6 «Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: "Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед". 7 «Он гоҳ ҳамаи он бокираҳо бархоста, чароғҳои худро тайёр карданд. 8 «Ва нодонон ба доноён гуфтанд: "Аз равғани худ ба мо диҳед, зеро чароғҳои мо хомӯш мешавад". 9 «Аммо доноён дар ҷавоб гуфтанд: "Не, мабодо барои мо ва шумо камй кунад; беҳтар аст, ки шумо назди фурӯшандагон рафта, барои худ бихаред". 10 «Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омад, ва онҳое ки тайер буданд, бо вай ба тӯи арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд. 11 «Баъд аз он, бокираҳои дигар низ омада, гуфтанд: "ЭЙ оғо! Эй оғо! Ба мо воз кун". 12 «Лекин вай дар ҷавоби онҳо гуфт: "Ба ростй ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам". 13 «Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд.

Масал дар бораи таланшҳои амонатй

14 «Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанй шуда, ғуломони худро талабид ва молу мулкашро ба онҳо супурд: 15 «Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як, яъне ба ҳар кадом алоқадри ҳолаш дода, дарҳол ба сафар рафт. 16 «Он ки панҷ талант гирифта буд, рафта ба тиҷорат машғул шуд ва панҷ таланти дигар фоида кард; 17 «Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард; 18 «Лекин он ки як талант гирифта буд, рафта заминро канд ва пули огои худро пинҳон кард. 19 «Пас аз муддати дуру дарозе оғои он ғуломон омада, аз онҳо ҳисобот талаб кард. 20 «Он ки панҷ талант гирифта буд, панҷ таланти дигарро ҳам оварда, гуфт: "Эй оғо! Ту ба ман панҷ талант дода будӣ; инак, бо онҳо панҷталанти дигар ба даст овардам". 21 «Оғояш ба вай гуфт: "Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будӣ, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав". 22 «Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: "Эй оғо! Ту ба ман ду талант дода будӣ; инак, бо онҳо ду таланти дигар ба даст овардам". 23 «Оғояш ба вай гуфт: "Офарин, эй ғуломи нек ва мӯътамад! Ту дар чизи андак мӯътамад будй, туро бар чизҳои бисьёр бигуморам; ба шодии оғои худ шарик шав". 24 «Пас он ки як талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: "Эй оғо! Чун медонистам, ки ту марди сахтгире ҳастӣ, аз ҷое ки накоштаӣ, медаравӣ, ва аз ҷое ки напошидаӣ, ҷамъ мекунӣ; 25 "Бинобар ин тарсидам ва рафта таланти худро дар замин пинҳон кардам; инак, моли ту ин ҷост". 26 «Оғояш дар ҷавоби вай гуфт: "Эй ғуломи шарир ва танбал! Ту медонистй, ки ман аз ҷое ки накоштаам, медаравам, ва аз ҷое ки напошидаам, ҷамъ мекунам; 27 "Аз ин рӯ ту мебоист пули маро ба саррофон медодӣ, ва ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам; 28 "Пас он талантро аз вай гирифта, ба касе ки даҳ талант дорад, бидиҳед. 29 "Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кй надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад; 30 "Ва он ғуломи нобакорро ба зулмоти берун бароварда партоед: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд".

Доварии Исои Худованд бар халқҳо

31 «Лекин вақге ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд, он гоҳ бар таҳти ҷалоли Худ хоҳад нишаст, 32 «Ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад; 33 «Ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод. 34 «Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: "Биёед, ш баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред: 35 «Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; гариб будам, Маро пазируфтед; 36 «Бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро иёдат кардед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед". 37 «Он гоҳ одилон дар ҷавоб хоҳанд гуфт: "Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Е ташна дидему об додем? 38 "Кай Туро ғариб дидему пазируфтем? Ё бараҳна дидему пӯшондем? 39 "Кай Туро бемор ё маҳбус дидему ба дидани Ту омадем?" 40 «Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: "Ба ростй ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед". 41 «Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: "Эй малъунон, аз Ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед: 42 "Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок надодед; ташна будам, ба Ман об надодед; 43 "Ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва маҳбус будам, ба иёдати Ман наомадед". 44 «Онҳо низ дар ҷавоби Ӯ хоҳандгуфт: "Худовандо! Кай Туро гурусна, ё ташна, ё ғариб, ё бараҳна, ё бемор, ё маҳбус дидему ба Ту хизмат накардем?" 45 «Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: "Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо ба яке аз ии хурдтаринҳо накардаед, ба Ман накардаед". 46 «Ва онҳо ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон - ба ҳаёти ҷовидонй».

Матто 26

Қарори ҳукумашдорони яҳудӣ, ки Исоро бикушанд

1 ЧӮН Исо ҳамаи ин суханонро ба поён расонд, ба шогирдони Худ гуфт: 2 «Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз иди фисҳ аст, ва Писари Одам таслим карда хоҳад шуд, то ки маслуб гардад». 3 Он гоҳ саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм дар ҳавлии саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ омаданд, 4 Ва машварат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд; 5 Лекин мегуфганд: <ғНа дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».

Марьями сокини Байт-Ҳинӣ бар Исо равғани атрафшон мерезад

6 Ва ҳангоме ки Исо дар Байт-Ҳинӣ дар хонаи Шимъӯни махавй буд, 7 Зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони гаронбаҳо назди Ӯ омад ва дар ҳолате ки Ӯ дар сари суфра нишаста буд, бар сари Ӯ рехт. 8 Ва шогирдонаш, чун инро диданд, норозӣ шуда, гуфтанд: «Ин исрофкорӣ барои чист? 9 «Зеро ки равғани атрафшонро ба қимати гарон фурӯхта, ба мискинон додан мумкин буд». 10 Лекин Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: гЧаро занро хичил мекунед? Вай барои Ман коре некӯ кард; 11 Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам; 12 Вай ин равғани атрафшонро бар Бадани Ман рехта, Маро барои дафн тайёр кард; 13 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт».

Яҳудои Исқарьют Худовандро таслим мекунад

14 Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарьют ном дошт, пеши саркоҳинон рафт 15 Ва гуфт: «Ба ман чй хоҳед дод, то ки Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сй сиккаи нуқра таклиф карданд; 16 Ва аз он дам вай фурсат меҷуст, ки Ӯро таслим кунад.

Омода кардани фисҳ

17 Дар рӯзи аввали иди фатир шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ фисҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?» 18 Гуфт: «Ба шаҳр назди фалонӣ биравед ва бигӯед: Ӯстод мегӯяд: вакти Ман наздик аст, ва фисҳро бо шогирдони Худ дар хонаи ту мегузаронам"». 19 Ва шогирдон он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд, ва фисҳро омода карданд.

Таоми шоми охирин

20 Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари суфра нишаст; 21 Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён Маро таслим ҳоҳад кард». 22 Онҳо бисьёр ғамгин шуданд ва паси ҳамдигар ба Ӯ мегуфтанд: «Худовандо, оё он манам?» 23 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Он ки бо Ман даст дар табақ меандозад, ҳамон кас Маро таслим хоҳад кард; 24 «Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт». 25 Дар ҷавоб Яҳудо, ки таслимкунандаи Ӯ буд, гуфт: «Эй ӯстодам, оё он манам?» Ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ».

Муқаррар кардани Таоми шоми Худованд

26 Ва ҳангоме ки онҳо таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст». 27 Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед; 28 «Зеро ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад. 29 «Аммо ба шумо мегӯям, ки минбаьд аз ин шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Падари Худ онро бо шумо тоза бинӯшам».

Исо инкори Петрусро пешгуӣ мекунад

30 Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд. 31 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод, зеро навишта шудааст: "Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандони рама пароканда хоҳанд шуд". 32 «Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт». 33 Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ҳама дар ҳаққи ТӮ ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз намеафтам». 34 Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хохӣ кард». 35 Петрус ба Ӯгуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро инкор намекунам». Ҳамаи шогирдон низ ҳамчунин гуфтанд.

Маҳзунии Исо дар Ҷатсамонӣ

36 Баъд аз ин Исо бо онҳо ба мавзее ки Ҷатсамонӣ ном дошт, омад ва ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то дар он ҷо дуо гӯям». 37 Ва Петрус ва ҳар ду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле маҳзун ва дилтанг шуд. 38 Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бо Ман бедор бошед».

Дуои якум

39 Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту». 40 Ва назди шогирдонаш омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед? 41 «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».

Дуои дуюм

42 Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз Ман бнгзарад, пас он чи иродаи Туст, бишавад». 43 Ва омада, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд.

Дуои сеюм

44 Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт. 45 Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад; 46 «Барҳезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».

Таслим кардани Яҳудо ва ҳабс шудани Исо

47 Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон ва пирони қавм бо шамшеру таёқҳо омаданд. 48 Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ Ҳамон аст, Ӯро дастгир кунед». 49 Ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: «Ассалом, эй Ӯстод!» Ва Ӯро бӯсид. 50 Лекин Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чй омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро бар Исо андохтанд, ва Ӯро гирифтанд. 51 Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст оварда, шамшери худро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурида партофт. 52 Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад; 53 «Ё гумон мекунӣ, ки алҳол наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фариштагонро равона кунад? 54 «Лекин дар он сурат Навиштаҳо чӣ гуна ба амал меояд, ки ҳамин тавр бояд бишавад?» 55 Дар ҳамон соат Исо ба мардум гуфт: «Гӯе бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед; ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад нишаста, таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед. 56 «Лекин ин ҳама шуд, то ки навиштаҳои анбиё ба амал ояд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд.

Исо ба хузури Қаёфо ш пирон

57 Ва онҳое ки Исоро дастгир карданд, Ӯро назди саркоҳин Қаефо оварданд, ки дар он ҷо китобдонон ва пирон ҷамъ омада буданд. 58 Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз паи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо хизматгорон нишаст, то ки анҷоми корро бубинад. 59 Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодати бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд, 60 Лекин наёфтанд; бо вуҷуди он ки бисьёр шоҳидони козиб омада буданд, ҳеҷ наёфтанд. Ниҳоят, ду шоҳиди козиб омада, 61 Гуфтанд: «Ӯ мегуфт: "Метавонам маъбади Худоро вайрон кунам ва дар зарфи се рӯз онро аз нав бино кунам"». 62 Ва саркоҳин бархоста, баӮгуфт: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?» 63 Аммо Исо хомӯшмонд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои Ҳай қасам медиҳам, ба мо бигӯ, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?» 64 Исо ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ; аммо Ман ба шумо мегӯям: пас аз ин Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини Кудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд». 65 Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро пгунидед! 66 «Чӣ мулоҳиза доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст». 67 Он гоҳ ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакй мезаданд 68 Ва мегуфтанд: «Эй Масеҳ, ба мо нубувват кун, ки Туро кӣ задааст?»

Инкор кардани Петрус

69 Аммо Петрус дар берун, дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд. Ва канизе назди вай омада, гуфт: «Ту низ бо Исои Ҷалилӣ будӣ». 70 Лекин вай дар назди ҳама инкор карда, гуфт: «Намедонам, ки ту чй мегӯӣ». 71 Вақте ки аз дарвоза берун мерафт, канизи дигаре вайро дида, ба онҳое ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин ҳам бо Исои Носирӣ буд». 72 Вай бори дигар инкор карда, қасам хӯрд, ки Он Одамро намешиносад. 73 Пас аз муддате ҳозирон наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту низ яке аз онҳо мебошй, зеро ки лаҳҷаи ту ба ин шаҳодат медиҳад». 74 Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро намешиносам». Ва дарҳол хурӯс бонг зад. 75 Ва Петрус сухани Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳй кард». Ва берун рафта, зорзор гирист.

Матто 27

Пирони яҳудй Исоро назди Пилотус мебаранд

1 ЧӮН бомдод расид, ҳамаи саркоҳинон ва пирони қавм дар бораи Исо машварат карданд, ки Ӯро ба қатл расонанд; 2 Ва Ӯро баста бурданду ба ҳоким Понтиюс Пилотус таслим карданд.

Пушаймонии бесамари Яҳудо

3 Таслимкунандаи Ӯ, Яҳудо, чун дид, ки Ӯро маҳкум карданд, пушаймон шуд ва сй сиккаи нуқраро ба саркоҳинон ва пирон гардонда дод, 4 Ва гуфт: «Ман гуноҳ кардам, ки Хуни бегуноҳро таслим кардам». Онҳо ба вай гуфтанд: «Ба мо чй? Худат медонӣ». 5 Ва сиккаҳои нуқраро вай дар маъбад партофта, баромада рафт ва худро буғй карда кушт. 6 Лекин саркоҳинон сиккаҳои нуқраро гирифта, гуфтанд: «Инро ба ганҷинаи маъбад андохтан ҷоиз нест, чунки ин хунбаҳост». 7 Ва машварат карда, ба ин пул киштзори кулолгарро барои қабристони ғарибон харида гирифтанд; 8 Ба ин сабаб он киштзор то имрӯз "Мазрааи хун" номида мешавад. 9 Он гоҳ каломе ки бо забони Ирмиеи набӣ гуфта шудааст, ба амал омад: "Онҳо сӣ сиккаи нуқраро гирифтанд, яъне баҳои Он Баҳомондашудае ки банӣИсроил ба Ӯ таъин карда буданд. 10 "Ва онро барои киштзори кулолгар доданд, чунон ки Худованд ба ман гуфт".

Пилотус Исоро тергав мекунад

11 Аммо Исо дар назди ҳоким истода буд. Ва ҳоким аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастй?» Исо ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ>. 12 Вақте ки саркоҳинон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавоб намедод. 13 Он гоҳ Пилотус ба Ӯ гуфт: Юё намешунавй, чӣ қадар бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?» 14 Лекин дар ҷавоби вай як сухан ҳам нагуфт, ба тавре ки ҳоким бисьёр дар ҳайрат монд.

Исо ё Бараббос?

15 Ҳоким одат дошт, ки дар ҳар ид як бандиро, ки мехостанд, барои мардум озод мекард. 16 Дар он вақт дар он ҷо бандии шӯҳратноке буд, ки Бараббос ном дошт. 17 Пас, вақте ки онҳо ҷамъ шуданд, Пилотус ба онҳо гуфт: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Бараббосро, ё Исоро, ки Масеҳ меноманд?» 18 Зеро медонист, ки Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд. 19 Вақте ки вай бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо Он Одил туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисьёр кашидам». 20 Лекин саркоҳинон ва пирон мардумро барангехта буданд, ки озодии Бараббос ва қатли Исоро талаб кунанд. 21 Пас ҳоким ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Аз ин ду кадомашро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам?» Онҳо гуфтанд: «Бараббосро». 22 Пилотус ба онҳо гуфт: «Пас Исоро, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» Ҳама гуфтанд: «Ӯро маслуб кун!» 23 Ҳоким гуфт: «Ӯ чй бадй кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!» 24 Пилотус чун дид, ки ҳеҷ гап фоида надорад, балки ошӯб бештар мегардад> об талабида, дасти худро дар назди мардум шуст ва гуфт: «Ман аз хуни Ин Одил барй ҳастам; шумо бидонед». 25 Тамоми қавм дар ҷавоб гуфтанд: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад». 26 Пас Бараббосро барои онҳо озод кард, ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.

Таҳқир ва тамасхур кардани Исо

27 Он гоҳ сарбозони ҳоким Исоро ба сарбозхона бурда, тамоми фавҷро гирди Ӯ ҷамъ оварданд, 28 Ва либоси Ӯро кашида, ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд; 29 Ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд ва қамише ба дасти рости Ӯ доданд; ва назди Ӯ зону зада, масхаракунон гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!» 30 Ва бар Ӯ туф карданд ва қамишро гирифта, бар сараш заданд. 31 Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ки маслуб кунанд. 32 Чун берун рафтанд, касеро, ки Шимъӯн ном дошт ва аз Қурин буд, дида, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.

Маслуб кардани Исо

33 Ва чун ба ҷое ки Ҷолҷолто, яъне "Ҷои косахонаи сар" ном дошт, расиданд, 34 Сиркои бо заҳра омеҳтае барои нӯшиданаш доданд, лекин чун чашид, нахост, ки бинӯшад.

Таврот дар Исо ба амал омад

35 Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: "Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар лероҳани Ман қуръа партофтанд". 36 Ва дар он ҷо нишаста, Ӯро посбонй карданд. 37 Ва айбномае навишта, болои сари Ӯ овехтанд, ки чунин буд: «Ин аст Исо, Подшоҳи Яҳудиён». 38 Бо Ӯ ду роҳзанро: яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд. 39 Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда, 40 Мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунӣ! Худатро наҷот деҳ; агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фурӯд ой». 41 Ҳамчунин саркоҳинон бо китобдонон ва гщрон Ӯро истеҳзокарда, мегуфтанд: 42 «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, акнун аз салиб фурӯд ояд, то ба Ӯ имон оварем; 43 «Ба Худо таваккал карда буд: акнун Ӯро раҳокунад, агар дилхоҳаш бошад. Зеро Ӯ гуфта буд: "Ман Писари Худо ҳастам"». 44 Ҳамчунин роҳзаноне ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро даишом медоданд.

Мамоти Исо

45 Ва аз соати шашум тамоми рӯи заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт. 46 Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада гуфт: «Элй, Элӣ! Ламма сабақганӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?» 47 Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Ӯ Ильёсро мехонад». 48 Дарҳол яке аз онҳо исфанҷеро гирифта, аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, наздики даҳони Ӯ бурд, то бинӯшад. 49 Лекин дигарон гуфтанд: «Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то ки Ӯро наҷот диҳад». 50 Исо боз бо овози баланде фарьёд зада, ҷон дод.

Замони Таврот тамом мешавад

51 Ва инак, пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд: ва замин ҷунбнд; ва сангҳо шикофта шуд; 52 Ва қабрҳо кушода шуд; ва бисьёр ҷасадҳои муқаддасон, ки оромида буданд, эҳьё шуданд, 53 Ва баъд аз эҳьёи Ӯ аз қабрҳо баромада, ба шаҳри муқаддас рафтанд ва ба бисьёр касон зоҳир шуданд. 54 Аммо мирисад ва онҳое ки бо вай Исоро посбонӣ мекарданд, ҷунбиши замин ва рӯйдодҳои дигарро дида, бағоят тарсиданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ӯ Писари Худо буд». 55 Ҳамчунин занони бисьёре ки аз Ҷалил аз ақиби Исо омада буданд, ва ба Ӯ хизмат мекарданд, дар он ҷо истода, аз дур менигаристанд; 56 Дар миёни онҳо Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб ва Йӯсе буд, ва модари писарони Забдой низ буданд.

Дафни Исо

57 Ва чун шом шуд, Юсуф ном давлатманде ки аз аҳли Ҳаромот ва ӯ низ аз шогирдони Исо буд, омад; 58 Ва назди Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус фармон дод, ки дода шавад. 59 Юсуф ҷасадро гирифта, ба катони тозае печонд. 60 Ва онро дар қабри наве ки аз санг барои худ тарошида буд, ниҳод ва санги калонеро бар дари қабр ғелонида, рафт. 61 Марьями Маҷдалия ва он Марьями дигар дар он ҷо, дар рӯ ба рӯи қабр нишаста буданд.

Посбонӣ кардани қабр

62 Фардои он, ки пас аз рӯзи ҷумъа буд, саркоҳинон ва фарисиён назди Пилотус ҷамъ омаданд 63 Ва гуфтанд: «Эй оғо! Дар хотир дорем, ки он фиребгар, вақте ки зинда буд, гуфта буд, ки "пас аз се рӯз эҳьё хоҳам шуд"; 64 «Пас бифармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба қавм нагӯянд, ки аз мурдагон эҳьё шуд; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад». 65 Пнлотус ба онҳо гуфт: «Шумо посбонҳо доред; биравед ва, чунон ки медонед, посбонӣ кунед». 66 Онҳо рафта, дар назди қабр посбононро гузоштанд ва санги онро мӯҳр карданд.

Матто 28

Эҳьеи Исои Масеҳ ва воқеаҳои ин рӯз

1 БАЪД аз гузаштани шанбе, субҳидами рӯзи якшанбе, Марьями Маҷдалия ва он Марьями дигар барои дидани қабр омаданд. 2 Ногоҳ зилзилаи сахт рӯй дод; зеро фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз дари қабр ғелонид ва бар он биншаст; 3 Намуди вай монанди барқ ва либосаш чун барф сафед буд. 4 Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва мисли мурда шуданд. 5 Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: «Натарсед, зеро медонам, ки Исои маслубро ҷустуҷӯ мекунед; 6 «Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, эҳьё шуд; биёед, ҷоеро, ки Ӯ хуфта буд, бубинед, 7 «Ва ба зудӣ рафта, ба шогирдонаш гӯед, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд ва пеш аз шумо ба Ҷалил меравад: дар он ҷо Ӯро хоҳед дид; инак ба шумо гуфтам». 8 Ва онҳо пщтобон аз қабр баромада, бо тарс ва шодии азим давида рафтанд, то ки ба шогирдони Ӯхабар диҳанд. 9 Вақте ки барои огоҳкардани шогирдони Ӯмерафтанд, инак Исо ба онҳо вохӯрда, гуфт: «Салом бар шумо!» Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ саҷда карданд. 10 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро ҳоҳанд дид».

Ба ришва харидани посбонони сари қабр

11 Чун онҳо мерафтанд, баъзе аз посбонон ба шаҳр омада, ба саркоҳинон тамоми воқеаро хабар доданд. 12 Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисьёре доданд 13 Ва гуфтанд: «Бигӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, вақте ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздидаанд; 14 «Ва агар ин сухан ба гӯши ҳоким расад, мо вайро бовар мекунонем ва шуморо аз хатар фориғ мегардонем». 15 Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он дастур амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст.

Исо дар Ҷалил. Вазифаи бузург

16 Аммо ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо таъин карда буд, рафтанд, 17 Ва Ӯро дида, ба Ӯ саҷда карданд; лекин баъзе аз онҳо ба шубҳа афтоданд. 18 Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст: 19 «Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, 20 «Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯзато охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.

Марқус 1

Хизматгузории Яҳьёи Таьмиддиҳанда; шаҳодати ӯ дар бораи Исо

1 ИБТИДОИ Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо, 2 Чунон ки дар суҳафи анбиё навишта шудааст: «Инак, Ман косиди Худро пешолеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайе кунад». 3 «Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайер кунед, тариқи Ӯро рост кунед». 4 Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзипщ гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард. 5 Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Ӯрдун аз вай таъмид меёфтанд. 6 Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехӯрд. 7 Ва мавъиза карда, мегуфт: «Аз паси ман Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, даволи пойафзоли Ӯро воз кунам, 8 «Ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳад дод».

Таъмиди Исо

9 Дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Ӯрдун аз Яҳьё таъмид ёфт. 10 Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рӯҳро, ки монанди кабӯтаре бар Ӯ нозил мешавад. 11 Ва овозе аз осмон даррасид: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст».

Озмоиши Исо

12 Пас аз он фавран Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд. 13 Ва Ӯ чиҳил рӯз дар биёбон буд, ва шайтон Ӯро меозмуд; бо даррандагон рӯз мегузаронд, ва фариштагон Ӯро парасторӣ мекарданд.

Исо ба мавъиза кардан шурӯъ менамояд

14 Пас аз он ки Яҳьё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард, 15 Ки вакт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: «Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред».

Даъват кардани Петрус ва Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно

16 Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, Шимъӯн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд. 17 Ва Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам». 18 Дарҳол онҳо тӯри худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд. 19 Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ тӯрҳои худро таъмир мекунанд, 20 Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд.

Исо дар Кафарнаҳум девҳоро берун мекунад

21 Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ӯ дар рӯзи шакбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурӯъ намуд. 22 Ҳама аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон. 23 Дар куништи онҳо касе буд, ки рӯҳи палид дошт, ва якбора фарьёд зада, гуфт: 24 «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, киТукистӣ, эй Қуддуси Худо!» 25 Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!» 26 Рӯҳи палид вайро ба ларза андоҳта, бо овози баланд фарьёд заду аз вай берун шуд. 27 Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: «Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест, ки Ӯ ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» 28 Ва овозаи Ӯ зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд.

Шифо ёфтани модарарӯси Шимъӯн

29 Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯн ва Андриёс омаданд. 30 Модарарӯси Шимъӯн дар ҳолати табларза хобида буд; ва дарҳол Ӯро аз ин ҳолати вай хабардор карданд. 31 Ва Ӯ наздик шуда, аз дасти вай гирифту бархезонд; табларзаи вай дарҳол нест шуду вай ба парастории онҳо машғул гашт.

Берун кардани девҳо ва шифо додани касони бисьёр

32 Бегоҳӣ, ки офтоб фурӯ рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ӯ оварданд. 33 Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд. 34 Ва Ӯ бисьёр касонро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисьёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонкстанд.

Мавьизаи Исо дар Ҷалил

35 Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт. 36 Шимъӯн ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ӯ шитофтанд; 37 Чун Ӯро ефтанд, гуфтанд: «Ҳама Туро меҷӯянд». 38 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам». 39 Ва Ӯ дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза менамуд ва девҳоро берун мекард.

Шифо ёфтани махавй

40 Махавие назди Ӯ омада, зорӣ кард ва зону зада гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро лок кунӣ». 41 Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» 42 Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест пхуду вай пок гардид. 43 Ва ба вай чашм ало карда, дарҳол аз Худ дур намуд 44 Ва ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе чизе магӯ, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани худ он чи Мусо фармудааст, такдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад». 45 Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Ӯ дигар ошкоро ба шаҳр даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр, дар ҷойҳои хилват рӯз мегузаронд. Ва мардум аз ҳар сӯ назди Ӯ меомаданд.

Марқус 2

Шифо ёфтани мафлуҷ

1 ПАС аз чанд рӯз Ӯ боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ӯ дар хона аст. 2 Дарҳол мардуми бисьёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо сухан мегуфт. 3 Ва назди Ӯ бо мафлуҷе омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд; 4 Ва чун ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки мафлуҷ дар болояш хобида буд, поён фуроварданд. 5 Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд». 6 Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд, 7 Ки « чаро Ӯ ин тавр куфр мекунад? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?» 8 Исо дарҳол бар тибқи рӯҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред? 9 «Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтани он ки "бархез, бистари худро бардор ва равона шав"? 10 «Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», - ба мафлуҷ гуфт: 11 «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав». 12 Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро сипоскунон гуфтанд: «Мисли инро ҳаргиз надидаем».

Даъват кардани Левӣ (Матто). Исо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хурок мехурад

13 Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро таълим медод. 14 Ҳангоми рафтанаш Левй ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд. 15 Ва ҳангоме ки Ӯ дар хонаи вай нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро ки бисьёр буданд, ва Ӯро пайравӣ менамуданд. 16 Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад, ба шогирдонаш гуфтанд: «Чаро Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯраду менӯшад?» 17 Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд. Маномадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».

Мас ъалаи рӯзадорӣ

18 Шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медопгтанд. Ва назди Ӯ омада гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту рӯза намедоранд?» 19 Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, рӯза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рӯза доранд; 20 «Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва дар он айём рӯза хоҳанд дошт.

Масалҳо дар бораи ҷома ва машк

21 «Ҳеҷ кас ба ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад: зеро ямоқи нав аз чизи кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад. 22 «Ва ҳеҷ кас шароби навро ба машки кӯҳна намеандозад: зеро шароби нав машкро медарад; шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст».

Исо - Оғои рӯзи шанбе

23 Ва чунин воқеъ шуд, ки Ӯ рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш дар аснои роҳ ба хӯшачинй сар карданд. 24 Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Бубин, онҳо дар рӯзи шанбе кореро чаро мекунанд, ки раво нест?» 25 Ӯ ба онҳо гуфт: «Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёчмандй чӣ кард, ҳангоме ки вай ва ёронаш гурусна буданд? 26 «Чӣ гуна вай дар айёми Абьётори саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он, ҷуз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ёрони худ низ дод?» 27 Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе; 28 «Бинобар ин Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».

Марқус 3

Исо дар рӯзи шанбе дасти хушкшударо шифо медиҳад

1 ВА боз ба куништ даромад; дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт. 2 Ва аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд вайро дар рӯзи шанбе шифо дихад, то ки Ӯро айбдор кунанд. 3 Пас ба марди дастхушк гуфт: «Дар миёнҷо биист». 4 Ва ба онҳо гуфт: «Дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст - некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?» Лекин онҳо хомӯш монданд. 5 Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт. 6 Фарисиён фавран берун рафта, бо ҳиродиён дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.

Фаьолияти Исо дар тамоми мамлакат вусъат меёбад

7 Лекин Исо бо шогирдонаш сӯи баҳр омад, ва мардуми бисьёре аз Ҷалил ва Яҳудо аз паи Ӯ равона шуданд, 8 Ва аз Ерусалим, Адӯм ва он тарафи Ӯрдун ва аз музофоти Сӯр ва Сидӯн издиҳоми бузурге, чун амалиёти Ӯро шуниданд, назди Ӯ омаданд. 9 Ва ба шогирдони худ фармуд, ки ба сабаби бузургии издиҳом қаиқе барои Ӯ муҳайё бошад, то ки Ӯро фишор надиҳанд. 10 Зеро бисьёр касонро Ӯ шифо дода буд, бинобар ин ҳар киро захме буд, назди Ӯ мешитофт, то Ӯро ламс кунад. 11 Ва арвоҳи палид, чун Ӯро медиданд, пешаш меафтоданд ва фарьёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ». 12 Лекин Ӯ онҳоро сахт таъкид мекард, ки Ӯро шӯҳрат надиҳанд.

Интихоб шудани дувоздаҳ нафар

13 Пас аз он бар фарози кӯҳе баромада, ҳар киро, ки хост, назди Худ даъват намуд, онҳо назди Ӯ омаданд. 14 Ва дувоздаҳ нафарро таъин кард, ки ҳамроҳи Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои мавъиза фиристад, 15 Ва онҳоро қудрати он бошад, ки беморонро шифо диҳанд ва девҳоро берун кунанд. 16 Ва таъин кард Шимъӯнро, ки Петрус ном ниҳод; 17 Ва Яъқуб ибни Забдой ва Юҳанно бародари Яъқубро, ки ба онҳо Бӯнарҷис, яъне «писарони раъд» ном ниҳод; 18 Ва Андриёс ва Филиппус ва Барталмо ва Матто ва Тумо ва Яъкуб ибни Ҳалфой ва Таддо ва Шимъӯни Қанно 19 Ва Яхудои Исқарьютро, ки Ӯро таслим кард.

Хешовандони Исо барои ӯ хавотир доранд

20 Ва чун ба хонае даромаданд, боз мардум фароҳам омаданд, ба дараҷае ки онҳо фурсати нон хӯрдан ҳам надощтанд. 21 Ва хешони Ӯ, чун шуниданд, барои дастгир кардани Ӯ омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ бехуд шудааст.

Китобдонон Исоро маломат мекунанд

22 Китобдононе ки аз Ерусалим омада буданд, мегуфтанд, ки Ӯ Баал-Забул дорад ва ба воситаи калони девҳо девҳоро берун мекунад. 23 Пас онҳоро наздаш талабида, ба онҳо бо масалҳо сухан гуфт: «Чӣ гуна метавонад шайтон шайтонро берун кунад? 24 «Агар салтанате бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он салтанат устувор истода наметавонад; 25 «Ва агар хонае бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он хона устувор истода наметавонад; 26 «Ва агар шайтон бар зидди худ ба қиём бархоста, аз ҳам ҷудо шуда бошад, вай устувор истода наметавонад, балки ҳалок мешавад. 27 «Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат кунад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад, - ва пас аз он хонаи ваиро ғорат мекунад. 28 «Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳамаи гуноҳҳои фарзандони одам ва ҳар гуна куфр, ки гуфта бошанд, омурзида мешавад; 29 «Лекин ҳар кӣ ба Рӯҳулкудс куфр гӯяд, то абад омурзида нашавад, балки ба азоби абадӣ маҳкум гардад». 30 Зеро ки гуфтанд: «Ӯ рӯхи палид дорад».

Хешовандии ҳацщӣ дар Исо

31 Модар ва бародарони Ӯ омада, дар берун истоданд ва ба Ӯ касеро фиристода, Ӯро талаб намуданд. 32 Дар гирди Ӯ мардум нишаста буданд. Ва ба Ӯ гуфтанд: «Инак модари Ту ва бародарони Ту дар берун истода, Туро металабанд». 33 Ва ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: «Кист модари Ман ва бародарони Ман?» 34 Ва ба онҳое ки гирди Ӯ нишаста буданд, назар афканда, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман; 35 «Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».

Марқус 4

Масалҳо дар бораи Малакути Худо. Дар бораи коранда

1 ВА боз дар канори баҳр ба таълим додан шурӯъ намуд; ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ӯ ба қаиқ даромада, дар баҳр қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд. 2 Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисьёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт: 3 «Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт; 4 «Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро барчиданд; 5 «Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт; 6 «Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд; 7 «Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд, ва самаре надод; 8 «Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сй баробар, баъ^е шаст ва баъзе сад». 9 Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» 10 Вақте ки танҳо монд, ҳозирон бо якҷоягии он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд. 11 Ва ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад, 12 «Ба тавре ки онҳо бо чашмҳои худ нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, бо гӯшҳои худ мешунаванд, вале намефаҳманд, мабодо ручӯъ кунанд, ва гуноҳҳои онҳо омур^ида шавад».

Шарҳи масали коранда

13 Ва ба онҳо гуфт: «Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро хоҳед фаҳмид? 14 «Коранда каломро мекорад. 15 «Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд. 16 «Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, дарҳол онро бо шодӣ қабул мекунанд, 17 «Лекин дар худ реша надорагд ва ноустурованд, ва чун аз боиси калом азияте ё таъқкботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд. 18 «Кошташудагон дар миёни хорҳо касоке мебошанд, ки чун каломро бишанаванд, 19 «Андешаҳои дуньёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад. 20 «Ва кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, кабул мекунанд ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».

Масал дар бораи шамъ

21 Ва ба онҳо гуфт: «Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на аз барои он ки ба шамъдон гузоранд? 22 «Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки ба зуҳур наояд. 23 «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» 24 Ва ба онҳо гуфт: «Лайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд. 25 «Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад».

Сабзиши нонамоён

26 Ва гуфт: «Малакути Худо монанди касест, ки тухм бар замин пошад, 27 «Ва шабу рӯз бихобаду бархезад, ва тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, вай надонад; 28 «Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша; 29 «Ва чун ҳосил расид, фавран досро ба кор меандозад, зеро ки вақти дарав расидааст».

Масал дар бораи доиаи хардал

30 Ва гуфт: «Малакути Худоро ба чй монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем? 31 «Мисли донаи хардалест: вақте ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст. 32 «Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи наботот бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки мурғони ҳаво зери сояи он метавонанд паноҳ баранд». 33 Ва бо ин гуна масалҳои бисьёр, ба қадре ки тавоноии шунидан доштанд, каломро ба онҳо баён мекард; 34 Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳамаи маониро ба шогирдониХуд мефаҳмонд.

Исо тундбодро ором мекунад

35 Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: «Ба канори дигар бигзарем». 36 Онҳо мардумро ҷавоб дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар қаиқ буд, гирифтанд, ва чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд. 37 Ва тундбоди шадиде бархост, ва мавҷҳо ба қаиқ бармехӯрд, ба тавре ки он пур аз об мешуд, 38 Ва Ӯ дар ақиби қаиқ бар болине хуфта буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: «Эй Ӯстод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?» 39 Ӯ бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав ва ором бош». Бод хомӯш шуд, ва оромии том барқарор гардид. 40 Ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ шумо чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?» 41 Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки боду баҳр ҳам ба Ӯ итоат мекунанд?»

Марқус 5

Шифо ёфтани девона дар Ҷадар

1 ПАС ба он канори баҳр ба сарзамини ҷадариён расиданд. 2 Чун аз қаиқ берун омад, дарҳол касе ки рӯҳи палид дошт, аз миени гӯрҳо баромада, бо Ӯ рӯ ба рӯ шуд, 3 Ки бошишгоҳи вай мағоки гӯр буд, ва ҳеҷ кас наметавонист бо занҷир ҳам вайро бибандад; 4 Зеро ки борҳо вайро бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, лекин занҷирҳоро канда ва завлонаҳоро шикаста буд, ва ҳеҷ кас наметавонист вайро ром кунад; 5 Ва ҳамеша, рӯзу шаб, дар кӯҳҳо ва дар миёни гӯрҳо фарьёд мекашид ва худро бо сангҳо мезад. 6 Чун Исоро аз дур дид, давон-давон омада, ба Ӯ сачда кард. 7 Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳй!» 8 Зеро ки ба вай гуфта буд: «Эй рӯҳи палид, аз ин шахс берун шав». 9 Ва аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Вай ҷавоб дод: «Номи ман легион аст, чунки мо бисьёрем». 10 Ва аз Ӯ бисьёр илтимос мекарданд, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад. 11 Ва дар чарогоҳи он кӯҳҳо галаи бузурги хукҳо мечарид. 12 Ва ҳамаи девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Моро ба хукҳо равона кун, то дар онҳо дохил шавем». 13 Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод, Ва арвоҳи палид берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба баҳр ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар баҳр ғарқ шуданд. 14 Ва хукбонҳо давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот бнро нақл карданд. Ва мардум барои дидани он моҷаро берун шитофтанд. 15 Ва назди Исо омада, он девонаро нишаста диданд, ки дар вай легион буд, ва либос пӯшидааст ва ақлаш солим гаштааст; ва ҳаросон шуданд. 16 Касоне ки дида буданд, саргузашти девонаро, ва он чиро, ки ба хукон рӯй дод, ба онҳо нақл карданд. 17 Ва аз Ӯ илтимос карданд, ки аз худуди онҳо берун равад. 18 Ва чун ба қаиқ савор шуд, он ки девона буд, аз Ӯ иҷозат пурсид, ки бо Ӯ бошад. 19 Аммо Исо иҷозат надод, балки ба вай гуфт: «Ба хона назди хешу табори худ бирав ва хабар деҳ аз он чи, ки Худованд бо ту кардааст, ва чй гуна ба ту раҳм намудааст». 20 Пас вай равона шуда, он чиро, ки Исо бо вай карда буд, дар Декалолис мавъиза кардан гирифт. Ва ҳама дар тааҷҷуб мемонданд.

Исо зани беморро шифо медиҳад ва духтари Ёирро зинда мекунад

21 Чун Исо боз бо қаиқ ба он сӯи баҳр гузашт,мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ва Ӯ дар канори баҳр буд. 22 Ва инак яке аз сардорони куништ омад, ки Ёир ном дошт, ва чун Ӯро дид, пеши пояш афтод 23 Ва аз Ӯ хеле илтимос карда, гуфт: «Духтари ман дар ҳолати назъ аст; биё ва даст бар вай гузор, то шифо ёбад ва зиндагӣ кунад». 24 Пас бо вай равона шуд, ва мардуми бисьёре аз паи Ӯ рафта, Ӯро фишор медоданд. 25 Як зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравй буд, 26 Ва азоби бисьёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд, - 27 Чун овозаи Исоро шунид, дар миёни он гурӯҳ аз қафо омада, либоси Ӯро ламс намуд; 28 Зеро гуфт: «Агар лоақал либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбамк 29 Ва дарҳол чашмаи хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз касалӣ шифо ёфтааст. 30 Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки куввае аз Ӯ берун рафт, ва ба мардум муроҷиат карда, гуфт: «Кист, ки либоси Маро ламс кард?» 31 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинй, ки мардум Туро фишор медиҳанд, ва мегӯӣ: "Кист, ки Маро ламс кард?"» 32 Аммо Ӯ ба гирду пеш менигарист, то он занро, ки ин тавр амал кардааст, бубинад. 33 Он зан, чун донист, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй дод, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт. 34 Ӯ ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош». 35 Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки аз хонаи сардори куништ омада гуфтанд: «Духтарат мурд; боз барои чӣ Ӯстодро заҳмат медиҳӣ?» 36 Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт: «Натарс, фақат имон овару бас». 37 Ва, ҷуз Петрус, Яъкуб ва Юҳанно бародари Яъқуб, касеро иҷозат надод, ки аз паяш равад. 38 Чун ба хонаи сардори куништ расид, азодоронро дар ҳолати изтироб дид, ки гирья ва навҳаи бисьёр мекарданд. 39 Ва даромадан замон ба онҳо гуфт: «Чаро дар изтироб афтодаед вагирья мекунед? Духтар намурдааст, балки хуфтааст». 40 Ва онҳо бар Ӯ хандиданд, лекин Ӯ ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо рафиқонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад. 41 Ва дасти духтарро гирифта, гуфт: «Талитоқуми», ки маънояш ин аст: «Эй духтар, туро мегӯям, бархез». 42 Дарҳол духтар бархоста, равон шуд, зеро ки дувоздаҳсола буд. Онҳо хеле дар ҳайрат монданд. 43 Ва Ӯ онҳоро сахт таъкид карда, фармуд, ки касе аз ин огоҳ нашавад, ва гуфт, то хӯроке ба вай диҳанд.

Марқус 6

Исо аз нав дар Носира

1 АЗ он ҷо баромада, ба зодгоҳи Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ӯ омаданд. 2 Чун рӯзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан оғоз намуд, ва бисьёр шунавандагон дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ ато шудааст, ки чунин мӯъҷизот аз дасти Ӯ содир мегардад? 3 «Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марьям ва бародари Яъкуб, Йӯсе, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?» Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд. 4 Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, чуз дар зодгоҳи худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ». 5 Ва дар он ҷо ҳеҷ мӯъҷиза нишон дода натавонист, ҷуз он ки дастҳояшро бар чанд беморе ниҳода, онҳоро шифо дод. 6 Ва аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Дар деҳоти он музофот гашта, таълим медод.

Исо 12 шогирдонро мефиристад, то ки мав/ъиза намоянд ва шифо диҳанд

7 Пас он дувоздаҳро назди Ҳуд хонда, ба чуфтҷуфт фиристодани онҳо оғоз намуд ва ба онҳо бар арвоҳи палид кудрат дод. 8 Ва фармуд, ки барои роҳ ҳеҷ чизе бо худ, ҷуз асое, нагиранд: на турбае, на ноне, на пуле дар камарбанд, 9 Балки чоруқе дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд. 10 Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед,то вақти сафар кардан дар он ҷо бимонед. 11 «Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба сухани шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳолати Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд». 12 Онҳо равона шуда, ба мавъиза кардан оғоз намуданд, ки бояд тавба кард; 13 Бисьёр девҳоро берун карданд ва бисьёр беморонро равған молида шифо доданд.

Қатли Яҳьёи Таъмиддиҳанда

14 Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, - зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, - гуфт, ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд. 15 Баъзе мегуфтанд, ки ин Ильёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбар аст ё чун яке аз пайғамбарон. 16 Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт. «Ин ҳамон Яҳьёст, ки ман сарашро аз тан чудо кардам; вай аз мурдагон эҳьё шудааст». 17 Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳьёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани Филигатус бародараш, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд. 18 Зеро Яҳьё' ба Ҳиродус гуфта буд: «3ани бародари худро ба никоҳ даровардани ту раво нест». 19 Пас Ҳиродия ба Яҳьё кина баста буд ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин наметавонист. 20 Зеро ки Ҳиродус аз Яҳьё метарсид, вайро марди одилу муқаддас медонист ва рӯихотир мекард; ба гапаш гӯш дода, бисьёр музтариб мешуд ва суханонашро ба хушй мешунид. 21 Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рӯзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост, - 22 Ва духтари Ҳиродия ба базм даромада рақсид, Ҳиродус ва ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд, шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, онро ба ту бидиҳам». 23 Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам». 24 Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки «чй талаб кунам?» Модараш чавоб дод: «Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро». 25 Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва гуфт: «Мехоҳам каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман ҳадия кунй». 26 Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост. 27 Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки каллаи вайро биёрад; 28 Ҷаллод рафта, дар зиндон каллаи вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе ниҳода овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод. 29 Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд.

Баргаштани 12 ҳаввориён

30 Ҳаввориён назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ӯ нақл карданд. 31 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед». Зеро омаду рафт чунон бисьёр буд, ки фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд.

Сер шудани панч ҳазор мард

32 Пас ба танҳоӣ бо қаиқ ба ҷои хилват равона шуданд. 33 Чун мардум онҳоро равона диданд, бисьёре онҳоро шинохтанд; аз ҳамаи шаҳрҳо гшёда ба он сӯ шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ӯ ҷамъ шуданд. 34 Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандоне буданд, ки чӯпон надоштанд; ва онҳоро бисьёр таълим додан гирифт. 35 Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ӯ омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд; 36 «Инҳоро ҷавоб деҳ, то ки ба қасабаю деҳоти ин музофот рафта, барои худ ноне бихаранд; зеро ки хеҷ хӯроке надоранд». 37 Ӯ дар ҷавобашон гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо рафта, ба дусад динор нон бихарем ва барои хӯрдани онҳо диҳем?» 38 Аз онҳо пурсид: «Чандто нон доред? Рафта бинед». Онхо дарьёфта, гуфтанд: «Панҷ нон ва ду моҳӣ». 39 Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро дастадаста бар сабза шинонанд. 40 Пас қаторқатор, саднафара ва панҷоҳнафара нишастанд. 41 Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифт ва ба осмон нигариста, баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ду моҳиро низ ба ҳамаи онҳо тақсим кард. 42 Ҳама хӯрданду сер шуданд; 43 Ва аз пораҳои нон ва моҳи дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд; 44 Хӯрандагони нон тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.

Исо бар баҳр цадам мезанад

45 Дарҳол Ӯ шогирдонашро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба он соҳил сӯи Байт-Сайдо равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад. 46 Ва чун онҳоро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан бар фарози кӯҳе баромад. 47 Шомгоҳон қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, ва Ӯ танҳо бар хушкӣ буд. 48 Ва онҳоро дар рондани қаиқ бемаҷол дид, зеро ки боди мухолиф мевазид; наэдики поси чоруми шаб бар баҳр қадам зада назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо бигзарад. 49 Онҳо чун Ӯро диданд, ки бар баҳр кадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарьёд заданд. 50 Зеро ки ҳама Ӯро дида, ҳаросон шуданд. Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед». 51 Ва назди онҳо ба қаиқ даромад; бод низ сокит шуд. Ва онҳо бениҳоят дар ҳайрат афтоданд ва тааҷҷуб карданд. 52 Зеро ки мӯъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд.

Исо назди баҳри Ҷинесор шифо медиҳад

53 Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Чинесор омаданд ва лангар андохтанд. 54 Чун аз қаиқ баромаданд, дарҳол мардум Ӯро шинохтанд. 55 Ва сар то сари он музофот шитофтанд ва беморонро бар тахтаҳо ниҳода, ба ҳар ҷо, ки мешуниданд Ӯ он ҷост, меоварданд. 56 Ва ба ҳар чо, ки Ӯ ба қасабаҳо ё шаҳрҳо ё деҳкадаҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.

Марқус 7

Аҳкоми Худо аз қоидаҳои инсонӣ болотпар астп

1 ФАРИСИЁН ва баъзе китобдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, назди Ӯ ҷамъ шуданд; 2 Ва чун диданд, ки баъзе шогирдони Ӯ бо дастҳои нопок, яъне ношуста, нон мехӯранд, сарзаниш карданд. 3 Зеро ки фарисиён ва ҳамаи яҳудиён ба ривоятҳои муршидон пайравй намуда, то дастҳои худро бодиққат нашӯянд, хӯрок намехӯранд; 4 Ва чун аз бозорҳо оянд, то нашӯянд, чизе намехӯранд. Ва бисьёр расмҳои дигар ҳаст, ки нигоҳ медоранд: монанди шустани пиёлаҳо, кӯзаҳо ва курсиҳо. 5 Пас фарисиён ва китобдонон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шогирдони Ту ба ривоятҳои муршидон пайравӣ намекунанд, балки бо дастҳои ношуста нон мехӯранд?» 6 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Ишаъё дар бораи шумо, эй риёкорон, некӯ пайғом додааст, чунон ки навишта шудааст: "Ин мардум бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст; 7 «Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд". 8 «Зеро шумо ҳукми Худоро як сӯ гузошта, ривоятҳои инсониро, монанди шустани кӯзаҳо ва пиёлаҳо, нигоҳ медоред ва бисьёр расмҳои дигарро ба ҷо меоваред». 9 Ва ба онҳо гуфт: «Оё хуб аст, ки шумо ҳукми Худоро ботил мекунед, то ки ривояти худро риоя намоед? 10 «Зеро Мусо гуфтааст: "Падару модари худро иззат намо"; ва: "Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад". 11 «Лекин шумо мегӯед: "Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Он чи аз ман нафъ ёбӣ, курбон, яъне ҳадия барои Ҳудост»", - 12 «Ва баъд аз ин намегузоред, ки вай ба падар ё модари худ ягон чиз кунад, 13 «Дар айни ҳол каломи Худоро бо ривояти худ, ки ҷорӣ сохтаед, бартараф менамоед; ва бисьёр расмҳои монанди инро ба ҷо меоваред».

Одамро ба хузури Худо чй палид мекунад

14 Ва он ҷамоатро назди худ даъват намуда, гуфт: «Ҳама ба Ман гӯш диҳед ва бифаҳмед. 15 «Чизе нест, ки аз берун ба даруни одам даромада, вайро палид карда тавонад; балки чизе ки аз дарунаш баромада бошад, одамро палид мекунад. 16 «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» 17 Ва чун аз назди ҷамоат ба хона даромад, шогирдонаш маънии ин масалро аз Ӯ пурсиданд. 18 Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё шумо низ ч>'нин бефаҳм ҳастед? Оё намедонед, ки ҳар чизе аз берун ба даруни одам дарояд, наметавонад вайро нопок кунад? 19 «Зеро ба даруни дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он хориҷ мешавад, ва ба ин сурат ҳар хӯрок пок мегардад». 20 Баъд гуфт: «Он чи аз одам берун ояд, одамро нопок месозад; 21 «Зеро ки аз даруни дили одам хаёлоти бад, зино, фисқ, катл, 22 «Дуздӣ, тамаъ, кина, макр, ҳирс, чашми бад, куфр, ғурур ва ҷаҳолат пайдо мешавад. 23 «Тамоми ин чизҳои бад аз дарун паидо шуда, одамро палид мекунад».

Исо ва зане ки аз Финикияи Сурия буд

24 Ва аз он ҷо равона шуда, ба худуди Сӯр ва Сидӯн расид; ва ба хонае даромада, нахост, ки касе Ӯро шиносад; лекин натавонист пинҳон монад. 25 Зеро зане ки духтараш рӯҳи палид дошт, хабари Ӯро шунид ва ҳамон дам омада, пеши пои Ӯ афтод; 26 Ва он зан юнонӣ, аз аҳли Финиқияи Сурия буд, ва аз Ӯ илтимос намуд, ки девро аз духтараш берун кунад. 27 Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор аввал бачагон сер шаванд; зеро нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест». 28 Зан ҷавоб дода гуфт: «Оре, Худовандо; лекин сагон низ пасмондаҳои бачагонро зери суфра мехӯранд». 29 Ба вай гуфт: «Аз барои ин сухан бирав, ки дев аз духтарат берун шуд». 30 Чун зан ба хонаи худ омад, девро беруншуда ва духтарро бар бистар хуфта ёфт.

Касе ки гӯши кар ва лакнати забон дошт, шифо ёфт

31 Боз аз ҳудуди Сӯр ва Сидӯн баромада, Ӯ ба воситаи ҳудуди Декаполис сӯи баҳри Ҷалил равона шуд. 32 Назди Ӯ якеро оварданд, ки гӯши кар ва лакнати забон дошт, ва илтимос карданд, ки даст бар вай гузорад. 33 Вайро аз миёни ҷамоат ба хилват бурда, ангушти Худро дар гӯшҳои вай ниҳод ва туф карда, забонашро ламс кард; 34 Ва ба осмон нигариста, оҳе кашид ва ба вай гуфт: «Ифатаҳ», яъне: «Воз шав». 35 Дарҳол гушҳояш кушода ва гиреҳи забонаш яла шуда, ба дурустй суҳан гуфт. 36 Ва ба онҳо таъин кард, ки ба касе хабар надиҳанд. Лекин ҳар чанд ба онҳо манъ мекард, онҳо бештар овоза мекарданд. 37 Ва бағоят ҳайрон монда, мегуфтанд: «Ҳар корро нагз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад».

Марқус 8

Сер шудани 4 ҳазор нафар

1 ДАР он рӯзҳо, ки боз мардуми бисьёре ҷамъ омада буданд ва барои хӯрдан чизе надоштанд, Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт: 2 «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд; 3 «Агар онҳоро гурусна ба хонаҳошон ҷавоб диҳам, дар роҳ бемадор хоҳанд шуд, зеро ки баъзе аз онҳо аз роҳи дур омадаанд». 4 Шогирдонаш ба Ӯ ҷавоб доданд: «Аз куҷо касе метавонад дар ин биебон онҳоро аз нон сер кунад?» 5 Аз онҳопурсид: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто». 6 Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин бинишинанд; ҳафт нонро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ва онҳо гузоштанд. 7 Ва чанд моҳии майда низ доштанд; онҳоро низ, баракат дода, фармуд, ки пеши ҷамоат гузоранд. 8 Онҳо хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд. 9 Хӯрандагон қариб чор ҳазор нафар буданд. Ва онҳоро ҷавоб дод.

Фарисиён аломапг пгалаб мекунанд

10 Дарҳол бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ҳудуди Далмонуто омад. 11 Фарисиён берун омада, бо Ӯ ба мунозира даромаданд ва Ӯро озмуда, аломати осмонӣ аз Ӯ талаб карданд. 12 Ӯ, аз дил оҳе кашида, гуфт: «Чаро ин насл аломате талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аломате ба ин насл ато нахоҳад шуд». 13 Пас онҳоро гузошта, боз ба қаиқ савор шуд ва ба соҳили дигар гузащт.

Огоҳонидан аз хамиртуруши фарисиён ва Ҳиродус

14 Онҳо нон гирифтанро фаромӯш карданд ва бо худ дар қаиқ ҷуз як нон надоштанд. 15 Ӯ онҳоро огоҳ карда, гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва аз хамиртуруши Ҳиродус ҳазар кунед». 16 Онҳо бо якдигар муҳокима ронда, мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон надорем». 17 Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Оё ҳанӯз нафаҳмидаед ва дарк накардаед? Оё то ҳол дили шумо сахт аст? 18 «Чашм дореду намебинед? Гӯш дореду намешунавед? Ва дар хотир надоред? 19 «Ҳангоме ки панҷ нонро барои панҷ ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Дувоздаҳ». 20 «Ва ҳангоме ки ҳафт нонро барои чор ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Гуфтанд: «Ҳафт». 21 Ба онҳо гуфт: «Пас чаро намефаҳмед?»

Шифо ёфтани кӯр дар наздикии Байт-Сайдо

22 Чун ба Байт-Сайдо омад, кӯреро назди Ӯ оварда, зорй намуданд, ки вайро ламс кунад. 23 Ӯ дасти кӯрро гирифта, вайро аэ қасаба берун бурд ва ба чашмони вай туф карда, дастҳои худро бар вай гузошт ва пурсид: «Оё чизе мебинӣ?» 24 Вай назар афканда, гуфт: Юдамонро хиромон чун дарахтон мебинам». 25 Он гоҳ дастҳояшро бори дигар бар чашмони вай гузошта, фармуд, ки назар афканад. Ван шифо ёфт ва ҳама чизро ба хубй бидид. 26 Пас вайро ба хонааш фиристода, гуфт: «Дохили қасаба нашав ва дар он ҷо ба касе нақл накун».

Этпирофи Петрус

27 Ва Исо бо шогирдонаш ба қасабаҳои Қайсарияи Филиппус рафт. Дар аснои роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Мардум Маро кй мегӯянд?» 28 Онҳо ҷавоб доданд: «Мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз пайғамбаронй». 29 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус ҷавоб дода, гуфт: «Ту Масеҳ ҳастй». 30 Пас ба онҳо таъин кард, ки дар бораи Ӯ ба ҳеҷ кас гап назананд.

Исо бори аввал дар бораи уқубатҳои Худ эълон мекунад

31 Он гоҳ ба таълими онҳо оғоз иамуда, гуфт, ки «Писари Одам бояд бисьср азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад ва пас аз се рӯз эхье шавад». 32 Чун ин суханонро ошкоро мегуфт, Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд.

Хизматгузории ҳақиқӣ

33 Лекин Ӯ баргашта, ба шогирдонаш нигарист ва Петрусро манъ карда, гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на дар бораи амру наҳӣи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ». 34 Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт. «Ҳар кй хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд: 35 «Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад, 36 «Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? 37 «Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чй фидияе медиҳад? 38 «Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард».

Марқус 9

Дигаргун шудани Худованд

1 БА ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Малакути Худоро, ки бо қудрат меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд ҷашид». 2 Ва баъд аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъкуб ва Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: 3 Либосаш дурахшон ва чун барф бағоят сафед щуд, ки дар рӯи замин ҳеҷ шустагаре наметавонад чунон сафед кунад. 4 Ва Ильёс бо Мусо ба онҳо намоён шуда, бо Исо гуфтугӯ мекарданд. 5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Эй Ӯстод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс». 6 Зеро намедонист, чӣ гӯяд: чунки ҳаросон буданд. 7 Ва абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт, ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман; Ӯро бишнавед». 8 Баногоҳ, чун ба атрофи худ нигаристанд, касеро ҷуз Исо назди худ надиданд. 9 Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуд, ки то Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, он чи дидаанд, ба касе нагӯянд. 10 Ва онҳо ин суханро дар ёд дошта, аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон эҳьё шудан чӣ маънӣ дорад? 11 Ва аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки .Ильёс бояд аввал биеяд?» 12 Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад; ва Писари Одам, чунон ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, ранҷи бисьёр бинад ва ҳақир шумурда шавад; 13 «Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс ҳам омад ва бо вай он чи хостанд, карданд, чунон ки дар бораи вай навишта шудааст».

Шифо ёфтани дсвона

14 Чун назди шогирдонаш омад, мардуми бисьерро гирди онҳо дид, ва китобдононро, ки бо онҳо мубоҳиса мекарданд. 15 Дарҳол тамоми мардум, чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд ва давондавон омада, ба Ӯ салом доданд. 16 Ӯ аз китобдонон пурсид: «Бо инҳо чӣ мубоҳиса мекунед?» 17 Яке аз байни мардум ба ҷавоб гуфт: «Эй Ӯстод! Писари худро назди Ту овардам, ки рӯҳе гунг дорад: 18 «Хар ҷо, ки вайро бигирад, ба замин мезанад, вай кафк бароварда, дандонҳо бо ҳам месояд ва карахт мешавад; ба шогирдони Ту гуфтам, ки онро берун кунанд, натавонистанд». 19 Ӯ ба ҷавоби вай гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред». 20 Вайро назди Ӯ оварданд. Чун Ӯро дид, рӯҳ вайро ба Ларза андохт; вай ба замин афтода ва ғел зада, кафк баровард. 21 Ва аз падари вай пурсид: «Кай боз ба ин ҳолаТ гирифтор аст?» Гуфт: «Аз кӯдакӣ». 22 «Борҳо вайро дар оташ ва дар об афканд, то вайро ҳалок кунад; лекин, агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрй расон». 23 Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонй, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст». 24 Дарҳол падари кӯдак фарьёд зада, гирьякунон гуфт: «Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун». 25 Чун Исо дид, ки мардум сӯяш шитоб мекунанд, рӯҳи палидро мазаммат намуда, гуфт: «Эй рӯҳи гунг ва кар! Ба ту амр мефармоям, ки аз вай берун рав ва дигар дохили вай нашав». 26 Пас бонг зада, вайро сахт ба ларза андохта, берун рафт; вай монанди мурда гашт, ба тавре ки бисьёр касон гуфтанд, ки вай мурдааст. 27 Лекин Исо дасташро гирифта бархезонд; вай ба по истод. 28 Ва чун ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ ба танҳоӣ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?» 29 Ба онҳо гуфт: «Ин ҷинс ба ҳеҷ ваҷҳ берун намеравад, ҷуз ба дуо ва рӯза».

Исо бори дуюм мамот ва эҳьеи Худро пешгӯӣ мекунад

30 Ва аз он ҷо равона шуда, аз Ҷалил мегузаштанд; ва Ӯ намехост, ки касе Ӯро бишиносад. 31 Зеро шогирдони Худро таълим дода мегуфт, ки Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро хоҳанд кушт; чун кушта шуд, пас аз се рӯз эҳье хоҳад шуд. 32 Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд ва тарсиданд, ки аз Ӯ бипурсанд.

Иззатталабии шогирдон

33 Ба Кафарнахум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар чӣ хусус муҳокима мекардед?» 34 Онҳо хомӯш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар муҳокима мекарданд, ки кист бузургтар. 35 Ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш хонд ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кй мехоҳад нахустин бошад, вопасин ва хизматгори ҳама шавад». 36 Пас кӯдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва, дар оғӯш кашида, ба онҳо гуфт: 37 «Ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман кабул кунад, вай Маро қабул мекунад; ва ҳар кй Маро қабул кунад, вай на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».

Рашки сохтаи шогирдон

38 Он гоҳ Юҳанно гуфт: «Эй Ӯстод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, лекин моро пайравӣ намекард, ва мо вайро манъ кардем, чунки моро пайравӣ намекард». 39 Исо гуфт: «Вайро манъ накунед; зеро ҳеҷ касе нест, ки ба исми Ман мӯъҷиза бинмояду ба зудӣ дар ҳаққи Ман бад гуфта тавонад. 40 «Зеро ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост. 41 «Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинӯшонад, ба ростй ба шумо мегӯям, мукофоти худро зоеъ нахохад кард.

Огозсонидан аз васваса

42 «Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санти осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар баҳр афкананд. 43 «Ва агар дастат туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки маъюб шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ба дӯзах равона шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст, 44 «Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад. 45 «Ва агар поят туро ба васваса андозад, онро бибур: барои ту беҳтар аст, ки ланг шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду по дар дӯзах андохта шавӣ, дар оташе ки хомӯшнашаванда аст, 46 «Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад. 47 «Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро бикан: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба Малакути Худо дарой, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавӣ, 48 «Ки дар он ҷо кирми онҳо намемирад, ва оташ хомӯш намешавад. 49 «Зеро ҳар кас бо оташ намакин хоҳад шуд, ва ҳар курбон бо намак намакин хоҳад шуд. 50 «Намак хуб аст; лекин агар намак шӯр набошад, бо чӣ шумо онро ислоҳ мекунед? Пас дар худ намак бидоред, ва бо якдигар муросо кунед».

Марқус 10

Қонуни Исо дар бораи талоц

1 АЗ он ҷо баромада, ба он суи Ӯрдун, ба худуди Яҳудо омад. Боз мардум назди Ӯ шитофтанд; ва Ӯ, аз рӯи одаташ, боз онҳоро таълим медод. 2 Фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданй шуда, пурсиданд: «Оё ҷоиз аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?» 3 Ба ҷавоби онҳо гуфт: «Мусо ба шумо чӣ фармудааст?» 4 Гуфтанд: «Мусо иҷозат додааст, ки талоқномае навишта ҷудо шаванд». 5 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо ин ҳукмро барои шумо навиштааст; 6 «Лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид. 7 «Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, 8 «Ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. 9 «Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайвастааст, одам набояд чудо кунад». 10 Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд. 11 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад; 12 «Ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино карда бошад».

Исо кӯдаконро дуои хаӣр мекунад

13 Кӯдаконро назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ мешуданд. 14 Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзореД) ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад. 15 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад». 16 Ва онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард.

Исо ва ҷавони сарватдор

17 Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ пщтофта, зону бар замин зад ва иурсид: «Эй Ӯстоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонй шавам?» 18 Исо ба зай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯй? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона. 19 «Аҳкомро медонӣ: "Зино накун; қатл накун; дуздй накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун"». 20 Вай ба ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам». 21 Исо ба вай нигариста, дӯст дошт ва гуфт: «Туро як чиз намерасад: бирав, ҳар он чи дорй, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, салиб бардор ва Маро пайравӣ кун». 22 Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьёр дошт.

Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон душвор аст

23 Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!» 24 Шогирдон аз суханони Ӯ дар ҳайрат шуданд. Исо боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Ба онҳое ки умеди сарват доранд, даромадан ба Малакути Худо чӣ гуна душвор аст! 25 «Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад». 26 Онҳо бағоят дар ҳайрат шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кй метавонад наҷот ёбад?» 27 Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на ба Худо; зеро ки ба Худо ҳама чиз имконпазир аст».

Мукофоти гиогирдон

28 Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем». 29 Исо ба ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду 30 «Алҳол, дар ин замон, дар миёни таъкибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва падарон ва модарон ва фарзандон ва амлок ва дар олами оянда хаёти ҷовидонй наёбад; 31 «Лекин басо аввалин, ки охирин хоҳанд шуд, ва охирин - аввалин».

Исо бори сеюм мамот ва эҳьёи Худро пешгӯӣ мекунад

32 Чун дар роҳи сӯи Ерусалии буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо дар ҳайрат буданд, ва чун аз акиби Ӯ мерафтанд, ҳаросон мешуданд. Ва Ӯ он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи ба сараш меояд, оғоз намуд: 33 «Инак мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум кунанду ба дасти ғайрияҳудиён таслим кунанд; 34 «Ва Ӯро тамасхур кунанд, тозиёна зананд, туфборон кунанд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад».

Хоҳиши иззатталабонаи писарони Забдой

35 Он гоҳ Яъқуб ва Юҳанно, ду писари Забдой, назди Ӯ омада, гуфтанд: «ЭЙ Ӯстод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш кунем, барои мо бикунӣ». 36 Ба онҳо гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барон шумо бикунам?» 37 Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо лутф намо, ки яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат дар ҷалоли Ту биншинем». 38 Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чй мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» 39 Онҳо ба ҷавоб гуфтанд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Косаеро, ки Ман менӯшам, хоҳед нӯшид ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт; 40 «Лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон муҳайё шуда бошад». 41 Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъкуб ва Юҳанно норозӣ шуданд. 42 Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда гуфт: «Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд; 43 «Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад; 44 «Ва ҳар кй хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи ҳама шавад; 45 «Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».

Бартимаи кӯр бино шуд

46 Ба Ерихӯ омаданд. Вақте ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисьёр аз Ериҳӯ мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид. 47 Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарьёдкунон гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман раҳм кун». 48 Бисьёр касон вайро ба хомӯш шудан водор мекар данд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман раҳм кун». 49 Исо истода, фармуд, ки вайро бихонанд. Онҳо кӯрро хонда, гуфтанд: «Осуда бош, бархез, ки туро мехонад». 50 Вай ҷомаи худро кашида, бархосту назди Исо омад. 51 Исо ба вай ҷавоб гардонда, гуфт: «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Кӯр ба Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Мехоҳам бино шавам». 52 Исо ба вай гуфт: «Бирав, ки имонат туро шифо бахшид». Вай дарҳол бино гашта, аз ақиби Исо дар роҳ равона шуд.

Марқус 11

1 ЧӮН наздики Ерусалим, ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинй, бар кӯҳи Зайтун расиданд, Ӯ ду шогирди Худро фиристода, 2 Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред; 3 «Ва агар касе ба шумо гӯяд: "Чаро чунин мекунед?" ба ҷавобаш бигӯед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад». 4 Онҳо рафта, курраро ёфтанд, ки дар кӯча назди дарвозае бастагӣ буд; ва онро воз карданд. 5 Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд: «Чӣ кор доред, ки курраро воз мекунед?» 6 Ба ҷавоби онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо фармуда буд; ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд. 7 Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он афканданд, то бар он савор шуд. 8 Бисьёр касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд. 9 Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд; «Ху шаъно! Муборак аст Он ки ба исми Хӯдованд меояд! 10 «Муборак аст малакути падари мо Довуд, ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!» 11 Ва Исо вориди Ерусалим шуда, ба маъбад даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рӯз бевакт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт-Ҳинӣ рафт.

Дарахти анчири бемева

12 Рӯзи дигар, чун аз Байт-Ҳинй берун омаданд, гурусна монд; 13 Ва аз дур дарахти анчирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он биёбад; чун наздик шуд, ҷуз баргҳо чизе наёфт, зеро ки мавсими анчир ҳанӯз нарасида буд. 14 Ва Исо ба он гуфт: «Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.

Пок кардани маъбад

15 Ба Ерусалим омаданд. Исо ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард; 16 Ва нагузошт, ки касе чизеро аз миёни маъбад бардошта гузарад. 17 Ва онҳоро таълим дода, мегуфт: «Оё навишта нашудааст, ки "хонаи Ман хонаи ибодати ҳамаи халкҳо номида хоҳад шуд"? Аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед». 18 Чун китобдонон ва саркоҳинон шуниданд, дар тараддуди он шуданд, ки чӣ тавр Ӯро ба ҳалокат расонанд; зеро аз Ӯ метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд. 19 Чун рӯз бевақт шуд, Ӯ аз шаҳр берун рафт. 20 Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст. 21 Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт: «Эй Ӯстод! Инак дарахти анҷире ки нафрин кардай, хушк шудааст».

Дуои имон

22 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: 23 «Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯх гӯяд: "Бархоста, худро дар баҳр афкан", ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чи гӯяд мешавад, - ҳар чӣ гуяд ба вай ато хоҳад шуд. 24 «Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, - ва ба шумо ато хоҳад шуд. 25 «Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гукоҳҳои шуморо биомурзад; 26 «Аммо агар афв накунед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо наомурзад».

Масьалаи қудрати Нсо

27 Боз ба Ерусалим омаданд. Ва ҳангоме ки Ӯ дар маъбад мегашт, саркоҳинон, китобдонон ва пирон назди Ӯ омада, 28 Гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?» 29 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам; 30 «Таъмиди Яҳьё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед». 31 Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имон наовардед?" 32 «Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд"» - аз мардум метарсиданд; зеро ки ҳама Яҳьёро набии барҳақ медонистанд. 33 Ба Исо ҷавоб дода гуфтанд: «Намедонем». Исо ҳам ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом кудрат ин корҳоро мекунам».

Марқус 12

Масал дар бораи токдорони бадкор

1 ПАС бо масалҳо ба онҳо оғози сухан намуда, гуфт: «Касе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт. 2 «Чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон бигирад, 3 «Лекин онҳо вайро дошта заданд ва тиҳидаст равона карданд. 4 «Боз хизматгори дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва дашном дода пеш карданд. 5 «Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисьёр касони дигарро - баъзеро заданд ва баъзеро куштанд. 6 «Як писари азизаш буд, ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт: "Аз писарам шарм хоҳанд дошт". 7 «Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то мерос аз они мо гардад". 8 «Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд. 9 «Пас соҳиби токзор чй хоҳад кард? Омада, токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд. 10 «Магар ин Навиштаро нахондаед: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид: 11 "Ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст"?» 12 Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ӯро вогузошта рафтанд.

Масъалаы хироҷ

13 Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд, то Ӯро аз суханаш афтонанд. 14 Онҳо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳасти ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунй, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст ё не? Бидиҳем ё надиҳем?» 15 Аммо Ӯ риёкории онҳоро дарьёфта, гуфт: «Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бубинам». 16 Онҳо оварданд. Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». 17 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: <Юн чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо». Ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат монданд.

Дар бораи эҳьёи мурдагон

18 Ва саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд: 19 «Эй Ӯстод! Мусо ба мо навиштааст: "Агар бародари касе бимирад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад, ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад". 20 «Хдфт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; 21 «Вайро дуюмин ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюм низ ҳамчунин. 22 «Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд. 23 «Пас, дар қиёмат, ки ҳама эҳьё хоҳанд шуд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд». 24 Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Магар гумроҳ нестед аз он рӯ, ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро? 25 «Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагон дар осмон мебошанд. 26 «Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳьё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт: "Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб"? 27 «Ваи на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон. Пас шумо басе гумроҳ шудаед».

Аҳкоми бузургтарин

28 Яке аз китобдонон, чун мубоҳисаи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некӯ дод, пеш омада, аз Ӯ пурсид: «Аввалини ҳамаи аҳком кадом аст?» 29 Исо ба вай ҷавоб дод: «Аввалини аҳком ин аст: "Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст; 30 "Ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамолш ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор"; аввалин аҳком ҳамин аст! 31 «Ва дуюмаш монанди он аст: "Ёри худро мисли худ дӯст бидор"; хукми дигаре бузургтар аз инҳо нест». 32 Китобдон ба Ӯ гуфт: «Офарин, эй Ӯстод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ҷуз Ӯ дигаре нест; 33 «Ва Ӯро бо тамоми дил ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёри худро мисли худ дӯст доштан аз ҳамаи курбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст». 34 Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт: «Ту аз Малакути Худо дур нестӣ». Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.

Исо - ҳам писари Довуд ва ҳам Худованди Довуд

35 Ва ҳангоме ки Исо дар маъбад таълим медод, савол дода, гуфт: «Чӣ сон китобдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст? 36 «Ва ҳол он ки худи Довуд бар тибқи Рӯҳулқудс мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»". 37 «Инак худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ сон Ӯ писари вай будааст?» Ва мардуми бисьёр каломи Ӯро бо хушнӯдӣ мешуниданд.

Риёкории китобдонон

38 Ва Ӯ онҳоро таълим дода, мегуфт: «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва дар бозорҳо табрик бишнаванд, 39 «Ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой бигиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд; 40 «Онҳо, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама сахттар маҳкум хоҳанд шуд».

Фулуси бевазан

41 Ва Исо дар муқобили ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чй сон мардум ба ганҷнна пул меандозанд. Аксари сарватдорон бисьёр меандохтанд. 42 Ва бевазани камбағале омада, ду фулус андохт, ки ним тин мешавад. 43 Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод; 44 «Зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чӣ дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод».

Марқус 13

Дар бораи омадани Исо. Заволи маъбад

1 ЧӮН Исо аз маъбад мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Бингар, чй навъ сангҳо ва чӣ навъ иморатҳост!» 2 Исо ба ҷавоби вай гуфт: «Ин иморатҳои бузургро мебинй? Ҳамаи ин хароб хоҳад шуд, ба дараҷае ки санге бар санге нахоҳад монд». 3 Ва чун Ӯ бар кӯҳи Зайтун дар муқобили маъбад нишаста буд, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс ба танҳой аз Ӯ пурсиданд: 4 «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад, ва аломати рӯй додани ҳамаи ин чй гуна аст?» 5 Он гоҳ Исо дар ҷавоби онҳо ба гуфтан оғоз намуд: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад; 6 «Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам, ва мардуми бисьёрро гумроҳ кунанд. 7 «Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекинин ҳанӯз интиҳо нест. 8 «Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём ҳоҳад кард; ва дар ҳар ҷо зилзилаҳо руй ҳоҳад дод, ва қаҳтиҳо ва ошӯбҳо падид хоҳад омад. Инҳо ибтидои дардҳост. 9 «Лекин шумо ҳудро эҳтиёт кунед; зеро нгуморо ба маҳкамаҳо ҳоҳанд кашид, ва дар куништҳо тозиёна ҳоҳанд зад, ва шуморо назди ҳокимону подшоҳон ба хотири Ман ҳозир хоҳанд кард, то барои онҳо шаҳодате гардад. 10 «Ва Лозим аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми ҳалқҳо мавъиза карда шавад. 11 «Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд бигӯед; балки он чи дар он соат ба шумо ато шавад, онро бигӯед: зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳулқудс аст. 12 «Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; вафарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳэрд расонд. 13 «Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт; лекин ҳар кй то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.

Мусибати бузург

14 «Чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бубинед, - ҳар кӣ хонад, дарк кунад, - он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; 15 «Ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд; 16 «Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад. 17 «Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём! 18 «Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рӯй надиҳад. 19 «Зеро дар он айём чунон мусибате хоҳад нгуд, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд. 20 «Ва агар Худованд он айёмро кӯтоҳ намекард, касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагоне ки Ӯ интихоб намудааст, он айёмро кӯтоҳ кардааст. 21 «Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: "Инак Масеҳ дар ин ҷост", ё "дар он ҷост", - бовар накунед. 22 «Зеро масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизот нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд. 23 «Лекин шумо ҳушьёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.

Омадани Писари Одам

24 «Лекин дар он айём, пас аз он мусибат, офтоб хира шавад ва моҳ рӯшноии ҳудро надиҳад. 25 «Ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд. 26 «Он гоҳ ГТисари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд. 27 «Ва он гоҳ Ӯ фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аэ канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард.

Масал дар бораи дарахти анҷир

28 «Акнун аз дарахти анҷир мисол гиред; чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст; 29 «Ҳамчунин шумо чун дидед, ки ин чизҳо воқеъ шудааст, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст. 30 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад игуд. 31 «Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест. 32 «Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Ладар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар. 33 «Пас, барҳазар ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.

Дар интизори омадани Худованд бедор бошед

34 «Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқаррар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад. 35 «Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон; 36 «Мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад. 37 «Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: "Бедор бошед"».

Марқус 14

Суиқасд ба муқобили Исо

1 ТО иди фисҳ ва фатир ду рӯз монда буд; саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон бо ҳила Ӯро дастгир карда, ба қатл расонанд; 2 Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».

Марьями сокини Байт-Хинй бар Исо равғани атрафшон мерезад

3 Ва ҳангоме ки Ӯ дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯни махавӣ назди суфра нишаста буд, - зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ӯ рехт. 4 Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд: «Чаро ин равғани атрафшон талаф шуд? 5 «Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурӯхта, ба мискинон тақсим карда додан мумкин буд». Ва он занро сарзаниш карданд. 6 Лекин Исо гуфт: «Вайро ором гузоред; чаро вайро хиҷил мекунед? Вай барои Ман коре некӯ кард. 7 «Зеро мискинон ҳар вакт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки бихоҳед, ба онҳо зҳсон карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам. 8 «Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: Бадани Маро барои дафн пешакӣ тадҳин кард. 9 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт».

Паймони таслимкунанда бо саркоҳинон

10 Ва Яҳудои Исқарьют, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши саркоҳинон рафт, то ки Ӯро ба онҳо таслим кунад. 11 Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд. Вай дар чустуҷӯи фурсати мувофиқ буд, ки Ӯро таслим кунад.

Фисҳи охирин

12 Дар рӯзи аввали иди фатир, ки барои фисҳ курбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ, ки фисҳро бихӯрӣ, то рафта тайёр кунем?» 13 Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳр биравед; марде ба шумо рост хоҳад омад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақиби вай равона шавед, 14 «Ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гуед: Ӯстод мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?" 15 «Ван ба шумо болохонаи калони мафрушу тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёрй бинед». 16 Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд ва} чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд; ва фисҳро омода карданд.

Фисҳ

17 Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ омад. 18 Ва ҳангоме ки нишаста таом мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён, ки бо Ман таом мехӯрад, Маро таслим хоҳад кард». 19 Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ӯ гуфтанд: «Оё он манам?» Ва дшаре: «Оё он манам?» 20 Лекин Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст дар табақ меандозад. 21 «Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим кардашавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».

Таоми шоми муқаддас

22 Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст». 23 Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нӯшиданд. 24 Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон рехта мешавад. 25 «Ба ростй ба шумо мегӯям: Ман дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Худо маи тоза бинӯшам».

Имтиҳони имони шогирдон

26 Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона нгуданд. 27 Ва Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод; зеро навишта шудааст: "Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд". 28 «Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт». 29 Петрус ба Ӯ гуфт: «Агар ҳама ба васваса афтанд ҳам, ман намеафтам». 30 Исо ба ваи гуфт: «Ба ростй ба ту мегӯям, ки ту ҳоло, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хохӣ кард». 31 Лекин вай бо ҷидду ҷахди зиёдтар мегуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро ҳаргиз инкор накунам». Дигарон низ ҳамчунон гуфтанд.

Исо дар Ҷатсамонӣ маҳзун мешавад ва дуо мегӯяд

32 Ба мавзее омаданд, ки Ҷатсамонӣ ном дошт; ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то Ман дуо гӯям». 33 Ва Петрус, Яъкуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва дар изтироб афтод ва дилтанг шуд. 34 Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бедор бошед».

Дуои якум

35 Ва, каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соат аз Ӯ бигзарад; 36 Ва гуфт: «Аббо, Падарам! Ҳама чиэ назди Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту». 37 Ва омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн! Ту хуфтаӣ? Оё натавонистӣ соате бедор бошӣ? 38 «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».

Дуои дуюм

39 Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт. 40 Ва баргашта, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ӯ чӣ ҷавоб диҳанд.

Дуои сеюм

41 Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Вассалом, соат расидааст; инак Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад; 42 «Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».

Таслим кардани Яҳудо ва ҳабс шудани Исо

43 Ва дарҳол, ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьере аз чониби саркоҳинон, китобдонон ва пирон бо шамшеру таёқҳо омаданд. 44 Таслимкукакдаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ ҳамон аст; Ӯро дастгир кунеду бо эҳтиет баред». 45 Ва чун омад, дарҳол ба Ӯ наздик шуда, гуфт: «Эй Ӯстод! Эй Ӯстод!» Ва Ӯро бӯсид. 46 Ва онҳо дастҳои худро бар Ӯ андохта, Ӯро гирифтанд.

Исоро ҳама тарк карданд

47 Аммо яке аз ҳозирон шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин заду як гӯши вайро бурида партофт. 48 Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт:«Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед; 49 «Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед; лекин бигзор Навиштаҳо ба амал ояд». 50 Он гоҳ ҳама Ӯро вогузошта, гурехтанд. 51 Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро ба чодире печонда, аз ақиби Ӯ мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд. 52 Лекин вай чодирро партофта, тани барахна аз дасти онҳо гурехт.

Исо ба ҳузури пирон

53 Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва тамоми саркоҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд. 54 Петрус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин, аз паи Ӯ равона шуда, бо хизматгорон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард. 55 Саркоҳинон ва тамоми шӯрои гщрон дар ҷустуҷӯи шаҳодате бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд, лекин наёфтанд. 56 Зеро бисьёр касон бар зидци Ӯ шаҳодати бардурӯғ доданд, лекин ин шаҳодатҳо ба якдигар мувофиқ набуд. 57 Ва баъзе касон бархоста, бар зидди Ӯ шаҳодати бардурӯғ дода, гуфтанд: 58 «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: "Ман ин маъбади бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рӯз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад"». 59 Лекин чунин шаҳодати онҳо низ мувофиқ набуд. 60 Пас саркоҳин бархост ва дар миёна истода, аз Исо лурсид: «Чаро Ту ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?» 61 Аммо Ӯ ҳомӯш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ӯ пурсида, гуфт: «Оё Ту Масеҳ, Писари Худои Мутабаррак ҳасти?» 62 Исо гуфт: «Ман ҳастам; ва шумо Писари Одамро ҳоҳед дид, ки ба ямини Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд». 63 Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: «Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем? 64 «Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?» Пас ҳама Ӯро айбдор карда, сазовори марг донистанд. 65 Ва баъзе касон ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд, ки: «Нубувват кун». Ва хизматгорон Ӯро торсакй мезаданд.

Петрус Худованди худро инкор мекунад

66 Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рӯи ҳавлӣ буд, яке аз канизони саркоҳин омад 67 Ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ту низ бо Исои Носирӣ будй». 68 Лекин вай инкор карда, гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурӯс бонг зад. 69 Каниз бори дигар вайро дида, ба ҳозирон гуфт: «Ин яке аз онҳост». 70 Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате ҳозирон ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту яке аз онҳо мебошй; зеро ки ту аз Ҷалил ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст». 71 Лекин вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: <Юн Одамро, ки мегӯед, намешиносам». 72 Ҳамон дам хурӯс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус сухани Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва оғоз ба гиристан намуд.

Марқус 15

Исо ба хузури Пилотус

1 БОМДОДОН фавран саркоҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шӯрои пирон машварат карданд ва Исоро баста бурданду ба Пилотус таслим карданд. 2 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастй?» Ӯ ҷавоб дода гуфт: «Ту мегӯӣ». 3 Ва саркоҳинон Ӯро бисьёр айбдор мекарданд. 4 Пилотус боз аз Ӯ пурсид: «Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бингар, ки чӣ қадар Туро айбдор мекунанд». 5 Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд.

Исо не, балки Бараббос

6 Дар ҳар ид вай як бандиро, ки меҳостанд, барои онҳо озод мекард. 7 Бараббос ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти исьён одам кушта буданд. 8 Ва мардум фарьёд зада, илтимос карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад. 9 Вай ба ҷавоби онҳо гуфт: «Оё мехоҳед, Подшоҳи Яҳудиенро барои шумо озод кунам?» 10 Зеро медонист, ки саркоҳинон Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд. 11 Лекин саркоҳинон мардумро барангеҳта буданд, ки Бараббосро барои онҳо озод кунад, беҳтар аст. 12 Пилотус боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Пас чй мехоҳед бикунам бо он Касе ки Ӯро Подшоҳи Яҳудиён меномед?» 13 Онҳо боз фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!» 14 Пилотус ба онҳо гуфт: «Ӯ чй бадй кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!» 15 Пас Пилотус, мардумро хушнӯд карданй шуда, Бараббосро барои онҳо озод кард ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.

Тамасхур ва тпахқир кардани Исо

16 Ва сарбозон Ӯро ба даруни ҳавлй, яъне ба сарбозҳона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд; 17 Ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд; 18 Ва оғоз ба салом намуданд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!» 19 Ва қамиш бар сараш заданд ва бар Ӯ туф карданд ва, зону зада, ба Ӯ таъзим карданд. 20 Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси худашро пушонданд ва Ӯро берун бурданд, то маслубаш кунанд. 21 Ва роҳгузареро аз Қурин, ки Шимъӯн ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад. 22 Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт. 23 Ва шароби бо мур омехтаро барои нӯшиданаш доданд; лекин Ӯ нанӯшид.

Маслуб кардани Исо ва мамогпи Ӯ

24 Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе бигирад. 25 Ва соати сеюм буд, ки Ӯро маслуб карданд. 26 Ва бар Ӯ чунин айбномае навишта шуда буд: «Подшохи Яхудиёнь. 27 Бо Ӯ ду роҳзанро, яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд. 28 Пас ба амал омад он Навиштае ки мегӯяд: «Аз ҷинояткорон шумурда шуд». 29 Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар чунбонда, мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунй! 30 «Худатро наҷот дода, аз салиб фурӯд ой». 31 Ҳамчунин саркоҳинон ва китобдонон Ӯро истеҳзо карда, ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! 32 «Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фурӯд ояд, то бубинем ва имон оварем». Ва онҳое ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд. 33 Чун соати шашум расид, тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гурифт. 34 Ва дар соаги нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Элӯҳӣ, Элӯҳӣ! Ламма сабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардай?» 35 Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Инак, Илъёсро меҳонад». 36 Пас шахсе шитоб карда, исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, ба Ӯ нӯшониданӣ шуд ва гуфт: «Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то Ӯро фурӯд оварад?» 37 Лекин Исо садои баланде бароварда, ҷон дод. 38 Ва пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд. 39 Мирисаде ки рӯ ба рӯи Ӯмеистод, чун дид, ки Ӯ бо чунин садо ҷон дод, гуфт: «Ба ростӣ ин Одам Писари Худо буд». 40 Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он чумла Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъкуби кӯчак ва Йӯсе буд, ва Салӯмит, 41 Ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз акиби Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, ва бисьёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омада буданд.

Дафни Исо

42 Ва чун шом шуд, зеро ки рӯзи ҷумъа, яъне бегоҳи шанбе буд, 43 Юсуф ном шахсе аз Ҳаромот, узви намоени шӯро, ки худаш низ интизори Малакути Худо буд, омад ва ҷасорат карда назди Пилотус даромад ва Ҷасади Исоро талаб кард; 44 Пилотус дар ҳайрат афтод, ки Ӯ зуд фавтидааст; ва юзбоширо талабида, аз вай пурсид, ки оё фавтид? 45 Ва чун аз юзбошӣ фаҳмид, Ҷасадро ба Юсуф дод. 46 Вай катоне харида ва Ҷасадро аз салиб фуроварда, ба он катон печонд ва ба қабре ки дар дохили санг тарошида буд, ниҳод; ва сангеро бар дари қабр гелонд. 47 Ва Марьями Маҷдалия ва Марьями модари Йӯсе диданд, ки куҷо гузошта шуд.

Марқус 16

Эҳьёи Исо ва воқеаҳои ин рӯз

1 БАЪД аз гузаштани шанбе, Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит ҳанут хариданд, то рафта Ӯро тадҳин кунанд. 2 Ва саҳарии рӯзи якшанбе, чун офтоб тулуъ кард, онҳо ба сари қабр омаданд, 3 Ва ба ҳамдигар мегуфтанд: «Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?» 4 Чун нитаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисьёр бузург буд. 5 Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд. 6 Вай ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ эҳьё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро ниҳода буданд. 7 «Лекин рафта, ба шогирдоии Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо ҳоҳед дид». 8 Ва зуд баромада, тозон аз пеши қабр рафтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, зеро ки метарсиданд.

Фармоиш дар бораи вазифа

9 Саҳарии рӯзи якшанбе эҳьё шуда, аввал ба Марьями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, зоҳир шуд. 10 Вай рафта, ба ҳамроҳони Ӯ, ки гирьену нолон буданд, ҳабар дод; 11 Лекин онҳо, чун шуниданд, ки Ӯ зинда аст, ва Ӯро вай дидааст, - бовар накарданд. 12 Баъд аз он ба сурати дигар ба ду нафари онҳо, ки ба Деҳа мерафтанд, дар роҳ зоҳир шуд. 13 Ва онҳо баргашта, ба дигарон ҳабар доданд; Лекин ба онҳо низ бовар накарданд. 14 Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонй ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро эҳьёшуда дида буданд? бовар накардаанд. 15 Ва ба онҳо гуфт: «Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот мавъиза кунед. 16 «Ҳар кй имон оварда, таъмид ёбад, наҷот ҳоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд. 17 «Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон ҳоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гӯянд; 18 «Ва морҳоро гиранд; ва агар заҳри қотиле бихӯранд, ба онҳо осеб нарасонад; ва даст бар беморон ниҳанд, онҳо шифо ебанд».

Сууди Исо

19 Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо суҳан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст. 20 Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломоти баъдина каломро собит мегардонд.

Луқо 1

1 АЗБАСКИ бисьёр касон ба тартиб додани нақли воқеаҳое шурӯъ кардаанд, ки рӯй доданошон дар миёни мо пурра маълум аст, 2 Чунон ки аз ибтидо ба василаи шоҳидон ва ходимони Калом ба мо расондаанд, - 3 Ман низ салоҳ донистам, ки ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам барои ту, эй Теофилуси мӯҳтарам, бинависам, 4 То ки ту боэътимодии таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаӣ, бидонӣ.

Пешгӯии таваллуди Яҳьёи Таъмиддиҳанда

5 Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудо, Закарье ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ӯ аз духтарони Ҳорун буда, Элисобаъ ном дошт. 6 Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рӯи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд. 7 Онҳо фарзанд надоштанд, зеро ки Элисобаъ нозой буд, ва ҳар ду ба гщронсолагй расида буданд. 8 Боре, вақте ки ӯ бо навбати худ пеши Худо каҳонат мекард, 9 Мувофиқи таомули каҳонат, куръа ба номи ӯ баромад, ки ба маъбади Худованд даромада, бухур кунад; 10 Ва дар вақги буҳур карданаш тамоми ҷамоат дар берун дуо мегуфтанд. 11 Баногоҳ фариштаи Худованд бар ӯ зоҳир гардида, дар тарафи рости қурбонгоҳи бухур истод. 12 Закарьё аз ин рӯъё музтариб шуда, ба ҳарос афтод. 13 Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эӣ Закарьё, натарс, зеро ки дуои ту мустаҷоб шудааст, ва зани ту Элисобаъ ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Яҳьё хоҳӣ номид. 14 «Ва туро шодмонӣ ва хурсандй насиб хоҳад шуд, ва бисьёр касон ба таваллуди ӯ шодӣ хоҳанд кард; 15 «Зеро ки ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳад нӯшид, ва аз шиками модари худ аз Рӯҳулқудс пур хоҳад буд, 16 «Ва бисьёр касонро аз банӣИсроил ба Худованд Худои онҳо руҷӯъ хоҳад кунонд. 17 «Ва пешопеши Ӯ бо рӯҳ ва қувваи Ильёс қадам хоҳад зад, го ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва номутеонро ба ҳикмати одилон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд муҳайё созад». 18 Закарьё ба фаришта гуфт: «Инро аз рӯи чй бидонам? Зеро ки ман гщр ҳастам, зани ман низ ба пиронсолагй расидааст». 19 Фаришта дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ман Ҷаброил ҳастам, ки ба ҳузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки бо ту сухан ронам ва ин муждаро ба ту бирасонам. 20 «Ва инак, забонат лол нгуда, то рӯзи ба амал омадани ин ту имконияти гап задан нахоҳӣ дошт, аз барои он ки басуханони ман, ки дар вақти худ ба иҷро хоҳанд расид, имон наовардӣ». 21 Дар ин миён ҷамоат мунтазири Закарье буданд ва тааҷҷуб менамуданд, ки ӯ дар маъбад даранг мекунад. 22 Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гал заданатавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ӯ дар маъбад рӯъее дидааст; ва ӯ ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд. 23 Вақте ки рӯзҳои ҳизматаш ба анҷом расқгь ба хонаи худ рафт. 24 Ва баъд аз он рӯзҳо зани ӯ, Элисобаъ, ҳомила шуда, панҷ моҳ худро аз ҳама пинҳон дошт, ва гуфт: 25 «Дар ин рӯзҳо Худованд назар карда, ба ман чунин амал кард, то ки нанги маро аз миёни мардум бардорад».

Хушхабар

26 Ва дар моҳи шашум Ҷаброили фаришта аз ҷониди Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд 27 Назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз ҳонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марьям буд. 28 Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар Ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастй». 29 Аммо ваи ӯро дида, аз суханонаш музтариб шуд ва дар дили худ гуфт, ки ин чй саломе бошад. 30 Ва фаришта ба вай гуфт: «Эй Марьям, натарс, зеро ки ту назди Худо файз ёфтаӣ; 31 «Ва инак, ҳомила шуда, Писаре ҳоҳӣ зоид, ва Ӯро Исо ҳоҳӣ номид; 32 «Ва Ӯ бузург ҳоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида ҳоҳад шуд; ва Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод; 33 «Ва ӯ бар ҳонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд, ва салтанати Ӯ интихо нахоҳад дошт». 34 Марьям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ гуна мешавад, дар сурате ки ман бокира ҳастам?» 35 Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулкудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя ҳоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида ҳоҳад шуд; 36 «Инак, ҳеши ту, Элисобаъ, ки ӯро нозой меноманд, ӯ низ дар пирии ҳуд писаре дар шикам дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ӯст; 37 «Зеро ки назди Худо ҳеҷ каломе бе оқибат намемонад». 38 Маръям гуфт: «Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи каломи ту бшпавад». Ва фаришта аз пеши вай рафт.

Марьям иаяди Элисобаъ меравад

39 Дар он рӯзҳо Марьям роҳсипор шуда, бо шитоб ба шаҳре рафт, ки дар кӯҳистони Яҳудо воқеъ аст, 40 Ва ба ҳонаи Закарьё даромада, ба Элисобаъ салом гуфт. 41 Ва чун Элисобаъ саломи Марьямро шунид, бача дар шикамаш ба ҷунбиш омад; ва Элисобаъ аз Рӯҳулқудс пур шуд, 42 Ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт: «Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самараи шиками ту! 43 «Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Худованди ман назди ман омадааст? 44 «Зеро ки чун садои саломи ту ба гӯшам расид, бача аз шодй дар шикамам ба чунбиш омад; 45 «Ва хушо вай, ки имон овардааст, ки он чи аз ҷониби Худованд ба вай гуфта шудааст, ба амал хоҳад омад».

Тароиаи Марьям

46 Ва Марьям гуфт: «Чони ман Худовандро ситоиш мекунад, 47 «Ва рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад, 48 «Ки Ӯ бар фурӯтании канизи Худ назар кардааст; зеро ки минбаъд ҳамаи наслҳо маро ҳушбахт хоҳанд хонд; 49 «Зеро ки он Қодир чизи бузурге барои ман ба амал овард, ва исми Ӯ муқаддас аст, 50 «Ва марҳамати Ӯ насл ба насл барои касонест, ки аз Ӯ метарсанд; 51 «Қуввати бозуи Худро зоҳир сохт; онҳоеро, ки аз андешаҳои дилашон мағрур буданд, пароканда кард; 52 «Зӯроваронро аз тахтҳо вожгун сохт ва фурӯтанонро сарафроз гардонд; 53 «Гуруснагонро аз неъматҳо лур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод; 54 «Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ кард, ба хотираи марҳамати Худ, - 55 «Чунон ки ба падарони мо гуфта буд, - ба Иброҳим ва насли ӯ то абад». 56 Ва Марьям қариб се моҳнаэди ӯ монд ва баъд бахонаи худ баргашт.

Таваллуди Яҳьёи Таъмиддиҳанда

57 Чун вақти зоидани Элнсобаъ расид, ӯ писаре зоид. 58 Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ӯ шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ӯ афзун кардааст, ва бо ӯ шод шуданд. 59 Ва дар рӯзи ҳащтум омаданд, ки кӯдакро хатна кунанд, ва мехостанд ӯро, аз рӯи номи падараш, Закарьё ном монанд. 60 Лекин модараш дар ҷавоб гуфт: «Не, балки ӯ Яҳьё номида хоҳад шуд». 61 Ба вай гуфтанд: «Дар авлоди ту касе нест, ки чунин ном дошта бошад». 62 Ва бо имову ишорат аз падараш пурсиданд, ки ӯро чӣ ном ниҳодан мехоҳад. 63 Ӯ тахтачае талабида, бар он навишт: «Нолш ӯ Яҳьёст». Ва ҳама мутааҷҷиб шуданд. 64 Дарҳол даҳон ва забони ӯ кушода шуд, ва ӯ ба сухан даромада, Худоро ҳамду сано хонд. 65 Ва ҳамаи ҳамсояҳои онҳо ба ҳарос афтоданд; ватамоми ин воқеаро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудо нақл мекарданд. 66 Ва ҳар кӣ мешунавид, инро дар дили худ ҷо дода, мегуфт: «Ин кӯдак кӣ хоҳад шуд?» Ва дасти Худованд бо ӯ буд.

Таронаи Закарьё

67 Падари ӯ, Закарье, аз Рӯҳулқудс пур шуд ва нубувват намуда, гуфт: 68 «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосй ато фармудааст, 69 «Ва барои мо дар хонадони бандаи Худ Довуд шохи наҷот барпо кардааст, 70 «Чунон ки аз қадим бо забони анбиёи муқаддаси Худ гуфтааст, 71 «Ки моро аз душманони мо ва аз дасти ҳамаи онҳое ки аз мо нафрат доранд, наҷот хоҳад дод; 72 «Ба падарони мо марҳамат намуда, аҳди муқаддаси Худро, 73 «Қасамеро, ки Ӯба падари мо Иброҳим ёд карда буд, ба хотир хоҳад овард, 74 «Ва ба мо имконият хоҳад дод, ки аз дасти душманони худ халос шуда, бе тарсу бим 75 «Ба Ӯ бо қудсият ва адолат хизмат кунем, дар ҳолате ки тамоми айёми умри худ пеши Ӯ бошем. 76 «Ва ту, эй кӯдак, набии Ҳаққи Таоло хонда хоҳӣ шуд, зеро ки пешопеши Худованд қадам хоҳй зад, то ки роҳҳои Ӯро муҳайё кунӣ. 77 «Ва ба қавми Ӯ бифаҳмонӣ, ки наҷот дар омурзиши гуноҳхои онҳост, 78 «Аз умқи марҳамати Худои мо, ки бо онморо Найири Толеъ аз олами боло парасторӣ намуд, 79 «То ки касони дар торикӣ ва сояи марг нишастаро мунаввар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад». 80 Ва кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт, ва то рӯзе ки бар Исроил зохир гардид, дар биёбонҳо буд.

Луқо 2

Таваллуди Исо. Исми Ӯ

1 ДАР он айём аз ҷониби қайсар Авғустус фармоне баромад, ки дар тамоми рӯи замин саршуморй гузаронанд. 2 Дар замоне ки Кириниюс дар Сурия ҳукмронӣ мекард, ин саршуморӣ аввалин буд. 3 Ва ҳама барои нависондани худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд. 4 Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудо , ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ӯ аз хонадон ва авлоди Довуд буд, 5 То худро бо Марьям, ки номзади ӯ ва ҳомиладор буд, нависонад. 6 Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид; 7 Ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.

Парастпиши чӯпонон

8 Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонй мекарданд. 9 Ва фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо бағоят ҳаросон пгуданд. 10 Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм ҳоҳад буд: 11 «Имруз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст; 12 «Ва ин аст аломат барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт». 13 Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: 14 «Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагй бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод». 15 Вақте ки фариштагон аз пеши онҳо ба осмон сууд карданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он чиро, ки дар он ҷо воқеъ шудааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бубинем». 16 Ва бо шитоб омаданд, ва Марьям ва Юсуф ва Кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд. 17 Ва чун диданд, он суханеро, ки ба онҳо дар бораи Ин Кӯдак гуфта шуда буд, нақл карданд. 18 Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, мутааҷҷиб шуданд. 19 Ва Марьям ҳамаи ин суханонро дар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт. 20 Ва чӯпонон баргашта, Худоро ҳамду сано меҳонаданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд.

Қурбонй дар маъбад барои модар ва Кӯдак

Хатнаи Исо

21 Вақге ки дар ҳаштрӯзагӣ Ӯро хатна карданд, ба Ӯ Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ӯро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд. 22 Ва ҳангоме ки айёми татҳири онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ӯро ба Ерусалим оварданд, то киба Худованд пешниҳод кунанд, 23 Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: "Ҳар махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд, муқаддаси Худованд хонда мешавад"; 24 Ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар курбонӣ кунанд.

Парастиш ва нубуввати Шимъун

25 Ва инак, дар Ерусалим Шимъӯн ном марде буд, ки марди одил ва парҳезгор ва мунтазири тасаллои Исроил буд, ва Рӯҳулқудс бар ӯ буд. 26 Ва аз Рӯҳулқудс ба ӯ маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, фавтро нахоҳад дид. 27 Ва ӯ ба ҳидояти Рӯҳ ба маъбад омад. Ва ҳангоме ки Исои Кӯдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ӯ ба ҷо оваранд, 28 Ӯро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт: 29 «Акнун, Эй Парвардигор, бандаи Худро, мувофиқи ваъдаи Худ, ба саломатӣ ҷавоб медиҳӣ; 30 «Зеро ки чашмони ман наҷоти Туро дид, 31 «Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо муҳайё сохтй: 32 «Нурест, ки чашми халқҳоро кушояд, ва ҷалоли қавми Исроили Ту бошад». 33 Ва Юсуф ва модари Ӯ аз он чи дар бораи Ӯ гуфта шуд, мутааҷҷиб гардиданд. 34 Ва Шимъӯн онҳоро баракат дода, ба Марьям, модари Ӯ, гуфт: «Инак, Ӯ барои ғалтидан ва бархостани бисьёр касон дар Исроил ва барои аломати муноқишот таъин шудааст, - 35 «Дар ҷони Ту низ шамшере фурӯ хоҳад рафт, - то ки андешаҳои дилҳои бисьёр ошкор шавад».

Парастиши Ҳано

36 Дар он ҷо низ набияе, Ҳано духтари Фануил, аз сибти Ошер буд, ки хеле солхӯрда буд, ва аз давраи бакораташ ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагй карда буд, 37 Ва то ҳаштоду чорсолагй бева буд. Вай аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард. 38 Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Ҳудовандро ҳамду сано хонд ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Ерусалим буданд, дар бораи Ӯ сухан ронд.

Баргагитом ба Носира. Солҳои сокит

39 Баъд аз он ки тамоми маросимро мувофики шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд. 40 Ва Кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавй мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ӯ буд.

Исои дувоздаҳсола дар маъбад

41 Ҳар сол падару модари ӯ барои иди фисҳ ба Ерусалим мерафтанд. 42 Инчунин вақте ки Ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯи таомули ид ба Ерусалим омаданд, 43 Ва ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Ӯ пайхас нарафтанд, 44 Ба гумони он ки Ӯ бо аҳли қофила меояд; ва як рӯз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба чустуҷӯи Ӯ шурӯъ карданд; 45 Ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтаниӮ баЕрусалим баргаштанд. 46 Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбад ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод; 47 Ва ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷиб мешуданд. 48 Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модари Ӯ ба Ӯ гуфт: «Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хӯрда, Туро ҷустучӯ кардем». 49 Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро чустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?» 50 Вале онҳо ба суханоне ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд. 51 Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва дар итоати онҳо буд. Ва модари Ӯ ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт. 52 Ва Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард.

Луқо 3

Хизматгузории Яҳьёи Таъмиддиҳаида

1 ДАР соли понздаҳуми ҳукмронии қайсар Тибариюс, вақте ки Понтиюс Пилотус дар Яҳудо фармонравоӣ мекард, ва Ҳиродус тетрархи Ҷалил,вабародараш Филиппус тетрархи Итурил ва вилояти Тархонитус, ва Лисониюс тетрархи Абилин буд, 2 Дар айёми саркоҳинон Ҳонон ва Каёфо, каломи Худо ба Яҳьё ибни Закарьё расид. 3 Ва ӯ тамоми кишвари атрофи Ӯрдунро тай карда, таъмиди тавбаро барои омурзиши гуноҳҳо мавъиза менамуд, 4 Чунон ки дар китоби нутқҳои Ишаъёи набй навишта шудааст: «Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед; 5 «Ҳар водй баланд, ва ҳар кӯҳ ва теппа паст, ва ҳар каҷӣ роҳи рост, ва ҳар роҳи ноҳамвор ҳамвор хоҳад шуд; 6 «Ва ҳар башар наҷоти Худоро хоҳад дид». 7 Ва ба мардуме ки берун меомаданд, то ки аз ӯ таъмид ёбанд, мегуфт: «Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед? 8 «Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагӯед, ки "падари мо Иброҳим аст!"; зероба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вучуд оварад; 9 «Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд». 10 Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, чй кунем?» 11 Дар ҷавоби онҳо мегуфт: «Касе ки ду курта дорад, ба касе ки надорад, бидиҳад; ва касе ки хӯрок дорад, низ чунин амал кунад». 12 Боҷгирон низ барои таъмид омада, ба ӯ гуфтанд: «Эй устод, чӣ кунем?» 13 Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он чи барои шумо муқаррар шудааст, талаб накунед». 14 Сарбозон низ аз ӯ пурсида, гуфтанд: «Пас мо чӣ кунем?» Ба онҳо гуфт: «Касеро озор надиҳед, дар ҳаққи касе тӯҳмат накунед, ва ба маоши худ қаноат намоед». 15 Ва ҳангоме ки мардум интизор меистоданд, ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳьё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не, - 16 Яҳьё дар ҷавоби ҳамаи онҳо мегуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, лекин Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ӯро воз кунам, Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод; 17 «Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандумро дар анбори Худ гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда хоҳад сӯзонд». 18 Боз бисьёр чизҳои дигарро ба мардум башорат дода, онҳоро насиҳат мекард.

Ҳабс шудани Таъмиддиханда

19 Ва тетрарх Ҳиродус барои Ҳиродия, зани бародараш, ва барои ҳамаи бадиҳое ки карда буд, ба мазаммати ӯ дучор шуда, 20 Инро низ бар ҳамаи онҳо илова намуд, ки Яҳьёро дар зиндон андохт.

Таъмиди Исо

21 Ҳангоме ки тамоми мардум таъмид меёфтанд, ва Исо низ таъмид ёфта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд, 22 Ва Рӯҳулкудс дар шакли ҷисмонӣ, чун кабӯтаре, бар Ӯнозил шуд, ва овозе аз осмон омад, ки мегуфт: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастй; ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст!»

Насабномаи Марьям, модари Исо

23 Ва Исо, вақте ки ба хизмати Худ шурӯъ намуд,тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ, 24 Ибни Маттот, ибни Левӣ, ибни Малкӣ, ибни Яннай, ибни Юсуф, 25 Ибни Матитьё, ибни Омӯс, ибни Наҳум, ибни Ҳеслӣ, ибни Наҷҷой, 26 Ибни Маҳат, ибни Матитьё, ибни Шимъӣ, ибни Юсуф, ибнл Йӯдо, 27 Ибни Йӯҳонон, ибни Ресо, ибни Зарубобил, ибни Шаалтиил, ибни Нерй, 28 Ибни Малкӣ, ибни Аддӣ, ибни Қӯсом, ибни Элмадом, ибни Эр, 29 Ибни Йӯсе, ибни Элиэзер, ибни Йӯрим, ибни Маттот, ибни Левй, 30 Ибни Шимъӯн, ибни Яҳудо, ибни Юсуф, ибни Йӯном, ибни Эльёқим, 31 Ибни Мальё, ибни Мино, ибни Матато, ибни Нотон, ибни Довуд, 32 Ибни Йисой, ибни Ӯбид, ибни Бӯаз, ибни Салмӯн, ибни Наҳшӯн, 33 Ибни Аминодоб, ибни Ром,ибниҲесрӯн, ибни Форас, ибни Яҳудо, 34 Ибни Яъкуб, ибни Исҳоқ, ибни Иброҳим, ибни Тораҳ, ибни Ноҳӯр, 35 Ибни Саруҷ, ибни Рау, ибни Фолаҷ, ибни Эбар, ибни Шолаҳ, 36 Ибни Қенон, ибни Арфакшад, ибни Сом, ибни Нӯҳ, ибни Ломак, 37 Ибни Матушолаҳ, ибни Ҳанӯх, ибни Ёрад, ибни Маҳалалъил, ибни Қенон, 38 Ибни Анӯш, ибни Шет, ибни Одам, ибни Худо буд.

Луқо 4

1 ВА Исои пур аз Рӯҳулқудс аз Ӯрдун баргашт, ва Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд, 2 Ва чиҳил рӯз Ӯро иблис меозмуд, ва дар он рӯзҳо Ӯ чизе нахӯрд; ва баъд аз тамом шудани онҳо гурусна монд. 3 Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошй, ба ин санг бигӯй, ки нон шавад». 4 Исо ба вай ҷавоб дод: «Навишта шудааст, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар каломи Худо». 5 Ва Ӯро ба кӯҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ӯ нишон дод, 6 Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Тамоми салтанат ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам; 7 «Пас, агар Ту ба ман саҷда кунй, ҳамааш аз они Ту мешавад». 8 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки: "Ба Худованд Худои худ сачда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо"». 9 Ва Ӯро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбадгузошт, ва ба Ӯгуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз; 10 «3еро ки навишта шудааст: "Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод, ки Туро нигоҳдорй кунанд; 11 «Ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанй"». 12 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Гуфта шудааст, ки: "Худованд Худои худро наозмой"». 13 Ва иблис тамоми озмоишро ба итмом расонда, то муддате аз Ӯ дур шуд.

Хизматгузории Исо дар Ҷалил

14 Ва Исо бо қуввати рӯҳ ба Ҷалил баргашт, ва овозаи Ӯ дар тамоми кишвар паҳн шуд. 15 Ва Ӯ дар куништҳои онҳо таълим медод, ва ҳама Ӯро ситоиш мекарданд.

Исо дар куништи Иосира

16 Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбият ёфта буд, омад ва, аз рӯи одати Худ, рӯзи шанбе ба куништ даромад ва барои қироат бархост. 17 Ба Ӯ китоби Ишаъёи набиро доданд; ва Ӯ китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд: 18 "Рӯҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам. 19 "Ва соли таваҷҷӯҳи Худовандро мавъиза намоям". 20 Ва китобро пӯшонда, ба ходим дод ва нишаст; ва чашмони ҳама дар куништ ба Ӯ дӯхта шуда буд. 21 Ва Ӯ ба сухан оғоз намуда, ба онҳо гуфт: «Имрӯз ин навищта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст». 22 Ва ҳама ба Ӯ шаҳодат медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб шуда, мегуфтанд: «Оё Ӯ гшсари Юсуф нест?» 23 Ба онҳо гуфт: «Албатта, щумо ба Ман ин мақолро хоҳед гуфт: "Эйтабиб! Худатро шифобидеҳ; ҳарончишунидаем, ки дар Кафарнаҳум воқеъ шудааст, ин ҷо низ, дар ватани Худ бикун"». 24 Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ пайғамбаре дар зодгоҳи худ мақбул нест. 25 «Аз рӯи ҳақиқат ба шумо мегӯям: бисьёр бевазанон дар Исроил дар айёми Ильёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста щуда буд, ба тавре ки дар тамоми рӯи замин қаҳтии сахте рӯй дод, 26 «Вале Ильёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд, балки фақат назди бевазане ба Сорфатои Сидӯн; 27 «Ва бисьёр махавиён дар Исроил дар айёми Элишои набӣ буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки фақат Наамони сурьёнй». 28 Тамоми аҳли куништ инро шунида, пур аз ғазаб шуданд, 29 Ва бархоста, Ӯро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кӯҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ӯро ба зер афкананд; 30 Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт.

Исо дар Кафарнаҳум

31 Ва ба Кафарнаҳум, шаҳри Ҷалил, омад, ва дар рӯзҳои шанбе онҳоро таълим медод. 32 Ва онҳо аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки каломи Ӯ боқудрат буд. 33 Дар куништ касе буд, ки рӯҳи деви палид дошт, ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: 34 «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Куддуси Худо!» 35 Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!» Ва дев ӯро дар миёна афтонда, аз ӯ берун шуд, ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонд. 36 Хдма ба воҳима афтоданд, ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ гапест, ки Ӯ бо қудрат ва қувват ба арвоҳи палқц амр мефармояд, ва онҳо берун меоянд?» 37 Ва овозаи Ӯ дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.

Исо модараруси Петрус ва Оисьёр касони дигарро ишфо медиҳад

38 Ӯ аз куништ баромада, ба хонаи Шимъӯн омад; модарарӯси Шимъӯн ба табларзаи сахте гирифтор буд; ва дар хусуси вай аз Ӯ илтимос карданд. 39 Ва Ӯ наздики вай омада, табларзаро манъ кард; ва он нест шуд. Вай дарҳол бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт. 40 Дар вақти фурӯ рафтани офтоб ҳамаи онҳое ки беморони гирифтори касалиҳои гуногун доштанд, онҳоро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ ба ҳар яке аз онҳо даст гузошта, онҳоро шифо медод. 41 Девҳо низ аз бисьёр касон берун омада, бо фарьёд мегуфтанд: «Ту Масеҳ Писари Худо ҳастй». Аммо Ӯ онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонистанд.

Исо дар тамоми Яҳудо мавьиза менамояд

42 Чун субҳ дамид, Ӯ берун омада, бахилватгоҳе рафт, вале мардум Ӯро кофта ёфтанд ва назди Ӯ омаданд, ва Ӯро нигоҳ медоштанд, ки аз пешашон наравад. 43 Ба онҳо гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам». 44 Ва дар куништҳои Ҷалил мавъиза мекард.

Луқо 5

Моҳигирии мӯъҷизаосо

1 БОРЕ, вақте ки мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то ки каломи Худоро гӯш кунанд, ваӮ дар канори кӯли Ҷинесор истода буд, - 2 Ду қаиқро дид, ки дар кӯл истода буданд, ва сайёдони моҳӣ аз онҳо берун омада, тӯрҳои худро шустушӯй мекарданд. 3 Ба яке аз қаиқҳо, ки аз они Шимъӯн буд, савор шуда, аз вай хоҳиш кард, ки андаке аз соҳил дуртар ронад, ва Ӯ дар қаиқ нишаста, мардумро таълим медод. 4 Ва ҳангоме ки суханаш ба поён расид, ба Шимъӯн гуфт: «Ба чуқуроб бирон, ва тӯрҳои худро барои сайд андозед». 5 Шимъӯн дар ҷавоби Ӯгуфт: «ЭЙ Ӯстод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам». 6 Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайдкарданд, ва кам монда буд, ки тӯрашон кафида равад. 7 Ва ба рафиқони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорат карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд; ва онҳо омада, ҳар ду қаиқро пур карданд, ба тавре ки қариб буд зери об раванд. 8 Шимъӯни Петрус, чун инро дид, пеши Исо зону зада, гуфт: «Худовандо! Аз пепш ман бирав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам». 9 Зеро ки вай ва ҳамаи ҳамроҳонаш аз ин сайди моҳиёне ки ба даст оварда буданд, дар даҳшат афтоданд, 10 Ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанко, писарони Забдой низ, ки шарикони Шимъӯн буданд. Ва Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс; минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард». 11 Ва ҳар ду қаиқро ба соҳил бароварданд, ва ҳамаро тарк карда, аз ақиби Ӯ равона шуданд.

Исо махавиро шифо медихад

12 Вакте ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад ва, чун Исоро дид, рӯй ба замин ниҳода, аз Ӯ илтимос кард: «Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунй». 13 Ӯ дасти Худро дароз карда, вайро Ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Ва дарҳол махав аз вай нест шуд. 14 Ва Ӯ ба вай таъин кард, ки ба ҳеҷ кас гап назанад, балки рафта худро ба кохин нишон диҳад ва барои пок шудани худ он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кунад, то ба онҳо шаҳодате гардад. 15 Аммо овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд, ва шумораи зиёди мардум назди Ӯ ҷамъ меомаданд, то ки каломашро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд. 16 Ва Ӯ ба ҷойҳои хилват мерафт ва дуо мегуфт.

Щифо ёфтаии мафлуҷ

17 Рӯзе аз рӯзҳо, вақге ки Ӯ таълим медод, вафарисиён ва муаллимони шариат аз тамоми деҳоти "Ҷалил ва аз Яҳудо ва Ерусалим омада, дар он ҷо нишаста буданд, ва куввати Худованд дар шифо доданаш зоҳир мешуд, - 18 Инак, якчанд кас марди мафлуҷеро бо бистараш бардошта оварданд, ва мехостанд вайро дароварда, пеши Ӯ бигузоранд, 19 Вале ба сабаби бисьёрии мардум роҳе барои даровардани вай наёфта, болои бом баромаданд ва аз миёни сафолҳои он вайро бо бистараш ба миёнаи хона пеши Исо поён фуроварданд. 20 Ва Ӯ имони онҳоро дида, гуфт: «Эй одамизод, гуноҳҳои ту омурзида шуд». 21 Китобдонон ва фарисиён дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Ин кист, ки куфр мегӯяд? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?» 22 Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо дар дили худ чй андешаҳо доред? 23 «Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтаки он ки "бархез ва равона шав"? 24 «Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин кудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад» - ба мафлуҷ гуфт: «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав». 25 Вай дарҳол дар пеши назари онҳо бархост, бистари худро бардошт ва, Худоро сипоскунон, ба хонаи худ равона шуд. 26 Ва ҳама дар ҳайрат монданд, ва Худоро ҳамду сано мехонданд, ва дар ҳолате ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои аҷоибе дидем».

Даъват кардаии Матто. Исо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хурок мехӯрад

27 Баъд аз ин Ӯ берун рафта, Левй ном боҷгиреро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». 28 Вай ҳама чизро тарк карда, бархост ва аз паи Ӯравона шуд. 29 Ва Левӣ дар хонаи худ барои Ӯ зиёфати калоне дод, ва шумораи зиёди боҷгирон ва касони дигар дар он ҷо буданд, ва онҳо бо Ӯ назди суфра нишастанд. 30 Китобдонон ва фарисиён норизогӣ баён намуда, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯред ва менӯшед?» 31 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд; 32 «Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».

Масьалаи рӯзадорӣ

33 Ба Ӯ гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳьё бисьёр рӯза медоранд ва дуо мегӯянд, ҳамчунин шогирдони фарисиён низ, лекин шогирдони Ту мехӯранд ва менӯшанд?» 34 Ба онҳо гуфт: Юё метавонед аҳли кӯшки никоҳро, модоме ки домод бо онҳост, ба рӯзадорӣ водор намоед? 35 «Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ, дар он айём рӯза хоҳанд дошт».

Масалҳо дар бораи ҷома ва машк

36 Дар айни ҳол ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас порчае аз ҷомаи нав гирифта, бар ҷомаи кӯҳна ямоқ намемонад; вагар на, ҳам ҷомаи навро пора мекунад, ва ҳам ямоқи нав ба ҷомаи кӯҳна мувофиқ намеояд. 37 «Ва ҳеҷ кас шароби навро дар машки кӯҳна намеандозад; вагар на шароби нав машкро дарида, ҳам худаш мерезад, ва ҳам машк талаф мешавад; 38 «Лекин шароби навро дар машки нав андохтан ло~ зим аст; дар он сурат ҳар ду маҳфуз хоҳанд монд. 39 «Ва ҳеҷ кас шароби кӯҳнаро нӯшида, дарҳол навашро талаб намекунад, зеро ки мегӯяд: шароби кӯҳна хуб аст».

Луқо 6

Исо ва қоидаҳои яҳудиён дар бораи рузи шанбе

1 ЯК рӯзи шанбе чунин воқеъ шуд, ки Ӯ аз миёни киштзор мегузашт, ва шогирдони Ӯ хӯшаҳоро мечиданд ва ба каф молида, мехӯрданд. 2 Ва баъзе аз фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо коре мекунед, ки кардани он дар шанбе раво нест?» 3 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чй кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд? 4 «Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро гирифта хӯрд, ва ба ҳамроҳони худ низ дод, ва ҳол он ки хӯрдани он раво набуд, ҷуэ барои коҳикон?» 5 Ва ба онҳо гуфт: «Пясари Одам оғои шанбе низ мебошад».

Шифо ёфтани дастхушк

6 Як рӯзи шанбеи дигар Ӯ ба куништ даромада,таълим медод, ва дар он ҷо марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд. 7 Китобдонон ва фарисиён аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то ки аибе ба гардани Ӯ бор кунанд. 8 ВаӮ андешаҳои онҳоро пай бурда, ба марди дастхушк гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо биист». Вай бархост ва истод. 9 Ва Исо ба онҳо гуфт: «Аз шумо мепурсам, ки дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст: некӣ кардан, ё бадӣ кардан? ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?» 10 Ва ба ҳамаи онҳо назар афканда, ба он мард гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай чунин кард, ва дасташ мисли дасти дигараш сиҳат шуд. 11 Аммо онҳо бисьёр дарғазаб шуда, бо ҳамдигар муҳокима мекарданд, ки ба Исо чӣ кунанд.

Интихоб шудани дувоздаҳ нафар ва номҳои онҳо

12 Дар он айёмӮ барои дуо гуфтан ба фарози кӯҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт. 13 Вақте ки чашми рӯз кушода шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи ҳаввориёнро дод, ки инҳоянд: 14 Шимъӯн, ки ӯро Петрус номид, вабародараш Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филлиппус ва Барталмо, 15 Матто ва Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯн, ки лақабаш Ғаюр буд, 16 Яҳудо ибни Яъкуб ва Яҳудои Исқарьют, ки баъдтар таслимкунандаи Ӯ шуд.

Фаьолияти Исо то ҳудуди Яҳудо вусьат меёбад

17 Ва бо онҳо фурӯд омада, бар ҷои ҳамворе истод, ва шумораи зиёди шогирдонаш ва мардуми бисьёре аз тамоми Яҳудо па Ерусалим ва аз соҳили Сӯр ва Сидӯн ҷамъ омаданд, 18 То ки каломи Ӯро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд; дар байнашон ҳамчунин гирифторони арвоҳи палид буданд; ва шифо меёфтанд. 19 Ва тамоми издиҳом саъю кӯшиш мекарданд, ки Ӯро ламс намоянд, чунки куввате аз Ӯ берун омада, ҳамаро шифо мебахшид. Мавъизаи Исо: Аҳкоми хушбахтӣ. 20 Ва Ӯ ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт: «Хушо шумо, эй мискинон, зеро ки Малакути Худо аз они шумост. 21 «Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, зеро ки сер хоҳед шуд. Хушо шумо, ки ҳоло гирьён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд. 22 «Хушо шумо, вакте ки мардум ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат намоянд, ва шуморо дур кунанд, ва дашном диҳанд, ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд. 23 «Дар он рӯз шодй кунеду ба ваҷд биёед, зеро ки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо анбиё ҳамин тавр рафтор карда буданд.

Эълон кардани: вой бар ҳоли шумо!

24 «Бар акси ин, вой бар ҳоли шумо, эй сарватдорон! Зеро ки шумо аллакай тасаллои худро ёфтаед. 25 «Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло сер ҳастед! Зеро ки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло хандон ҳастед, зеро ки мотам хоҳед гирифт ва гирья хоҳед кард. 26 «Вой бар ҳоли шумо, вакте ки тамоми мардум щуморо таъриф кунанд. Зеро ки падарони онҳо бо анбиёи козиб ҳамин тавр рафтор карда буданд.

Бартараф кардани бадӣ ба воситаи муҳаббат

27 «Лекин ба шумо, эй шунавандагон,мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, ба нафраткунадагони худ некй кунед, 28 «Барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед ва барои озордиҳандагони худ дуо гӯед. 29 «Ҳар кӣ ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи вай бигардон; ва ҳар кй ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ ба вай монеъ нашав. 30 «Ҳар кӣ аз ту чизе талаб кунад, ба вай бидеҳ, ва ҳар кӣ чизи туро бигирад, гашта доданашро талаб накун. 31 «Ва чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед. 32 «Ва агар касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ дӯстдорандагони худро дӯст медоранд. 33 «Ва агар ба касоне некӣ кунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ чунин мекунанд. 34 «Ва агар ба касоне қарз диҳед, ки ба гашта гирифтан аз онҳо умед доред, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ ба гуноҳкорон қарз медиҳанд, то ки аз онҳо ҳамон қадар гашта гиранд. 35 «Лекин шумо душманони худро дӯст бидоред, ва некӣ кунед, ва карз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ӯ ба носилосон ва бадон меҳрубон аст. 36 «Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст.

Ба мукобили маҳкум кардани дигарон

37 «Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум наҳоҳед шуд; бибахшед ва бахшида хоҳед шуд; 38 «Бидиҳед, ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби чунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд». 39 Ва масале низ ба онҳо гуфт: «Оё метавонад кӯре ба кӯри дигар роҳнамой кунад? Оё ҳар ду дар чоҳ намеафтанд? 40 «Шогирд аз муаллими худ авло нест; аммо, пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд. 41 «Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ? 42 «Ё чӣ тавр метавонӣ ба бародари худ гӯй: "Эй бародар! Иҷозат деҳ хасро аз чашми ту дур кунам", дар сурате ки чӯбро дар чашми худ намебинӣ? Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.

Дар бораи ба цо овардани иродаи Худо

43 «Дарахти хубе нест, ки меваи бад меоварда бошад; ва дарахти баде нест, ки меваи хуб меоварда бошад. 44 «Зеро ки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад; чунки аз буттаи олуча анҷир намегиранд, ва аз мушхор ангур намечинанд. 45 «Шахси нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меоварад, ва шаҳси бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меоварад; зеро ки даҳони вай аз пурии дил сухан мегӯяд.

Масал дар бораи хонае ки бар санг бино шудааст

46 «Чаро Маро "Худовандо! Худовандо!" мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред? 47 «Ҳар кӣ назди Ман биёяд ва суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад} ба шумо мефаҳмонам, ки вай ба кӣ монанд аст: 48 «Вай ба касе монанд аст, ки хонае месохт, ва заминро чукур канда, таҳкурсиро бар санг гузошт, ва ҳангоме ки сел омада, оби наҳр он ҳонаро зер кард, онро аз ҷояш чунбонда натавонист, чунки бар санг бино шуда буд. 49 «Лекин ҳар кӣ бишнавад ва ба ҷо наоварад, ба касе монанд аст, ки хонаашро бар рӯи хок бе таҳкурсӣ бино кард, ва ҳангоме ки оби наҳр онро зер кард, дарҳол фурӯ рафт, ва харобии он хона бузург буд».

Луқо 7

Шифо ёфтани еуломи мирисад

1 ВАҚТЕ ки Ӯ ҳамаи суханони Худро ба самъи мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум ворид шуд. 2 Ғуломи якмирисад,ки барояш азиз буд, касал шуда, ба ҳолати назъ расида буд. 3 Вай овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро назди Ӯ фиристод, то аз Ӯ илтимос кунанд, ки омада ғуломи вайро шифо диҳад. 4 Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ӯ бисьёр илтимос карда, гуфтанд: «Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш бикунй, 5 «Зеро ки вай қавми моро дӯст медорад ва барои мо куништ иморат кард». 6 Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикиҳои хона расид, мирисад дӯстонашро назди Ӯ фиристод, то ки ба Ӯ гӯянд: «Оғо! Ташвиш накаш, зеро ман лоиқи он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ; 7 «Ба ин сабаб худамро низ лоиқ надонистам, ки назди Ту биёям; балки сухане бигӯ, ва ғуломи ман шифо хоҳад ёфт; 8 «Зеро ки ман ҳам як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: "Еирав", меравад; ба дигаре мегӯям: "Биё", меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: "Фалон корро бикун", мекунад». 9 Исо ин суханонро шунида, дар тааҷҷуб монд, ва ба мардуме ки аз ақиби Ӯмерафтанд, рӯ гардонда, гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки Ман дар Исроил ҳам чунин имоне наёфтаам». 10 Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд.

Исо писари бевазанро дар Ноин зинда мекунад

11 Баъд аз он Ӯ ба шаҳре рафт, ки Ноин номдорад; ва бисьёре аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум ҳамроҳи Ӯ мерафтанд. 12 Вақте ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисьёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд. 13 Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ба вай гуфт: «Гирья накун». 14 Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез». 15 Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ӯ вайро ба модараш супурд. 16 Ва ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо қавми Худро тафаққуд намудааст». 17 Ин ақида дар бораи Ӯ дар тамоми Яҳудо ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд. 18 Ва шогирдони Яҳьё ҳамаи инро ба ӯ хабар доданд.

Саволи Таъмиддиҳанда ва ҷавоби Исо

19 Ва Яҳьё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки бипурсанд: «Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дшаре бошем?» 20 Онҳо назди Ӯ омада, гуфтанд: «Яҳьёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки бипурсем: "Оё Ту Ҳамон ҳастй, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?"» 21 Дар ҳамон вақт Ӯ бисьёр касонро аз касалиҳо ва дардҳо ва аз арвоҳи палид шифо дода ва кӯрони бисьёрро биноӣ бахшида буд. 22 Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи дидед ва шунидед, ба Яҳьё бигӯед: кӯрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад; 23 «Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».

Шаҳодати Исо дар бораи Яҳьё

24 Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳьё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани қамише ки аз бод меларзад? 25 «Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Аммо онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нӯш зиндагй мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд. 26 «Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набй? Оре, ба шумо мегӯял1, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст. 27 «Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: "Инак, Ман косиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад". 28 «Зеро ки ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, ҳеҷ як набие бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Малакути Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст». 29 Вақте ки тамоми мардум ва боҷгироне ки бо таъмиди Яҳьё таъмид гирифта буданд, шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд.

Исо беақлии беимониро фош мекунад

30 Аммо фарисиён ва шариатдонон иродаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд, зеро аз вай таъмид нагирифтанд. 31 Ва Худованд гуфт: «Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кй монандй доранд? 32 «Онҳо ба кӯдаконе монандӣ доранд, ки дар кӯча нишаста ва якдигарро ҷеғ зада, мегӯянд: "Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед". 33 «Зеро ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехӯрад ва на шароб менӯшад; ва шумо мегӯед: "Вай дев дорад". 34 «Писари Одам омад, кя мехӯрад ва менӯшад, ва шумо мегӯед: "Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти бочгирон ва гунохкорон аст". 35 «Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда шуд».

Зани гунохкор, ки гуноҳаш афв шуда буд, ба нишонаи миннатдорӣ Исоро бо равғани атрафшон тадҳин мекунад

36 Яке аз фарисиён аз Ӯ хоҳиш кард, ки бо вайхӯрок хӮрад; на Ӯба хонаи фарисӣ даромада, назди суфра нишаст. 37 Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ӯ дар хонаи фарисй назди суфра нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани атрафшон овард; 38 Ва аз қафо назди пойҳои Ӯ истода, гирьякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ӯро бӯсида, бо равғани атрафшон тадҳин кард. 39 Фарисие ки Ӯро таклиф карда буд, чун ннро дид, дар Дили худ гуфт: «Агар Ӯ набй мебуд, медонист, ки вай кист ва чй гуна зан аст, ки Ӯро ламс мекунад,зеро ки вай гуноҳкор аст». 40 Исо ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Эй Шимъӯн! Ба ту чизе гуфтанй ҳастам». Гуфт: «Бигӯй, эй Ӯстод».

Масал дар бораи қарзхоҳ ва ду қарздор

41 Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт. 42 «Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст хоҳад дошт?» 43 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумони ман, ҳамон касеки ба вай ӯ бештар бахншдааст». Ба ӯ гуфт: «Дуруст фикр кардӣ». 44 Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинй? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодй; аммо вай пойҳои Маро бо ашкаш шуста, бо мӯйҳои сараш хушконид. 45 «Ту Маро бӯса накардӣ; аммо вай, аз вақги омаданам ин ҷониб, бӯсидани пойҳои Маро бас намекунад. 46 «Ту сари Маро бо равғани зайтун тадҳин накардӣ; аммо вай пойҳои Маро бо равғани атрафшон тадҳин кард. 47 «Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисьёри вайомурэида шудааст барои он ки вай муҳаббати бисьёре зоҳир намуд; вале касе ки кам омурзида шуда бошад, муҳаббати кам зоҳир намудааст». 48 Ва Ӯ ба вай гуфт: «Гуноҳҳоят омурзида шудааст». 49 Онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд: «Ин кист, ки гуноҳҳоро низ меомурзад?» 50 Ӯ ба он зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод; ба саломатӣ бирав».

Луқо 8

Исо дар Ҷалил мавъиза мекунад ва шифо медщад

1 БАЪД аз ин Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Малакути Худоро башорат медод, ва бо Ӯ он дувоздаҳ буданд, 2 Ва ҳамчунин баъзе заноне ки Ӯ аз арвоҳи палид ва касалиҳо шифо дода буд: Марьям, ки Маҷдалия номида мешуд, ва аз вай ҳафт дев берун рафта буд, 3 Ва Юҳона, ҳамсари Кузо, ки девонбегии Ҳиродус буд, ва Сусан, ва бисьёри дигарон, ки бо дороии худ ба Ӯ хизмат мекарданд.

Масал дар бораи коранда

4 Вақте ки мардуми бисьёре ҷамъ шуданд, ва аз ҳамаи шаҳрҳо назди Ӯ омадан гирифтанд, Ӯ масале оварда, гуфт: 5 «Корандае барои коридани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод ва поймол шуд, ва мурғони ҳаво онро хӯрданд; 6 «Қадаре бар санглох афтод ва сабзида, хушк шуд, чунки рутубате набуд; 7 «Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд; 8 «Кадаре дар хоки нағз афтод ва сабзида, сад баробар бор овард». Инро гуфта, нидо кард: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» 9 Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Маънои ин масал чист?» 10 Гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба дигарон бо масалҳо сухан мегӯям, ба тавре ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намефаҳманд. 11 «Чшак маънои ин масал: тухм каломи Худост. 12 «Афтода дар канори роҳ касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, лекин баъд иблис омада, онро аз дили онҳо мерабояд, мабодо онҳо имон оварда, наҷот ёбанд; 13 «Афтода бар сашлох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, бо шодӣ қабул мекунанд, лекин реша надоранд, ва муддате имон доранд, ва дар вакти озмоиш ақиб мераванд; 14 «Афтода дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале андешаҳо, сарват ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад, ва онҳо самаре намеоваранд; 15 «Ва афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дшщ нек ва пок нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд.

Масал дар бораи шамъе ки даргиронда шудааст

16 «Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, бо зарфе онро намепӯшад, ё зери кате намегузорад, балки бар шамъдон мемонад, то ҳар кӣ дарояд, рӯшноиро бубинад. 17 «Зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки маълум ва зоҳир нашавад. 18 «Пас, эҳтиёт кунед, ки чӣ тавр мешунавед; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ, ки гумон мекунад дошта бошад, гирифта шавад».

Хешовандони ҳакикӣ бо Исо

19 Ва модар ва бародаронаш назди Ӯ омаданд, вале ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд. 20 Ва ба Ӯ хабар дода, гуфтанд: «Модарат ва бародаронат дар берун истодаанд, ва мехоҳанд Туро бубинанд». 21 Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд».

Исо мавҷҳоро ором мекунад

22 Рӯзе Ӯ бо шогирдони Худ ба қаиқ савор шуд ва ба онҳо гуфт: «Ба он канори кӯл мегузарем». Ва қаиқро ронданд. 23 Дар аснои роҳ Ӯро хоб рабуд. Ва ногоҳ тундбоди шадиде бар кӯл бархост, ва қаиқи онҳо аз об пур мешуд, ва онҳо дар хатар буданд. 24 Ва пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Ӯстод! Ӯстод! Ҳалок мешавем». Ӯ бархоста, бод ва ғалаёни обро манъ кард, ва онҳо қатъ гардиданд, ва оромӣ барқарор шуд. 25 Ба онҳо гуфт: «Имони шумо куҷост?» Онҳо бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ба бодҳо ва об низ амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»

Исо дар сарзамини ҷадариён

26 Ва онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи Ҷалил аст, расиданд. 27 Вақте ки Ӯ ба соҳил баромад, марде аз аҳли он шаҳр ба Ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки гирифтори девҳо буд, дер вақт боз либосе намепӯшид, ва на дар хона, балки дар миёни қабрҳо зиндагй мекард. 28 Ҳамин ки Исоро дид, фарьед зада, пеши Ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: «Туробоман чӣ кораст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!» 29 Зеро Ӯ ба рӯҳи палид амр фармуда буд, ки аз ин мард берун равад; чунки вай муддати дуру дарозе ӯро азоб медод, ба тавре ки ӯро бо завлона ва занҷирхо баста, нигоҳ медоштанд, лекин ӯ он бандҳоро пора мекард, ва дев ӯро ба биёбонҳо меронд. 30 Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Гуфт: «Легион», ҷунки девҳои бисьёр ба дарунаш даромада буданд. 31 Ва онҳоазӮ илтимоскарданд, ки онҳоро амр фармуда ба ҳовия нафиристад. 32 Дар ҳамон ҷо галаи бузурги хукҳо дар болои кӯҳ мечарид; ва девҳо илтимос карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд. Ӯ ба онҳо иҷозат дод. 33 Ва девҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд; ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва ғарқ шуд. 34 Хукбонон ин вокеаро дида, давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот нақл карданд. 35 Мардум барои дидани воқеа берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва ҳаросон шуданд. 36 Ва касоне ки воқеаро дида буданд, ба онҳо нақл карданд, ки он девона чй гуна шифо ёфт. 37 Ва тамоми мардуми сарзамини ҷадариён аз Ӯ илтимос карданд, ки аз пеши онҳо баромада равад, чунки тарсу ҳароси азиме онҳоро фаро гирифта буд. Ва Ӯ ба қаиқ савор шуда, баргашт. 38 Он марде ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, аз Ӯ илтимос кард, ки бо Ӯ бошад. Лекин Ӯ вайро ба хонааш фиристода, гуфт: 39 «Ба ҳонаи худ баргард ва он чиро, ки Худо ба ту кардааст, нақл намо». Вай равона шуда, он чиро, ки Исо ба вай карда буд, дар тамоми шаҳр мавъиза намуд.

Шифо ёфтани зан. Эҳьёи духтари Ёир

40 Вақте ки Исо баргашт, мардум Ӯро пазироӣ карданд, чунки ҳама мунтазири Ӯ буданд. 41 Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд. 42 Чунки духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, ба ҳолати назъ расида буд. Вақте ки Ӯ ба он ҷо мерафт, мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд. 43 Ва зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравй буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, - 44 Аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд, ва дарҳол хунравии вай қатъ шуд. 45 Ва Исо гуфт: «Кист, ки Маро ламс кард?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ӯ буданд, гуфтанд: «Эй Ӯстод, мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳанд, - ва Ту мегӯӣ: "Кист, ки Маро ламс кард?"» 46 Аммо Исо гуфт: «Касе Маро ламс кардааст; зеро Ман ҳис кардам, ки куввате аз Ман берун рафт». 47 Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва дар хузури тамоми мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб Ӯро ламс намуд, ва чй гуна дарҳол шифо ёфт. 48 Ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав». 49 Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки касе аз хонаи сардорн куништ омада, гуфт: «Духтарат мурд; Ӯстодро дигар ташвиш надеҳ». 50 Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Натарс, фақат имон овар, ва ӯ наҷот хоҳад ёфт». 51 Ва ҳангоме ки ба хона расид, ҷуз Петрус, Юҳанно ва Яъқуб, ва падару модари духтар, ҳеҷ касро даромадан намонд. 52 Ҳама барои вай гирья ва навҳа мекарданд. Вале Ӯ гуфт: «Гирья накунед; вай намурдааст, балки хуфтааст». 53 Бар Ӯ хандиданд, зеро медонистанд, ки вай мурдааст. 54 Аммо Ӯ ҳамаро берун карда ва дасти вайро гирифта, нидо кард: «Эй дуҳтар! Бархез». 55 Ва рӯҳи вай баргашт; вай дарҳол бархост; ва Ӯ фармуд, ки ба вай хӯроке диҳанд. 56 Падару модари вай дар ҳайрат монданд. Ва Ӯ ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба ҳеҷ кас нақл накунанд.

Луқо 9

Исо дувоздаҳ шогирдонро мефиристад, то ки башорат диҳанд

1 ОН дувоздаҳро даъват намуда, бар ҳамаи девҳо, ва барои шифо додани касалиҳо ба онҳо кувват ва қудрат бахшид, 2 Ва онҳоро фиристод, то ки Малакути Худоро мавъиза намоянд ва беморонро шифо диҳанд. 3 Ба онҳо гуфт: «Барои роҳ ҳеҷ чизе нагиред: на асое, на тӯрбае, на ноне, на пуле; ва набояд ду пероҳан дошта бошед; 4 «Ва ба ҳар ҳона, ки даромадед, дар он ҷо бимонед ва аз он ҷо боз ба роҳ дароед; 5 «Ва агар дар ягон ҷо шуморо қабул накунанд, вақте ки аз он шаҳр берун меравед, ғубори пойҳои худро биафшонед, то ки шаҳодате бар онҳо гардад». 6 Онҳо рафтанд ва деҳ ба деҳ гашта, дар ҳама ҷо башорат медоданд ва шифо мебаҳшиданд.

Беқарорж Ҳиродус аз боиси Исо

7 Вақте ки тетрарҳ Ҳиродус овозаи тамоми амалиёти Ӯро шунавид, дар ҳайрат афтод: зеро баъзе касон мегуфтанд, ки Яҳьё аз мурдагон эҳьё шудааст; 8 Дигарон мегуфтанд, ки Ильёс зоҳир гардидааст; вале баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст. 9 Ва Ҳиродус гуфт: «Ман сари_Яҳьёро аз танаш ҷудо кардаам; пас, Ин кист, ки дар бораи Ӯ чунин гапҳоро мешунавам?» Ва меҳост Ӯро бубинад.

Ҳаввориён бармегарданд. Сер шудани панч ҳазор мард

10 Ҳаввориён баргашта, корҳои худро ба Ӯ нақл карданд; ва Ӯ онҳоро алоҳида ҳамроҳи Худ гирифта, ба ҷои хилвате рафт, ки дар қарибии Байт-Сайдо ном шаҳре буд. 11 Аммо мардум ҳабардор шуда, аз ақиби Ӯ рафтанд; ва Ӯ онҳоро пазироӣ карда, бо онҳо дар бораи Малакути Худо сӯҳбат кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод. 12 Бегоҳирӯзӣ наздик буд. Он дувоздаҳ назди Ӯ омада, гуфтанд: «Мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба қасаба ва деҳоти атроф рафта, манзил ва хӯрок барои худ пайдо кунанд, чунки ин ҷои мо як ҷои ҳилват аст». 13 Ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо ҳӯрок дихед». Гуфтанд: «Мо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем; оё рафта, барои тамоми ин мардум ҳӯроке бихарем?» 14 Зеро ки онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Лекин Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Онҳоро дастадаста панҷоҳнафарӣ шинонед». 15 Ва чунин карданд, ва ҳамаро шинонданд. 16 Ва Ӯ панҷ нон ва ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, онҳоро баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд. 17 Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд.

Мардум ва шогирдон Исоро кӣ мегуянд

18 Боре, вақте ки Ӯ дар ҷои хилвате дуо мегуфт, ва шогирдонаш бо Ӯ буданд, Ӯ аз онҳо пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?» 19 Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъэе магӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Ильёсй; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст». 20 Аз онҳо пурсид: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус дар ҷавоб гуфт: «Масеҳи Худо». 21 Ва Ӯ ба онҳо фармони қатъӣ дод, ки инро ба касе нагӯянд;

Исо дар бораи мамоти Худ ва эҳьёи Худ сухан меронад

22 Ва гуфт, ки Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад.

Исоро чӣ гуна пайравн бояд кард?

23 Ва ба ҳама гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд; 24 «Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кй ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад; 25 «Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад, лекин худро талаф кунад, ё ки ба худ зиён расонад? 26 «Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм ҳохад кард;

Дигаргун шудани Худованд

27 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъэе, ки дар ин ҷо истодаанд, то Малакути Худоро набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид». 28 Баъд аз ин гапҳо тақрибан ҳашт рӯз гузашта буд, ки Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо Худ гирифта, ба кӯҳе барои дуо гуфтан баромад. 29 Ва ҳангоме ки дуо мегуфт, чеҳраи Ӯ дигаргун шуд, ва либосаш сафеди дурахшон гардид. 30 Ва инак, ду мард бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд, ки Мусо ва Ильёс будакд: 31 Онҳо дар ҷалоле зоҳир гардида, дар бораи оқибати Ӯ, ки бояд дар Ерусалим ба амал ояд, сухан меронданд. 32 Аммо Петрус ва онҳоеро ки бо Ӯ буданд, хоб рабуда буд; ва ҳангоме ки бедор шуданд, ҷалоли Ӯро, ва он ду мардро, ки бо Ӯ истода буданд, диданд. 33 Вақте ки Мусо ва Ильёс аз пеши Ӯ мерафтанд, Петрус ба Исо гуфт: «Эй Ӯстод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс, - ва намедонист, чӣ мегӯяд. 34 Ҳанӯз вай ин суханро мегуфт, абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт; ва чун дохили абр шуданд, ба ҳарос афтоданд. 35 Ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Пксари Маҳбуби Ман; ӯро бишнавед». 36 Ва овоз баромадан замон, Исо танҳо монд. Ва онҳо лаб фурӯ бастанд ва аз он чи дида будакд, ба ҳеҷ кас дар он айём гап назаданд.

Шифо ёфтани девона

37 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ фуромаданд, мардуми бисьёре Ӯро пешвоз гирифтанд. 38 Ва инак марде аз байни мардум фарьёд зада, гуфт: «Эй Ӯстод! Аз Ту илтимос мекунам, ки ба писари ман як назар андозӣ, чунки вай фарзанди ягонаи ман аст: 39 «Рӯҳе ӯро мегирад, ва ӯ ногаҳон наъра мезанад, ва сахт печутоб мехӯрад, ба тавре ки кафк аз даҳонаш мебарояд; ва ӯро тамоман беҳолу бемадор карда, базӯр аз ӯ даст мекашад; 40 «Аз шогирдони Ту илтимос кардам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд». 41 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор, то ба кай бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр». 42 Вақте ки вай наздик меомад, дев вайро ба замин ғалтонида, сахт печутоб дод; аммо Исо рӯҳи палидро мазаммат намуд, ва писарро шифо дода, ба падари вай супурд. 43 Ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Ва ҳангоме ки ҳама аз ҳамаи кардаҳои Исо тааҷҷуб менамуданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт:

Исо бори дуюм дар бораи мамоти Худ сухан меронад

44 «Ин суханонро дар гӯши худ ҷо кунед: Писари Одам ба Дасти одамон таслим карда хоҳад нгуд». 45 Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд, ва он аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онродарк накардакд; ва тарсиданд, ки дар бораи ин сухан аз Ӯ бипурсанд.

Ба муқобили иззатталабии шогирдон

46 Ва ба майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. 47 Исо андешаи дили онҳоро дарьёфта, кӯдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт 48 Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ин кӯдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург хоҳад буд».

Рашки сохтаи шогирдон

49 Дар айни ҳол Юҳанно гуфт: «Эй Ӯстод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, ва ӯро манъ кардем, чунки ӯ ҳамроҳи мо намегардад». 50 Исо ба вай гуфт: «Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, вай тарафдори шумост».

Сомариён Исоро пазироӣ намекунанд

51 Ва чун айёми сууди Ӯ наздик мешуд, Ӯ азми сафари Ерусалим кард; 52 Ва қосидонро пешопеши Худ фиристод; ва онҳо рафта, вориди як қаса баи сомариен шуданд, то ки барои Ӯ тадорук кунанд: 53 Аммо Ӯро пазироӣ накарданд, зеро ки Ӯ рӯй ба ҷониби Ерусалим ниҳода буд. 54 Шогирдони Ӯ Яъқуб ва Юҳанно инро дида, гуфтанд: «Худовандо! Оё мехоҳӣ бигӯем, ки оташе аз осмон омада, онхоро маҳв намояд, чунон ки Ильёс низ карда буд?» 55 Аммо Ӯ рӯ гардонда, онҳоро манъ кард ва гуфт: «Намедонед, ки шумо ба кадом рӯҳ мансуб ҳастед; 56 «Зеро ки Писари Одам на барои нобуд кардани ҷонҳои одамон, балки барои наҷот додани онҳо омадааст». Ва ба қасабаи дигаре рафтанд.

Ҷиддияти пайравӣ кардан ба Исо

57 Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Х,ар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард». 58 Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад». 59 Ба дигаре гуфт: «Маро пайрави кун». Вай гуфт: «Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам». 60 Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд: аммо ту рафта, аз Малакути Худо башорат деҳ». 61 Боз шаҳси дигаре гуфт: «Худовандо! Туро пайравӣ хоҳам кард, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам». 62 Лекин Исо ба вай гуфт: «Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест».

Луқо 10

Исо ҳафтод шогирдонро мефирстад, то ки башорат диҳанд. Иубувват дар бораи кори миссионерй

1 БАЪД аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро баргузид, ва онҳоро чуфтчуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод, 2 Ва ба онҳо гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад. 3 «Биравед! Инак, пгуморо монанди баррагон ба миёни гургон мефиристам. 4 «Ҳеҷ ҳамьёне, тӯрбае ва чоруқе бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагӯед. 5 «Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: "Салом бар ин хона бод!" 6 «Агар дар он ҷо писари осоиштагй бошад, саломи пхумо бар вай қарор мегирад; вагар на, сӯи шумо бармегардад; 7 «Дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи доранд, бихӯред ва бинӯшед: зеро ки меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред. 8 «Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, бихӯред; 9 «Ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо бигӯед: "Малакути Худо ба шумо наздик шудааст". 10 «Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кӯчаҳои он баромада, гӯед: 11 «"Ҳатто ғубореро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин бидонед, ки Малакути Худо ба шумо наздик шудааст". 12 «Ба шумо мегӯям, ки ҳолати Садӯм дар он рӯз аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд.

Исо бар шахрхо доварӣ эьлон мекунад

13 «Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Зеро, агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд; 14 «Лекин дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз ҳолати шумо сабуктар хоҳад буд. 15 «Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзаҳ сарнагун хоҳӣ шуд. 16 «Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кй шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристандаи Маро рад мекунад».

Баргаштпани ҳафтод нафар

17 Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд: «Худовандо! Девҳо низ бо зикри исми Ту ба мо итоат мекунанд». 18 Ба онҳо гуфт: «Ман шайтонро мисли барқ аз осмон афтода дидам; 19 «Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд; 20 «Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудааст».

Ҷалол додани Падар

21 Дар ҳамон соат Исо аз Рӯҳулқудс ба ваҷд омада, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардй; оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд». 22 Ва ба шогирдон рӯй оварда, гуфт: «Хдма чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас, ҷуз Падар, намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад». 23 Ва алоҳида ба шогирдони Худ рӯ оварда, гуфт: «Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо дида истодаед, мебинад! 24 «Зеро ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мепгунавед, бишнаванд, ва нашуниданд».

Шариатдон Исоро озмоиш мекунад

25 Ва инак, як шариатдон бархост ва Ӯро озмуданй шуда, гуфт: «Эй Ӯстод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти ҷовидонй шавам?» 26 Ба вай гуфт: «Дар Таврот чӣ навишта щудааст? Ва ту чй тавр меҳонй?» 27 Дар ҷавоб гуфт: «Худовағд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми қуввати ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор, ва ёри худро мисли худ дӯст бидор». 28 Ба вай гуфг: «Дуруст ҷавоб додӣ; чунин бикун, ва хоҳй зист». 29 Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?»

Масал дар бораи сомарии некдил

30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Як мард, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти дуздон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ӯро маҷрӯҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. 31 «Тасодуфан коҳине аз он рох равона буд, ва ӯро дида, аз пешаш гузашта рафт. 32 «Ҳамчунин марде аз сибти Левй, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ӯро дид ва аз пешаш гузашта рафт. 33 «Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ӯ дучор шуда ва аҳволи ӯро дида, дилаш сӯхт 34 «Ва наздик омада, ба захмҳои ӯ равған ва шароб рехгу ҷароҳатбандӣ кард; ва ӯро ба маркаби ҳуд савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ӯ ғамҳорӣ намуд; 35 «Ва фардоӣ он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт: "Ба ин мард нигоҳубин бикун; ва агар аз ин зиёдтар харҷ кунй, ҳангоми баргаштанам ба ту хоҳам дод". 36 «Пас, ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ёри он марде буд, ки ба дасти дуздон афтод?» 37 Гуфт: «Ҳамон ки ба ӯ марҳамат кард». Исо ба вай гуфт: «Бирав, ва ту низ чунин бикун»,

Хизматгузории Марто ва Маръям

38 Ва дар аснои роҳ Ӯ вориди қасабае шуд, ва занеки Марто ном дошт, Ӯро дар хонаи худ пазироӣ намуд; 39 Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ӯро гӯш мекард, 40 Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт: «Худовандо! Оё Туро парвое нест, ки ҳоҳарам маро вогузоштааст, ки танҳо хизмат кунам? Бавай бигӯй, ки ба ман ёрдам диҳад». 41 Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Марто! Марто! Ту дар ҳусуси чизҳои бисьёр ғамхорй ва давутоз мекунӣ, 42 «Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям кисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад».

Луқо 11

Исо ба шогирдон дуо гуфтанро таълим медихад

1 РӮЗЕ Ӯ дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳьё низ ба шогирдонаш ёд додааст». 2 Ба онҳо гуфт: «Вакте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед: "Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд; 3 "Ризқу рӯзии моро ҳар рӯз ба мо бидеҳ; 4 "Ва гуноҳҳои моро биомурз, зеро ки мо низ ба ҳар қарздори худ мебахшем; ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ"».

Масал дар бораи дӯсти шилкин

5 Ва ба онҳо гуфт: «Фаразан, яке аз шумо, ки дӯсте дошта бошад, нисфи шаб пеши ӯ омада, гӯяд: "Эй дӯст! Ба ман сето нон қарз деҳ, 6 «Зеро ки як дӯстам аз роҳ назди ман даромадааст, ва ман чизе надорам, ки пешаш бимонам"; 7 «Ва ӯ аз дарун дар ҷавоби вай гӯяд: "Маро ташвиш надеҳ; дари хонаам баста, ва бачаҳоям бо ман дар ҷогаҳ хобидаанд; наметавонам барҳоста, ба ту чизе диҳам", - 8 «Ба шумо мегӯям, ки ҳар чанд аз рӯи дӯстӣ барҳоста ба вай надиҳад ҳам, лекин ба сабаби шилқинии вай бархоста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вая хоҳад дод. 9 «Ва Ман ба шумо мегӯям: биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд; 10 «Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ бичӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.

Масал дар бораи падари некдил

11 «Ва кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аэ ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? Ё моҳӣ биталабад, ва ӯ, ба ҷои моҳӣ, море ба вай бидиҳад? 12 «Ё, агар туҳме биталабад, каждуме ба вай бидиҳад? 13 «Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони ҳуд додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод».

Исоро айбдор намуда, мегӯянд, ки Ӯ девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунад

14 Боре Ӯ як девро, ки гунг буд, берун кард; ва ҳангоме ки дев берун шуд, гунг ба гап даромад, ва мардум дар ҳайрат монданд. 15 Лекин баъзе аз онҳо гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи Баал-Забул, калони девҳо, берун мекунад». 16 Ва дигарон, озмуданй шуда, аз Ӯ аломати осмонӣ талаб мекарданд, 17 Вале Ӯ фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам чудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонае ки аз ҳам чудо шавад, фурӯ меғалтад. 18 «Ва агар шайтон низ аз ҳам ҷудо шавад, салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Зеро шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам. 19 «Агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд. 20 «Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст. 21 «Вақге ки марди пурзӯр ҳонаи ҳудро бо яроқ нигаҳбонй мекунад, дороии вай дар амон аст, 22 «Вале вақте ки шахси аз вай пурзӯртар ба вай ҳучум карда, ғолиб мебарояд, он гоҳ тамоми яроқи вайро, ки ба он умед баста буд, кашида мегирад ва дороии вайро ба тороҷ медиҳад. 23 «Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст, ва ҳар кй бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.

Баргаштани рӯҳи палид

24 «Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар чустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва, чун наёфт, мегӯяд:"Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам". 25 «Ва гашта омада, онро ҷорӯбзада ва ороста меёбад; 26 «Он гоҳ рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад».

Зан модари Исоро ҷалол медиҳад. Ҷавоби Исо

27 Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро мегуфт, як зан аз байни мардум овозашро баланд карда, ба Ӯ гуфт: «Хушо шикаме ки Туро ҳамл кардааст, ва пистонҳое ки Туро шир додааст!» 28 Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд».

Мардум аломати осмонӣ металабанд

29 Вақте ки мардум бештар ҷамъ омадан гирифтанд, Ӯ ба сухан оғоз карда, гуфт: «Ин насл насли шарир аст; вай аломате металабад, ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд; 30 «Зеро, чунон ки Юнус аломате барои мардуми Нинве буд, ҳамчунин Писари Одам низ барои ин насл хоҳад буд. 31 «Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо мардуми ин насл бархоста, онҳоро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо аз Сулаймон бузургтар аст. 32 «Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳапд кард, зеро ки онҳо аз мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо аз Юнус бузургтар аст.

Масал дар бораи шамъе ки даргиронда шудааст

33 «Хеҷ кас шамъро даргиронда, дар чои ниҳоне ё дар зери зарфе намегузорад, балки бар шамъдон мегузорад, то онҳое ки ба хона медароянд, рӯшноиро бубинанд. 34 «Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат солим бошад, тамоми баданат низ равшан хоҳад буд; аммо агар он хира бошад, баданат низ торик хоҳад буд. 35 «Пас, ҳазар намо: мабодо нуре ки дар туст, зулмот бошад. 36 «Вале агар баданат комилан равшан буда, ҳеҷ як қисми торике надошта бошад, он тамоман нуронӣ хоҳад буд, ба монанди он ю! чароғе бо дурахши худ туро мунаввар карда бошад».

Исо фарисиёнро маҳкум мекунад

37 Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, як фарисй Ӯро ба хонаи худ ба хӯрок таклиф кард; Ӯ омада, назди суфра нишаст. 38 Фарисй чун дид, ки Ӯ пеш аз хӯрок даст нашуст, мутааҷҷиб шуд. 39 Лекин Худованд ба вай гуфт: «Ҳоло шумо, фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва шарорат иур аст. 40 «Эй беаклон! Оё Ҳамои ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст? 41 «Беҳтар аст, ки аз он чи Доред, садақа диҳед: ои гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза хоҳад буд. 42 «Аммо вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз наъно, садоб ва ҳар навъ сабзавот ушр медиҳед, вале ба адолат ва муҳаббати Худо беэътиноӣ мекунед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед. 43 «Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки дӯст медоред дар куништҳо болонишин бошед ва дар кӯчаю бозорҳо салому табрикҳо бишнавед. 44 «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёнц риёкор, ки шумо ба қабрҳои аз назар пинҳон монанд ҳастед, ки мардум дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд».

Исо шариатдононро маҳкум мекунад

45 Дар ҷавоб яке аз шариатдонон баӮгуфт: «Эй Ӯстод! Бо ин суханопат моро низ таҳқир мекунй». 46 Аммо Ӯ гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки борҳои душворро бар дӯши Мардум мегузоред, лекин худатон як апгуштро Ҳам ба он борҳо намерасонед. 47 «Вой бар ҳоли шумо, ки мақбараҳои акбиёро бино мекунед, ва ҳол он ки падарони шумо онҳоро куштаанд; 48 «Бо ҳамин шумо шоҳнд ва шарики аъмоли падарони худ мегардед, зеро ки онҳо анбиёро куштаанд, ва шумо мақбараҳошонро бино мекунед. 49 «Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст: „Ба наздашон анбиё ва ҳаввориёнро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро хоҳанд кушт, ва баъзеро таъқиб хоҳакд кард; 50 «То ки хуни тамоми анбиё, ки аз аввали офариниши ҷаҳон рехта шудааст, ба гардани ин насл гузошта шавад: 51 «Аз хуни Ҳобил то хуни Закарьё, ки ваи дар миёни қурбонгоҳ ва маъбад кушта шудааст". Оре, ба шумо мегуям, ки он ба гардани ин насл гузошта хоҳад шуд. 52 «Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон, ки шумо калиди донишро гирифтаед: худатон надаромадед ва ба онҳое ки даромадан мехостанд, монеъ шудед». 53 Вакте ки Ӯ ин суханонро ба онҳо мегуфт, китобдонон ва фарисиён бошиддат Ӯро фишор дода, боз бисьёр чизҳоро аз Ӯ пурсидан гирифтанд, 54 Ва мунтазир буданд, то ки аз забонаш чизе бишнаванду Ӯро айбдор кунанд.

Луқо 12

Огоҳонидан аз риёкории фарисиён. Таргиби эыпирофи ҷа сурона

1 ДАР ин миён, вақте ки ҳазорон одамон ҷамъ омаданд, ба тавре ки якдигарро фишор медоданд, Ӯ ба сухан оғоз намуда, аввал ба шогирдони Худ гуфт: «Аз хамиртуруши фарисиён, ки риёкорист, ҳазар кунед. 2 «Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад. 3 «Бинобар ин, он чи шумо дар торикӣ гуфтаед, дар рӯшной шунида хоҳад шуд; ва он чи шумо дар хона ба гӯш гуфтаед, дар болои бомҳо эълон карда хоҳад шуд. 4 «Ва Ман ба шумо, эй дӯстонам, мегӯям: аз кушандагони ҷисм, ки қодир нестанд баъд аз он ятон кори дигаре бикуианд, натарсед; 5 «Лекин ба шумо нишон медиҳам, ки аз кӣ тарсидан лозим аст: аз Ӯ ҳаросон бошед, ки баъд аз куштан қодир аст ба дӯзаҳ андозад; оре, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед. 6 «Оё панҷ гунҷишк ба ду фулус фурӯхта намешавад? Ва ягонтои онҳо аз назари Худо намеафтад. 7 «Ва ҳатто ҳамаи мӯйҳои сари шумо игумурда шудааст. Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред. 8 «Ва Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Маро дар назди мардум зътироф кунад, Писари Одам низ вайро дар назди фариштагони Худо зътироф хоҳад кард; 9 «Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, вай дар назди фариштагони Худо инкор карда хоҳад шуд. 10 «Ба ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурэида мешавад; лекин ҳар кй бар зидди Рӯҳулкудс куфр гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд. 11 «Ҳар гоҳ шуморо ба куништҳо ва назди сардорон ва ҳокимон баранд, андеша накунед, ки чӣ гуна ё чӣ ҷавобе бояд бидиҳед ва ё чӣ сухане бояд бигӯед; 12 «Зеро ки дар он соат Рӯҳулқудс шуморо таълим хоҳад дод, ки чй бояд гуфт».

Огоҳонидан аз тамаъкорӣ

13 Шахсе аз миёни мардум ба Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Ба бародарам бигӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад». 14 Ба вай гуфт: «Эй одамизод, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё ҳакам таъин кардааст?» 15 Ва ба онҳо гуфт: «Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест».

Масал дар бораи сареатдори беақл

16 Ва масале ба онҳо гуфт: «Киштзори як марди сарватдор ҳосили фаровоне овард; 17 «Ва дар дили худ андеша карда, гуфт: "Чӣ кунам, модоме ки барои анбор кардани ҳосилоти худ ҷое надорам?" 18 «Ва гуфт: "Чунин мекунам: анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро бино мекунам, ва дар он ҷо тамоми ғалладона ва тамоми дороии худро ҷамъ меоварам. 19 "Ва ба ҷони худ мегӯям: Эй ҷони ман! Дороии бисьёре барои чандин сол дорй: фароғат кун, бихӯр, бинӯш ва димоғчоқӣ кун". 20 «Вале Худо ба вай гуфт: "Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас, он чи захира кардӣ, насиби кӣ мешавад?" 21 «Чунин аст ҳоли касе ки барои худ ганҷҳо ғун мекунад, вале пеши Худо сарвате надорад».

Ғамхории сохта ва дуруст

22 Ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ гамҳорӣ накунед, ки чӣ бихӯред, низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипушед: 23 «Ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар аст. 24 «Ба зоғон нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд; на ганҷинае доранд, на анборе, ва Худо ба онҳо рӯзӣ мерасонад; пас шумо аз паррандагон чй кадар бештар арзанда ҳастед! 25 «Ва кист аз шумо, ки бо ғамхории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад? 26 «Пас, агар шумо аз ӯҳдаи чунин кори . хурдтарин баромада натавонед, чаро ба дигараш ғамхорӣ мекунед? 27 «Ба савсанҳо назар кукед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд; лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст. 28 «Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, шуморо, эй сустимонҳо, чӣ қадар аз он беҳтар пӯшонда метавонад! 29 «Ва шумо дар чустуҷӯи он набошед, ки чӣ бихӯред ё чӣ бипӯшед, ва аз ғам осуда бошед, 30 «Чунки қавмҳои ҷаҳон дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошакд; лекин Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред; 31 «Балки Малакути Худоро биталабед, ва ҳамаи ин барои шумо илова хоҳад шуд. 32 «Натарс, эй рамаи хурд! Зеро ки Падари шумо таваҷҷӯҳ намудааст, ки Малакутро ба шумо ато кунад. 33 «Дороии худро бифрӯшед ва садақа диҳед. Барои худ ҳамьёнҳои кӯҳнанашаванда, ганҷи бепоён дар осмон муҳайё созед, ки дузд ба он наздик намешавад, ва куя онро намезанад; 34 «Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.

Дар бораи интизорӣ ба омадани Масеҳ

35 «Камарҳотон баста ва чароғҳотон фурӯзон бошад; 36 «Ва ҳудатон монанди касоне бошед, ки ба оғои худ интизорй доранд, то ки ҳангоми аз тӯи арӯсӣ омада дарро кӯфтанаш дарҳол барояш воз кунанд. 37 «Хушо ҳамон ғуломоне ки оғояшон, дар вакти омаданаш, онҳоро бедор меёбад; ба ростй ба шумо мегӯям, ки вай камари худро баста, онҳоро назди суфра хоҳад шинонд ва пеш омада, ба онҳо хизмат хоҳад кард. 38 «Ва агар дар поси дуюм ва дар поси сеюми шаб омада, онҳоро чунин ёбад, хушо он ғуломон! 39 «Лекин ҳаминро шумо медонед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом соат дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки ба хонааш нақб занад: 40 «Пас, шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд». 41 Петрус гуфт: «Худовандо! Оё ин масалро барои мо гуфтй, ё барои ҳама?»

Масал дар бораи гумошта

42 Ҳудованд гуфт: «Кист он гумоштаи мӯътамад ва доно, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вакт хӯрок диҳад? 43 «Хушо он ғуломе ки оғояш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад; 44 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъин хоҳад кард. 45 «Лекин агар он ғулом дар дили худ гӯяд, ки "оғои ман ба зудӣ намеояд", ва ба задани ғуломону канизон ва ба хӯрдану нӯшидану маст шудан шурӯъ кунад, 46 «Оғои он ғулом дар рӯзе ки ӯ мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, хоҳад омад, ва ӯро ду пора карда, қисматашро ба хоинон баробар хоҳад кард. 47 «Ва он ғулом, ки иродаи оғои худро медонист, вале тайёр нашуд ва мувофиқи иродаи вай амал накард, шаттаи бисьёре хоҳад хӯрд; 48 «Аммо он ки намедонист ва корҳои сазовори ҷазо кард, камтар шатта хоҳад хӯрд. Ба ҳар касе ки бисьёр ато шуда бошад, аз вай бисьёр талаб карда мешавад; ва ба ҳар касе ки амонати бисьёр супурда шуда бошад, аз вай бисьёртар талаб мекунанд.

Исо ҷудоии одамонро пегигуй мекунад

49 «Ман омадаам, то ки оташе бар замин фурӯд оварам, ва хеле иштиёқмандам> ки он ҳоло фурӯзон шавад! 50 «Маро таъмиде дар пеш аст, таъмиде ки бояд биёбам; ва чй қадар дар изтироб ҳастам, то даме ки ин ба амал ояд! 51 «Оё шумо гумон мекунед, ки Ман омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам? Не, мегӯям ба шумо, балки барои он ки ҷудой биёрам; 52 «Зеро ки минбаъд панҷ нафар дар як хона аз ҳам ҷудо хоханд буд: се аз ду, ва ду аз се; 53 «Падар аз писар ва писар аз падар, модар аз духтар ва духтар аз модар, модаршӯ аз келин ва келин аз модаршӯ ҷудо хоҳад буд».

Аломоти замон наҷоти ҷонро ба хотир меоварад

54 Ба мардум низ гуфт: «Вақте ки абри аз ғарб пайдошударо мебинед, дарҳол мегуед: "Борон хоҳад борид"; ва чунин мешавад; 55 «Ва ҳангоме ки боди ҷанубй мевазад, мегӯед: 'Тармо хоҳад омад"; ва меояд. 56 «Эй риёкорон! Қиёфаи замину осмонро шинохта метавонед, пас чй гуна ин замонро шинохта наметавонед? 57 «Пас, чаро шумо аз пеши худ ҳукм намекунед, ки адолат чист? 58 «Вақте ки ту бо даъвогари худ назди сардорон меравй, дар аснои роҳ саъю кӯшиш намо, ки аз вай халос шавй, то ки вай туро назди қозй набарад, ва козй туро ба мулозим насупорад, ва мулозим туро ба зиндон наандозад; 59 «Ба ту мегӯям, ки то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳӣ рафт».

Луқо 13

Дар бораи тавба

1 ДАР ҳамин вақт баъзеҳо омада, ба Ӯ дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки хуни онҳоро Пилотус бо курбониҳои онҳо омехтааст. 2 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё гумон мекунед, ки ин ҷалилиён аз ҳамаи ҷалилиён зиёдтар гуноҳкор будаанд, ки чунин азоб кашидаанд? 3 «Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд. 4 «Ва оё гумон мекунед, ки он ҳаждаҳ одам, ки бурҷи Шилӯаҳ ба болояшон афтода, онҳоро нобуд карда буд, аз ҳамаи сокинони Ерусалим зиёдтар айбдор буданд? 5 «Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд».

Масал дар бораи дарахти анҷири бемева

6 Ва чунин масале гуфт: «Шахсе дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд, ва омад, то ки мевае аз он пайдо кунад, вале чизе наёфт. 7 «Ва ба токдор гуфт: "Инак, се сол боз ман меоям, то ки аз ин дарахти анҷир мевае пайдо кунам, вале чизе намеёбам; онро бибур: барои чӣ заминро беҳуда банд кунад?" 8 «Аммо вай дар ҷавоб гуфт: "Эй оғо! Имсол ҳам онро бимон, то ки гирдашро канда, нурй андозам: 9 «Шояд, бор оварад; ва агар наоварад, соли оянда онро мебурӣ"».

Исо дар рӯзи шанбе шифо медиҳад

10 Дар яке аз куништҳо Ӯ рӯзи шанбе таълим медод; 11 Ва инак, зане ҳаждаҳ сол боз гирифтори рӯҳи заъф буд: вай қадхамида буд, ва қоматашро рост карда наметавонист. 12 Исо чун вайро дид, вайро садо карда, гуфт: «Эй зан! Аз ранҷурии худ халос мешавй». 13 Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд. 14 Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рӯзи шанбе фо дод, дарғазаб шуда, ба мардум гуфт: «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рӯзи шанбе». 15 Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Эй риёкор! Оё ҳар яке аз шумо гов ё хари худро дар рӯзи шанбе аз охур воз карда, барои об додан намебарад? 16 «Ва ин духтари Иброҳимро, ки шайтон ҳаждаҳ сол боз баста буд, оё дар рӯзи шанбе аз он бандҳояш халос кардан лозим набуд?» 17 Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, ҳамаи мухолифонаш дар хиҷолат монданд; ва тамоми мардум аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ шод буданд.

Масал дар бораи донаи хардал

18 ВаӮгуфт: «Малакути Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам? 19 «Он мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи ҳуд партофт: ва он нумӯ карда, дарахти калоне шуд, ва мурғони ҳаво дар шохаҳояш ошьёна сохтанд».

Масал дар бораи хамиртуруш

20 Боз гуфт: «Малакути Худоро ба чӣ монанд кунам? 21 «Он монанди хамиртурушест, ки эане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид».

Ҷавоби Исо ба савол дар бораи он ки оё шумораи наҷотьёбан дагон кам аст

22 Ва Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, таълим медод, дар ҳолате ки роҳи Ерусалимро пеш гирифта буд. 23 Касе ба Ӯ савол дода, гуфт: «Худовандо! Наход ки шумораи наҷотьёбандагон кам аст?» Ба онҳо гуфт: 24 «Саъю кӯшиш кунед, ки аз дари танг дохил шавед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон ба дохил шудан ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард, лекин нахоҳанд тавонист, 25 «Вақте ки Соҳиби хона бархоста, дарро бандад, шумо дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: "Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун". Вале Ӯ дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт: "Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед". 26 «Он гоҳ хоҳед гуфт: "Мо пеши Ту хӯрдем ва нӯшидем, ва дар кӯчаҳои мо Ту таълим медодй". 27 «Лекин Ӯ хоҳад гуфт: "Ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон". 28 «Дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд, чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ва тамоми анбиёро дар Малакути Худо бубинед, вале худатон бадар ронда шуда бошед. 29 «Ва аз шарқ ва ғарб ва шимол ва ҷануб омада, дар Малакути Худо хоҳанд нишаст. 30 «Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин хоҳанд шуд».

Нияти Ҳиродус, ки Исоро бикушад

31 Дар ҳамон рӯз баъзе аз фарисиён омада, баӮгуфтанд: «Баро ва аз ин ҷо бирав, зеро ки Хиродус мехоҳад Туро ба қатл расонад». 32 Ба онҳо гуфт: «Биравед ва ба он рӯбоҳ бигӯед: "Инак, имрӯз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рӯзи сеюм саранҷом хоҳам ёфт; 33 «Лекин Маро лозим аст, ки имрӯз, фардо ва пасфардо роҳ равам, зеро мумкин нест, ки набӣ берун аз Ерусалим бимирад".

Щикояти Исо дар бораи Ерусалим

34 «Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед! 35 «Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Ба шумо мегӯям, ки Маро дигар нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: "Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!"»

Луқо 14

Исо дар рӯзи шанбе шифо медиҳад

1 ЯК рӯзи шанбе Ӯ ба хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хӯрок хӯрдан омад, ва онҳо Ӯро мушоҳида мекарданд: 2 Ва инак, марде пеши Ӯ омад, ки гирифтори бемории истисқо буд. 3 Исо ба шариатдонон ва фарисиён рӯ оварда, гуфт: Юё дар рӯзи шанбе ншфо додан ҷоиз аст ё не?» 4 Онҳо хомӯш монданд. Ва Ӯ он мардро ламс намуда, шифо бахшид ва фиристод. 5 Ва ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки хараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рӯзи шанбе берун наоварад?» 6 Ба ин гап эроде гирифта натавонистанд.

Масал дар бораи онҳое ки дуст медоранд дар базм пешгоҳнишин бошанд

7 Чун Ӯ пайхас намуд, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт: 8 «Вақте ки касе туро ба тӯи арӯсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин: мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту мӯҳтарамтаре бошад, 9 «Ва он касе ки туро ва ӯро даъват намудааст, назди ту биёяду гӯяд: "Ҷои худро ба ӯ бидеҳ"; ва он гоҳ бо хиҷолат дар тюини хона ҷой гирифтанат лозим мешавад. 10 «Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона бинишин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту биёяду гуяд: "Эй дӯст! Болотар бинишин"; он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме хоҳад буд, 11 «Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад».

Порсоии фарисиён не, балки раҳмдилӣ муҳим аст

12 Ва ба он касе ки Ӯро даъват намуда буд, гуфт: «Вакте ки хӯроки пешинӣ ё хӯроки бегоҳй ташкил мекунӣ, дӯстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватдори худро даъват накун: мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва мукофоти ту дода шавад. 13 «Балки, чун зиёфат медиҳй, мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро даъват намо, 14 «Ва ту хушбахт хоҳӣ буд, ки онҳо имконият надоранд мукофоте ба ту бидиҳанд; зеро ки дар рӯзи эҳьёи одилон мукофоте ба ту ато хоҳад шуд». 15 Яке аз онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, ин сухаконро шунида, ба Ӯ гуфт: «Хушо касе ки дар Малакути Худо хӯрок хӯрад!»

Масал дар бораи онҳое ки ба зиёфат даъват шудаанд

16 Ва Ӯ ба вай гуфт: «Шахсезиёфати калоне ташкил карда, бисьёр касонро даънат намуд; 17 «Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гӯяд: "Биёед, зеро ки ҳама чиз тайёр аст". 18 «Ва ҳама, гӯё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт: "Ман замин харидаам, ва рафта онро диданам лозим аст; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ". 19 «Дигаре гуфт: "Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ". 20 «Сеюмин гуфт: "Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям". 21 «Ва он ғулом омада, инро ба оғои худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт: "Зуд ба кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр баро, ва мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро ба ин ҷо биёр". 22 «Ва ғулом гуфт: "Эй оғо! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст". 23 «Ва оғо ба ғулом гуфт: „Ба сари роҳҳо ва кӯчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан ризо кун, то ки хонаи ман пур шавад; 24 "Зеро ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хӯроки маро нахоҳад чашид: зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон - кам"».

Исоро пайравӣ карда намешавад бе он ки кас ба таври чиддӣ тарки ҳама чиз кунад ва худро имтиҳон намояд

25 Бо Ӯ мардуми бисьёре равона буданд; ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт: 26 «Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад; 27 «Ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад;

Масал дар бораи касе ки бурҷе месозад

28 «Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанй шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад, 29 «Ки мабодо, баъд аз ниҳодани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ӯ нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ӯро тамасхур кунанд. 30 «Ва гӯянд: "Ин шахс ба сохтан шурӯь намуд ва ба тамом кардан қувваташ нарасид?"

Масал дар бораи подшоҳе ки ба чанг медарояд

31 «Ё кадом подшоҳ аст, ки ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг даромаданӣ шуда, аввал нишаста маслиҳат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор аскар қодир аст ба касе муқовимат намояд, ки бо бист ҳазор аскар бар зидди ӯ меояд? 32 «Вагар на, ҳанӯз ки вай дур аст, назди вай элчӣ фиристода, сулҳ металабад. 33 «Ҳамчунин ҳар яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад.

Дар бораи намаке ки қувваташро гум карда бошад

34 «Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? 35 «На барои замин кор меояд, на барои нурӣ; онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»

Луқо 15

Шикваи фарисиён ва китобдонон

1 ҲАМАИ боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ӯ меомаданд, то ки суханони Ӯро гӯш кунанд. 2 Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд: «Ӯ гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳохӯрокмехӯрад».

Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда

3 Ва Ӯ ба онҳо ин масалро гуфт: 4 «Кист аз шумо, ки сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нӯҳро дар биёбон гузошта, аз ақиби он гумшуда намеравад, то даме ки онро биёбад? 5 «Ва чун ёфт, бо шодй онро бар китфи худ мегузорад; 6 «Ва ба хонаи худ омада, дӯстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегӯяд: "Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтаам". 7 «Ба шумо мегӯям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодй зиёдтар хоҳад буд, назар ба наваду нӯҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд.

Масал дар бораи дирҳами гумшуда

8 «Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе дарнагиронад ва хонаро рӯфта, бодиққат ҷустуҷӯ накунад, то даме ки онро биёбад? 9 «Ва чун ёфт, дӯстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: "Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам". 10 «Ба шумо мегӯям, ки дар миени фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад».

Масал дар бораи писари ноқобил

11 Боз гуфт: «Шахсе ду гщсар дошт; 12 «Ва хурдии онҳо ба падар гуфт: "Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман деҳ". Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард. 13 «Баъд аз чанд рӯз писари ҳурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии ҳудро дар айшу нӯш исроф намуд. 14 «Вақте ки ҳамаашро сарф кард, қаҳтии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд; 15 «Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро ба саҳрои худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад; 16 «Ва ӯ орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехӯрданд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод. 17 «Оқибат ӯ ба худ омада, гуфт: "Чй қадаре аз муздурони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасам! 18 «Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, 19 «Ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам; марочун яке аз муздуронат қабул кун". 20 «Ва ӯ бархоста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ ҳеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғуш капшду бӯсид. 21 «Ва гщсар ба вай гуфт: "Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам". 22 «Аммо падар ба ғуломони худ гуфт: "Либоси беҳтарине оварда, ба ӯ бипӯшонед, ва ангуштарин ба дасташ ва мӯза ба пойҳояш бидиҳед; 23 «Ва гӯсолаи охуриро оварда, сар буред: бихурем ва димоғчоқӣ кунем, 24 «Зеро ки ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд". Ва ба димоғчоқй шурӯъ карданд. 25 «Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садоҳои суруду сурур ба гӯшаш расид; 26 «Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад? 27 «Вай ба ӯ гуфт: "Бародарат омад, ва падарат гӯсолаи охуриро сар бурид, чунки ӯро сиҳат саломат дид". 28 «Ӯ ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада, ӯро ҷеғ зад. 29 «Аммо ӯ дар ҷавоби падараш гуфт: "Инак, чандин сол аст, ки ман ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фармони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғола ҳам надодаӣ, то ки бо дӯстони худ димоғчоқӣ кунам; 30 «Ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гӯсолаи охуриро сар буридаӣ". 31 «Ба ӯ гуфт: "Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастй, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст; 32 «Аммо ба он мебоист шодй ва димоғчоқӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд"».

Луқо 16

Масал дар бораи амалдори ҳакиму вале ноинсоф

1 БА шогирдони Худ низ гуфт: «Як марди сарватдор буд, ки амаддоре дошт, ва дар ҳаққи вай ба ӯ шикоят карданд, ки молу мулки ӯро исроф менамояд; 2 «Вайро ҷеғ зада, гуфт: "Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз амалиёти худ ҳисобот деҳ, зеро ки дигар наметавонӣ амалдор бошй". 3 «Он амалдор дар дили худ гуфт: "Чй кунам? Оғоям маро аз вазифаам маҳрум месозад: аз ӯҳдаи каландзанӣ намебароям, аз гадой шарм мекунам; 4 "Медонам, чӣ кунам, то ки мардум, ҳангоми аз вазифа маҳрум шуданам, маро дар хонаҳои худ пазироӣ кунанд". 5 «Ва ҳар яке аз қарздорони оғои худро ба танҳоӣ ҷеғ зада, ба якумин гуфт: "Ту аз оғои ман чӣ қадар қарздор ҳастй?" 6 «Гуфт: "Сад ченак равған". Ба вай гуфт: "Забонхати худро бигир ва зуд нишаста, панҷоҳ бинавис". 7 «Баъд ба дигаре гуфт: "Ту чй қадар қарздор ҳастӣ?" Дар ҷавоб гуфт: "Сад ченак гандум". Ба вай гуфт: "Забонхати худро бигир ва ҳаштод бинавис". 8 «Ва он оғо амалдори ноинсофро таъриф кард, ки оқилона рафтор кардааст; зеро ки писарони ин олам дар муомила бо мардуми насли худ аз писарони нур оқилтаранд. 9 «Ва Ман ба шумо мегӯям: бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо кунед, то ки онҳо дар вақти тамом шудани он шуморо ба масканҳои ҷовидонй пазироӣ кунанд. 10 «Касе ки дар чизи андак мӯътамад бошад, дар чизи бисьёр низ мӯътамад аст, ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисьёр низ ноинсоф аст. 11 «Пас, модоме ки шумо дар сарвати ноинсофона мӯътамад набудед, кист, ки сарвати ҳақиқиро ба шумо месупурда бошад? 12 «Ва модоме ки дар чизи бегона мӯътамад набудед, кист, ки чизи худатонро ба шумо медода бошад? 13 «Ҳеҷ ғулом ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт; ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед».

Дар бораи порсоии сохтаи фарисиён ва ахамияти Таврот

14 Ва фарисиён, ки зарпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Ӯро тамасхур карданд. 15 Ба онҳо гуфт: «Шумо худро пеши мардум одил вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст: зеро он чи дар назари мардум олидараҷа аст, пеши Худо зишт аст. 16 «Таврот ва суҳафи анбиё то Яҳьёст; аз он вакт ин ҷониб Малакути Худо башорат дода мешавад, ва ҳар кас бо ҷидду ҷаҳд ба он дохил мегардад. 17 «Лекин фанои осмон ва замин осонтар аст аз он ки нуктае аз Таврот маҳв шавад.

Исо дар бораи талок

18 «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, зино карда бошад; ва ҳар кй зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.

Сарватдор ва Лаъзор

19 «Шахси сарватдоре буд, ва либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯз базми боҳашамат барпо мекард. 20 «Ва Лаъзор ном мискине назди дарвозаи ӯ мехобид, ва баданаш пур аз захм буд; 21 «Ва орзу дошт аз он чи аз дастархони он сарватдор меафтод, птиками худро сер кунад; ва сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд. 22 «Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ӯро ба оғӯши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ӯро дафн карданд; 23 «Ва дар дӯзах ӯ, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғӯшаш буд, дид 24 «Ва фарьёд зада, гуфт: "Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам". 25 «Лекин Иброҳим гуфт: "Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ; 26 «Ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд". 27 «Ва ӯ гуфт: "Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи падари ман бифирист. 28 «Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу укубат наоянд". 29 «Иброҳим ба ӯ гуфт: "Онҳо Мусо ва анбиё доранд; ба суханонашон гӯш кунанд". 30 «Аммо ӯ гуфт: "Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард". 31 «Ба ӯ гуфт: "Модоме ки ба Мусо ва анбиё гӯш намедиҳанд, ҳатто агар яке аз мурдагон эҳьё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард"».

Луқо 17

Дар бораи ҷиддияти васвасаҳо, дар бораи муҳаббати афвку нанда ва қуввати имон

1 ВА Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Хеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд: 2 «Бар гардани вай санги осиёе овехта, вайро дар баҳр афкананд, барои вай беҳтар аст аз он ки вай яке аз ин тифлонро ба васваса андозад. 3 «Ба худ назорат кунед. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, ба ӯ гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ӯро афв намо; 4 «Ва агар рӯзе ҳафт карат ба ту гуноҳ кунад ва рӯзе ҳафт карат руҷӯънамуда, гӯяд: "Тавба кардам", - ӯро афв намо». 5 Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун». 6 Худовапд гуфт: <сАгар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед ва ба ин дарахти тут мегуфтед: "Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав", - он ба шумо итоат мекард.

Масал дар бораи ғуломе ки аз саҳро бармегардад

7 «Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чӯпонӣ машғул бошад ва ҳангоми аз саҳро баргаштанаш ба вай гӯяд: "Зуд омада, казди суфра бинишин"? 8 «Баръакс, оё ӯ ба вай намегӯяд: "Барои ман хӯроки бегоҳй тайёр кун ва камари худро баста, ба ман ҳизмат кун, то даме ки бихӯрам ва бинӯшам, ва баъд аз он худат биҳӯр ва бинӯш"? 9 «Оё ӯ ба он ғулом барои он ки фармонҳои ӯро ба ҷо овард, миннатдорӣ баён мекунад? Гумон намекунам. 10 «Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: "Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем"».

Шифо ёфтани даҳ шахси махавӣ

11 Дар аснои роҳи Ерусалим Ӯ аз ҳудуди байни Сомария ва Ҷалил мегузашт. 12 Ва ҳангоме ки Ӯ ба қасабае дохил мешуд, даҳ шаҳси махавй аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода, 13 Бо овози баланд мегуфтанд: «Эй Исои Ӯстод, ба мо марҳамат кун!» 14 Ва Ӯ, чун дид, ба онҳо гуфт: «Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок пгуданд. 15 Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд, 16 Ва пеши пойҳоиӮ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд. 17 Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд?Пас он нӯҳ нафар куҷоянд? 18 Оё, ғайр аз ин аҷнабй, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?» 19 Ва ба ваи гуфт: «Бархоста, бирав; имонат туро наҷот дод».

Дар бораи омадани Малакути Худо

20 Чун фарисиён баӮ савол доданд, ки Малакути Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Малакути Худо тавре намеояд, ки ба назар намоён шавад, 21 «Ва намегӯянд: "Инак, он дар ин ҷост", ё: "Инак, дар он ҷост"; зеро инак, Малакути Худо дар дохили шумост».

Исо дар бораи омадани дуюми Худ сухан меронад

22 Ва ба шогирдон гуфт: «Айёме меояд, ки дидани фақат як рӯзи Писари Одамро орзу ҳоҳед кард, ва нахоҳед дид; 23 «Ва ба шумо хоҳанд гуфт: "Инак, дар ин ҷост", ё: "Инак, дар он ҷост", - наравед ва аз ақиби онҳо надавед; 24 «Зеро, чӣ тавре ки барқ аз як канори осмон дурахшида, то канори дигари осмон нур мепошад, Писари Одам дар рӯзи Худ ҳамин тавр хоҳад буд. 25 «Лекин аввал Ӯро лозим аст, ки бисьёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад карда шавад. 26 «Ва чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд: 27 «Мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд - то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштй даромад, ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард. 28 «Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд; 29 «Лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард. 30 «Дар рӯзи зоҳир шудани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд. 31 «Дар он рӯз ҳар кӣ бар бом буда, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад: 32 «Зани Лутро ба хотир оваред. 33 «Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ онро барбод дихад, онро зинда хоҳад кард. 34 «Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд; 35 «Аз ду зане ки якҷоя бо дастос машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд; 36 «Аз ду нафаре ки дар киштзор бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд». 37 Дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Куҷо, эй Худованд?» Ба онҳо гуфт: «Ҳар куҷо лоша бошад, каргасон низ дар он ҷо ҷамъ мешаванд».

Луқо 18

Масал дар бораи қозии ноинсоф

1 ВА ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гӯяд ва маъюс нашавад, 2 Ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки ка тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум. 3 «Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ӯ омада, мегуфт: "Маро аз душманонам муҳофизат намо". 4 «Муддати дуру дарозе қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: "Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум, 5 "Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад"». 6 Ва Худованд гуфт: «Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегӯяд? 7 «Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд? 8 «Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?»

Масал дар бораи фарисӣ ва боҷгир

9 Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт: 10 «Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд. 11 «Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: "Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам: 12 "Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам". 13 «Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: "Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун". 14 «Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи ҳуд рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад».

Исо кӯдаконро дуо мекунад

15 Кӯдаконро низ назди Ӯ меоварданд,то ки онҳоро ламс кунад; шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ мешуданд. 16 Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро ки Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад; 17 «Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».

Исо ва ҷавони сарватдор

18 Ва сардоре аз Ӯ пурсид: «Эй Ӯстоди некӯ! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?» 19 Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯй? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона. 20 «Аҳкомро медони: зино накун; қатл накун; дуздй накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун». 21 Гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакй нигоҳ доштаам». 22 Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе ҳоҳй ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун». 23 Лекин вай, чун инро шунид, андӯҳгин шуд, зеро ки бағоят сарватдор буд. 24 Исо андӯҳи вайро дида, гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст! 25 «Зеро ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад». 26 Шунавандагон гуфтанд: «Пас кй метавонад наҷот ёбад?» 27 Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст».

Дар бораи мукофоти шогирдон

28 Петрус гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем». 29 Ба онҳо гуфт: «Ба ростй ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё падару модар, ё бародарон, ё хоҳарон, ё зан, ё фарзандонро аз баҳри Малакути Худо тарк кунаду 30 «Дар ин замон ҳеле зиёдтар ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонй наёбад».

Исо бори сеюм дар бораи мамоти Худ ва эҳьёи Худ сухан меронад

31 Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва ҳар он чи бо забони анбиё дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал хоҳад омад: 32 «Зеро ки Ӯ ба дасти гайрияҳудиён таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро тамасхур кунанд, ҳақорат диҳанд, туфборон кунанд, 33 «Ва тозиёна зананд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ зҳьё шавад». 34 Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пӯшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд.

Шифо ёфтани кӯр дар наздикии Ериҳӯ

35 Вакте ки Ӯ ба Ериҳӯ наздик мешуд, кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид; 36 Ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид: «Ин чист?» 37 Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирй меояд. 38 Дарҳол фарьёд карда, гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». 39 Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба ҳомӯш шуданводор карданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». 40 Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ӯ биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид: 41 «Чӣ меҳоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Гуфт: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам». 42 Исо ба вай гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо бахшид». 43 Вай дарҳол бино гашт ва, Худоро ситоишкунон, аз ақиби ӯ равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано хонданд.

Луқо 19

Имон овардани Заккай.

1 ВА Ӯ ба Ериҳӯ ворид шуда, аз он мегузашт. 2 Ва инак, Заккай ном шахс, ки сардори боҷгирон ва сарватдор буд, 3 Мехост Исоро бубинад, ки Ӯ кист, лекин ба сабаби бисьёрии мардум натавонист, чунки қадаш паст буд. 4 Ва давида пеш гузашту болои дарахти анҷире баромад, то ки Ӯро бубинад, чунки Ӯро лозим буд аз пешн он бигзарад. 5 Вакте ки Исо ба он ҷо расид, назар афканда, вайро дид ва гуфт: «Эй Заккай! Зуд фурӯд ой, зеро ки имрӯз Маро лозим аст дар хонаат бимонам». 6 Вай зуд фуромада, Ӯро бо хурсандӣ пазирой намуд. 7 Ва ҳама инро дида, шиквакунон гуфтанд, ки Ӯ дар ҳонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст. 8 Аммо Заккай барҳоста, ба Худованд гуфт: «Худовандо! Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофоиа гприфта бошам, чор баробар подош медиҳам». 9 Исо ба вай гуфт: «Имрӯз ба пн ҳона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари Иброҳим аст; 10 «Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад».

Масал дар бораи даҳ минои амонатӣ

11 Вакте ки онҳо инро гӯш мекарданд, Ӯ боз масале илова намуд: зеро ки Ӯ дар наздикин Ерусалпм буд, ва онҳо гумон мекарданд, ки ба зудӣ бояд Малакути Худо ба зуҳур ояд. 12 Бинобар ин Ӯ гуфт: «Шахсе аз ашроф ба кишвари дурдаст мерафт, то ки салтанате ба даст оварда, баргардад; 13 «Ва даҳ нафар ғуломоиашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино дод ва ба онҳо гуфт: "Бо ин пул то вақти гашта омаданам доду муомила кунед". 14 «Аммо аҳли шаҳраш ба вай адоват доштанд ва аз ақиби вай элчӣ фиристоданд, то бигӯяд: "Намеҳоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад". 15 «Ва ҳангоме ки вай салтанатро ба даст оварда, баргашт, фармуд, ки ҳамон ғуломонро, ки ба онҳо пул дода буд, ҷеғ зананд, то фаҳмад, ки ҳар яке чӣ қадар фоида кардааст. 16 «Якумин омада, гуфт; "Эй оғо! Як минои ту даҳ мино фоида овард". 17 «Ба ӯ гуфт: "Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски ба чизк андак мӯътамад будӣ, бар даҳ шаҳр ҳоким шав". 18 «Дуюмин омада, гуфт: "Эй оғо! Як минои ту панҷ мино фоида овард". 19 «Ба ӯ низ гуфт:?Ту ҳам бар панҷ шаҳр ҳоким шав". 20 «Сеюмин омада, гуфт: "Эй оғо! Инак як минои ту, ки онро ба рӯймоле печонда, нигоҳ доштам; 21 "Зеро ки ман аз ту тарсидам, чунки шахси сахтгир ҳастӣ: он чи нагузоштай, мегирӣ, ва он чи накоштаӣ, медаравӣ". 22 «Ба ӯ гуфт: "Туро аз забони худат маҳкум мекунам, эй ғуломи шарир! Ту медонистӣ, ки ман шахси сахтгир ҳастам, он чи нагузоштаам, мегирам, ва он чи накоштаам, медаравам; 23 «Пас чаро пули маро ба саррофон надодӣ, то ки ман омада, онро бо фоидааш бигирам?" 24 «Ва ба ҳозирон фармуд: "Он миноро аз ӯ гирифта, ба он ки даҳ мино дорад, бидиҳед". 25 «Ба ӯ гуфтанд: "Эй оғо! Ваӣ даҳ мино дорад". 26 "Ба шумо мегӯям, ки ҳар кй дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад; 27 "Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳй кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман ба қатл расонед"».

Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо

28 Ин суханонро гуфта, Ӯ боз ба роҳ даромад ва сӯи Ерусалнм равоиа шуд. 29 Ва чун ба БайтФоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки бар кӯҳи Зайтун аст, наздик омад, ду шогирди Худро фиристода, 30 Ба онҳо гуфт: «Ба он деҳа, ки рӯ ба рӯи мост, биравед; ҳамин ки вориди он шудед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, биёред; 31 «Ва агар касе аз шумо пурсад: "Чаро воз мекунед?" - ба вай бигӯед: "Худованд ба он эҳтиёч дорад"». 32 Фиристодагон рафта, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд. 33 Вақте ки онҳо курраро воз мекардаид, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?» 34 Гуфтанд: «Худованд ба он эҳтпёҷ дорад». 35 Ва онро назди Исо оварданд; ва ҷомаҳои худро бар курра афканда, Исоро ба он савор кардаид. 36 Ва ҳангоме ки Ӯ мерафт, ҷомаҳои худро бар роҳ мегустурданд. 37 Вақте ки Ӯ ба фуромадгоҳи кӯҳи Зайтун наэдик шуд, тамоми тӯдаи шогирдонаш шодикуион бо оволи баланд Худоро барои ҳамаи мӯъҷизаҳое ки дида буданд, ҳамду сано карда, 38 Мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Худованд меояд! Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!» 39 Баъзе фарисиён аз миёни мардум ба Ӯ гуфтанд: «Эй Ӯстод! Шогирдони Худро манъ кун». 40 Дар ҷавоб гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо нидо хоҳанд кард».

Маҳзунии Исо дар бораи Ерусалим

41 Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохга, ба ҳоли он гирьен шуд 42 Ва гуфт: «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиштагии ту мебарад! Аммо ин ҳоло аз чашмони ту ииҳои аст; 43 «Зеро рӯзҳое ба сарат меояд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо хоҳанд сохт ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг хоҳанд овард, 44 «Ва туро, ва фарзаидонатро дар дохили ту, ба хок яксон ҳоҳанд кард, ва дар ту санге бар саиге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки ту вақтн тафаққуди ҳудро надонистй».

Исо бори дуюм маъбадро пок мекунад

45 Ва ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар он харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд, 46 Ва ба опҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки "хонаи Ман хонаи ибодат аст", аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед». 47 Ва ҳар рӯз дар маъбад таълим медод. Аммо саркоҳинон ва китобдонон ва пирони кавм касд доштанд, ки Ӯро нобуд кунанд, 48 Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, зеро ки тамоми мардум пайваста ба суханоии Ӯ гӯш медоданд.

Луқо 20

Масъалаи кудрати Исо,

1 ДАР яке аз рӯзҳое ки Ӯ мардумро дар маъбад таълим ва башорат медод, саркоҳинон ва китобдонон бо пирон омада, 2 Ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо бигӯй, ки бо кадом кудрат Ту ин корҳоро мекунӣ, ё кист, ки ин кудратро ба Ту додааст?» 3 Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ва ба Ман бигӯед: 4 «Таъмиди Яҳьё аз осмон буд ё аз инсон?» 5 Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имок наовардед?" 6 «Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд", тамоми қавм моро сангсор хоҳанд кард, зеро яқин дорапд» ки Яҳьё набӣ буд». 7 Ва дар ҷавоб гуфтанд: «Намедонем аз куҷо буд». 8 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам».

Масал дар бораи токдорони бадкор

9 Ва ба мардум чунин масалеро гуфт: «Шахсе токзоре шинонд, ва онро ба токдорон супурда, муддати дуру дарозе сафар кард; 10 «Ва чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то ки аз меваи токзор ба вай бидиҳанд; лекин токдоррн вайро зада, тиҳидаст равона карданд. 11 «Ва ӯ ҳизматгори дигарро фиристод; вале онҳо вайро низ зада ва дашном дода, тиҳидаст фиристоданд. 12 «Ва ӯ боз сеюмашро фиристод; аммо вайро низ ярадор карда, бадар ронданд. 13 «Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: "Чӣ кунам?Писаримаҳбуби худро мефиристам; шояд, ӯро дида, шарм кунанд". 14 «Лекин токдорон чун ӯро диданд, бо ҳамдигар маслиҳат карда, гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то ки мерос аз они мо шавад". 15 «Ва ӯро аз токзор бароварда, купгтанд. Пас, соҳиби токзор ба онҳо чӣ хоҳад кард? 16 «Вай омада, он токдоронро ба марг маҳкум ҳоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд». Онҳое ки ин суханонро шуниданд, гуфтанд: «Ҳошо ва калло!» 17 Аммо Ӯ ба онҳо назар андохта, гуфт: «Маънои ин суханоне ки навишта шудааст, чист: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид"? 18 «Ҳар кй бар он санг афтад, порапора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро маҷақ кунад».

Масъалаи хироҷ

19 Саркоҳинон ва китобдонон қасд доштанд, ки дар ҳамон дам Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд, зеро донистанд, ки ин масалро Ӯ дар ҳаққи онҳо гуфта буд. 20 Ва Ӯро дар зери назорат гирифта, айёронро фиристоданд, то ки онҳо худро одил нишон дода, Ӯро аз суханаш афтонанд ва ба қудрат ва ихтиёри ҳоким таслим кунаид. 21 Ва онҳо ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳаққи гапро мегӯӣ ва меомӯзӣ, ва рӯбинӣ намекунӣ, балки тариқи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; 22 «Оё ба қайсар ҷизья додани мо ҷоиз аст, ё не?» 23 Вале Ӯ макри онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро Маро меозмоед? 24 «Диноре ба Ман нишон диҳед: сурат ва рақами рӯи он аз они кист?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Аз они қайсар». 25 Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо». 26 Ва Ӯро пеши мардум аз суханаш афтонда натавонистанд ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат афтода, хомӯш монданд.

Исо ба саддуқиён дар бораи эҳьё сухан меронад

27 Ва баъзе аз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд: 28 «Эй Ӯстод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе бимирад ва зандор буда, фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад. 29 «Ва инак, ҳафт бародар буданд: якумин зан гирифт ва фарзанде ба дуньё наоварда, мурд; 30 «Ва он занро дуюмин гирифт, вале ӯ низ фарзанде ба дуньё наоварда, мурд; 31 «Баъд вайро сеюмин гирифт, ва ҳамин тавр то ҳафтумин, ва ҳама фарзанде нагузошта, мурданд; 32 «Баъд аз ҳама зан низ мурд. 33 «Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки хар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд». 34 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Фарзандони ин дуньё зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд; 35 «Лекин онҳое ки сазовори расидан ба он дуньё ва ба эҳьёи мурдагон бишаванд» на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, 36 «Ва дигар бор наметавонанд бимиранд, зеро ки онҳо ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қиёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд. 37 «Ин ки мурдагон эҳьё мешаванд, инро Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст. 38 «Ва Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро ки пеши Ӯ ҳама зинда ҳастанд».

Исо дар бораи китобдонон

39 Баъзе аз китобдонон инро шунида, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Нағз суҳан рондӣ». 40 Ва дигар онҳо ҷуръат надоштанд, ки аз Ӯ чизе бипурсанд. Ва Ӯ ба онҳо гуфт: 41 «Чӣ сон мегӯянд, ки Масеҳ Писари Довуд аст? 42 «Ва ҳол он ки худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин, 43 "То душманони Туро зери пои Ту андозам". 44 «Инак, Довуд Ӯро Худованд мехонад; пас чӣсонӮ писари вай будааст?» 45 Ва дар сурате ки тамоми мардум гӯш мекарданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: 46 «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва меписанданд дар бозорҳо табрик шунаванд, ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой гиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд; 47«Онҳо, ки ҳонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама саҳттар маҳкум ҳоҳанд шуд».

Луқо 21

Фулуси бевазан

1 ВА Ӯ назар андохта, сарватдоронро дид, ки ҳадияҳои худро ба ганҷина меандохтанд; 2 Ва ҳамчунин бевазани камбағалеро дид, ки ду фулус дар он андохт, 3 Ва Ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбагал аз ҳама бештар андохт; 4 «Зеро ки ҳамаи онҳо аз зиедатии худ ҳадия барои Худо андохтанд, лекин вай аз камбағалии худ тамоми нафақаеро, ки дошт, андохт».

Бар кӯҳи Зайтун

5 Вақте ки баъзе касон дар бораи маъбад сухан ронда, гуфтанд, ки он бо сангҳо ва инъомҳои гаронбаҳо зебу оро дода шудааст, Ӯ гуфт: 6 «Айёме меояд, ки аз он чи дар ин ҷо мебинед, санге бар санге наҳоҳад монд; хамааш хароб хоҳад шуд». 7 Аз Ӯ пурсиданд: «Эй Ӯстод! Ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати ба вуқӯъ омадани ин чӣ гуна аст?» 8 Гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки шуморо дар иштибоҳ наандозанд; зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам; ва он вақт наздик аст. Аз ақиби онҳо наравед. 9 «Ва чун овозаи ҷангҳо ва ошӯбҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд аввал воқеъ шавад; лекин дарҳол интиҳо намеёбад». 10 Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард; 11 «Ва дар ҳар ҷо зилзилаҳои азим, ва қаҳтию вабоҳо, ва ҳодисоти пурдаҳшат ва аломоти бузург аз осмон ба амал хоҳад омад. 12 «Аммо пеш аз ҳамаи ин ба шумо дасти тааддӣ дароз хоҳанд кард ва шуморо таъқиб намуда, ба куништҳо ва зиндонҳо ҳоҳанд супурд ва ба хотири исми Ман назди подшоҳону ҳокимон хоҳанд бурд; 13 «Ва ин ба шумо барои шаҳодат хоҳад буд. 14 «Пас, дар дили худ аҳд кунед, ки пешакй андеша накунед, чй ҷавоб бояд бидиҳед. 15 «Зеро ки Ман ба шумо забоне ва ҳикмате хоҳам дод, ки ҳамаи душманони шумо натавонапд на зиддияте ба он нишон диҳанд ва на ба муқобили он чизе бигӯянд. 16 «Ва шуморо падару модарон, ва бародарон, ва хешовандон, ва дӯстон таслим хоҳанд кард. Ва баъзеи шуморо ба қатл хоҳанд расонд; 17 «Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт. 18 «Лекин мӯе аз сари шумо талаф нахоҳад шуд. 19 «Ҷонҳои худро бо сабри худ наҷот хоҳед дод.

Дар бораи хароб шудани Ерусалим

20 «Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст; 21 «Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кй дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд, 22 «Чунки ин айёми интиқом аст, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст. 23 «Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём; зеро ки мусибати бузурге бар замин рӯй дода, ин қавм гирифтори ғазаб хоҳанд шуд: 24 «Ва ба дами щамшер хоҳанд афтод, ва дар миёни ҳамаи халқҳо ба асирӣ хоҳанд рафт; ва Ерусалим поймоли ғайрияҳудиён хоҳад шуд, то даме ки даврони ғайрияҳудиён ба анҷом расад.

Дар бораи бо ҷалол омадани Худованд

25 «Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳад ёфт, ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурӯши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд; 26 «Ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки кувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд. 27 «Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо кудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд. 28 «Вақте ки ба амал омадаии ин чизҳо оғоз шавад, бархоста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд». 29 Ва ба онҳо масале гуфт: «Ба дарахти анҷир ва ба ҳамаи дарахтон нигоҳ кунед: 30 «Вақте ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст; 31 «Ҳамчунин, вакте ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, бидонед, ки Малакути Худо наздик аст. 32 «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд; 33 «Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест. 34 «Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд; 35 «Зеро ки он, монанди доме, бар ҳамаи сокинони тамоми рӯи замин хоҳад омад; 36 «Пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед». 37 Рӯзҳо Ӯ дар маъбад таълим медод; ва шабҳо берун омада, дар кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, шабгузаронӣ мекард. 38 Ва тамоми мардум бомдодон назди Ӯ ба маъбад барои шунидани суханонаш меомаданд.

Луқо 22

Яхудо Исоро таслим мекунад

1 ИДИ фатир, ки фисҳ номида мешавад, наздик буд; 2 Саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон Ӯро ба қатл расонанд, чунки аз мардум метарсиданд. 3 Ва ба дили Яҳудо, ки лақаби Исқарьютро дошт ва аз ҷумлаи он дувоздаҳ буд, шайтон даромад. 4 Пас ваӣ рафта, бо саркоҳинон ва сардорон гуфтугӯ кард, ки чй сон Ӯро ба онҳо таслим кунад. 5 Онҳо шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд. 6 Вай ваъда кард, ва фурсат меҷуст, то кн Ӯро дур аз чашми мардум ба онҳо таслим кунад.

Омода кардани фисх

7 Ва рӯзи иди фатир, ки барраи фисҳро қурбонӣ кардан лозим буд, фаро расид. 8 Ва Ӯ Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Биравед ва фисҳро барои хӯрдани мо тайёр кунед». 9 Ба Ӯ гуфтанд: «Дар куҷо мехохӣ, ки тайёр кунем?» 10 Ба онҳо гуфт: «Инак, вақге ки ба шаҳр медароед, марде ба шумо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақибаш равона шавед то ба хонае ки вай медарояд, 11 «Ва ба соҳиби хона бигӯед: Ӯстод ба ту мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?" 12 «Вай ба шумо болохонаи калони мафрушеро нишон медиҳад; дар он ҷо тайёр кунед». 13 Онҳо равона шуданд ва, чунон ки Ӯ гуфта буд, ё'фтанд, ва фисҳро омода карданд.

Фисҳ

14 Ва ҳангоме ки соат расид, Ӯ назди суфра нишаст, ва дувоздаҳ ҳаввориён бо Ӯ буданд. 15 Ба онҳо гуфт: «Хеле иштиёқманд будам, ки пеш аз уқубати Худ ин фисҳро бо шумо бихӯрам; 16 Зеро ба шумо мегӯям, ки аз он дигар нахоҳам хӯрд, то вақте ки дар Малакути Худо ба амал ояд». 17 Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва гуфт: «Инро бигиред ва дар миёни худ тақсим кунед; 18 «Зеро ба шумо мегӯям, ки дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то вақте ки Малакути Худо биёяд».

Муқаррар кардани Таоми шоми Худованд

19 Ва нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред». 20 Ҳамчунин косаро баъд аз таоми шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад.

Исо дар бораи тпасл имкунанд а сухан меронад

21 «Ва инак, дасти таслимкунандаи Ман бо Ман дар сари суфра аст. 22 «Агарчи Писари Одам ончунон, ки пешакй мукяррар шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он кас, ки ба воситаи ваи Ӯ таслим карда шавад». 23 Ва онҳо аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад?

Баҳсу мунозира дар бораи бартарии шогирдон

24 Дар миёни онҳо инчунин баҳсу мунозира шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад. 25 Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронй мекунанд, ва ҳокимони онҳо валинеъмат хонда мешаванд; 26 «Аммо шумо ин тавр не: балки он ки дар байни шумо бузургтар аст, бояд монанди хурдтарин бошад, ва сардор - монанди хизматгузор. 27 «Зеро кадоме бузургтар аст: он ки назди суфра менишинад, ё он ки хизматгузор аст? Оё на он аст, ки назди суфра менишинад? Аммо Ман дар миёни шумо монанди хизматгузор ҳастам.

Ҷои ҳаввориён дар малакути оянда

28 «Ва шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед, 29 «Ва Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст, 30 «То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард».

Исо дар бораи инкори Петрус сухан меронад

31 Ва Худованд гуфт: «Шимъӯн! Шимъӯн! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо мисли гандуме аз ғарбел гузаронад; 32 «Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вакте, руҷуъ намуда, бародарони худро устувор гардон». 33 Вай ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба мамот биравам». 34 Лекин Ӯ гуФт: «Ба ту, эй Петрус, мегӯям, ки имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, ту се бор инкоркунон ҳоҳй гуфт, ки Маро намешиносй».

Исо ба шогирдон дар бораи имтиҳонҳое ки Ӯро дар пеш асту сухан меронад

35 Ва ба онҳо гуфт: «Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз». 36 Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Лекин акнун касе ки ҳамьён дорад, онро бигирад; ҳамчунин тӯрбаро; ва касе ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурӯҳта, бихарад. 37 «Зеро ба шумо мегӯям, ки ин сухани Навиштаҳо низ бояд дар ҳаққи Ман ба амал ояд: "Аз ҷинояткорон шумурда шуд". Зеро ҳар чи дар бораи Ман аст, интиҳо меёбад». 38 Ва онҳо гуфтанд: «Худовандо! Инак, дар ин ҷо дуто шамшер ҳаст». Ба онҳо гуфт: «Кифоя аст».

Исо дар боғи Ҷатсамонй

39 Ва берун омада, аз рӯи одат, ба кӯҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд. 40 Вақте ки ба он мавзеъ расид, ба онҳо гуфт: «Дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед». 41 Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда, гуфт: 42 «Эй Падар! Агар бихоҳй, ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд». 43 Ва фариштае аз осмон бар Ӯ зоҳир гардида, Ӯро тақвият медод. 44 Ва Ӯ дар изтироб афтода, бо ҷахди бештаре дуо мегуфт; ва арақи Ӯ мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид. 45 Баъд аз дуо барҳоста, Ӯ назди шогирдон омад, ва онҳоро дид, ки аз ғусса хоб рафтаанд. 46 Ва ба онҳо гуфт: «Чаро ҳоб рафтаед? Барҳоста, дуо гӯед, то ки ба озмоиш дучор нашавед».

Ҳабс шудани Исо

47 Ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак мардуми бисьёре паядо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то ки Ӯро бибӯсад. Зеро ки ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бнбӯсам, Ҳамон аст». 48 Ва Исо ба вай гуфт: «Эй Йҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунй?» 49 Касоне ки бо Ӯ буданд, чун диданд, ки кор ба чй меанҷомад, ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Оё ба шамшер бизанем?» 50 Ва яке аз онҳо ғуломи саркоҳинро зада» гӯши рости вайро бурида партофт. 51 Ӣсо дар ҷавоб гуфт: «Даст кашед, бас аст». Ва гӯши вайро ламс карда, шифо дод. 52 Ва Исо ба саркоҳинон ва сардорони маъбад ва гшроне ки бар зидди Ӯ ҷамъ омада буданд, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед! 53 «Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам, ва шумо ба Ман дасти таҷовуз дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки зулмот ҳукмфармост». 54 Ва Ӯро дастгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз паи онҳо равона шуд.

Дар доварии саркоҳинон. Инкори Петпрус

55 Вакте ки онҳо дар рӯи ҳавлӣ оташ даргиронда, даври он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст. 56 Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва синчакунон ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ин ҳам бо Ӯ буд». 57 Лекин вай инкор карда, ба зан гуфт: «Ман Ӯро намещиносам». 58 Пас аз муддате як одами дигар вайро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус ба он одам гуфт: «Ман аз онҳо нестам». 59 Тахминан як соат гузаштан баъд, боз як каси дигар боисрор гуфт: «Дар ҳақиқат ин ҳам бо Ӯ буд, зеро ки вай ҷалилист». 60 Аммо Петрус ба он кас гуфт: «Намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ҳанӯз вай сухан меронд, ки дарҳол хурӯс бонг зад. 61 Ва Худованд рӯй гардонда, ба Петрус назар андохт; ва Петрус сухани Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». 62 Ва берун рафта, зор-зор гирист.

Исо аз шарирон таҳқирҳоро қабул мекунад

63 Касоне ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро тамасхур мекарданд ва мезаданд; 64 Ва рӯи Ӯро пӯшида, торсакӣ мезаданд ва аз Ӯ мепурсиданд: «Нубувват кун, ки Туро кӣ задааст?» 65 Ва боз бисьёр ҳақоратҳои дигар дар ҳаққи Ӯ ба забон меронданд.

Исо ба хузури шурои пирон

66 Ҳамин ки чашми рӯз кушода шуд, пирони қавм, саркоҳинон ва китобдонон ҷамъ омада, Ӯро ба шӯрои худ дароварданд, 67 Ва гуфтанд: «Оё Ту Масеҳ ҳастӣ? Ба мо бигӯй». Ба онҳо гуфт: «Агар ба шумо гӯям, бовар намекунед; 68 «Ва агар ба шумо савол диҳам, ҷавоб намегардонед ва Маро озод намекунед; 69 «Минбаъд Писари Одам ба ямини қуввати Худо хоҳад нишаст». 70 Ва ҳама гуфтанд: «Пас, Ту Пксари Худо ҳастӣ?» Ба онҳо гуфт: «Шумо мегуед, ки Ман ҳастам». 71 Ва онҳо гуфтанд: «Дигар ба мо чӣ шаҳодате лозим аст? Зеро ки худамон аз забони Ӯ шунидем!»

Луқо 23

Исо ба ҳузури Пилотус

1 ВА тамоми аҳли маҷлисашон бархоста, Ӯро назди Пилотус бурданд. 2 Ва ба аибдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо ёфтаем, ки Ӯ қавми моро фосид мекунад, ба қайсар ҷизья додан намемонад ва Худро Подшоҳ Масеҳ меномад». 3 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Ту мегӯй». 4 Пилотус ба саркоҳинон ва ба мардум гуфт: «Дар Ин Одам ҳеҷ айбе намеёбам». 5 Лекин онҳо исрор намуда, мегуфтанд, ки Ӯ қавмро ба ошӯб меоварад ва дар тамоми Яҳудо, аз Ҷалил гирифта то ин ҷо, таълим медиҳад.

Исо дар тергави Ҳиродус

6 Вақге ки Пилотус инро шунид, савол дод: «Магар Ӯ ҷалилист?» 7 Ва чун донист, ки Ӯ аз вилояти Ҳиродус аст, Ӯро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рӯзҳо дар Ерусалим буд. 8 Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро ки кайҳо боз Ӯро Дидан мехост, чунки овозаи Ӯро шунида буд ва умед дошт, ки аз Ӯ мӯъҷизе бубинад. 9 Ва ба Ӯ саволҳои бисьёре дод; аммо Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. 10 Саркоҳиион ва китобдонон истода, бо тамоми ҷидду ҷахд Ӯро анбдор мекарданд. 11 Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ӯро басо таҳқир ва тамасхур карда ва либоси дурахшоне бар Ӯ нӯшонда, назди Пилотус гардонда фиристод. 12 Дар ҳамон рӯз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дӯст шуданд, зеро ки пештар онҳо ба якдигар адоват доштанд.

Исо боз ба ҳузури Пилотус. Бараббос озод шуд, Исо маҳкум гардид

13 Пилотус саркоҳинон, сардорон ва мардумро хонда, 14 Ба онҳо гуфт: «Ин Одамро ҳамчун фосидкунандаи қавм назди ман овардед; ва инак, ман дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва дар Ин Одам аз он айбҳое ки шумо ба гардани Ӯ мепартоед, чизе наёфтам; 15 «Ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст: зеро ки ман Ӯро назди вай фиристода будам, ва дар Ӯ ҳеҷ гуноҳи сазовори марг ёфт нашудааст; 16 «Пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам». 17 Ва вай лозим буд, ба муносибати ид, касеро барои онҳо озод кунад. 18 Аммо мардум саросар фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро қатл кун! Барои мо Бараббосро озод кун». 19 Бараббос барои исьён ва қатле ки дар шаҳр рӯй дода буд, дар зиндон андохта шуда буд. 20 Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, зеро ки мехост Исоро озод кунад. 21 Лекин онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!» 22 Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: «Ӯ чй бадй кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ӯ наёфтам; пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам». 23 Вале онҳо бо фарьёди баланд исрор намуда, талаб карданд, ки Ӯ маслуб шавад; ва фарьёди онҳо ва саркоҳинон ғолиб омад. 24 Ва Пилотус қарор дод, ки аз рӯи талаби онҳо амал кунад, 25 Ва шахсеро, ки барои исьён ва қатл дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба иҳтиёри онҳо супурд. 26 Вақте ки Ӯро бурданд, Шимъӯн ном шахсеро, ки аз Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то ки аз ақиби Исо бардошта барад.

Исо маслуб шуд

27 Ва шумораи азими мардум ва заноне ки барои Ӯ гирья ва навҳа мекарданд, аз акиби Ӯ равона шуданд. 28 Ва Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй дуҳтарони Ерусалим! Барои Ман гирья накунед, балки барои худатон ва фарзандонатон гирья кунед; 29 «Зеро айёме меояд, ки хоҳанд гуфт: "Хушо нозоён, ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!" 30 «Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: "Бар мо биафтед!" ва ба теппаҳо: "Моро бипӯшонед!" 31 «Зеро, агар бо дарахти сарсабз чунин кунанд, бо дараҳти ҳушк чиҳо хоҳанд кард?» 32 Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд. 33 Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро» ва он ҷинояткоронро - яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш - маслуб карданд. 34 Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд. 35 Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи баргузидаи Худо бошад». 36 Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд 37 Ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ». 38 Дар болои сари Ӯ ба забонҳои юнонӣ, румй ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд: «Ин аст Подшоҳи Яҳудиён».

Имон овардани роҳзан

39 Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ». 40 Аммо дигаре, баръакс, вайро мазаммат намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ? 41 Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст». 42 Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вакте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!» 43 Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд». 44 Тақрибан соати шашуми рӯз буд, ва тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт: 45 Офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд.

Мамоти Исо

46 Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод. 47 Мирисадин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Ҳақиқатан Ин Одам Одил буд». 48 Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин моҷаро синазанон гашта рафтанд. 49 Вале ҳамаи шиносҳои Ӯ ва заноне ки аз Ҷалил Ӯро пайравй намуда омада буданд, аз дур истода, инро медиданд.

Дафни Исо

50 Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шӯро, марди нек ва одил, 51 Ки бо қарор ва кори онҳо розй набуд, ва аз Ҳаромот ном шаҳри Яҳудо буда, худаш низ интизори Малакути Худо буд, 52 Назди Пилотус омада, Ҷасади Исоро талаб кард; 53 Ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки аз санг тарошида шуда буд, ва то ҳол ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд. 54 Он рӯз рӯзи ҷумъа буд ва шанбе фаро мерасид. 55 Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафтанд ва қабрро, ва чӣ гуна дар он Ҷасади Ӯ гузошта шуд, диданд; 56 Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равгани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд.

Луқо 24

Эҳьёи Исои Масех

1 ДАР рӯзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд; 2 Вале диданд, ки санг аз сари қабр ғалтонда шудааст, 3 Ва чун дохил шуданд, Часади Исои Худовандро наёфтанд. 4 Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд. 5 Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон чустуҷӯ мекунед? 6 «Дар ин ҷо нест: Ӯ эҳье шуд; ба ёд оваред,ки чй гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда, 7 «Гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад». 8 Ва онҳо суханони Ӯро ба ёд оварданд. 9 Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд. 10 Инҳо Марьями Маҷдалия, ва Юҳона, ва Марьям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба ҳаввориён ин чизҳоро гуфтанд. 11 Вале ин суханон ба назарашон чун сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд. 12 Аммо Петрус бархоста, сӯи қабр давид ва хам шуда, фақат кафанро дид, ки гузошта шудааст, ва аз ин ҳодиса дар ҳайрат монда, ба ҳонаи ҳуд рафт.

Зохир шудани Исои эҳьёшуда ба шогирдон дар аснои роҳи Аммоус

13 Дар ҳамон рӯз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Ерусалим дур буд, ва Аммоус ном дошт, 14 Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд. 15 Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугӯ ва мубоҳиса мекардапд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд; 16 Лекин чашмони онҳо баста буд, ба тавре ки Ӯро нашиноҳтанд. 17 Ба онҳо гуфт: «Аз чй хусус бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳотон ғамгин аст?» 18 Яке аз онҳо, ки Клеюпос еом допхг, дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Цаҳод ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Ерусалим омадаанд, аз воқеае ки дар ин рӯзҳо рӯй додааст, бехабар ҳастӣ?» 19 Ба онҳо гуфт; «Аэ кадом воқеа?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз он чи ба Исои Носирй рӯй додааст, ки Ӯ пайғамбаре буд тавоно дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми қавм; 20 «Чй гуна Ӯро саркоҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба қатл маҳкум шавад, ва Ӯро маслуб карданд; 21 «Лекин мо умед доштем, ки Ӯ Ҳамон аст, ки бояд Исроилро наҷот диҳад; аммо, бо ин ҳама, имрӯз рӯзи сеюм аст, ки ин ба вуқӯъ омадааст; 22 «Вале баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андоҳтанд: онҳо бомдодон ба сари қабр рафтаанд, 23 «Ва Ҷасади Ӯро наёфтаанд, ва омада гуфтанд, ки дар рӯъё фариштагонро низ дидаанд, ки мегӯянд: Ӯ зинда аст; 24 «Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ӯро надидаанд». 25 Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Эй бефаросатон ва сустдилон дар имоноварй ба он чи анбиё пешгӯй кардаанд! 26 «Оё Масеҳро лозим набуд ҳамаи инро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ бирасад?» 27 Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда» он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод. 28 Ва онҳо ба деҳае ки сӯяш мерафтанд» наздик омаданд, ва Ӯ чунин вонамуд кард, ки мехоҳад онсӯтар биравад; 29 Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бомо бимон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасаде. Ва Ӯ ворид шуда, бо онҳо монд. 30 Ва ҳангоме ки Ӯ бо онҳо назди суфра нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод. 31 Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуд, ва онҳо Ӯро шинохтанд; вале Ӯ аз назарашон нопадид шуд. 32 Ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Оё дили мо дар даруни мо намесӯхт, вакте ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?» 33 Ва ҳамон соат бархоста, ба Ерусалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда, 34 Мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан эҳьё шудааст ва ба Шимъӯн зоҳир гардидааст. 35 Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ ҳодиса рӯй дод, ва чй гуна Ӯро дар вақти пора кардани нон шинохтанд.

Зохир шудани Исо ба ёздах шогирдон

36 Вакте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод». 37 Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд; 38 Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад? 39 «Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед». 40 Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Ҳудро ба окҳо нишон дод. 41 Ва чун онҳо аз шодй ҳанӯз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?» 42 Пегди Ӯ як порча моҳии бирьён ва андаке асали мумдор монданд; 43 Ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд. 44 Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд». 45 Он гоҳ зеҳни онҳоро равшдн кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд,

Фармоиши охирин

46 Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ укубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад. 47 <Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миени ҳамаи ҳалқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад; 48 «Ва шумо шоҳидони ин ҳастед; 49 «Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вакте ки бо куввате аз олами боло фаро гирифта шавед».

Сууди Исои Масеҳ

50 Ва онҳоро берун оварда, то Байт-Ҳинӣ бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод. 51 Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо чудо шуда, ба осмон сууд кард. 52 Ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Ерусалим баргаштанд, 53 Ва ҳамеша дар маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд. Омин.

Юҳанно 1

Каломи абадӣ ба ҷисм мубаддал шуд

1 ДАР ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд. 2 Он дар ибтидо бо Худо буд. 3 Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт. 4 Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд. 5 Ва нур дар торикй медурахшид, ва торикӣ онро фаро нагирифт. 6 Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуда буд, ки Яҳьё ном дошт. 7 Вай барои шоҳидӣ омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ки ҳама ба воситаи вай имон оваранд. 8 Вай он Нур набуд, балки омад, ки бар Нур шаҳодат Диҳад. ,

Исо - Нури ҳақиқӣ

9 Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд. 10 Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ӯро нашиноҳт. 11 Ӯ назди мансубони Худ омад, ва мансубопаш Ӯро қабул накарданд. 12 Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, кудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд, 13 Ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ефтаанд. 14 Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.

Шаҳодати Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар бораи худаш

15 Ва Яҳьё бар Ӯ шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт: «Ин аст Он ки дар бораи Ӯ гуфтам: "Он ки пас аз ман меояд, пеш аз ман будааст, зеро ки бар ман муқаддам буд"». 16 Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем; 17 Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. 18 Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард. 19 Ва ин аст шаҳодати Яҳьё дар вакте ки яҳудибн аз Ерусалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд, ки: «Ту кистӣ?» 20 Вай иқрор кард ва инкор накард, балки зътироф намуда, гуфт: «Ман Масеҳ нестам». 21 Аз вай пурсиданд: «Пас кистӣ? Оё Ильёс ҳастй?» Гуфт: «Не». «Оё он набӣ ҳастӣ?» Ҷавоб дод: «Не». 22 Он гоҳ ба вай гуфтанд: «Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем: дар бораи худ чй мегӯӣ?» 23 Гуфт: «Ман овози нидокунанде дар биёбонам: роҳи Худовандро рост кунед, чунон ки Ишаъёи набӣ гуфтааст». 24 Он фнристодагон аз фарисиён буданд; 25 Ва оиҳо аз вай пурсиданд: «Агар ту на Масеҳ ҳастӣ, на Ильёс ва на он набй, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?» 26 Яҳьё дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман бо об таъмид медпҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодааст, ки шумо Ӯро намеппшосед: 27 «Ӯ Он аст, кя пас аз ман меояд, аммо пеш аз ман будааст; ва ман сазовори он нестам» ки даволи пойафзоли Ӯро воз куиам». 28 Ин дар Байт-Абора, ки он тарафи Ӯрдун аст, дар ҷое ки Яҳьё таъмид медод, воқеъ шуд.

Шаҳодати Таъмиддиҳанда дар бораи Барраи Худо

Таъмиди Исо

29 Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷбниби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад; 30 «Ин аст Он ки ман дар бораи Ӯ гуфтам, ки: "Пас аз ман Марде меояд, ки пеш аз ман будааст, зеро ки Ӯ бар ман муқаддам буд"; 31 «Ман Ӯро намешиноҳтам; лекин барои он ки Ӯ ба Исроил зоҳир гардад, омадам ва бо об таъмид медодам». 32 Ва Яҳьё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт; 33 «Маи Ӯро намешиноҳтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба мап гуфт: "Бар ҳар кас бубинй, ки Рӯҳ нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт, Ӯ Ҳамон аст, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад". 34 «Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост».

Исо ва шогирдони аввалин

35 Фардои он, боз Яҳьё бо ду шогирди худ истода буд. 36 Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо». 37 Он ду шогирд суханони вайро пгунида, аз паи Исо равона шуданд. 38 Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, гуфт: «Чӣ меҳоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ», яъне: «эй Ӯстод, дар куҷо истиқомат дорй?» 39 Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед». Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рӯз назди Ӯ бимонданд. Тақрибан соати даҳум буд. 40 Яке аз он ду нафар, ки суҳанони Яҳьёро шунида, аз паи Ӯ омада буданд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд. 41 Вай аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта, гуфт: «Мо Масеҳро, яъне Христосро ёфтем». 42 Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юнус ҳастй;акнун номат Кифо ҳоҳад шуд, ки маънояш Петрус аст». 43 Фардои ин, Исо ҳост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, гуфт: «Аз ақиби Ман биё». 44 Филиппус аз Байт-Сайдо, ҳамшаҳрии Андриёс ва Петрус буд. 45 Филиппус Натанъилро ёфта, гуфт: «Мо Он касеро, ки Мусо дар бораи Ӯ дар Таврот навиштааст, ва анбиё зикр кардаанд, ёфтаем, ки Исо, писари Юсуф, аз Носира аст». 46 Вале Натаьъил ба вай гуфт: «Магар мумкин аст, ки аз Носира чизи некӯе пайдо шавад?» Филиппус ба вай гуфт: «Биё ва бубин». 47 Исо чун дид, ки Натанъил сӯи Ӯ меояд, дар бораи вай гуфт: «Инак, исроилии ҳақиқй, ки дар вай макре нест». 48 Натанъил ба Ӯ гуфт: «Маро аз куҷо мешиносӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад» ҳангоме ки дар зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам». 49 Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Ту Писари Худой, Ту Подшоҳи Исроил ҳастй». 50 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту имон овардй, зеро ба ту гуфтам, ки: "Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам"; чизҳои бузургтар аз ин хохӣ дид». 51 Ва ба вай гуфт: «Ба ростй, ба ростӣ ба шумо мегӯям: минбаъд осмонро кушода ва фариштагони Худоро, ки бар Писари Одам сууд ва нузул мекунанд, хоҳед дид».

Юҳанно 2

Тӯи арӯси дар Қонои Цалил ва мӯъҷизаи аввалин

1 ДАР рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд. 2 Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд. 3 Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: «Шароб надоранд». 4 Исо ба вай гуфт: «Туро бо Ман чй кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст». 5 Модараш ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред». 6 Дар он ҷо, мувофиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кӯзаи сангин истода буд, ки гунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд. 7 Исо ба онҳо гуфт: «Зарфҳоро аз об пур кунед». Ва онҳоро лабрез карданд. 8 Ва гуфт: «Акнун кашида, ба сардори базм баред». Ва онхо бурданд. 9 Чун сардор оби ба шароб мубаддалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро факат хиэматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда, 10 Ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ». 11 Ин ибтидои мӯъҷизоте буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро зоҳир кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд. 12 Пасаз он Ӯ бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, ва дар он ҷо айёми каме монданд.

Фисҳи аввалин ва пок кардани маъбад

13 Ва чун иди фисҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Ерусалим рафт. 14 Ва дид, ки дар маъбад фурӯщандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд. 15 Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз маъбад пеш кард, ва тангаҳои саррофонро пошида, мизҳошонро чаппа кард; 16 Ва ба кафтарфурӯшон гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарй насозед». 17 Ва шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст». 18 Он гоҳ яҳудиён ба Ӯ рӯ оварда, гуфтанд: «Ба мо чй аломате нишон медиҳӣ, ки ин корҳоро мекунй?» 19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: <гИн маъбадро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо хоҳам кард». 20 Яҳудиён гуфтанд: «Ин маъбадро дар зарфи чилу шаш сол бино кардаачд, ва Ту онро дар се рӯэ барпо мекунй?» 21 Лекин Ӯ дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт. 22 Вакте ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ӯ инро ба онҳо гуфта буд, ва ба Навиштаҳо ва ба сухане ки Исо гуфта буд, имон оварданд. 23 Ва ҳангоме ки дар иди фисҳ дар Ерусалим буд, бисьёр касон мӯъҷизотеро, ки Ӯ нишон медод, дида, ба исми Ӯ имон оварданд. 24 Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешиноҳт, 25 Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.

Юҳанно 3

Мусоҳибаи Исо бо Ниқудимус

1 ДАР байни фарксиён шахсе ки Ниқӯдимус ном дошт, аз сардорони яҳудиён буд. 2 Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Ӯстод! Мо медонем, ки Ту Ӯстоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадай; зеро мӯъҷйзотеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад ншнон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад». 3 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростй, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад». 4 Никӯдимус ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта» таваллуд ёбад?» 5 Исо ҷавоб дод: «Ба ростй, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад: 6 «Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. 7 «Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед. 8 «Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавй, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад». 9 Никӯдимус дар ҷавобиӮгуфт: «Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?» 10 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастй, инҳоро намедонӣ? 11 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед; 12 «Вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард? 13 «Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст; 14 «Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, 15 «То ҳар кй ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. 16 «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. 17 «Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. 18 «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст. 19 «Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро бештар аз рӯшной дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст. 20 «Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад; 21 «Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рушноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст».

Шаҳодати охирини Яҳьёи Таълшддиҳанда

22 Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба сарзамини Яҳудо омад ва дар он ҷо бо онҳо сокин шуда, таъмид медод. 23 Ва Яҳьё низ дар Энӯн, ки дар наздикии Солим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисьёр буд, ва мардум омада, таъмид меёфтанд; 24 Зеро ки Яҳьё ҳанӯз дар зиндон андохта нашуда буд. 25 Ва дар байни шогирдони Яҳьё ва яҳудиён дар масъалаи татҳир баҳсу мунозира рӯй дод; 26 Ва назди Яҳьё омада, ба вай гуфтанд: «Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Ӯрдун бо ту буд, ва ту дар ҳаққи Ӯ шаҳодат дода будӣ, ҳоло таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ӯ меоянд». 27 Яҳьё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад. 28 «Шумо худ шоҳидони ман ҳастед, ки гуфтам: "Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ӯ фиристода шудаам". 29 «Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, 6а овози вай гӯш медиҳад, аз игунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст; 30 «Ӯ бояд нашъунамо ёбад, ва ман завол ёбам. 31 «Он ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст; ва он ки аз замин аст, заминӣ бошад ва чун заминӣ сухан гӯяд; Он ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст. 32 «Ва он чи дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад. 33 «Ва касе ки шаҳодати Ӯро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо рост аст. 34 «Зеро Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегуяд; зеро Худо Рӯҳро бамизон ато намекунад. 35 «Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст. 36 «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонй меёбад. Ва ҳар кй ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад».

Юҳанно 4

Исо ва зани сомарӣ

1 ЧӮН Исои Худованд дарьёфт, ки ба гуши фарисиён овозае расидааст, ки Ӯ, назар ба Яҳьё, бештар шогирд пайдо мекунад ва таъмид медиҳад, - 2 Гарчанде ки Худи Исо не, балки шогирдонаш таъмид медоданд, - 3 Яҳудоро тарк карда, боз ба Ҷалил рафт. 4 Ва Ӯро лозим буд аз Сомария гузашта равад. 5 Пас ба яке аз шаҳрҳои Сомария омад, ки Суҳар ном дошта, дар наздикии қитъаи замине буд, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода буд;

Мусохибаи Исо бо зани сомарй

6 Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд, ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст, ва тақрибан соати шашум буд, 7 Ки зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: «Ба Ман барои нӯпшдан об деҳ». 8 Зеро ки шогирдонаш барои харидани хӯрок ба шаҳр рафта буданд. 9 Зани сомарӣ ба Ӯ гуфт: «Чй тавр Ту, ки яҳудӣ ҳастй, аз ман об мехоҳӣ, дар сурате ки ман зани сомариам? Зеро ки яҳудиён бо сомариён муошират надоранд». 10 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: "Ба Ман барои нӯшидан об деҳ", холо худат аз Ӯ хоҳиш мекардй, ва Ӯ ба ту оби ҳает медод». 11 Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Ту зарфе надорӣ, ки обкашӣ, ва ҷоҳ чукур аст: пас, аз куҷо оби ҳаёт дорй? 12 «Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар хастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва чорвояш аз он менӯшиданд?» 13 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна монад;' 14 «Лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, абадан ташна намонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонй меҷӯшад». 15 Зан ба Ӯ гуфт: «Эй ого! Ба ман аз он об деҳ, то ки дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям». 16 Исо ба вай гуфт: «Бирав ва шавҳаратро бихон ва ба' ин ҷо биё». 17 Зан дар ҷавоб гуфт: «Ман шавҳар надорам». Исо ба вай гуфт: «Ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ; 18 «Зеро ки панҷ шавҳар доштӣ, ва касе ки алҳол дорӣ, шавҳари ту нест; ин суханат рост аст». 19 Зан ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Мебинам, ки Ту набӣ ҳастй; 20 ^Падарони мо дар болои ин кӯҳ парастиш мекарданд, вале шумо мегӯед, ки ҷое ки дар он бояд парастиш кард, дар Ерусалим мебошад». 21 Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Ба Ман бовар кун, соате мерасад, ки на дар болои ин кӯҳ ва на дар Ерусалим Падарро парастиш хоҳед кард; 22 «Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем, зеро ки наҷот аз яҳудиён аст; 23 «Лекин соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рӯҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро ки Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад: 24 «Худо рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд ба рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд». 25 Зан баӮгуфт: «Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун Ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод». 26 Исо ба вай гуфт: «Ман, ки бо ту сухан мегӯям, Ҳамонам». 27 Дар ҳамин вақт шогирдонаш омада, тааҷҷуб карданд, ки Ӯ бо зане гуфтугӯ мекунад; лекин ҳеҷ кас нагуфт, ки: "Чӣ металабӣ?" ё ки: "Барои чй бо вай ҳарф мезанӣ?" 28 Зан кӯзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба мардум гуфт: 29 «Биёед ва Касеро бубинед, ки ҳар он чи кардаам, ба ман гуфт, оё Ӯ Масеҳ нест?» 30 Онҳо аз шаҳр берун шуда, назди Ӯ меомаданд.

Киштзори Худо барои дарав пухтааст

31 Дар ин миён шогирдон аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Эӣ Ӯстод! Бихӯр!» 32 Ба онҳо гуфт: «Ман ғизое дорам, ки бихӯрам, ва шумо онро намедонед». 33 Шогирдон ба якдигар гуфтанд: «Магар касе ба Ӯ хӯрданӣ овардааст?» 34 Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман он аст, ки иродаи Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам. 35 «Оё шумо намегӯед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро хоҳад расид? Инак, Ман ба шумо мегӯям: чашмони худро боло карда, киштзорро бубинед, ки барои дарав сафед шудааст. 36 «Даравгар музди худро мегирад ва маҳсулеро барои ҳаёти ҷовидонӣ ҷамъ мекунад, то ки коранда ва даравгар бо ҳам шодй кунанд, 37 «Зеро ки дар ин маврид чунин сухан ҳаққонист, ки: "Яке мекорад ва дигаре дарав мекунад". 38 «Ман шуморо барои даравидани маҳсуле фиристодам, ки барои он шумо меҳнат накардаед: дигарон меҳнат кардаанд, ва шумо дар меҳнати онҳо дохил шудаед». 39 Ва аз рӯи каломи он зан, ки шаҳодат дода буд: «Ҳар он чи кардаам, Ӯ ба ман гуфт», аз он шаҳр бксьёр сомариён ба Ӯ имон оварданд. 40 Бинобар ин, чун сомариён пеши Ӯ омаданд, аз Ӯ хохиш карданд, ки назди онҳо бимонад; ва Ӯ ду рӯз назди онҳо монд. 41 Ва боз бисьбре аз рӯи каломи Ӯ имои оварданд. 42 Ва ба он зан гуфганд: «Пас аз ин имони мо аз рӯи сухани ту нест, зеро ки худамон шунидем ва донистем, ки Ӯ дар ҳақиқат Наҷотдиҳандаи олам аст, яъне Масеҳ аст». 43 Пас аз ду рӯз Ӯ аз он ҷо берун омада, ба Ҷалил равона шуд; 44 Зеро Худи Исо шаҳодат додааст, ки пайгамбар дар зодгоҳи худ беқадр аст. 45 Чун Ӯба Ҷалил омад, аҳли ҶалилӮро пазируфтанд, зеро ҳар он чи дар Ерусалим дар ид карда буд, дидабуданд, чунки онҳо низ ба ид рафта буданд.

Шифо ёфтани писари дарборй

46 Ва Исо бори дигар ба Қонои Ҷалил омад, ки дар он ҷо обро шароб гардонда буд. Ва шахсе аз дарбориён буд, ки писараш дар Кафарнаҳум бемор буд. 47 Чун шунид, ки Исо аз Яҳудо ба Ҷалил омадааст, назди Ӯ рафта, илтимос кард, ки омада, писарашро шифо диҳад, ки вай дар дами марг аст. 48 Исо ба вай гуфт: «Агар аломот ва мӯъҷизот набинед, имон намеоваред». 49 Дарборӣ ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Пеш аз он ки писарам бимирад, биё». 50 Исо ба вай гуфт: «Бирав, ки пиеарат зинда аст». Вай ба сухане ки Исо гуфт, имон оварда, равона шуд. 51 Ва ҳангоме ки мерафт, навкаронаш вайро пешвоз гирифтанд ва мужда дода, гуфтанд: «Писарат зинда аст». 52 Аз онҳо пурсид: «Дар кадом соат аҳволаш беҳтар шуд?» Ба вай гуфтанд: «Дирӯз дар соати ҳафтум табларза вайро тарк кард». 53 Ва падар донист, ки ин ҳамон соате буд, ки Исо ба вай гуфт: «Писарат зинда аст». Ва худаш ва тамоми аҳли байташ имон оварданд. 54 Ин мӯъҷизаи дуюм буд, ки Исо баъд аз омаданаш аз Яҳудо ба Ҷалил нишон дод.

Юҳанно 5

Шифо додан дар рӯзи шанбе назди ҳавзи Байт-Ҳасдо

1 ПАС аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Ерусалим омад. 2 Дар Ерусалим дар назди дарвозаи Меш ҳавзе ҳаст, ки ба ибронӣ Байт-Ҳасдо мегӯянд, ва он панҷ равоқ дорад: 3 Дар он ҷо шумораи зиёди беморон, кӯрон, лангон ва шалон хобида, мунтазири ҳаракати об буданд; 4 Зеро фариштаи Худо вақтвақт ба ҳавз фуромада, обро ҳаракат медод, ва ҳар кӣ дар асиои ҳаракати об аввал ба ҳавз дарояд, аз ҳар касалие ки дошт, шифо меёфт. 5 Ва касе дар он ҷо буд, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд. 6 Чун Исо вайро хобида дид ва донист, ки муддати дарозе бемор аст, ба вай гуфт: «Оё мехоҳӣ шифо ёбй?» 7 Бемор ҷавоб дод: «Эй оғо! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро дар ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре худро дар ҳавз меандозад». 8 Исо ба вай гуфт: «Бархез, бистаратро бардор ва бирав». 9 Хдмон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ даромад. Он рӯз рӯзи шанбе буд. 10 Яҳудиён ба касе ки шифо ёфта буд, гуфтанд: «Имрӯз шанбе аст, ва ҷоиз нест, ки бистари худро бардорӣ». 11 Вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Он Кас, ки маро шифо дод, ба ман гуфт: "Бистаратро бардор ва бирав"». 12 Аз вай пурсиданд: «Кист Он Кас, ки ба ту гуфт: "Бистаратро бардор ва бирав"?» 13 Лекин он ки шифо ёфта буд, намедонист, киӮ кист; зеро ки дар он ҷо издиҳоми калоне буд, ва Исо нопадид шуда рафт. 14 Пас аз он Исо вайро дар маъбад ёфта, гуфт: «Инак, шифо ёфтаӣ; дигар гуноҳе накун, то ки ба вазъияти бадтаре дучор нашавӣ». 15 Он мард рафта, ба яҳудиён гуфт, ки шифодиҳандаи ман Исо мебошад. 16 Аз ин сабаб яҳудиён Исоро таъқиб мекарданд ва Ӯро мехостанд ба қатл расонанд, зеро ки ин корро дар рӯзи шанбе карда буд.

Исо аъмоли Худро ҳимоят мекунад ва аз ҷониби Падар фиристода шуданашро далел меоварад

17 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам». 18 Аз ин сабаб бештар қасд карданд, ки Ӯро ба қатл расонанд, зеро ки на танҳо шанберо рмоят намекард, балки Худоро низ Падари Худ гуфта, Худро бо Худо баробар медонист. 19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростй ба шумо мегӯям: Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бубинад, ки Падар ба амал меоварад: зеро ки он чи Ӯ мекунад, Писар низ мекунад. 20 «Зеро ки Падар Писарро дӯст медорад ва ҳар он чи Худаш мекунад, ба Писар нишон медиҳад; ва корҳои бузургтар аз ин ҳам ба Ӯ нишон хоҳад дод, то ки шумо тааҷҷуб намоед. 21 «Зеро, ҳамчунон ки Падар мурдагонро эҳьё мекунад ва зинда мегардонад, Писар низ ончунон ҳар киро, ки хоҳад, зинда мегардонад. 22 «Зеро ки Падар бар ҳеҷ кас доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст, 23 «То ки ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Пксарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст. 24 «Ба ростй, ба ростй ба шумо мегӯям: ҳар кй каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварй намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст. 25 «Ба ростй, ба ростй 5а шумо мегӯям: соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд, ва ҳар кӣ бишнавад, зинда гардад. 26 «Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад; 27 «Ва ба Ӯ қудрат бахшидааст, ки доварй кунад, зеро ки Ӯ Писари Одам аст.

Қиёмати ҳаёт ва қиёмати доварй

28 «Ва аз ин тааҷҷуб накунед: зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро хоҳанд шунид, 29 «Ва берун хоҳанд омад - некӯкорон барои қиёмати ҳаёт ва бадкорон барои қиёмати доварй. 30 «Ман аз Худ чизеба амал оварда наметавонам. Ончунон ки мешунавам» доварй мекунам, ва доварии Ман одил аст, зеро ки толиби иродаи Худ не, балки иродаи Падаре ҳастам, ки Маро фиристодааст.

Шоҳиди Исо дар бораи фиристода гиудани Ӯ аз чониби Падар

31 «Агар Ман бар Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман рост нест: 32 «Дигаре ҳаст, ки бар Ман шаҳодат медиҳад, ва Ман медонам, ки шаҳодате ки вай бар Ман медиҳад, рост аст; 33 «Шумо назди Яҳьё фиристодед; вай ба ростй шаҳодат дод. 34 «Аммо Ман шаҳодати одамро қабул намекунам, вале ин суханонро мегӯям, то ки шумо наҷот ёбед. 35 «Вай чароғе буд, ки месӯхт ва медурахшид; ва шумо хостед, ки соате ба нури вай шодӣ кунед. 36 «Лекин Ман шаҳодате дорам, ки аз шаҳодати Яҳьё бузургтар аст: зеро корҳое ки Падар ба Ман ато кардааст, то анҷом диҳам, яъне ин корҳое ки Ман мекунам, бар Ман шаҳодат медиҳанд, ки Падар Маро фиристодааст. 37 «Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат додааст, ва шумо ҳаргиз на овози Ӯро шунидаед ва на сурати Ӯро дидаед, 38 «Ва каломи Ӯ дар дилҳои шумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он Касе ки Ӯ фиристодааст, имон намеоваред. 39 «Шумо Навиштаҳоро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи онҳо ҳаёти човидонӣ пайдо мекунед, вале онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд. 40 «Ва шумо намехоҳед назди Ман биёед, то ки ҳаёт ёбед. 41 «Ҷалолро аз мардум қабул намекунам. 42 «Лекин шуморо мешиносам: дар дили ҳуд муҳаббати Худоро надоред. 43 «Ман ба исми Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед, ва агар дигаре ба исми худаш биёяд, вайро қабул хоҳед кард. 44 «Шумо чй тавр метавонед имон оваред, Дар сурате ки ҷалол аз якдигар металабед, лекин ҷалолеро, ки аз Худои ягона аст, толиб нестед? 45 «Гумон накунед, ки Ман назди Падар бар шумо даъвое хоҳам кард: даъвогар бар шумо Мусо мебошад, ки ба вай умед бастаед. 46 «Зеро ки агар шумо ба Мусо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст. 47 «Модоме ки шумо ба навиштаҳои вай имон надоред, ба суханони Ман чй гуна имон хоҳед овард?»

Юҳанно 6

Сер шудани панҷ ҳазор мард

1 ПАС аз он Исо ба он тарафи баҳри Ҷалил, ё баҳри Табария раҳсипор шуд; 2 Ва мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ равона шуданд, зеро он мӯъҷизотеро, ки ба беморон нишон медод, медиданд. 3 Исо ба кӯҳе баромада, бо шогирдони Худ дар он ҷо нишаст. 4 Иди фисҳи яҳудиён наздик буд. 5 Исо чашм андохта, дид, ки мардуми бисьёре назди Ӯ меоянд, ва ба Филиппус гуфт: «Аз куҷо нон бихарем, ки инҳо бихӯранд?» 6 Лекин инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ бояд кард. 7 Филиппус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Дусад динор барои онҳо кифоят намекунад, то ки ҳар яке андаке нон бихӯрандк 8 Яке аз шогирдонаш, Андриес, бародари Шимъӯни Петрус, ба Ӯ гуфт: 9 «Дар ин ҷо писаре ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад; лекин барои ин қадар одам чӣ мешавад?» 10 Исо гуфт: «Мардумро шинонед». Дар он ҷо сабза бисьёр буд, ва мардум, ки қариб панҷ ҳазор 'мард буданд, нишастанд. 11 Исо нонҳоро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд. 12 Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт: «Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ки чизе талаф нашавад». 13 Ва ҷамъ карда, аз пораҳои панҷ нони ҷав» ки аз хӯрандагон зиёдатӣ монда буд, дувоздаҳ сабадро пур карданд. 14 Вакте ки мардум ин мӯъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд: «Ин ҳақиқатан Он Пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».

Исо бар баҳр қадам мезанад

15 Лекин Исо чун дарьёфт, ки мехоҳанд омада, Ӯро ба зӯрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кӯҳ баромад. 16 Шомгоҳон шогирдонаш ба лаби баҳр фуромаданд 17 Ва ба каиқе савор шуда, ба он тарафи баҳр, сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Ва ҳаво торик шуд, ва Исо назди онҳо наомада буд. 18 Ва боди шадиде вазида, баҳр ба талотум омад. 19 Вақте ки ба дурии тақрибан бисту панҷ ё сӣ стадия қаиқ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар баҳр қадам зада, ба қаиқ наздик меояд, ва ҳаросон шуданд. 20 Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин Манам, натарсед». 21 Онҳо мехостанд Ӯро ба қаик дароваранд; ҳамон дам қаиқ ба соҳиле ки сӯи он равона буданд, расид.

Исо - нони ҳаёт

22 Фардои он, мардуме ки дар он тарафи баҳр истода буданд, диданд, ки дар он ҷо ҳеҷ қаиқе набуд, ҷуз он ки шогирдони Ӯ дохили он шуда буданд, ва Исо бо шогирдони Худ ба он надаромада буд, балки шогирдонаш танҳо рафта буданд; 23 Лекин қаиқҳои дигаре аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз баракат додани Худованд нон хӯрда буданд, расиданд; 24 Ва чун мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар он ҷо нестанд, онҳо низ ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Исо ба Кафарнаҳум омаданд. 25 Ва Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Ӯстод! Кай ба ин ҷо омадӣ?» 26 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Маро на ба сабаби мӯъҷизоте ки дидед, балки ба он сабаб ҷустуҷӯ мекунед, ки нон хӯрда, сер шудед. 27 «На аз барои ризои фонӣ, балки барои ғизое саъю кӯшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонй боқй мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст». 28 Ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ бояд кунем, ки аъмоли писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?» 29 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе ки Ӯ фиристод, имон оваред». 30 Ба Ӯ гуфтанд: «Пас, чй аломате Ту нишон медиҳӣ, то ки дида, ба Ту имон оварем? Чӣ кор мекунй? 31 «Падарони мо дар биёбон манн хӯрдаанд, чунон ки навишта шудааст: "Аз осмон ба онҳо нон ато кард, то бихӯранд"». 32 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростй, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Мусо нонро ба шумо аз осмон надодааст, балки Падари Ман нони ҳақиқиро ба шумо аз осмон медиҳад; 33 «Зеро нони Худо Он Касест, ки аз осмон нозил шуда, ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад». 34 Он гоҳ ба Ӯ гуфтанд: «Эй оғо! Ҳамеша ин нонро ба мо бидеҳ». 35 Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд. 36 «Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро низ дидаед, ва имон намеоваред. 37 «Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд. 38 «Зеро аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки баиродаи Фиристандаи Худ. 39 «Ва иродаи Падаре ки Маро фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман ато кард, чизе талаф накунам, балки дар рӯзи вопасин онро эҳьё кунам; 40 «Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кй Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард». 41 Яҳудиён аз Ӯ шикоят карданд, зеро ки гуфта буд: «Манам он ноне ки аз осмон нозил шуд». 42 Ва гуфтанд: «Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ӯро мешиносем? Пас чӣ тавр мегӯяд, ки "Ман аз осмон нозил шудаам"?» 43 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба якдигар шикоят накунед: 44 «Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳам кард. 45 «Дар суҳафи анбиё навишта шудааст: "Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт". Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд. 46 «На ин ки касе Падарро дидааст, чуз Он ки аз ҷониби Худост: Ӯ Падарро дидааст. 47 «Ба ростӣ, ба ростй ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад. 48 «Ман нони ҳаёт ҳастам. 49 «Падарони шумо дар биёбон манн хӯрданд ва мурданд; 50 «Валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон нозил шуд, то ҳар кӣ аз он бихӯрад» намирад. 51 «Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихӯрад, то абад зинда хохад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам». 52 Яҳудиён бо ҳамдигар мубоҳиса карда, мегуфтанд: «Чӣ тавр Ин Шахс метавонад Бадани Худро бидиҳад, то мо бихӯрем?» 53 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростй ба шумо мегӯям: агар Бадани Писари Одамро нахӯред ва Хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред; 54 «Ҳар кӣ БаданиМаро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард; 55 «Зеро киБадани Ман ғизои ҳақиқист, ва Хуни Ман нӯшокии ҳақиқист; 56 «Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай; 57 «Чунон ки Падари Ҳай Маро фиристод, ва Ман ба василаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро бихӯрад, ба василаи Ман зинда хоҳад монд; 58 «Ин аст ноне ки аз осмон нозил шуд; на ончунон ки падарони шумо маннро хӯрданд ва мурданд; ҳар кй ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд». 59 Ин суханонро, ҳангоме ки дар Кафарнаҳум таълим медод, дар куништ гуфт.

Цудоӣ дар миёни шогирдон

60 Бисьёре аз шогирдони Ӯ, инро шунида, гуфтанд: «Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро бишнавад?» 61 Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бобат шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт: «Ое ин шуморо ба васваса меандозад? 62 «Пас агар Писари Одамро бинед, ки ба мақоми аввалааш сууд мекунад, чӣ хоҳед гуфт? 63 «Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест; суҳаноне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳает аст; 64 «Лекин баъзе аз шумо ҳастанд, ки имон надоранд». Зеро Исо аз ибтидо медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ Ӯро таслим хоҳад кард. 65 Ва гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад». 66 Аз он вакт бисьёре аз шогирдонаш аз Ӯ дур шуда, дйгар Ӯро пайравӣ накарданд. Эыпирофи Петрус. Яхудо - таслимкунанда. 67 Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?» 68 Шимъӯни Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст, 69 «Ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ». 70 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Ва ҳол он ки яке аз шумо иблис аст». 71 Инро Ӯ дар бораи Яҳудо писари Пшмъӯни Исқарьют гуфт, зеро вай, ки яке аз он дувоздаҳ буд, мехост Ӯро таслим кунад.

Юҳанно 7

Бародарон Исоро ба иди хаймахо шаклиф мекунанд

1 ПАС аз он Исо дар Ҷалил мегашт, зеро намехост дар Яҳудо бошад, чунки яҳудиён қасди куштани Ӯ доштанд. 2 Ва иди яҳудиён, ки иди хаймаҳо бошад, наздик буд. 3 Пас бародаронаш ба Ӯ гуфтанд: «Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудо равона шав, то ки шогирдонат низ он аъмолеро, ки Ту ба ҷо меоварй, бубинанд; 4 «Зеро касе ки мехоҳад машҳур шавад, дар пинҳонӣ амал намекунад; агар Ту чунин аъмолро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон бинамо». 5 Зеро бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд. 6 Исо ба онҳо гуфт; «Вақти Ман ҳанӯз нарасидааст, лекин барои шумо ҳар вакт муносиб аст; 7 «Ҷаҳон наметавонад ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст; 8 «Шумо ба ин ид биравед, аммо Ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақги Ман ҳанӯз пур нашудааст». 9 Инро ба онҳо гуфта, дар Ҷалил монд.

Исо Ҷалилро тарк мекунад

10 Вакте ки бародаронаш ба ид омаданд, Ӯ низ омад, на ошкоро, балки пинҳонй. 11 Аммо яҳудиён Ӯро дар ид ҷустуҷӯ намуда, мегуфтанд, ки: «Ӯ куҷост?» 12 Ва дар миёни мардум дар бораи Ӯ гуфтугӯи бисьёре буд. Баъзеҳо мегуфтанд: «Ӯ некӯст», аммо дигаронмегуфтанд: «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад». 13 Лекин, аз тарси яҳудиен, ҳеҷ кас дар бораи Ӯ ошкоро сухан намегуфт.

Исо дар иди хаймаҳо

14 Чун нисфи ид гузашт, Исо ба маъбад омада, таълим дод. 15 Ва яҳудиён дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Ин Шахс Навкштаҳоро чӣ гуна медонад, дар сурате ки ҳаргиз таълим наёфтааст?» 16 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст; 17 «Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад» дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям. 18 «Ҳар кӣ аз ^уд сухан гӯяд, ҷалоли худро меҷуяд; вале ҳар ки ҷалоли Фиристандаи Худро меҷӯяд, Ӯ ҳақиқист, ва дар Ӯ норостӣ нест. 19 «Оё Мусо ба шумо шариатро надод? Ва касе аз шумо аз рӯи шариат амалнамекунад. Чаро мехоҳед Маро бикушед?» 20 Мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро бикушад?» 21 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Як кор кардам, ва ҳамаи шумо дар ҳайрат мондед; 22 «Мусо ба шумо хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо писарони худро дар рӯзи шанбе хатна мекунед. 23 «Модоме ки писаронро дар рӯзи шанбе хатна мекунанд, то ки шариати Мусо вайрон нашавад, пас чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе касеро шифои комил додаам? 24 «Аз рӯи намуди зоҳирӣ доварӣ накунед, балки аз рӯи адолат доварй кунед». 25 Он гоҳ баъзе аз аҳли Ерусалим гуфтанд: «Оё" ин Ҳамон Касе нест, ки Ӯро мехоҳанд бикушанд? 26 «Инак, Ӯ ошкоро сухан мегӯяд, ва ба Ӯчизе намегӯянд: оё сардорон яқин донистаанд, ки Ӯ дар ҳақиқат Масеҳ аст? 27 «Лекин мо медонем, ки Ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд, касе нахоҳад донист, ки Ӯ аз куҷост». 28 Ва Исо, вақте ки дар маъбад таълим медод, нидо карда, гуфт: «Маро мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале ФирисТандаи Ман ҳақиқист, ки шумо Ӯро намешиносед; 29 «Аммо Ман Ӯро мешиносам, чунки ман аз ҷониби Ӯ ҳастам, ва Ӯ Маро фиристодааст». 30 Он гоҳ хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале касе даст бар Ӯнаандохт, ч>гнки ҳанӯз соаташ нарасида буд. 31 Лекин бисьёре аз мардум баӮимон оварданд ва гуфтанд: «Чун Масеҳ ояд, наход ки аз Ин Шахс бештар аломот нишон хоҳад дод?» 32 Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ӯ чунин мегӯянд, пас фарисиён ва саркоҳинон мулозимонро фиристоданд, то ки Ӯро дастгир кунанд. 33 Ва Исо гуфт: «Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристандаи Худ меравам; 34 «Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ефт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед». 35 Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо мехоҳад биравад, ки мо Ӯро ёфта натавонем? Оё мехоҳад назди онҳое биравад, ки дар байни юнониён пароканда ҳастанд, ва юнониенро таълим диҳад? 36 «Чист маънои суханоне киӯгуфт: "Маро ҳоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед"?»

Исо дар бораи қуввати Рӯҳулқудс сухан меронад

37 Ва дар рӯзи охир, ки рӯзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо кард ва гуфт: «Ҳар кй ташна бошад, назди Ман биёяд ва бинӯшад; 38 «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст, аз батни вай наҳрҳои оби ҳаёт ҷорй хоҳад шудк 39 Ин суханро Ӯ дар бораи Рӯҳ гуфт, ки ҳар кй ба Ӯ имон оварад, Онро хоҳад ёфт; зеро ки Рӯҳулқудс ҳанӯз ато нашуда буд, чунки Исо ҳанӯз ҷалол наёфта буд.

Фикрҳои дигардигари яҳудиён дар бораи Исо

40 Бисьёре аз мардум ин суханро шунида, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Ин Шахс ҳамон Пайғамбар аст». 41 Баъзеҳо гуфтанд: «Ин Масеҳ аст». Лекин дигарон гуфтанд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд? 42 «Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт-Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?» 43 Ба ҳамин тариқ, дар боран Ӯ дар байни мардум ихтилоф афтод. 44 Баъзе аз онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин касе ба Ӯ даст наандохт. 45 Пас мулозимон назди саркоҳинон ва фарисиён баргаштанд, ва онҳо пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?» 46 Мулозимон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст». 47 Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Ос шумо низ гумроҳ шудаед? 48 «Оё касе аз сардорон ё аз фарисиён ба Ӯ имон овардааст? 49 «Аммо ин мардуме ки шариатро намедонанд, малъун мебошанд». 50 Ниқӯдимус, ки шабона назди Ӯ омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт: 51 Юё шариати мо касеро маҳкум менамояд бе он ки аввал суханашро бишнавад ва бидонад, ки вай чй кор кардааст?» 52 Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Магар ту низ чалилй ҳастӣ? Таҳқиқ кун ва бубин, зеро ки ҳеҷ пайғамбаре аз Ҷалил зуҳур накардааст». 53 Пас ҳар кас ба хонаи худ рафт.

Юҳанно 8

Исо зани гунощорро афв менамояд

1 ЛЕКИН Исо ба кӯҳи Зайтун рафт, 2 Ва бомдодон боз ба маъбад омад, ва тамоми мардум назди Ӯ омаданд; ва Ӯ нишаста, онҳоро таълим медод. 3 Дар ин вақт китобдонон ва фарисиён занеро, ки дар амали зино дастгир шуда буд, назди Ӯ оварданд, ва дар миёна ба по ииҳода, 4 БаӮгуфтанд: «Ӯстод! Инзандар амали зино дастгир шуд; 5 «Ва Мусо дар шариат ба мо гуфтааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд: аммо Ту чй мегӯӣ?» 6 Инро барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд, то ки далеле ёфта, Ӯро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда,бо ангушташ бар рӯи замин чизе менавишт. 7 Чун дар савол йсрор намуданд, Ӯ рост шуда» ба онҳо гуфт: «Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад». 8 Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт. 9 Чун шуннданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, то каси охирин паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна ба по меистод. 10 Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт: «Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?» 11 Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй оғо!» Исо ба вай гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун».

Исо - Нури ҷахон

12 Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро палравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаетро ёбад». 13 Он гоҳ фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту бар Худ шаҳодат медиҳй, шаҳодати Ту рост нест». 14 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Гарчанде ки Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; лекнн шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; 15 «Шумо аз рӯи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварй намекунам; 16 «Ва агар Ман доварй кунам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам, балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст; 17 «Ва низ дар шариати шумо навишта шудааст, ки шаҳодати ду кас рост аст; 18 «Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад». 19 Ба Ӯ гуфтанд: «Падари Ту куҷост?» Исо ҷавоб дод: «Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед». 20 Ин суханонро Исо назди ганҷина, ҳангоме ки дар маъбад таълим медод, гуфт; ва ҳеҷ кас Ӯро дастгир накард, чунки соати Ӯ ҳанӯз нарасида буд.

Исо дар бораи назди Падар рафтани Худ шаходат медихад

21 Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ман меравам, ва шумо Маро хоҳед ҷуст, ва дар гуноҳи ҳуд хоҳед мурд; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед». 22 Яҳудиён гуфтанд: «Наҳод ки Ӯмехоҳад Худро бикушад, ки мегӯяд: "Ба он ҷое ки Мая меравам, шумо наметавонед биёед"?» 23 Ба онҳо гуфт: «Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам; 24 «Аз ин сабаб ба щумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои ҳуд хоҳед мурд». 25 Ба Ӯ гуфтанд: «Ту кистӣ?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам; 26 «Ман чизҳои бисьёр дорам, ки дар ҳаққи шумо бигӯям ва доварӣ кунам; лекин Фиристандаи Ман ҳакикист, ва Ман ҳар чи аз Ӯ шунидаам, ба ҷаҳон мегӯям». 27 Онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо дар бораи Падар сухан мегӯяд. 28 Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки Писари Одамро баланд бардоштед, хоҳед фаҳмид, ки ин Ман ҳастам, ва ҳеҷ амалро аз Худам намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям; 29 «Фиристандаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро ки Ман ҳамешааъмолй писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам». 30 Чун инро гуфт, бисьёр касон ба Ӯ имон оварданд.

Дар бораи озодии ҳақиқӣ

31 Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд, 32 «Ва ростиро хоҳеД шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард». 33 Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чй сон Ту мегӯй, ки "озод хоҳед шуд"?» 34 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст; 35 «Лекин ғулом ҳамеша дар хона намемонад: писар ҳамеша мемонад!; 36 «Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд;

Дар бораи душманоии ростӣ

37 «Медонам, ки фарзандони Иброҳим ҳастед; лекин мехоҳед Маро бикушед, чунки каломи Ман дар шумо намегунҷад; 38 «Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегӯям; ва шумо он чи назди падари худ дидаед, мекунед». 39 Онҳо дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар фарзандони Иброҳим мебудед, аъмоли Иброҳимро ба ҷо меовардед; 40 «Валекин ҳоло мехоҳед Маро бикушед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегӯям: Иброҳим чунин коре накардааст. 41 «Шумо аъмоли падари худро мекунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо аз зино таваллуд наёфтаем; мо як Падар дорем, ки Худо бошад». 42 Исо ба онҳо гуфт: «Агар Худо Падари шумо мебуд, Маро дӯст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо баромада, назди шумо омадаам; зеро ки Ман ба иродаи Худ наомадаам» балки Ӯ Маро фиристод. 43 «Чаро каломи Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро наметавонед бишнавед. 44 «Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростй собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд» зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст. 45 «Лекин азбаски Ман сухани ростро ба шумо мегӯям» ба Ман имон намеоваред,

Сирри шахсияти Исо

46 «Кист аз шумо, ки Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гӯям, чаро ба Ман имон намеоваред? 47 «Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад; шумо ба он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед». 48 Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Оё дуруст нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?» 49 Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо ба Ман беҳурматӣ мекунед; 50 «Ман ҷалоли Худро толиб нестам: Яке ҳаст, ки Толиб ва Довар мебошад; 51 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид». 52 Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ; Иброҳим ва анбиё мурданд, вале Ту мегӯй: "Касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад зоиқаи маргро нахоҳад чашид"». 53 «Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз анбиё, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонй?» 54 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ чизе набошад: Маро Падари Ман ҷалол мебахшад, ки дар ҳаққи Ӯ шумо мегӯед: Ӯ Худои мост"; 55 «Ва Ӯро нашинохтаед, лекин Ман Ӯро мешиносам; ва агар бигуям, ки Ӯро намешиносам, мисли шумо дурӯғгӯй мешавам; лекин Ман Ӯро мешиносам ва каломи Ӯро риоя мекунам; 56 «Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи Маро бубинад: ва дид ва шод гардид». 57 Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?» 58 Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим пайдо шуд, Ман ҳастам». 59 Он гоҳ санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд; лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз маъбад берун шуд ва рафт.

Юҳанно 9

Шифо ёфтани кӯри модарзод дар рӯзи шанбе

1 ВА ЧӮН мерафт, як кӯри модарзодро дид. 2 Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсида, гуфтанд:«ЭйӮстод! Кӣ гуноҳ кард: ин одамёпадарумодараш, кипайкӯрзоидашуд?» 3 Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки барои он ки дар вай аъмоли Худо ошкор гардад; 4 «То вакте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад; 5 «То вакте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам». 6 Инро гуфта, оби даҳан бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро ба чашмони кӯр молид, 7 Ва ба вай гуфт: «Бирав ва дар ҳавзи Шнлӯаҳ, ки маънояш "Фиристода" мебошад, худро бишӯи». Вай рафта, худро шуст, ва бино шуда, омад. 8 Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?» 9 Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва баъзе гуфтанд: «Фақат ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам». 10 Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ тавр чашмони ту воз шуд?» 11 Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: "Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ худро бишӯй". Ман рафта, худро шустам ва бино шудам». 12 Ба вай гуфтанд: «Ӯ куҷост?» Гуфт: «Намедонам». 13 Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд. 14 Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, рӯзи шанбе буд. 15 Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гуэошт, ва ман худро шуста, бино шудам». 16 Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шакберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чй тавр як шахси гуноҳкор чунин мӯъҷизот нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ихтилоф афтод. 17 Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чй мегӯӣ?» Гуфг: «Пайғамбар аст». 18 Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда, 19 Аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст? Пас чй тавр вай алҳол бино шудааст?» 20 Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст; 21 «Лекин алҳол чӣ тавр бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кй воз кардааст, намедонем; вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад». 22 Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиен метарсиданд; зеро ки яҳудиён аллакай забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро чун Масеҳ эьтироф намояд, аз куништ биронанд; 23 Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки#вай болиғ аст, аз худаш пурсед». 24 Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, талабида, гуфтанд: «Худоро сано гӯй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст». 25 Дар ҷавобашон гуфт: «Оё гуноҳкор аст ё не, намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва ҳоло бино ҳастам». 26 Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чй тавр чашмони туро воз кард?» 27 Ба онҳо ҷавоб дод: «Аллакай ба шумо гуфтам, ва гӯш надодед: чаро мехоҳед дубора бишнавед? Оё шумо низ мехоҳед шогирдони Ӯ шавед?» 28 Вайро мазаммат намуда, гуфганд: «Ту шогирди Ӯ ҳастй, мо шогирдони Мусоем; 29 «Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин Ин Шахсро намедонем аз куҷост». 30 Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард. 31 «Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад; 32 «Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад; 33 «Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист». 34 Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд ёфтаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд. 35 Исо чун шунид, ки вайро бадар рондаанд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Одам имон дорӣ?» 36 Дар ҷавоб гуфт: «Эй ого, Ӯ кист,то ки ба Ӯимон оварам?» 37 Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад». 38 Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва баӮсаҷда кард. 39 Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то ки кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд». 40 Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Наход ки мо ҳам кӯр бошем?» 41 Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонадк

Юҳанно 10

Масал дар бораи ч$пон ва дар бораи каси бегона

1 «БА РОСТЙ, ба ростй ба шумо мегӯям: ҳар кй ба оғили гӯсфанд аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст; 2 «Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, вай чӯпони гӯсфандон аст: 3 «Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад; 4 «Чун гӯсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз акиби вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд; 5 «Лекин аз ақиби каси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд». 6 Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо чй гуфт.

Исо - дар бораи гӯсфандон

7 Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростй, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар ҳастам. 8 «Ҳамаи касоне ки пеш аз Ман омаданд, дузд ва рСҲзан ҳастанд; лекин гӯсфавдон ба овози онҳо гӯш надоданд. 9 «Ман дар хастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба дарун ва берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад. 10 «Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонй дошта бошанд.

Исо - чупони некдил

11 «Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гусфандон фидо мекунад; 12 «Лекин муздуре ки чӯпон нест, ва гусфандон аз они худаш нестанд, чун бубинад, ки гург меояд, гӯсфандонро монда мегурезад, ва гург гӯсфандонро мегирад ва пароканда мекунад; 13 «Муздур мегурезад, чунки муздур аст, ва ғами гӯсфандонро намехӯрад. 14 «Ман чӯпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонам Маро мешиносанд: 15 «Чунон ки Падар Маро мешиносад, Ман ҳам Падарро мешиносам, ва ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам. 16 «Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд, ва онҳоро низ бояд оварам: онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид, ва як рамаю як чӯпон хоҳанд шуд. 17 «Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам; 18 «Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: кудраг дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин хукмро аз Падари Худ гирифтаам». 19 Ба сабаби ин суҳанон боз дар байни яҳудиён ихтилоф афтод. 20 Бисьёре аз онҳо гуфтанд: «Ӯ дев дорад ва девона ает; чаро ба суханонаш гӯш медиҳед?» 21 Дигарон гуфтанд: «Ин суханони девона нест; оё дев метавонад чашми кӯронро воз кунад?»

Исо дар Ерусалим дар иди тачдид.

Худро Масеҳ э/ълон мекунад

22 Дар Ерусалимидитаҷдидбарпошуд,вазимистон буд. 23 Ва Исо дар маъбад, дар равоқи Сулаймон мегашт. 24 Яҳудиён гирди Ӯро гирифта, ба Ӯ гуфтанд: «То кай моро дар тардид мегузорй? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро бигӯ». 25 Исо ба онҳо чавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ва имон наовардец; аъмоле ки Ман баисми Падари Худ ба чо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳад; 26 «Лекин шумо имон намеоваред, зеро ки аз гӯсфандони Ман нестед, чунон ки ба шумо гуфтам; 27 «Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд, 28 «Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад; 29 «Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад: 30 «Ман ва Падар як ҳастем».

Адовати яҳудиён

31 Боз яхудиён санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд. 32 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисьёр аъмоли нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?» 33 Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои амали нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастй, Худро Худо мехонй». 34 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дар шариати шумо навишта нашудааст: "Ман гуфтам: шумо худоен ҳастед"? 35 «Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон нозил шуд, худоен хондааст, ва Навишта наметавонад ботил шавад, - 36 «Пас ба Касе ки Падар Ӯро тақдис карда, ба ҷаҳон фиристод, чӣ тавр шумо мегӯед, ки: "Куфр мегӯӣ", чунки гуфтаам: "Писари Худо ҳастам"? 37 «Агар аъмоли Падари Худро ба ҷо намеоварам, ба Ман имон наоваред; 38 «Ва агар ба ҷо меоварам, ҳарчанд шумо ба Ман имон намеоваред, пас ба аъмол имон оваред, то бидонед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ». 39 Он гоҳ бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин Ӯаз дасташон раҳо шуд. 40 Ва боз ба он тарафи Ӯрдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳьё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд. 41 Ва бисьёр касон назди Ӯ омаданд ва гуфтанд: «Яҳьё ҳеҷ мӯъҷизае иишон надод; лекин ҳар он чи Яҳьё дар бораи Ин Шахс гуфт, рост буд». 42 Ва бисьёр касон дар он ҷо ба Ӯ имон оварданд.

Юҳанно 11

Эҳьёи Лаъзор

1 ШАХСЕ Лаъзор ном бемор буд аз аҳли Байт-Ҳинй, ки деҳаи Марьям ва хоҳараш Марто буд. 2 Марьям ҳамон буд, ки Худовандро бо равғани атрафшон тадҳин карда, пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; Лаъзори бемор бародари вай буд. 3 Ва хоҳарон ба Ӯ кас фиристода, гуфтанд: «Худовандо! Инак, он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст». 4 Чун Исо шунид, гуфт: «Ин касалӣ барои мамот нест, балки барои ҷалоли Худост, то ки Писари Худо ба василаи он ҷалол ёбад». 5 Исо Марто ва хоҳари вай ва Лаъзорро дӯст медошт. 6 Чун шунид, ки вай бемор аст, дар ҷое ки буд, ду рӯз монд. 7 Пас аз он ба шогирдонаш гуфт: «Боз ба Яҳудо биравем». 8 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «ЭйӮстод! Бисьёр нагузаштааст, ки яҳудиён мехостанд Туро сангсор кунанд, ва Ту мехоҳй боз ба он ҷо биравӣ?» 9 Исо ҷавоб дод: «Оё рӯз дувоздах соат нест?.Касе ки рӯзона роҳ меравад» пешпо намехӯрад, чунки нури ин ҷаҳонро мебинад; 10 «Лекин касе ки шабона роҳ меравад, пешпо мехӯрад, чунки дар вай нур нест». 11 Инро ба забон ронд ва пас аз он ба онҳо гуфт: «Дӯсти мо Лаъзор хуфтааст, лекин Ман меравам, то ки вайро бедор кунам». 12 Шогирдонаш гуфтанд: «Худовандо! Агар хуфта бошад, шифо, ҳоҳад сфт». 13 Исо дар бораи вафоти вай сухан меронд, лекии онҳо гумон карданд, ки дар бораи хоби муқаррарй сухан меронад. 14 Он гоҳ Исо ба онҳо ошкоро гуфт: «Лаъзор мурдааст; 15 «Ва барои шумо шодам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред; вале акнун назди вай биравем». 16 Тумо, ки Экизак номида мешуд, ба шогирдон гуфт: «Биёед мо ҳам биравем, то ки бо Ӯ бимирем». 17 Чун Исо омад, фаҳмид, ки вай чор рӯз боз дар қабр мебошад. 18 Байт-Ҳинӣ дар наздикии Ерусалим, ба масофаи тақрибан понздаҳ стадия воқеъ буд, 19 Ва бисьёре аз яҳудиён назди Марто ва Марьям омада буданд, то ки барои бародарашон онҳоро тасаллӣ диҳанд. 20 Чун Марто шунид, ки Исо меояд, ба пешвози Ӯ берун рафт; лекин Марьям дар хона монд. 21 Марто ба Исо гуфт: «Худовандо! Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд. 22 «Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, Худо онро ба Ту хоҳад дод». 23 Исо ба вай гуфт: «Бародари ту эҳьё хоҳад шуд». 24 Марто ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳад шуд». 25 Исо ба вай гуфт: «Ман киёмат ва ҳает ҳастам; ҳар кй ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд; 26 «Ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад наҳоҳад мурд. Оё ба ин имон дорй?» 27 Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ман имон дорам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, Он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд». 28 Чун инро гуфт, рафта ҳоҳари худ Марьямро пинҳонӣ ҳонд ва гуфт: «Ӯстод ин ҷост ва туро металабад». 29 Инро пгунида, вай зуд барҳост ва назди Ӯ омад. 30 Исо ҳанӯз ба деҳа ворид нашуда буд, балки дар ҳамон ҷое буд, ки Марто Ӯро пешвоз гирифт. 31 Яҳудиёне ки дар хона бо вай буданд ва тасаллӣ медоданд, чун диданд, ки Марьям зуд бархоста, берун рафт, аз паи паЙ равона шуданд, ба гумони он ки ба сари қабр меравад, то ки дар он ҷо гирья кунад. 32 Чун Марьям ба он ҷое ки Исо буд, омад, Ӯро дида, ба пойҳои Ӯ афтод ва гуфт: «Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд». 33 Исо, вақте ки вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирьён дид, аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд, 34 Ва гуфт: «Вайро куҷо гузоштаед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Бие ва бубин». 35 Исо гирья кард. 36 Яҳудиён гуфтанд: «Бингаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!» 37 Баъзе аз онҳо гуфтанд «Оё Ин Шахс, ки чашмоникӯрро боз кард, наметавонист амале бикунад, то ки ин ҳам намирад?» 38 Исо, дар ҳолате ки аз дил оҳ мекашид, ба сари қабр омад; ва он як ғоре буд, ки санге бар даҳанаш гузошта буданд. 39 Исо гуфт: «Сангро бардоред». Марто, хоҳари мурда, ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Аллакай бадбуй шудааст; зеро ки чор рӯз боз дар ин ҷост». 40 Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварй, ҷалоли Худоро хоҳй дид?» 41 Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шуда буд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ; 42 «Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ». 43 Чун инро гуфт,бо овози баланд нидо кард: «Эй Лаъзор, берун о!» 44 Ва мурда, ки дастҳо ва поҳояш ба кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт: «Вайро воз кунед ва бигзоред биравад». 45 Бисьёре аз яҳудиён, ки бо Марьям омада буданд, чун амали Исоро диданд,ба Ӯ имон оварданд; 46 Лекин баъзе аз онҳо назди фарисиён рафта, он чи Исо карда буд, ба онҳо гуфтанд.

Қарори саркоҳиион ва фарисиён, ки Исоро бикушанд

47 Саркохинон ва фарисиен дар шӯрои пирон ҷамъ омаданд ва гуфтанд: «Чӣ бояд кард? Ин Шаҳс мӯъҷизоти зиёде нишон медиҳад; 48 «Агар Ӯро чунин вогузорем, ҳама ба Ӯ имон хоҳанд овард, ва румиён омада, кишвар ва қавми моро хоҳанд гирифт». 49 Яке аз онҳо, ки Қаёфо ном дошт ва дар он сол саркоҳин буд, гуфт: «Шумо чизе намедонед, 50 «Ва фикр ҳам намекунед, ки барои мо беҳтар аст агар як кас ба хотири қавм бимирад, ва тамоми қавм нобуд нашавад». 51 Лекин вай инро аз ҳуд нагуфт, балки, чун дар он сол саркоҳин буд, нубувват кард, ки Исо бояд.барои қавм бимирад, 52 Ва на танҳо барои қавм, балки низ барои он ки фарзандони Худоро, ки пароканда ҳастанд, якҷоя кунад. 53 Аз ҳамон рӯз маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки Ӯро бикушанд. 54 Бинобар ин Исо дигар дар миёни яҳудиен ошкоро намегашт, балки аз он ҷо ба мавзее ки наздики биёбон буд, ба шаҳре ки Эфроим ном дошт, равона шуд ва бо шогирдони Худ дар он ҷо монд. 55 Чун иди фисҳи яҳудиён наздик шуд, мардуми бисьёре аз ҳар тарафи мамлакат пеш аз фисҳ ба Ерусалим омаданд, то ки худро татҳир намоянд. 56 Ва онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданд ва дар маъбад истода, ба якдигар мегуфтанд: «Фикри шумо чист? Оё Ӯ ба ид намеояд?» 57 Лекин саркоҳинон ва фарисиён фармоне дода буданд, ки агар касе донад, ки Ӯ куҷост, бояд хабар диҳад, то ки Ӯро дастгир кунанд.

Юҳанно 12

Бо равғани атрафшон тадхин кардани Исо дар Байт-Ҳинӣ

1 ШАШ рӯз пеш аз иди фисҳ Исо ба Байт-Ҳинӣ омад, ба он ҷое ки Лаъзори мурдаро аз мурдагон эҳьё карда буд. 2 Дар он ҷо барои Ӯтаоми шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари суфра менишастанд. 3 Он гоҳ Марьям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, пойҳои Исоро тадҳин кард ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; ва хона аз бӯи равғани атрафшон пур шуд. 4 Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют, ки мехост Ӯро таслим кунад, гуфт: 5 «Чаро ин равгани атрафшон ба сесад динор фурӯхта нашуд, то ки ба мискннон тақсим карда дода шавад?» 6 Ва инро на аз барои он гуфт, ки гамхори мискинон бошад, балки барои он ки дузд буд: ҳамьёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандоҳтанд, барои худ мегирифт. 7 Исо гуфт: «Вайро ором гузор; вай инро барои рӯзи дафни Ман саришта карда нигоҳ доштааст; 8 «Зеро ки мискинон ҳар вакт назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам». 9 Бисьёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ӯ дар он ҷост, омаданд, то ки на танҳо Исоро, балки низ Лаъзорро, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё карда буд, бубинанд. 10 Он гоҳ саркоҳинон қарор доданд, ки Лаъзорро низ бикушанд, 11 Чунки ба хотири вай бисьёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд.

Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо

12 Фардои он, мардуми бисьёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Ерусалим меояд, 13 Шохаҳои дараҳти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарьёд мекарданд: «Ҳӯшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!» 14 Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст: 15 «Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае савор шуда, меояд». 16 Шогирдонаш аввал ин чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба хотир оварданд, ки ин чизҳо дар бораи Ӯ навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои Ӯ ба ҷо оварда шуд. 17 Ва мардуме ки бо Ӯ буданд, шаҳодат доданд, ки Ӯ Лаъзорро аз қабр хонд ва аз мурдагон эҳьё кард; 18 Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ӯ баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ӯ чунин мӯъҷиза нишон додааст, 19 Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, тамоми ҷаҳон аз паи Ӯ меравад». 20 Дар байни онҳое ки дар ид барои ибодат омада буданд, баъзе юнониҳо буданд; 21 Онҳо назди Филиштус, ки аз Байт-Сайдои Ҷалил буд, омаданд ва илтимос намуда, гуфтанд: «Эй оғо! Мо мехоҳем Исоро бубинем», 22 Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриес ва Филиппус ба Исо гуфтанд.

Писари Худо аз ҷониби Худои Падар ҷалол дода мешавад

23 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Соати он расидааст, ки Писари Одам ҷалол ёбад. 24 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода, намирад, фақат худаш боқӣ мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад. 25 «Касе ки ҷони худро дӯст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовидонӣ онро нигоҳ ҳоҳад дошт. 26 «Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравй намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ходими Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кй ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт. 27 «Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам. 28 «Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Дарҳол садое аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол ҳоҳам дод». 29 Мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд: «Раъд ғуррид». Дигарон гуфтанд: «Фариштае бо Ӯ сухан гуфт». 30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин садо на аз барои Ман, балки барои шумо омад; 31 «Алҳол доварӣ бар ин ҷаҳон аст; алҳол мири ин Цаҳон бадар ронда мешавад; 32 «Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сӯи Худ хоҳам кашид». 33 Инро гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна марг Ӯ бояд бимирад.

Беимонии халқ

34 Мардум дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад боқӣ хоҳад монд; пас чӣ сон мегӯӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писари Одам кист?» 35 Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе ки дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад; 36 «То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед». Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд. 37 Бо вуҷуди мӯъҷизоти бисьёре ки дар пеши назарашон нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд, 38 То сухани Ишаъёи набй ба амал ояд, ки гуфта буд: «Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, ва бозуи Худованд ба кй ошкор гардид?» 39 Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст: 40 «Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷӯъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам». 41 Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ сухан ронд. 42 Бо вуҷ>!ди ин бисьёре аз сардорон низ баӮ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён икрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд; 43 Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд.

Исо халқро бори охирин даьват менамояд ва огоҳ мекунад

44 Лекин Исо нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристандаи Ман имон овардааст; 45 «Ва ҳар кӣ Маро бинад, Фиристандаи Маро дидааст. 46 «Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад. 47 «Ва агар касе суҳанони Маро шунида, риоят накунад, Ман бар вай доварӣ нахоҳам кард: зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот баҳшам. 48 «Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро кабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рӯзи вопасин бар вай доварӣ хоҳад кард; 49 «Зеро ки Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман ҳукм дод, ки чӣ бигӯям ва чй гуна сухан ронам; 50 «Ва Ман медонам, ки ҳукми Ӯ ҳаёти ҷовидонист. Пас, он чи Ман мегӯям, хамон аст, ки Падар фармудааст, то бигӯям».

Юҳанно 13

Шустани пойҳои шогирдон

1 ПЕШ аз иди фисҳ, чун Исо донист, ки соати Ӯ расидааст, то ки аз ин ҷаҳон назди Падар биравад, Ӯ, ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт. 2 Ва дар вакти таоми шом, ки иблис қасде дар дили Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют андохта буд, ки Ӯро таслим кунад, 3 Ва Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст, ва Ӯ аз ҷониби Худо омада буд ва ба сӯи Худо меравад, 4 Аз сари суфра бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст; 5 Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурӯъ намуд. 6 Чун назди Шимъӯни Петрус омад, вай гуфт: «Худовандо! Ту пойҳои маро мешӯӣ?» 7 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Он чи Ман мекунам, алҳол намедонй, лекин баъд хоҳӣ фаҳмид». 8 Петрус ба Ӯгуфт: «Пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст». Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар туро нашӯям, туро бо Ман ҳиссае нест». 9 Шимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! На танҳо пойҳои маро, балки низ дастҳо ва сари маро бишӯӣ». 10 Исо ба вай гуфт: «Касе ки ғусл кардааст, фақат ба шустани пойҳояш эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама». 11 Зеро ки таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт: «На ҳама пок ҳастед». 12 Чун пойҳои онҳоро шуст, либоси Худро пӯшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт: «Оё медонед, ки барои шумо чӣ кардам? 13 «Шумо Маро Ӯстод ва Худованд мегӯед ва рост мегӯед, зеро ки Ман чунин ҳастам. 14 «Пас, агар Ман, ки Ӯстод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед: 15 «Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед. 16 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом бузургтар аз оғои худ нест, ва расул бузургтар аз фиристандаи худ нест. 17 «Ҳар гоҳ инро донистед» хушо шумо, агар инро ба амал оваред. 18 «Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям: онҳоеро, ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд: "Он ки бо Ман нон мехӯрад, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст". 19 «Алҳол, пеш аз вуқӯъ, ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми воқеъ шуданаш бовар кунед, ки ин Ман ҳастам. 20 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».

Таслимкунанда аз мисни шогирдон берун карда шуд

21 Чун Исо инро гуфт, дар рӯҳ музтариб шуд, ва шаҳодат дода, гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим хоҳад кард». 22 Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда» дар ҳайрат шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегӯяд. 23 Яке аз шогирдонаш буд, ки бар сандуқи синаи Исо такья мезац: Исо вайро дӯст медошт; 24 Шимъӯни Петрус ба вай кшорат кард, то бипурсад: он кист, ки дар ҳаққаш чунин гуфт. 25 Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такья зада, пурсид: «Худовандо! Он кист?» 26 Исо ҷавоб дод: Юн аст, ки луқмаи нонро ғӯтонда ба вай медиҳам». Ва луқмаро гӯтонда, ба Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют дод. 27 Пас аз он ки луқмаро гирифт, шайтон дар вай дохил шуд. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Он чи мекунӣ, ба зудӣ бикун». 28 Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт. 29 Баъзеҳо гумон карданд, ки чун ҳамьён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо лозим аст, харид кунад ё ки чизе ба мискинон бидиҳад. 30 Вай луқмаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд.

Нутқи видоии Исо.

Вақти ҷалол ёфтан наздик аст

31 Чун вай берун рафт, Исо гуфт: «Алҳол Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ӯ ҷалол ёфт; 32 «Агар Худо дар Ӯ ҷалол ёфт, Худо низ Ӯро дар Худ ҷалол хоҳад дод, ва ба зудй Ӯро ҷалол хоҳад дод. 33 «Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам: шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегӯям: ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметовонед биёед.

Ҳукми нав

34 «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. 35 «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред». 3 Пешгӯи кардани инкори Петрус. 36 Щимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Куҷо меравӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ба он ҷое ки Ман меравам, алҳол наметавонӣ аз ақиби Ман биёӣ, лекин баъд аз он аз акиби Ман хоҳӣ омад». 37 Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Чаро алҳол аз ақиби Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо хоҳам кард». 38 Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҷони худро барои Ман фидо хоҳӣ кард? Ба ростй, ба ростӣ ба ту мегӯям: пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳй кард».

Юҳанно 14

Назди Падар рафтани Исо

1 «ДИЛИ шумо музтариб нашавад; ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред. 2 «Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: "Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам"? 3 «Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Мап ҳастам, шумо низ бошед. 4 «Ҷое ки Ман меравам, шумо онро медонед, роҳро низ медонед». 5 Тумо баӮгуфт: «Худовандо! Намедонем, ки Ту куҷо меравӣ; пас чй гуна метавонем роҳро донем?» 6 Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман; 7 «Агар Маро мешиноҳтед, Падари Маро низ мешинохтед; ва аз ҳамин дам Ӯро мешиносед ва Ӯро дидаед». 8 Филиппус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Падарро ба мо нишон деҳ, ва ин барои мо кофист». 9 Исо ба вай гуфт: «Ин қадар вақт Ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ, Филиппус? Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст; пас чӣ тавр мегӯӣ: "Падарро ба мо нишон деҳ"? 10 «Оё бовар намекуни, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман? Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худ намегӯям; Падаре ки дар Ман сокин аст, Ӯ ин аъмолро мекунад. 11 «Ба Ман имон оваред, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман; вагар на, ба хотири он аъмол ба Ман имон оваред.

Дуо ба исми Исо

12 «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кй ба Ман имон оварад, аъмолеро, ки Ман мекунам, вай низ хоҳад кард ва ҳатто бузургтар аз он ҳам хоҳад кард, зеро ки Ман назди Падар меравам. 13 «Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад; 14 «Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард. 15 «Агар Маро дӯст доред, аҳкоми Маро риоя хоҳед кард.

Ваъда кардани Руҳулқудс

16 «Ва Ман аз Падар илтимос ҳоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад, 17 «Яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро бииазирад, зеро ки Ӯро намебинад ва намешиносад; лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро ки Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд. 18 «Шуморо ятим намегузорам; назди шумо меоям. 19 «Пас аз андак муддате ҷаҳон дигар Маро нахоҳад дид; лекин шумо Маро хоҳед дид, ва азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист. 20 «Дар он рӯз шумо хоҳед донист, ки Ман дар Падар ҳастам, ва шумо дар Ман, ва Ман дар шумо. 21 «Ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва риоят кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад; ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, Падари Ман вайро дӯст ҳоҳад дошт, ва Ман ваиро дӯст ҳоҳам дошт ва Худро ба вай зоҳир хоҳам сохт». 22 Яхудо, на он Яҳудои Исқарьют, ба ӯ гуфт: «Худовандо! Ин чист, ки Ту мехоҳӣ Худро ба мо зоҳир созй ва на ба ҷаҳон?» 23 Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Шдари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва Мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт. 24 «Касе ки Маро дӯст надорад, суханони Маро риоят намекунад; ва каломе ки мешунавед, аз они Ман нест, балки аз они Падарест, ки Маро фиристод.

Ваҳйи пурфаӣзи Рӯҳулқудс. Омодагии Исо ба мамот

25 «Ин суханонро ба шумо гуфтам, вақте ки бо шумо будам. 26 «Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулкудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.

Васият кардани осоиштагӣ

27 «Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба. шумо медиҳам. Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад. 28 «Шунидед, ки ба шумо гуфтам: "Меравам ва назди шумо бармегардам". Агар Маро дӯст медоштед, шод мешудед, ки гуфтам: "Назди Падар меравам"; зеро ки Падар аз Ман бузургтар аст. 29 «Ва инак, пеш аз вукуъ ба шумо гуфтам, то ки дар вақти воқеъ шуданаш имон оваред. 30 «Баъд аз ин ба шумо бисьёр гуфтугӯ нахоҳам кард, зеро ки мири ин ҷаҳон меояд, ва дар Ман вай чизе надорад. 31 «Лекин, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам, чунон ки Падар ба Ман ҳукм кард, амал мекунам: бархезед, аз ин ҷо биравем.

Юҳанно 15

Масеҳ - ток

1 «МАН Токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман Токдор аст; 2 «Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ӯ бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад. 3 «Шумо алҳол ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед. 4 «Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед. 5 «Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед. 6 «Касе ки дар Ман намонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навдаҳоро гирд оварда, ба оташ меаидозанд, ва онҳо месӯзанд. 7 «Агар дар Ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чи мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд. 8 «Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд.

Дар бораи мондан дар муҳаббати Исо

9 «Чунон ки Падар Маро дӯст доштааст, Ман низ шуморо дӯст доштаам; дар муҳаббати Ман бимонед. 10 «Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам. 11 «Инро ба шумо гуфтаам, то ки шодии Ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад. 12 «Хукми Ман ин аст, ки якдигарро дӯст доред, чунон ки Ман шуморо дӯст доштам. 13 «Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад. 14 «Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред. 15 «Дигар шуморо банда намехонам, зеро ки банда намедонад оғояш чӣ мекунад; лекин шуморр дӯст хондаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардам. 16 «На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад. 17 «Ин чизҳоро ба шумо ҳукм мекунам, то ки якдигарро дӯст доред.

Имондор ва ҷаҳои

18 «Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат кардааст. 19 «Агар шумо аз ҷаҳои мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад. 20 «Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: "Ғулом бузургтар аз оғои худ нест". Агар Маро таъкиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя хоҳанд кард; 21 «Лекин хамаи инро барои исми Ман ба шумо хоҳанд кард, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд. 22 «Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд. 23 «Ҳар кӣ аз Ман нафрат кунад, аз Падари Ман низ нафрат мекунад. 24 «Агар дар миёни онҳо аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат кардаанд, 25 «То ба амал ояд каломе ки дар Тавроташон навишта шудааст: "Бе сабаб аз Ман нафрат доранд".

Имондор ва Рӯҳулқудс

26 «Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростй, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад доц; 27 «Ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод, зеро ки аз иотидо бо Ман будаед».

Юҳанно 16

Дар бораи тпаъқиботи имондорон

1 «ИНРО ба шумо гуфтам, то ки ба васваса наафтед. 2 «Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кй шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад. 3 «Ва ин корҳоро бо шумо ҳоҳанд кард, чунки на Падарро шинохтанд ва на Маро. 4 «Лекин инро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани он соат ба ёд оваред, ки Ман ба шумо гуфтаам ва инро аз аввал ба шумо нагуфтам, зеро ки бо шумо будам. 5 «Аммо акнун Ман назди Фиристандаи Худмеравам, ва касе аз байни шумо аз Ман намепурсад: "Куҷо меравй?" 6 «Вале чун инро ба шумо гуфтам, дили шумо пур аз ғам шуд.

Дар бораи таъсири Рӯхулқудс

7 «Лекин ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро ки агар Ман наравам, Пуштибон назди щумо нахоҳад омад; ва агар биравам, Ӯро назди шумо мефиристам, 8 «Ва чун Ӯ ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ ва бар адолат ва бар доварй мулзам ҳоҳад кард. 9 «Бар гуноҳ, зеро ки ба Ман имон намеоваранд; 10 «Бар адолат, зеро ки назди Падари Худ меравам, ва дигар Маро наҳоҳед дид; 11 «Бар доварй, зеро ки мири ин ҷаҳон маҳкум шудааст. 12 «Боз бисьёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо бигӯям, лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред. 13 «Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростй ояд, шуморо батамоми ростӣ раҳнамой ҳоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо ҳабар хоҳад дод. 14 «Ӯ Маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо ҳабар ҳоҳад дод. 15 «Ҳар он чи Падар дорад, аз они Ман аст; бинобар ин гуфтам: аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар хоҳад дод.

Мамот ва омадани Исо

16 «Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро ҳоҳед дид; зеро ки Ман назди Падар меравам». 17 Баъзе аз шогирдонаш ба якдигар гуфтанд: «Чист, ки Ӯ ба мо мегӯяд: "Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро ҳоҳед дид" ва: "Ман назди Падар меравам"?» 18 Ва онҳо гуфтанд: «Ин чист, ки Ӯ мегӯяд: "Дере нагузашта"? Намедонем, чӣ мегӯяд». 19 Исо чун донист, ки мехоҳанд аз Ӯ бипурсанд, ба онҳо гуфт: Юё ба якдигар дар ин хусус савол медиҳед, ки Ман гуфтам: "Дере нагузашта Маро нахоҳед дид, ва боз дере нагузашта Маро хоҳед дид"? 20 «Ба ростй, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо гирья ва нола хоҳед кард, лекин ҷаҳон шод ҳоҳад шуд; шумо ғамгин хоҳед шуд, лекин ғами шумо ба шодй мубаддал ҳоҳад шуд. 21 «Зан ҳангоми зоидан ғамгин аст, чунки соати вай расидааст; лекин чун кӯдакро зоид, ғамашро фаромӯш мекунад ба сабаби шодии он ки одаме дар ҷаҳон таваллуд ёфт. 22 «Шумо низ алҳол ғамгин ҳастед; лекин боз шуморо хоҳам дид, ва дили шумо шод хоҳад шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад он шодиро аз шумо бигирад,

Дуо ба исми Исо. Каломи охирини тасаллибахши Исо ба шогирдон

23 «Ва дар он рӯз аз Ман чизе нахоҳед пурсид. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба щумо ато хоҳад кард. 24 «То кунун ба исми Ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад. 25 «Ин чизҳоро бо масалҳо ба шумо гуфтам; лекин соате мерасад, ки дигар ба шумо бо масалҳо ҳарф намезанам, балки аз Падар ба шумо кушоду равшан хабар хоҳам дод. 26 «Дар он рӯз ба исми Ман талаб хоҳед кард, ва Ман ба шумо намегӯям, ки аз Пацар барои шумо илтимос хоҳам кард: 27 «Зеро ки Худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки шумо Маро дӯст доштаед ва шумо имон овардаед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам. 28 «Ман аз ҷониби Падар омадам ва ба ҷаҳон ворид шудам; боз ҷаҳонро тарк мекунам ва назди Падар меравам». 29 Шогирдонаш 6а Ӯ гуфтанд: «Инак акнун кушоду равшан сухан мегӯй, на бо масалҳо; 30 яАкнун донистем, ки Ту ҳама чизро медонӣ, ва ҳоҷат нест, ки касе аз Ту чизе бипурсад; аз ин рӯ имон меоварем, ки Ту аз ҷониби Худо омадай». 31 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Алҳол имон меоваред? 32 «Ияак, соате мерасал, ва аллакай расидааст, ки шумо парокаяда шуда, ҳар яке сӯи хонаи худ меравед ва Маро танҳо мегузорец; лекин Ман тачҳо несаам, зеро ки Падар бо Ман аст. 33 «Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».

Юҳанно 17

Дуои саркоҳинии Исо.

Илтимос дар бораи ҷалол додан

1 ИСО, чун инро гуфт, чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Соат расидааст: Писари Худро ҷалол деҳ, то ки Писарат низ Туро ҷалол диҳад. 2 «Зеро ки Ӯро бар тамоми башар қудрат додай, то ки ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ баҳщидаӣ, ҳаёти ҷовидонй бидиҳад: 3 «Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқй ҳастй, ва Исои Масеҳро, ки фиристодй, бишносанд. 4 «Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то бикунам, ба анҷом расондам; 5 «Ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии олам назди Ту доштам.

Илтимос дар бораи ёздаҳ шогирдон

6 «Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардй, шиносондам; онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман ато кардй, ва онҳо каломи Туро риоят кардаанд; 7 «Ва акнун донистанд, ки ҳар он чи ба Ман додаӣ, аз ҷониби Туст; 8 «Зеро каломеро, ки ба Ман додй, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд ва ҳақиқатая донистанд, ки Ман аз ҷониби Ту омадаам, ва имон оварданд, ки Ту Маро фиристодаӣ. 9 «Ман барои онҳо илтимос мекунам: на барои ҷаҳон, балки барои онҳое ки Ту ба Ман додаӣ, зеро ки онҳо аз они Ту мебошанд; 10 «Ва он чи аз они Ман аст, аз они Туст, ва он чи аз они Туст, аз они Ман аст; ва Ман дар онҳо ҷалол ёфтаам. 11 «Ман дитар дар ҷаҳон нестам, лекин онҳо дар ҷаҳон ҳастанд, ва Ман назди Ту меоям. Эй Падари Муқаддас! Инҳоро, ки ба Ман додаӣ, ба исми Худ нигоҳ дор, то ки як бошанд, чунон ки Мо ҳастем. 12 «Вақте ки бо онҳо дар ҷаҳон будам, онҳоро ба исми Ту нигоҳ доштам; онҳоеро, ки Ту ба Ман додӣ, нигаҳбонӣ кардам, ва ҳеҷ яке аз онҳо ҳалок нашуд, ҷуз аз писари ҳалокат, то ки Навишта ба амал ояд. 13 «Вале акнун назди Ту меоям, ва инро дар ҷаҳон мегӯям, то ки шодии Ман дар онҳо комил бошад. 14 «Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам. 15 «Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарй, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намой; 16 «Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам. 17 «Онҳоро бо ростии Худ тақдис кун: каломи Ту ростист. 18 «Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодй, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам; 19 «Ва Худро барои онҳо тақдис мекунам, то ки онҳо низ бо ростӣ тақдис карда шаванд.

Дуо дар бораи имондорони ҳамаи замонҳо

20 «Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи каломи онҳо ба Ман имон хоҳанд овард: 21 «То ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастй ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, - то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ. 22 «Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам: то ки як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем. 23 «Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то ки онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодй ва онҳоро дӯст доштӣ, чунон ки Маро дӯст доштӣ. 24 «Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додай, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоли Маро, ки ба Ман додай, бубинанд, чунки Маро пеш аз таъсиси ҷаҳоп дӯст доштӣ. 25 «Эй Падари Одил! Ҷаҳон Туро нашиноҳт; Лекин Ман Туро шинохтам, ва инҳо донистанд, ки Ту Маро фиристодӣ; 26 «Ва Ман ба онҳо исми Туро шиносондам ва боз ҳам хоҳам шиносонид, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад, ва Ман низ дар онҳо бошам».

Юҳанно 18

Исо дар боғи Ҷатсамонй

1 ЧӮН Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи водии Қидрӯн рафт, ки дар он ҷо боғе буд, ва Ӯ ва шогирдонаш ба он даромаданд.

Таслим кардани Яҳудо

2 Ва Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд. 3 Пас Яҳудо як даста сарбозон ва мулозимонро аз саркоҳинон ва фарисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад. 4 Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ӯ рӯй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» 5 Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Исои Носириро». Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам». Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ бо онҳо истода буд. 6 Чун Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам», - онҳо акибақиб рафта, ба замин афтоданд. 7 Боз аз онҳо пурсид: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» Гуфтанд: «Исои Носириро». 8 Исо ҷавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар Маро ҷустуҷӯ мекунед, бигзоред инҳо бираванд», - 9 То он сухане ки Ӯ гуфта буд, ба амал ояд: «Аз онҳое ки ба Ман додӣ, якеро талаф накардаам». 10 Он гоҳ Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дошт, зад, ва гӯши рости вайро бурида партофт. 11 Исо ба Петрус гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун; наход ки он косаеро, ки Падарам ба Ман додааст, нанӯшам?»

Исо ба ҳузури доварии саркоҳинон. Инкори Петрус

12 Он гоҳ дастаи сарбозон ва мнриҳазор ва мулозимони яҳудиён Исоро дастгир карда, бастанд, 13 Ва аввал Ӯро назди Ҳонон, пацарарӯси Қаёфо, ки ҳамон сол саркоҳин шуд, бурданд; 14 Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён маслиҳат дода буд, ки беҳтар аст як кас барои қавм бимирад. 15 Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигар аз акиби Исо рафтанд; азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад; 16 Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд. 17 Он канизе ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту низ аз шогирдони Ин Шахс нестӣ?» Вай гуфт: «Нестам». 18 Дар ин миён ғуломон ва мулозимон оташ афрӯхта буданд, зеро ки ҳаво сард буд, ва даври оташ истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард. 19 Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид. 20 Исо ба вай ҷавоб дод: «Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтаам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар маъбад, ки дар он ҷо яхудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонй чизе нагуфтаам; 21 «Чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, бипурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам». 22 Вақте ки инро гуфг, яке аз мулозимон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ эада, гуфт: «Ба саркоҳин ин Тавр ҷавоб медиҳӣ?» 23 Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар бад гуфтам, ба бадй шаҳодат деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанй?» 24 Ҳонон Ӯро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристод. 25 Ва Шимъӯни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд: «Ту низ аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вай инкор карда, гуфт: «Нестам». 26 Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гӯшашро бурида буд, гуфт: «Магар ман туро дар боғ бо Ӯ надидам?» 27 Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурӯс бонг зад.

Исо ба ҳузури Пилотус

28 Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозҳона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихӯранд. 29 Пилотус назди онҳо баромада, гуфт: «Чӣ даъвое бар Ин Шахс доред?» 30 Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Агар Ӯ бадкор намебуд, ба ту таслим намекардем». 31 Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро бигиред вамувофики шариати худ бар Ӯ доварй кунед». Яҳудиён ба вай гуфтанд: «Ба мо ҷоиз нест, ки касеро бикушем», 32 То он сухани Исо ба амал ояд, ки Ӯ дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд. 33 Он гоҳ Пилотус боз ба сарбозхона даромада, Исоро хонд ва ба Ӯ гуфт: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиен ҳастй?» 34 Исо ба вай ҷавоб дод: «Оё ту инро аз худ мегӯй, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?» 35 Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Қавми Ту ва саркоҳинон Туро ба ман таслим кардаанд; чӣ кор кардаӣ?» 36 Исо ҷавоб дод: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони Ман меҷангиданд, то ки Ман ба яҳудиён таслим карда нашавэм; лекин акнун Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест». 37 Пилотус ба Ӯ гуфт: «Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯй, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростй шаҳодат диҳам; ва ҳар кй аз ростист, овози Маро мешунавад». 38 Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ростй чист?» Чун инро бигуфт, боз назди яҳудиён баромад ва ба онҳо гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам;

Исо ва Бараббос

39 «Лекин шумо одате доред, ки бандиеро дар иди фисҳ барои шумо.озод кунам; оё меҳоҳед, ки Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?» 40 Онҳо боз фарьед зада, гуфтанд: «Ӯро не, балки Бараббосро». Бараббос як роҳзан буд.

Юҳанно 19

Исо бо точи аз хор бофташуда

1 ОН ГОҲ Пилотус Исоро гирифта, тозиёна зад. 2 Ва сарбоаон тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд, ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд, 3 Ва гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!» Ва Ӯро торсакӣ мезаданд.

Пилотус ва Исо ба хузури мардум,

4 Боз Пилотус баромада, ба онҳо гуфт: «Инак, Ӯро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам». 5 Ва Исо, дар ҳолате ки тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар дошт, берун омад. Ва Пилотус гуфт: «Инак Он Одам!» 6 Чун саркоҳинон ва мулозимон Ӯро диданд, фарьед зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро гирифта, маслуб кунед, зеро ки ман дар Ӯ айбе намеебам». 7 Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд: «Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ӯ бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо кардааст». 8 Чун Пилотус ин суханро шунид, беш аз пеш ҳаросон шуд. 9 Ва боз ба сарбозхона даромада, ба Исо гуфт: «ТӮ аз куҷоӣ?» Лекин Исо ба вай ҷавоб надод. 10 Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ба ман сухан намегӯӣ? Магар намедонӣ, ки қудрат дорам Туро маслуб кунам ва қудрат дорам Туро озод кунам?» 11 Исо ҷавоб дод: «Ҳеҷ қудрате бар Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештаре дорад». 12 Ва аз он вақт Пилотус саъй дошт Ӯро озод кунад, лекин яҳудиен фарьйд зада, гуфтанд: «Агар Ӯро озод кунй, дӯсти қайеар нестӣ; ҳар кӣ даъвои подшоҳӣ кунад, душмани қайсар аст». 13 Чун Пилотус инро шунид, Исоро берун овард ва дар он ҷое ки Сангфарш ва ба ибронӣ Чабто номида мешуд, бар курсии доварӣ нишаст. 14 Рӯзи чумъаи арафаи иди фисҳ буд, ки дар соати шашум ба яҳудиён гуфт: «Инак» Подшоҳи щумо!» 15 Лекин онҳо фарьёд заданд: «Ӯро нест кун, нест кун, маслуб кун!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Оё Подшоҳи шуморо маслуб кунам?» Саркоҳинон ҷавоб доданд: «Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем».

Маслуб шудани Исо ва мамоти Ӯ

16 Ниҳоят, Ӯро ба дасти онҳо супурд, то ки маслуб кунанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд. 17 ВаӮ салиби Худро бардошта, ба он ҷое ки "Ҷои косахонаи сар" ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд; 18 Дар он ҷо Ӯро маслуб карданд ва бо Ӯ ду каси дигарро: яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исо дар миёна. 19 Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Подшохи Яхудиёт. 20 Бисьёре аз яҳудиён он айбномаро ҳонданд, зеро ҷое ки Исо маслуб шуда буд, ба шаҳр наздик буд, ва айбномаро ба забонҳои ибронӣ, юнонӣ ва румӣ навишта буданд. 21 Саркоҳинони яҳудй ба Пилотус гуфтанд: «Нанавис: "Подшоҳи Яҳудиён", балки он чи Ӯ мегуфт: "Манам Подшоҳи Яҳудиён"». 22 Пилотус ҷавоб дод: «Он чи навиштам, навиштам». 23 Ва сарбозон, чун Исоро маслуб карданд, либоси Ӯро гирифта, ба чор ҳисса тақсим карданд, ба ҳар сарбоз як ҳисса; ва пероҳанро низ гирифтанд; лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд. 24 Пас онҳо ба якдигар гуфтанд: «Онро пора накунем, балки қуръа бар он партофта бинем, ки аз они кй мешавад», то ки Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: "Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд". Ва сарбозон чунин карданд. 25 Дар назди салиби Исо модари Ӯ ва хоҳари модараш, Марьями завҷаи Қлӯпос, ва Марьями Маҷдалия истода буданд. 26 Чун Исо модари Худро бо он шогирде ки дӯст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт; «Эй зан! инак писари ту». 27 Ва баъд ба шогирди Худ гуфт: «Инак модари ту!» Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд. 28 Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то ки Навишта ба амал ояд, гуфт: «Ташнаам». 29 Дар он ҷо зарфе пур аз сирко истода буд. Пас исфанҷеро аз сирко пур карда, бар сари най ниҳоданд ва наздики даҳони Ӯ бурданд. 30 Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.

«Ҳеч як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд»

31 Лекин, азбаски рӯзи ҷумъа буд, барои он ки ҷасадҳо бар салиб дар рӯзи шанбе намонад, зеро ки он шанбеи бузург буд, бинобар ин яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро бишкананд ва посн фуроваранд. 32 Сарбозон омада, соқи пойҳои он ду нафарро, ки бо Ӯ маслуб шуда будашт, шикастанд; 33 Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд, 34 Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд. 35 Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад, ки рост мегӯяд, то ки шумо низ имон оваред. 36 Зеро ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: "Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд". 37 Ва Навишта боз дар ҷои дигар мегуяд: "Ба Он Касе ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт".

Дафни Исо

38 Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ҳаромот ва, аз тарси яҳудиён, шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки Часади Исоро бардорад; ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, Ҷасади Исоро бардошт. 39 Ва Ниқудимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард. 40 Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи маросими дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд. 41 Дар он ҷое ки Ӯ маслуб шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанӯз ҳеҷ кас дафн напгуда буд: 42 Дар он ҷо Исоро дафн карданд, зеро ки арафаи шанбеи яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд.

Юҳанно 20

1 ДАР рӯзи якшаябе, бомдодон, ки ҳаво ҳанӯз торик буд, Марьями Маҷдалия бар сари қабр омад ва дид, ки санг аз қабр бардошта шудааст; 2 Вай дартоз назди Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». 3 Дарҳол Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигар берун омада, ба ҷониби қабр рафтанд. 4 Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузащт ва аввал бар сари қабр омад, 5 Ва хам шуда, кафанро гуэошта дид; лекин ба дарун надаромад. 6 Аз ақиби вай Шимъӯни Петрус омада, ба қабр даромад ва кафанро гузошта дид. 7 Ва рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд, на бо кафан, балки дар гӯшае алоҳида печида дид. 8 Он шогирди дигар, ки аввал бар сари қабр омада будэ низ ба дарун даромад, ва дид, ва имон овард; 9 Зеро онҳо ҳанӯз Навиштаро нафаҳмида буданд, ки Ӯ бояд аз мурдагон эҳьё шавад. 10 Ва шогирдон ба хонаи худ баргаштанд.

Зоҳир шудани Исои эҳьёшуда ба Маръями Мачдалия ва ба шогирдон

11 Аммо Марьям дар беруни қабр истода, гирья мекард; ва чун мегирист, хам шуда, ба даруни кдбр нигоҳ кард. 12 Ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар он ҷое ки Часади Исо гузошта шуда буд, яке ба тарафи сар ва дигаре ба тарафи пой нишаста буданд. 13 Онҳо ба вай гуфтанд: «Эй зан! Чаро гирья мекунй?» Ба онҳо гуфт: «Худованди маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». 14 Чун инро гуфт, ба ақиб рӯ овард ва Исоро истода дид; вале надонист, ки ин Исост. 15 Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Чаро гирья мекунӣ? Киро ҷустуҷӯ мекунй?» Вай ба гумони он ки ин боғбон аст, ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯ, ки Ӯро куҷо гузоштй, то ки ман Ӯро гирифта барам». 16 Исо ба вай гуфт: «Эй Марьям!» Вай рӯ оварда, ба Ӯ гуфт: «Раббунӣ!» - яъне: Ӯстод!" 17 Исо ба вай гуфт: «Ба Ман даст нарасон, зероки ҳанӯз назди Падари Худ сууд накардаам; лекин назди бародарони Ман рафта, ба онҳо бигӯ: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам». 18 Марьями Маҷдалия омада, ба шогирдон хабар дод, ки: «Ман Худовандро дидаам, ва ба ман чунин гуфт». 19 Бегоҳии ҳуди ҳамон рӯзи якшанбе, вакте ки шогирдон дар хонае ҷамъ омада, аз тарси яҳудиён дарҳои онро баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод!» 20 Чун инро гуфт, дастҳо ва қабурғаи Худро ба онҳо нишон дод. Шогирдон Худовандро дида, шод гардиданд. 21 Воз Исо ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам». 22 Чун инро гуфт, бар онҳо дамид ва гуфт: «Руҳулкудсро пайдо кунед: 23 Гуноҳи касеро, ки афв намоед, омурзида мешавад; ва касеро, ки афв накунед, омурзида намешавад». 24 Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Экизак номида мешуд, вакте ки Исо омад» бо онҳо набуд. 25 Шогирдони дигар ба вай гуфтанд: «Мо Худовандро дидаем». Вай ба онҳо гуфт: «То дар дастҳои Ӯ ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои меҳҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи Ӯ наниҳам, бовар нахоҳам кард».

Исо ва Тумо

26 Баъд аз ҳашт рӯз боз шогирдони Ӯ дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва гуфт: «Салом бар шумо бод!» 27 Пас аз он ба Тумо гуфт: «Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дасти худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош». 28 Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!» 29 Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он ки Маро дидаи, имон опардӣ: хушо касоне ки надида, нмон меоваранд». 30 Боз бисьёр мӯъчизоти дигаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуд; 31 Аммо ин кадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ӯ ҳаёт ёбед.

Юҳанно 21

Исо назди кули Табария

1 БАЪД аз он боз Исо дар соҳили баҳри Табария ба шогирдон зоҳир шуд. Зоҳир шуданаш ин тавр буд: 2 Шимъӯни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд. 3 Ва Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Мехоҳам ба сайди моҳй биравам». Ба вай гуфтанд: «Мо низ ҳамроҳи ту меравем». Дарҳол рафта, ба қаиқ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд. 4 Вақте ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исост. 5 Исо ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Оё назди шумо хӯроке ҳаст?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не». 6 Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро ба тарафи рости қаиқ биандозед, ва хоҳед ёфт». Онҳо андохтанд, ва аз бисьёрии моҳӣ онро кащида натавонистанд. 7 Он шогйрде ки Исо дӯст медошт, ба Петрус гуфт: «Ин Худованд аст». Чун Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печонд, чунки бараҳна буд, ва худро дар баҳр андохт; 8 Ва шогирдони дигар бо қаиқ омаданд, - зеро ки аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад зироъ, - ва тӯри пур аз моҳиро кашиданд. 9 Ва чун ба ҳушкй баромаданд, оташи афрӯҳта ва моҳии бар он гузошташуда ва нон диданд. 10 Исо ба онҳо гуфт: «Аз он моҳие ки ҳозир сайд кардед, биёред». 11 Шимъӯни Петрус рафта, тӯрро пур аз моҳиёни бузург, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кащид, ва бо вуҷуди бисьёрии моҳӣ тӯр надарид. 12 Исо ба онҳо гуфт: «Биёед, хӯрок бихӯред». Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ бипурсад: "Ту кистӣ?" Зеро медонистанд, ки ин Худованд аст. 13 Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро. 14 Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд.

Имтщони Петрус ва ба вай баргардонидани хшматгузории ҳавворигй

15 Баъд аз хӯрок хӯрданашон, Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн ибнн Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро бичарон». 16 Боз бори дигар ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Гусфандони Маро чӯпонӣ намо». 17 Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: "Оё Маро дӯст медорӣ?" ва ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ту аз ҳама чиз воқиф ҳастй; Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон; 18 Ба ростӣ, ба ростй ба ту мегӯям: вакте ки ҷавон будй, камаратро худат мебастӣ ва ба ҳар ҷо, ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин вакте ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз хоҳӣ кард, вадигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳй, туро хоҳад бурд». 19 Чунин гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна фавт вая бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд: «Аз ақиби Ман биё». 20 Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо дӯст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом бар сандуки синаи Ӯ такья зада, гуфта буд: «Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?» 21 Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт: «Худовандо! Окибати ин чӣ хоҳад буд?» 22 Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вакти омаданам вай бимонад, ин ба ту чй даҳл дорад? Аз ақиби Ман биё». 23 Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исоба вайнагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вакти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?» 24 Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст. 25 Боз бисьёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дуньё ҳам он китобҳои навишташударо гунҷоиш дода наметавонист. Омин.

Аъмоли 1

Мукаддима

1 НОМАИ аввалро навиштаам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо, 2 То ҳамон рӯзе ки ба василаи Рӯҳулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд;

Хизматгузории Исои Масеҳ баъд аз эҳъё шудан

3 Ба онҳо низ, баъд аз азобу укубаташ, бо далелҳои бисьёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфг, 4 Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: сЕрусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Мак шунидаед; 5 Зеро ки Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рӯз, бо Руҳулқудс таъмид хоҳед ёфт». 6 Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ӯ савол дода, гуфтанд: сХудовандо, оё дар ҳамин вакт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?» 7 Ба онҳо гуфт: сКори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед; 8 Аммо вақге ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват Хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд».

Ба осмон сууд кардани Исо

9 Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд. 10 Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигарисТанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд 11 Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргапхг».

Интизорӣ ба Рӯҳулқудс

12 Он гоҳ онҳо аз кӯҳи Зайтун, ки дар наздикии Ерусалим ба масофати роҳравии рӯзи шанбе воқеъ аст, сӯи Ерусалим равона шуданд 13 Ва, чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталмо ва Матто, Яъкуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб иқомат доштанд; 14 Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марьям модари Исо ва бародарони Ӯ низ буданд.

Интихоб шудани Матьёс

15 Дар он рӯзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархоста, гуфт: 16 «Эй бародарон! Мебоист он Навишта иҷро мешуд, ки Рӯҳулкудс бо забони Довуд дар бораи Яҳудо пешгуй кард, ки вай роҳнамо буд ба онҳое ки Исоро дастгир карданд; 17 «Вай ба мо мансуб гардида, насибе дар ин ҳизмат ёфт; 18 «Ва инак, вай ба музди бадкирдории худ мазраае харид ва бар он рӯйнокӣ афтода, шикамаш кафид, ва тамоми амъояш берун шуд; 19 «Хабари ин ба гӯши ҳамаи сокинони Ерусалим расид, ва он мазраа ба забони онҳо Ҳақалдамо, яъне "Мазрааи хушщ" номида шудааст. 20 «Зеро ки дар китоби Забур навишта шудааст: "Манзили вай хароб гардад ва касе дар он сокин нашавад"; ва: "Ҷоху ҷалоли варо дигаре бигирад". 21 «Бинобар ин аз касоне ки ҳамроҳи мо буданд дар тамоми он муддате ки Исои Худованд бо мо рафтуомад дошт, 22 «Яъне аз вақти таъмиди Яҳьё" то рӯзе ки Ӯ аз пеши мо боло бурда шуд, - яке аз онҳо бояд бо мо шоҳиди эҳьёиӮ бишавад». 23 Ва ду нафарро: Юсуфро, ки Барсаббо ном дошта, лақабаш Юстус буд, ва Матьёсро пешниҳод карданд 24 Ва дуо карда, гуфтанд: «Ту, эй Худованд, ки Орифулқалб ҳастӣ, бинамо якеро, ки аз ин ду баргузидай, 25 «То ки вай насиби ин хизмат ва ҳаввориятро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст», 26 Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матьёс баромад, ва ӯ ба ёздаҳ ҳаввориён мансуб гащт.

Аъмоли 2

Нозил шудани Рӯҳулқудс

1 ВАҚТЕ ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд; 2 Баногоҳ ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми ҳонаро пур кард, 3 Ва забонаҳои аз ҳам чудое, мисли забонаҳои оташ, ба онҳо зоҳир шуда, яктоякто бар ҳар яке аз онҳо қарор гирифт. 4 Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати такаллум баҳпшд, ба эабонҳои дигардигар ба сухан гуфтан шурӯъ карданд. 5 Дар Ерусалим яҳудиён, одамони худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сукунат доштанд. 6 Ҳангоме ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисьёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони ҳудаш сухани онҳоро мешунид. 7 Ва ҳама моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилй нестанд? 8 «Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо сухани онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем? 9 «Мо, ки портиён ва модиён ва эломиен, ва сокинони байнаннаҳрайн, Яҳудо ва Қаппадукия, Понтус ва вилояти Осиё, 10 «Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияи Либия, ки дар наздикии Курин аст, ва зиёратчиёни румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул кардаанд, 11 «Ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз кибриёи Худо ба забонҳои худамон мещунавем». 12 Хдма мутааҷҷиб шуда ва дар ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ин чй маъно дорад?» 13 Вале баъзе касон истеҳзокунон мегуфтанд: «Инҳо май хӯрда, маст шудаанд».

Мавъизаи Петрус

14 Он гоҳ Петрус, бо он ёздаҳ нафар, бархоста ва овози худро баланд карда, ба онҳо гуфт: «Эй мардони Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим! Инро бидонед ва суханони маро гӯш кунед: Ба амал омадани нубуввати Юил. 15 «Инҳо маст нестанд, чунон ки шумо гумон мекунед, зеро ки ҳоло соати сеи рӯз аст, 16 «Балки ин ҳамон чиз аст, ки Юили набӣ гуфтааст: 17 "Ва дар рӯзҳои охир, мегӯяд Худо, чунин хоҳам кард: Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарону дуҳтарони шумо нубувват хоҳанд кард, ва ҷавонони шумо рӯъёҳо ва пирони шумо хобҳо хоҳанд дид; 18 "Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ дар он рӯзҳо Рӯҳи Худро хоҳам рехт, ва онҳо нубувват хоҳанд кард; 19 "Ва аз боло дар осмон мӯъҷизот ва аз поён дар замин аломот: ҳун ва оташ ва буҳороти дуд ба зухур хоҳам овард: 20 "Пеш аз он ки рӯзи азиму пуршукӯҳи Худованд фаро расад, офтоб ба зулмот ва моҳ ба хун мубаддал хоҳад шуд; 21 "Ва чунин хоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт".

Аъмоли Исо исбот менамояд, ки Ӯ Худованд Худост

22 «Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гӯш диҳед: Исои Носирй Марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо кувваҳо ва мӯъҷизот ва аломоте ки Худо дар миёни шумо ба василаи Ӯ социр кард, ба субут расид, чунон ки худатон низ медонед; 23 «Ӯро, ки аз рӯи маслиҳати муайян ва огоҳии пешакии Худо таслим карда шуд, шумо бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкӯб карда, куштед; 24 «Вале Худо завлонаи маргро шикаста, Ӯро эҳьё кард, зеро ғайриимкон буд, ки марг Ӯро дар қайдаш нигоҳ дорад.

Довуд пешгуӣ кардааст, ки Масеҳ баъд аз эҳъё Подшоҳ хоҳад шуд

25 «Зеро ки Довуд дар ҳаққи Ӯ мегӯяд: "Худовандро ҳамеша пеши назари худ медидам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст, то ки фурӯ нағалтам: 26 "Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва забонам ба ваҷд омад; ҳатто ҷисмам дар умед сокин хоҳад шуд, 27 "Зеро ки ҷони маро дар дӯзах нахоҳй андохт, ва нахоҳӣ гузошт, ки қуддуси Ту фаноро бубинад. 28 "Тариқи ҳаётро ба ман омӯхтаӣ ва бо хузури Худ маро аз шодӣ пур хоҳй кард". 29 «Эй бародарон! Изн мехоҳам, то ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи падари мо Довуд бигӯям, ки ӯ вафот ёфта, дафн карда шудааст, ва қабраш то имрӯз дар миёни мо боқист; 30 «Азбаски ӯ пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ӯ қасам ёд кардааст, ки аз насли ӯ Масеҳро ба миён оварад, то ки бар тахти ӯ бинишонад, 31 «Бинобар ин дар бораи эҳьёи Масеҳ пешбинй карда, гуфт, ки ҷони Ӯ дар дӯзах намонд, ва ҷисми Ӯ фаноро надид.

Исои маслубшуда Худованд ва Масеҳ аст

32 «Ҳамин Исоро Худо эҳьё кард, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем. 33 «Акнун, ки Ӯ ба ямини Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рӯҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурӯ рехтааст, 34 «Зеро ки Довуд ба осмон набаромад, вале худаш мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин, 35 "То ки душманонатро зери пои Ту андозам". 36 «Пас, эй тамоми хонадони Исроил, яқинан бидонед, ки Худо Ҳамин Исоро, ки шумо маслуб кардед, Худованд ва Масеҳ гардондааст».

Калисои нахустин

37 Чун шуниданд, дилреш шуда, ба Петрус ва ҳаввориёни дигар гуфтанд: «Эй бародарон, мо акнун чӣ кунем?» 38 Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт; 39 «Зеро ки ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне бароя ҳар касе ки Худованд Худои мо ӯро бихонад». 40 Ӯ бо бисьёр суханони дигар ба онҳо шаҳодат медод ва мавъиза намуда, мегуфт: «Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед!» 41 Пас онҳое ки каломи ӯро бо рағбат кдбул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд, 42 Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд. 43 Ҳама саросар ба ҳарос афтода буданд, ва бисьёр мӯъҷизот ва аломот аз дасти ҳаввориён дар Ерусалим ба амал омад. 44 Ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид ва дар ҳама чиз шарик буданд: 45 Молу мулки худро мефурӯхтанд ва ба ҳама, мувофиқи эҳтиёҷоти ҳар кас, тақсим мекарданд; 46 Ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон шикаста, бо дилхушӣ ва самимият бо ҳам хӯрок мехӯрданд, 47 Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд.

Аъмоли 3

Лангро шифо додани осаввориён

1 РӮЗЕ дар соати нӯҳуми вақги ибодат Петрус ва Юҳанно ба маъбад мерафтанд. 2 Марди ланги модарзоде буд, ки ҳар рӯз ӯро бардошта оварда, назди он дарвозаи маъбад, ки Ҷамил ном донп, мегузоштанд, то аз касоне ки ба маъбад меомаданд, садақа бигирад; 3 Вақте ки ӯ Петрус ва Юҳанноро назди даромадгоҳи маъбад дид, аз онҳо садақа пурсид. 4 Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ӯ синчакунон нигарисТа, гуфт: «Ба мо нигоҳ кун». 5 Ӯ ба онҳо назар дӯхт ба умеди он ки аз онҳо чизе бигирад. 6 Аммо Петрус гуфт: «Ман нуқра ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба исми Исои Масеҳи Носирӣ барҳезу роҳ рав». 7 Аз дасти росташ гирифта, ӯро ба по ҳезонд; баногоҳ пойҳо ва шитолингҳои ӯ қувват гирифт, 8 Ва аз ҷои ҳуд ҷаста ҳеста, ба роҳравй даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ҳамдгӯён хамроҳи онҳо вориди маъбад шуд. 9 Тамоми мардум ӯро роҳравон ва Худоро ҳамдгӯён Диданд 10 Ва уро шинохтанд, ки ҳамон касест, ки назди дарвозаи Ҷамили маъбад нишаста, садақа мепурсид, ва аз он чи ба ӯ рӯй дода буд, дар даҳшат ва дар хайрат афтоданд. 11 Азбаски ӯ ба Петрус ва Юҳанно часпида буд, тамоми мардум дар равоқи Сулаймон бо ҳайрат сӯи онҳо шитофтанд.

Мавъизаи дуюми Петрус

12 Петрус, чун дид, ба он ҷамоат рӯ оварда, гуфт: «Эй мардони Исроил! Чаро аз дидани ин дар ҳайрат афтодаед ва чаро ба мо чашм дӯҳтаед, гӯё ки мо бо кувват ё парҳезгории худ сабаби роҳ рафтани ин шахс шуда бошем? 13 сХудои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо» Писари Худ Исоро ҷалолат бахшид. Шумо Ӯро таслим кардед ва дар ҳузури Пилотус, ки меҳост Ӯро озод кунад, Ӯро рад намудед; 14 «Лекин шумо Қуддус ва Одилро рад намуда» хоҳиш кардед, ки як шахси одамкуш барои шумо озод карда шавад, 15 «Вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, ва мо шоҳидони он ҳастем. 16 «Ба хотири имон ба исми Ӯ ин шаҳсе ки мебинед ва мешиносед, кувват ёфтааст, бале, исми Ӯ ва имоне ки дар мо аз Ӯст, дар ҳузури ҳамаи шумо ба вай ин шифоро баҳшидааст. 17 «Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, мисли сардорони худ, ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед; 18 «Аммо Худо он чиро, ки бо забони тамоми аябиёяш пешакӣ гуфта буд, ки Масеҳ бояд азобу укубат кашад, ҳамин тавр анҷом дод. 19 «Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои пгумо маҳв гардад, 20 «Ва айёми фароғат аз ҳузури Худованд фаро расад, ва Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал баргузида буд, бифиристад, 21 «То замони таҷдид кардани ҳама чиз мутобики он чи Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст, мебоист осмон Ӯро қабул мекард. 22 «Чунончи, Мусо ба падарони мо гуфта буд: "Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; бояд ба он чи Ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш диҳед, 23 "Ва ҳар кӣ ба суханони Он Пайғамбар гӯш надиҳад, бояд аз байни қавми худ решакан шавад". 24 «Ҳамчунин тамоми анбиё, аз Самуил гирифта то онҳое ки баъд аз ӯ нубувват кардаанд, ҳамаашон ин айёмро пешгӯӣ кардаанд. 25 «Шумо фарзандони он анбиё ҳастед ва дар он аҳде ки Худо бо падарони мо баст, насибе доред, чунон ки Ӯ ба Иброҳим гуфтааст: "Ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост". 26 «Худо Писари Худ Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад».

Аъмоли 4

Таьциботи аввалип ба муцобили ҳаввориён

1 ҲАНГОМЕ ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони маъбад ва саддуқиён бар сари онҳо тохтанд, 2 Зеро хеле нороҳат шуданд аз ин ки онҳо мардумро таълим медоданд ва дар шахси Исо эҳьёи мурдагонро мавъиза менамуданд, 3 Ва дасти тааддӣ 6а онҳо дароз карда, то фардо ба ҳабс гирифтанд, зеро ки шомгоҳ буд. 4 Аммо бисьёре аз щунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд.

Нутқи Петрус ба пирон

5 Фардои он, сардорон ва пирон ва китобдонони онҳо дар Ерусалим ҷамъомаде барпо карданд, 6 Ва Ҳонони саркоҳин ва Қаёфо ва Юҳанно ва Искандар ва ҳамаи аъзоёни хонаводаи саркоҳин ҳузур доштанд, 7 Ва онҳоро дар миёнаҷо ба по ҳезонда, пурсиданд: «Ба кадом қувват ва ба кадом исм ин корро кардаед?» 8 Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба онҳо гуфт: «Эй сардорони қавм ва пирони Исроил! 9 «Агар имрӯз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед ва мехоҳед бидонед, ки вай ба чӣ васила шифо ёфтааст, 10 «Пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ба исми Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ӯро шумо маслуб кардед, ва Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё намуд, - оре, ба исми Ӯ ин одам дар ҳузури шумо тандуруст истодааст: 11 «Ӯ ҳамон сангест, ки шумо, бинокорон, онро рад кардед, вале он ҳоло санги сари гӯшаи бино гардидааст. 12 «Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем».

Мавъиза ба исми Исо манъ карда шудааст

13 Вақте ки ҷасорати Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нохонда ва оддӣ ҳастанд, мутааҷҷиб шуданд ва онҳоро шиноҳтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд; 14 Чун шахси шифоёфтаро диданд, ки назди онҳо истода буд, чизе ба муқобили онҳо гуфта натавонистанд. 15 Ба онҳо амр фармуданд, ки аз шӯрои пирон берун бираванд; пас аз он бо яқдигар машварат карданд 16 Ва гуфтанд: «Бо ин одамон чӣ кунем? Инак баҳамаи сокинони Ерусалим маълум шудааст, ки онҳо мӯъҷизаи ба назар намоёне ба амал овардаанд, ва мо онро наметавонем инкор кунем; 17 «Аммо барои он ки бештар аз ин дар миёни мардум овоза нашавад, бояд онҳоро саҳт таҳдид кунем, ки дигар ба ҳеҷ кас дар бораи ин исм гап назананд». 18 Онҳоро даъват намуда, фармон доданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ исми Исоро ба забон наоваранд ва таълим надиҳанд. 19 Вале Петрус ва Юҳанно ба ҷавоби онҳо гуфтанд: «Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем? 20 «Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем». 21 Онҳоро боз ҳам зиёдтар таҳдид карда, ҷавоб доданд, чунки ба сабаби мардум имконият наёфтанд ба онҳо ҷазо диҳанд, зеро ки ҳама Худоро барои он чи воқеъ шуда буд, ҳамду сано мегуфтанд; 22 Шахсе ки ин мӯъҷизаи шифо ба вай рӯЙ дод, бештар аз чиҳилсола буд.

Шогирдон бори дуюм аз Рӯхулкудс пур мешаванд

23 Баъд аз раҳо шуданашон наэди ёрони худ омаданд ва он чиро, ки саркоҳинон ва пирон гуфта буданд, ба онҳо нақл карданд. 24 Чун инро шуниданд, овози худро якдилона сӯи Худо баланд карда, гуфтанд: «Эй Парвардигор, эй Офаридагори осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чи дар онҳост! 25 «Ту бо забони падари мо ва бандаи Худ Довуд ба василаи Рӯҳулкудс гуфтаӣ: "Чаро халқҳо шӯриш менамоянд ва қавмҳо беҳуда қасд мекунанд? 26 "Подшоҳони замин қиём кардаанд ва мирон муттаҳид шудаанд бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ". 27 «Дар воқеъ, бар зидди Писари Муқаддаси Ту Исо, ки Ӯро тадҳин кардаӣ, Ҳиродус ва Понтиюс Пилотус бо гайрияҳудиён ва қавми Исроил муттаҳид шуданд, 28 «То он чиро, ки бозуи Ту ва раъи Ту пешакӣ муқаррар карда буд, ба ҷо оваранд. 29 «Ва алҳол, эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони Худ ато фармо, то ки бо камоли ҷасорат каломи Туро баён кунанд, 30 «Дар сурате ки Ту дасти Худро барои шифо баҳшидан ва барои нишон додани аломоту мӯъчизот ба исми Писари Муқаддаси Худ Исо дароз бикунӣ». 31 Ҳамин ки дуояшон ба оҳир расид, маконе ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад, ва ҳама аз Рӯҳулкудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд.

Лҳволи калисои Ерусалим

32 Ҳамаи имондорон аз ҷону дил муттаҳид шуда буданд, ва ҳеҷ касе молу мулки худро аз они худ намедонист, балки ҳама чизро онҳо мушгарак медоштанд. 33 Ҳаввориён бо кувваи бузурге ба эҳьёи Исои Худованд шаҳодат медоданд, ва файзи азиме бар ҳамаи онҳо буд. 34 Ҳеҷ эҳтиёҷманде дар байнашон набуд, зеро ҳар касе ки замин ё хонае дошт, онро мефурӯхт ва пулашро оварда, 35 Дар ихтиёри ҳаввориён мегузошт, ва ба ҳар кас ба қадри эҳтиёҷаш дода мешуд. 36 Юсуф, ки ҳаввориён ба ӯ лақаби Барнаббо, яъне "ибни тасаллӣ" ро дода буданд, ва ӯ аз сибти Левй, аз аҳли Қаприс буд, 37 Замине дошт, ва онро фурӯхт ва пулашро оварда, Дар ихтиёри ҳаввориён гузошт.

Аъмоли 5

Гуноҳ ва мамоти Ҳанониё ва Сафира

1 АММО Ҳанониё ном шахсе, бо ҳамсаращ Сафира, мулки худро фурӯхт 2 Ва як қисми пули онро, бо огоҳии ҳамсараш, гирифта нигоҳ дошт ва бокии онро оварда, дар иҳтиёри ҳаввориён гузошт. 3 Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Чаро ин тавр ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рӯҳулқудс дурӯғ бигӯй ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ? 4 «Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Оё он чи баъд аз фурӯхтан пайдо кардй, дар ихтиёри ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на ба одамизод, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ». 5 Ҳамин ки Ҳанониё ин суханонро шунид, ба замин афтод ва ҷон дод, ва ҳамаи онҳое ки инро шуниданд, ба ҳароси азиме афтоданд. 6 Ҷавонон бархоста, ӯро барои дафн таЙёр карданд ва берун бурда, ба Хок супурданд. 7 Тахминан баъд аз гузаштани се соат ҳамсараш омад, ки аз ин воқеа бехабар буд. 8 Петрус аз вай пурсид: «Ба ман бигӯ, ки оё заминро ба ҳамин маблағ фурӯхтед?» Зан гуфт: «Оре, ба ҳамин маблағ». 9 Петрус ба вай гуфт: «Чаро ҳар ду забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро биозмоед? Онҳое ки шавҳаратро гӯрониданд, бар остонаи дар ҳастанд; туро низ хоҳанд бурд». 10 Ҳамон дам вай пеши пои ӯ афтода, ҷон дод; ва ҷавонон, чун дохил шуданд, ваиро мурда ёфганд ва берун бурда, дар паҳлуи шавҳараш дафн карданд. 11 Тамоми аҳли калисо ва ҳамаи онҳое ки инро щуниданд, ба ҳароси азиме афгоданд.

Таракқии калисо

12 Ҳаввориён аломоту мӯъҷизоти зиёде дар миёни қавм ба амал меоварданд ва ҳама якдилона дар равоки Сулаймон ҷамъ мешуданд. 13 Ҳеҷ каси бегона ҷуръат намекард бо онҳо ҳамнишин шавад, лекин мардум онҳоро ситоиш мекарданд. 14 Мардону занони бисьёре ба Худованд имон оварда, Торафт бештар ба онҳо ҳамроҳ мешуданд; 15 Кор ба ҷое расид, ки мардум беморонро ба кӯчаҳо бароварда, болои бистарҳо ва катҳо мегузоштанд, то ки дар вақти гузашта рафтани Петрус ақаллан сояи ӯ бар баъзеи онҳо биафтад. 16 Ҳамчунин мардуми бисьёре аз шаҳрҳои атроф дар Ерусалим ҷамъ шуда, беморон ва гирифтороии арвоҳи палидро меоварданд, ва ҳамаи онҳо шифо меёфтанд.

Таъкиботи дуюм

17 Аммо саркохин ва бо вай ҳамаи онҳое ки аз фирқаи саддуқиён буданд, аз ҳасад пур шуда, барҳостанд 18 Ва ба хдввориён дасти тааддӣ дароз карда, онҳоро дар зиндони ом андоҳтанд. 19 Вале ҳамон шаб фариштаи Худованд дарҳои зиндонро кушода ва онҳоро берун оварда, гуфт: 20 «Биравед ва дар маъбад истода, ҳамаи ин суханони ҳаётро ба ин қавм бигӯед». 21 Чун инро шуниданд, субҳидам ба маъбад омаданд ва ба таълим додан шурӯъ карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шӯрои пирон ва ҳамаи пирони банӣ Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то ки онҳоро биёранд. 22 Аммо мулозимон рафта, онҳоро дар зиндон наёфтанд ва баргашта, ҳабар доданд 23 Ва гуфтанд: «Зиндонро бо эҳтиёти тамом баста дидем, ва посбонон дар пеши дар истода буданд, вале вақге ки дарро кушодем, касеро наефтем». 24 Чун саркоҳнн ва сардори посбонони маъбад ва саркоҳинони дигар ин суханонро шуниданд, дар ҳайрат афтоданд, ки ин чӣ окибате дошта бошад. 25 Дар ҳамин вакт касе омада, ба онҳо хабар дод ва гуфт: «Инак, он шахсоне ки дар зиндон андоҳта будед, дар маъбад истода, қавмро таълим медиҳанд». 26 Он гоҳ сардори посбонон бо мулозимонаш рафта, онҳоро овард, лекин на бо зӯрӣ, зеро аз қавм тарсиданд, ки мабодо онҳоро сангсор кунанд; 27 Чун онҳоро оварда, назди шӯрои пирон ба по хезонданд, саркоҳин ба онҳо савол дода, гуфт: 28 «Оё шуморо ба таври қатъӣ амр нафармудаем, ки ба ин исм таълим надиҳед? Ва инак, шумо Ерусалимро бо таълимоти худ пур кардаед ва мехоҳед хуни Он Одамро ба гардани мо бор кунед».

Ҷавоби ҳаввориён

29 Петрус ва ҳаввориён ба ҷавоб гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод; 30 «Худои падарони мо Исоро эҳьё кард, ки шумо Ӯро ба дарахг овехта, кушта будед: 31 «Худо Ӯро ба ямини Худ боло бардошта, Сарвар ва Наҷотдиҳанда гардонд, то ки ба Исроил тавба ва омурзиши гуноҳҳоро ато фармояд; 32 «Мо шоҳидони Ӯ дар ин бобат ҳастем ва ҳамчунин Рӯҳулкудс аст, ки Онро Худо ба фармонбардорони Худ бахшидааст». 33 Чун шуниданд, чунон дарғазаб шуданд, ки қасд карданд онҳоро ба қатл расонанд.

Огоҳонидани Ҷамлиил

34 Аммо яке аз фарисиён, ки Ҷамлиил ном дошт ва муаллими шариат буд, ва тамоми қавм ӯро мӯҳтарам медоштанд, дар шӯрои пирон бархоста, амр дод, ки ҳаввориёнро ба муддати кӯтоҳе берун баранд, 35 Ва ба ҳозирон гуфт: «Эй мардони Исроил! Эҳтиёт кунед аз он чи мехоҳед бо ин одамон бикунед: 36 «Зеро ки чанде пеш аз ин айём шахсе Тавдо ном бархоста, худро чун шахси бузурге вонамуд кард, ва тақрибан чорсад нафар ба вай ҳамроҳ шуданд; вале вай кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда ва нест шуданд; 37 «Баъд аз вай Яҳудои Ҷалилй дар замони саршуморӣ бархост ва мардуми бисьёреро аз ақиби худ кашид; вай низ кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд; 38 «Ва алҳол ба шумо мегӯям, ки аз ин одамон даст кашед ва онҳоро ба ҳоли худ бигузоред, зеро ки агар ин раъй ва амал аз одамизод бошад, худ аз худ барҳам хоҳад хӯрд, 39 «Вале агар аз Худо бошад, шумо онро наметавонед барҳам диҳед, мабодо маълум шавад, ки бо Худо ситеза мекунед».

Каввориен сазовори беҳурматй гардидаанд

40 Ба гапи вай даромаданд ва ҳаввориёнро ҷеғ зада оварда, қамчинкорӣ карданд ва минбаъд ба исми Исо ҳарф заданро ба онҳо манъ карда, онҳоро озод намуданд. 41 Онҳо аз шӯрои пирон баромада, хурсанд шуданд, ки ба хотири исми Ӯ сазовори беҳурматӣ гардидаанд, 42 Ва ҳар рӯз дар маъбад ва дар хонаҳо дар бораи Исои Масеҳ таълим ва башорат медоданд.

Аъмоли 6

Дьякощои аввалин

1 ДАР он айём, ки шогирдон зиёд мешуданд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, ки бевазанони онҳо дар тақсими ризқи ҳаррӯза бе баҳра мемонанд. 2 Он дувоздаҳ нафар ҷамоати шогирдонро даъват намуда, гуфтанд: «Шоиста нест» ки мо каломи Худоро тарк карда, ба хизмати таъмини ризқу рӯзӣ машғул шавем; 3 «Пас, эй бародарон, ҳафт одами некном ва пур аз Рӯҳулкудс ва пурҳикматро аз миёни ҳуд интихоб намоед, то ки онҳоро ба ин ҳизмат таъин кунем; 4 «Лекин мо бо дуо ва бо таълими каломи Худо машгул ҳоҳем шуд». 5 Ин таклиф ба тамоми ҷамоат маъкул шуд, ва Истефанусро, ки шахси пур аз имон ва Рӯҳулкудс буд, ва Филиппус ва Прохорус ва Никонӯр ва Тимӯн ва Парминос ва Николосро, ки аз аҳли Антиёхия буда, чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буд, интихоб карданд; 6 Инҳоро дар назди ҳаввориён ба по хезонданд, ва даст бар сарашон монда, дуо карданд. 7 Каломи Худо торафт интишор меефт, шумораи шогирдон дар Ерусалим бағоят меафзуд, ва бисьёре аз коҳӣнон низ ба имон тан доданд.

Таъқиботи сеюм. Айбдор кардани Истефанус

8 Истефанус, ки пур аз имон ва кувват буд, дар миёни қавм аломоту мӯъҷизоти бузурге ба амал меовард. 9 Баъзе касон аз куништи ба ном либартиниён, қуриниён ва искандариён ва аз аҳли Қилиқия ва Осие бо Истефанус баҳсу мунозира карданд, 10 Лекин ба он ҳикмат ва Рӯҳе ки дар суҳанонаш буд, ёрои мухолифат надоштанд. 11 Бинобар ин чанд касро водор карданд, ки бигӯянд: сМо шунидем, ки ӯ дар ҳаққи Мусо ваХудосуханони куфромез мегуфт». 12 Дар мнёни қавм ва пирон ва китобдонон шӯр ангехта, ба ӯ ҳуҷум оварданд ва ӯро дастгир карда, ба шурои пирон бурданд. 13 Шоҳидони козибро пеш оварданд, ва онҳо гуфтанд: «Ин шахс ҳамеша ба муқобили ин макони муқаддас ва ба муқобили Таврот суханони куфромез мегӯяд; 14 «Зеро шунидем, ки ӯ мегуфт: "Исои Носирй ин маконро хароб хоҳад кард ва русумеро, ки Мусо ба мо супурдааст, тағьир ҳоҳад дод"». 15 Ҳамаи касоне ки дар шӯрои пирон нишаста буданд, бар ӯ назар андохта, диданд» ки чеҳраи ӯ монанди чеҳраи фаришта буд.

Аъмоли 7

Нутқи Истефанус ба хузури шӯрои пирон

1 ОН гоҳ саркоҳин пурснд: «Оё инҳо рост мегӯянд?» 2 Ба ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва эй падарон, гӯш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вакте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пещ аз он ки ба Хоррон муҳоҷират кунад» зоҳир шуд 3 «Ва ба ӯ гуфт: "Замини худ ва ақрабои худро тарк намо ва сӯи замине ки бату нишон медиҳам, равона шав". 4 «Аз замини калдониен берун омада, дар Хрррон маскан гирифт; баъд аз вафоти падараш, Худо ӯро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он иқомат доред, кӯчонид 5 «Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам ба тасарруфи ӯ надод, вале дар ҳамон вақте ки ӯ ҳанӯз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ӯро ва баъд аз ӯ наслашро молики он гардонад. 6 «Ва Худо ба ӯ гуфт, ки насли ӯ дар замини бегона монанди ғарибон зиндагӣ хоҳанд кард, ва муддати чорсад сол онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дошта, азоб хоҳанд дод. 7 «Аммо Ман", гуфт Худо, "бар он ҳалқе ки онҳоро дар бандагӣ нигоҳ дорад» доварӣ хоҳам кард, ва баъд аз он онҳо берун омада, дар ин макон ба Ман ибодат хоҳанд кард". 8 «Ва ахди ҳатнаро ба ӯ дод. Пас аз ин Иброҳим падари Исҳоқ шуда, дар рӯзи ҳащтум ӯро хатна кард; ва Исҳоқ падари Яъқуб ва Яъқуб падари дувоздаҳ сарқабила гардид. 9 «Сарқабилаҳо аз Юсуф ҳасад бурда, ӯро ба Миср фурӯҳтанд; Лекин Худо бо ӯ буд 10 «Ва ӯро аз ҳамаи мусибатҳояш халосӣ дод, ва ба ӯ ҳикмат ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар назари фиръавн подшоҳи Миср бахшид, то ӯро бар Миср ва бар тамоми ҳонаи худ ҳукмфармо таъин кард. 11 «Дар тамоми замини Миср ва Канъон қаҳтӣ рӯй дода, боиси кулфати бузурге гардид, ва падарони мо қуте наёфтанд. 12 «Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод; 13 «Дар сафари дуюм Юсуф ҳудро ба бародаронаш шиносонид, ва аслу насаби Юсуф ба фиръавн маълум шуд. 14 «Юсуф кас фиристода, падари ҳуд Яъкуб ва тамоми хешу таборашро, ки ҳафтоду панҷ нафар буданд, даъват намуд. 15 «Яъқуб ба Миср омад, ва ҳудаш ва падарони мо вафот ёфтанд; 16 «Онҳоро ба Шакем бурда, дар мақбарае ки Иброҳим аз банйҲамӯри шакемй ба нукраи худ харида буд, дафн карданд. 17 «Баробари наздик омадани вақги ваъдае ки Худо дар бораи он ба Иброҳим қасам ёд карда буд, қавм дар Миср меафзуд ва бузург мешуд, 18 «То даме ки подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешинохт; 19 «Ӯ бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва амр фармуд, ки кӯдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд. 20 «Дар он вакт Мусо таваллуд шуд, ки дар наздч Худо бағоят ҷамил буд, ва муддати се моҳ дар ҳонаи падари ҳуд парвариш ёфт; 21 «Ҳангоме ки ӯро бароварда партофтанд, дуҳтари фиръавн ӯро гирифта, ҳамчун фарзанди худ калон кард; 22 «Мусо тамоми хикмати Мисрро таълим гирифга, дар сухан ва амал қавӣ шуд. 23 «Вақте ки ӯ чиҳилсола шуд, ба дилаш омад, ки бародарони худ, банӣИсроилро тафаққуди ҳол кунад; 24 «Чун якеро мазлум дид, ӯро ҳимоят кард ва интиқоми он ситамкашро гирифта, мисриро кушт. 25 «Ӯ гумон мекард, ки бародаронаш ҳоҳанд фаҳмид, ки Худо ба василаи ӯ онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмнданд. 26 «Рӯзи дигар назди онҳо омада дид, ки мунокиша мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт: "Эй мардумон, шумо бародар ҳастед, чаро якдигарро меранҷонед?" 27 «Вале он касе ки ба ёри ҳуд тааддӣ мекард, ӯро тела дода, гуфт: "Кӣ туро бар мо ҳоким ва қозӣ таъин кардааст? 28 "Оё меҳоҳӣ маро низ бикушӣ, чунон ки дирӯз он мисриро куштӣ?" 29 «Мусо, ҳамин ки ин суханонро шунид, гурехта рафт ва дар замини Мидьён ғурбат ихтиёр кард, ва дар он ҷо аз ӯ ду писар таваллуд шуд. 30 «Чун чиҳил сол гузашт, дар биёбони атрофи кӯҳи Сино фариштаи Худованд дар шӯълаи буттаи фурӯзон ба ӯ зоҳир шуд. 31 «Мусо, чун дид, аз ин рӯъё дар ҳайрат афтод, ваҳангоме ки наздик меомад, то ки назар андозад, садои Худованд ба гӯшаш расид: 32 «"Ман Худои падарони ту, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам". Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки назар андозад. 33 «Худованд ба ӯ гуфт: "Кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки дар он истодаӣ, замини муқаддас аст; 34 "Ситамеро, ки қавми Ман дар Миср мекашанд, дидаам ва оҳу нолаи онҳоро шунидаам ва барои наҷот додани онҳо фуромадаам; акнун биё, то китуроба Миср бифиристам". 35 «Ҳамон Мусоро, ки рад карда,гуфта буданд: "Кӣ туро ҳоким ва қозӣ таъин кардааст?", Худо ба василаи фариштае ки дар бутта ба ӯ зоҳир шуд, ҳоким ва раҳокунанда таъин намуда, фиристод; 36 «Ӯ онҳоро берун оварда, дар давоми чиҳил сол дар замини Миср ва дар баҳри Қулзум ва дар биёбон мӯъҷизоту аломот ба амал овард. 37 «Ин ҳамон Мусост, ки ба банӣИсроил гуфт: "Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён ҳоҳад овард; ба суҳанони Ӯ гӯш диҳед". 38 «Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон бо фариштае ки дар кӯҳи Сино бо ӯ сухан гуфт, ва бо падарони мо буд, ва калимоти зиндаро қабул кард, то ки ба мо бирасонад, 39 «Вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуд 40 «Ва ба Ҳорун гуфтанд: "Барои мо худоене бисоз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро намедонем, бар сари Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, чӣ омадааст". 41 «Дар он айём гӯсолае сохтанд ва ба он бут курбониҳо карданд ва аз аъмоли дастҳои худ хеле шод гаштанд. 42 «Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда, вогузор кард, ки сипоҳи осмонро парастиш намоянд, чунон ки дар китоби анбиё навишта шудааст: "Эй ҳонадони Исроил! Оё дар давоми чиҳил сол дар биёбон барои Ман қурбониҳо ва ҳадияҳо тақдим кардед? 43 "Хаймаи Малук ва кавкаби ҳудои ҳуд Римфонро бардошта мегаштед, ки ин санамҳоро барои парастиш сохта будед; пас, шуморо ба он тарафи Бобил бадарға хоҳам кард". 44 «Падарони мо дар биёбон хаймаи шаҳодат доштанд, чунон ки Худо ба Мусо амр фармуда гуфта буд, ки онро мувофики намунае ки дидааст, бисозад. 45 «Онро падарони мо гирифта, ҳамроҳи Еҳушаъ ба мулки қавмҳо оварданд, вакте ки Худо онҳоро аз сари роҳи падарони мо бадар ронд, ва ҳайма то замони Довуд дар он ҷо монд, 46 «Ки ӯ дар ҳузури Худо илтифот ёфт ва дарҳост намуд, ки маскане барои Худои Яъкуб омода кунад. 47 «Вале Сулаймон барои Ӯ хонае сохт. 48 «Аммо Ҳаққи Таоло дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон маскан намегирад, чунон ки набӣ гуфтааст: 49 "Осмон", мегӯяд Худованд, "курсии Ман аст, ва замин пойаидози Ман; чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман? 50 "Магар ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман наофаридааст?" 51 «Эй гарданкашон I Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои номаҳтун! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулкудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед: 52 «Кист аз анбиё, ки падарони шумо ӯро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро куштанд, ки аз омадаки Он Одил пешакӣ ҳабар дода буданд, ва алҳол шумо худи Ӯро таслим кардед ва ба қатл расондед, 53 «Оре, шумо Тавротро, ки ба василаи фариштагон барқарор шуд, қабул кардед, вале аз риояи он гардан тофтед».

Риёзаткаши аввалин. Қайди якум дар бораи Павлус

54 Чун инро шуниданд, он қадар дарғазаб шуданд, ки дандонҳои худро ба ҳам месоиданд. 55 Аммо ӯ, ки пур аз Рӯҳулкудс буд, суи осмон нигариста, ҷалоли Худр ва Исоро, ки ба ямини Худо истода буд, дид 56 Ва гуфт: «Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба ямини Худо истода мебинам». 57 Вале онҳо бо овози баланд фарьёд зада ва гӯшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ӯ ҳамла оварданд 58 Ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд, ва шоҳидон ҷомаҳои ҳудро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд. 59 Вақте ки Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ дуо мехонду мегуфт: «Эй Исои Худованд! Рӯҳи маро қабул кун». 60 Сонй зону зада, бо овози баланд нидо кард: «Худовандо! Ин гуноҳро баҳисоби онҳо дохил накун». Инро гуфту ҷон дод.

Аъмоли 8

Таъциботи чорум.

Шоул - таъкибкунандаи асосӣ

1 ШОӮЛ низ ба қатли ӯ розӣ буд. Дар он рӯз таъқиботи шадиде бар зидди аҳли калисои Ерусалим ба амал омад, ва ҳама, ғайр аз ҳаввориён, ба ноҳияи Яхудо ва Сомария пароканда шуданд; 2 Мардуми некӯкор Истефанусро дафн карда, барои ӯ мотами азиме гирифтанд. 3 Аммо Шоул аҳли калисоро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду дар зиндон меандохт. 4 Дар ин миён онҳое ки пароканда шуда буданд, ба ҳар ҷое ки мерафтанд, аз калом башорат медоданд.

Хизматгузории Филиппус. Инчил дар Сомария

5 Чунончи, Филиппус ба як шахри Сомария омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард; 6 Мардум ба суҳанони Филиппус якдилона гӯш медоданд ва мӯъҷизотеро, ки ба амал меовард, мешуниданд ва медиданд; 7 Зеро ки арвоҳи палид аз бисьер мубгалоён наъра кашида берун мешуданд, ва мафлуҷону лангони бисьере шифо меёфтанд, 8 Ва шодии азиме дар он шаҳр падид омад.

Шимъӯни чодугар

9 Шимъӯн ном марде дар он шаҳр буд, ки пештар ҷодугарӣ мекард ва мардуми Сомарияро дар ҳайрат меандоҳт ва худро шаҳси бузурге вонамуд месоҳт; 10 Хдма, аз хурд то калон, ба ӯ гӯш андохта, мегуфтанд: «Ин шахс қуввати азими Худост». 11 Аз он сабаб ба ӯ гӯш меандохтанд, ки ӯ муддати дарозе онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард. 12 Лекин вакте ки ба башорати Филитшус дар бораи Малакути Худо ва исми Исои Масеҳ имон оварданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд. 13 Худи Шимъӯн низ имон овард ва таъмид гирифт ва ҳамеша ҳамроҳи Филиппус буд; ва аз дидани аломот ва мӯъҷизоти азиме ки ба амал меомад, дар ҳайрат мемонд. 14 Ҳаввориёне ки дар Ерусалим буданд, чун шуниданд, ки аҳли Сомария каломи Худоро қабул кардаанд, Петрус ва Юҳанноро назди онҳо фиристоданд, 15 Ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то ки Рӯҳулкудсро қабул кунанд: 16 Зеро ки Руҳ ҳанӯз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо нозил нашуда буд, балки фақат ба исми Исои Худованд таъмид ёфта буданд; 17 Пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рӯҳулқудсро кабул карданд. 18 Шимъӯн, чун дид, ки бо дастгузории ҳаввориён Рӯҳулқудс ато мешавад, ба онҳо пул овард 19 Ва гуфт: сИн кудратро ба ман низ бидиҳед, то ки ба ҳар кас даст гузорам, Рӯҳулкудсро қабул кунад». 20 Аммо Петрус ба вай гуфт: «Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро ба бадали пул бихарӣ; 21 «Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро ки дилат дар ҳузури Худо рост намебошад; 22 «Акнун аз ин шарорати худ тавба кун ва ба Худо дуо гӯй: шояд, ин қасди дилат омурзида шавад; 23 «Зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори қайди шарорат ҳастӣ». 24 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: сШумо барои ман ба Худованд дуо гӯед, то ки чизе аз он чи гуфтед, ба ман рӯй надиҳад». 25 Онҳо, пас аз он ки шаҳодат доданд ва қаломи Худовандро мавъиза карданд, ба Ерусалим баргаштанд ва дар бисьёре аз деҳоти Сомария аз Инҷил башорат доданд.

Филиппус ва ҳабашӣ

26 Фариштаи Худованд ба Филитшус гуфт: «Барҳез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Ерусалим сӯи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав». 27 Бархост ва равона шуд. Ва инак, шаҳси ҳабашӣ, хоҷасаро ва кабири Кандока маликаи Хабаш, нигаҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Ерусалим барои ибодат омада буд, 28 Ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи набиро мехонд. 29 Рӯҳ ба Филиппус гуфт: «Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳ шав». 30 Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи набиро мехонад. Гуфт: «Оё мефахмӣ он чиро, ки мехонй?» 31 Гуфт «Чй гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамой накунад?» Ва аз Филиттус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ӯ бинипшнад. 32 Порчае ки аз Навиштаҳо мехонд, ин буд: "Мисли гӯсфанде Ӯро ба забҳ бурданд, ва мисли баррае ки назди пашмтарошаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард; 33 "Дар таҳқири Ӯ инсофро аз Ӯ гирифтанд, Зеро ки ҳаети Ӯ аз замин қатъ карда шуд". 34 Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: «Аз гу саволедорам, ки набӣ инро дар ҳаққи кӣ мегӯяд? Оё дар ҳаққи худаш 6 дар ҳаққи каси дигаре?» 35 Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ӯ аз Исо башорат дод. 36 Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?» 37 Филиппус гуфт: «Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ, ҷоиз аст». Вай дар ҷавоб гуфт: «Имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост». 38 Сонӣ фармон дод, ки аробаро нигоҳ дорад, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод. 39 Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандй давом дод. 40 Аммо Филигагус дар Ашдӯд пайдо шуд ва дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, башорат медод, то даме ки ба Қайсария расид.

Аъмоли 9

Имон овардани Шоул

1 ШОӮЛ, ки ҳанӯз таҳдид ва қатл бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт 2 Ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ пурсида гирифт, то ки агар марде ё занеро аз пайравони ин тариқат биёбад, бандӣ карда, ба Ерусалим оварад. 3 Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ӯ дурахшид; 4 Ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чй Маро таъқиб мекунӣ?» 5 Гуфт: «Худовандо, Ту кистӣ?» Худованд гуфт: <ғМан он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунй; лагад заданат ба сихак душвор аст». 6 Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: «Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ба ҷо оварам?» Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: «Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ». 7 Аммо онҳое ки ҳамсафари ӯ буданд, моту мабҳут меистоданд, зеро ки он садоро шуниданд, лекин ҳеҷкасро надиданд. 8 Шоул аз замин бархост, ва чашмонаш кушода бошад ҳам, ҳеҷ касро намедид; аз дасташ гирифта, ӯро ба Димишқ бурданд; 9 Дар он ҷо се рӯз нобино монд, ва чизе нахурД ва нанӯшид. 10 Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд; Худованд дар рӯъб ба ӯ гуфт: «Эй Ханониё!» Ҷавоб дод: «Лаббай, Худовандо!» 11 Худованд ба ӯ гуфт: «Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар ҳонаи Яҳудо суроғ кун, ки ӯ ҳоло ба дуо машғул аст 12 «Ва Ханониё ном шахсеро дар рӯъё дидааст, ки омада, бар ӯ даст гузоштааст, то ки бино шавад». 13 Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисъер касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба мукаддасони Ту чй қадар бадиҳо кардааст; 14 «Дар ин ҷо низ аз саркоҳинон изн дорад, ки ҳамаи касонеро, ки исми Туро мехонанд, бандй кунад». 15 Аммо Худованд ба вай гуфт: «Ту бояд биравй, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халкҳо ва подшоҳон ва банйИсроил эълон намояд; 16 «Зеро ки Ман ба ӯ нишон хоҳам дод, ки барои исми Ман ӯ чй қадар азобу уқубат бояд бикашад». 17 Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулкудс пур шавӣ». 18 Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархоста, таъмид гирифт 19 Ва ҳӯрок ҳӯрда, қувват гирифт. Якчанд рӯз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд; 20 Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост. 21 Ҳар кй суҳанонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт: «Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомада буд, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинои барад?» 22 Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт бештар кувват мегирифт ва яҳудибни сокини Димишқро дар ҳайрат андоҳта, исбот мекард, ки Ҳамин Исо Масеҳ аст. 23 Баъд аз гузаштани якчанд вақт яҳудиён қасд карданд, ки ӯро бикушанд. 24 Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд; вале онҳо шабу рӯз назди дарвозаи шахр поида меистоданд, то ки ӯро бикушанд. 25 Шогирдон ӯро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд.

Павлус ба Ерусалим меояд

26 Вақте ки Шоул ба Ерусалим расид, ҳост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ шогирд аст. 27 Он гоҳ Барнаббо ӯро гирифта, назди ҳаввориён овард ва ба онҳо нақл кард, ки чй гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ӯ суҳан гуфтааст, ва чӣ гуна ӯ дар Димишқ ба исми Исо далерона мавъиза намудааст. 28 Пас аз он ӯ дар Ерусалим бо онҳо омаду рафт мекард ва ба исми Исои Худованд далерона мавъиза менамуд. 29 Бо яҳудиени юнонизабон низ гуфтугӯ ва мубоҳиса мекард, ва онҳо қасд карданд, ки ӯро бикушанд.

Павлус ба Тарсус бармегардад

30 Чун бародарон аз ин хабардор шуданд, ӯро ба ҚаЙсария фиристоданд ва аз он ҷо ба Тарсус гусел карданд. 31 Он вакт аҳли калисоҳо дар сар то сариЯҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарсиХудовандватасаллоиРӯҳулкудс рафтор мекарданд, меафзуданд.

Петрус дар Лидда. Шифо ёфтани Аниёс

32 Ва воқеъ шуд, ки Петрус дар тамоми ноҳия гашта, назди муқаддасони сокини Лидда низ омад; 33 Дар ои ҷо Аниёс ном шаҳсеро дид, ки ҳашт сол боз фалаҷ шуда, болои бистар хобида буд. 34 Петрус ба ӯ гуфт: «Эй Аниёс! Исои Масеҳ туро шифо медиҳад; аз бистарат бархез». Ӯ дарҳол бархост, 35 Ва ҳамаи сокинони Лидда ва Сорӯн ӯро дида, ба Худованд рӯй оварданд.

Петрус дар Ефо. Тобито аз мурдагон зҳьё шуд

36 Дар Ёфо шогирде буд, зане ба номи Тобито, ки маънояш Ғизол аст, ва ӯ хеле некӯкор буд ва садақоти биеьёре медод. 37 Ва воқеъ шуд дар он айём, ки ӯ касал шуда, мурд, ва ӯро ғусл дода, дар болохонае гузоштанд. 38 Азбаски Лидда ба Ёфо наздик буд, ва шогирдон шунида буданд, ки Петрус дар он ҷост, ду касро назди ӯ фиристода, хоҳиш карданд, ки бо зудӣ назди онҳо биёяд. 39 Петрус бархоста, бо онҳо рафт, ва чун расид, ӯро ба он болоҳона бароварданд, ва ҳамаи бевазанон гирьякунон назди ӯ меистоданд ва куртаю ҷомаҳоеро, ки Ғиэол дар зиндагии худ дӯхта буд, ба ӯ нишон медоданд. 40 Петрус ҳамаро берун карда, зону зад ва дуо гуфт ва ба ҷасзд рӯй оварда, гуфт: «Эй Тобито! Барҳез!» Вак дарҳол чашмонашро кушод ва Петрусро дида, бинищаст. 41 Аз дасгаш гирифта, ба по хезонд ва муқаддасону бевазанонро даъват намуда, ӯро ба онҳо зинда супурд. 42 Ин ҳодиса дар тамоми Ёфо овоза шуд, ва бисьёр касон ба Худованд имон оварданд. 43 Чандин рӯз ӯ дар Ефо назди Шимъӯн ном даббоғе монд.

Аъмоли 10

Аз ҷиҳати рӯҳӣ бедор шудани Корнипюси мирисад

1 ДАР Қайсария Корнилюс ном марде мирисади фавҷи ба ном Итолиявй буд 2 Ва бо тамоми аҳли байташ парҳеэгор ва ҳудотарс буда, ба қавм садақоти бисьёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт. 3 Рӯзе, тақрибан соати нӯҳ, фариштаи Худоро ошкоро дар рӯъё дид, ки назди ӯ омада, гуфт: «Эй Корнилюс!» 4 Ӯ бар вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт: «Худовандо, чӣ мефармоӣ?» Ба ҷавоби ӯ гуфт: «Дуоҳо ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфтаанд; 5 «Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъӯнро, ки Лақабаш Петрус аст, даъват намо: 6 «Ӯ назди Шимъӯн ном даббоғе ки хонааш дар соҳили баҳр аст, меҳмон аст; ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки туро чи бояд кард». 7 Чун он фариштае ки бо Корнилюс суҳан гуфт, нопадид шуд, ӯ ду нафар аз навкарони ҳуд ва як сарбози парҳезгорро, аз онҳое ки дар ҳизматащ буданд, даъват намуд 8 Ва тамоми ҳодисаро ба онҳо нақл карда, онҳоро ба Ёфо фирнстод.

Руьёи Петрус

9 Фардои он, ки онҳо роҳ паймуда, ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус тақрибан соати шаш ба боми хона баромад, то ки дуо гӯяд. 10 Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе бихӯрад, ва ҳангсме ки барои ӯ муҳайё мекарданд, ҳолати бехудй ӯро фаро гирифт, 11 Ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сӯи ӯ нозил мешуд, монанди суфраи калоне ки аз чор гӯшаащ овезон ба замин мефуромада бошад; 12 Дар дохили он ҳар гуна чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳазандагон ва мурғони ҳаво буданд. 13 Хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: «Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихӯр!» 14 Аммо Петрус гуфт: «Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид нахӯрдаам». 15 Бори дигар хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: «Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон». 16 Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва он зарф ба осмон баромад.

Фириаподагони Корнилюс назди Петрус

17 Чун Петрус бисьёр мутаҳайир шуда, фикр мекард, ки ин рӯъё чӣ маънӣ дошта бошад, фиристодагони Корнилюс ҳонаи Шимъӯнро суроғ карда, назди дарвозаи он омаданд 18 Ва нидо карда, пурсиданд: «Оё Шимъӯне ки лақабаш Петрус аст, дар ин ҷост?» 19 Дар сурате ки Петрус ҳанӯз дар бораи рӯъё андеша мекард, Рӯҳ ба ӯ гуфт: «Инак, се мард туро суроғ меқунанд; 20 «Пас, барҳоста, фуруд ой ва ҳеҷ шубҳа накарда, ҳамроҳи онҳо бирав, зеро ки Ман онҳоро фиристодаам». 21 Петрус назди одамоне ки аз ҷониби Корнилюс сӯи ӯ фиристода шуда буданд, фуромада, гуфт: «Манам он касе ки суроғ мекунед; ба чӣ кор омадаед?» 22 Гуфтанд: «Корнилюси мирисад, ки марди некӯкор ва худотарс ва назди тамоми кавми яҳудй иекном аст, аз фариштаи муқаддас фармон гирифтааст, ки туро ба хонаи худ даъват намояд ва суханонатро бишнавад».

Петрус ба Қайсария меравад

23 Онҳоро ба хона таклиф карда, зиёфат дод, ва рӯзи дигар бархоста, ҳамроҳашон равона шуд, ва чанд нафар аз бародарон, ки аҳли Ёфо буданд, бо ӯ рафтанд. 24 Фардои он ба Қайсария расиданд. Корнилюс, ки хешу табор ва дӯстони наздикашро даъват карда буд, ба онҳо интизорй дошт. 25 Вакте ки Петрус дохили хона мешуд, Корнилюс ӯро пешвоэ гирифт ва бар пойҳояш афтода, таъзим кард. 26 Аммо Петрус ӯро ба по хезонда, гуфт: сБархез, зеро ки ман низ инсон ҳастам». 27 Бо ӯ сӯҳбаткунон ба хона даромада, дид, ки мардуми бисьёре ҷамъ омадаанд; 28 Ба онҳо гуфт: «Шумо ҳуб медонед, ки ба яхудӣ бо шахси бегона муошират доштан е наздик шудан мамнӯъ аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё иаҷис надонам; 29 «Бинобар ин, вакте ки даъват шудам, бечуну чаро омадам, ва акнун мепурсам: аз барои чн маро даъват намудаед?» 30 Корнилюс гуфт: «Чор рӯз пеш аз ин ман то ҳамин соат рӯза доштам ва дар соати нӯҳум дар хонаи худ дуо мегуфтам, ки ногоҳ шахсе бо либоси нуроиӣ пеши ман пайдо 31 «Ва гуфт: "Эй Корнилюс! Дуоҳои ту мустаҷоб шуд ва садақоти ту дар хузури Худо зикр ёфт; 32 "Акнун ба Ёфо фиристода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо: ӯ дар хонаи Шимъӯн ном даббоғе дар соҳили баҳр меҳмон аст; ӯ чун биёяд» бо ту сухан хоҳад ронд". 33 «Дарҳод назди гу фиристодам, ва ту хуб кардӣ, ки омадӣ; алҳол ҳамаамон дар ҳузури Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, бишнавем»,

Петрус дар хонаи Корнилюс ба халщо мавьиза менамояд

34 Петрус ба сухан оғоз карда, гуфт: «Акнун якин донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад. 35 «Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст. 36 «Ӯ каломи Худро ба банӣИсроил фирисгода, ба василаи Исои Масеҳ, ки Худованди ҳама аст, башорати сулҳу осоиштагӣ дод. 37 «Шумо аз воқеае ки дар сар то сари Яҳудо рӯй дод, хабардор ҳастед, ки он баъд аз таъмиде ки Яҳьё мавъиза намуд, аз Ҷалил оғоз шуда буд: 38 «Исои Носириро Худо бо Рӯҳулкудс ва қуввати Худ тадҳин кард, ва Ӯ ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид, 39 «Мо шоҳидони ҳамаи он корҳое ҳастем, ки Ӯ дар кишвари яҳудиен ва дар Ерусалим ба чо овард, ва онҳо Ӯро ба салиб овехта, куштанд. 40 «Худо Ӯро дар рӯзи сеюм эҳьё кард, ва «Ӯро зоҳир сохт. 41 «Аммо на бар тамоми қавм, балки ба шоҳидоне ки Худо пешакӣ баргузида буд, яъне ба моён, ки баъд аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, бо Ӯ ҳӯрдаем ва нӯшидаем, 42 «Ва Ӯ ба мо фармуд, ки ба мардум мавъиэа намоем ва шаҳодат диҳем, ки Худо Ӯро Довари зиндагон ва мурдагон таъин кардааст. 43 «Тамоми анбиё бар Ӯ шаҳодат медиҳанд, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ба василаи исми Ӯ гуноҳҳояш омурзида ҳоҳад шуд». 44 Ин суханон ҳанӯз бар забони Петрус буд, ки Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони калом нозил шуд, 45 Ва имоидорони маҳтун, ки ҳамроҳи Петрус омада буданд, дар ҳайрат афтоданд, ки атои Рӯҳулқудс ба гайрияҳудиён низ ҷорй шудааст, 46 Зеро шуниданд, ки онҳо ба забонҳо сухан ронда, Худоро ҳамду сано меҳонанд. Он гоҳ Петрус гуфт: 47 «Оё касе метавонад ба оиҳое ки Рӯҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?» 48 Ва фармуд, ки онҳоро ба исми Исои Масеҳ таъмид диҳанд. Ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки якчанд рӯз назди онҳо бимонад.

Аъмоли 11

Петрус ба халцҳо хизматгузорӣ намуданашро сафед мекунад

1 ҲАВВОРИЁН ва бародароне ки дар Яҳудо буданд, шуниданд, ки гаӣрияҳудиён низ каломи Худоро қабул кардаанд. 2 Вақте ки Петрус ба Ерусалим омад, махтунон бар вай таъна зада, 3 Гуфтанд: «Назди мардуми номаҳтун рафта, бо онҳо хӯрок хӯрдаӣ». 4 Вале Петрус ба хикояти муфассали ҳар он чи рӯй дода буд, шурӯъ намуда, гуфт: 5 «Ман дар шаҳри Ёфо дуо мегуфтам ва дар ҳолати беҳудй рӯъёе дидам: зарфе нозил мешуд, мисли суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон аз осмон мефуромада бошад, ва инак он назди ман фуромад; 6 «Чунбаоннигариста,дурустакак аз назар гузарондам, чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва мурғони ҳаворо Дидам, 7 «Ва овозе ба гӯшам расид, ки мегуфт: "Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихӯр". 8 «Гуфтам: "Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид ба даҳон набурдаам". 9 «Бори дигар хитобе аз осмон ба ҷавобам даррасид, ки мегуфт: "Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон". 10 «Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва ҳама чиз боз ба осмон баромад. 11 «Ва инак, дар ҳамон лаҳза се марде ки аз Қайсария назди ман фиристода шуда буданд, ба хонае ки икрмат доштам, расиданд, 12 «Ва Рӯҳ ба ман гуфт, ки ҳеҷ шубҳа накарда, бо онҳо биравам; ин шаш бародар ниэ ҳамроҳи ман рафтанд, ва мо ба хонаи он шахс даромадем. 13 «Вай ба мо нақл кард, ки чй гуна дар хонаи худ фариштаро дидааст, ки истола, ба вай гуфтааст: "Ба Ёфо фирнстода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо, 14 "Ва ӯ ба ту суханоне бигӯяд, ки боиси наҷоти ту ва тамоми хонадони ту хоҳанд шуд". 15 «Вакте ки ба сухан оғоз кардам, Рӯҳулқудс бар онҳо нозил шуд, мисли он ки дар ибтидо бар мо нозил шуда буд. 16 «Он гоҳ ба ёд овардам, ки Худованд гуфта буд: "Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рӯхулқудс таъмид хоҳед ёфт". 17 «Пас, модоме ки Худо ба онҳо ҳамон бахшоишро ато кардааст, ки ба мо ато кард, вақте ки ба Исои Масеҳи Худованд имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ щавам?» 18 Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Худо ба гайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро ато кардааст».

Калисо дар Антиёхия

19 Дар ин мнён ба сабаби таъқиботе ки баъд аз Истефанус ба амап омад, бисьёр касон пароканда шуда, то Финиқия ва Қаприс ва Антиёхия расиданд, ва онҳо каломро ба ҳеҷ кас, ғайр аз яхудиён, мавъиза намекарданд. 20 Лекин баъзе аз онҳо, ки аз аҳли Қаприс ва Қурин буданд, ба Антиёхия расида, бо юнониёи гуфтугӯй карданд ва аз Исои Худованд башорат доданд, 21 Ва дасти Худованд бар онҳо буд, ва шумораи бузурге имон оварда, ба Худованд руҷӯъ карданд. 22 Вақте ки овозаи ин ба гӯши аҳли калисои Ерусалим расид, Барнабборо ба Антиёхия фиристоданд. 23 Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими қалб ба Худованд бичаспанд; 24 Зеро ки ӯ марди некӯкор ва пур аз Рӯҳулқудс ва имон буд; ва мардуми бисьёре ба Худованд имон оварданд. 25 Сонӣ Барнаббо барои ҷустуҷӯи Шоул ба Тарсус рафт ва ӯро ёфта, ба Антиёхия овард. 26 Тамоми сол онҳо дар калисо ҷамъ мешуданд ва мардуми бисьёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антиёхия масеҳӣ номида шуданд.

Калисои Актиёхия ба бародароне ки дар Ерусалим буданд, мадад мерасонад

27 Ва воқеъ шуд дар он айем, ки якчанд анбиё аз Ерусалим ба Антиёхия омаданд. 28 Яке аз онҳо, ки Оғобус ном дошт, бархост ва аз Рӯҳ илҳом ёфта, пешгуӣ кард, ки дар тамоми ҷаҳон қаҳтии сахте рӯй хоҳад дод; он дар замони қайсар Клавдиюс рӯй дод; 29 Он гоҳ шогирдон қарор доданд, ки ҳар яке алоқадри дороии худ ионате барои бародарони сокини Яҳудо равона кунад; 30 Ҳамин тавр ҳам караанд, ва онро ба василаи Барнаббо ва Шоул ба пирон фиристоданд.

Аъмоли 12

Таъқиботи панчум дар подшоҳии Ҳиродуси Ағрипоси

Ҳабс шудани Петрус

1 ДАР он замон подшоҳ Ҳиродус дасти тааддй бар баъзе аз аҳли калисо дароз кард, то ки онҳоро азоб диҳад. 2 Ва Яъкуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт; 3 Чун дид, ки ин ба яҳудиён писанд афтод, Петрусро низ дастгир кард, ки ин дар айеми иди фатир буд, 4 Ва ӯро гирифта, ба зиндон андохт ва ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ӯро посбонӣ кунанд, зеро ният дошт, ки баъд аз иди фисҳ ӯро назди қавм берун оварад.

Дуои калисо дар бораи Петрус. Фариштаи Худо

5 Пас, Петрусро дар зиндон нитоҳ медоштанд, аммо аҳли калисо барои ӯ назди Худо пайваста дуо мегуфтанд. 6 Дар ҳамон шабе ки Ҳиродус касди берун овардани ӯро дошт, Петрус, бастаи ду занҷир, дар миёни ду сарбоз ҳобида буд, ва дарбонон зиндонро посбонй мекарданд. 7 Ва инак, фариштаи Худованд назди ӯ ҳозир шуд, ва рӯшноӣ дар он ҳона дураҳшид; ба паҳлуи Петрус зада, ӯро бедор кард ва гуфт: «Зуд барҳез». Дарҳол занҷирҳо аз дастҳояш афтод. 8 Фаришта ба ӯ гуфт: «Камари худро бибанд ва кафш бар пой кун». Ва чунин кард. Сонӣ ба ӯ гуфт: «Чомаи худро бипӯш ва аз қафои ман биё». 9 Берун омада, аз қафои вай равона шуд, ва надонист, ки он чи аз фаришта содир шуд, воқеист, балки гумон мекард, ки ин рӯъёест. 10 Аз пеши посбонони аввал ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки ба сӯи шаҳр мебурд, расиданд, ва он ҳуд аз худ пеши рӯи онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кӯча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ӯ нопадид шуд. 11 Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз он чи кавми яҳудӣ чашм доштанд, раҳо кард». 12 Инро аз фикри худ гузаронда, ба ҳонаи Марьям, модари Юҳанно, ки лақабаш Марқӯс буд, омад, ки дар он ҷо касони бисьёре ҷамъ шуда, дуо мегуфтанд. 13 Вақте ки дарвозаро кӯфт, Рудо ном канизе баромад, то ки воз кунад, 14 Ва овози Петрусро шиноҳта, ба ҷои он ки дарвозаро кушояд, аз шодӣ ба ҳона давида даромад ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст. 15 Ба вай гуфтанд: «Магар девона шудаӣ?» Аммо вай ба гапаш исрор кард. Гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст». 16 Аммо Петрус пайваста тақтақ мекард; вакте ки кушоданд, ӯро дида, дар ҳайрат афтоданд. 17 Ӯ бо дасташ ишорат кард, ки хомӯш бошанд, ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худованд ӯро аз зиндон берун овард; ва гуфт: «Инро ба Яъқуб ва ба бародарон ҳабар диҳед». Сонӣ берун баромада, ба ҷои дигар рафт. 18 Чун субҳ дамид, изтироби буаурге дар байни сарбозон афтод, ки Петрусро чй шуд, 19 Ва Ҳиродус, чун ӯро талабида наёфт, посбононро истинтоқ карда, фармуд, ки онҳоро ба катл расонанд, ва ҳудаш аз Яҳудо ба Қайсария рафта, дар он ҷо иқомат кард.

Заволи Ҳиродус

20 Ҳиродус ба мардуми Сӯр ва Сидӯн бисьёр ҳашмгин буд, ва онҳо, маслиҳатро ба як ҷо монда, назди ӯ омаданд ва Блостусро, ки нозири ҳобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, талаби сулҳ карданд, чунки диёрашон аз кишвари подшох асбоби маишат меёфт. 21 Дар рӯзи таъиншуда Ҳиродус либоси шоҳонадар бар кард ва бар маснади ҳукумат нишаста, ба онҳо нутқ кард, 22 Ва мардум нидо карда гуфтанд, ки ин овози Худост, на овози инсон. 23 Лекин баногоҳ фариштаи Худованд ӯро зад, зеро ки ӯ Худоро ҷалол надод, ва кирмҳо ӯро хӯрданд, ва ӯ мурд. 24 Аммо каломи Худо торафт бештар интишор меёфт. 25 Барнаббо ва Шоул, баъд аз иҷрои хизматашон, аз Ерусалим баргаштанд, ва Юҳанноро, ки лақабаш Марқӯс буд, ҳамроҳи худ оварданд.

Аъмоли 13

Рӯхулкудс Павлус ва Барнабборо даъват менамояд

1 ДАР калисои Антиёҳия якчанд нафар анбиё ва муаллимон буданд, чунончи: Барнаббо ва Шимъӯн, ки лақабаш Ниҷар буд, ва Лукюси Қуринӣ ва Манохим, ки бо тетрарҳ Ҳиродус дар як ҷо тарбият ёфта калон шуда буд, ва Шоул. 2 Вакте ки онҳо ба ибодати Худованд ва рӯзадорӣ машғул буданд, Рӯҳулқудс гуфт: «Барнаббо ва Шоулро аз баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, ба Ман ҷудо кунед».

Сафари якуми Павлус ба чазираи Қаприс

3 Баъд аз рӯза гирифтан ва дуо гуфтан даст бар сари онҳо гузоштанд ва онҳоро равона карданд. 4 Онҳо, ки фиристодагони Рӯҳулқудс буданд, ба Салукия омаданд ва аз он ҷо бо киштӣ ба Қаприс рафтанд 5 Ва вориди Саломис шуда, дар куништҳои яҳудиён каломи Худоро мавъиэа карданд; Юҳанно низ мулозими онҳо буд.

Муқобилияти Алимои чодугар

6 Чун тамоми ҷазираро то ба Пофус тай карданд, як ҷодугари яҳудиро ёфтанд, ки набии козиб буд ва Барюшаъ ном дошт; 7 Ӯ бо волӣ Сарҷиюс Павлус ҳамнишин буд, Волӣ, ки марди бофаҳм буд, Барнаббо ва Шоулро даъват намуда, хост каломи Худоро бишнавад. 8 Аммо Алимои чодугар, ки тарҷимаи номаш чунин аст, ба онҳо мухолифат карда, хост волиро аз имон овардан боздорад. 9 Вале Шоул, ки Павлус низ ном дошт, аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба ӯ назар дӯхт 10 Ва гуфт: «Эй манбаи ҳар макру шарорат, эй фарзанди иблис ва душмани ҳама гуна адолат! Оё аз роҳи рости Худованд баровардани мардумро бас намекунӣ? 11 «Ҳоло дасти Худованд туро хоҳад зад, ва нобино гашта, нури офтобро то муддате нахохӣ дид». Ногаҳон дуньё дар назараш тираву тор шуд, ва ӯ ба ҳар сӯ рӯ оварда, асокаше меҷуст. 12 Чун волӣ ин ҳодИсаро дид, аз таълими Худованд мутаҳайир шуда, имон овард. 13 Павлус ва ҳамроҳонаш Пофусро тарк карда, бо киштӣ ба Пирҷаи Памфилия омаданд, аммо Юҳанно аз онҳо ҷудо шуда, ба Ерусалим баргашт.

Мавъизаи Павлус дар куништи Писидия

14 Онҳо аз Пирҷа гузашта, ба Антиёҳияи Писидия расиданд ва рӯзи шанбе ба куништ даромада, нишастанд. 15 Баъд аз қироати Таврот ва суҳафи анбиё, сардорони куништ назди онҳо кас фиристода, гуфтанд: «Эй бародарони азиз! Агар каломи насиҳатомезе барои қавм дошта бошед, бигуед». 16 Павлус бархоста ва бо дасташ ишора карда, гуфт: «Эй мардони исроилӣ ва худотарсон! Гӯш диҳед: 17 «Худои қавми Исроил падарони моро баргузид ва ин қавмро, ҳангоме ки дар ғурбати замини Миср буданд, сарафроз кард, ва онҳоро бо бозуи зӯрманд аз он ҷо берун овард; 18 «Қариб чиҳил сол онҳоро дар биёбон ғизо дод; 19 «Ҳафт қавмро дар замини Канъон несту нобуд карда, заминашонро ҳамчун мерос ба онҳо тақсим кард, 20 «Дар давоми тақрибан чорсаду панҷоҳ сол. Пас аз он, то замони Самуили набӣ, доваронро ба онҳо бахтдид; 21 «Сонӣ барои худ подшоҳ талабиданд, ва Худо Шоул ибни Кисро аз сибти Биньёмин ба онҳо дод, ки муддати чиҳил сол салтанат ронд; 22 «Вакте ки ӯро аз миён бардошт, Довудро бар онҳо подшоҳ таъин кард ва дар ҳаққи ӯ шаҳодат дода, гуфт: "Довуд ибни Йисойро мувофиқи табъи дили Худ ёфгам, ки ӯ тамоми хостаи Маро ба ҷо хоҳад овард". 23 «Ин ҳамон касест, ки Худо аз насли ӯ, мувофиқи ваъдаи Худ, барои Исроил Наҷотдиҳандае, яъне Исоро ба миён овард; 24 «Пеш аз омадани Ӯ Яҳьё ба тамоми қавми Исроил таъмиди тавбаро мавъиза кард. 25 «Чун Яҳьё ҳизмати худро анҷом дод, гуфт: "Ман он касе ки шумо гумон мекунед, нестам; лекин баъд аз ман Касе меояд, ки ман сазовори он нестам, ки банди пойафзоли Ӯро воз кунам". 26 «Эй бародарон, эй фарзандони насли Иброҳим ва касоне ки аз байни шумо худотарс ҳастанд! Каломи ин наҷот ба шумо фиристода шудааст. 27 «Зеро ки сокинони Ерусалим ва сардорони онҳо Ӯро нашинохта ва маҳкум карда, гуфтаҳон анбиёро, ки ҳар рӯзи шанбе қироат мешавад, ба иҷро расонданд, 28 «Ва гарчанде ки аз Ӯ ҳеҷ айби сазовори марг наёфта буданд, аз Пилотус хоҳиш карданд, ки Ӯро бикушад; 29 «Пас аз он ки ҳар чизи дар бораи Ӯ навишташударо ба иҷро расовданд, Ӯро аз салиб фуроварда, ба қабр супурданд. 30 «Лекин Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, 31 «Ваӯ рӯзҳои бнсъер ба касоне зоҳир шуд, ки ҳамроҳи Ӯ аз Ҷалил ба Ерусалим омада буданд ва ҳоло дар пеши қавм шоҳидони Ӯ мебошанд. 32 «Мо ба шумо башорат медиҳем, ки Худо ваъдаеро, ки ба падарони мо дода буд, барои мо, фарзандони онҳо, ба иҷро расонда, Исоро эҳьё кард, 33 «Чунон ки дар таронаи дуюми Забур навишта шудааст: "Ту Писари Ман ҳастӣ, Ман имрӯз Падари Ту шудаам". 34 «Дар бораи он ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, то ки дигар ба фано дучор нашавад, чунин гуфт: "Марҳаматҳои боэътимоди Довудро ба шумо хоҳам баҳшид". 35 «Бинобар ин дар ҷои дигар низ мегӯяд: "Нахоҳӣ гузошт, ки Қуддуси Ту фаноро бубинад". 36 «Довуд дар замони худ бо иродати Худо хизмат карпа, вафот ёфт ва ба падарони худ пайваст ва фаноро дид; 37 «Аммо Он Касе ки ХудоӮро эҳьё кард, фаноро надид. 38 «Пас, эй бародарон, ба шумо маълум бод, ки ба воситаи Ӯ ба шумо омурзиши гуноҳҳо эълон мешавад, 39 Ва аз ҳар чизе ки ба василаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба василаи Ӯ сафед хоҳад шуд. 40 «Пас эҳтиёт бошед, мабодо он чи дар суҳафи анбиё гуфта шудааст, ба шумо рӯй диҳад: 41 "Эй мутанаффирон, бингаред ва тааҷҷуб намоед ва маҳв шавед, зеро ки Ман амалеро дар айёми шумо содир менамоям, амале ки агар касе онро ба шумо нақл мекард, бовар намекардед"». 42 Вакте ки яҳудиён аз куништ баромаданд, гайрияҳудиён хоҳиш карданд, ки рӯзи шанбеи оянда низ ин суханонро ба онҳо бигӯянд; 43 Чун аҳли куништ пароканда шуданд, бисьёре аз яҳудиён ва онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буданд, аз паи Павлус ва Барнаббо рафтанд, ва ин ду нафар ба онҳо сухан гуфта, тарғиб менамуданд, ки дар файзи Худо устувор бошанд. 44 Рӯзи шанбеи дигар қариб тамоми аҳли шаҳр ҷамъ омаданд, то ки каломи Худоро бишнаванд; 45 Вале чун яҳудиён издиҳоми мардумро диданд, аз ҳасад пур гаштанд ва куфр гуфта, ба суханони Павлус мухолифат карданд.

Павлус ва Барнаббо назди халқҳо мераванд

46 Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далер шуда, гуфтанд: «Воҷиб буд, ки каломи Худо аввал ба шумо мавъиза карда шавад, лекин азбаски шумо онро рад кардед ва худро шоистаи ҳаёти ҷовидонӣ надончстед, бинобар ин мо ба гайрияҳудиён рӯ меоварем; 47 «Зеро ки Худованд ба мо чунин амр фармудааст: "Туро нури халқҳо гардондам, то ки Ту то ақсои замин василаи наҷот бошй"». 48 Вакте ки гайрияҳудиён инро шуниданд, шод шуда, каломи Худовандро ҳамду сано хонданд, ва ҳамаи онҳое ки барои ҳаети ҷовидонй пешакӣ таъин шула будакя, имон оварданд, 49 Ва каломи Худованд дар тамоми он сарзамин интишор ёфт. 50 Яҳудиён занони диндору иззатманд ва акобири шаҳрро ба шӯр оварда, барои таъқиб кардани Павлус ва Барнаббо барангехтанд ва онҳоро аз он ноҳия ронданд. 51 Аммо ин ду нафар, ғубори пойҳои худро бар онҳо афшонда, ба Иқуния равона шуданд, 52 Ва шогирдон аз шодй ва Рӯҳулқудс пур шуданд.

Аъмоли 14

Хшматгузорй дар Иқуния

1 ДАР Икуния бо ҳам ба куништи яҳудиён даромада, тавре сухан гуфтанд, ки шумораи зиёде аз яҳудиён ва юнониён имон оварданд. 2 Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, дилҳои гайрияҳудиёнро шӯронида, ба муқобили бародарон барангехтанд. 3 Муддати дарозе дар он ҷо монда, дар бораи Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ӯ ба каломи фаизи Худ шаҳодат дода, ба василаи онҳо аломоту мӯъчизот ато мекард. 4 Дар ин миён мардуми шаҳр ду тақсим шуданд, ки як қисмашон тарафдори яҳудиён ва қисми дигарашон тарафдори ҳаввориён буданд. 5 Вақте ки гайрияҳудиён ва яҳудиён бо сардорони худ ба онҳо ҳуҷум оварданд, то ки онҳоро тамасхур ва сангсор кунанд,

Хшматгузори дар Дарба ва Лустра

6 Онҳо огоҳӣ ёфта, ба Лустра ва Дарба, шаҳрҳои Лекония ва атрофи он фирор карданд, 7 Ва дар он чо башорат медоданд.

Дар Лустра шифо ёфтани марде ки пойҳояш беҳаракат буд

8 Дар Лустра марде нишаста буд, ки пойҳояш беҳаракат буд ва аз шиками модар ланг буда, ҳаргиз роҳ нарафта буд. 9 Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки имон ба шифо дорад, 10 Бо овози баланд ба вай гуфт: «Бар пойхои худ рост биист». Вай дарҳол ҷаста хесту ба роҳ рафтан даромад. 11 Вакте ки мардум ин амали Павлусро диданд, овози худро баланд карда, ба забони Леконй гуфтанд: «Худоён ба сурати инсон назди мо фуромадаанд». 12 Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, зеро ки ӯ сарвари нотиқон буд. 13 Коҳини маъбади Зевс, ки дар беруни шаҳр воқеъ буд, барзаговон ва тоҷҳои гул назди дарвозаи шаҳр овард ва мехост бо якҷоягии мардум қурбонй кунад. 14 Ҳамин ки ҳаввориён Барнаббо ва Павлус инро фаҳмиданд, ҷомаҳои худро дарронида, ба миёни мардум давида даромаданд ва фарьёд зада гуфтанд: 15 «Эй мардон! Чаро чунин мекунед? Мо низ мисли шумо одамони ноқис ҳастем ва ба шумо башорат медиҳем, ки аз бутҳои ҳуд гашта, ба Худои Ҳай руҷӯъ намоед, ки Ӯ осмон ва замин ва баҳр ва он чиро, ки дар онҳост, офаридааст, 16 «Ва дар наслҳои пешина ҳамаи халқҳоро гузоштааст, ки мувофиқи тариқати худ рафтор кунанд, 17 «Гарчанде ки ҳамеша бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонй пур мекунад». 18 Бо ин суханон мардумро аз қурбонӣ кардан барояшон базӯр боздоштанд. 19 Дар ин миён аз Антиёҳия ва Иқуния яхудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва, ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр берун кашиданд.

Павлус дар Дарба. Рафта дидани калисоҳои барпошуда

20 Вакте ки шогирдон дар гирди ӯ ҷамъ омаданд, бархоста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сӯи Дарба равона шуд. 21 Дар ин шаҳр низ башорат дода, шогирдони зиёде пайдо карданд ва боз ба Лустра, Иқуния ва Антиёхия ворид шуданд. 22 Ва дилҳои шогирдонро тақвият дода, панд мегуфтанд, ки "дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисъёр дохили Малакути Худо гардем".

Таьин кардани пирон дар ҳар калисо. Баргаштпан ба Антиёхия

23 Дар ҳар калисо барои онҳо пиронро таъин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде ки ба Ӯ имон оварда буданд, супурданд. 24 Аз Писидия гузашта, ба Памфилия омаданд 25 Ва дар Пирҷа каломи Худовандро мавъиза намуда, ба Аттолия фуромаданд; 26 Боз ба киштӣ савор шуда, ба Антиёхия рафтанд, ки дар ҳамон ҷо онҳо, ба хотири хизмате ки ба ҷо оварданд, ба файзи Худо супурда шуда буданд. 27 Чун расиданд, аҳли калисоро ҷамъ оварда, аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд ва чй гуна Ӯ дарвозаи имонро ба рӯи гайрияҳудиён кушода буд, нақл карданд; 28 Ва муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд.

Аъмоли 15

Ҷамъомад дар Ерусалим. Масъалаи хатна

1 БАЪЗЕ касон аз Яҳудо омада ва бародаронро таълим дода, мегуфтанд: «Агар мувофиҳи оини Мусо махтун нашавед, наҷот ёфта наметавонед». 2 Пас аз он ки Павлус ва Барнаббо бо онҳо мунозира ва мубоҳисаи бисьёре карданд, қарор дода шуд, ки Павлус ва Барнаббо ва чанд нафари дигар аз онҳо барои ҳалли ин масъала назди ҳаввориён ва пирон ба Ерусалим бираванд. 3 Аҳли калисо онҳоро гуселониданд, ва ҳангоме ки онҳо аз Финиқия ва Сомария мегузаштанд, имон овардани ғайрияҳудиёнро ҳикоят карданд, ва ин хабар ҳамаи бародаронро бағоят шод гардонд. 4 Чун ба Ерусалим расиданд, аҳли калисо, ҳаввориён ва пирон онҳоро пазироӣ карданд, ва онҳо аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд, нақл карданд. 5 Баъзе аз фарисиён, ки имон оварда буданд, бархоста, гуфтанд, ки онҳоро бояд хатна карда, амр фармоянд, ки шариати Мусоро риоя кунанд. 6 Ҳаввориён ва пирон ҷамъ шуданд, то ки ин масъаларо муҳокима намоянд. 7 Баъд аз муҳокимаи бисьёр Петрус бархоста, ба онҳо гуфт: «Эй бародарон! Шумо медонед, ки аз рӯзҳои аввал Худо аз миёни ҳамаи мо маро баргузид, то ки гайрияҳудиён каломи Инҷилро аз забони ман бишнаванд ва имон оваранд; 8 «Худои Орифулқалб ба онҳо бо чунин васила шаҳодат дод, ки Рӯҳулкудсро ба онҳо низ бахшид, чунон ки ба мо бахшидааст, 9 «Ва дар байни мо ва онҳо ҳеҷ фарқе нагузощта, дилҳои онҳоро бо имон пок сохт. 10 «Пас чаро акнун Худоро озмуда, бар гардани шогирдон юғе меандозед, ки онро ҳам падарони мо ва ҳам мо бардошта натавониста будем? 11 «Лекин мо ба файзи Исои Масеҳи Худованд эътиқод дорем ва наҷот меёбем, ҳамчунон ки онҳо низ». 12 Он гоҳ тамоми аҳли маҷлис сокит шуда, ба ҳикояти Барнаббо ва Павлус дар бораи аломоту мӯъҷизоте ки Худо дар миёни гайрияҳудиён ба василаи онҳо ба амал оварда буд, гӯш доданд. 13 Ҳамин ки нутқи онҳо ба охир расид, Яъкуб ба сухан оғоз карда, гуфт: «Эй бародарон! Ба ман гӯш диҳед: 14 «Шимъӯн фаҳмонда дод, ки чӣ гуна Худо аввал ба гайрияҳудиён назар андохт, то ки аз миёни онҳо қавме ба исми Худ бигирад; 15 «ХӮфтаҳои анбиё низ ба ин мутобиқ аст, чунон ки навишта шудааст: 16 "Баъд аз ин руҷӯъ намуда, хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барқарор мекунам ва харобаҳои онро обод мегардонам ва барпо менамоям, 17 "То ки бақияи мардум ва ҳамаи халқҳое ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад, толиби Худованд гарданд, мегӯяд Худованде ки ҳамаи инро ба амал меоварад". 18 «Ба Худо ҳамаи корҳояш абадан маълум аст.

Халщо ба Таврот тобеь иестанд

19 «Пас, фикри ман ин аст, ки касонеро, ки аз миёни ҳалқҳо ба Худо руҷӯъ менамоянд, ба душворӣ наандозем, 20 «Балки ба онҳо фақат дастуре бинависем, ки аз наҷосати бутҳо, аз зино, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз хун парҳез кунанд; 21 «Зеро ки Мусо аз наслҳои қадим дар ҳамаи шаҳрҳо воизони худро дорад, ва дар куништҳо ҳар рӯзи шанбе қироат мешавад». 22 Он гоҳ ҳаввориён ва пирон бо тамоми аҳли калисо ба қароре омаданд, ки чанд касро аз миёни худ интихоб карда, ҳамроҳи Павлус ва Барнаббо ба Антиёхия фиристонанд; онҳо Яҳудоро, ки лақабаш Барсаббо буд, ва Силоро интихоб карданд, ки ин ду нафар аз пешвоёни бародарон буданд; 23 Ба номае ба ин мазмун навишта, ба дасти онҳо супурданд: «Ҳаввориён ва пирон ва бародарон ба бародароне ки аз байни гайрияҳудиён дар Антиёхия,

Сурия ва Қиликия ҳастанд, салом мерасонанд

24 «Чун шунидем, ки аз миёни мо баъзе касон шуморо бо суханони худ мушавваш соҳтаанд ва дилҳои шуморо ба шакку шубҳа андохтаанд ва гуфтаанд, ки "бояд хатна кунед ва шариатро риоя намоед", ва ҳол он ки мо ба онҳо чунин дастуре надодаем, 25 «Бинобар ин мо якдилона ба қароре омадем, ки чанд нафарро интихоб намуда, назди шумо равона кунем, ҳамроҳи азизони худ Барнаббо ва Павлус, 26 «Ки ҷонҳои худро аз барои исми Худованди мо Исои Масеҳ нисор кардаанд. 27 «Пас, Яҳудо ва Силоро фиристодаем, ки онҳо низ ҳамин чизҳоро ба шумо даҳанакӣ баён хоханд кард. 28 «Зеро ки Рӯҳулқудс ва мо савоб дидем, ки ба зиммаи шумо боре нагузорем, чуз воҷиботи зерин: 29 «Аз қурбониҳои бутҳо, аз ҳун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез кунед; ҳар гоҳ аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед». 30 Вақте ки фиристодагон ба Антиёхия омаданд, мардумро ҷамъ карда, номаро супурданд. 31 Онро ҳонда, аз мазмуни тасаллибахшаш шодмон шуданд. 32 Яҳудо ва Сило, ки низ набӣ буданд, бародаронро бо суханони бисьёр насиҳат ва тақвият доданд. 33 Баъд аз он ки муддате дар он ҷо монданд, бародарон онҳоро ба саломатӣ назди ҳаввориён равона карданд; 34 Вале Сило дар он ҷо монданӣ шуд. 35 Павлус ва Барнаббо дар Антиёхия иқомат намуда, бо ҳамроҳии бисьёр касони дигар каломи Худовандро таълим ва башорат медоданд.

Сафари дуюми Павлус. Ҷудой аз Барнаббо

36 Чун якчанд рӯз гузашт, Павлус ба Барнаббо гуфт: «Акнун гашта равем ва дар ҳар шаҳре ки каломи Хуцовандро мавъиза карца будем, бародарони худро бубинем, ки аҳволашон чӣ гуна аст». 37 Барнаббо меҳост Юҳанноро, ки лақабаш Марқӯс буд, ҳамроҳашон бибаранд, 38 Аммо Павлус салоҳ надонист, ки шахсеро, ки дар Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дар корашон то ба охир ҳамроҳӣ накарда буд, бо худ бибаранд. 39 Ба ин сабаб низое ба миён омада, то ба ҳадде расид, ки онҳо аз якдигар чудо шуданд, ва Барнаббо Маркӯсро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштй ба Қаприс рафт, 40 Ва Павлус барои худ Силоро интиҳоб кард, ва ҳамин ки бародарон ӯро ба файзи Худо супурданд, рӯ ба сафар ниҳод 41 Ва ба Сурия ва Қилиқия гузашта, калисоҳоро тақвият мекард.

Аъмоли 16

Павлус дар Осиёи Сағир. Тимотиюс

1 БА Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонй буд, 2 Ва бародарони сокини Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд. 3 Павлус майл дошт ӯро ҳамроҳи худ бибарад, ва ӯро гирифта, ба ҳотири яҳудиёне ки дар он ноҳия буданд, хатиа кард, зеро ки ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонй буд. 4 Онҳо дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то ки аз рӯи он дастурҳо амал кунанд. 5 Калисоҳо дар имон мустаҳкам мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд.

Павлус дар Трӯос. Рӯҳулқудс идора мекунад

6 Вақте ки аз Фриҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рӯҳулкудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза намоянд. 7 Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанй шуданд, Лекин Рӯҳ ба онҳо иҷозат надод. 8 Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трӯос фуромаданд. 9 Ҳамон шаб ба Павлус рӯъёе аён шуд, ки инак шаҳсе аз аҳли Мақдуния назди ӯ истода буд ва илтимос карда, мегуфт: «Ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон». 10 Ҳамин ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанй шудем, зеро яқин донистем,ки Худованд моро даъват намудааст, ки дар он ҷо башорат диҳем. 11 Аз Трӯос бо киштй рафта, рост ба Сомӯтрокй расидем ва рӯзи дигар ба Ниёпӯлис равона шудем;

Павлус ва Сило дар Филиппӣ

12 Аз он ҷо ба Филиппй рафтем, ки шаҳри аввали вилояти Мақдуния, қасабаи муҳоҷирнищин буд; дар он шаҳр якчанд рӯз истодем. 13 Рӯзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарьё, ки он ҷо одатан ибодатгоҳ буд, нишастем ва бо заноне ки дар он ҷо ҷамъ омада буданд, гуфтугӯ кардем.

Имон овардани Лидия

14 Лидия ном занаки худопарасти арғувонфурӯш, ки аз шаҳри Тиётира буд, гуфтугӯи моро гӯш мекард; Худованд дили ӯро кушода буд, то ки суханони Павлусро бишнавад. 15 Вақте ки ӯ ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар шумо якин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед». Ӯ он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем.

Берун кардани рӯхи ғайбгӯй. Задани Павлус ва Сило

16 Як рӯз, ки мо ба ибодатгоҳ мерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯй ба оғоёни худ даромади калоне меовард. 17 Вай аз қафон мо ва Павлус омада, фарьёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо ҳабар медиҳанд. 18 Азбаски чандин рӯз вай ҳамин тавр рафтор кард, Павлус дарғазаб шуд ва ба вай рӯ гардонда, ба он рӯҳ гуфт: «Ба исми Исои Масеҳ туро амр мефармоям, ки аз вай берун баро». Ва дарҳол аз вай берун омад. 19 Чун оғоёни вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд; 20 Вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд: «Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шӯр овардаанд 21 «Ва расму таомулеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардани он ба мо, румиён, чоиз нест». 22 Мардум низ бар онҳо қиём карданд, ва волиён ҷомаҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд; 23 Пас аз задани шаттаи бисьёр, онҳоро дар зиндон андохтанд ва ба зиндонбон амр фармуданд, ки онҳоро дурустакак нигаҳбонӣ кунад; 24 Чун вай ин тавр амре гирифт, онҳоро дар зиндони дохилӣ маҳбус кард ва ба пойҳошон кунда зад.

Имон овардани зиндонбон дар Филиппӣ

25 Дар қарибии нисфи шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро ҳамду сано мехонданд, ва бандиён онҳоро мешуниданд. 26 Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуд, ва ҳама завлонаҳо ба замин афтод. 27 Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро бикушад, ба гумони он ки бандиён гуреҳта рафтаанд. 28 Аммо Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худ осебе нарасон, зеро ки ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем». 29 Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод; 30 Сонй онҳоро берун оварда, гуфт: «Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?» 31 Гуфтанд: «Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт». 32 Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли байташ мавъиза карданд. 33 Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро берун оварда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли байташ таъмид гирифтанд, 34 Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хӯрок монд, ва бо тамоми аҳли байти худ шод шуд, ки ба Худо имон овард.

Павлус намехоҳад пищони биравад

35 Вақте ки субҳ дамид, волиён мулозимонро фиристоданд, ки бигӯянд: «Он шахсонро ҷавоб деҳ». 36 Зиндонбон инро ба Павлус хабар дода, гуфт: «Волиён кас фиристодаанд, ки шуморо ҷавоб диҳам; пас, берун омада, ба саломатӣ биравед». 37 Вале Павлус ба онҳо гуфт: «Моро, ки румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши назари тамоми мардум калтаккорӣ карда, дар зиндон андохтанд, ва акнун мехоҳанд пинҳонй ҷавоб диҳанд? Не, бигзор ҳудашон омада, моро берун оваранд». 38 Мулозимон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румй ҳастанд, ба ҳарос афтоданд 39 Ва омада, аз онҳо узр пурсиданд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр бираванд. 40 Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия шитофтанд ва бо бародарон вохӯрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд.

Аъмоли 17

Барпо шудани калисо дар Таслӯникӣ

1 АЗ Амфипӯлис ва Аполония гузашта, ба Таслӯникй омаданд, ки дар он ҷо куништи яҳудиён буд. 2 Павлус, аз рӯи одати худ, назди онҳо дохил шуд, ва се рӯзи шанбе бо онҳо аз Навиштаҳо гуфтугӯ мекард 3 Ва ошкор карда ва исбот намуда, мегуфт, ки лозим буд Масеҳ азобу укубат кашад ва аз мурдагон эҳьё шавад, ва Ҳамин Исо,ки ман Ӯро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст. 4 Баъзе аз онҳо ва ҳамчунин бисьёре аз юнониҳои ҳудотарс ва шумораи зиёде аз занони ашроф имон оварданд ва ба Павлус ва Сило ҳамроҳ шуданд.

Ба шӯр омадани яхудиён дар Таслӯникӣ

5 Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, ҳасад бурданд ва чанд нафар нобакоронро аз бозор гирифта, издиҳоме ҷамъ карданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд ва ба ҳонаи Ёсӯн тохта, ҳостанд онҳоро назди ҷамоат берун оваранд. 6 Чун онҳоро наёфтанд, Ёсӯн ва чанд нафар бародаронро назди сардорони шаҳр кашиданд ва дод зада мегуфтанд, ки онҳое ки тамоми оламро зеру забар карданд, ба ин ҷо низ омадаанд, 7 Ва Ёсӯн онҳоро пазироӣ кардааст, ва ҳамаи онҳо бар хилофи фармоишоти қайсар амал мекунанд ва шаҳси дигарро, ки Исо ном дорад, подшоҳ медонанд. 8 Аз шунидани ин суханон мардум ва сардорони шаҳр ба ташвиш афтоданд, 9 Ва аз Ёсӯн ва дигарон замонат гирифта, онҳоро ҷавоб доданд.

Павлус ва Сило дар Бирия

10 Бародарон фавран Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд, ва онҳо ба он ҷо расида, ба куништи яҳудиён даромаданд. 11 Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не; 12 Бисьёре аз онҳо, ҳам аз занони ашрофи юнонӣ ва ҳам шумораи зиёде аз мардон имон оварданд. 13 Лекин чун яҳудиёни Таслӯникӣ фаҳмиданд, ки Павлус дар Бирия низ каломи Худоро мавъиза намудааст, ба он ҷо омада, мардумро ба шӯр оварданд. 14 Дарҳол бародарон Павлусро сӯи баҳр равона карданд, вале Сило ва Тимотиюс дар он ҷо монданд.

Павлус дар Атино

15 Ҳамроҳони Павлус ӯро то Атино гуселониданд, ва ӯ ба онҳо фармуд, ки гашта рафта, ҳар чи зудтар Сило ва Тимотиюсро назди ӯ равона кунанд. 16 Ҳангоме ки Павлус дар Атино ба онҳо интизорӣ дошт, чун дид, ки ин шаҳр аз бутҳо пур аст, рӯҳаш дар дарунаш музтариб шуд. 17 Бинобар ин дар куништ бо яхудиён ва худотарсон ва дар бозор ҳар рӯз бо ҳар кӣ вомехӯрд, гуфтугӯ мекард. 18 Баъзе аз файласуфони эпикурӣ ва истоӣ бо ӯ мунозира мекарданд; як хелашон мегуфтанд: "Ин лаққӣ чӣ мехоҳад бигӯяд?"; дитарҳо мегуфтанд: "Зоҳиран, ӯ худоҳои бегонаро мавъиза мекунад"; зеро ки ӯ ба онҳо аз Исо ва эҳьё башорат медод. 19 Ӯро дастгир карда, ба Арьюпогус, ки кӯҳи доварон аст, оварданд ва гуфтанд: «Оё мумкин аст мо бидонем, ки ин тариқати наве ки ту мавъиза менамоӣ, чист? 20 «Азбаски суханонат ба гӯши мо аҷиб мерасад, бинобар ин меҳоҳем бидонем, ки онҳо чӣ маъно доранд». 21 Зеро ки тамоми аҳли Атино ва аҷнабиёни сокини он ҷо вақти худро аз ҳама зиёдтар дар гуфтану шунидани ягон гапи тоза мегузаронданд.

Мавъизаи Павлус дар Арьнтогуси Атино

22 Он гоҳ Павлус дар миёнаҷои Арьюпогус истода, гуфт: «Эй мардони Атино! Шуморо аз ҳар ҷиҳат бисьёр диндор ёфтаам; 23 «Зеро ки, чун гаштгузор карда, ибодатгоҳҳои шуморо аэ назар мегузаронцам, мазбаҳе дидам, ки бар он навишта шудааст: "Ба Худои ношинос". Пас, Ҳамонро, ки шумо мепарастед, вале намешиносед, ман 6а шумо мавъиза менамоям: 24 «Худое ки олам ва тамоми мавчудоти онро офаридааст, Худованци осмону замин аст ва дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон сокин нест 25 «Ва ба ҳизмати дастҳои одамй эҳтиёҷ надорад, зеро ки Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад; 26 «Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакй муқаррар кардааст, 27 «То ки онҳо Худоро ҷустучӯ кунанд ва, шояд Ӯро ёбем гӯён, кӯркӯрона дастдаст карда нагарданд, гарчанде ки Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест: 28 «Зеро ки мо дар Ӯ зиндагй ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд: "Мо фарзандони Ӯ ҳастем". 29 «Пас, модоме ки ҳамаи мо фарзандони Худо ҳастем, набояд гумон кунем, ки Илоҳият монанд аст ба тилло ё нуқра ё санге ки аз санъат ва хаёли инсон сурате гирифтааст. 30 «Хуллас, ҳоло Худо аз замонҳои ҷаҳолат сарфи назар карда, дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон амр мефармояд, ки тавба кунанд; 31 «Зеро ки Ӯ рӯзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварй кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ӯро аз мурдагон эҳьё кард». 32 Вакте ки зикри эҳьёи мурдагонро пгуниданд, баъзе касон тамасхур карданд ва баъзеи дигарон гуфтанд: «Дар ин бора дафъаи дигар ба сухани гу гӯш хоҳем дод». 33 Бо ҳамин, Павлус аз миени онҳо берун омад. 34 Вале якчанд кас ба ӯ ҳамроҳ шуда, имон оварданд; дар байни онҳо Диёнисиюси арьюпогй ва Домарис нрм зане ва дигарон буданд.

Аъмоли 18

Павлус дар Қӯринтус

1 БАЪД аз ин Павлус Атиноро тарк карда, ба Қӯринтус омад. 2 Дар он ҷо Акило ном марди яҳудӣ, ки зодгоҳаш Понтус буда, ба қарибӣ бо ҳамсараш Прискила аз Итолия омада буд, - зеро Клавдиюс фармон дода буд, ки ҳамаи яҳудиён аз Рум бираванд, - ва Павлус бо онҳо шиносоӣ пайдо кард ва назди онҳо омад, 3 Ва азбаски монанди онҳо ҳунари хаймадӯэӣ дошт, назди онҳо монда, ба кор машғул шуд.

Барпо шудани калисо дар Қӯринтус

4 Ҳар рӯзи шанбе ӯ дар куништ сухан ронда, саъю кӯшиш менамуд, ки яҳудиён ва юнониёнро мӯътақид гардонад. 5 Вақте ки Сило ва Тимотиюс аз Мақдуния омаданд, Павлус аз Рӯҳ илҳом ёфта, ба яҳудиён шаҳодат додан гирифт, ки Исо Масеҳ аст. 6 Аммо азбаски онҳо мухолифат ва бадзабонӣ мекарданд, домани худро бар онҳо афшонда, гуфт: «Хунатон ба гарданатон; ман аз он мубарро ҳастам; минбаъд назди ғайрияҳудиён хоҳам рафт». 7 Аз он ҷо рафга, назди Юстус ном шаҳси ҳудотарсе омад, ки хонаи вай дар шафати куништ буд. 8 Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли байташ ба Худованд имон овард, ва бисьёре аз қуринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд. 9 Худованд як шаб дар рӯъё ба Павлус гуфт: «Натарс, балки суҳан бигӯ ва хомӯш набош, 10 «Зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва ҳеҷ кас ба ту осебе нахоҳад расонд; чунки Ман дар ин шаҳр мардуми бисьёре дорам». 11 Ба ин сабаб ӯ як солу шаш моҳ дар он ҷо монда, каломи Худоро ба онҳо таълим дод.

Ғолиюни бомулоҳиза

12 Дар ин миён, вақте ки Ғолиюн волии Охоия буд, яҳудиён якдил шуда, ба Павлус ҳучум карданд ва ӯро ба маҳкама кашида оварданд 13 Ва гуфтанд: «Ин шахс мардумро иғво медиҳад, ки ибодати Худоро бар ҳилофи шариат ба ҷо оваранд». 14 Павлус ҳанӯз ҳарфе назада буд, ки Ғолиюн ба яҳуднён гуфт: «Эй яҳудиён! Агар озоре е кирдори баде ба вукӯъ меомад, барои ман асосе мебуд, ки арзи шуморо бишнавам; 15 «Вале модоме ки сухан дар бораи калимот ва номҳо ва шариати шумо меравад, худатон бояд онро яктарафа кунед: ман дар ин бобат доварй нахоҳам кард». 16 Ва онҳоро аз маҳкама пеш кард. 17 Ҳамаи юнониён сардори куништ Сӯстинисро дастгир карда, дар назди маҳкама каллакӯбак карцанл, ва Ғолиюн ба ин ҳеҷ парво накард.

Павлус ба Антиёхия бармегардад ва мувофиқи шариати яҳудиён назр мекунад

18 Павлус боз чандин рӯз дар он ҷо истод, он вақт бо бародарон хайру маъзур кард ва бо киштй ба Сурия равона шуд ва Прискила ва Акилоро ҳамроҳи худ бурд ва дар Канхария мӯйсар гирифт, чунки назр карда буд. 19 Вақте ки ба Эфсӯс расиданд, онҳоро дар он ҷо монда, худаш ба куништ даромад ва бо яҳудиён суханронй кард. 20 Аз ӯ хоҳиш карданд, ки муддате бо онҳо бимонад, лекин ӯ розӣ нашуд. 21 Ва бо онҳо хайру маъзур карда, гуфт: «Ман бояд иди дар пеш истодаро ҳатман дар Ерусалим гузаронам; баъд аз он, Худо хоҳад, боз назди шумо хоҳам баргашт». Ва Эфсӯсро тарк кард. 22 Ба Қайсария расида, ба Ерусалим рафт ва аҳли калисоро табрик ва аҳволпурсй карда, ба Антиёхия равона шуд.

Сафари сеюми Павлус

23 Муддате дар он ҷо истода, боз ба сафар рафт ва дар кишвари Ғалотия ва Фриҷия ганпа, ҳамаи шогирдонро тақвият мекард.

Апӯллус дар Эфсӯс

24 Апӯллӯс ном яҳудие аз аҳли Искандария, ки шахси суханвар ва аз Навиштаҳо хабардор буд, ба Эфсӯс расид; 25 Ӯ дар тариқи Худованд тарбият ёфта буд ва бо ҷӯшу хурӯши Рӯҳ сухан ронда, дар бораи Исо ба хубй таълим медод, гарчанде ки фақат аз таъмиди Яҳьё огоҳй дошт. 26 Ӯ дар куништ далерона сухан рондан гирифт. Чун Акило ва Прискила суханонашро шуниданд, ӯро назди худ оварданд ва тариқи Худовандро ба ӯ дурустакак фаҳмонданд. 27 Бақте ки ӯ азми сафари Охоия кард, бародарон ба шогардон навиштанд, ки ӯро пазироӣ кунанд; чун ба он ҷо расид, ба касоне ки ба файзи илохӣ имон оварда буданд, ёрцами бисьёр дод: 28 Зеро ки бо куввати тамом дар пеши назари ҳама бо яҳудиён баҳсу мунозира карда, аз рӯи Навиштаҳо исбот менамуд, ки Исо Масеҳ аст.

Аъмоли 19

Павлус дар Эфсӯс. Шогирдони Яҳьё масеҳй мешаванд

1 ДАР он замоне ки Апӯллӯс дар Қуринтус буд, Павлус дар кишварҳои боло гардиш карда, ба Эфсӯс расид ва дар он ҷо шогирдонро ёфта, 2 Ба онҳо гуфт: «Оё вақте ки имон овардед, Рӯҳулкудсро қабул кардед?» Ба ӯ гуфтанд: «Ҳатто нашунидаем, ки Рӯҳулкудс вуҷуд дорад». 3 Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ навъ таъмид гирифтец?» Гуфтанд: «Таъмиди Яҳьё». 4 Павлус гуфт: «Таъмиде ки Яҳьё медод, таъмиди тавба буд, ва ӯ ба мардум мегуфт: "Ба Он Касе ки баъд аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ имон оваред"». 5 Чун инро шуниданд, ба исми Исои Худованд таъмид гирифтанд, 6 Ва ҳангоме ки Павлус дастҳои худро бар сари онҳо ниҳод, Рӯҳулқудс бар онҳо нозил шуд, ва ба забонҳо сухан ронда, нубувват карданд. 7 Онҳо тақрибан дувоздаҳ нафар буданд.

Павлус дар куништ ва дар мадрасаи Тиронус дар Эфсус

8 Муддати се моҳ ӯ ба куништ даромада, нотарс мавъиза менамуд ва дар бораи Малакути Худо мусоҳиба мекард ва далелҳо меовард. 9 Вале азбаски баъзе касон сахтдил буданд ва имон намеоварданд ва дар ҳаққи ин тариқат дар пеши мардум бадзабонӣ мекарданд, бинобар ин аз онҳо худро канор гирифта, шогирдонро ҷудо кард ва ҳар рӯз дар мадрасаи Тиронус ном шахсе мавъиза менамуд. 10 Ин тақрибан ду сол давом кард, ба тавре ки ҳамаи сокинони вилояти Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, каломи Исои Худовандро шуниданд.

Мӯъҷизоте ки Павлус ба амал овардааст

11 Худо ба василаи Павлус мӯъҷизоти бузурге ба амал меовард, 12 То ба ҳадде ки дастмолҳо ва фӯтаҳои ба бадани ӯ расидаро бурда, бар беморҳо мегузоштанд, ва бемории онҳо нест мешуд, ва арвоҳи ҳабис аз онҳо берун мерафт. 13 Хдтто баъзе аз азоимхонҳои оворагарди яҳудӣ ҳам бар онҳое ки мубталои рӯҳи хабис буданд, исми Исои Худовандро зикр карда, мегуфтанд: «Шуморо ба Исое ки Павлус мавъиза менамояд, қасам медиҳем». 14 Ҳафт нафар писарони Искиво ном шахсе ки яке аз саркоҳинони яҳудй буд, ҳамин тавр амал мекарданд. 15 Аммо рӯҳи хабис дар ҷавоби онҳо гуфт: «Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?» 16 Марде ки рӯҳи хабис дошт, бо чунон куввате ба онҳо дарафтод, ки ҳама мағлуб шуданд ва дар ҳолате ки бараҳна ва маҷрӯҳ буданд, аз он хона гурехтанд. 17 Ин вокеа ба гӯши ҳамаи яҳудиён ва юнониёни сокини Эфсӯс расида, ҳамаро ба ҳарос андохт, ва исми Исои Худованд дар миёни онҳо бештар иззату икром пайдо кард; 18 Бисьёре аз имондорон омада, аъмоли худро иқрор ва ошкор мекарданд; 19 Бисьёре аз онҳое ки ба ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши назари ҳама сӯзонданд; вакте ки арзиши онҳоро ҳисоб карданд, маълум шуд, ки баробари панҷоҳ ҳазор дирҳам аст. 20 Каломи Худо ҳамин тавр қувват мегирифт ва интишор меёфт. 21 Пас аз анҷоми ин чизҳо, Павлус дар дили худ азм кард, ки аз Мақдуния ва Охоия гузашта, ба Ерусалим биравад, ва гуфт: «Баъд аз рафтанам ба он ҷо> Румро низ бояд бубинам». 22 Аз мулозимонаш ду нафарро, яъне Тимотиюс ва Арастусро, ба Мақдуния равона карца, худаш муддате дар вилояти Осиё бимонд.

Ба шӯр омадани нуқрагарон дар Эфсӯс

23 Дар он замон исьени азиме бар зидди тариқи Худованд рӯй дод; 24 Зеро ки Димитриюс ном нуқрагаре ки тасвирҳои нуқрагини маъбади Артамисро месохт ва ба ин васила ба санъатгарон фоидаи калоне мерасонд, 25 Онҳоро, ҳамчунин ҳунармандони дигарро ҷамъ оварда, гуфт: «Эй мардумон! Шумо медонед, ки некӯаҳволии мо аз пушти ҳамин ҳунар аст, 26 «Ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфсӯс, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисьёрро иғво андохта, гумроҳ кардааст, ва мегӯяд: "Чизҳои сохтаи дасти инсон худо нестанд". 27 «Пас, хавфи он аст, ки на танҳо ҳунари мо аз байн равад, балки ин маъбади олиҳаи бузурги мо Артамис низ беэътибор шавад, ва ҳашамати вай, ки тамоми вилояти Осиё ва аҳли олам парастишаш мекунанд, беқурб гардад». 28 Вакте ки ин суханонро шуниданд, онҳо хеле ба хашм омада, фарьёд заданд: «Бузург аст Артамиси эфсӯсиён!» 29 Тамоми шаҳр ба шӯр омада, ҳама якдилона сӯи тамошохона тохтанд ва Ғоюс ва Ористархусро, ки аз аҳли Мақдуния ва ҳамроҳони Павлус буданд, дастгир карда, бо худ кашида бурданд. 30 Павлус мехост, ки ба миёни мардум дарояд, аммо шогирдон ӯро намонданд; 31 Ҳамчунин баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дӯстонаш буданд, назди ӯ кас фиристода, таъкид карданд, ки ба тамошохона набиёяд. 32 Дар ин миён баъзе касон дод зада, чизе мегуфтанд, касони дигар - чизи дигаре; зеро ки ҷамоат ошуфтаҳол буданд ва аксари онҳо намедонистанд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд. 33 Аз миёни издиҳом Искандарро кашола карданд, чунки яҳудиён ӯро пеш андохта буцанд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане бигӯяд. 34 Аммо, чун яҳудӣ буданашро донистанд, ҳама бо як овоз дод заданд ва қариб ду соат нидо мекарданд: «Бузург аст Артамиси эфсӯсиён!» 35 Нозири низом мардумро сокит карда, гуфт: «Эй мардони Эфсӯс! Кӣ намедонад, ки шаҳри Эфсӯс парастандаи маъбади Артамиси олиҳаи бузург ва ҳайкали аз осмон нозилшудаи вай мебошад? 36 «Модоме ки ин баҳснопазир аст, шуморо лозим аст, ки ором бошед ва рафтори бемулоҳизае накунед; 37 «Зеро ин шахсоне ки шумо овардаед, на тороҷкунандагони маъбаданд ва на дар ҳакхи олиҳаи шумо суханикуфромез гуфтаанд; 38 гАгар Димитриюс ва ҳамкоронаш даъвое бар касе дошта бошанд, инак дари маҳкамаҳо кушода, волиён низ ҳозиранд: бигзор ба онҳо шикоятҳои худро оварда сулоранд; 39 «Вале агар талаби дигаре дошта бошед, он бояд дар маҳкамаи шаръӣ яктарафа шавад; 40 «Зеро хавфи он аст, ки мо барои рафтори имрӯза ба балвогарӣ айбдор шавем, ва мо ҳеҷ далеле надорем, ки барои чунин ҷамъомад онро сабаб нишон диҳем». Инро гуфта, издиҳомро пароканда кард.

Аъмоли 20

Павлус дар Макдуния ва Юнон

1 ПАС аз он ки ин шӯру ғавғо хотима ёфт, Павлус шогирдонро даъват намуда, хайру маъзур кард ва ба Мақдуния равона шуд. 2 Дар он ноҳия гашта, бисьёр насиҳат дод ва ба Юнон омад; 3 Дар он ҷо се моҳ истод; азбаски яҳудиён ба мукрбили ӯ ошӯб бардоштанд, ӯ аэми сафари Сурия кард ва ба фикре омад, ки бо роҳи Мақдуния гашта равад. 4 То ба вилояти Осиё ҳамроҳи ӯ инҳо рафтанд: Супотрус аз аҳли Бирия, Ористархус ва Секундус аз аҳли Таслӯникӣ, Ғоюс аз Дарба, Тимотиюс ва аз мардуми Осиё Тӯхиқӯс ва Трофимус. 5 Инҳо аз мо пештар рафта, дар Трӯос мунтазири мо шуданд.

Павлус дар Труос

6 Лекин мо пас аз айеми иди фатир аз Филиппӣ бо киштй рафтем ва баъд аз панҷ рӯз ба Трӯос назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз истодем. 7 Рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон барои нон шикастан ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд> бо онҳо мусоҳиба намуд, ва суханаш то нисфи шаб давом кард. 8 Дар болохонае ки мо ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисьёре месӯхт. 9 Офтихӯс ном чавоне ки бар остонаи тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки мусоҳибаи Павлус тӯл мекашид, хоби сахташ бурда, баногоҳ аз ошьёнаи сеюм ба зер афтод, ва чун ӯро бардоштанд, мурда буд. 10 Павлус поён фуромада, худро болои ӯ партофт ва ӯро дар оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир накашед, зеро ки ҷони ӯ дар ӯст». 11 Баъд боло баромад ва нонро шикаста, хӯрд ва то субҳ гуфтугӯи бисьёре карда, ба роҳи худ равона шуд. 12 Дар ин миён он ҷавонро зинда оварданд, ва ҳотирашон хеле осуда шуд.

Аз Труос ба Милитус

13 Мо зуд ба киштӣ савор шуда, ба Асӯс рафтем, то ки аз он ҷо Павлусро ҳамроҳи худ бигирем, зеро ки ҳамин тавр амр фармуда буд, ва ӯ ният дошт ба он ҷо пиёда равад. 14 Вақте ки дар Асӯс бо мо вохӯрд, ӯро ҳамроҳи худ гирифта, ба Митилинӣ омадем. 15 Аз он ҷо бо киштӣ равона шуда, рӯзи дигар дар рӯ ба рӯи Хиюс бозистодем; рӯзи сеюм ба Сомӯс расидем ва дар Труҷилиюн истода, фардои он вориди Милитӯс шудем, 16 Зеро ки Павлус ният дошт аз паҳлуи Эфсӯс гузашта равад, то ки дар вилояти Осиё даранг накунад, чунки ӯ таъҷил менамуд, ки ба қадри имкон дар арафаи иди Пантикост дар Ерусалим бошад.

Павлус дар Милитус. Видоъ бо пирони калисои Эфсус

17 Аз Милитус ба Эфсӯс кас фиристода, пирони калисоро даъват намуд, 18 Ва ҳангоме ки назди ӯ омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи авваЯи ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам, 19 «Дар ҳолате ки бо камоли фурӯтанӣ, бо ашкҳои бисьёр ва бо машаққатҳое ки ба туфайли дасисаҳои яҳудиён ба сарам меомад, ба Худованд хизмат кардам, 20 «Ва чй гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба ҳона гашта, ба шумо мавъиза намудам ва таълим додам 21 «Ва ба яҳудиён ва юнониён ҳотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд. 22 «Ва инак, ҳоло бо тақозои Рӯҳ ба Ерусалим меравам ва аз он чи дар он ҷо ба сарам ҳоҳад омад, чизе намедонам, 23 «Чуз ин ки Рӯҳулкудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегӯяд, ки занҷирҳои асорат ва укубатҳо барои ман муҳайёст. 24 «Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он ҳизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам. 25 «Ва алҳол инро медонам, ки ҳамаи шумо, ки дар байнатон гашта, Малакути Худоро мавъиза намудаам, дигар рӯи маро нахоҳед дид. 26 «Бинобар ин имрӯз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки ман аз хуни ҳамаатон мубарро ҳастам, 27 «Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам. 28 «Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулкудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед. 29 «Зеро ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо ҳоҳанд омад, ки ба рама раҳме наҳоҳанд кард, 30 «Аз миёни худатон низ шахсоне пайдо ҳоҳанд шуд, ки суханони каҷ ҳоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд. 31 «Бинобар ин ҳушьёр бошед ва дар ҳотир нигоҳ доред, ки чӣ гуна ман дар давоми се сол, рӯзонаю шабона ашк реҳаа, ҳар яке аз шуморо таълим додам. 32 «Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад. 33 «Ман ба симу зар ё пероҳани касе чашм надӯхтаам: 34 «Худатон медонед, ки ҳамин дастҳои ман барои таъмини эҳтиёҷоти худам ва ҳамроҳонам ҳизмат кардааст. 35 «Бо тамоми рафтори худ ман ба нгумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ӯ гуфтааст: "Додан аз гирифтан беҳтар аст"». 36 Баъд аз гуфтани ин суханон зону зада, бо ҳамаашон дуо гуфт. 37 Ҳама гирьяи бисьёр карданд ва Лавлусро ба оғӯш кашида, мебӯсиданд. 38 Алалхусус аз чунин сухани ӯ хеле ғамгин щуданд, ки гуфта буд: "Рӯи маро дигар нахоҳед дид". Ва ӯро то киштӣ гуселониданд.

Аъмоли 21

Аз Милишус ба Сур

1 БО онҳо хайру маъзур карда, бо киштӣ равона шудем ва рост ба Кос омадем; рӯзи дигар ба Рудс ва аз он ҷо ба Потра расидем; 2 Дар он ҷо киштие ёфтем, ки ба Финиқия рафтанӣ буд, ва ба он савор шуда, ҳаракат кардем. 3 Қаприсро, ки аз дур намоён шуд, ба тарафи чап монда, сӯи Сурия равона шудем ва дар Сӯр лангар андохтем, зеро ки дар он ҷо мебоист бори киштиро мефуроварданд;

Руҳулқудс Павлусро аз сафари Ерусалим ншоҳ медорад

4 Дар он ҷо шогирдонро пайдо карда, ҳафт рӯз истодем; онҳо аз Рӯҳ илҳом ёфта, ба Павлус гуфтанд, ки ба Ерусалим наравад. 5 Чун вақти мо ба охир расид, боз ба роҳ даромадем, ва ҳама бо занону бачаҳошон моро то беруни шаҳр гусел карданд; мо дар соҳили баҳр зону зада, дуо гуфтем 6 Ва бо ҳамдигар хаиру хуш карда, ба киштй даромадем, ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд. 7 Аз Сӯр сафари худро бо киштӣ давом дода, ба Птолимус расидем ва дар он ҷо бо бародарон мулоқот карда, як рӯз дар наздашон истодем.

Павлус дар Қайсария

8 Рӯзи дигар Павлус ва мо, ки ҳамроҳащ будем, он ҷоро тарк карда, ба Қайсария омадем ва ба хонаи Филиппуси башоратдиҳанда, ки яке аз ҳафт нафар буд, даромада, назди ӯ мондем. 9 Ӯ чор духгари бокира дошт, ки нубувват мекарданд. 10 Баъд аз чандин рӯзе ки дар он ҷо будем, Оғобус ном набие аз Яҳудо омад 11 Ва назди мо даромада, камарбанди Павлусро гирифту дастҳо ва пойҳои худро бо он баст ва гуфт: «Рӯҳулкудс мегӯяд, ки яҳудиён дар Ерусалим соҳиби ин камарбандро ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён хоҳанд супурд». 12 Вақте ки инро шунидем, мо ва аҳли он ҷо илтимос кардем, ки ӯ ба Ерусалим наравад. 13 Аммо Павлус дар ҷавоб гуфт: «Ин чӣ корест, ки пгумо мекунед? Чаро бо гирьяи худ дили маро мешиканед? Зеро ки ман тайёрам на танҳо бандӣ шавам, балки дар Ерусалим ба хотири исми Исои Худованд бимирам».

Павлус дар Ерусалим

14 Чун ба гапи мо надаромад, ба ҷуз ин сухан: "Он чи хости Худованд аст, бишавад!" - чизи дигар нагуфтем. 15 Баъд аз он рӯзҳо мо тадоруки сафарро дида, сӯи Ерусалим равона шудем; 16 Баъзе аз шогирдони сокини Қайсария низ ҳамроҳи мо омада, моро ба хонаи Маносӯн ном шахсе ки аз аҳли Қаприс ва шогирди дерина буд, оварданд, то ки назди ӯ манзил кунем. 17 Вақте ки вориди Ерусалим шудем, бародарон моро бо хурсандй пазирой карданд.

Павлус мувофики шариати яҳудиён назр мекунад ва ҳадияи таҳоратро меоварад

18 Рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи мо назди Яъқуб омад; ҳамаи пирон низ ҳозир шуданд. 19 Пас аз салому аҳволпурсй аз он чи Худо ба василаи хизмати ӯ дар миёни ғайрияҳудиён ба амал оварца буд, муфассал нақл кард. 20 Чун шуниданд, Худоро ҳамду сано хонцанд ва ба ӯ гуфтанд: «Эй бародар, чунон ки мебинй, чандин ҳазор яҳудиён имон овардаанд ва ҳамаашон ғаюрони шариат мебошанд; 21 «Онҳо дар бораи ту шунидаанд, ки ба ҳамаи яҳудиёне ки дар миёни халққо умр ба сар мебаранд, таълим медиҳй, ки аз Мусо дур шаванд, ва мегӯй, ки писарони худро хатна накунанд ва қоидаҳои шариатро ба ҷо наоваранд. 22 «Пас, чӣ бояд кард? Албатта мардум ҷамъ хоҳанд шуд, зеро ки аз омаданат ҳабар хоҳанд ёфт. 23 «Бинобар ин он чи ба ту мегӯем, ба ҷо овар: назди мо чор одам ҳастанд, ки назре кардаанд; 24 «Онҳоро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намо ва ҳарҷашонро ба гарданат бигир, то ки онҳо мӯйсари худро битарошанд, - ва ҳама ҳоҳанд фаҳмид, ки он чи дар бораи гу шунидаанд, асосе надорад, балки худат ҳам мувофиқи шариат рафтор мекунӣ. 25 «Лекин дар хусуси онҳое ки аз байни ғайрияҳудиён имон овардаанд, мо навишта ва амр фармуда будем, ки ба чизе риоя накунанд, балки фақат аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гӯшти ҳайвоноти буғишуда ва аз зино парҳез намоянд». 26 Павлус он одамонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намуд ва рӯзи дигар ба маъбад даромад ва анҷоми рӯзҳои таҳоратро, ки бояд барои ҳар яке аз онҳо ҳадияе пешкаш карда шавад, эълон кард.

Павлусро яҳудиён дар маъбад дастгир карданд

27 Вакте ки ҳафт рӯз ба охир мерасид, яҳудиёни аҳли вилояти Осие" ӯро дар маъбад дида, тамоми мардумро ба шӯр оварданд ва ба ӯ дасти тааддӣ дароз карданд 28 Ва фарьед зада, гуфтанд: «Эй мардони Исроил, мадад кунед! Ин ҳамон касест, ки ҳамаро дар ҳар ҷо бар зидди қавм ва шариат ва бар зидди ин макон таълим медиҳад, дар айни ҳол юнониҳоро низ ба маъбад дароварда, ин макони мукаддасро палид кардаст». 29 Зеро ки пеш аз ин онҳо Трофимуси эфсӯсиро бо ӯ дар щаҳр дида буданд ва гумон карданд, ки Павлус вайро ба маъбад овардааст. 30 Тамоми шаҳр ба ҷунбиш омад, мардуми бисьёре ҷамъ шуданд ва Павлусро дастгир карда, аз маъбад берун бароварданд ва дарҳол дарҳоро бастанд. 31 Вакте ки онҳо қасди ҷони ӯ мекарданц, ба мириҳазори сипоҳ ҳабар расид, ки тамоми Ерусалим ба ошӯб омадааст; 32 Вай дарҳол сарбозон вамирисадҳоро бо худ гирифта, сӯи онҳо шитофт, ва ҳангоме ки онҳо мириҳазор ва сарбозонро диданд, аз задани Павлус даст кашиданд.

Павлусро бо ду занҷир мебанданд

33 Мириҳазор наздик омада, ӯро дастгир кард ва амр фармуд, ки ӯро бо ду занҷир бибанданд, ва пурсид, ки ин кист ва чӣ гуноҳе кардааст? 34 Аз байни издиҳом дод зада, баъзеҳо як чиз ва баъзеҳо чизи дигар мегуфтанд, ва азбаски вай аз боиси шӯру ғавғо ҳақиқати ҳолро фаҳмида натавонист, фармон дод, ки ӯро ба қалъа баранд. 35 Вақте ки ӯ ба зинапоя расид, сарбозонро лозим омад, ки ба сабаби хашми мардум ӯро бардошта баранд, 36 Зеро ки мардуми бисьёре аз қафо омада, фарьёд мезаданд, ки "ӯро бикушед!" 37 Пеш аз он ки вориди қалъа шаванд, Павлус ба мириҳазор гуфт: «Оё ҷоиз аст ба ту чизе бигӯям?» Гуфт: «Оё забони юнониро медонӣ? 38 «Оё ту ҳамон мисрие нестӣ, ки якчанд рӯз пеш аз ин, фитнае барангехта, чор ҳазор одамкушро бо худ ба биёбон бурд?» 39 Павлус гуфт: «Ман яҳуди ҳастам, аз Тарсус, табааи Қилиқия, ки шаҳри машҳур аст, хоҳшимандам иҷозат бидеҳ, то ки ба мардум суҳане гӯям». 40 Вақте ки иҷозат дод, Павлус дар болои зина истода, бо дасташ ба мардум ишора кард, ва ҳамин ки хомӯшии том барқарор гашт, ба забони ибронӣ ба сухан шурӯъ намуда, чунин гуфт:

Аъмоли 22

Ба хузури мардуми бисьёр худро ҳимояш кардани Павлус

1 «ЭЙ бародарон ва эй падарон! Он чиро, ки пеши шумо барои муҳофизати худ арз менамоям, гӯш кунед». 2 Чун шуниданд, ки ба онҳо ба забони ибронӣ сухан мекунад, боз зиёдтар хомӯш шуданд. Ӯ гуфт: 3 «Ман яхудӣ ҳастам, ки дар Тарсуси Қилиқия таваллуд шудаам ва дар ин шаҳр дар хизмати "Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бодиққат омӯҳтаам ва дар роҳи Худо ғаюр будам, чунон ки ҳамаи шумо имрӯз ҳастед; 4 «Ва ин тариқатро то ба дараҷаи марг таъқиб менамудам ва мардону занонро побанд карда, дар зиндон меандохтам; 5 «Дар бораи ман саркоҳин ва ҳамаи пирон низ шаҳодат ҳоҳанд дод, ки ман аз онҳо номаҳо гирифта, ба Димишқ назди бародарон рафта будам, то ки дар он ҷо масеҳиёнро бандӣ карда, барои ҷазо ба Ерусалим биёрам; 6 «Аммо дар аснои роҳ, вакте ки ба Димишқ наздик меомадам, қариби пешин баногоҳ нури азиме аз осмон давродаври ман дурахшид; 7 «Бар замин афтодам ва овозе шунидам, ки ба ман мегуфт: "Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?" 8 «Ба ҷавоб гуфтам: "Худовандо, Ту кистӣ?" Ӯ ба ман гуфт: "Ман он Исои Носирй ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ". 9 «Онҳое ки ҳамроҳи ман буданд, нурро дида, ҳаросон шуданд, вале овози Он Касро, ки бо ман сухан мегуфт, намешуниданд. 10 «Он гоҳ ман гуфтам: "Худовандо! Чӣ кунам!" Худованд ба ман гуфт: "Бархез ва ба Димишқ бирав, ва дар он ҷо ҳар коре ки бояд бикунӣ, ба ту гуфта ҳоҳад шуд". 11 «Азбаски ман аз дурахши он нур нобино пгуда будам, ҳамроҳонам аэ дастам гирифта, маро ба Димишқ бурданд. 12 «Ҳанониё ном марди порсои мутеи шариат, ки дар миёни ҳамаи яҳудиёни сокини Димишқ некном буд, 13 «Назди ман омада, истоду ба ман гуфт: "Эй бародар Шоул! Бино шав". Дарҳол чащмонам кушода шуду ман ӯро дидам. 14 «Ӯ гуфт: "Худои падарони мо туро баргузидааст, то ки иродаи Ӯро дарк намоӣ ва Он Одилро бубинӣ ва аз забонаш сухане бишнавӣ, 15 "Чунки аз он чи дидаӣ ва шунидай, дар пеши тамоми мардум шоҳиди Ӯ хоҳӣ шуд; 16 "Пас, чаро таъҳир мекунй? Бархез ва таъмид бигир ва исми Ӯро хонда, аз гуноҳҳои ҳуд пок шав". 17 «Вақте ки ба Ерусалим баргашта, дар маъбад дуо мегуфтам, дар ҳолати бехудӣ афтодам 18 «Ва Ӯро дидам, ки мегуфт: "Шитоб намо ва аз Ерусалим зудтар равона шав, чунки шаҳодати туро дар ҳаққи Ман қабул нахоҳанд кард". 19 «Гуфтам: "Худовандо! Онҳо медонанд, ки ман мӯъминони Туро дар зиндон меандоҳтам ва дар куништҳо шаллоқ мезадам, 20 "Ва ҳангоме ки хуни шоҳиди Ту Истефанусро мерехтанд, ман дар он ҷо истода, қатли ӯро таҳсин менамудам ва либосҳои қотилони ӯро посбонӣ мекардам". 21 «Аммо Ӯ ба ман гуфт: "Равона шав, зеро ки Ман туро ба ҷойҳои дур сӯи ғайрияҳудиён хоҳам фиристод"». 22 То ҳамин суханаш ба ӯ гӯш доданд; сонӣ фарьёд заца, гуфтанд: «Чунин шахсро аз рӯи замин маҳв кунед! Зеро ки набояд ӯ зинда бимонад». 23 Дар ҳамон вақте ки онҳо дод мезаданд, ҷомаҳои худро мепартофтанд ва чангу ғубор ба ҳаво мебардоштанд, 24 Мириҳазор амр фармуд, ки ӯро ба қальа дароварда, тозиёна зананд, то фаҳманд, ки аз чӣ сабаб бар ӯ ин қадар фарьед мезананд. 25 Вақте ки ӯро бо тасмаҳомебастанд,ба мирисаде ки наздаш истода буд, гуфт: «Оё бар шумо ҷоиз аст, ки табааи Румро, бе он ки маҳкум шуда бошад, тозиёна занед?» 26 Чун мирисад инро шунид, назди мириҳазор рафта, хабар дод ва гуфт: «Оё медонӣ, чӣ мекунӣ? Ин шахс табааи Рум аст». 27 Мириҳазор назди ӯ омада, пурсид: «Ба ман бигӯй, ки оё ту табааи Рум ҳастй?» гуфт: «Оре». 28 Мириҳазор гуфт: «Ман ин табаиятро ба бадали маблағи калон ба даст овардаам». Павлус гуфт: «Аммо ман бо он ба дуньё омадаам». 29 Дарҳол онҳое ки ӯро шиканҷа карданӣ буданд, аз ӯ даст кашиданд; мириҳазор низ, румӣ будани ӯро фаҳмида, ҳаросон шуд, ки ӯро занҷир зада буд. 30 Рӯзи дигар, бо мақсади донистани он ки барои чӣ яхудиён ӯро айбдор мекунанд, ӯро аз завлона озод кард ва амр фармуд, ки саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон ҷамъ шаванд, ва Павлусро бароварда, назди онҳо ба по хезонд.

Аъмоли 23

Павлус ба ҳузури шӯрои пирои

1 ПАВЛӮС ба шӯрои пирон назар дӯҳта, гуфт: «Эй бародарон! Ман то имрӯз дар хузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам». 2 Саркоҳин Ҳанониё ба онҳое ки назди ӯ истода буданд, фармон дод, ки ба даҳонаш як торсакӣ зананд. 3 Павлус ба вай гуфт: «Худо туро хоҳад зад, эй девори сафедшуда! Ту нишастаӣ, ки маро аз рӯи шариат доварӣ кунӣ, вале бар хилофи шариат амр медиҳй, ки маро бизананд». 4 Онҳое ки назди ӯ истода буданд, гуфтанд: «Саркоҳини Худоро дашном медиҳй?» 5 Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро ки навишта шудааст: "Ба пешвои қавми худ носазо нагӯй"». 6 Вақте ки Павлус фаҳмид, ки як қисми онҳо саддуқиён ва қисми дигарашон фарисиен мебошанд, дар шӯрои пирон нидокунон гуфт: «Эй бародарон! Ман фарисӣ ва фарзанди фарисй ҳастам, ва аз барои умеди эҳьёи мурдагон дар ин ҷо муҳокима карда мешавам». 7 Ҳамин ки ин суханонро гуфт, дар миёни фарисиён ва саддуқиен низоъ афтод, ва аҳли ҷамъомад ду тақсим шуданд; 8 Зеро саддуқиён мегӯянд, ки на эҳьё вуҷуд дорад, на фаришта ё рӯҳ, аммо фарисиен ин ҳар дуро зътироф менамоянд. 9 Ғавғои азиме ба амал омад, ва китобдонони фирқаи фарисиен бархоста, баҳскунон гуфтанд: «Мо дар ин шахс ҳеҷ бадӣ намебинем; ва агар рӯҳе ё фариштае ба вай сухан гуфта бошад, ба Худо муқобилат нахоҳем кард». 10 Аммо азбаски ихтилофот қувват гирифт, мириҳазор аз хавфи он ки Павлусро тиккатикка кунанд, ба сарбозон фармон дод, ки ӯро аз миёни онҳо гирифта, ба қалъа дароранд. 11 Ҳамон шаб Худованд ба у зоҳир шуда, гуфт: «Ӯстувор бош, Павлус, ва ҷй тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳй».

Суиқасди яхудиён ба муқобили Павлус

12 Чун чашми рӯз кушода шуд, баъзе азяҳудиён забон як карда, қасам хӯрданд, ки то Павлусро накушанд, ба ҳеҷ хӯрданӣ ва нӯшиданй Лаб назананд; 13 Шумораи онҳое ки чунин ахд карда буданд, бештар аз чиҳил нафар буд; 14 Онҳо назди саркоҳинон ва пирон рафта, гуфтанд: «Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем; 15 «Акнун шумо ва шӯрои пирон ба мириҳазор ҳабар диҳед, ки фардо ӯро назди шумо бароварад, гӯё ки меҳоҳед кори ӯро аниқтар дида бароед; ва мо тайёр ҳастем, ки ӯро, пеш аз наздик омаданаш, бикушем». 16 Аммо ҳоҳарзодаи Павлус аз қасди онхо воқиф шуд ва рафта, ба қалъа даромад ва Павлусро хабардор кард. 17 Павлус яке аз мирисадҳоро даъват намуда, гуфт: «Ин ҷавонро назди мириҳазор бибар, зеро чизе дорад, ки ба ӯ бигӯяд». 18 Вайро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт: «Павлуси бандӣ маро даъват намуда, ҳоҳиш кард, ки ин ҷавонро назди ту биёрам, зеро чизе дорад, ки ба ту бигӯяд». 19 Мириҳазор дасти ваиро гирифта, ба хилватгоҳе бурд ва пурсид: «Чӣ чиз аст, ки меҳоҳӣ ба ман бигӯӣ?» 20 Гуфт: «Яҳудиён маслиҳатро ба як ҷо мондаанд, ки аз ту хоҳиш кунанд, то Павлусро фардо назди шӯрои пирон барорӣ, гӯё ки онҳо меҳоҳанд кори ӯро аниқгар тафтиш намоянд; 21 «Аммо ту ба онҳо гӯш надеҳ, зеро ки бештар аз чиҳил нафарашон дар сари роҳи ӯ камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ӯро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд; ва ҳоло онҳо тайёр шуда, мунтазири фармоиши ту истодаанд». 22 Мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода, гуфт: «Ба ҳеҷ кас нагӯ, ки маро аз ин роз ҳабардор кардаӣ».

Павлус ба Қайсария назди Феликс фиристода шуд

23 Сонй думирисадро даъват намуда, гуфт: «Дусад сарбоз ва ҳафтод савора ва дусад найзаандозро омода кунед, то ки имшаб соати сеюм ба Қайсария бираванд. 24 Инчунин маркабҳо ҳозир созед, то ки Павлусро савор карда, ба саломатӣ назди Феликси ҳоким равона намоед». 25 Ӯ номае ба ин мазмун навишт: 26 «Клавдиюс Лисиёс ба мӯҳтарам Феликси ҳоким салом мерасонад; 27 «Ин одамро яҳудиён дастгир карда буданд ва қасди куштани ӯро доштанд; чун фаҳмидам, ки фуқарои Рум аст, бо сарбозон рафта, аз дасташон раҳонидам; 28 «Азбаски хостам бидонам, ки бар ӯ чй даъво доранд, ӯро ба шӯрои пирони онҳо овардам 29 «Ва донистам, ки ӯро дар ақидаҳои баҳсноки оид ба шариаташон айбдор мекунанд, вале ӯ ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад; 30 «Чун ба гӯшам расид, ки яҳудиён қасди ҷони ин одам доранд, фавран ӯро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш низ амр фармудам, ки даъвоҳои худро дар ҳаққи ӯ дар ҳузури ту баён кунанд; вассалом». 31 Сарбозон мувофиқи дастуре ки ба онҳо дода шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис бурданд. 32 Ва рӯзи дигар ба саворон вогузор карданд, ки бо ӯ бираванд, ва худашон ба қалъа баргаштанд. 33 Ҳамин ки онҳо ба Қайсария расиданд, номаро ба дасти ҳоким супурда, Павлусро низ назди ӯ ҳозир сохтанд. 34 Ҳоким номаро хонда, пурсид, ки ӯ аз кадом вилоят аст, ва чун фаҳмид, ки аз Қилиқия аст, гуфт: 35 «Вақте ки даъвогарони ту ҳозир шаванд, сухани туро ҳоҳам шунидк Ва амр фармуд, ки ӯро дар сарбозхонаи Ҳиродус нигоҳ доранд.

Аъмоли 24

Павяус ба ҳузури Феликс

1 БАЪД аз панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё бо пирон ва Тартуллӯс ном нотиқе омад, ва онҳо ншкояти худро дар ҳаққи Павлус ба ҳоким супурданд. 2 Вақте ки Павлусро даъват карданд, Тартуллус ба айбдор кардани ӯ шурӯъ намуда, гуфт: 3 «Эй Феликси мӯҳтарам, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо камоли миннатдорӣ зътироф менамоем, ки дар сояи ту осоиши комил дорем, ва ба туфайли ғамхӯрии ту ин қавм ба некӯаҳволй расидааст; 4 «Вале, барои он ки туро бисьёр заҳмат надиҳам, аз ту ҳоҳишмандам, ки илтифот намуда, мухтасаран арзи моро бишнавй: 5 «Зеро ки ин одамро фасодангез ёфтаем, ки ӯ дар миени ҳамаи яҳудиёни рӯи олам ошӯб меандозад ва сардастаи бидъати носирӣ мебошад, 6 «Ва ҳатто саъю кӯшиш намудааст, ки маъбадро палид гардонад, ва мо ӯро дастгир кардем, то ки аз рӯи шариати худ бар ӯ доварӣ намоем, 7 «Аммо Лисиеси мириҳазор омада, ӯро бо зӯрӣ аз дасти мо гирифт 8 «Ва амр фармуд, ки даъвогарони ӯ назди ту биёянд; ҳудат метавонӣ тафтиш намуда, ҳар он чиро, ки мо бар ӯ даъво дорем, аз худи ӯ бифаҳмй». 9 Яҳудиён суханони ӯро тасдиқ карда, гуфтанд, ки чунин аст.

Худро сафед кардани Павлус

10 Чун ҳоким ба Павлус ишора кард, ки сухан гӯяд, ӯ ба ҷавоб гуфт: «Азбаски медонам, ки ту чандин сол боз довари ин қавм ҳастй, ман кори худро дилпурона муҳофизат менамоям; 11 «Ту метавонӣ бифаҳмӣ, ки аз дувоздаҳ рӯз зиёд нагузаштааст, ки ман барои ибодат ба Ерусалим рафта будам; 12 «Ба маро ҳеҷ кас надидааст, ки дар маъбад, ё дар куништҳо ва ё дар шаҳр бо касе мубоҳиса карда бошам ё ки дар байни мардум ошӯб андохта бошам; 13 «Низ он чиро, ки ҳоло бар ман даъво менамоянд, исбот карда наметавонанд; 14 «Лекин инро назди ту иқрор мекунам, ки аз рӯи тарикате ки онҳо бидъат меноманд, ман дар ҳақиқат Худои падаронро ибодат менамоям, дар ҳолате ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқод дорам 15 «Ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳьёи мурдагон дар пеш аст; 16 «Бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам наэди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад; 17 «Баъд аз чандин сол ман омадам, то ки ба халқи худ садақот биёрам ва ҳадия пешкаш бикунам, 18 «Ва дар ҳолате ки таҳорат ёфта будам, ва дар гирду пешам на мардуме буд, на ғавғое, маро дар маъбад чанд нафар яхудиёни вилояти Осиё диданд, 19 «Ки онҳо низ мебоист дар ин ҷо назди ту меистоданд ва, агар чизе бар зидди ман дошта бошанд, даъво мекарданд, 20 «Ё худи инҳо бигӯянд, ки аз ман, вақте ки назди шӯрои пирон истода будам, чй хатое дидаанд, 21 «Чуз он як сухан, ки дар миёни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам, ки аз барои эҳьёи мурдагон имрӯз пеши шумо муҳокима карда мешавам». 22 Феликс, ки аз ин тариқат ба ҳубӣ огоҳй дошт, муҳокимаро ба таъхир андохта, гуфт: «Вақте ки Лисиёси мириҳазор биёяд, кори шуморо тафтиш хоҳам кард». 23 Ва ба мирисад амр фармуд, ки Павлусро дар бандиҳона нигоҳ дорад, лекин ба ӯ сабукӣ диҳад ва ба ҳеҷ касе аз наздиконаш, ки барои ҳизмат ё мулоқоти ӯ меоянд, монеъ нашавад.

Павлус бори дуюм ба ҳузури Феликс

24 Баъд аз чанд рӯз Феликс бо ҳамсари ҳуд Друсила, ки занаки яҳудй буд, омад ва Павлусро даъват намуда, суханони ӯро дар бораи имон ба Масеҳ гӯш кард. 25 Аммо вақте ки ӯ дар бораи адолат, парҳезгорй ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод: «Алҳол бирав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват хоҳам кард». 26 Дар айни ҳол вай умедвор буд, ки Павлус ба вай пул медиҳад, то ки ӯро озод кунад; бинобар ин ӯро дам ба дам даъват намуда, бо ӯ мусоҳиба мекард.

Ду соли оромя дар Қайсария

27 Лекин баъд аз гузаштани ду сол Поркиюс Фестус ба ҷои Феликс таъин шуд, ва Феликс, ки мехост яҳудиёнро хурсанд созад, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт.

Аъмоли 25

Павлус ба ҳузури Фесшус

1 ЧӮН Фестус ба вилоят омад, баъд аз се рӯз аз Қайсария ба Ерусалим рафт. 2 Саркоҳин ва бузургони яҳудиён даъвои худро нисбат ба Павлус ба вай фаҳмонданд ва гапи худро маъқул карданд. 3 Ва илтимос карданд, ки ба онҳо илтифот намуда, ӯро ба Ерусалим биёрад; онҳо қасд доштанд, ки ӯро дар роҳ ба қатл расонанд. 4 Аммо Фестус ба ҷавоб гуфт, ки «Павлус дар Қайсария маҳбус аст, ва худи ман ба қарибӣ ба он ҷо бармегардам». 5 «Бинобар ин», гуфт вай, «онҳоеки аз шумо метавонанд, ҳамроҳи ман биёянд, ва агар ин шахс айбе дошта бошад, бар ӯ даъво кунанд». 6 Дар миёни онҳо аз ҳашт ё даҳ рӯз зиёд намонда, ба Қайсария баргашт, ва рӯзи дигар бар курсии доварӣ нишаста, амр фармуд, ки Павлусро биёранд. 7 Вақте ки ӯ ҳозир шуд, яҳудиёне ки аз Ерусалим омада буданд, даври ӯро гирифта, бисьёр айбҳои гаронро ба гардани ӯ бор карданд, ки онҳоро исбот карда наметавонистанд. 8 Вале ӯ худро муҳофизат намуда, гуфт: «Ман на бар зидди шариати яҳудиён, на бар зидди маъбад ва на бар зидди қайсар ҳеҷ ҷинояте накардаам». 9 Фестус, ки мехост дили яҳудиёнро ёбад, дар ҷавоби Павлус гуфт: «Оё мехоҳӣ ба Ерусалим биравӣ, то ки ман туро дар он ҷо дар ин бобат доварй намоям?»

Павлус доварии қайсарро талаб мекунад

10 Павлус гуфт: «Ман дар маҳкамаи қайсар истодаам, ва муҳокимаи ман бояд дар ҳамин ҷо ба амал ояд; ман ба яҳудиён ҳеҷ бадй накардаам, чунон ки худат ҳам инро ба хубӣ медонӣ; 11 «Агар бадие ё ягон кори сазовори марг карда бошам, аз мурдан ибое надорам; лекин агар аз он айбҳое ки инҳо ба гардани ман мемонанд, дар ман ҳеҷ чизе набошад, касе ҳақ надорад маро ба дасти онҳо бисупорад; ман доварии қайсарро талаб мекунам». 12 Фестус бо мушовиронаш маслиҳат карда, дар ҷавоби ӯ гуфт: «Модоме ки доварии қайсарро талаб мекунӣ, назди қайсар хоҳӣ рафт».

Павлус ба ҳузури подшоҳ Ағрипос. Беайб донистани Павлус

13 Баъд аз чанд рӯз подшоҳ Ағрипос ва Бернико ба Қаисария омаданд, то ки Фестусро муборакбод кунанд. 14 Чун рӯзҳои зиёде дар он ҷо истоданд, Фестус ба подшоҳ кори Павлусро ҳикоят карда, гуфт: «Шахсе ҳаст, ки Феликс ӯро дар зиндон нигоҳ доштааст, 15 «Ва ҳангоме ки дар Ерусалим будам, саркоҳинон ва пирони яҳудӣ дар бораи ӯ ба ман гап заданд ва маҳкумияги ӯро талаб карданд. 16 «Дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки расму таомули румиён ин нест, ки касеро ба марг таслим кунанд, бе он ки аввал айбдорро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ карда, ба вай имконият диҳанд, ки худро аз айбҳо сафед кунад. 17 «Бинобар ин, вақте ки онҳо ба ин ҷо омаданд, ман бе таъхир, фардои он, бар курсии доварӣ нишастам ва амр фармудам, ки он шахсро биёранд. 18 «Аммо даъвогарон бархоста, аз он чи ман гумон цоштам, ҳеҷ як айберо ба гардани ӯ монда натавонистанд, 19 «Балки бо ӯ фақат дар бораи парастиши Худои худ ва дар бораи Исо ном шахсе ки мурдааст, вале Павлус мегуфт, ки Ӯ зинда аст, ихтилофи ақида доштанд. 20 «Чун дар ҳалли ин масъала душворӣ кашидам, ман гуфтам: "Ое ӯ мехоҳац ба Ерусалим биравад, то ки муҳокимаи ӯ дар он ҷо ба амал ояд?" 21 «Аммо Павлус талаб кард, ки ӯро барои доварии Авғустус маҳфуз дорам, бинобар ин ман амр фармудам, ки то вакте ки ӯро назди қайсар бифиристам, ӯ дар ҳабс нигоҳ дошта шавад». 22 Ағрипос ба Фестус гуфт: «Ман ҳам мехостам суханони ин шахсро бишнавам». Дар ҷавоб гуфт: «Фардо хоҳӣ шунид». 23 Рӯзи дигар, вақте ки Ағрипос ва Бернико бо ҳашамати бузурге омада, бо мириҳазорон ва бузургони шаҳр ба маҳкама дохил шуданд, бо фармони Фестус Павлусро оварданд. 24 Фестус гуфт: «Эй поцшоҳ Ағрипос ва эй ҳамаи мардумоне ки дар ин ҷо ҳузур доред! Инак, шумо ҳамон шахсро мебинед, ки тамоми ҷамоати яхудиён, чи дар Ерусалим ва чи дар ин ҷо, ба ман аз ӯ шикоят қардаанд ва фарьёд зада гуфтаанд, ки ӯ набояд дигар зинда бимонад; 25 «Лекин ман, чун дидам, ки ӯ ҳеҷ кори сазовори марг накардааст ва ҳудаш низ доварии Авғустусро талаб намуд, ба ин сабаб қарор додам, ки ӯро ба он ҷо бифиристам; 26 «Азбаски ҳеҷ чизи дурусте надорам, ки дар ҳаққи ӯ ба олиҳазрат бинависам, бинобар ин ӯро назди шумо ва алалхусус назди ту, подшоҳ Ағрипос, овардам, то ки дар натиҷаи таҳкиқ чизе барои навиштанам пайдо кунам; 27 «Зеро ба назарам хилофи ақл менамояд, ки бандиеро фирисТонаму айбҳои ба гарданаш мондашударо нишон надиҳам».

Аъмоли 26

Ба ҳузури Ағрипос худро ҳимоят кардани Павлус

1 АҒРИПОС ба Павлус гуфт: «Ба ту иҷозат дода мешавад, ки барои ҳимояти ҳуд сухан гуӣ». Он гоҳ Павлус дасти худро дароз карда, барои муҳофизати худ гуфт: 2 «Эй подшоҳ Ағрипос! Бароиҳуд камоли хушбахтӣ медонам, ки имрӯз имконият дорам дар ҳузури ту худро аз ҳамаи айбҳое ки яҳудиён ба гардани ман бастаанд, муҳофизат намоям, 3 «Хусусан ки ту аз ҳамаи расму таомулҳо ва иҳтилофоти байни яҳудиён ба хубӣ воқиф ҳастӣ. Бииобар ин аз ту хоҳишмандам, ки ҳиммат намуда, суҳанони маро бишнавй. 4 «Зиндагии маро, ки аз аввали ҷавониам онро дар миёни қавми ҳудам ва дар Ерусалим гузарондаам, ҳамаи яҳудиён медонанд; 5 «Онҳо аз рӯзҳои аввал маро мешиносанд ва, агар бихоҳанд, метавонанд гувоҳӣ диҳанд, ки ман мувофиқи порсотарин тариқати мазҳаби мо фарисӣ шуда рафтор мекардам. 6 «Ва ҳоло барои умед бастанам ба он ваъдае, ки Худо ба падарони мо додааст, ман муҳокима карда мешавам, 7 «Дар сурате ки дувоздаҳ сибти мо шабу рӯз бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекунанц ба умеди он ки иҷрои ҳамон ваъдаро бубинанд: аз барои ҳамин умед, эй подшоҳ Ағрипос, яҳудиён маро айбдор мекунанд. 8 «Чаро ба назари шумо аз ақл берун менамояд, ки Худо мурдагонро эҳьё мекунад? 9 «Оре, ман ҳам пештар барои ҳуд воҷиб медонистам, ки бар зидди исми Исои Носирӣ ҳар чи зиедтар амал кунам, 10 «Чӣ тавре ки дар Ерусалим мекардам: аз саркоҳинон изн гирифта, бисьёр муқаддасонро дар зиндон меандоҳтам, ва ҳангоме ки онҳоро мекуштанд, бар зиддашон фатво медодам; 11 «Дар ҳамаи куништҳо ҳар дам онҳоро азоб медодам ва маҷбур мекардам, ки куфр бигӯянд, ва азбаски хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзӯр буд, ҳатто дар шаҳрҳои бегона онҳоро таъқиб менамудам. 12 «Боре барои чунин амалиёт бо изн ва супориши саркоҳинон ба Димишқ мерафтам; 13 «Ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва давродаври ман ва ҳамроҳонам дураҳшид. 14 «Ҳамаамон бар замин афтодем, ва ман овозе шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман мегуфт: "Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ? Лагад заданат ба сиҳак душвор аст". 15 «Ман гуфтам: "Худовандо, Ту кистй?" Гуфт: "Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; 16 "Аммо бархез ва бар пои худ биист; зеро барои он ба ту зоҳир шудаам, ки туро ҳодим ва шоҳид таъин намоям бар он чи дидаӣ ва бар он чи ба ту ошкор ҳоҳам кард; 17 "Ва туро раҳой ҳоҳам дод аз дасти ин қавм ва аз дасти ҳалқҳое ки холо туро назди онҳо мефиристам, 18 "То ки чашмони онҳоро воз кунй, ва онҳо аз зулмот ба рӯшноӣ бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд". 19 «Бинобар ин, эй подшоҳ Ағрипос, ба рӯъёи осмонӣ беимонй накардам, 20 «Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ба ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад. 21 «Аз барои ҳамин маро яҳудиен дар маъбад дастгир карданд ва куштанй шуданд. 22 «Аммо Худо ба ман ёр шуд, ва ман то имрӯз зинда мондаам ва ба хурду калон шаҳодат медиҳам ва гапе намезанам ҷуз он чи анбиё ва Мусо гуфтаанд, ки бояд ба вуқӯъ ояд, 23 «Яъне Масеҳ бояд азобу уқубат кашад ва аввалин касе бошад, ки аз мурдагон эҳьё шуда, ба ин қавм ва ба халқҳо аз тулӯи нур хабар расонад». 24 Чун ӯ ба ин тарз худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт: «Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисьёр туро девона кардааст». 25 Гуфт: «Эй Фестуси мӯҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки суханони ҳақиқатро бо ақли солим баён менамоям: 26 «Зеро подшоҳе ки дар ҳузураш далерона сухан меронам, аз ин воқиф аст; ман яқин дорам, ки чизе дар ин бора аз ӯ лӯшида нест, зеро ки ин дар хилватгоҳе воқеъ нашудааст; 27 «Эй подшоҳ Ағрипос, оё ба анбиё имон дорӣ? Медонам, ки имон дорӣ». 28 Ағрипос ба Павлус гуфт: «Кам мондааст маро тарғиб намоӣ, ки масеҳӣ шавам». 29 Павлус гуфт: «Аз Худо мехостам, ки ба андозаи кам ё зиёд на танҳо ту, балки ҳамаи онҳое ки сухани маро мешунаванд, мисли ман гарданд, чуз аз ин занҷирҳо». 30 Чун инро гуфт, подшоҳ ва ҳоким, Бернико ва дигар касоне ки бо онҳо нишаста буданд, бархостанд. 31 Ва онсӯтар рафта, ба якдигар гуфтанд: «Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад». 32 Ағрипос ба Фестус гуфт: «Агарин одамдоварии қайсарро талаб намекард, метавонист озод шавад».

Аъмоли 27

Павлус дар аснои роҳи Рум.

Роҳ пго ба Криш

1 ЧӮН қарор доданд, ки бо киштй ба Итолия равем, Павлус ва чанд бандии дигарро ба мирисади қӯшуни Авғустус, ки Юлиус ном дошт, супурданд, 2 Ба киштии Адрамит савор шуда, ба роҳ даромадем, ки он ният дошт дар наздикии соҳили вилояти Осиё шино кунад; Ористархуси мақдунӣ аз аҳли Таслӯникӣ ҳамроҳи мо буд. 3 Рӯзи дигар ба Сидӯн расидем; Юлиус ба Павлус илтифот намуда, иҷозат дод, ки назди дӯстони худ рафта, лавозимоти сафарашро аз онҳо бигирад. 4 Аз он ҷо равона шуда, дар қарибии Қаприс гузаштем, зеро ки боди мухоЯиф мевазид; 5 Баҳрро дар рӯ ба рӯи Қилиқия ва Памфилия тай намуда, ба Мирои Ликия расидем. 6 Дар он ҷо мирисад киштии Искандарияро, ки ба Итолия мерафт, пайдо карда, моро бар он савор кард. 7 Чандин рӯз оҳистаоҳиста шино карда, базӯр ба Қнидӯс наздик омадем, вале азбаски боди номусоид мевазид, сӯи Крит ба соҳили Салмӯнӣ рондем 8 Ва бо душворӣ аз пеши он гузашта, ба мавзее расидем, ки Бандари Нек ном дошт ва ба шаҳри Ласия наздик буд. 9 Баъд аз гузаштани муддати зиёд, ки сафари баҳр акнун хатарнок шуда буд, зеро ки айёми рӯзадорй ҳам гузашта буд, Павлус онҳоро таъкид намуда, 10 Гуфт: «Эй мардон! Мебинам, ки ин сафаримонатанҳо барои бор ва киштӣ, балки барои ҷони мо низ Хеле душвор ва зарарнок хоҳад шуд». 11 Аммо мирисад аз суханони Павлус дида, бештар ба гапи суккондор ва соҳиби киштй боварй дошт. 12 Азбаски он бандар барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисьёр касон маслиҳат доданд, ки аз он ҷо бираванд, то ки, шояд, ба Финиқо расида, айёми зимистонро дар ин бандари Крит, ки рӯ ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ воқеъ аст, гузаронанд. 13 Чун боди ҷанубӣ вазид, ба гумони он ки муродашон ҳосил шуд, лангар бардошта, дар қарибии соҳили Крит равона щуданд.

Тундбод

14 Вале дере нагузашта, боди сахти мухолифе барҳост, ки авриклидӯн ном дорад, 15 Ва чунон бошиддат ба киштӣ омада зад, ки он ба муқобили бод истода натавонист, ва мо идораи киштиро аз даст дода, беиҳтиёр ба ҷараёни об ронда шудем 16 Ва ба ҷазирачае ки Клавдо шм дорад, бошнддат бархӯрда, қаиқи киштиро базӯр нигоҳ дошта тавонистем. 17 Онро кашида бароварда, камари киштиро бо танобҳо маҳкам бастанд ва, аз тарси он ки дар ҷои пастобе фурӯ монанд, бодбонро фуроварданд, ва мо ҳамчунон ба ҷараёни об ронда мешудем. 18 Рӯзи дигар, ба сабаби пурзӯр шудани тӯфон, бори киштиро ба об партофтан гирифтанд. 19 Дар рӯзи сеюм мо бо дастҳои худ асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтем. 20 Чандин рӯз на офтоб аён мептуд, на ситорагон; тӯфони шадид як зайл давом мекард, ва дигар ҳеҷ умеде барои халосии мо набуд. 21 Азбаски муддати дуру дароз чизе нахӯрда буданд, Павлус дар миёни онхо истода, гуфт: «Эй мардон! Кошки ба сухани ман даромада, аз Крит намебаромадед, ки дар он сурат аз ҳамаи ин мушкилот ва зиён амон меёфтед; 22 «Акнун низ шуморо насиҳат дода, мегӯям, ки қавидил бошед, чунки ҳеҷ осебе ба ҷони ҳеҷ яке аз шумо нахоҳад расид, фақат киштӣ талаф хоҳад шуд; 23 «Зеро ки имшаб фариштаи Худое ки ман аз они Ӯ ҳастам ва Ӯро ибодат мекунам, ба ман зоҳир шуд 24 «Ва гуфт: "Эй Павлус, натарс! Ту бояд дар ҳузури қайсар ҳозир шавӣ, ва инак, Худо ҷони ҳамаи ҳамсафаронатро ба ту бахшидааст". 25 «Бинобар ин, эй мардон, қавидил бошед, зеро ки ман ба Худо имон дорам, ва ҳамон тавре ки ба ман гуфтааст, воқеъ хоҳад шуд: 26 «Лекин бар яке аз ҷазираҳо хоҳем афтод».

Киштӣ дар ҷои пастобе фурӯ монд

27 Чун шаби чордаҳум фаро расид, ва мо ҳанӯз дар баҳри Адриё ба ҳар сӯ ронда мешудем, дар қарибии нисфи шаб, маллоҳон пай бурданд, ки хушкие наздик аст, 28 Ва чукурии обро чен карданд, бист қомат баромад, андаке пеш рафта, боз чен карданд, понздаҳ қомат баромад. 29 Аз бими он ки ба санглоҳе бархӯранд, аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва дамидани субҳро мунтазир шуданд. 30 Маллоҳон мехостанд киштиро тарк кунанд, ва бо ин мақсад қаиқро ба об мефуроварданд, ба баҳонаи он ки гӯё мехоҳанд лангарҳоро аз бинии киштӣ биандозанд, 31 Аммо Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар инҳо дар киштӣ намонанд, шумо наҷот нахоҳед ёфт». 32 Он гоҳ сарбозон танобҳои қаиқро буриданд, ва он афтод. 33 Пеш аз субҳидам Павлус аз ҳама хоҳиш кард, ки чизе бихӯранд; ӯ гуфт: «Имрӯз рӯзи чордаҳум аст, ки щумо интизорй кашида, чизе нахӯрдаед ва гурусна ҳастед. 34 «Бинобар ин шуморо даъват менамоям, ки чизе бихӯред, зеро ки саломатии ҷони шумо ба ин вобаста аст: мӯе аз сари ҳеҷ яке аз шумо наҳоҳад афтод». 35 Бо ин суханон нонро гирифта, дар хузури ҳама Худоро шукргузорӣ кард ва онро шикаста, ба хӯрдан шурӯъ намуд. 36 Он гоҳ ҳама қавндил шуданд, ва онҳо низ нон хӯрданд. 37 Шумораи мо дар киштӣ ҷамъ дусаду ҳафтоду шаш нафар буд. 38 Чун аз хӯрок сер шуданд, гандумро ба об партофта, киштиро сабук карданд. 39 Вақге ки рӯз равшан шуд, заминро напшнохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт, ва қарор доданд, ки агар мумкин щавад, киштиро сӯи он биронанд. 40 Лангарҳоро бурида, дар баҳр гузоштанд, бандҳои сукконро низ кушоданд ва бодбонро ба ҷараёни бод боло кашида, роҳи соҳилро пеш гирифтанд. 41 Ба димоғае дакка хӯрданд, ва киштӣ дар ҷои пастобе фурӯ монд: бинии он дармонда беҳаракат истод, лекин думаш аз шиддати мавҷҳо дарҳам шикаст. 42 Сарбозон қасди куштани бандиён карданд, ки мабодо касе шинокунон гурехта равад. 43 Лекин мирисад ки мехост Павлусро раҳо кунад, ба ин қасди онҳо монеъ шуд ва фармуд, ки аввал касоне ки шино карда метавонанд, худро дар об андоҳта, ба соҳил бирасанд, 44 Ва дигарон, баъзе бар тахтаҳо ва баъзе бар шикастапораҳои киштӣ аз дунболи онҳо бираванд. Ба ҳамин тарз ҳамаашон ба саломатӣ ба хушкӣ расиданд.

Аъмоли 28

Фурудоя ба чазираи Малит.

Павлусро мор газид

1 ВАҚТЕ ки раҳо шудем, фаҳмидем, ки он ҷазира Малит ном дорад. 2 Сокинони ҷазира ба мо хеле меҳрубонй намуданд: азбаски борон меборид ва ҳаво хунук буд, онҳо оташ афрӯҳта, ҳамаамонро пазироӣ карданд. 3 Павлус як миқдор ҳезум ҷамъ карда буд, ва ҳангоме ки онро дар оташ меандохт, ба сабаби гармии оташ мори афъие берун омада, ба дасташ часпид. 4 Ҳамин ки сокинони ҷазира ҷонварро бар дасти ӯ овезон диданд, ба якдигар гуфтанд: «Бидуни шакку шубха, ин шахс қотил аст, ки бо вуҷуди аз баҳр раҳо шуданаш адолат намегузорад, ки ӯ зинда бимонад». 5 Аммо ӯ ҷонварро дар оташ афканд ва ҳеҷ осебе надид. 6 Онҳо мунтазир буданд, ки баданаш варам мекунад ё ки ӯ баногоҳ афтода ҷон медиҳад; вале чун бисьёр интизорӣ кашиданд ва диданд, ки ҳеҷ офате ба ӯ нарасид, фикрашон дигаргун шуд, ва гуфтанд, ки ӯ Худое мебошад. 5 Мӯъҷизаи шифо ёфтани падари Публиюс. 7 Дар наздикиҳои он мавзеъ амлоки сардори ҷазира буд, ки ӯ Публюос ном дошт; ӯ моро ба хонаи худ оварда, се рӯз бо меҳрубонӣ пазироӣ намуд. 8 Падари Публиюс гирифтори табларза ва дарди ишкам шуда хобида буд, ва Павлус назди вай омад ва дастҳои худро бар вай гузошта, вайро шифо дод. 9 Баъд аз ин вокеа дигар беморони ҷазира низ омада, шифо ёфтапд, 10 Ва моро хеле иззату ҳурмат карданд, ва ҳангоме ки аз он ҷо мерафтем, моро бо лавозимоти сафар таъмин намуданд. 11 Пас аз се моҳ ба киштии Искандария, ки аломати Ҷавзо дошт ва зимистонро дар ҷазира гузаронда буд, савор шудем 12 Ва ба Саркузо расида, дар он ҷо се рӯз мондем; 13 Аз он ҷо равона шуда, ба Риғюн омадем; азбаски баъд аз як рӯз боди ҷанубӣ вазид, рӯзи дуюм вориди Пӯтюлӣ шудем; 14 Дар он ҷо бародаронро ёфта, мувофиқи хоҳишашон ҳафт рӯз назди онҳо мондем ва сонӣ роҳи Румро пеш гирифтем. 15 Бародарони он ҷо, чун аз омадани мо хабардор шуданд, то бозоргоҳи Опиюс ва меҳмонсарое ки "Се майхона" ном дошт, ба истиқболи мо омаданд, ва Павлус онҳоро дида, ба Худо шукргузорй кард ва қавидил гашт.

Павлус дар Рум ва хизматгузории ӯ

16 Вақте ки ба Рум расидем, мирисад бандиёнро ба сипаҳсолор супурд, аммо ба Павлус иҷозат шуд, ки бо як сарбоз, ки ӯро посбонӣ мекард, дар хонаи ҷудогонае иқомат кунад. 17 Баъд аз се рӯз Павлус бузургони яҳудиёнро даъват намуд, ва ҳангоме ки онҳо ҷамъ омаданд, ба онҳо гуфт: «Эй бародарон! Гарчанде ки ман ҳеҷ амале бар зидди қавм ва расму таомули падарон накардаам, маро дар Ерусалим бандӣ карда, ба дасти румиён супурданд; 18 «Онҳо, баъд аз тафтиш, мехостанд маро озод кунанд, чунки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки сазовори марг бошам; 19 «Аммо азбаски яҳудиён мухолифат карданд, ман маҷбур шудам доварии қайсарро талаб намоям, вале на аз барои он ки аз қавми худ шикояте кунам; 20 Ба ин сабаб ман шуморо даъват намудам, то ки бо шумо воҳӯрда гуфтугӯ кунам, зеро ки аз барои умеди Исроил бо ин занҷир баста шудаам». 21 Ба ӯ гуфтанд: «Мо ҳеҷ номае дар ҳаққи ту аз Яҳудо нагирифтаем, ва аз бародароне ки ба ин ҷо омада буданд, ҳеҷ кас аз ту чизе хабар надодааст ва ё суҳани баде нагуфтааст; 22 «Лекин ҳоҳишмандем, ки фикру ақидаи туро аз худат бишнавем, зеро ба мо маълум аст, ки дар бораи ин фирқа дар ҳама ҷо ҷидол мекунанд». 23 Рӯзеро барои ӯ муқаррар карданд, ва мардуми бисьёре назди ӯ ба манзилаш омаданд, ва ӯ аз субҳ то шом ба онҳо аз Малакути Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва суҳафи анбиё далелҳо дар бораи Исо меовард. 24 Баъзе аз онҳо ба суханонаш имон оварданд, вале дигарон имон наоварданд.

Павлус ба халқҳо мавъиза мекунад

25 Азбаски бо якдигар мухолифат доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт: «Рӯҳулқудс ба василаи Ишаъёи набй ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст: 26 "Назди ин қавм бирав ва бигӯ: бо гӯшҳои шунаво хоҳед нгунид, вале нахоҳед фаҳмид; ва бо чашмҳои бино хоҳед нигарист, вале нахоҳед дид; 27 "Зеро ки дили ин қавм саҳт ва гӯшҳошон вазнин ва чашмҳошон баста шудааст, мабодо бо чашмҳо бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дил бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд, то ки онҳоро шифо баҳшам". 28 Пас, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияхудиён фиристода игудааст, ва онҳо хоҳанд шунид». 29 Чун инро гуфт, яхудиен рафтанд, дар ҳолате ки бо якдигар бисьёр мубоҳиса мекарданд. 30 Павлус ду соли тамом дар ҳонаи иҷорагии худ истиқомат кард, ва ҳар киро, ки назди ӯ меомад, пазирой менамуд 31 Ва Малакути Худоро мавъиза мекард ва бо тамоми далерӣ Тариқати Исои Масеҳи Худовандро бемалол таълим медод.

Яъқуб 1

Имтщони имон

1 ЯЪҚӮБ, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ сибте ки пароканда мебошанд, салом мерасонад. 2 Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед, 3 Чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вучуд меоварад; 4 Ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед. 5 Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, - ва ба вай ато хоҳад шуд. 6 Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад: 7 Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст хоҳад овард. 8 Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст. 9 Бигзор бародари залил бо сарбаландии худ фахр намояд, 10 Ва сарватдор - бо залолати худ, чунки ӯ мисли гули алаф даргузар аст: 11 Офтоб бо гармо тулӯъ намуда, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватдор низ дар роҳҳои худ ҳамин тавр пажмурда хоҳад шуд. 12 Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаетро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.

Озмоиш аз куҷо ба амал меояд

13 Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигӯяд: «Маро Худо меозмояд)); чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд, 14 Балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад; 15 Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дуньё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад. 16 Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед. 17 Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағьироте ва ҳеҷ дитаргуние мавҷуд нест. 18 Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростй ба дуньб овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.

Огоҳонидан аз худфиребӣ дар вақти шунидани Каломи Худо

19 Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад; 20 Зеро ки хашми одамизод адолати Худоро ба амал намеоварад. 21 Бинобар ин ҳар нопокй ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанй қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.

Хушо касе ки Каломи Худоро ба ҷо меоварад

22 Пас иҷрокунандагони калом бошед, на фақат шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд, 23 Зеро, касе ки каломро мешунаваду иҷро намекунад, ба шахсе монанд аст, ки тарҳи рӯяшро дар оина мебинад: 24 Ба чеҳраи худ нигоҳ карду рафт, ва дарҳол фаромӯш кард, ки он чӣ гуна аст. 25 Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодй диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшхотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, - хушо он кас дар амали худ. 26 Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, - диндории вай бефоида аст. 27 Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасТорй кунем ва худро аз олам олуда накарда нигоҳ дорем.

Яъқуб 2

Сарватдорони имон - ворисони Малакути Худо

1 ЭЙ бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинй имон дошта бошед. 2 Зеро, агар ба ҷамъомади щумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд, 3 Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: "Шумо марҳамат фармуда ин ҷо бинишинед", ва ба камбағал гӯед: "Ту он ҷо биист" ёки: "Ин ҷо, поини пои ман бинишин", - 4 Оё шумо миёни худатон фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби афкори бад нестед? 5 Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст? 6 Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд? 7 Оё онҳо номи некеро, ки бар шумост, беобрӯ намекунанд? 8 Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи: "Ёри худро мисли худ дӯст бидор" ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед; 9 Аммо агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад. 10 Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад. 11 Зеро Он ки "зино накун" гуфтааст, "қатл накун" ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, - ба шариат хато кардаӣ. 12 Ҳамчун касоне ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гӯед ва чунин амал кунед, 13 Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.

Имони ҳацицй наметавонад бе аъмол бошад

14 Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, дар сурате ки амал надорад? Оё чунин имон метавонад ӯро наҷот диҳад? 15 Агар бародаре ё ҳоҳаре бараҳна буда, ризқу рӯзӣ надошта бошанд, 16 Ва касе аз шумо ба онҳо гӯяд: "Ба саломатй рафта, гарм ва сер шавед", валекин он чи барои ҷисм лозим аст, ба онҳо надиҳад, - чи фоидае ҳаст? 17 Ҳамчунин имон низ, агар аъмол надошта бошад, ба худии худ мурда аст. 18 Балки касе хоҳад гуфт: "Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, - имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони худро аз аъмоли худ нишон медиҳам". 19 Ту имон дорй, ки Худо ягона аст? Хубмекунӣ, девҳо низ имон доранд ва меларзанд. 20 Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?

Имон ба воситаи аъмол ба камол мерасад

21 Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли худ сафед нашуд? 22 Оё ту мебинй, ки имон ба аъмоли. ӯ мадад кард, ва имони ӯ ба василаи аъмол ба камол расид? 23 Ва он Навишта иҷро шуд, ки мегӯяд: "Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд". 24 Оё мебинед, ки одамизод ба василаи аъмол сафед мешавад, на фақат ба василаи имон? 25 Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки ҷосусонро қабул карда, бо роҳи дигаре фиристода буд, оё ба василаи аъмол сафед нашуд? 26 Зеро, чунон ки ҷисм бе рӯҳ мурда аст, ончунон имон низ бе аъмол мурда аст.

Яъқуб 3

Огоҳонидан аз гуноҳҳои забон

1 ЭЙ бародарони ман I Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем лгуд, 2 Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар сухан пешпо намехӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад. 3 Инак, мо ба даҳони аспҳо Лаҷом меандозем, то ки ба мо итоат кунанд, ва тамоми ҷисми онҳоро идора мекунем; 4 Инак, киштиҳо низ, ҳар чанд бузург бошанд ва ҳар чанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор хоҳад, равона карда мешаванд; 5 Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи хурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад. 6 Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам отащ мегирад. 7 Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром мешавад ва ром шудааст, 8 Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он - шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар. 9 Бо он мо Худо ва Падарро муборак мехонем, ва бо он мо ба одамон, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, лаънат мегӯем: 10 Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад. 11 Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорй мешавад? 12 Эй бародарони ман, дарахти анҷир наметавонад зайтун оварад, ё токи ангур - анҷир: ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин ба вуҷуд оварад.

Хикмати ҳақиқӣ ба воситаи рафтор исбот меёбад

13 Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад. 14 Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талх ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростй дурӯғ нагӯед: 15 Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бощад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад; 16 Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарй бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост. 17 Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонй осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад. 18 Ва самараи адолат дар осоиштагй кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.

Яъқуб 4

Дӯстӣ бо дуньё душманя бо Худост

1 АДОВАТ ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд? 2 Ҳавас мекунед - ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред - ва наметавонед ба даст оваред; муноқиша ва адоват мекунед - ва надоред, чунки илтимос намекунед; 3 Илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки на аз баҳри қасди нек илтимос мекунед, балки аз баҳри он ки барои ҳавасҳои худ истифода намоед. 4 Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад. 5 Оё шумо гумон мекунед, ки Навишта бар абас гуфтааст: "Рӯҳеро, ки дар мо сокин аст, то ба дараҷаи рашк дӯст медорад"? 6 Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам гуфта шудааст: "Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад". 7 Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт. 8 Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон. 9 Андӯҳгин шуда, гирья ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гирья ва шодии шумо ба ғусса мубаддал шавад. 10 Дар ҳузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард. 11 Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯй накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ. 12 Шариатгузор ва Довар якест, ва Ӯ қодир аст наҷот диҳад ва талаф кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ? Ба мукобили нацшаҳое ки дилхоҳи Худо нест. 13 Акнун гӯш кунед шумо, эй касоне ки мегӯед: "Имрӯз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як сол зиндагонӣ мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем", 14 Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чй ҳодиса рӯй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагонии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад. 15 Ба ҷои он нгумо бояд бигӯед: "Агар Худо хоҳад, мо зинда мемонем ва чунин ё чунон мекунем". 16 Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед: ҳар лофи монанди ин бад аст. 17 Пас, касе ки медонад, чӣ некӣ бояд кард, ва намекунад, - ба вай гуноҳ аст.

Яъқуб 5

Огоҳонидани сарватдорон

1 ГӮШ кунед шумо, эй сарватдорон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меояд, гирья ва нола кунед. 2 Сарвати шумо пӯсидааст, ва либоси шуморо куя задааст. 3 Тилло ва нуқраи шуморо занг задааст, ва занги онҳо исбоТе ба муқобили шумо гардида, мисли оташ ҷисми шуморо хоҳад хӯрд: шумо барои айёми охирини худ ганҷ ҷамъ кардаед. 4 Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст. 5 Шумо дар рӯи замин бо ҳашамат ва дабдаба умр ба сар бурда, айшу ишрат менамудед, ва дилҳои худро гӯё ки барои рӯзи қатл фарбеҳ кардед. 6 Шумо одилро маҳкум намуда, куштед; ӯ ба шумо муқобилат накард.

Омадани Худованд наздик аст

7 Пас, эЙ бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад. 8 Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро қавӣ гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст. 9 ЭЙ бародарон, аз якдигар шиква накунед, то ки маҳқум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст. 10 Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд. 11 Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, ҳушбахт мешуморем: шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст.

Дар бораи қасам

12 Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор дар шумо "оре, оре" ва "не, не" бошад, то ки ба маҳкумият дучор нашавед.

Дуо гӯед: дуои боисрори шахси одил цуввати бузурге дорад

13 Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад. 14 Ое касе аз пгумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди ҳуд даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд, - 15 Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд. 16 Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад. 17 Ильёс шахсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар рӯи замин борон набуд. 18 Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самараи Худро ба вуҷуд овард.

Дар бораи муҳаббат нисбат ба бародарони гумроҳ

19 Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростй сар печад, ва касе ӯро баргардонад, 20 Бигзор вай бидонад, ки шахсе ки гуноҳкорро аз рохи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш хоҳад кард.

1 Петрус 1

Ӯқубати масеҳиён имонро мустаҳкам мекунад ва суи наҷот мебарад

1 ПЕТРӮС, ки ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд, 2 Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо такдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интихоб шудаанд: фаЙз ва осоиштагй бар шумо фаровон бод.

Дар бораи умеди пур аз ҷалоли имондорон

3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳьёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда, 4 Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда,ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст, 5 Ки бо куввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд. 6 Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед. 7 Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вакти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд. 8 Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодй мекунед 9 Ва ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон ноил мешавед. 10 Тафтишот ва тадқиқоти анбиё ба ҳамин наҷот тааллуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумо таъин шуда буд, пешгӯӣ кардаанд. 11 Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чй гуна замонро Рӯҳи Масеҳе ки андаруни онҳо буд, нишон додааст,вақтеки Он аз укубатҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки баъд аз он фаро хоҳад расид, пешакӣ хабар медод. 12 Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.

Такдиси имондорон ба воситаи хуни курбонш Масеҳ

13 Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед. 14 Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пещтарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед, 15 Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед, 16 Зеро ки навишта шудааст: "Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам". 17 Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинй ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварй мекунад, пас замони ғурбати худро бо ҳудотарсй бигзаронед, 18 Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед, 19 Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок, 20 Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир щудааст, 21 Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед. 22 Чун ҷонҳои худро бо итоати ростй ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред, 23 Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонй, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худр, ки зинда аст ва то абад боқист. 24 Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамй - мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад; 25 Аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.

1 Петрус 2

Дар бораи нашъунамо ёфтан дар ҳолати масеҳӣ

1 ПАС, хар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда, 2 Чун кудакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ебед, 3 Агар ҳақиқатан чапшдаед, ки Худованд некӯст.

Қавми Худо бар ҳасби аҳди ҷадид

4 Ва чун наздик мешавед ба Ӯ, яъне ба санги зиндае ки одамон рад карданд, вале Худованд онро баргузид ва гаронбаҳо мешуморад, 5 Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ хонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед. 6 Зеро ки дар Навишта гуфта шудааст: "Инак, Ман дар Сион санги зовия мегузорам, ки баргузида ва гаронбаҳост; ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил наҳоҳад шуд". 7 Пас, Он барои шумо, имондорон, чизи гаронбаҳост, аммо барои беимонон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гӯшаи бино гардидааст, 8 Ва саиги пешпо ва сахраи васваса, зеро ки онҳо, ба калом итоат накарда, ба ин санг пешпо мехӯранд, ки барои ҳамин ҳам таъин шудаанд. 9 Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, - 10 Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед.

Муҳоҷирати имондорон ҳамчун ғарибон дар он дуньё.

Муҳоҷират дар миёни халқҳо

11 Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибонвамуҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед 12 Ва дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатокро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд.

Ӯҳдадориҳо нисбат ба ҳукуматдорон

13 Пас, ба ҳотири Худованд ба ҳар сарвари одамй итоат намоед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олй, 14 Хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то ки ҷинояткоронро ҷазо диҳанд ва некӯкоронро тақдир кунанд, - 15 Зеро чунин аст иродаи Худо, то ки мо бо некӯкории худ даҳони ҷаҳолати мардуми беандешаро маҳкам кунем, - 16 Ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки аз озодй барои рӯпӯш кардани бадй истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо. 17 Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед.

Сухане 6а хизматгорон: намунаи ибрати Масеҳ дар андуҳи ноҳақ

18 Эй ҳизматгорон, бо камоли тарс ба оғоёни худ итоат намоед, на танҳо ба оғоёни нек ва фурӯтан, балки ба оғоёни сахттир низ. 19 Зеро савоб аст, ки кас агар аз рӯи виҷдон ба хотири Худо андӯҳгин шуда, ноҳақ укубат кашад. 20 Зеро чй фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хӯрда тоқат кунед? Аммо агар барои некӯкорӣ уқубат кангида тоқат кунед, ин мақбули Худост. 21 Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед: 22 Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд; 23 Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд; 24 Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед. 25 Зеро ки шумо мисли гӯсфандони гумшудае будед, лекин ҳоло сӯи Чӯпон ва Нозири ҷонҳои худ баргаштаед.

1 Петрус 3

Сухане ба занону шавҳарон

1 ХАМЧӮНИН шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, 2 Вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд. 3 Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирй: гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан, 4 Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост, 5 ЧуНон ки як вақте занони муқаддас низ худро бо умед бастан ба Худо оро медоданд ва мутеи шавҳарони худ буданд, 6 Ба монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда, ӯро оғо меномид; шумо фарзандони вай ҳастед, модоме ки некӣ мекунед ва аз ҳеҷ тарсе музтариб намешавед. 7 Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад.

Дар бораи муносибати бародарии аъзоёни калисо ва дар бораи укубагщо барои адолат

8 Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед; 9 Дар ивази бадӣ бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед. 10 Зеро, касе ки ҳаётро дӯст медорад ва мехоҳад рӯзҳои нек бинад, бигзор забонашро аз бадӣ нигоҳ дорад, ва лабҳояшро аз гуфтори макромез, 11 Аз бадӣ дур шавад ва некӣ кунад, талабгори осоиштагй шавад ва дар паи он бошад, 12 Чунки чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯщҳои Ӯ - сӯи дуои онҳо, аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст. 13 Ва кист, ки ба шумо бадӣ кунад, агар шумо дар некӯкорӣ ғаюр бошед? 14 Лекин агар барои адолат уқубат кашед, хушо шумо; аз воҳимаи онҳо натарсед ва музтариб нашавед. 15 Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанй ва эҳтиром ҷавоб диҳед: 16 Бигзор виҷдони шумо пок бошад, то онҳое ки рафтори некатонро дар Масеҳ мазаммат менамоянд, бо он чи шуморо бадгӯӣ мекунанд, шарманда шаванд. 17 Зеро, агар мутобиқи иродаи Худо бошад, барои аъмоли нек уқубат кашидан беҳтар аст аз он ки кас барои аъмоли бад уқубат кашад, Масеҳ бо уцубатҳои худ, ки бар салиб кашидааст, имондо ронро суи Худо меоварад. 18 Чунки Масеҳ низ, барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид, 19 Ва дар рӯҳ Ӯ рафта, ба арвоҳе ки дар зиндон буданд, мавъиза намуд. 20 Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нӯҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ соҳта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъне ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд. 21 Ва тимсолион таъмид аст, кинашустани нопокии ҷисм, балки ба зимма гирифтани виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки ҳоло моро низ ба воситаи эҳьёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад, 22 КиӮба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва кудратҳо мутеи Ӯ шудаанд.

1 Петрус 4

Таъсири пурбаракати укубатҳо ба ҳаёти имондорон

1 ПАС, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм укубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм укубат кашад, дигар гуноҳ намекунад, 2 То ки бокии умри ҷисмониро на аз руи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофики иродаи Худо ба сар барад. 3 Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кардаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хӯрдан ва нӯшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед. 4 Ба ҳамин сабаб онҳо мутаҳайир мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд; 5 Онҳо ба Худое ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисоб хоҳанд дод. 6 Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то ки онҳо ба ҳасби ҷисм ба тарики одамизод ба доварӣ дучор гардида, вале ба ҳасби рӯҳ ба тариқи Худо зиндагй кунанд.

Дар бораи ҳаёт дар калисои имондорон

7 Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед. 8 Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиедро рӯпӯш мекунад; 9 Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед; 10 Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед. 11 Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи куввате ки Худо ба вай медиҳад, ҳизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.

Ӯкубатҳо барои ҷалоли оянда пок мекунанд

12 Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад, 13 Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед. 14 Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳӣ Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорй медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед. 15 Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун қотил, е дузд, ё бадкирдор, ё фузул уқубат накашад; 16 Аммо агар касе ҳамчун масеҳй уқубат кашад, бигзор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад. 17 Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд? 18 Ва агар одил базӯр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ хоҳад буд? 19 Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.

1 Петрус 5

Худи Худо имондоронро мустаҳкам мекунад ва устувор мегардонад

1 АЗ пирони шумо хоҳишмандам ман, ки низ пир ва шоҳиди уқубатҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле хоҳам буд, ки бояд ба зуҳур ояд: 2 Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрй, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил, 3 Ва на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат нишон диҳед, - 4 Ва ҳангоме ки Сарвари чӯпонон зоҳир шавад, шумо тоҷи ҷалолро, ки пажмурда намешавад, хоҳед ёфт. 5 Хдмчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад. 6 Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад; 7 Хдмаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад. 8 Хушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад; 9 Ба вай бо имони қавӣ муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна уқубатҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меояд. 10 Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард. 11 Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин. 12 Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари амин аст, ба пгумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо қоим ҳастед.

Саломхо

13 Калисое ки дар Бобил аст ва мисли шумо интихоб шудааст, ба шумо салом мерасонад, ҳамчунин писарам Марқӯс. 14 Ба якдигар бо бӯсаи муҳаббат салом гӯед. Бар ҳамаи шумо, ки,дар Исои Масеҳ ҳастед, осоиштагӣ бод. Омин.

2 Петрус 1

Омода шудан ба анҷоми наҷот

1 ШИМЪӮНИ Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул кардаанд: 2 Файз ва осоинхгагӣ дар ышнохтани Худо ва Исои Худованди мо бар шумо фаровон бод. 3 Азбаски куввати илоҳии Ӯ ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва ларҳезгорй зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи щинохтани Ӯ, ки моро бо ҷалол ва камоли Худ даъват намудааст, 4 Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода щудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илоҳӣ гардида, аз фасоди шаҳват, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед, - 5 Бинобар ин шумо тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некӯкориро изофа намоед, ба некӯкорӣ - хирадмандиро, 6 Ба хирадмандӣ - порсоиро, ба порсоӣ - тоқатро, ба тоқат - парҳезгориро, 7 Ба парҳезгорӣ - бародардӯстиро ва ба бародардӯстӣ - муҳаббатро. 8 Агар ин сифот дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, щумо дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар нахоҳед монд, 9 Вале дар ҳар кй ин сифот ёфт нашавад, вай кӯр аст, яъне чашмонашро пӯшида, фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештараи ӯ татҳир шудаанд. 10 Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамии тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд, 11 Зеро ки бо чунин роҳ даромадгоҳи Малакути абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода хоҳад шуд. 12 Барои ҳамин ман ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед. 13 Аммо ман салоҳ медонам, то даме ки дар ин хайма ҳастам, шуморо бо ёдоварӣ таҳрик диҳам, 14 Чун медонам, ки ба қарибӣ бояд хаймаи худро тарк кунам, чунон ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман эълон намудааст. 15 Ва саъю кӯшищ хоҳам кард, ки шумо пас аз риҳлатам низ ҳамеша инро ба ёд оваред.

Дшаргун шудани Исо пешгуиест дар бораи бори дуюм бо ҷалол омадани Ӯ

16 Зеро, ҳангоме ки мо кувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз паи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ӯро бо чашми худ дидаем. 17 Зеро ки Ӯ аз Худои Падар шавкат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли боазамат сӯи Ӯ чунин овоз расид: "Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст". 18 Ва ин овозро, ки аз осмон омада расид, мо шунидем, ҳангоме ки бо Ӯ дар кӯҳи муқаддас будем. 19 Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулӯъ намояд; 20 Ва пеш аз ҳама чиз инро бидонед, ки ҳеҷ як нубуввати Навиштаҳо тафсири шахсиро раво намедонад; 21 Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулкудс, онро ба забон рондаанд.

2 Петрус 2

Дар бораи муаллимони козиби фосик ва доварӣ бар онҳо

1 АММО дар миёни қавм анбиёи козиб низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимоки козиб хоҳанд буд, ки бидъатҳои ҳалокатоварро ҷорӣ хоҳанд кард ва Худовандеро, ки барои онҳо фидия дод, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат хоҳанд овард. 2 Ва бисьёр касон фиску фуҷури онҳоро пайравӣ хоҳанд кард, ва ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир ҳоҳад шуд. 3 Ва аз рӯи тамаъкорй бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст. 4 Зеро, модоме ки Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки оиҳоро дар ҷаҳаннам андохта, ба мағораҳои зулмот супурд, то ки барои доварӣ дар қайду банд нигоҳ дошта шаванд; 5 Ва ба дуньёи қадим амон надод, балки фақат ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи адолаг буд, маҳфуз дошта, бар олами осиён тӯфон овард; 6 Ва шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро ба ҳалокат маҳкум намуд ва, ҳамчун тимсоле барои осиёни оянда, ба хокистар табдил дод, 7 Ва Лути одилро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард, - 8 Зеро ки он одил дар миёни онҳо умр ба сар бурда ва корхои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони одилонаи худро ҳаррӯза меозурд, - 9 Пас Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ дар қайду банд нигоҳ дорад, 10 Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои кабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохй ва худсарй мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд, 11 Дар сурате ки ҳатто фариштагон, ки дар қудрат ва қувват аз онҳо бартарӣ доранд, ба ҳузури Худованд дар ҳаққи онҳо ҳукми мазамматкунандае ба забон намеронанд. 12 Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва талаф гаваллуд ёфтаанд, ба он чи намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва онҳо дар фасоди худ талаф хоҳанд шуд, 13 Ва подонш шарорати худро хоҳанд ёфт, зеро ки айшу нӯши ҳаррӯзаро барои худ роҳат медонанд; онҳо, ки беҳаё ва қабоҳаткор ҳастанд, аз ҳуққабозиҳои ҳуд лаззат мебаранд, ҳангоме ки бо шумо айшу ишрат мекунанд. 14 Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба дом медароваранд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омӯхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд.

Анбиёи козиб, мисли Билъом, роҳи ростро тарк мекунанд

15 Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд ва аз паи Билъом ибни Баӯр рафтаанд, ки вай музди ноҳақро дӯст медошт. 16 Аммо дар шарорати худ мазаммат карда шуд: модахари безабон бо овози одамӣ сухан ронда, девонагии набиро боздошт. 17 Онҳо чашмаҳои беоб ва абрҳое ҳастанд, ки бо тундбод ронда мешаванд: барои онхо зулмоти торикии абадӣ муҳайё шудааст.

Муаллимони козиб бо киёфаи олимонаи дабдабанок озодиро ваъда медиҳанд ва касони дар имон ноустуворро ба дом медароваранд

18 Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд; 19 Ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар сурате ки худашон ғуломони фасод ҳастанд; зеро ҳар кӣ касеро мағлуб карда бошад, ҳамон кас ғуломи ӯст. 20 Зеро, агар ба василаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дуньё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошанд, анҷоми онҳо бадтар аз аввалашон мешавад. 21 Барои онҳо надонистани роҳи адолат беҳтар мебуд аз он ки, баъд аз донистани он, аз ҳукми муқаддасе ки ба оиҳо супурда шулааст, рӯй гардонанд. 22 Ба онҳо ҳамон чизе рӯй додааст, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад: "Саг ба қаи худ баргашт", ва: "Хук баъд аз шустушӯй рафт, ки дар лой ғел занад".

2 Петрус 3

1 ИН номаи дуюм аст, ки ба шумо, эй маҳбубон, менависам; дар онҳо бо роҳи ёдоварӣ фикри поки шуморо таҳрик медиҳам, 2 То шумо ба ҳотир оваред суханонеро, ки пештар анбиёи муқаддас гуфтаанд, ва ҳукми Худованд ва Наҷотдиҳандаро, ки ҳаввориён ба шумо супурдаанд.

Масхарабозони беҳаё Омадани Дуюми Масеҳро мункир мешаванд; раддияи беимонии онҳо

3 Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда, 4 Хоҳанд гуфт: "Куҷост ваъдаи омадани Ӯ? Зеро аз замоне ки падарон вафот кардаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст". 5 Онҳое ки чунин гумон мекунанд, намедонанд, ки дар ибтидо бо каломи Худо осмон ва замин аз об ва ба воситаи об таркиб ёфта буданд: 6 Бинобар ин дуньёи онвақта дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид. 7 Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд.

Чаро Худованд дар омадани Худ таьхир менамояд

8 Аммо ҳамин як чиз аз шумо, эй маҳбубон, набояд пӯшида бошад, ки дар назари Худованд як рӯз мисли ҳазор сол аст, ва ҳазор сол мисли як рӯз. 9 Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд щавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд. 10 Валекин рӯзи Худованд, чунон ки дузд дар шаб, ҳохад омад, ва он гоҳ осмон бо ғулғулае хоҳад даргузашт, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт, ва замин ва тамоми аъмоле ки дар он аст, хоҳад сӯхт.

Ба таври бояду шояд омода шудан ба омадани Худованд

11 Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед, 12 Дар ҳолате ки омадани рӯзи Худоро орзу доред ва мешитобонед, ки дар он рӯз осмон аланга гирифта несту нобуд хоҳад шуд, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт? 13 Лекин мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ, мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд. 14 Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорй доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ хозир шавед; 15 Ва пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед, чунон ки бародари маҳбуби мо Павлус низ, аз рӯи ҳикмате ки ба ӯ ато шудааст, ба шумо навиштааст, 16 Ва ҳамчунин дар ҳамаи номаҳои худ ӯ дар ин бора сухан меронад, ки дар онҳо кадом як чизи душворфаҳме ҳаст, ки онро нодонон ва ноустуворон мисли Навиштаҳои дигар ғалат таъбир менамоянд, ва анҷоми ин кор барои онҳо ҳалокат меоварад. 17 Пас пгумо, ЭЙ маҳбубон, азбаски пешакӣ огоҳонида шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед, 18 Балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки Ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин.

1 Юҳанно 1

Шаҳодати ҳавворӣ дар бораи Каломи ҳаёт

1 ДАР бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони ҳуд дидаем ва мурокиба намудаем, ва онро дастҳои мо ламс кардааст, дар бораи Каломи ҳаёт, - 2 Зеро ки ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти човидоние хабар медиҳем, ки бо Падар буд ва ба мо зоҳир шуд, - 3 Дар бораи он чи мо дидаем ва шунидаем, ба шумо ҳабар медиҳем, то ки шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; валекин мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ӯ Исои Масеҳ аст. 4 Ва инро мо ба шумо менависем, то ки шодии шумо комил бошад.

Мушоракат бо Худо дар нур зистан ва эътироф кардани гуноҳҳоро металабад

5 Ва ин аст паёме ки мо аз Ӯ шунидаем ва ба шумо ҳабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ зулмоте нест. 6 Агар мо гӯем, ки бо Ӯ мушоракат дорем, вале дар зулмот мегардем, мо дурӯғ мегӯем ва бар тибки ростӣ рафтор намекунем; 7 Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд. 8 Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, - худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест. 9 Агар мо гуноҳҳои худро зътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофй пок намояд. 10 Агар гӯем, ки мо гуноҳе накардаем, Ӯро дурӯғгӯй месозем, ва каломи Ӯ дар мо нест.

1 Юҳанно 2

Исо Шафоатгари мо ба хузури Падар аст

1 ЭЙ фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед■ ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст. 2 Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ.

Касе ки каломи Худоро риоят мекунад, дар нур сокин аст

3 Аз ин медонем, ки Ӯро мешиносем, ки аҳкоми Ӯро риоят мекунем. 4 Касе ки гӯяд: "Ман Ӯро мешиносам", аммо аҳкоми Ӯро риоят накунад, вай дурӯғгӯй аст, ва дар вай ростй нест. 5 Валекин касе ки каломи Ӯро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем. 6 Касе гӯяд, ки дар Ӯ собит мемонад, вая бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард.

Муҳаббати бародарӣ ҳукми тозаест барои фарзандони нур

7 Эй маҳбубон! Ба шумо ҳукми тозае наменависам, балки ҳукми қадимие ки шумо аз ибтидо доштед: ҳукми қадимй каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед. 8 Лекин дар айни ҳол ба шумо ҳукми тозае менависам, ки ростии он ҳам дар Ӯст ва ҳам дар шумост, чунки зулмот гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқй медурахшад. 9 Ҳар кй гӯяд, ки вай дар нур аст, валекин аз бародари ҳуд нафрат дошта бошад, вай ҳанӯз дар зулмот аст. 10 Касе ки бародари ҳудро дӯст медорад, вай дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест. 11 Вале касе ки аз бародари худ нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кӯр кардааст. 12 Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири исми Ӯ омурзида шудааст. 13 Ба шумо, эй падарон, менависам, чунки шумо Ӯро, ки аз ибтидост, шикохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, менависам, чунки шумо кблисро мағлуб кардаед. Ба шумо, эй бачагон, менавксам, чунки шумо Падарро шикохтаед. 14 Ба шумо, эй падарон, навиштаам, чунки пгумо Ӯро, ки аз кбтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, навиштаам, чунки шумо пурзӯр ҳастед, ва каломи Худо дар шумо сокин аст, ва шумо иблисро мағлуб кардаед.

Тарк кардани муҳаббати Ҷаҳон

15 Чаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест; 16 Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ - аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст. 17 Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.

Ҷудо шудан аз зиддимасеҳ

18 Эй фарзандон! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаакд; аз ин рӯ медонем, ки соати охирин аст. 19 Онҳо аз мо берун омадаанд, аммо аз они мо набуданд; зеро, агар онҳо аз они мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин онҳо берун омаданд, то маълум шавад, ки ҳеҷ яке аз онҳо аз они мо нестанд. 20 Валекин щумо аз ҷониби Қуддус тадҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо гостиро медонед. 21 Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедонкста бошед, балки аз он сабаб, ки шумо онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурӯғ аз ростй нест. 22 Кист дурӯғгӯ, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад. 23 Ҳар кӣ Писарро инкор мекукад, Падарро низ надорад; ҳар кӣ Писарро эътироф мекунад, Падарро низ дорад. 24 Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар щумо бимонад; агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо бимонад, шумо низ дар Писар ва дар Падар хоҳед монд. 25 Ва он ваъдае ки Ӯ ба мо додааст, ҳаёти ҷовидонист. 26 Инро ба шумо дар бораи онҳое навиштаам, ки шуморо гумроҳ мекунанд. 27 Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед. 28 Пас, эй фарзандон, дар Ӯ бимонед, то ки ҳашоми зоҳир шудани Ӯ мо чуръат дошта бошем ва ба ҳузури Ӯ дар вакти омадани Ӯ хиҷил нашавем. 29 Агар донистаед, ки Ӯ одил аст, пас бидонед, ки ҳар кӣ адолатро ба амал меоварад, аз Ӯ таваллуд ёфтааст.

1 Юҳанно 3

Цалоли фарзандони Худо

1 БӮБИНЕД, ки Падар ба мо чй гуна муҳаббате ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем, ва чунин ҳастем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад, ки Ӯро нашинохтааст. 2 Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанӯз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид. 3 Ва ҳар кӣ аз Ӯ чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ӯ пок аст. 4 Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст. 5 Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест. 6 Ҳар кй дар Ӯ бимонад, гуноҳ намекунад; ҳар кй гуноҳ мекунад, Ӯро надидааст ва Ӯро нашинохтааст. 7 Эй фарзандон! Бигзор шуморо ҳеҷ кас фирефта накунад. Касе ки адолатро ба амал меоварад, вай одил аст, чунон ки Ӯ одил аст. 8 Касе ки гуноҳмекунад, вай аз иблис аст, чункииблис аз ибтидо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад. 9 Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки зоти Ӯ дар вай сокин аст; вай гуноҳ намекунад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст. 10 Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад.

Муҳаббат нишонаи фарзандони Худост

11 Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд якдитарро дӯст дорем, 12 На ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт. Ва аз барои чӣ вайро кушт? Аз барои он ки аъмоли худащ бад буд, вале аъмоли бародараш - одилона. 13 Ҳайрон нашавед, эй бародаронам, агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад. 14 Мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштаем, чунки бародаронро дӯст медорем; касе ки бародарашро дӯст намедорад, ҳанӯз дар марг сокин аст. 15 Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад. 16 Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем. 17 Ва агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мӯҳтоҷй дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад, - чй гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст? 18 Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем.

Ҷуръати фарзандони Худо

19 Ва аз ин хоҳем донист, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро ба ҳузури Ӯ ором хоҳем кард, 20 Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад. 21 Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад,мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем, 22 Ба ҳар чӣ талаб кунем, азӮмеёбем,чунки аҳкомиӮро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем. 23 Ва ҳукми Ӯ ин аст, ки мо ба исми Писари Ӯ Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дӯст дорем, чунон ки Ӯ ба мо ҳукм кардааст. 24 Ва касе ки аҳкоми Ӯро нигоҳ медорад, вай дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар вай. Ва ин ки Ӯ дар мо сокин аст, аз он Рӯҳе медонем, ки Ӯ ба мо ато намудааст.

1 Юҳанно 4

Рӯҳи ростӣ ва рӯҳи иштибоҳро чй гуна бояд шинохт

1 ЭЙ маҳбубон! Ба ҳар рӯҳ зътимод накунед, балки рӯҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисьёр анбиёи козиб ба сар то сари дуньё рафтаанд. 2 Рӯҳи Худоро шумо ин тавр хоҳед шиноҳт: ҳар рӯҳе ки зътироф кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худост, 3 Ва ҳар рӯҳе ки инкор кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худо нест, балки рӯҳи зиддимасеҳ аст, ки дар бораи он шумо шунидаед, ки он меояд, ва он акнун дар ҷаҳон аст. 4 Шумо, эй фарзандон, аз Худо ҳастед, ва онҳоро маглуб кардаед, зеро Ӯ, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст. 5 Онҳо аз ҷаҳон ҳастанд, бинобар ин онҳо ба таври дуньёӣ сухан меронанд, ва ҷаҳон онҳоро мешунавад. 6 Мо аз Худо ҳастем: ҳар кӣ Худоро мешиносад, ба мо гӯш медиҳад; касе ки аз Худо нест, ба мо гӯш намедиҳад. Аз рӯи ҳамин мо рӯҳи ростӣ ва рӯҳи иштибоҳро мешиносем.

Муҳаббате ки Худо ба мо дорад, моро ба муҳаббати бародарӣ ӯҳдадор мекунад

7 Эймаҳбубон! Якдигарро дӯст бидорем, чунки муҳаббат аз Худост, ва ҳар кӣ дӯст медорад, аз Худо таваллуд ёфтааст ва Худоро мешиносад. 8 Касе ки дӯст намедорад, вай Худоро нашинохтааст, чунки Худо муҳаббат аст. 9 Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем. 10 Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯсг доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод. 11 Эй маҳбубон! Агар Худоморо ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем. 12 Худоро ҳаргиз касе надидааст: агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар мо сокин аст, ва муҳаббати Ӯ дар мо комил аст. 13 Ин ки мо дар Ӯ сокин ҳастем ва Ӯ дар мо, аз он мешиносем, ки Ӯ аз Рӯҳи Худ ба мо ато намудааст. 14 Ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарро фиристод, то ки Наҷотдиҳандаи ҷаҳон гардад. 15 Ҳар кӣ эътироф мекунад, ки Исо Писари Худост, Худо дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар Худо. 16 Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он эътимод дорем. Худо муҳаббат аст,ваҳар кй дармуҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст, ва Худо дар вай. 17 Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст, ки мо дар рӯзи доварӣ ҷуръат дорем, зеро, чунон ки Ӯ дар ин ҷаҳон ҳаст, ончунон мо ҳастем. 18 Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест. 19 Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввалӮморо дӯст дошт. 20 Агар касе гӯяд, ки "ман Худоро дӯст медорам", вале аз бародари худ нафрат кунад, вай дурӯғгӯй аст; зеро касе ки бародари худро, ки дидааст, дӯст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст бидорад? 21 Ва мо аз Ӯчунин ҳукме дорем, ки ҳар кӣ Худоро дӯст медорад, бародари худро низ дӯст бидорад.

1 Юҳанно 5

Имон ба Исои Писари Худо ҷаҳонро мағлуб менамояд

1 ҲАР кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, вай аз Худо таваллуд ёфтааст, ва ҳар кй Волидродӯстмедорад,вай Мавлуди Ӯро низ дӯст медорад. 2 Аз ин мо медонем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем, ки Худоро дӯст дорем ва аҳкоми Ӯро риоят кунем. 3 Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкомиӮро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест, 4 Зеро ҳар кй аз Худо таваллуд ёфтааст, ҷаҳонро мағлуб мекунад; ва ин ғалабае ки ҷаҳонро мағлуб кардааст, имони мост. 5 Кист, ки ҷаҳонро мағлуб мекунад, ҷуз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост?

Касе ки ба Исо имон меоварад, ҳаёти абадй дорад

6 Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун ва Рӯҳ омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ростист. 7 Зеро се ҳастанд, ки дар осмон шаҳодат медиҳанд: Падар, Калом ва Рӯҳулкудс; ва Ин се як ҳастанд. 8 Ва се ҳастанд, ки дар замин шаҳодат медиҳанд: рӯҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд. 9 Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст, зеро ин шаҳодати Худост, ки Ӯ дар бораи Писари Худ шаҳодат додааст.

Имондор бар ҳасби дуо он чи аз Худо талаб кунад, меёбад

10 Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ӯро дурӯғгӯ донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон надорад. 11 Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаети ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст. 12 Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорац, ҳаёт надорад. 13 Ба шумо, ки ба исми Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки пгумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред.

Сухани хотимавӣ

14 Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад; 15 Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ӯ талаб кардаем, меёбем. 16 Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш мамот нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо Ӯро ҳаёт хоҳад бахшид:. дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон мамот нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш мамот аст: дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед. 17 Ҳар ноинсофй гуноҳ аст, лекин гуноҳест, ки анҷомаш мамот нест. 18 Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки Писари Худо варо муҳофизат мекунад, ва иблис ба вай даст намерасонад. 19 Мо медонем, ки мо аз Худо ҳастем, вале тамоми ҷаҳон дар зери хукумати иблис аст. 20 Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо хирад бахшид, то ки ҳакро Дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақикӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад. 21 Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин.

2 Юҳанно 1

Ростй ва муҳаббат ҷудонашавандаанд

1 ПИР - ба хотуни баргузида ва фарзандони вай, ки ман онҳоро дар ростй дӯст медорам, ва на танҳо ман, балки низ ҳамаи онҳое ки ростиро дарк кардаанд, 2 Ба хотири ростие ки дар мо сокин аст ва то абад бо мо хоҳад буд: 3 Файз, марҳамат ва осоиштагй аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд, ки Писари Падар аст, дар ростй ва муҳаббат бо шумо бод.

Калисо бояд дар ростй ва муҳаббат собит бимонад

4 Ман бағоят хурсанд шудам, ки аз байни фарзандонат касонеро ёфтам, ки дар ростӣ рафтор мекунанд, ба ҳасби ҳукме ки мо аз Падар пазируфтаем. 5 Ва акнун аз ту, эй хотун, хоҳишмандам: на ҳамчун ҳукми тозае ба ту менависам, балки ҳамонро, ки мо аз ибтидо доштем, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошем. 6 Ва муҳаббат аз он иборат аст, ки мо бар тибқи аҳкоми Ӯ рафтор кунем. Ин ҳамон ҳукмест, ки шумо аз ибтидо пгунидаед, то ки бар тибқи он рафтор кунед.

Огоҳонидан аз таълимоти козибона

7 Зеро бисьёр фиребгарон дар дуньё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи ба ҳасби ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шахс фиребгар ва зиддимасеҳ аст. 8 Аз худ боҳабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳед, балки мукофоти комил бигиред. 9 Ҳар кй аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он сокин нест, Худо надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ сокин аст, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро. 10 Касе ки назди шумо меояд ва ин таълимотро намеоварад, варо ба хонаи худ кабул накунед ва ба вай салом наДиҳед; 11 Зеро касе ки ба вай салом диҳад, ба аъмоли шариронаи вай шарик мешавад. 12 Чиэи бисьёре дорам, ки ба шумо бинависам, аммо намехоҳам ба коғаз бо сиёҳй бинависам, балки умедворам, ки назди шумо биёям ва даҳонакӣ бигӯям, то ки хурсандии мо комил бошад. 13 Фарзандони ҳоҳари баргузидаи ту ба ту салом мерасонанд. Омин.

3 Юҳанно 1

Дар ростй рафтор кардан шодмонии бузург аст

1 ПИР - ба Ғоюси маҳбуб, ки ӯро ман дар ростй дӯст медорам. 2 Эй маҳбуб! Дуо мегӯям, ки ту саломат бошӣ ва дар ҳар чиз комьёб шавӣ, чунон ки ҷони ту комьёб аст. 3 Зеро ки ман бағоят хурсанд шудам, вақте ки бародарон омада, дар бораи ростии ту шаҳодат доданд, чунон ки ту дар ростӣ рафтор мекунӣ. 4 Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд.

Пазироии меҳмоннавозонаи бародарони мусофир

5 Эй маҳбуб! Дар ҳар коре ки барои бародарон, ҳатто барои гарибон мекунй, рафтори ту амин аст. 6 Онҳо ба ҳузури калисо дар бораи муҳаббати ту шаҳодат додаанд; ва ту рафтори хубе мекунӣ, агар онҳоро гусел намоӣ, чунон ки ба ҳузури Худо шоиста аст, 7 Зеро ки онҳо ба ҳотири исми Ӯ сафар кардаанд, дар ҳолате ки аз халқҳо кӯмак нагирифтаанд. 8 Пас мо бояд чунин касонро дастгирӣ намоем, то ки дар кори ростй шарик шавем.

Касе ки некӣ мекунад, аз Худост, ва касе ки бадй мекунад, Худоро надидааст

9 Ман ба калисо навиштам, аммо Диютрифас, ки калониро дар миёни онҳо дӯст медорад, моро қабул намекунад. 10 Бинобар ин, агар биёям, корҳоеро, ки ӯ мекунад, ҳотирнишон хоҳам кард: ӯ дар ҳаққи мо суханони бад ба забон меронад, ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, худаш бародаронро қабул намекунад ва ба касоне ки мехоҳанд, монеъ мешавад ва аз калисо бадар меронад. 11 Эй маҳбуб! Ба бадӣ тақлид накун,балки ба некӣ. Касе ки некй мекунад, аз Худост; ва касе ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст. 12 Дар бораи Димитриюс ҳама ва худи ростӣ низ ба некии ӯ шаҳодат додааст; мо ҳам шаҳодат медиҳем, ва шумо медонед, ки шаҳодати мо рост аст. 13 Чизи бисьёре доштам, ки бинависам, валекин намехоҳам ба ту бо сиёҳӣ ва қалам бинависам, 14 Балки умедворам, ки ба қарибй туро бубинам, ва даҳонакӣ гуфтугузор кунем. 15 Осоиштагӣ бар ту бод. Дӯстон ба ту салом мерасонанд. Ба дӯстон ном ба ном салом бирасон. Омин.

Яҳудо 1

Даъватшудагон дар Худои Падар тақдис ёфтаанд ва дар Исои Масеҳ маҳфузанд

1 ЯҲӮДО, ки бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъкуб аст, ба даъватшудагоне ки дар Худои Падар тақдис ёфтаанд ва дар Исои Масеҳ маҳфузанд: 2 Марҳамат ва осоиштагӣ ва муҳаббат бар шумо фаровон бод.

Доварии Худо бар муаллимони козиби фосид

3 Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед. 4 Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд. 5 Ман он чиро, ки медонед, мехоҳам ба шумо хотиррасон намоям, ки агарчи Худованд қавмро аз замини Миср халос кард, баъд беимононро ба ҳалокат расонд, 6 Ва фариштаҳоеро, ки мартабаи худро маҳфуз надоштанд, балки манзили худро тарк карданд, дар қайду банди абадй, дар зулмот, барои доварии рӯзи бузург нигоҳ дошт; 7 Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд. 8 Ба ҳамин тарз ин гирифторони хобу хаёл ҷисмро палид месозанд, сардоронро рад мекунанд ва дар ҳаққи олимақомон бӯҳтон мегӯянд. 9 Вакте ки фариштаи муқарраб Микоил бо иблис сухан ронда, дар бораи ҷасади Мусо баҳс мекард, ҷуръат накард, ки ҳукми маэамматкунандае ба забон ронад, балки гуфт: "Худованд туро ҷазо диҳад", 10 Валекин инҳо ба ҳар чизе ки намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва бо ҳар чизе ки ҳамчун ҳаивоноти безабон табиатан медонанд, худро фосид мекунанд. 11 Вой бар ҳоли онҳо, чунки бо роҳи Қобил рафтаанд, ва мисли Билъом дар ивази музд тамоман ба иштибоҳ дода шудаанд, ва мисли Қӯраҳ дар исьён ба ҳалокат расидаанд. 12 Инҳо олудагие дар зиёфатҳои муҳаббати шумо мебошанд, ҳангоме ки бо шумо бе ҳаросе айшу ишрат карда, шиками худро мепарваранд; инҳо абрҳои беобе ҳастанд, ки бо щамол ронда мешаванд; инҳо дарахтони тирамоҳ ҳастанд, ки бесамар буда, ду карат мурдаанд ва решакан шудаанд; 13 Инҳо мавҷҳои пуртуғьёни баҳр ҳастанд, ки кафки расвоиҳои худро боло мебароваранд; инҳо ситораҳои оворае ҳастанд, ки барояшон торикии зулмот то абад нигоҳ дошта шудааст. 14 Ҳанӯх низ, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи инҳо нубувват карда гуфтааст: "Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони Худ омад, 15 "То ки бар ҳама доварй кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст, ва дар ҳамаи суханони густо Хонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осй ба забон рондаанд". 16 Инҳо шиквакунандагони аз ҳар чиз норозие ҳастанд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор мекунанд, суханони дабдабанок мегӯянд ва барои манфиат тамаллуқ менамоянд. 17 Аммо шумо, эй маҳбубон, суханонеро ба хотир оваред, ки пештар ҳаввориёни Исои Масеҳи Худованди мо гуфтаанд: 18 Онҳо ба шумо гуфтаанд, ки дар замони охир масхарабозоне пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои осиёнаи худ рафтор хоҳанд кард. 19 Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷудоиҳо ба миён меоваранд; инҳо касони нафсоние ҳастанд, ки рӯҳ надоранд. 20 Валекин щумо, эй маҳбубон, худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед, ва дар Рӯҳулқудс дуо гуфта, 21 Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳи Худованди моро, ки ҳаёти ҷовидонй меоварад, мунтазир бошед. 22 Ба баъзе касон, ки шубҳа мекунанд, мушфиқ бошед; 23 Баъзеи дигарро бо ваҳм наҷот дода, аз оташ берун оваред; бо ваҳм раҳм карда, ҳатто аз либосе ки бо ҷисм палид шудааст, нафрат намоед.

Ҷалол додани Худо

24 Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад, 25 Яъне Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавкат, кудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад. Омин.

Румиён 1

Павлуси ҳаввори калисои Румро табрик менамояд

1 ПАВЛӮС, бандаи Исои Масеҳ, ҳаввории даъватшуда ва барои башорати Худо интихобгардида, 2 Ки онро Худо пещтар, ба воситаи анбиёи Худ, дар Навиштаҳои муқаддас ваъда карда буд 3 Дар бораи Писари Худ, ки ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шудааст, 4 Ва ба ҳасби рӯҳи қудсият, ба воситаи эҳьё шуданащ аз мурдагон, чун Писари Худо маълум шудааст, яъне дар бораи Худованди мо Исои Масеҳ, 5 Ки ба воситаи Ӯ мо файз ва ҳаввориятро пайдо кардаем, то ки ба хотири исми Ӯ ҳамаи ҳалқҳоро ба итоати имон дароварем, 6 Ки дар миёни онҳо шумо низ даъватшудагони Исои Масеҳ ҳастсд, - 7 Ба ҳамаи маҳбубони Худо, ки дар Рум ҳастед ва ба муқаддасй даъват шудаед, аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд файз ва осоиштагй бар шумо бод.

Хоҳиши ҳавворӣ ба рафта дидани калисои Рум

8 Пеш аз ҳама ба Худои худ ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегӯям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шуҳрат ёфтааст; 9 Худое ки Ӯро дар башорати Писари Ӯ бо рӯҳи ҳуд ибодат мекунам, маро шоҳид аст, ки муттасил шуморо ба ёд меоварам 10 Ва ҳамеша дар дуоҳои худ илтимос мекунам, ки иродаи Худо ягон вакт ба ман мусоидат намояд, ки назди шумо биёям. 11 Зеро ки хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то ки як атои рӯҳоние, барои устувор шуданатон, ба шумо тақдим намоям, 12 Яъне бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам. 13 Эй бародарон, намехоҳам бехабар бошед аз ин ки дафъаи бисьёр ният доштам назди шумо биёям, - лекин то кунун ҷизе ба ман монеъ мешуд, - то ки дар миёни шумо низ, монанди халқҳои дигар, самаре ҳосил кунам. 14 Ман нисбат ба юнониён ва варвариён, нисбат ба оқилон ва ҷоҳилон, дайне ба гардан дорам; 15 Пас, роғиби онам, ки ба шумо низ, ки дар Рум ҳастед, башорат диҳам.

Эътирофи ҳавворӣ дар бораи башорати Масеҳ

16 Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он - қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ. 17 Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: "Одил ба василаи имон хоҳад зист".

Ҳамаи одамон ба наҷот эҳтиёҷ доранд. Гуноҳи халқҳо ва доварии Худо бар онҳо

18 Зеро ки ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад бар ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд. 19 Зеро ки он чи дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст; 20 Зеро ки моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонй ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд. 21 Агарчи онҳо Худоро шиноҳта бошанд, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд: 22 Бо вуҷуди он ки худашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда, 23 Ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонй, ба мургон, чорпоён ва хазандагон монанд аст, 24 Бинобар ин Худо онҳоро бо нафси шаҳвониашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд; 25 Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд махлуқро ба ҷои Холиқе ки то абад муборак аст, омин. 26 Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо ҷимои табииро ба ҷимои ғайритабиӣ иваз карданд; 27 Хамчунин мардон ҷимои табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд, ва мард бо мард ба кирдори нангин машгул шуда, сазои иштибоҳи худро дар вуҷуди худашон диданд. 28 Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ пшнохган нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд, 29 Бинобар ин онҳо аз ҳар гуна кизб, зино, макр, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, қатл, ҷидол, фиреб ва бадҳӯӣ пур ҳастанд, 30 Бадгап, тӯҳматчй, ҳудобадбин, дилозор, худсито, мағрур ва бадандеш ҳастанд, ба падару модарон итоат намекунанд, 31 Беандеша, аҳдшикан, беилтифот, бадкина ва бераҳманд. 32 Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, бо вуҷуди ин на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки кунандагони дигарро низ таҳсин менамоянд.

Румиён 2

Гуноҳи яҳудиён ва газаби Худо бар онҳо

1 БИНОБАР ин ту, эй одами маҳкумкунанда, ҳар кӣ бошй ҳам, узре надорӣ, чунки дигареро маҳкум карда, худатро маҳкум менамоӣ, зеро ки ту, эй маҳкумкунанда, айни ҳамон корҳоро содир мекунй. 2 Лекин мо медонем, ки доварии Худо бар кунандагони чунин корҳо барҳақ аст. 3 Наҳод ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо маҳкум кардани кунандагони чунин корҳо ту аз доварии Худо халос хоҳӣ шуд, дар сурате ки худат айни ҳамон корҳоро содир менамоӣ? 4 Ё ки ту ба фаровонии меҳрубонӣ, ҳилм ва пурсабрии Ӯ беэътиной мекунӣ, беҳабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд? 5 Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ва зуҳури доварии ҳаққонии Худо афзун мегардонй, 6 Ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод: 7 Ба онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидӣ мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод; 8 Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард. 9 Андӯҳу фалокат ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар ҷони яҳудӣ ва ҳам бар ҷони юнонӣ! 10 Лекин ҷалол, шараф ва осоиштагӣ ояд ба ҳар касе ки кори нек мекунад: ҳам, аввалан, ба яқудӣ ва ҳам ба юнонӣ!

Шариат ва хатна наҷот намедиҳанд

11 Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад. 12 Онҳое ки дорои шариат набуда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок хоҳанд шуд; вале онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рӯи шариат маҳкум хоҳанд шуд, - 13 Чунки на шунавандагони шариат пеши Худо одиланд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда хоҳанд шуд; 14 Зеро, ҳар гоҳ халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд, онҳо шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд: 15 Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд, - 16 Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард. 17 Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такья мекунй, ва аз шинохтани Худо меболӣ. 18 Ва иродаи Ӯро медонӣ, ва азбаски шариатро омӯхтаӣ, фарқи байни неку бадро мефаҳмӣ, 19 Ва яқин дорӣ, ки ту роҳнамои кӯрон, нуре барои бошандагони зулмот, 20 Носеҳи ҷоҳилон ва муаллими кӯдакон ҳастй, ва дар шариат намунаи маърифат ва ростиро дорӣ, - 21 Пас, чӣ гуна ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, ҳудатро таълим намедиҳӣ? 22 Ваъз мегӯӣ, ки дуздӣ набояд кард, вале худат дуздӣ мекунӣ! Мегӯӣ, ки "зинокорӣ накун", вале худат зинокорӣ мекунӣ! Аз бутҳо нафрат дорӣ, вале маъбадҳоро ғорат мекунй! 23 Бо шариат меболӣ, вале шариатро вайрон карда, обрӯи Худоро мерезонй! 24 Зеро ки ба туфаӣли шумо, чунон ки навишта шудааст, дар миёни ҳалқҳо исми Худоро ҳор медоранд. 25 Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунй; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, махтунии ту ба номахтунӣ мубаддал шуд. 26 Пас, агар номахгуне фармудаҳои шариатро риоя кунад, оё номахтунии вай махтунӣ шумурда намешавад? 27 Ва номахтуни табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро маҳкум намекунад, ки дорои Навиштаҳо ва ҳатна ҳастию шариатро вайрон мекунй? 28 Зеро яҳудӣ на он кас аст, ки аз рӯи қиёфати зоҳирй чунин бошад, ва хатна на он чиз аст, ки бар ҷисм намоён бошад, 29 Балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин ҷунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил ба ҳасби рӯҳ, на ин ки ба ҳасби ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ҳамди чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост.

Румиён 3

Худо дар доварии худ амин ва одил аст

1 ПАС, яҳудй чӣ бартарй дорад, ё ки хатна чй фоида дорад? 2 Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст. 3 Зеро ки чй гӯем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафогии онҳо вафои Худоро ботил мекунад? 4 Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки Худо барҳак, аст, агарчи ҳар одам козиб бошад, чунон ки навишта шудааст: "То ки Ту дар суханони Худ ҳақ бароӣ ва дар доварии Худ ғолиб оӣ". 5 Лекин агар шарорати мо адолати Худоро зоҳир мекарда бошад, чӣ гӯем? Оё Худо, ҳапгоме ки ба ғазабмеояд, бендолат аст? - Инро ман ба таври муҳокимаронии одамӣ мегӯям. 6 Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки дар он сурат Худо чӣ тавр метавонад оламро доварӣ кунад? 7 Зеро ки агар ба воситаи дурӯғи ман ростии Худо барои ҷалоли Ӯ афзун мешуда бошад, пас чаро ман боз ҳамчун гуноҳкоре маҳкум мешавам? 8 Ва чӣ гуна баъзеҳо ба мо бӯҳтон зада, даъво мекунанд, ки гӯё мо мегу'фта бошем: "Биёед, бадӣ кунем, то ки некй ҳосил шавад"? Маҳкумияти чунин касон ҳақконист.

Ба гуноҳ гирифтор будани ҳамаи одамон

9 Пас чӣ гӯем? Оё мо бартарӣ дорем? Не, надорем, зеро ки мо аллакай исбот кардем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама гирифтори гуноҳ ҳастанд, 10 Чунон ки навишта шудааст: "Касе одил нест, як нафар ҳам нест; 11 "Касе соҳибфаҳм нест; касе толиби Худо нест; 12 "Хама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: некӯкоре нест, як нафар ҳам нест. 13 "Гулӯяшон қабри кушода аст; бо забонашон фиреб медиҳанд; бар лабонашон заҳри мор аст; 14 "Даҳонашон пур аз ғайбат ва ҳасрат аст. 15 "Пойҳошон барои хунрезй шитобон аст; 16 "Харобкорӣ ва ҳалокат дар роҳҳои онҳост; 17 "Онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд. 18 "Дар пеши чашмашон тарси Худо нест". 19 Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯ оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад, 20 Чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ӯ сафед нахоҳад пгуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.

Гуноҳкор фақат ба хотири Масеҳ ба воситаи имон сафед мешавад

21 Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд, - 22 Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳа.маи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест, 23 Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд 24 Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд, 25 Ки Ӯро Худо нешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои ншнон додани адолати Ӯдар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд, 26 Ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо илюн меоварад, сафед кунад. 27 Пас, куҷост он чи боиси болидан бошад? Он тамоман аз байн рафтааст. Ба кадом шариат? Оё ба шариати аъмол? Не, балки ба шариати имон. 28 Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод, сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад. 29 Ё ки Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Худои халқҳо ҳ&м нест? Албатта, Худои халққо ҳам мебошад; 30 Чунки Худо ягона аст, ва Ӯ махтунонро аз рӯи илюн ва номахтунонро ба воситаи имон сафед мекунад. 31 Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ботшг мекунем? Ба ҳеҷ ваҷҳ, балки шариатро устувор мегардонем.

Румиён 4

Иброҳим бавоситаи имон сафед шудааст

1 ПАС, фаразан, падари мо Иброҳим ба ҳасби ҷисм чӣ чизе пайдо кард? 2 Агар Иброҳим бо аъмоли худ сафед шуда бошад, ӯ шоёни таъриф аст, аммо на дар пеши Худо. 3 Зеро ки дар Навиштаҳо чй гуфта шудааст? "Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд". 4 Барои касе ки амал мекунад, муздаш на аз рӯи эҳсон, балки аз рӯи ӯҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад;

Худо сарфи назар аз аъмол сафед мекунад

5 Лекин барои касе ки амал намекунад, балки имон меоварад ба Он ки осиёнро сафед мекунад, имонаш адолат ҳисоб карда мешавад. 6 Чунон ки Довуд низ одамеро хушбахт меномад, ки Худо ба ваи адолатро сарфи назар аз аъмолаш ато мекунад: 7 "Хушо касоне ки ҷиноятҳошон омурзида ва хатоҳошон пӯшида шудааст; 8 "Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намео варад".

Барои Иброҳим имон пеш аз хатна адолат ҳисоб карда шуд

9 Оё ин хушбахтй ба махтунон тааллуқ дорад ё ки ба номахтунон низ? Мо гуфтем, ки барои Иброҳим имонаш адолат ҳисоб карда шуд. 10 Кай ҳисоб карда шуд? Баъд аз хатна ё ки пеш аз хатна? Баъд аз хатна не, балки пеш аз хатна буд. 11 Ва аломати хатнаро ӯ, ҳамчун мӯҳри адолат мувофиқи имоне ки дар ҳолати номахтунии худ дошт, пайдо кард, бинобар ин ӯ падари ҳамаи имондорони номахтун шуд, то ки ба онҳо низ адолат ато шавад, 12 Ва ҳамчунин падари махтунон шуд, ки онҳо на фақат хатна шудаанд, балки низ имонеро, ки Иброҳим дар ҳолати номахтунӣ дошт, пайравӣ мекунанд.

Иброҳим - падари ҳамаи имондорон

13 Зеро ки ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ӯ вориси ҷаҳон хоҳад буд, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи адолати имон ато шудааст. 14 Зеро ки агар аҳли шариат ворис бошанд, дар он сурат имон пуч асту ваъда ботил; 15 Чунки шариат сабаби ғазаб мещавад, зеро дар ҷое ки шариат нест, вайронкунии он ҳам нест. 16 Бинобар ин мувофиқи имон аст, то ки мувофиқи файз бошад, барои он ки ваъда ба тамоми насли Иброҳим, на фақат ба насли мувофиқи шариат, балки ба насли мувофиқи имони ӯ низ таъмин шавад, ки ӯ падари ҳамаи мост, 17 Чунон ки навишта шудааст: "Ман туро падари халқҳои бисьёр гарцоидач", - дар пеши Худое ки Иброҳим ба Ӯ имон овард, дар пеши Худое ки мурдагонро зинда мекунад ва номавҷудро ҳамчун мавҷуд мехонад. 18 Дар сурате ки ҳеҷ умеде набуд, Иброҳим умедвор шуда, имон овард, то ки падари халқҳои бисьёр шавад, аз рӯи он чи гуфта шудааст: "Насли ту чунин хоҳад буд". 19 Ва имонаш суст наигуд, ва ба он ҳам назар накард, ки ҷисми ӯ, дар синни қариб садсолагй, аллакай пир шудааст, ва батни Соро низ аз кор баромадааст; 20 Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд, 21 Ва боварии комил дошт, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст.

На танҳо барои Иброҳим, балки низ барои ҳамаи онҳое ки ба Хуни кафорат ва ба эҳьёи Масеҳ имон доранд, имон адолат ҳисоб карда шуд

22 Аз ҳамин сабаб барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд. 23 Аммо на фақат нисбат ба ӯ навишта шудааст, ки барои ӯ ҳисоб карда шуд, 24 Вале нисбат ба мо низ: барои мо низ ҳисоб карда хоҳад шуд, ки имон дорем ба Он ки Худованди мо Исоро аз мурдагон эҳьё кард, 25 Ки Ӯ ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо эҳье гардид.

Румиён 5

Маьнои сафед шудан.

Сулҳу осоиштагӣ бо Худо ва боварӣ ба начоти оянда

1 ПАС, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем, 2 Ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли Худо меболем. 3 Ва на фақат бо ин, балки бо мусибатҳо низ меболем, зеро медонем, ки мусибат сабрро ба вуҷуд меоварад, 4 Ва сабр - ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагй - умедро, 5 Ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо ато нгуд, ҷорй шудааст. 6 Зеро ки Масеҳ, хднгоме ки мо ҳанӯз суст будем, дар вакти муқарраршуда барои осиён мурд. 7 Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад. 8 Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд. 9 Пас, алалхусус алҳол, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт. 10 Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, - пас, алалҳусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт; 11 Ва на фақат ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ меболем, ки ба василаи Ӯ алҳол мусолиҳа ба даст овардаем.

Ҳаёт ба воситаи Масеҳ ба чои мамот ба воситаи Одам

12 Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд. 13 Зеро ки пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, Лекин вақте ки шариат нест, гуноҳ ҳисоб карда намешавад. 14 Бо ин ҳама, аз Одам то Мусо мамот бар онҳое низ ҳукмрон буд, ки гуноҳе ба монанди гуноҳи Одам накарда буданд, ки ӯ тимсоли Шахси оянда аст. 15 Лекин бахшоиши файз наончунон аст, кигуноҳбошад. Зеро ки агар бо гуноҳи як кас бисьёр касон гирифтори мамот шуда бошанд, пас, алалхусус файзи Худо ва бахшоиши он барои бисьёр касон ба василаи файзи як одам, яъне Исои Масеҳ, фаровон мегардад. 16 Ва бахшоиш на ончунон аст, ки ба воситаи як гуноҳкор бошад; зеро ки доварӣ пас аз як гуноҳ сабаби маҳкумият мешавад, лекин бахшоиши файз пас аз гуноҳҳои бисьёр сафед мекунад. 17 Зеро ки агар бо гуноҳи як кас мамот ба воситаи ҳамин як кас ҳукмрон шуда бошад, - пас, алалхусус онҳое ки файзи фаровон ва бахшоищи адолатро қабул мекунанд, дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона ҳумкрон хоҳанд шуд. 18 Бинобар ин, чунон ки ба воситаи гуноҳи як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд, ончунон ба воситаи адолати як кас ҳамаи одамон барои ҳаёт сафед шуданд. 19 Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисьёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як кас бисьёр касон одил мешаванд. 20 Аммо шариат баъд ба майдон омад, то ки гуноҳ зиёд шавад; ва ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз бағоят фаровон гардид, 21 То ки, чунон ки гуноҳ ба воситаи мамот хукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи адолат барои ҳаёти ҷовидонӣ ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ ҳукмрон шавад.

Румиён 6

Озод шудан аз қуввати гуноҳ ва мамот

1 ПАС чӣ гӯем? Оё дар гуноҳ бимонем, то ки файз зиёд шавад? Ба ҳеҷ ваҷҳ. 2 Мо, ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ гуна метавонем дар он боз зиндагӣ кунем? 3 Оё намедонед, ки ҳамаи мо, ки дар Исои Масеҳ таъмид ёфтаем, дар мамоти Ӯ таъмид ёфтаем? 4 Пас мо, дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳье шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем. 5 Зеро ки агар мо дар мисоли мамоти Ӯ бо Ӯ пайванд шуда бошем, дар мисоли эҳьёи Ӯ низ пайванд хоҳем буд. 6 Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ маслуб шудааст, то ки чисми пургуноҳ ботил гардад, ва мо Дигар бандагони гуноҳ набощем; 7 Чунки мурда аз гуноҳ фориғ аст. 8 Агар мо бо Масеҳ мурда бошем, боварӣ дорем, ки бо Ӯ низ хоҳем зист. 9 Зеро медонем, ки чун Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуд, дигар намемирад: мамот дигар бар Ӯ қудрат надорад, 10 Зеро, ин ки Ӯ мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст. 11 Ҳамин тавр шумо низ худро барои гуноҳ кардан мурда, аммо барои Худо дар Худованди мо Исои Масеҳ зинда ҳисоб кунед. 12 Пас, бигзор гуноҳ дар ҷисми мирандаи шумо ҳукмрон нашавад, то ки ба ҳавасҳои он итоат намоед; 13 Ва андоми худро ба гуноҳ насупоред, то ки олати шарорат шавад, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо таслим кунед ва андоми худро дар иҳтиёри Худо вогузор намоед, то ки олати адолат бошад,

Собит мондан дар мутеӣ, кудсият ва хизматгузории абадӣ ба Худо,

14 Зеро ки гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳумкронӣ кунад: шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед. 15 Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кардан гирем ба он сабаб ки тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастем? Ба ҳеҷ ваҷҳ. 16 Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ шумо худро чун бандагон барои итоат таслим кунед, бандагони ҳамон кас гардида, ба вай мутеъ мешавед, хоҳ гуноҳе барои мамот бошад, хоҳ итоате барои адолат? 17 Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардаед. 18 Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед. 19 Ба хотири сустии ҷисматон, ба таври муҳокимаронии одамӣ мегӯям: чунон ки шумо андоми худро ба бандагии нопокӣ ва шарорат таслим карда, ба шарорат афтода будед, ончунон ҳоло андоми худро ба бандагии адолат барои қудсият вогузор намоед. 20 Зеро вақте ки шумо бандагони гуноҳ будед, аз адолат фориғ будед. 21 Пас он вақт чй самаре доштед? Корҳое мекардед, ки ҳоло аз онҳо шарм доред, чунки анҷоми онҳо мамот аст. 22 Лекин ҳоло, ки аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо қудсият аст, ва анҷоми кор ҳаёти ҷовидонист. 23 Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.

Румиён 7

Озодӣ аз шариаш ва халосӣ аз низои байни ҷисм ва руҳ

1 ЭЙ бародарон, магар намедонед, - зеро ба воқифони шариат сухан мегӯям, - ки шариат бар одамизод дар айёми зиндагии вай қудрат дорад? 2 Зеро ки зани шавҳардор мувофиқи шариат ба шавҳари зинда вобаста аст, ва агар шавҳараш бимирад, вай аз шариати шавҳардорӣ фориғ мешавад. 3 Бинобар ин агар вай дар айёми зиндагии шавҳараш ба марди дигаре равад, зинокор номида мешавад; лекин агар шавҳараш бимирад, вай аз шариат фориғ мешавад ва ҳар гоҳ ба марди дигар бирасад, зинокор ҳисоб намеёбад. 4 Шумо низ, эй бародарон, ба воситаи Бадани Масеҳ ба шариат мурдаед, то ки ба Дигаре, ба Он ки аз мурдагон эҳьё шуд, тааллуқ дошта бошед, барои он ки мо ба Худо самаре оварем. 5 Зеро, вақте ки мо ба ҳасби ҷисм зиндагй мекардем, ҳаваси гуноҳҳое ки ба воситаи шариат ошкор мешуд, дар андоми мо амал мекард, барои он ки ба мамот самаре оварем; 6 Лекин ҳоло мо ба шариате ки моро баста буд, мурда, аз он фориғ шудаем, то ки мувофиқи рӯҳи тоза бандагй кунем, на ин ки мувофиқи ҳарфи кӯҳна. 7 Пас чй гӯем? Оё шариат бо гуноҳ якест? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Лекин ман гуноҳро маҳз ба воситаи шариат донистаам. Зеро агар шариат намегуфт, ки "тамаъ накун", ман намедонистам, ки тамаъ чист. 8 Аммо гуноҳ, бо баҳонаи ҳукми шариат, дар дили ман ҳар гуна тамаъро ба вуҷуд овард, зеро ки бе шариат гуноҳ мурда аст. 9 Ман як вақте бе шариат зиндагӣ мекардам; аммо вақте ки ҳукми шариат ба майдон омад, гуноҳ ҷон гирифт, 10 Ва ман мурдам, ва он ҳукме ки барои ҳаёт дода шуда буд, сабаби мамоти ман шуд; 11 Чунки гуноҳ, бо баҳонаи ҳукми шариат, маро фиреб дод ва ба воситаи он кушт. 12 Бинобар ин шариат муқаддас аст, ҳукми он низ муқаддас, барҳақ ва нек аст. 13 Пас, оё чизи нек барои ман сабаби мамот шуд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки гуноҳ сабаби он шуд: барои он ки вай ҳамчун гуноҳ зоҳир шавад, ба воситаи чизи нек ба ман мамот овард, то ки гуноҳ ба воситаи ҳукми шариат ниҳоятдараҷа азим гардад. 14 Зеро мо медонем, ки шариат рӯҳонӣ мебошад, вале ман нафсонӣ ҳастам ва ба гуноҳ фурӯхта шудаам. 15 Ман, охир, он чи мекунам, намефаҳмам; чунки он чи мехоҳам, намекунам, балки он чи бад мебинам, мекунам. 16 Пас модоме ки он чи намехоҳам, мекунам, бо ҳамин эътироф менамоям, ки шариат нек аст. 17 Бинобар ин акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад. 18 Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек мавҷуд нест; чунки майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои кардани он надорам. 19 Зеро он кори неке ки мехоҳам, намекунам, лекин кори баде ки намехоҳам, мекунам. 20 Пас модоме ки он чи намехоҳам, мекунам, акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад. 21 Хуллас, ман чунин қонун пайдо мекунам, ки ҳангоме ки ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад. 22 Зеро ки ман ба ҳасби инсони ботинӣ аз щариати Худо лаззат мебарам, 23 Лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст. 24 Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кй маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад? 25 Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям. Пас, ман бо хиради худ шариати Худоро бандагӣ мекунам, вале бо ҷисми худ қонуни гуноҳро.

Румиён 8

Ҳаёт дар рӯҳ

1 ПАС, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд, 2 Чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст. 3 Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард, 4 То ки аҳкоми одилонаи шариат дар мо, ки на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунем, ба амал ояд. 5 Зеро онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагй мекунанд, дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр меронанд, вале онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагй мекунанд, дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр меронанд. 6 Фикрҳои ҷисмонй мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ - ҳаёт ва сулҳу осоиштагй, 7 Чунки фикрҳои ҷисмонй душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад. 8 Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо тшсанд афтода наметавонанд. 9 Лекин шумо на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунед, агар ҳақиқатан Рӯҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рӯҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ӯ нест. 10 Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, ҷисм ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рӯҳ ба воситаи адолат зинда аст. 11 Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳьё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард. 12 Пас, эй бародарон, мо ӯхдадори ҷисм нестем, ки ба ҳасби ҷием зиндагй кунем; 13 Зеро ки агар шумо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунед, албатта хоҳед мурд; аммо агар аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рӯҳ бикушед, зинда хоҳед монд.

Касе ки бо файзи Рӯҳулқудс имондор аст, фарзандхондагии Худоро қабул мекунад

14 Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд; 15 Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: "Эй Або, эй Падар!" 16 Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.

Анҷоми наҷот фарзандхондагии Худост. 1 Интизории бесаброна ба цалоли оянда

17 Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу укубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем. 18 Зеро, ба ақидаи ман, азобу укубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст. 19 Зеро ки махлукрт бо умед ба зуҳури фарзандони Худо мунтазир аст, 20 Чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи ҳуд мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки 21 Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосй ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд. 22 Зеро медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягй то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад; 23 Ва на фақат он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рӯҳ ҳастем, дарунакӣ оху ноламекунем ва мунтазири фарзандхондагӣ ва кафорати ҷисми худ мебошем. 24 Зеро ки бо умед наҷот ёфтаем. Аммо умед, вакте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро ки кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад? 25 Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.

Рӯхулқудс бо иродаи Худо барои имондорон шафоат мекунад

26 Ҳамчунин Рӯҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ ҳусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст. 27 Таҳқиқкунандаи дилҳо аз андешаи Рӯҳ огоҳ аст, чунки Ӯ барои муқаддасон мувофики хости Худо шафоат мекунад. 28 Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад; 29 Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шиноҳтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошад; 30 Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.

Боварии пур аз ҷалоли фарзандони Худо

31 Пас мо ба ин чй гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист? 32 Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад? 33 Кӣ баргузидагони Худоро айбдор мекунад? Оё Худое ки сафедкунанда аст? 34 Кй маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад? 35 Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалоқат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагй, ё хатар, ё шамшер? 36 Чунон ки навишта шудааст: "Ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем, мисли гӯсфандони забҳ ба шумор меравем". 37 Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем. 38 Зеро ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на мабдаъҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда, 39 На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.

Румиён 9

Роҳҳои муъҷизаосои Худо бо Исроил.

Фарзанди Худо будан ба ваъдаҳои Худо асос меёбад, лекин на ба пайдоиши табий

1 ДАР Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ намегӯям, виҷдонам дар Рӯҳулқудс бо ман шаҳодат медиҳад, 2 Ки ғуссаи бузургест барои ман, ва сӯзи дили ман поён надорад: 3 Зеро ман мехостам, ки ба хотири бародаронам, ки ба ҳасби ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам. 4 Онҳо исроилиёнанд; фарзандхокдагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд; 5 Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, омин.

Ваъдаҳои Худо фақат ба Исроили ҳақиқӣ дахл доранд

6 Аммо чунин нест, ки каломи Худо аз эътибор соқит шуда бошад. Зеро на ҳама исроилиянд, ки аз Исроил бошанд, 7 Ва на ҳама фарзандони Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд; балки "насли ту аз Р1сҳоқ хонда хоҳад шуд". 8 Яъне на ҳачаи фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд; балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд. 9 Зеро ки каломи ваъда чунин аст: "Дар ҳамин вақт хоҳам баргашт, Еа Сороро писаре хоҳад шуд". 10 Ва на фақат ин, балки ба Ривқо низ ҳамин тавр шуд, вакте ки вай аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ба як шикам ду писарро ҳомила буд. 11 Зеро ки пеш аз таваллуди онҳо, ки ҳанӯз ҳеҷ амали неке ё" баде накарда буданд, - барои он ки пешбинии Худо дар интихобашон на аз аъмол, балки аз Даъваткунанда содир шавад, - 12 Ба вай гуфта шуд: "Калонй ба хурдй хизмат кунад", 13 Чунон ки навишта шудааст: "Яъқубро Ман дӯст доштам, аммо Эсовро бад дидам".

Марҳамати Худо ба иродаи муқаддаси Ӯ вобаста аст

14 Пас чй гӯем? Магар назди Худо беинсофй ҳаст? Ба ҳеҷ ваҷҳ. 15 Зеро ки Ӯ ба Мусо мегӯяд: "Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам; ба ҳар кӣ раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам". 16 Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кӯшиш мекунад, балки дар марҳамати Худост. 17 Зеро ки Навиштаҳо ба фиръавн мегӯяд: "Барои он Ман туро ба по гузоштаам, ки қуввати Худро бар ту нишон диҳам, то ки исми Ман дар тамоми ҷаҳон интишор ёбад". 18 Пас, Ӯ ҳар киро хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро ҳоҳад, сангдил мегардонад. 19 Ту ба ман ҳоҳӣ гуфт: "Пас чаро Ӯ боз мазаммат мекунад? Зеро кист, ки ба иродаи Ӯ муқобилат карда тавонад?" 20 Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳсу мунозира мекунӣ? Оё маснӯъ ба сонеъ мегӯяд: "Чаро маро чунин соҳтӣ?" 21 Оё кӯзагар ихтиёр надорад, ки аз айни як гил зарфе барои истеъмолоти олй ва зарфи дигаре барои истеъмолоти паст бисозад? 22 Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва зоҳир сохтани иқтидори Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат сохта шудаанд, бо пурсабрии азиме таҳаммул карда бошад, 23 То ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакй онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад. 24 Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ӯ моро на фақат аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо ҳам даъват намудааст,

Мувофиқи пешгӯиқои анбиё фақат «бақияи» исроилиёни имондор наҷот хоҳанд ёфт

25 Чунон ки дар Хушаъ низ мегӯяд: Юнҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро, ки маҳбуба нест, маҳбуба хоҳам ҳонд; 26 «Ва дар он ҷое ки ба онҳо гуфта шудааст: "Шумо қавми Ман нестед", онҳо фарзандони Худои Ҳан номида хоҳанд шуд». 27 Ва Ишаъе дар бораи Исроил нидо мекунад, ки: "Агар шумораи банӣИсроил мисли реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт; 28 "Зеро ки Худованд коре ба итмом мерасонад ва ба зудӣ аз рӯи адолат ҳал мекунад, кори қатъие бар замин анҷом медиҳад". 29 Ва чунон ки Ишаъё пешгӯӣ кардааст: "Агар Худованди лашкарҳо барои мо насле боқӣ намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем". Гуноҳи Исроил: ваӣ мшъизаро дар бораи сафед шудан бо имон мункир шуд. 30 Пас чӣ гӯем? Халқҳое ки дар паи адолат набуданд, адолат ба даст оварданд: адолате ки аз имон аст; 31 Аммо Исроил, ки дар паи шариати адолат буд, ба щаоиати адолат нарасид. 32 Чаро? Чунки онро на дар имон, балки дар аъмол толиб шуданд. Онҳо ба санги пешпое пешпо хӯрданд, 33 Чунон ки навишта шудааст: "Инак, дар Сион санги пешпо ва сахраи васваса мегузорам, ва ҳар кй ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд".

Румиён 10

Ҳар кӣ имон оварад ва Худовандро даъват намояд, начот хоҳад ёфт

1 ЭЙ бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд. 2 Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм. 3 Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд; 4 Чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои адолати ҳар касе ки имон меоварад. 5 Мусо дар бораи адолате ки аз рӯи шариат аст, чунин менависад: "Ҳар кй онро ба ҷо оварад, ба воситаи он хоҳад зист". 6 Аммо адолате ки аз рӯи имон аст, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: "Кӣ ба осмон сууд мекунад?"» - барои он ки Масеҳро поён фурорад. 7 Ё: "Кӣ ба варта нузул мекунад?" - барои он ки Масеҳро аз мурдагон боло барорад. 8 Аммо вай чӣ мегӯяд? "Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст", яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем. 9 Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, наҷот хоҳӣ ёфт; 10 Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст. 11 Зеро Навиштаҳо мегӯяд: "Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд". 12 Ва дар ин бобат ҳеҷ тафовуте дар миёни яҳудиён ва юнониён нест, зеро ҳама Худованди Ягонае доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки исми Ӯро мехонанд, сарватманд аст. 13 Зеро "ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт". 14 Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд? 15 Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: "Чӣ гуна зебост лойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагй башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!" 16 Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: "Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?" 17 Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи каломи Худост. 18 Аммо мегӯям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс: "Садои онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, ва каломашон то ақсои дуньё расид". 19 Аммо мегӯям: оё Исроил намедонист? Пеш аз ҳама Мусо мегӯяд: "Ман ба воситаи он чи қавм нест, рашки шуморо ба вуҷуд хоҳам овард, ба воситаи мардуми бефаҳм шуморо ба хашм хоҳам овард". 20 Ва Ишаъё далерона мегӯяд: "Касоне Маро ёфтанд, ки толиби Ман набуданд, ба касоне Худро зоҳир сохтам, ки ҷӯёи Ман набуданд". 21 Аммо дар бораи Исроил Ӯ мегӯяд: "Тамоми рӯз дастҳои Худро суи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам".

Румиён 11

На тамоми Исроил сангдил хоҳад шуд

1 ПАС, ман мегӯям: магар Худо қавми Худро рад кардааст? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки ман ҳам исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз сибти Биньёмин ҳастам. 2 Худо қавми Худро, ки пешакӣ шинохта буд, рад накардааст. Оё намедонед, ки Навиштаҳо дар ҳикояти Ильёс чӣ мегӯяд? Чӣ гуна ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда, мегӯяд: 3 "Худовандо! Анбиёи Туро онҳо куштанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд; танҳо ман мондаам, дар қасди ҷони ман низ мебошанд". 4 Аммо Худо ба ӯ чӣ ҷавобе дод? "Ҳафт ҳазор одамро, ки назди Баал зону назадаанд, барои Худ нигоҳ доштаам". 5 Ҳамчунин дар замони ҳозира низ, мувофиқи интихоби файз, бақияе мондааст. 6 Аммо агар ин мувофиқи файз бошад, пас мувофиқи аъмол нест, вагар на файз дигар файз нашуда мемонад. Ва агар мувофиқи аъмол бошад, пас ин дигар файз нест, вагар на ачал дигар амал нашуда мемонад. 7 Пас чӣ гӯем? Исроил он чиро, ки толиб буд, ба даст наовард. Аммо баргузидагон ба даст оварданд, ва касони боқй сангдил шуданд, 8 Чунон ки навишта шудааст: "Худо ба онҳо рӯҳи хоби гаронро дод, ва чашмоне ки намебинанд, ва гӯшҳое ки то имрӯз намешунаванд". 9 Довуд низ мегӯяд: "Бигзор суфраи онҳо барои сазояшон ба доме, капқоне ва тузоқе мубаддал гардад; 10 Бигзор чашмони онҳо хира шавад, то ки набинанд, ва тахтапушти онҳо абадан хам шавад".

Даъват шудани халқҳо таргиб аст барои Исроил

11 Пас, ман мегӯям: оё онҳо то ба дараҷае пешпо хӯрдаанд, ки фурӯ ғалтанд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Аммо аз пешпохӯрии онҳо ба халқҳо наҷот омад, то ки рашки онҳоро ба вуҷуд оварад. 12 Ва агар пещпохӯрии онҳо сарвати ҷаҳон ва шикасти онҳо сарвати халқҳо бощад, камоли онҳо чанд маротиба зиёдтар фоидабахщ хоҳад буд!

Имондорон набояд мағрур шаванд, балки бо фурӯтанӣ бар ҳасби имон дар меҳрубонии Худо собит бимонанд

13 Ба шумо, эй халқҳо, мегӯям: ҳамчун ҳаввории халқҳо ман хизмати худро ситоиш мекунам: 14 Ба умеди он ки рашки онҳоеро, ки ба ҳасби ҷисм ба ман наздиканд, ба вуҷуд оварам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам. 15 Зеро, агар радшавии онҳо мусолиҳаи ҷаҳон шуда бощад, пас қабулшавии онҳо, ба ҷуз эҳьё аз мурдагон, чй хоҳад буд? 16 Агар хамирмоя муқаддас бошад, хамир низ мукаддас аст; ва агар реща муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.

Огоҳонидани халқҳо аз ҳавобаландӣ

17 Аммо агар баъзе аз шохаҳо пшкаста чудо шуда бошанд, ва ту, ки зайтуни ёбоӣ будӣ, ба ҷои онҳо паиванд гашта, ба реша ва шираи зайтун шарик шуда бощӣ, - 18 Пас назди он шохаҳо мағрур машав; ва агар мағрур шавй, бидон, ки ту решаро нигоҳ надоштаӣ, балки реша туро нигоҳ дощтааст. 19 Ту хоҳӣ гуфт: "Шохаҳо щикаста ҷудо шудаанд, то ки ман пайванд шавам". 20 Бале. Онҳо ба сабаби беимонӣ щикаста ҷудо шудаанд, аммо ту ба воситаи имон истодагӣ мекунӣ: ғурур макун, балки битарс. 21 Зеро ки агар Худо шохаҳои табииро амон надода бошад, туро низ амон нахоҳад дод. 22 Пас, меҳрубонӣ ва сахтгирии Худоро бубин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода чудо шудаанд, ва меҳрубон аст ба ту, агар дар меҳрубонии Ӯ бимонӣ; вагар на ту низ бурида хоҳи шуд. 23 Лекин онҳо низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд хоҳанд шуд, зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад. 24 Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбой бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ, пас алалхусус инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, ба зайтуни худ пайванд хоҳанд шуд.

Начоти цатъии Исроил

25 Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо, худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вакте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд,

Бахшоишҳо ва даъвати Худо тағъирнопазир аст, муцаддароти Ӯ ақлнорас ва роҳҳои Ӯ таҳциқнашаванда аст

26 Ва он гоҳ тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт, чунон ки навишта шудааст: "Аз Сион Раҳокунанда хоҳад омад ва маъсиятро аз Яъқуб дафъ хоҳад кард; 27 "Ва ин аст аҳди Ман бо онҳо дар замоне ки гуноҳҳошонро аз миён бардорам". 28 Ба сабаби Инҷил, онҳо душманонанд ба хотири шумо; лекин ба сабаби интихоб, онҳо маҳбубанд ба хотири падарон; 29 Зеро ки бахшоишҳо ва даъвати Худо тагьирнопазир аст. 30 Зеро, чунон ки шумо низ як вақте ба Худо итоат нақардед, вале алҳол, ба сабаби беитоатии онҳо, марҳамат ёфтаед, - 31 Хдмчунин онҳо низ ҳоло итоат накарданд, то ки худашон низ ба воситаи ҳамон марҳамате ки шумо ёфтаед, марҳамат ёбанд. 32 Зеро ки Худо ҳамаро ба беитоатӣ дучор овардааст, то ки ҳамаро марҳамат кунад.

Ҷалол додани роҳҳои муъчизаосои Худо

33 Зиҳй умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чй қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ! 34 Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад? 35 Ё кист, ки ба Ӯ пешакӣ чизе дода бошад, то ки подошащро ба вай баргардонад? 36 Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.

Румиён 12

Ҳаёти имондорон хизматгузорӣ ба Худост

1 ПАС, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд; 2 Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.

Бахшоишҳои файзи Худо дар хизматгузорӣ ба калисост

3 Зеро ба ҳасби файзе ки ба ман ато пгудааст, ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр ронед. 4 Зеро, чунон ки дар як бадан андрми бисьёре дорем, лекин на ҳамаи андомҳо айни як корро ба ҷо меоваранд, 5 Ҳамчунин мо, ки бисьёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ андоми якдигарем; 6 Ва ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем: агар атои нубувват дошта бошӣ, ба андозаи имон нубувват кун; 7 Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорй машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад; 8 Агар касе воиз бошад, бо мавъиза машғул шавад; ҳар кй бахшаида аст, бо саховат бахшиш диҳад; ҳар кӣ сардор аст, бо ҷидду ҷаҳд сардорй кунад; ҳар кй эҳсонкор аст, бо меҳрубонӣ некй кунад.

Мушоракати бародарӣ

9 Муҳаббати шумо бетзор бе риёкорӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некй бичаспед; 10 Якдитарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед; 11 Ҷидду ҷаҳдро суст накунед; руҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед. 12 Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед. 13 Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикӯшед. 14 Баракат бихоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед, вале лаънат нахонед. 15 Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирьякунандагон гирья кунед. 16 Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред.

Муҳаббати масеҳӣ бадиро бо некӣ маглуб мекунад

17 Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед; пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед. 18 Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед. 19 Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: "Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд". 20 Пас, агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳй рехт. 21 Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун.

Румиён 13

Имондор ва ҳукуматдорон

1 ХДР шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд. 2 Бинобар ин ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди амри Худо исьён кардааст; ва исьёнгарон гирифтори маҳкумият хоҳанд шуд. 3 Зеро ки ҳокимон на барои некӯкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳй аз ҳокимият тарсе надошта бошй? Корҳои нек кун, ва сазовори таърифи вай хохи шуд; 4 Чунки вай хизматгори Худост бар нафъи ту. Аммо агар корҳои бад кунй, битарс; зеро ки вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст: вай хизматгори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон интиқом мегирад. 5 Бинобар ин на фақат аз тарси ҷазо, балки низ аз рӯи виҷдон итоат кардан лозим аст. 6 Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд.

Имондор ба ёри ӯ

7 Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед: андозро - ба касе ки андоз меситонад; хироҷро - ба касе ки хироҷ мегирад; тарсро - ба касе ки лоиқи тарс аст; иззатро - ба касе ки шоистаи иззат аст. 8 Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар; зеро ҳар кй каси дигарро дӯст медорад, шариатро ба ҷо овардааст. 9 Зеро ки аҳкоми: "Зино накун", "Қатл накун", "Дуздӣ накун", "Шаҳодати дурӯғ надеҳ", "Тамаъ накун" ва тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи: "Ёратро мисли худат дӯст дор" ҷамъбаст карда шудааст. 10 Муҳаббат ба ёр бадй намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст.

Ҳаёти имондорон дар интизори ба зудӣ завол ёфтани чахон

11 Дар айни ҳол шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст. 12 Шаб гузашту рӯз наздик омад: пас, биёед, аъмоли зулмотро як сӯ монему аслиҳаи нурро дар бар кунем. 13 Мисли он ки рӯзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо айёшӣ ва мастигарй, на бо шаҳватпарастй ва фисқу фуҷур, на бо низоъ ва ҳасад; 14 Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.

Румиён 14

Дар бораи касони сустимон еа қавиимон.

Дар бораи лутфу марҳамат ба сустиҳои дигарон

1 КАСЕРО, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо мубоҳиса намоед. 2 Яке боварӣ дорад, ки хӯрдани ҳама ҷиз ҷоиз аст, вале он ки суст аст, фақат сабзавот мехӯрад. 3 Касе ки мехӯрад, набояд он касро, ки намехӯрад, хор шуморад; ва касе ки намехӯрад, набояд он касро, ки мехӯрад, л^аҳкум кунад: чунки Худо ӯро қабул кардааст. 4 Ту кистӣ, ки бандаи каси дигарро маҳкум мекунй? Пенги оғои худ ӯ меистад ё меафтад; аммо ба по хоҳад истод, зеро ки Худо қодир аст ӯро ба по бархезонад.

Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад

5 Як кас як рӯзро аз рӯзи дигар авло медонад; лекин каси дигар рӯзҳоро баробар медонад. Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад. 6 Он ки рӯзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рӯзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро ки Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд. 7 Зеро ки ҳеҷ яке аз мо барои худ зист намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемирад. 8 Зеро ки агар зист кунелт, барои Худованд зист мекунем, ва агар бимирем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем. 9 Зеро Масеҳ барои он мурд ва аз нав зинда шуд, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад. 10 Пас чаро ту бародаратро лтаҳкум мекунй? Ё ту низ чаро бародаратро хор мешуморӣ? Охир, ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд. 11 Зеро ки навишта шудааст: "Қасам ба ҳаёти Худам, Л1егӯяд Худованд: пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне Худоро ситоиш хоҳад кард". 12 Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод.

Боиси васваса шудан лозим нест

13 Пас, якдигарро дигар маҳкум накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад. 14 Ман медонам ва дар Исои Худованд яқин дорам, ки ҳеҷ як чиз ба худии худ наҷис нест; фақат барои касе кичизеро наҷис мешуморад, он наҷис аст. 15 Ва агар бародарат аз барои хӯрок озурда шавад, ту дигар аз рӯи муҳаббат рафтор намекунӣ; бо хӯроки худ он касро, ки Масеҳ барои ӯ мурдааст, нобуд накун. 16 Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгӯй накунанд. 17 Зеро ки Малакути Худо аз хӯрдан ва нӯшидан иборат нест, балки адолат, сулху осоищтагӣ ва шодмонй дар Рӯҳулқудс аст. 18 Ва ҳар кй ба ин тариқа Масеҳро бандагӣ мекунад, вай писандидаи Худр ва мақбули мардум аст. 19 Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ва тақвияти якдигар саъю кӯшиш кунем. 20 Аз барои хӯрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хӯрдан касе ба васваса афтад, ин кор савоб надорад. 21 Беҳтар аст, ки ту гӯшт нахӯрй, май нанӯшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хӯрдан, ё ба васваса афтодан ва ё суст шудани бародарат мегардида бошад. 22 Имоне ки ту дорӣ, барои худат, дар пеши Худо иошта бош. Хушо касе ки худро барои он чи баргузидааст, маҳкум намекунад. 23 Аммо он ки шубҳа дорад, агар бихӯрад, махкум мегардад, чунки ин корро аз рӯи имон накард; ва ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст.

Ҷалол додани Худо

24 Ба Ӯ, ки қодир аст шуморо устувор гардонад ба ҳасби башорати ман ва мавъизаи Исои Масеҳ, ба ҳасби кашфи он сирре ки аз замонҳои азалӣ ниҳон буд, 25 Вале алҳол зоҳир шуда, ба воситаи навиштаҳои анбиё, бо амри Худои ҷовидонӣ ба ҳамаи халқҳо маълум шудааст, то ки ба итоати имон дароянд, 26 Ба Худои ҳакилш якто, ба воситаи Исои Масеҳ, то абад ҷалол бод. Омин.

Румиён 15

Ҳар яке ба бародараш бар ҳасби намунаи Масеҳ мадад бирасонад

1 ВА мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва толиби роҳати худ набошем: 2 Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст. 3 Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд, балки, чунон ки навишта шудааст: "Бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар Ман афтодааст".

Имондороне ки аз байни халҳҳо ва яҳудиён ҳастанд, калисои ягонаи Масеҳро ташкил мекунанд

4 Зеро ҳар он чи иештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллй пайдо карда, умедвор бошем. 5 Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор шуморо тақвият диҳад, ки бо ҳамдигар, мутобиқи Исои Масеҳ, ҳамфикр бошед, 6 То ки шумо якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гӯед. 7 Пас, якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст. 8 Зеро ман мегӯям, ки Исои Масеҳ, ба хотири ростии Худо, барои махтунон хизматгузор шуд, то ки ваъдаҳои ба падарон додашударо ба иҷро расонад, 9 Ва барои он ки халқҳо Худоро ба ҳотири марҳамати Ӯ ҳамду сано гӯянд, чунон ки навишта шудааст: "Бинобар ин Туро дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт ва исми Туро тараннум хоҳам кард". 10 Ва боз гуфта шудааст: "Эй халқҳо, бо қавми Ӯ хушнӯд шавед". 11 Ва боз: "Эй ҳамаи халқҳо, Худовандро ситоиш кунед ва, эй ҳамаи қавмҳо, Ӯро ҳамду сано гӯед". 12 Ишаъё низ мегуяд: "Решаи Йисой хоҳад омад, ва Ӯ барои мутеъ кардани халқҳо хоҳад бархост; халқҳо ба Ӯ умед хоҳанд баст". 13 Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имонатон аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад, то ки бо қуввати Рӯҳулкудс умедатон афзун гардад.

Хотимаи нома;

Ваколати Павлус барои навиштани ин нома

14 Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебощед ва якдигарро насиҳат карда метавонед. 15 Лекин ман каме ҷуръат намуда, ба шумо баъзе чизҳоро гуё ки хотиррасон кардам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман ато фармудааст, 16 Барои он ки дар ми&ни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад. 17 Пас, ман метавонам дар Исои Масеҳ пеши Худо ифтихор намоям; 18 Зеро ҷуръат намекунам чизе бигӯям ҷуз он чи Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал, 19 Бо қуввати аломоту мӯъҷизот, бо қуввати Рӯҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикӯн башорати Масеҳро интишор кардаам, 20 Дар айни ҳол ман саъю кӯшищ намудаам на дар он ҷойҳое ки исми Масеҳ машҳур аст, башорат бидиҳам, то ки бар таҳурсии дигарон бино накунам, 21 Балки, чунон ки навишта шудааст: "Онҳое ки хабари Ӯро наёфтаанд, хоҳанд дид, ва онҳое ки нашунидаанд, хоҳанд фаҳмид".

Нақшаи сафар

22 Ҳамин чиз буд, ки дафъаи бисьер ба омадани ман назди шумо монеъ шуд. 23 Лекин алҳол, ки маро дар ин кишварҳо дигар коре нест, ва чандин сол боз орзумандам, ки назди шумо биёям, 24 Ҳамин ки ба сафари Испония биравам, назди шумо хоҳам омад. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам бо шумо мулоқот кунам, ва шумо маро, баъд аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед. 25 Аммо ҳоло ман ба Ерусалим меравам, то ки ба муқаддасон хизмат кунам; 26 Зеро ки аҳли Мақдуния ва Оҳоия салоҳ донистанд, ки хайроте барои камбағалони муқаддасони Ерусалим фиристанд. 27 Инро салоҳ донистанд, вале нисбат ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонй шарик шудаанд, бояд ба онҳо аз ҷиҳати маишатй низ хизмат кунанд. 28 Пас, ин корро анҷом дода ва ин маблағро ба дасти онҳо супурда, ман бо роҳи кишвари шумо ба Испония хоҳам рафт, 29 Ва яқин дорам, ки ҳар гоҳ назди шумо биёям, бо баракати пурраи башорати Масеҳ хоҳам омад. 30 Пас, эй бародарон, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ ва ба хотири муҳаббати Рӯҳ аз шумо илтимос дорам, ки ҳамроҳи ман дар дуоҳои худ барои ман назди Худо ҷидду ҷаҳд намоед, 31 То ки аз беимонони Яҳудо раҳо шавам, ва хизмати ман дар Ерусалим мақбули муқаддасон афтад, 32 Ва ман, бо хости Худо, бо шодмонӣ назди шумо биеям ва бо шумо ором ёбам. 33 Ва Худои сулҳу осоиштагй бо ҳамаи шумоён бод. Омин.

Румиён 16

Маъруфӣ кардани Фубӣ

1 ХОҲАРИ мо Фубиро, ки ходимаи калисои Канхария аст, ба шумо маъруфй менамоям, 2 То ки вайро ба хотири Худованд, ба тавре ки шоистаи муқаддасон бошад, қабул кунед ва дар ҳар бобат, ки ба шумо эҳтиёҷ дошта бошад, ба вай мадад расонед; зеро ки вай ҳам ба бисьёр касон ва ба худи ман низ мададгор буд.

Саломхо ба имондорон

3 Ба Прискила ва Акило, ки ҳамкорони ман дар Исои Масеҳ буданд, салом гӯед; 4 Онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на фақат ман, балки ҳамаи калисоҳои халқҳо низ мамнун ҳастанд; ҳамчунин ба аҳли калисое ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед. 5 Ба маҳбуби ман Апинтус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гӯед. 6 Ба Марьям, ки барои мо бисьёр меҳнат кардааст, салом гӯед. 7 Ба хешони ман Андроникӯс ва Юниес, ки бо ман бандӣ буданд, салом гӯед; онҳо дар миёни ҳаввориён машҳур ҳастанд ва аз ман пештар ба Масеҳ имон овардаанд. 8 Ба Амплиёс, ки дар Худованд маҳбуби ман аст, салом гӯед. 9 Ба Ӯрбонус, ки дар Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохис, ки маҳбуби ман аст, салом гӯед. 10 Ба Апалис, ки дар Масеҳ озмуда шудааст, салом гӯед. Ба аҳли байти Аристоблус салом гӯед. 11 Ба хеши ман Ҳиродиюн салом гӯед. Ба онҳое ки аз аҳли байти Наркисус ба Худованд имон доранд, салом гӯед. 12 Ба Труфино ва Трифосо, ки дар кори Худованд фаъол ҳастанд, салом гӯед. Ба Парсиси маҳбуба, ки дар кори Худованд бисьёр фаъол аст, салом гӯед. 13 Ба Руфус, ки баргузидаи Худованд аст, ва ба модари ӯ, ки барои ман мисли модар аст, салом гӯед. 14 Ба Асункритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ермис ва бародароне ки бо онҳоянд, салом гӯед. 15 Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нирвас ва хоҳараш, ва Ӯлумпос, ва ҳамаи муқаддасоне ки бо онҳоянд, салом гӯед. 16 Ба якдигар бо бӯсаи муқаддасона салом гӯед. Ҳамаи калисоҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд.

Огоҳонидан аз таьлимотҳои козибона

17 Шуморо, эй бародарон, даъват менамоям, ки аз касоне ки бар хилофи таълиме ки шумо ёфтаед, дар миён чудоӣ ва васваса меандозанд, эҳтиёт бошед ва аз онҳо канорагирӣ кунед; 18 Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд. 19 Итоати шумо ба ҳама маълум аст; ва ман аз шумо хурсандам, лекин орзумандам, ки шумо дар некӣ ҳирадманд ва дар бадӣ соддадил бошсд. 20 Ва Худои сулҳу осоиштагӣ ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун хоҳад кард. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод!

Саломҳо ба ҳамкорон

21 Ҳамкорам Тимотиюс ва хешонам Лукюс, Ёсӯн ва Сӯсипатрус ба шумо салом мегӯянд. 22 Ман - Тартиюс низ, ки ин номаро навиштаам, ба шумо дар Худованд салом мегӯям. 23 Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли калисо мебошад, ба шумо салом мегӯяд. Хазинадори шаҳр Арастус ва бародари мо Квартус ба шумо салом мегӯянд. 24 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.

1 Қӯринтиён 1

Имондор файзи Худоро ба воситаи Исо меёбад

1 ПАВЛӮС, ки бо иродаи Худо ҳаввории даъватигудаи Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Сӯстинис, 2 Ба калисои Худо, ки дар Кӯринтӯс воқеъ аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Исои Масеҳ тақдис гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо исми Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ӯ Худованди онҳо ва Худованди мост, - 3 Файз ва осоиштагӣ аз ҷопиби Пацари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.

Шукргузорй барои фаӣзи Худо, ки ато шудааст

4 Худои худро ҳамеша барои шумо шукр мегӯям: барои файзи Худо, ки ба шумо дар Исои Масеҳ ато шудааст, 5 Чунки дар Ӯ шумо аз ҳар чиз: аз ҳар сухан ва аз ҳар дониш бой шудаед, 6 Зеро шаҳодати Масеҳ дар шумо барқарор гардидааст, 7 Ба тавре ки шумо аз ҳеҷ лаёқат норасогӣ надоред, модоме ки мунтазири зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ мебошед, 8 Ки Ӯ низ шуморо то ба охир устувор хоҳад кард, то ки дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ беаиб бошед. 9 Амин аст Худое ки щуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст.

Ба муқобили низоъ дар Қуринтӯс.

Ҷудоиҳо дар калисо

10 Аз шулю, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гӯед, ва дар байни шумо ҷудоие набошад, балки шумо дар як рӯҳ ва дар як фикр муттаҳид бошед. 11 Зеро ки аз аҳли байти Хлӯо ба ман дар бораи шумо, эй бародарон, маълум шудааст, ки дар байнатон баҳсу мунозира вуҷуд дорад. 12 Ман онро дар назар дорам, ки ҳар яке аз шумо мегӯяд; "Ман аз они Павлус ҳастам"; "Ман аз они Апӯллӯс"; "Ман аз они Кифо"; "Ман аз они Масеҳ". 13 Оё Масеҳ аз ҳам ҷудо шудааст? Оё Павлус барои шумо маслуб гардидааст? Ё ки шумо ба исми Павлус таъмид ёфтаед? 14 Худоро шукр лгегӯям, ки ман ҳеҷ яке аз шуморо, ба гайр аз Криспус ва Гоюс, таъмид надодаам, 15 То касенагӯяд, ки манӯро ба исмиҳуд таъмид додаам. 16 Ман инчунин аҳли байти Истефанусро таъмид додаам; ҷуз инҳо дар хотир надорам, ки каси дигареро таъмид дода бошам. 17 Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати калом, то ки салиби Масеҳ ботил нашавад.

Хикмати ҷаҳон ҷаҳолат аст ба ҳузури Худо

18 Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат ҷаҳолат аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост. 19 Зеро навишта шудааст: "Ҳикмати ҳакимонро ба ҳалокат хоҳам расонд ва ақли оқилонро нопадид хоҳам кард". 20 Куҷост ҳаким? Куҷост китобдон? Куҷост воизи ин ҷаҳон? Оё Худо ҳикмати ин ҷаҳонро ба ҷаҳолат табдил надодааст? 21 Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, - Худо салоҳ донист, ки ба воситам ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад, 22 Зеро ки яҳудиён мӯъҷизот металабанд, ва юнониён ҳикмат меҷӯянд; 23 Лекин мо Масеҳи маслубшударо мавъиза мекунем, ки барои яҳудиён васваса ва барои юнониён ҷаҳолат аст, 24 Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониен, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ӯ куввати Худо ва ҳикмати Худост; 25 Чунки ҷаҳолати Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст, ва нотавонии Худо аз куввати одамон тавонотар аст. 26 Зеро, эй бародарон, бингаред, ки шумо, вақте ки даъват шудед, чй будед: бисьёре ба ҳасби ҷисм ҳаким нестед, бисьёре тавоно нестед, бисьёре наҷиб нестед; 27 Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад; 28 Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, - 29 Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар леши Худо фахр накунад. 30 Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва кудсият ва кафорат шудааст, 31 То, чунон ки навишТа шудааст, "фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад".

1 Қӯринтиён 2

Мавъизаи оддии ҳавворй дар бораи Салиби Масеҳ

1 ВА ҳангоме ки ман, эй бародарон, назди шумо омадам, на бо фазилати калом ё ҳикмат омадам, то шаҳодати Худоро ба шумо эълон намоям, 2 Зеро ман қарор додам, ки дар миёни шумо, ба чуз Исои Масеҳ, он ҳам Исои Масеҳи маслубшуда, чизе надонам; 3 Ва ман дар заъф ва дар тарсу ларзи бузурге назди шумо будам, 4 Ва калому мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсон, балки дар зуҳури рӯҳ ва қувват буд, 5 То ки имони шумо на бар ҳикмати инсон, балки бар қуввати Худо қарор ебад.

Ҳикмати Худо фацат ба воситаи Рӯҳи Худо дониста мешавад

6 Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин ҷаҳон ва мирони ин ҷаҳон, ки фано хоҳанд шуд, 7 Балки дар бораи ҳикмати Худо маҳрамона сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо аз азал барои ҷалоли мо муқаррар кардааст, 8 Ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин ҷаҳон надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро маслуб намекарданд. 9 Аммо, чунон ки навишта шудааст: "Он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст". 10 Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад. 11 Зеро кист аз одамон, ки ботини инсонро бидонад, ба ҷуз рӯҳи инсон, ки дар ӯст? Ҳамчунин он чиро, ки дар Худо ҳаст, ҳеҷ кас намедонад, ба ҷуз Рӯҳи Худо. 12 Лекин мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем, 13 Ва инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст, балки бо суханоне ки Рӯҳулқудс таълим додааст, мегӯем ва рӯҳиётро бар тибқи рӯҳ таъбир мекунем. 14 Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ӯ ҷаҳолат аст; ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад. 15 Лекин одами рӯҳонӣ дар бораи ҳама чиз ҳукм мекунад, вале касе наметавонад дар бораи ӯ дуруст ҳукм кунад. 16 Зеро кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то ки Ӯро таълим диҳад? Лекин мо фикри Масеҳро дорем.

1 Қӯринтиён 3

Ҷудоиҳо дар бораи ҳолати чисмонй шаҳодат медиҳанд

1 ВА ман, эй бародарон, натавонистам бо шумо, ҳамчун касони рӯҳонӣ, сухан ронам, балки ҳамчун касони ҷисмонӣ, ё кӯдакон дар Масеҳ. 2 Ва шуморо шир хӯрондам, на ғизои саҳт, зеро ки шумо ҳанӯз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред, 3 Чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилофот ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед? 4 Зеро, вақте ки яке: "Ман аз они Павлус ҳастам" ва дигаре: "Ман аз они Апӯллӯс" мегӯяд, - оё шумо ҷисмонӣ нестед? 6 Муаллимони масеҳӣ хизматгузорони Худо ҳастанд, на хизматгузорони инсонй. 5 Пас, Павлус кист? Ва Апӯллӯс кист? Онҳо фақат ходимоне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед, ва ҳар яке ба андозае ки Худованд ба вай ато кардааст. 6 Ман кишт кардам, Аиӯллӯс об дод, лекин Худо сабзонид; 7 Бинобар ки на кишткунанда аҳамияте дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда. 8 Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ хоҳад гирифт. 9 Зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед. 10 Аз рӯи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсй ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад, ки чӣ гуна месозад. 11 Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ҷуз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст. 12 Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, ҷавоҳирот, ё чӯб, хасбеда, пахол бино кунад, - 13 Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рӯз нишон хоҳад Дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст. 14 Агар амали касе ки бар он сохтааст, пойдор бимонад, вай музд хоҳад гирифт; 15 Ва агар амали касе бисӯзад, вай зиён хоҳад дид; валекин худаш наҷот хоҳад ёфт, аммо тавре ки гӯё аз даруни оташ гузашта бошад.

Онҳое ки ба Исо имон доранд, маъбади Худоро ташкил мекунанд

16 Оё шумо намедонед, ки маъбади Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст? 17 Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонаваярон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед. 18 Зинҳор касе худро фирефта накунад: агар касе аз шумо худро дар ин ҷаҳон ҳаким медониста бошад, бигзор ҷоҳил шавад, то ки ҳаким гардад. 19 Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст, чунон ки навишта шудааст: "Ҳакимонро ба макри худашон гирифтор мекунад". 20 Ва боз: "Худованд афкори ҳакимонро медонад, ки ботил аст". 21 Хуллас, ҳеҷ кас ба одамон фахр накунад, зеро ки ҳамааш аз они шумост: 22 Хоҳ Павлус, хоҳ Апӯллӯс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда - ҳамааш аз они шумост; 23 Ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ - аз они Худо.

1 Қӯринтиён 4

Хизматгузорони Худо фақат ба ҳузури Худо чавобгаранд

1 ПАС, ҳар кас бояд моро ходимони Масеҳ ва муваккалони асрори Худо ҳисоб кунад; 2 Аз муваккалон талаб карда мешавад, ки ҳар яке амин барояд. 3 Барои ман хеле кам аҳамият дорад, ки шумо, ё одамони дигар, дар ҳаққи ман чй гуна ҳукм мекунед; худи ман ҳам ҳукме дар ҳаққи худ намекунам. 4 Зеро ки ман дар худ аӣбе намебинам, лекин бо ин худро сафед намекунам; ҳукмкунандаи ман Худованд аст. 5 Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вакт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикй пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро сшкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.

Ба муқобили ҳавобаландии қӯринтиён

6 Ва инро, эй бародарон, ман ба хотири шумо ба худам ва ба Апӯллӯс нисбат додам, то шумо аз мо ёд гиред, ки касе бештар аз он чи навишта шудааст, окилтагюпш накунад, ва ҳеҷ яке аз шумо дар пеши дигаре бо худ наболад. 7 Зеро кист, ки туро бартарӣ додааст? Ва чӣ чизе дорӣ, ки нагирифта бошӣ? Ва агар гирифта бошӣ, чаро фахр мекунӣ, ки гӯё нагирифта бошӣ? 8 Шумо аллакай сер шудаед, аллакай сарватдор шудаед ва бе мо салтанат меронед. Кошки салтанат мерондед, то ки мо низ бо шумо салтанат ронем!

Намунаи фурӯтанӣ ва сабурии ҳавворй

9 Зеро гумон мекукам, ки Худо мо, ҳаввориёнро монанди касони охири саф, ки ба марг маҳкум шудаанд, намоён кардааст, чунки мо барои ҷаҳон, ҳам барои фариштагон ва ҳам барои одамон, ба тамошогоҳе мубаддал шудаем. 10 Мо ба хотири Масеҳ ҷоҳил ҳастем, лекин шумо дар Масеҳ ҳаким ҳастед; мо нотавон, лекин шумо тавоно; шумо соҳиби ҷалолат, лекин мо дар залолат. 11 То ҳамин соат гурусна ва ташна, бараҳна ва шаллоқхӯр ва сарсону саргардон ҳастем, 12 Ва заҳмат кашида, бо дастҳои худ кор мекунем. Моро дашном медиҳанд, мо баракат медиҳем; ба мо зулм мекунанд, мо тоқат меоварем; 13 Ба мо бӯҳтон мезананд, мо зорию илтиҷо мекунем; мо мисли хасрӯбаи ҷаҳон ва ахлоти ҳама то ҳамин вақт мебошем.

Павлус падари калисои Қӯринтус аст

14 Ин суханонро на аз барои он навиштаам, ки шуморо хиҷил кунам, балки шуморо чун фарзандони маҳбуби худ насиҳат медиҳам. 15 Зеро, агарчи шумо ҳазорон носеҳон дар Масеҳ доред, лекин падарони бисьёр надоред: ман шуморо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ба дуньё овардаам. 16 Бинобар ин аз шумо илтимос мекунам: ба ман тақлид намоед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид менамоям. 17 Барои ҳамин ҳам ман Тимотиюсро назди шумо фиристодам, ки ӯ фарзанди маҳбуб ва мӯътабари ман дар Худованд аст; ва ӯ роҳҳои маро дар Исои Масеҳ ба ёди шумо хоҳад овард, чунон ки ман дар ҳама ҷо дар ҳар калисо таълим медиҳам.

Нуфузи ҳавворй дар руҳи муҳаббат ва мулоимат

18 Баъзе касон мағрур шудаанд, ба гумони он ки ман назди шумо намеоям; 19 Аммо ба қарибй, агар Худованд бихоҳад, назди шумо хоҳам омад, ва на сухани мағруронро, балки куввати онҳоро хоҳам донист, 20 Зеро ки Малакути Худо на дар сухан, балки дар қувват аст. 21 Чиро афзал медонед? Оё бо таёқназди шумо биёям, ё ки бо муҳаббат ва рӯҳи мулоимат?

1 Қӯринтиён 5

Павлуси ҳавворӣ дастур медиҳад, ки касони аз ҷиҳати маънавӣ фосидшударо аз калисо хориҷ кунанд

1 ОВОЗАЕ ба гӯшам расид, ки дар байни шумо зино пайдо шудааст, он ҳам чунон зино, ки ҳатго дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст, 2 Ва шумо мағрур шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то он касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад. 3 Зеро ки ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рӯҳан ҳозирам, аллакай, гӯё ки назди шумо бошам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам: 4 Ба исми Худованди мо Исои Масеҳ, вақте ки шумо бо якҷоягии рӯҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед, 5 Он шахс барои ҳалокати ҷисмаш ба шайтон супурда шавад, то ки рӯҳаш дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ наҷот ёбад. 6 Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад? 7 Пас, хамиртуруши кӯҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст. 8 Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кӯҳна, на бо хамиртуруши щарорат ва макр, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо хоҳем овард. 9 Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо зинокорон алоқа накунед; 10 Лекин на умуман бо зинокорони ин ҷаҳон, ё бо ҳаромризқон, ё бо ғоратгарон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат шуморо лозим меомад, ки ая ҷаҳон берун шавед; 11 Балки ба шумо навиштаам, ки бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромризқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред. 12 Зеро ки чаро ман ба онҳое ки дар берунанд, доварӣ кунам? Оё шумо ба онҳое ки дар дохиланд, доварӣ намекунед? 13 Ба онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас щумо фосиқро аз миёни худ бадар кунед.

1 Қӯринтиён 6

Мурофиаи худро назди гуноҳкорон бурдан ба имондорон манъ карда шудааст

1 КАСЕ аз шумо, вақте ки ба дигаре даъво дорад, оё ҷуръат мекунад, ки мурофиаи худро назди гуноҳкорон барад, на назди муқаддасон? 2 Магар намедонед, ки муқаддасон ҷаҳонро доварӣ ҳоҳанд кард? Ва агар шумо ҷаҳонро доварӣ мекарда бошед, наход ки сазовори он нестед, ки корҳои хурдтарро доварӣ кунед? 3 Магар намедонед, ки мо фариштагонро доварӣ хоҳем кард? Пас чӣ қадар зиёдтар корҳои маишатро! 4 Лекин шумо, вақте ки мурофиаи маишй доред, онҳоеро, ки дар калисо ҳеҷ эътиборе надоранд, ба доварӣ мещинонед. 5 Барои хиҷил шуданатон мегӯям: наход ки дар байни шумо як нафар ҳам боҳираде нест, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад? 6 Аммо бародар бо бародар мурофиа мекунад, он ҳам дар пеиги беимонон. 7 Худи ҳамин ҳам барои шумо зиллатовар аст, ки байни худ мурофиа доред. Чаро барои худ мазлумиятро афзал на медонед? Чаро ба маҳрумият тоб оварданро афзал намедонед? 8 Лекин худатон мазлум ва маҳрум мекунед, он ҳам бародарони худро.

Имондорон бояд худро аз гуноҳ нигоҳ доранд

9 Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосикон, на бачабозон, на ливотагарон, 10 На дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон - вориси Малакути Худо наменхаванд. 11 Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо. 12 Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин кабояд ки чизе маро бандаи худ гардонад. 13 Хӯрок барои шикам аст, ва шикам барои хӯрок; аммо Худо инро ва онро нест мекунад; лекин ҷисм на барои зино, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои ҷисм аст. 14 Чунон ки Худо Худовандро бо куввати Худ эҳьё кард, моро низ эҳьё хоҳад кард. 15 Магар намедонед, ки ҷисмҳои шумо узвҳои Масеҳанд? Пас оё узвҳои Масеҳро мегирам, то ки онҳоро узвҳои фоҳишае гардонам? Ҳошо ва калло! 16 Оё" намедонед, ки ҳар кӣ бо фоҳиша ҷимоъ кунад, бо вай як тан мешавад? Зеро ки гуфта шудааст: "Ҳар ду як ҷисм хоҳанд буд". 17 Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайванд шавад, бо "9" як рӯҳ аст. 18 Аз зино бигрезед. Ҳар гуноҳе ки одамизод мекунад, аз ҷисм берун аст, лекин зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад. 19 Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулкудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед? 20 Зеро ки шумо ба нарҳи гарон харида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳри худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд.

1 Қӯринтиён 7

Никоҳ ва муҷаррадӣ

1 ДАР бораи он чи ба ман навишта будед, барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад. 2 Аммо, барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад. 3 Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ. 4 Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст. 5 Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳар ду, то ки ба рӯзаву дуо шуғл кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад. 6 Лекин инро ман ба тариқи маслиҳат мегӯям, на ба тариқи фармоиш. 7 Зеро мехоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд; аммо ҳар кас лаёқати ба худ хосе аз Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар. 8 Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям: барои онҳо хуб аст, ки мисли ман бимонанд; 9 Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст.

Талоҳ

10 Ба онҳое ки никоҳ кардаанд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд: завҷа аз шавҳараш набарояд, - 11 Ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонад, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад, - ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад. 12 Ба дигарон ман мегӯям, на Худованд: агар бародаре завҷаи беимон дошта бошад, ва он завҷа розӣ бошад бо ӯ зиндагӣ кунад, ӯ набояд аз вай ҷудо шавад. 13 Ва завҷае ки шавҳари беимон дошта бошад, ва он шавҳар розй бошад бо вай зиндагй кунад, вай набояд аз ӯ ҷудо шавад; 14 Зеро ки шавҳари беимон ба воситаи завҷаи имондораш қудсият пайдо мекунад, ва завҷаи беимон ба воситаи шавҳари имондораш қудсият пайдо мекунад; вагар на фарзандони шумо нопок мебуданд, ва ҳол он ки дар асл онҳо муқаддас ҳастанд. 15 Аммо агар беимон чудо шудан хоҳад, бигзор чудо шавад; дар чунин вазъият бародар ё хоҳар дигар вобаста нест; Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст. 16 Зеро аз куҷо ту донй, эй завҷа, ки шавҳаратро наҷот хоҳӣ дод? Ё аз куҷо ту донӣ, эй шавҳар, ки завҷаатро наҷот хоҳӣ дод?

Имондорон бояд бар ҳасби иродаи Худо рафтор кунанд ва дар ҳамон ҳолате ки даъват шудаанд, бимонанд

17 Бигзор ҳар кас дар он ҳолате ки Худо ӯро насиб кардааст, ва ҳар кас дар он вазъе ки Худованд ӯро даъват намудааст, бимонад. Дар ҳамаи калисоҳо ман ҳамин тавр дастур медиҳам. 18 Агар шахси махтуне даъват шуда бошад, орзуи номахтунӣ накунад; ва агар номахтуне даъват шуда бошад, хатна накунад. 19 Хатна ҳеҷ аст, номахтунй ҳам ҳеҷ аст, балки аз ҳама муҳимтар риояи аҳкоми Худост. 20 Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, дар ҳамон бимонад. 21 Агар дар ҳолати ғуломӣ даъват шуда бошӣ, нороҳат нашав; балки агар озод шуда тавонӣ ҳам, аз фурсат истифода бар. 22 Зеро гуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; инчунин шаҳси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст. 23 Шумо ба нархи гарон харида шудаед: ғуломи одамон нагардед. 24 Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, эй бародарон, дар ҳамон назди Худо бимонад.

Машваратҳо ба имондорон дар бораи бакорат ва заношӯй

25 Дар Хусуси бокираҳо аз Худованд фармоише надорам, лекин, ҳамчун шаҳсе ки аз Худованд марҳамат ёфтааст, ки амин бошад, маслиҳати худро баён мекунам. 26 Пас, ба сабаби тангии вазъияти ҳозира, ман онро беҳтар медонам, ки барои одам хуб аст, агар ҳамон тавр, ки ҳаст, бимонад. 27 Оё зандор ҳастӣ? - толиби талоқ набош. Оё безан ҳастӣ? - толиби зан набош. 28 Аммо агар зандор ҳам шавӣ, гуноҳе намекунӣ; ва агар бокирае ба шавҳар расад, гуноҳе намекунад. Лекин чушга касон дар чисм азобҳо хоҳанд дошт; ва ман ба шумо раҳмхӯрӣ мекунам. 29 Ба шумо, эй бародарон, инро мегӯям: вақт танг аст, ба тавре ки зандорон бояд мисли безанон бошанд; 30 Ва гирьёнон мисли он ки гирьён набошанд; ва шоддилон мисли он ки шоддил набошанд; ва харидорон мисли он ки хариде накарда бошанд; 31 Ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он ки фоидабар набошанл; зеро ки сурати ин ҷаҳон гузарон аст. 32 Ман хоҳиш дорам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи он чи ба Худованд оид аст, гамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад; 33 Аммо марди зандор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорй мекунад, ки чӣ гуна ба завҷааш писанд афтад. Дар миёни зани шавҳардор ва бокира ҳам фарқе ҳаст: 34 Зани бешавҳар дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад, то ки ҳам дар ҷисм ва ҳам дар рӯҳ муқаддас бошад; аммо зани шавҳардор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба шавҳараш писанд афтад. 35 Инро ман ба фоидаи шумо мегӯям, на аз барои он ки банду боре бар шумо андозам, балки барои он ки шумо боодобона ва пай дарҳам дар ибодати Худованд бошед, бе он ки чизе ба ин монеъ шавад. 36 Лекин агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расида, бе шавҳар мемонад, бигзор ӯ он чи мехоҳад, бикунад, - гуноҳе намекунад; бигзор онҳо ба шавҳар бирасанд. 37 Аммо касе ки дар дили худ бағоят матин аст ва эҳтиёҷе надорад, балки иродаи қавӣ допхга, дар дили худ азм кардааст, ки бокираи худро нигоҳ дорад, - ӯ кори хуб мекунад. 38 Бинобар ин, касе ки бокираи худро ба шавҳар медиҳад, кори хуб мекунад, ва касе ки ба шавҳар намедиҳад, кори хубтар мекунад. 39 Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ӯ тааллуқ дорад; пас аз вафоти шавҳараш вай озод шуда, ба ҳар касе ки хоҳад, никоҳ кунад, фақат дар Худованд бошад. 40 Лекин, ба фикри ман, вай хушбахттар аст, агар бева бимонад; ва ба гумонам, ман низ Рӯҳи Худоро дорам.

1 Қӯринтиён 8

Дар бораи истеьмоли қурбониҳои бупгҳо

1 ДАР бораи қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш мағрур мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад. 2 Агар касе гумон кунад, ки ятон чизро медонад, ӯ ҳанӯз ҳеҷ чизро ончунон ки донистанаш лозим аст, намедонад; 3 Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст. 4 Пас, дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ва ҷуз Худои Ягона худои дигаре нест. 5 Зеро, ҳар чанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, - чунки худоёни бисьёр ва худовандони бисьёр ҳастанд, - 6 Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳалта чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем. 7 Аммо ҳама дорои ин дониш нестанд: баъзе касон то алҳол, аз рӯи одати деринаи бутпарастй, ин ҳӯрокро чун қурбонии бут мехӯранд, ва виҷдони онҳо, ки нотавон аст, наҷис мешавад. 8 Хӯрок моро ба Худо наздик нал*екунад: зеро ки на аз хӯрдан манфиате мебинем, на аз наҳӯрдан зиёне. 9 Аммо боҳабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби васвасаи нотавонон нашавад. 10 Зеро, агар касе туро, ки соҳиби дониш ҳастй, бубинад, ки дар сари суфраи бутхона нишастаӣ, оё виҷдони ӯ, ки нотавон аст, ӯро низ ба хӯрдани қурбониҳои бутҳо моил намекунад? 11 Ва аз дониши ту он бародари нотавон, ки Масеҳ барои ӯ мурд, нобуд мешавад. 12 Ва ба ин тариқа бар зидди бародарон гуноҳ карда ва ба виҷдони нотавони онҳо осеб расонда, шумо бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунед. 13 Бинобар ин, агар хӯрок бародари маро ба васваса меандохта бошад, ҳаргиз гӯшт намехӯрам, то ки бародари худро ба васваса наандозам.

1 Қӯринтиён 9

Намунаи Павлус дар тарккунӣ

1 ОЁ ман ҳавворӣ нестам? Оё ман озод нестам? Оё ман Худованди мо Исои Масеҳро надидаам? Оё шумо амали ман дар Худованд нестед? 2 Агар барои дигарон ман ҳавворӣ набошам, барои шумо ҳастам, зеро ки мӯҳри ҳавворияти ман дар Худованд шумо ҳастед. 3 Хпфзи ман ба муқобили онҳое ки маро мазаммат мекунанд, хамин аст. 4 Оё мо ҳаққи хӯрдан ва нӯншдан надорем? 5 Оё ҳақ начорем, ки мисли ҳаввориёни дигар ва бародарони Худованд ва Кифо завҷаи имондорро ҳамроҳи худ бибарем? 6 Оё танҳо ман ва Барнаббо ҳақ надорем, ки кор накунем?

Онҳое ки Инҷилро мавъиза менамоянд, бояд аз башорат додани Инҷил зиндагӣ кунанд

7 Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо нафақаи ҳудаш ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намеҳӯрда бошад? Кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехӯрда бошад? 8 Оё инро ман фақат ба таври инсонӣ мегӯям? Ое шариат низ инро намегӯяд? 9 Зеро ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст: "Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд". Оё Худо дар бораи барзаговон ғамҳорӣ мекунад? 10 Ё ки, албатта, барои мо гуфта шудааст? Оре, ин барои мо навишта шудааст; зеро ки шудгоркунанда бояд бо умед шудгор кунад, ва хирманкӯб - бо умеди гирифтани саҳми худ хирман кӯбад. 11 Модоме ки мо дар миёни шумо чизҳои рӯҳониро коштаем, оё ин як кори бузург аст, ки агар назди шумо чизҳои ҷисмониро дарав кунем? 12 Агар дигарон назди шумо ҳақ дошта бошанд, ое ҳаққи мо зиёдтар нест? Лекин мо аз ин ҳақ истифода набурдем, балки ҳар чизро тоқат мекунем, то ки ба башорати Масеҳ ҳеҷ мамониате нарасонем. 13 Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехӯранд? Ва ходимони курбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд? 14 Ҳамчунин Худованд фармудааст, ки воизони Инҷил аз башорат додани Инҷил зиндагӣ кунанд. 15 Лекин ман аз инҳо ҳеҷ якеро истифода накардаам. Ва инро на аз барои он навиштаам, ки барои ман ҳамин тавр бошад; зеро барои ман мурдан беҳтар аст аз он ки касе ин фахри маро нест кунад. 16 Зеро, агар башорат диҳам, ин барои ман сабаби фахр нест, чунки ин барои ман як кори воҷибист: вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам! 17 Зеро, агар инро ба таври ихтиёрӣ ба ҷо оварам, мукофот мегирам; лекин агар ба таври ғайриихтиёрӣ бошад,ин як вазифаи маъмуриест, ки ба зиммаи ман гузошта шудааст. 18 Пас мукофоти ман чист? Он аст, ки Инҷилро мавъиза намуда, дар бораи Масеҳ бемузд башорат медиҳам ва аз ҳаққи башоратдиҳандагии худ истифода намебарам.

Намунаи хизматгузории ҳақикӣ

19 Зеро, бо вуҷуди он ки аз ҳама озод будам, худро ғуломи ҳама гардондам, то ки шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям; 20 Барои яҳудиён чун яҳудй шудам, то ки яҳудиёнро ҷалб намоям; барои аҳли шариат чун аҳли шариат шудам, то ки аҳли шариатро ҷалб намоям; 21 Барои бешариатон чун бешариат шудам, - гарчанде ки ман пеши Худо бешариат нестам, балки аз аҳли шариати Масеҳам, - то ки бешариатонро ҷалб намоям; 22 Барои нотавонон чун нотавон шудам, то ки нотавононро ҷалб намоям. Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам. 23 Инро ман барои Инҷил мекунам, то ки шарики баракоти он бошам. 24 Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо фақат як нафар мукофот мегирад? Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед. 25 Ҳамаи риёзаткашон аз ҳар чиз худдорӣ мекунанд: онҳо барои гирифтани тоҷи фонӣ, лекин мо барои гирифтани тоҷи ғайрифонӣ. 26 Бинобар ин ман медавам на он тавре ки бар абас бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад; 27 Балки ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ки ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам.

1 Қӯринтиён 10

Исроил дар биёбон огохие барои имондорон аст

1 МАН намехоҳам, эй бародарон, ки шумо беҳабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр убур карданд; 2 Ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд; 3 Ва ҳама айни як ғизои рӯҳониро мехӯрданд; 4 Ва ҳама айни як нӯшокии рӯҳониро менӯшиданд, зеро аз сахраи рӯҳоние менӯшиданд, ки аз ақибашон меомад; ва он сахра Масеҳ буд. 5 Лекин бар аксари онҳо ҳусни таваҷҷӯҳи Худо набуд; зеро ки онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд. 6 Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд. 7 Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст: "Қавм ба хӯрдану нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд". 8 Зинокорӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо зинокорӣ карданд, ва дар як рӯз бисту се ҳазор нафарашон нобуд шуданд. 9 Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз неши морҳо ба ҳалокат расиданд. 10 Шиква накунед, чунон ки баъзеи онҳо ншква карданд ва аз дасти қиркунанда нобуд шуданд. 11 Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст. 12 Бинобар ин ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад. 13 Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонй чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед. 14 Хуллас, эй маҳбубонам, аз бутпарастй бигрезед. 15 Ба мулоҳизакорон сухан мегӯям: дар бораи он чи мегӯям, худатон мулоҳиза кунед;

Иштирок дар суфраи Худованд тарки суфраи девҳоро талаб мекунад

16 Оё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба Хуни Масеҳ нест? Оё нонеки пора мекунем, шарик шудан ба Бадани Масеҳ нест? 17 Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисьёрем, як тан ҳастем, зеро ки ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем. 18 Ба Исроил ба ҳасби ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехӯранд, шарики қурбонгоҳ нестанд? 19 Пас ман чӣ бигӯям? Оё ин ки дар қурбонии бут ё худи бут чизе хаст? 20 Не, балки он чи онҳо қурбонй мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам, ки шумо бо девҳо шарик бошед. 21 Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам дар суфраи девҳо. 22 Наҳод ки мо Худовандро ба хашм меоварем? Магар мо аз Ӯ пурзӯртарем?

Дигаронро бо хӯрок ба васваса андохтан лозим нест

23 Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад. 24 Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро. 25 Ҳар он чи дар бозор фурӯхта мешавад, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед; 26 Зеро ки замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худрванд аст. 27 Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд, ва шумо мехоҳед биравед, - аз ҳар чизе ки пешатон монанд, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед. 28 Лекин агар касе ба шумо гӯяд, ки "ин қурбонии бут аст", - ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахӯред; зеро ки замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст. 29 Аммо на виҷдони худро, балки виҷдони он каси дигарро дар назар дорам; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад? 30 Агар ман бо шукргузорӣ мехӯрда бошам, чаро маро барои он чизе ки ман барояш шукргузорй мекунам, мазаммат намоянд? 31 Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред. 32 На яҳудиёнро ба васваса андозед, на юнониёнро, на калисои Худоро, 33 Чунки ман низ дар ҳар бобат дили ҳамаро меёбам, ва толиби нафъи худ не, балки нафъи касони бисьёр ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд.

1 Қӯринтиён 11

Тартиби масеҳӣ дар чамьомадҳо

1 БА ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам. 2 Шуморо, зй бародарон, барои он таҳсин менамоям, ки дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ доштаед. 3 Ҳамчунин мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост. 4 Ҳар марде ки сари пӯншда дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад; 5 Ва ҳар зане ки сари луч дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунац, зеро ин мисли он аст, ки мӯйсараш тарошида шуда бошад; 6 Зеро, агар зан нахоҳад, ки сари худро пӯшонад, бигзор мӯяшро қайчӣ кунад; ва агар зан аз қайчй кардан ё тароншдани мӯяш шарм дошта бошад, бигзор сари худро пӯшонад. 7 Хуллас, мард набояд сари худро пӯшонад, чунки ӯ сурат ва ҷалоли Худост; аммо зан ҷалоли мард аст. 8 Зеро ки на мард аз зан аст, балки зан аз мард; 9 Ва на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард. 10 Бинобар ин зан бояд бар сараш нишонаи ихтиёрро ба хотири фариштагон дошта бошад. 11 Лекин дар Худовапд на мард бе зан аст, на зан бе мард аст: 12 Зеро, чунон ки зан аз мард аст, ончукон мард низ ба воситаи зан аст; ва ҳамаи ин аз Худост. 13 Худатон мулоҳиза кунед, ки оё аз рӯи одоб аст, ки зан сари нопӯпшда пеши Худо дуо гӯяд? 14 Оё худи табиат шуморо таълим намедиҳад, ки агар мард мӯяшро дароз кунад, ин барои ӯ нанг аст, 15 Аммо агар зан мӯяшро дароз кунад, ин барои вай шаъну шараф аст, чунки мӯй ба вай ба ҷои ҳиҷоб дода пгудааст? 16 Ва агар касе мунозира карданй бошад, мо ва калисоҳои Худо чунин одат надорем.

Дар бораи бояду гиояд ид кардани таоми шоми Худованд

17 Лекин, ин дастурро дода, шуморо барои он таҳсин намекунам, ки на аз барои некӣ, балки аз барои бадӣ ҷамъ мешавед. 18 Зеро, аввалан, шунидам, ки дар миёни шумо, вақте ки дар калисо ҷамъ мешавед, ихтилофот рӯй медиҳад, ки ба ин ман як қадар бовар мекунам. 19 Зеро ки дар миёни шумо гуногуиии ақидаҳо низ бояд бошад, то ки корозмудагон дар миёни пгумо зоҳир гарданд. 20 Сонй, дар як ҷо ҷамъ шуданатоь: барои хӯрдани таоми шоми Худованд нест; 21 Зеро ҳар кас аз дигарон пештар хӯроки худро гирифта мехӯрад, ва яке гурусна мемонад, ва дигаре маст мешавад. 22 Магар шумо хона надоред, ки дар он биҳӯред ва бинӯшед? Ё ки ба калисои Худо беэътиной мекунед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чй гӯям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам. 23 Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ӯро таслим карданд, нонро гирифт 24 Ва баракат дода, пора кард ва гуфт: "Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред". 25 Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: "Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред." 26 Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро менӯшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд. 27 Бинобар ин ҳар кй ба таври ношоиста ин нонро бихӯрад ё косаи Худовандро бинӯшад, бар зидди Бадан ва Хуни Худованд айбдор хоҳад шуд. 28 Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад. 29 Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихӯрад ва бинӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад. 30 Ба ҳамин сабаб бисьёре аз шумо оҷиз ва бемор ҳастанд, ва бисьёре мурдаанд. 31 Зеро, агар худамон худро доварй мекардем, ба доварӣ дучор намепгудем. 32 Модоме ки ба доварй дучор шудаем, аз ҷохшби Худодованд ҷазо мебинем, то ки бо аҳли ҷаҳон маҳкум нагардем. 33 Бинобар ин, эй бародаронам, вақте ки барои таоми шом ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед. 34 Ва агар касе гурусна бошад, дар хонааш бихӯрад, то ки ҷамъ шуданатон сабаби маҳкумияти шумо нагардад. Чизҳои дигарро пас аз омаданам дуруст хоҳам кард.

1 Қӯринтиён 12

Дар бораи бахшоишҳои руҳонӣ.

Бахшоишҳои рӯҳонй дар шаклҳои гуногуни худ бояд фақат ба калисо хизмат кунанд

1 ДАР хусуси бахшоишҳои рӯҳонй бошад, намехоҳам, ки шумо, эй бародарон, бехабар монед. 2 Медонед, ки шумо, вақте ки бутпараст будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гӯё шуморо кашида мебурданд. 3 Бинобар ин шуморо огоҳ менамоям, ки ҳеҷ кас, ки бар тибқи Рӯҳи Худо сухан меронад, наметавонад лаънат бар Исо бигӯяд, ва ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд бихонад, магар бар тибқи Рӯҳулқудс. 4 Бахшоишҳо гуногун аст, лекин Рӯҳ ҳамон як аст; 5 Ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст; 6 Ва амалҳо гуногун аст, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад. 7 Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рӯҳ барои манфиати ҳамаҷониба бахшида мешавад: 8 Зеро ки ба яке ба воситаи Рӯҳ каломи ҳикмат бахшида мешавад, ба дигаре - каломи дониш, бар тибқи ҳамон Рӯҳ; 9 Ба яке - имон, бар тибқи ҳамон Рӯҳ; ба дигаре - бахшоиши шифо додан, бар тибқи ҳамон Рӯҳ; 10 Ба яке - қудрати мӯъҷизанамо, ба дигаре - нубувват; ба яке - ташхиси арвоҳ, ба дигаре - забонҳои гуногун ва ба сеюмй - тафсири забонҳо. 11 Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳ ба амал меоварад, ки ба ҳар кас махсусан, мувофиқи хости Худ, тақсим мекунад.

Ҳар як имондор узви бадани Масеҳ аап, ки дорои бахшоиши муайяни хизмагпгузорӣ мебошад

12 Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисьёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисьёранд, як баданро ташкил мекунанд, - ончунон Масеҳ низ. 13 Зеро ки ҳамаи мо - хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониём, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон - бар тибқи як Рӯҳ дар як бадан таъмид ёфтаем, ва ҳама аз як Рӯҳ нӯшонида шудаем. 14 Лекин бадан на аз як узв, балки аз узвҳои бисьёр иборат аст. 15 Агар по бигӯяд: "Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман даст нестам", наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад? 16 Ва агар гӯш бигӯяд: "Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман чашм нестам", наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад? 17 Агар тамоми бадан чашм бошад, сомеа куҷост?Агар ҳамааш сомеа бошад, шомма куҷост? 18 Аммо Худо ба узвҳо, ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ, ҷой додааст. 19 Ва агар ҳама як узв мебуданд, бадан куҷост? 20 Ва инак узвҳо бисьёр аст, лекин бадан як аст. 21 Чашм наметавонад ба даст бигӯяд: "Ту ба ман даркор нестӣ"; ё ки сар низ ба пойҳо бигӯяд: "Шумо ба ман даркор нестед". 22 Баръакс, он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруртаранд, 23 Ва дар бораи узвҳое ки наҷобаташон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ғамхорӣ мекунем; 24 Ва узвҳои бадсурати мо хушнамудтар пӯшонида мешаванд, вале узвҳои хушсурати мо ба ин эҳтиёҷ надоранд. Лекин Худо баданро тавре ба соз овардааст, ки дар бораи узви номукаммалтар ғамхории бештаре талқин намудааст, 25 То ки дар бадан носозӣ пайдо нашавад, балки узвҳо ба якдигар як хел ғамхорӣ кунанд. 26 Ва агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунанд; ва агар як узв сазовори таҳсин гардад, бо он ҳамаи узвҳо хурсанд мешаванд. 27 Шумо бадани Масеҳ ҳастед, вале ҷудоҷудо узвҳои Ӯ мебошед. 28 Ва Худо баъзеро дар Калисо аввалан ҳавворӣ, сониян набӣ, солисан муаллим таъин кардааст; баъд қувваҳои мӯъҷизакор, ҳамчунин бахшоишҳои шифо додан, мадад рарасондан, идора кардан ва забонҳои гуногунро бахшидааст. 29 Оё ҳама ҳавворианд? Оё ҳама набианд? Оё ҳамамуаллиманд? Оё ҳама мӯъҷизакоранд? 30 Оё ҳама бахшоиши шифодиҳӣ доранд?Ое ҳама ба забонҳо сухан меронанд? Оё ҳама тафсир мекунанд? 31 Иштиёқманди бахшоишҳои бузургтар бошед, ва ман ба шумо роҳи боз ҳам хубтарро нишон хоҳам дод.

1 Қӯринтиён 13

Муҳаббат аҷоибтарин бахшоиши рӯҳонист,

1 АГАР ба забонҳои одамон ва фариштагон сухан ронам, лекин муҳаббат надошта бошам, - ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам. 2 Агар бахшоиши нубувват дошта бошам, ва тамоми асрорро донам, ва дорои ҳар гуна дониш ва тамоми имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, - ман ҳеҷ ҳастам. 3 Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми ҳудро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, - ҳеҷ манфиате намебинам. 4 Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, магрур намешавад, 5 Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, 6 Аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ ҳурсанд мешавад; 7 Ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварй дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. 8 Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад, гарчанде ки нубувватҳо хотима хоҳад ёфт, забонҳо хомӯш хоҳад шуд ва дониш ботил хоҳад гашт. 9 Зеро ки мо ба таври ҷузъӣ медонем ва ба таври ҷузъӣ нубувват мекунем; 10 Аммо вақте ки камол меояд, он чи чузъӣ буд, хотима меёбад. 11 Вақте ки кӯдак будам, кӯдаквор гап мезадам, кӯдаквор фикр мекардам, кӯдаквор муҳокима мерондам; аммо вақте ки мард шудам, кӯдакиро тарк кардам. 12 Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври чузъй медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам. 13 Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост.

1 Қӯринтиён 14

Бахшоишҳои нубувват ва забонҳо

1 ДАР паи муҳаббат бошед; иштиёкманди бахшоишҳои рӯҳонӣ, аллалхусус нубувват бошед. 2 Зеро касе ки ба забоне сухан меронад, вай на ба одамон, балки ба Худо сухан меронад, чунки ҳеҷ кас намефаҳмад: вай бар тибқи рӯҳ асрорро ба забон меоварад; 3 Аммо касе ки нубувват мекунад, вай ба одамон баронобод кардан ва насиҳату тассаллй додан сухан меронад. 4 Касе ки ба забоне сухан меронад, вай худашро обод мекунад; аммо касе ки нубувват мекунад, вай калисоро обод мекунад. 5 Мехоҳам, Ки ҳамаатон ба забонҳо сухан ронед; лекин беҳтар аст, ки нубувват кунед, зеро касе ки нубувват мекунад, бузургтар аст аз касе ки ба забонҳо сухан меронад, магар ки вай дар айни ҳол маънидод ҳам кунад, то калисо обод шавад. 6 Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забопҳо сухан ронам, чӣ нафъе ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳйе, ё донише, ё нубуввате, ё таълиме ба шумо сухан рокам? 7 Аммо агар асбоби беҷони садодиҳанда, наи е чанг, садоҳои аз ҳам ҷудо набарорад, кас чӣ тавр мефаҳмад, ки бо най ё чанг чӣ оҳанге менавозанд? 8 Ва агар карнай садои номуаӣяне барорад, кӣ ба ҳарбу зарб омода мешавад? 9 Ҳамчунин агар шумо суханони норавшане ба забон ронед, чй тавр мефаҳманд, ки шумо чӣ мегӯед? Шумо ба ҳаво сухан хоҳед ронд. 10 Масалан, дар дуньё чӣ қадар калимаҳои гуногун ҳаст, ва ҳеҷ яке аз онҳо бе маъно несг; 11 Аммо, агар ман маънои калимаҳоро надонам, ман барои гӯянда аҷнабӣ ҳастам, ва гӯянда барои ман аҷнабист. 12 Ҳамчунин шумо, ки иштиёқманди бахшоишҳои рӯҳонй ҳастед, саъю кӯшиш намоед, ки аз онҳо барои ободии калисо бой шавед. 13 Бинобар ин касе ки ба забоне сухан меронад, бигзор дар бораи тафсири он тақозо кунад. 14 Зеро, вақте ки ман ба забоне дуо мегӯям, рӯҳам дуо мегӯяд, лекин ақлам бе самар мемонад. 15 Пас чӣ бояд кард? Бо рӯҳ дуо хоҳам гуфт, бо ақл низ дуо хоҳам гуфт; бо рӯҳ суруд хоҳам хонд, бо ақл низ суруд хоҳам хонд. 16 Зеро, агар ту бо рӯҳ баракат Диҳӣ, бехабаре ки дар он ҷо истода бошад, дар вақти шукргузории ту чӣ тавр "омин" гӯяд? Зеро ӯ он чиро, ки ту мегӯй, намефаҳмад. 17 Ту нағз шукргузорй мекунй, лекин каси дигар обод намешавад. 18 Худоямро шукр мегӯям, ки ман бештар аз ҳамаи шумо ба забонҳо сухан меронам; 19 Лекин дар калисо гуфтани панҷ калимаро бо ақли худ, то ки дигаронро насиҳат кунам, афзал медонам аз он ки як олам калимаро ба забоне бигӯям. 20 Эй бародарон! Дар ақл мисли кӯдакон набошед; нисбат ба шарорат чун навзодон рафтор кунед, лекин дар ақл болиғ бошед. 21 Дар Таврот навишта шудааст: "Бо забонҳои дигар ва лабҳои дигар ба ин қавм сухан ҳоҳам ронд, лекин дар он вақт ҳам Маро нахоҳанд шунид, мегӯяд Худованд". 22 Пас забонҳо аломат аст на барои имондорон, балки барои беимонон; аммо нубувват на барои беимонон, балки барои имондорон аст.

Дар ҷамъомадҳои имондорон ҳама чиз бояд шоиста ва боадабона бошад

23 Агар тамоми аҳли калисо дар як ҷо ҷамъ шаванд, ва ҳама ба забонҳо сухан ронанд, ва бехабарон ё беимонон дароянд, - оё онҳо намегӯянд, ки шумо девона шудаед? 24 Аммо вақте ки ҳама нубувват мекунанд, ва каси беимоне ё бехабаре медарояд, вай ба воситаи ҳама маҳкум мешавад, ба воситаи ҳама доварӣ карда мешавад, 25 Ва асрори дилаш ошкор мегардад; бинобар ин ӯ рӯй ба замин нихода, ба Худо саҷда мекунаду мегӯяд. "Ҳақиқатан Худо бо шумост". 26 Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки шумо ҷамъ мешавед, ва ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё насиҳате, ё забоне, е ваҳйе, ё тафсире дорад, - бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад. 27 Агар касе ба забоне сухан меронда бошад, ду нафар, ё бисьёраш се нафар, он ҳам ҷудоҷудо, сухан ронед, ва касе тафсир кунад. 28 Ва агар тафсиркунанда набошад, бигзор соҳиби сухан дар калисо хомӯш монад, ё ба худаш ва ба Худо сухан гӯяд. 29 Ва аз анбиё бигзор ду ё се нафар сухан ронанд, ва дигарон муҳокима кунанд; 30 Аммо агар ба каси дигаре аз нишастагон ваҳй ояд, бигзор аввалин хомӯш шавад. 31 Зеро ҳама паи ҳам метавонед нубувват кунед, то ки ҳалта таълим гиранд ва ҳама тасаллӣ ёбанд. 32 Ва арвоҳи анбиё ба фармони анбиё мебошанд, 33 Чунки Худо Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист. Дар ҳамаи калксоҳои муқаддасон ҳамин тавр аст. 34 Бигзор занони шумо дар калисоҳо хомӯщ бошанд; зеро ҷоиз нест, ки сухан ронанд, балки бояд мутеъ бошанд, чунон ки Таврот низ мегӯяд. 35 Лекин агар онҳо хоҳанд чизе ёд гиранд, бигзор дар хона аз шавҳари худ бипурсанд; зеро ки дар калисо сухан рондани зан аз рӯи одоб нест. 36 Магар каломи Худо аз шумо баромадааст? Ё ки он танҳо ба шумо расидааст? 37 Агар касе худро набй ё рӯҳонӣ ҳисоб кунад, вай бигзор бифаҳмад, ки он чи ман ба шумо менависам, аҳкоми Худованд аст; 38 Ва агар касе нафаҳмад, бигзор нафаҳмад. 39 Хуллас, эй бародарон, ищтиёқманди он бощед, ки нубувват кунед, ва ба забонҳо сухан ронданро манъ накунед; 40 Лекин ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд.

1 Қӯринтиён 15

Эҳьёи мурдагон.

Ҳақиқӣ будани эҳьёи Масеҳ

1 ВА ман, эй бародарон, ба шумо Инҷилро хотиррасон мекунам, ки онро ба шумо башорат додаам, ва шумо онро қабул кардаед, ва дар он устувор ҳастед, 2 Ва дар он наҷот меёбед, ба шарте ки он чиро, ки ба шумо башорат додаам, риоя кунед, ба щарте ки имонатон бар абас набощад. 3 Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гунохҳои мо мурд, 4 Ва Ӯ дафн карда шуд ва, мувофиқи Навиштаҳо, дар рӯзи сеюм эҳьё шуд, 5 Ва ба Кифо ва баъд ба он дувоздаҳ нафар зоҳир шуд; 6 Пас аз он ба зиёда аз панҷсад нафар бародарон дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе вафот кардаанд; 7 Пас аз он ба Яъқуб, инчунин ба ҳамаи ҳаввориён зоҳир шуд; 8 Ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гӯё тифли хоме будам, зоҳир зуд. 9 Зеро ки ман хурдтарини ҳаввориёнам, ва сазовори он нестам, ки ҳавворӣ номида шавам, чунки калисои Худоро таъқиб мекардам. 10 Аммо ба файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ӯ дар ман бар абас набуд, лекин ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст. 11 Хуллас, хоҳ ман ва хоҳ онҳо, ҳамин тавр мавъиза мекунем, ва шумо ҳамин тавр имон оеардед.

Ба муқодили раддияи эҳьё

12 Лекин агар дар бораи Масеҳ мавъиза карда мешавад, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд, пас чӣ тавр баъзе аз шумо мегуянд, ки эҳьёи мурдагон нест? 13 Агар эҳьёи мурдагон набошад, Масеҳ низ эҳьё нашудааст; 14 Ва агар Масеҳ эҳьё нашуда бошад, мавъизаи мо низ бар абас аст, имони шумо низ бар абас аст. 15 Дар айни ҳол мо низ шоҳидони козибе дар ҳаққи Худо мебудем, чунки дар ҳаққи Худо шаҳодат медодем, ки Ӯ Масеҳро эҳьё кардааст, ва ҳол он ки, агар ҳақиқатан мурдагон эҳье нашаванд, Ӯро эҳьё накардааст; 16 Зеро, агар мурдагон эҳьё нашаванд, Масеҳ низ эҳьё нашудааст; 17 Ва агар Масеҳ эҳьё нашуда бошад, имони шумо бар абас аст: шумо ҳанӯз дар гуноҳҳои худ мебошед; 18 Бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ мурдаанд, нобуд шуданд. 19 Ва агар мо фақат дар ҳамин ҳаёт ба Масеҳ умед мебаста бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем. 20 Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳьё нгуда, навбари мурдагон гардид. 21 Зеро, чунон ки мамот ба воситаи инсон омад, эҳьеи мурдагон низ ба воситаи инсон омад. 22 Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд. 23 Хдр яке бо навбати худ: аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ӯ. 24 Баъд охират фаромерасад,ки он вакт Ӯ Малакутро ба Худо ва Падар месупорад ва ҳар гуна раёсат ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад; 25 Зеро Ӯ бояд салтанаг ронад го даме ки ҳамаидушманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад. 26 Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст, 27 Чунки ҳама чизро зери пойҳои Ӯ мутеъ кардааст; вақте ки мегӯянд: ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, равшан аст, ки ин ба истиснои Он аст, ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кардааст. 28 Ҳангоме ки ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, он гоҳ Худи Писар ҳам ба Он ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъкард,мутеъ хоҳад шуд, то ки Худо кулл дар кулл бощад. 29 Вагар на, онҳое ки барои мурдагон таъмид меёбанд, чй хоҳанд кард? Агар мурдагон мутлақо эҳьё намешуда бощанд, чаро барои мурдагон таъмид меёбанд? 30 Чаро мо низ ҳар соат ба мусибатҳо дучор мешавем? 31 Эй бародарон, қасам ёд мекунам, ки ман ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам ва дар Худованди мо Исои Масеҳ ба шумо фахр дорам. 32 Вақте ки ман, ба таври инсонӣ, дар Эфсӯс бо ҳайвоноти дарранда ҷанг кардам, ба ман чӣ нафъ, агар мурдагон эҳьё намешуда бошанд? Дар он сурат бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо ҳоҳем мурд! 33 Фирефта нащавед: "Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд". 34 Ба таври бояду шояд ҳушьёр щавед ва гуноҳ накунед; зеро, барои хиҷил шуданатон мегӯям, ки баъзеҳо Худоро намешиносанд.

Ҷисми эҳъё

35 Лекин касе мегӯяд: "Мурдагон чй гуна эҳьё мешаванд? Ва дар чӣ гуна ҷисм меоянд?" 36 Эй беақл! Он чи ту мекорй, агар намирад, зинда намешавад; 37 Ва ҳангоме ки ту мекорӣ, на ҷисми ояндаро мекорӣ, балки донаи урьёни гандум ё ягон гиёҳи дигарро; 38 Лекин Худо ба он, аз рӯи хости Худ, ҷисм медиҳад, ва ба ҳар як тухм ҷисми ба он хосе. 39 На ҳар гуна гӯшт айни ҳамон гӯшт аст, балки гӯшти одамон дигар аст, гӯшти чорпоён - дигар, гӯшти моҳиён - дигар, гӯшти мурғон - дигар. 40 Ҷисмҳои осмонӣ ва ҷисмҳои заминӣ ҳаст, лекин ҷалоли ҷисмҳои осмони дигар аст, ҷалоли ҷксмҳои заминӣ - Дигар; 41 Ҷалоли офтоб - Дигар, ҷалоли моҳ - дигар, ҷалоли ситораҳо - дигар; ва ситора аз ситора дар ҷалолаш фарқ дорад. 42 Дар эҳьёи мурдагон низ ҳамин тавр аст: дар фано кошта мешавад, дар бефаноӣ бармехезад; 43 Дар зиллат кошта мешавад, дар ҷалол бармехезад; дар заъф кошта мешавад, дар қувват бармехезад; 44 Ҷисми нафсонӣ кошта мешавад, ҷисми рӯҳонй бармехезад. Ҷисми нафсонӣ ҳаст, ҷисми рӯҳонӣ низ ҳаст. 45 Чунин навишта шудааст: "Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт". Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш аст. 46 Лекин рӯҳонӣ пештар нест, балки нафсонӣ ва баъд рӯҳонӣ. 47 Одами якум аз замин аст, яъне хокист; одами дуюм Худованд аст аз осмон. 48 Хокӣ чй гунае ки бошад, хокиён ҳамон гунаанд; осмонӣ чӣ гунае ки бошад, осмониён ҳамон гунаанд; 49 Ва чӣ гунае ки мо сурати одами хокиро ба худ гирифтаем, сурати одами осмониро низ ба худ хоҳем гирифт.

Дигаргун шудани имондорон. Ғалабаи охирин

50 Лекин, эй бародарон, ҳаминро ба шумо мегӯям, ки гӯшт ва хун наметавонанд вориси Малакути Худо шаванд, ва фано вориси бефаноӣ намешавад. 51 Ба шумо сирре мегӯям: ҳамаи мо наҳоҳем мурд, балки ҳама тағьир хоҳем ёфт, 52 Баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнаи охирин; зеро карнай садо хоҳад дод, ва мурдагон ба таври бефано эҳьё хоҳанд шуд, ва мо тагьир хоҳем ёфт, 53 Зеро он чи фонист, бояд либоси бефаноӣ бипӯшад, ва он чи миранда аст, - либоси ҷовидӣ бинӯшад.

Ғалабаи қатъӣ бар мамот

54 Ва ҳар гоҳ ин фонӣ либоси бефаноӣ бипӯшад, ва ин миранда либоси ҷовидӣ бипӯшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал хоҳад омад: "Ғалаба маргро фурӯ бурд". 55 "Эй марг! Неши ту куҷост?Эй дӯзах! Ғалабаи ту куҷост?" 56 Неши марг гуноҳ аст, ва куввати гуноҳ шариат аст. 57 Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст! 58 Хуллас, эй бародаротш маҳбуби ман, матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал иамоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест.

1 Қӯринтиён 16

Пандҳои хотимавии ҳавворӣ.

Цамъ кардани пул барои калисои Ерусалим

1 ДАР бобати ҷамъ кардани ионат барои муқаддасон шумо ончуион рафтор кунед, чуноп ки ман ба калисоҳои Ғалотия дастур додаам: 2 Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан хоҷат наафтад. 3 Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо хоҳам фиристод, то ки хайроти шуморо ба Ерусалим бибаранд. 4 Ва агар рафтани ман ҳам салоҳ дониста щавад, онҳо ҳамроҳи ман хоҳағд рафт.

Накшаҳои сафар. Насиҳатҳо

5 Пас аз он ки аз Мақдуния бигзарам, назди шумо хоҳам омад, зеро аз Мақдуния хоҳам гузашт. 6 Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди игумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед. 7 Зеро намехоҳам, ки бо шумо ҳоло фақат дар сари роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд изн диҳад, якчанд вақт назди шумо бимонам. 8 Аммо то иди нантикост ман дар Эфсӯс хоҳам монд, 9 Зеро ки дарвозаи бузургу фарохе барои ман кушода аст, ва мухолифон бисьёранд. 10 Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ӯ назди шумо аз хатар эмин бошад, зеро ки ӯ кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ; 11 Бинобар ин ҳеҷ кас ба ӯ беэътиноӣ накунад, балки ӯро ба саломатй гусел кунед, то ки назди ман биёяд, зеро ки ӯро бо бародарон мунтазирам. 12 Дар ҳусуси бародари мо Апӯллӯс бошад, ман аз ӯ бисьёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ӯ ҳеҷ розигй иадод, ки алҳол биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад, хоҳад омад. 13 Ҳушьёр бошед, дар имон устувор бошед, мардвор ва матин бошед; 14 Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад. 15 Аз шумо, эй бародарон, илтимосе дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастаид ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаакд; 16 Шумо низ нисбат ба ин гуна шахсон ва нисбат ба ҳар касе ки ба онҳо кӯмак мерасонад ва меҳнат мекунад, эҳтиромкор бошед. 17 Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқӯс хурсандам: онҳо камии шуморо барои ман пур карданд, 18 Зеро ки рӯҳи ману шуморо ором карданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед.

Саломҳо

19 Калисоҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд; Акило ва Прискила бо калисое ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисьёре дар Худованд мерасонанд. 20 Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед. 21 Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. 22 Ҳар кй Исои Масеҳи Худовандро дӯст надорад, малъун бод; мороното. 23 Файзи Исои Масеҳи Худованд бо шумо бод, 24 Ва муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ бод. Омин.

2 Қӯринтиён 1

Худо - Падари марҳамат ва ҳар тасалло

1 ПАВЛӮС, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс, ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба ҳамаи муқаддасоне ки дар тамоми Охоия мебошанд: 2 Файз ва осоиштагй аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло, 4 Ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо апдӯҳгинонро дар ҳар андӯҳащон тасалло дода тавонем бо ҳамон тасаллое ки худамон аэ Худо меёбем. 5 Зеро ба андозае ки уқубатҳои Масеҳ дар мо зиёд мешавад, тасаллои мо низ ба воситаи Масеҳ меафзояд. 6 Агар андӯҳгин шавем, ин барои тасалло ва наҷоти шумост, ки он ба воситаи дидани Ҳамон уқубатҳое ба амал меояд, ки мо ҳам онҳоро аз сар мегузаронем; ва агар тасалло ёбем, ин ҳам барои тасалло ва наҷоти шумост; 7 Ва умеди мо дар бораи шумо устувор аст, зеро медонем, ки ҳам дар уқубатҳо ва ҳам дар тасалло шумо шарик хастед. 8 Зеро намехоҳем, ки шумо, эй бародарон, аз андӯҳе ки дар вилояти Осиё ба сари мо афтод, бехабар бошед, ки он бар мо аз ҳад зиёд, ба андозаи аз кувва берун гарон омад, ба тавре ки аз зиндагй ҳам умеди худро кандем; 9 Ва мо дар дили худ ҳукмномаи мамотро доштем, то ки ба худамон таваккал накунем, балки ба Худои эҳьёкунандаи мурдагон, 10 Ки Ӯ моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард, 11 Бо мадади дуое ки щумо низ барои мо мегӯед, то ки барои он эҳсоне ки бо шафоати касони бисьёр ба мо ато шудааст, касони бисьёр барои мо шукргузор бошанд, 12 Зеро фахри мо ин аст, ки вичдони мо шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҷаҳон, алалхусус ба шумо дар беайбӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.

Ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Исои Масеҳ аст

13 Ва мо маҳз онро ба шумо менависем, ки шумо мехонед ва мефаҳмед, ва умедворам, ки то ба охир хоҳед фаҳмид, 14 Чунон ки ҳоло қисман фаҳмидаед, ки мо барои шумо мавриди фахр хоҳем буд, чунон ки шумо низ барои мо, дар рӯзи Масеҳи Худованди мо. 15 Ва бо ҳамин эътимод ман ният доштам аввал назди шумо биёям, то ки дубора файз ёбед, 16 Ва аз мавзеи шумо ба Макдуния гузашта равам ва боз аз Макдуния назди шумо биёям, ва шумо маро ба Яҳудо гусел кунед. 17 Пас, модоме ки чунин ният доштам, ое бемулоҳиза рафтор кардам? Ё ки он чи ман иқдом менамоям, оё ба ҳасби чисм иқдом менамоям, ба тавре ки дар ман гоҳ "оре, оре", гоҳ "не, не" мешавад? 18 Худо амин аст, ки сухани мо ба шумо гоҳ "оре", гоҳ "не" набуд. 19 Зеро Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯро мавъиза намудаем, "оре" ва "не" набуд, балки дар Ӯ фақат "оре" буд, - 20 Зеро ки ҳамаи ваъДаҳои Худо дар Ӯ "оре" буд ва дар Ӯ "омин" буд, - барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо. 21 Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост, 22 Ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст. 23 Ман Худоро ба шоҳидӣ бар ҷони худ даъват менамоям, ки шуморо амон дода, то ҳол ба Қӯрингӯс наомадаам, 24 На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед.

2 Қӯринтиён 2

Тавбакунандаро афв намудан лозим аст, то ки тасаллӣ ёбад

1 ВА ман дар дили худ қарор додам, ки назди шумо боз бо ғаму ғусса наоям. 2 Зеро, агар ман шуморо ғамгин гардонам, кист, ки маро шод мекарда бошад, ҷуз касе ки аз дасти ман ғамгин шудааст? 3 Маҳз ҳаминро ба шумо навишта будам, ки мабодо дар омаданам ғамгин шавам аз онҳое ки бояд боиси шодии ман бощанд; зеро бар ҳамаатон эътимод дорам, ки шодии ман шодии ҳамаи шумост. 4 Зеро ки аз бисьёрии андӯҳ ва дилтангй ба шумо бо ашки фаровон навишта будам, на аз барои он ки шуморо ғамгин гардонам, балки барои он ки муҳаббати зиёдеро, ки нисбат ба шумо дорам, дарк намоед. 5 Ва агар касе сабаби ғамгинй шуда бошад, маро ғамгин накардааст, балки қисман, - то муболиға нашавад, - ҳамаи шуморо ғамгин кардааст. 6 Барои чунин шахс басанда аст ин танбеҳе ки аз касони бисьёр дидааст, 7 Ва акнун, баръакс, шумо ӯро афв намоед ва тасалло диҳед, то ки ғуссаи аз ҳад зиёд ӯро фурӯ набарад; 8 Бинобар ин аз шумо хоҳишмандам, ки ба ӯ муҳаббати худро зоҳир намоед. 9 Зеро маҳз барои ҳамин ҳам навишта будам, то дар амал бидонам, ки оё шумо дар ҳар бобат фарлюнбардор ҳастед. 10 Ва касеро шумо афв намоед, ман низ ӯро афв хоҳам кард; зеро ки ман низ, агар касеро дар чизе афв карда бошам, ба хотири шумо ба ҳузури Масеҳ афв кардаам, 11 То ки шайтон моро фирефта накунад; зеро ки аз дасисаҳои вай бехабар нестем. 12 Ва ҳангоме ки ман ба Трӯос омадам, то аз Масеҳ башорат диҳам, агарчи дарвоза барои ман дар Худованд воз шуда буд, 13 Барои рӯҳи худ оромӣ надоштам, чунки бародари ҳуд Титусро наёфтам; ва бо онҳо хайру маъзур намуда, ба Мақдуния равона шудам.

Худо ба имондорон қувват мебахшад, то ки дар Масеҳ тантана намоянд

14 Аммо Худоро шукр, ки Ӯ ҳамеша ба мо дар Масеҳ зафар мебахшад ва накҳати дониши Худро ба воситаи мо дар ҳар ҷо паҳн мекунад. 15 Зеро ки мо барои Худо накҳати Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотьёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон: 16 Он барои баъзе касон накҳати мамот аст, ки мамот меоварад, ва барои касони дигар накҳати ҳаёт аст, ки ҳаёт меоварад. Ва кист, ки ба ин лоиқ бошад? 17 Зеро мо мисли бисьёр касон нестем, ки каломи Худоро харидуфурӯш мекунанд, балки аз самими қалб ва аз ҷониби Худо, ба ҳузури Худо, дар Масеҳ мавъиза менамоем.

2 Қӯринтиён 3

Кӯринтиён номаи муаррифии ҳавворӣ мебошанд; ӯ ба ҳеч номаи дшар эҳтиёҷ надорад

1 НАХОД ки мо боз худро муаррифӣ намоем? Наход ки мо, мисли баъзе касон, ба номаҳои муаррифӣ ба шумо ё аз шумо эҳтиёҷ дошта бошем? 2 Шумо номаи мо ҳастед, ки он дар дили мо навишта шудааст, ва онро ҳамаи одамон мешиносанд ва мехонанд; 3 Зеро ба ҳама маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед, ки он ба воситаи хизмати мо на бо сиехӣ, балки бо Рӯҳи Худои Ҳай, на бар лавҳаҳои сангин, балки бар лавҳаҳои гӯшти дил навишта шудааст. 4 Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба василаи Масеҳ, 5 На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост,

Хизматгузории Аҳди Ҷадид аз ҳарфи мурдаи шариат иборат нест

6 Ки Ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди Чадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад. 7 Лекин агар хизмати мамот, ки дар ҳарфҳо бар санг нақш баста буд, он қадар ҷалол дошта бошад, ки банӣИсроил наметавонистанд ба рӯи Мусо нигоҳ кунанд, ба сабаби ҷалоли рӯи ӯ, ки фонӣ буд, - 8 Пас оё хизмати Рӯҳ ҷалоли зиёдтаре надорад? 9 Зеро, агар хизмати маҳкумкунй ҷалол дошта бошад, пас хизмати сафедкунӣ хеле зиёдтар ҷалол дорад. 10 Зеро ки ҳатто он чи соҳиби ҷалол дониста шудааст, ба сабаби ин ҷалоли афзалиятнок, ҷалоле нахоҳад дошт. 11 Зеро, агар чизи фонӣ ҷалол дошта бошад, пас чизи бақодор хеле зиёдтар ҷалол дорад. 12 Бинобар ин мо, ки чунин умед дорем, бо камоли ҷасорат амал мекунем, 13 Ва на монанди Мусо, ки ба рӯи худ парда мепӯшид, то ки банӣИсроил ба анҷоми чизи фонӣ назар наандозанд. 14 Аммо зеҳни онҳо кунд шудааст: зеро ки то имрӯз ҳангоми хондани Аҳди Қадим ҳамон парда боқӣ мондааст ва бардошта нашудааст, чунки он фақат дар Масеҳ ботил мешавад. 15 То имрӯз, вақте ки онҳо Мусоро мехонанд, парда бар дилашон гузошта шудааст; 16 Аммо вакте ки ба Худованд рӯ меоваранд, парда бардошта мешавад. 17 Худованд Рӯҳ аст, ва ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист. 18 Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.

2 Қӯринтиён 4

Хизматгузории масеҳӣ аз он иборат аст, ки одамонро бо дониши ҷалоли Худо ба воситаи Исои Масеҳ равшан намоем

1 БИНОБАР ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем; 2 Аммо чизҳои махфии нангинро рад карда, макрро ба кор намебарем ва каломи Худоро таҳриф намекунем, балки ростиро ошкор карда, худро ба вичдони ҳар кас ба ҳузури Худо вогузор менамоем. 3 Вале агар башорати мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст, 4 Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад. 5 Зеро ки мо на худро, балки Исои Масеҳро мавъиза менамоем, ки Ӯ Худованд аст, ва мо ғуломони шумоем ба хотири Масеҳ, 6 Зеро Худое ки гуфт: "Аз зулмот нур бидурахшад", - Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад. 7 Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии кувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;

Таъқибот, уқубатҳо ва мамоте ки имондорон ба хотири Масеҳ аз сар мегузаронанд, ҷалоли абадиро ба вуҷуд меоварад

8 Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем; 9 Гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем; 10 Ҳ&меша мамоти Исои Худовандро дар бадани худ бардошта мегардем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мо зоҳир шавад. 11 Зеро ки мо, зиндаҳо, доимо ба хотири Исо ба мамот супурда мешавем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мирандаи мо зоҳир шавад, 12 Бинобар ин мамот дар мо амал мекунад, вале ҳаёт дар шумо. 13 Аммо азбаски ҳамон рӯҳи имонро дорем, чунон ки навишта шудааст: "Имон доштам, бинобар ин мегуфтам", мо низ имон дорем, бинобар ин мегӯем, 14 Чун медонем, ки Эҳьёкунандаи Исои Худованд моро низ ба василаи Исо эҳьё намуда, бо шумо ба по хоҳад хезонд. 15 Зеро ҳама чиз барои шумост, то файзе ки дар бисьёр касон фаровон шудааст, шукргузории боз ҳам зиёдтарро барои ҷалоли Худо ба амал оварад. 16 Бинобар ин мо ноумед намещавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинй рӯз ба рӯз нав мешавад. 17 Зеро укубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад, 18 Хангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист.

2 Қӯринтиён 5

Ҳама болд ба хузури доварии Масеҳ ҳозир шаванд

1 ЗЕРО медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо дасти одам сохта нашудаи абадӣ, ки дар осмон аст. 2 Аз ин рӯ мо оҳ мекащем, дар орзуи он ки хонаи худро, ки дар осмон аст, дар бар кунем: 3 То ки мо, либосе дар бар дошта бошем ҳам, бараҳна ёфт нашавем. 4 Зеро мо, ки дар ин хайма мебошем, дар таҳти боре оҳ мекашем, чунки намехоҳем либос кащем, балки дар бар кунем, то ки чизи миранда ба воситаи ҳаёт фурӯ бурда щавад. 5 Худо моро маҳз барои ҳамин ба вуҷуд оварда, ба мо гарави Рӯҳро додааст. 6 Бинобар ин мо ҳамеша зиндадил ҳастем; чун медонем, ки то даме ки дар ҷисм макон гирифтаем, мо аз Худованд дур мебошем, - 7 Зеро ки бо имон рафтор мекунем, на бо дидор, - 8 Пас зиндадил ҳастем ва афзал медонем, ки аз ҷисм берун рафта, назди Худованд макон гирем, 9 Ва ба ин сабаб саъю кӯшиш менамоем, ки хоҳ дар ин макон бошем ва хоҳ набошем, ба Ӯ мақбул афтем; 10 Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ки ҳар яке ба бадали амале ки дар ҳаёти ҷисми худ кардааст, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад, бигирад. 11 Пас, мо, ки тарси Худовандро медонем, ба мардум насиҳат медиҳем; мо ба Худо ошкор ҳастем, ва умедворем, ки ба виҷдонҳои шумо низ ошкорем. 12 Худро ба шумо аз нав муаррифй намекунем, балки ба шумо асосе медиҳем барои он ки бо мо фахр намоед, то шумо ҷавобе дошта бошед барои онҳое ки бо чизи зоҳирӣ фахр менамоянд, на бо он чи дар дил аст. 13 Зеро, агар мо бехуд шуда бошем, ин барои Худост; ва агар солимфикр бошем, ин барои шумост.

Худо дар Масеҳ аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод

14 Зеро муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: Яке барои ҳама мурд, пас ҳама мурданд. 15 Ва Ӯ барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд ва эҳьё шуд. 16 Бинобар ин мо минбаъд ҳеҷ касро ба ҳасби ҷисм намешиносем. Ва агар Масеҳро ба ҳасби ҷисм шинохта бошем, алҳол дигар намешиносем. 17 Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. 18 Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд, 19 Чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи мусолиҳаро ба мо супурд. 20 Пас, мо элчиёни Масеҳ ҳастем, гӯё ки Худо ба воситаи мо хоҳишманд аст. Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо мусолиҳа намоед. 21 Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.

2 Қӯринтиён 6

Қуввати хизматгузорӣ ба Худо аз каломи ростӣ иборат аст

1 МО, ки мададгорони Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед. 2 Зеро ки Ӯ мегӯяд: "Дар вақти мусоид туро иҷобат намудам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам". Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст. 3 Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нащавад, 4 Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем: дар сабри бисьёр, дар мусибатҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар тангиҳо, 5 Дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо, дар ошӯбҳо, дар меҳнатҳо, дар бехобиҳо, дар рӯзадориҳо, 6 Дар покӣ, дар дониш, дар сабр, дар меҳрубонӣ, дар Рӯҳулқудс, дар муҳаббати бериё, 7 Дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи адолат дар дасти рост ва чап, 8 Дар шараф ва бешарафӣ, дар бадномӣ ва некномӣ; моро фиребгар мешуморанд, лекин мо амин ҳастем; 9 Мисли номашҳур, лекин мо ба ҳама мащҳур ҳастем; мисли мурдагон, вале инак, мо зинда ҳастем; ҷазо мебинем, лекин мо намемирем; 10 Мисли ғамгин, лекин мо ҳамеша шодӣ мекунем; бенаво, вале мо бисьер касонро сарватдор мегардонелт; тамоман нодор, лекин мо дорои ҳал\а чиз ҳастем.

Имондорон аз палид шудан ба восшпаи гуноҳкорон худро бояд нигоҳ доранд

11 Даҳони мо, эй қӯринтиён, сӯи шумо кушода шудааст, дили мо фарох аст. 12 Барои шумо дар мо ҷой танг нест, лекин андаруни худатон ҷой танг аст. 13 Дар ивази ин, - чун ба фарзандони худ мегӯям, - шумо низ бояд фарохдил бошед. 14 Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо щарорат чӣ алоқаедорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад? 15 Масеҳ бо блияал чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ пшркате дорад? 16 Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: "Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд. 17 "Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед» мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард; 18 "Ва Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегӯяд Худованди Қодири Мутлақ".

2 Қӯринтиён 7

Ғами дуньёвй мамотро ба амал меоварад, вале ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар ро%и наҷот ба амал меоварад

1 ПАС, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна начосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем. 2 Дар дилҳои худ ба мо ҷой диҳед. мо касеро наранҷондаем, ба касе осеб нарасондаем, аз касе истифода набурдаем. 3 На аз барои мазаммат мегӯям: зеро пештар гуфта будам, ки шумо дар дили мо ҳастед, то ки бо ҳам бимирем ва бо ҳам зист кунем. 4 Ӯмеди ман аз шумо бисьёр аст, фахри ман аз шумо бузург аст; бо вуҷуди тамоми андӯҳи мо, пур аз тасалло ҳастам ва шодии фаровон дорам. 5 Зеро, вақте ки ба Мақдуния ҳам омадем, ҷисми мо оромӣ надошт, балки аз ҳар сӯ ба фишор дучор шудем:аз берун - ҷидолҳо, аз дарун - ҳаросҳо буд. 6 Аммо Худое ки ба фурӯтанон тасалло мебахшад, бо омадани Титус моро тасалло дод, 7 Ва на танҳо бо омадани ӯ, балки бо он тасаллое низ, ки ӯ дар шумо ёфта буд, вақте ки аз иштиёқмандии шумо, аз навҳаи шумо ва аз рашке ки шумо дар ҳаққи ман доред, ба мо нақл кард, ба тавре ки ман боз зиёдтар шод шудам. 8 Бинобар ин, агар шуморо бо нома ғамгин карда бошам, пушаймон нестам, гарчанде ки пештар пушаймон шуда будам; зеро дидам, ки он нома шуморо, ба соате бошад ҳам, ғамгин кард. 9 Алҳол ман шодам на аз он ки шумо гамгин шудаед, балки аз он ки ғами шумо боиси тавба гардидааст, зеро ки ғами шумо аз тарафи Худо буд, ба тавре ки аз мо ҳеҷ зиёне надидаед. 10 Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад. 11 Зеро бубинед, ки ғами Худо додаро хӯрданатон чӣ гуна ҷидду ҷаҳдро, чӣ гуна узрхоҳиро, чӣ гуна тарсро, чй гуна шавқро, чӣ гуна рашкро, чӣ гуна қасосро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед. 12 Хуллас, агарчи ман ба шумо навишта будам, ин на аз барои золим ва на аз барои мазлум, балки барои он буд, ки ҷидду ҷаҳди мо дар ҳаққи шумо ба ҳузури Худо ба шумо ошкор гардад. 13 Ба ин сабаб мо аз тасаллои шумо тасалло ёфтем; лекин боз ҳам зиёдтар мо аз шодии Титус шод шудем, чунки ҳамаатон рӯҳи ӯро ором кардаед. 14 Зеро, агар ман дар бораи шумо пеши ӯ аз чизе фахр карда бошам, хиҷил нашудам, балки, чунон ки мо ҳар гапро дар хусуси шумо ба ростӣ гуфта будем, фахри мо низ ончунон пеши Титус рост баромад. 15 Ва дили ӯ боз ҳам зиёдтар сӯи шумо моил мешавад, вақте ки фармонбардории ҳамаатонро ба ёд меоварад, ки чй гуна шумо ӯро бо тарсу ларз паэироӣ намудаед. 16 Пас шодмонам, ки дар ҳар бобат метавонам аз шумо дилпур бошам.

2 Қӯринтиён 8

Меҳмоннавозӣ ва ионатҳо далели муҳаббати масеҳӣ мебошанд,

1 ШӮМОРО, эй бародарон, дар бораи файзи Худо, ки ба калисоҳои Мақдуния ато шудааст, огоҳ менамоем; 2 Зеро ки дар миени имтиҳони бузурги андӯҳҳо фаровонии шодии онҳо ва бенавоии сахти онҳо дар ҳиммати баландашон пурра зоҳир шуд; 3 Зеро ман шоҳиди онам, ки онҳо алоқадри қувваташон ва берун аз қувваташон сахӣ буданд: 4 Онҳо бо камоли исрор аз мо илтимос карданд, ки дар кори хайр ба мадади муқаддасон шарики мо бошанд; 5 Ва на факат ба тавре ки мо чашм доштем, балки худашонро пешкаш карданд, аввалан ба Худованд ва сониян ба мо низ мувофиқи иродаи Худо; 6 Бинобар ин мо аз Титус хоҳиш намудем, ки ӯ, чӣ тавре сар кардааст, ҳамон тавр ин кори хайрро ҳам дар миёни шумо ба анҷом расонад. 7 Амлю, чунон ки шумо дар ҳар чиз: дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзунй доред, ончунон дар ин кори хайр ҳам афзунӣ зоҳир намоед. 8 Инро ба таври фармон намегӯям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям. 9 Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро лтедонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед. 10 Дар ин хусус ман фикри худро баён мекунам; зеро ки ин ба шумо фоиданок аст, чунки на танҳо ба ин кор шурӯъ намудаед, балки соли гузашта онро орзу ҳам карда будед. 11 Ва акнун худи корро низ ба охир расонед, то ки он чи шумо орзуи ба амал овардан доштед, алоқадри ҳолатон анҷом ёбад. 12 Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, мақбул меафтад, на аз рӯи он чи ӯ надорад. 13 На он тавр, ки ба дигарон сабук ва ба шумо гарон афтад, балки ба таври баробарӣ: 14 Алҳол зиедатии шумо камии онҳоро пур мекунад, то ки баъд зиёдатии онҳо низ камии шуморо пур кунад, ва баробарӣ ба амал ояд, 15 Чунон ки навишта шудааст: "Касе ки бисьёр ҷамъ карда буд, зиёдатӣ надошт, ва касе ки кам ҷалгь карда буд, камӣ надошт". 16 Худоро шукр, ки чунин ҷидду ҷаҳдро нисбат ба шумо дар дили Титус ҷо кардааст, 17 Зеро ки ӯ ба илтимоси мо гӯш андохт ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёде дошт, бо ихтиёри худ сӯи шумо равона шуд. 18 Бо ӯ мо бародареро равона кардем, ки дар ҳамаи калисоҳо барои башорат лоиқи таҳсин гардидааст, 19 Ва ғайр аз ин, аз ҷониби калисоҳо таъин шудааст, ки дар ин кори хайр ба мо ҳамроҳӣ кунад, ки хизмати онро мо барои ҷалоли Худованд ва мувофиқи ҷидцу ҷаҳди шумо ба ҷо меоварем, 20 Ва эҳтиёт мекунем аз он ки касе дар ҳаққи мо бӯҳтоне нагӯяд, оид ба ин ионати фаровоне ки бо хизмати мо ба даст оварда мешавад; 21 Зеро ки мо кори некро на танҳо ба ҳузури Худованд, балки пеши мардум низ пешбинӣ мекунем. 22 Бо онҳо мо бародари худро низ фиристодем, ки ҷидду ҷаҳди ӯро дар бисьёр чизҳо дафъаи бисьёр имтиҳон намудаем, ва алҳол ҷидду ҷаҳдаш, азбаски ӯ ба шумо эътимоди бузург дорад, боз ҳам зиёд шудааст. 23 Дар хусуси Титус бошад, ӯ рафиқ ва ҳамкори ман аст назди шумо; дар хусуси бародарони мо бошад, онҳо фиристодагони калисоҳо ва ҷалоли Масеҳ мебошанд. 24 Пас, муҳаббати худро, ва он фаҳреро, ки мо аз шумо дорем, пеши калисоҳо ба онҳо исбот кунед.

2 Қӯринтиён 9

Калисои Қӯринтӯс дар ҷамь кардани ионатҳо ҷидду ҷаҳди зиёде мекард

1 ДАР бораи хизмате ки ба мадади муқаддасон аст, ба шумо навиштанам зиёдатист, 2 Зеро ҷидду ҷаҳди шуморо медонам ва аз шумо пеши аҳли Мақдуния фахр менамоям, ки Охоия аз соли гузашта тайёр шудааст; ва иштиёқи шумо аксарияти онҳоро ба шавқ овард. 3 Бародаронро барои он фиристодам, ки фаҳре ки мо аз шумо дорем, беҳуда набарояд, то ки шумо, чунон ки гуфтаам, тайёр бошед, 4 То ки, агар аз аҳли Мақдуния бо ман омада, шуморо нотайёр ёбанд, мо, - намегӯям, ки "шумо", - аз чунин эътимоде ки бо он фахр кардаем, хиҷил нашавем. 5 Бинобар ин лозим донистам аз бародарон илтимос кунам, ки аз ман пештар назди шумо рафта, хаироти ваъдагии шуморо пешакӣ муҳайё кунанд, то ки он ҳамчун хайроте тайёр бошад, на ҳамчун хироҷе.

Худо он касро дуст медорад, ки сахӣ ботад

6 Хуллас, касе ки хасисона мекорад, вай хасисона дарав мекунад, ва касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад. 7 Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахй бошад. 8 Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро дар шумо афзун кунад, то ки шумо ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қонеъ буда, барои ҳар кори хайр афзунӣ зоҳир намоед, 9 Чунон ки навишта шудааст: "Исроф намудааст: ба мискинон тақсим карда додааст; кори хайраш то абад қоим аст". 10 Ва Он ки барои коранда тухм ва барои хӯранда нон муҳайё менамояд, кишти шуморо фаровон ва самари кори хайри шуморо афзун хоҳад кард, 11 То ки шумо дар ҳар чиз барои ҳар гуна саховат бой гардед, ки он ба воситаи мо шукри Худоро ба амал меоварад. 12 Зеро ба ҷо овардани ин хизмат на танҳо норасогии муқаддасонро пур мекунад, балки шукри Худоро низ бениҳоят афзун мегардонад; 13 Зеро ки, дар натиҷаи ин хизмат, онҳо Худоро ҳамду сано мехонанд барои итоати шумо ба Инҷиле ки паиравӣ менамоед, ва барои ҳиммати шумо дар ширкате ки бо онҳо ва бо ҳама доред, 14 Ва онҳо дар дуое ки дар ҳаққи шумо мегӯянд, барои файзи Худо, ки дар шумо фаровон аст, иштиёқманди шулю мебошанд. 15 Худоро шукр бод барои бахшоиши молокаломи Ӯ!

2 Қӯринтиён 10

Ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фахр кунад

1 ЛЕКИН ман, Павлус, ки шахсан дар миёни шулю хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо фурӯтанӣ ва меҳрубонии Масеҳ даъват менамоям, 2 Ва илтимос мекунам, ки дар омадани худ он ҷасорати қатъиро ба кор набарам, ки ният дорам ба муқобили баъзе касоне зоҳир созал\, ки ба гулюнашон мо ба ҳасби ҷисм рафтор менамоем. 3 Зеро ки мо, агарчи дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ба ҳасби ҷисм намеҷактем; 4 Зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо; 5 Мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем, 6 Ва тайёр ҳастем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем, вақте ки итоати шумо комил гардад. 7 Оё аз рӯи қиёфа ҳукм мекунед? Агар касе ба худаш эътимод дорад, ки ӯ аз они Масеҳ аст, бигзор вай боз ҳам аз худаш қиёс гирад, :ш чунон ки вай аэ они Масеҳ аст, ончунон мо низ аз они Масеҳ ҳастем. 8 Зеро, агар ман як қадар зиёдтар фахр намоям аз ихтиёре ки Худованд барои буньёдкорӣ, на барои харобкории шумо, ба мо додааст, хиҷил нахоҳам шуд, 9 То ба назар чунин нанамояд, ки гӯё ман шуморо бо номаҳо тарсонда истодаам, 10 Чунки мегӯянд: "Дар номаҳо ӯ ҷиддӣ ва зӯровар аст, аммо ҳузури шахсии ӯ заиф, ва нутқаш ночиз аст". 11 Чунин шахс бидонад, ки мо дар каломи номаҳои ғоибона чй гунае ки бошем, амалан, дар хузури шахсӣ низ ҳамон гунаем. 12 Зеро ки мо ҷуръат намекунем худро бо касони худсито муқокса намоем ё баробар кунем: онҳое ки худро бо худ андоза мекунанд ва худро бо худ муқоиса менамоянд, хирад надоранд. 13 Лекин мо берун аз андоза фахр наҳоҳем кард, балки ба андозаи он ҳадде ки Худо барои мо муайян кардааст, то ки ба шумо ҳам бирасем. 14 Мо аз ҳадди худ намегузарем, ки гӯё ба шумо нарасида бошем, зеро ки бо Инҷили Масеҳ ба шумо ҳам расидаем. 15 Мо берун аз андоза бо меҳнатҳои дигарон фахр намекунем, лекин умед дорем, ки ҳар қадар имонатон зиёдтар шавад, ҳадди кори мо низ дар миёни шумо афзоиш хоҳад ёфт, 16 То ки дар ҷойҳои аз шумо дуртар ҳам Инҷилро мавъиза намоем ва бо он чи дар ҳадди кори дигарон муҳайё шудааст, фахр накунем. 17 Ва ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фаҳр кунад. 18 Зеро на он кас арзанда аст, ки худро ситоиш мекунад, балки он кас, ки Худованд ӯро ситоиш мекунад.

2 Қӯринтиён 11

Бо Худованд фахр кардан кашида гирифта намешавад

1 КОШКИ беақлии маро як қадар таҳаммул кунед! Лекин маро таҳаммул ҳам мекунед. 2 Зеро ман дар ҳаққи шумо бо рашки Худо рашк менамоям, чунки шуморо ба марди ягонае номзад сохтаам, то ки чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям. 3 Аммо тарси он дорам, ки чӣ тавре ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ҳамон тавр афкори шумо низ фосид шуда, аз самимияте ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳад тофт. 4 Зеро, агар касе омада, Исои дигареро мавъиза намояд, ғайр аз Он, ки мо Ӯро мавъиза кардем, ё шумо рӯҳи дигаре гиред, ғайр аз он ки гирифтед, ё башорати дигаре, ғайр аз он чи қабул кардед, - шумо онро ба хубӣ таҳаммул менамоед. 5 Аммо ман гумон мекунам, ки аз он ҳаввориёни олӣ ҳеҷ камӣ надорам: 6 Агарчи дар нутқ моҳир нестам, аммо на дар дониш. Лекин мо аз ҳар хусус ба шумо комилан маълум ҳастем.

Беғаразии ҳавворӣ дар башорати Инчил

7 Оё ман гуноҳ кардам, ки худро ҳақир сохтам, то ки шуморо сарбаланд гардонам, чунки Инҷили Худоро ба шумо муфт мавъиза намудам? 8 Ман боиси харҷи калисоҳои дигар гардида, аз онҳо музд гирифтам, то ки хизмати шуморо ба ҷо оварам; ва ҳангоме ки назди шумо будам, мӯҳтоҷӣ кашида бошам ҳам, ба касе гаронӣ накардам, 9 Зеро бародароне ки аз Мақдуния омаданд, норасогии маро пур карданд; ҳудам низ саъю кӯшиш намудам ва хоҳам намуд, ки дар ҳеҷ чиз ба шумо гаронй накунам. 10 Ба ростии Масеҳ, ки дар ман аст, мегӯям: ин фахр дар кишварҳои Охоия аз ман кашида гирифта намешавад. 11 Аз чӣ сабаб? Оё аз он сабаб ки ман шуморо дӯст намедорам? Худо медонад! 12 Аммо он чи мекунам, боз ҳам хоҳам кард, то баҳонаи одамонеро беасос кунам, ки баҳона меҷӯянд, то дар он чи фахр мекунанд, худро бо мо баробар созанд.

Павлус, назар ба душманонаш, бештар уқубат кашидааст

13 Зеро ки онҳо ҳаввориёни козиб ва арбобони маккор ҳастанд, ки шакли ҳаввориёни Масеҳро мегиранд. 14 Ва ин тааҷҷубовар нест: зеро ки худи шайтон шакли фариштаи нурро мегирад. 15 Бинобар ин кори бузург нест, ки агар хизматгузорони вай низ шакли хизматтузорони адолатро бигиранд; лекин фарҷомашон аз рӯи аъмолашон хоҳад буд. 16 Боз мегӯям: касе маро беақл надонад; ва агар ин тавр набошад, пас маро лоақал ҳамчун беақле қабул кунед, то ки ман ҳам андаке фахр намоям. 17 Он чи мегӯям, на аз рӯи тариқи Худованд мегӯям, балки гӯё аз рӯи беақлй, бо чунин эътимоде ки дар фахр аст. 18 Чӣ тавре ки бисьёр касон ба ҳасби ҷисм фахр мекунанд, ман низ фахр хоҳам кард. 19 Зеро шумо, ки оқил ҳастед, беақлонро бо майли тамом таҳаммул менамоед. 20 Зеро, агар касе шуморо ғулом гардонад, агар касе ҳаққи шуморо хӯрад, агар касе шуморо ғорат кунад, агар касе худро баланд гирад, агар касе пгуморо торсакӣ занад, шумо ӯро таҳаммул менамоед. 21 Бо хиҷолат мегӯям, ки гӯё қуввати мо ба ин корҳо нарасидааст. Лекин агар касе дар чизе ҷуръат дошта бошад, аз рӯи беақлӣ мегӯям, ки ман низ ҷуръат дорам. 22 Онҳо ибронӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Исроилӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Насли Иброҳим ҳастанд? Ман низ ҳастам. 23 Хизматгузорони Масеҳ ҳастанд? Мисли касе ки ҳолати ҷунун дорад, мегӯям, ки ман боз ҳам бештар ҳастам: дар меҳнатҳо - бештар, дар зери зарбаҳо - аз андоза берун, дар зиндонҳо - бештар, дар чанголи аҷал - дафъаи бисьёр. 24 Панҷ маротиба аз дасти яҳудиён як кам чилтагй тозиёна хӯрдам; 25 Се бор маро калтаккорӣ карданд, як карат сангсор карданд, се карат кищтии ман ғарқ шуда, щабу рӯзро дар қаъри баҳр гузарондам; 26 Дафъаи бисьёр дар сафарҳо будам, дар хатарҳои дарьёҳо, дар хатарҳои роҳзанон, дар хатарҳо аз ҷониби қавми худ, дар хатарҳо аз ҷониби халкхр, дар хатарҳо дар шаҳр, дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар миёни бародарони козиб, 27 Дар меҳнат ва дар аҷз, аксар вақт бе хоб, дар гуруснагӣ ва ташнагӣ, аксар вақт дар рӯзадорӣ, дар сармо ва дар бараҳнагӣ. 28 Ғайр аз чизҳои дигар, шабу рӯз ғамхорй дар бораи ҳамаи калтгсоҳо бар зиммаи ман аст. 29 Касе беҳол шавад, ман беҳол намешавам? Касе ба васваса афтад, ман намесӯзам? 30 Агар фахр кардан лозкм бошад, аз заъфи худ фахр мекунам. 31 Худо ва Падари Худоваыди мо Исои Масеҳ, ки то абад муборак аст, медонад, ки дурӯғ намегӯям. 32 Дар Димишқ волии подшоҳ Аретас шаҳри димишқиёнро посбонй мекард, то ки маро дастгир намояд; ва маро аз тиреза дар сабаде аз болои қалъа фуроварданд, ва ман аз дасти вай халос шудам.

2 Қӯринтиён 12

Қуввати файзи Масеҳ дар заьфи имондор ба амал меояд

1 АГАРЧИ фахр карданам фоида надорад, ба рӯъёҳо ва ваҳйҳои Худованд меоям. 2 Шахсеро дар Масеҳ мешиносам, ки чордаҳ сол пеш аз ин, - оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, - то осмони сеюм бурда шуд. 3 Ва ин шахсро мешиносам, - оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, - 4 Ки ба биҳишт бурда шуд ва суханони молокаломе шунид, ки ба одамизод ҷоиз нест онҳоро ифода камояд. 5 Аз чунин шахс фахр хоҳам кард; лекин аз худам, ҷуз аз заъфҳоям, фахр намекунам. 6 Зеро, агар фахр кардан хоҳам, беақл намешавам, чунки рости гапро мегӯям; лекин худдорй менамоям, то касе дар ҳаққи ман аз он чи дар ман мебинад ё аз ман мешунавад, зиёдтар гумон накунад. 7 Ва барои он ки ман ба сабаби фавкулоддагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам. 8 Се маротиба ман ба Худованд тазаррӯъ намудам, ки онро аз ман дур кунад, 9 Вале ба ман гуфт: "Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад". Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад. 10 Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқувватам. 11 Бо фахр карданам то ба дараҷаи беақлӣ расидаам: шумо маро маҷбур сохтед. Шуморо лозим буд маро мадҳ менамудед, зеро ки ман аз ҳаввориёни олӣ дар ҳеҷ бобат камӣ надорам, гарчанде ки ҳеҷам: 12 Нишонаҳои ҳавворӣ дар миёни шумо бо камоли сабр дар аломот, мӯъҷизот ва қувваҳо нишон дода шуд. 13 Зеро дар чӣ щумо аз калисоҳои дигар камй доред? Магар фақат дар он ки ман ба шумо гаронӣ накардаам? Ин гуноҳи маро афв намоед!

Павлуси ҳавворӣ барои ибрат гирифтани имондорон нома менависад

14 Инак, дафъаи сеюм аст, ки ман тайёрам назди шумо биёям, ва ба шумо гаронӣ нахоҳам кард, чунки на чизу чораи шуморо, балки худатонро талабгорам. Зеро ки на фарзандон бояд барои падарону модарони худ саришта кунанд, балки падарону модарон барои фарзандон. 15 Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро хоҳам дод, қатъи назар аз он ки ба бадали муҳаббати зиёде ки ба шумо дорам, аз ҷониби шумо ба худам муҳаббати камтаре мебинам. 16 Фарз кунем, ки ман ба шумо гаронӣ накардаам, лекин, ҳамчун шахси муғамбир, шуморо бо макр ба дом даровардаам. 17 Оё ба воситаи яке аз онҳое ки назди шумо фиристодам, фоидае аз шумо ба даст овардам? 18 Аз Титус илтимос намуда, бародареро бо ӯ равона кардам: магар Титус аз шумо фоидае ба даст овард? Оё мо дар як рӯҳ рафтор накардем? 19 Оё гумон доред, ки мо худро пеши шумо сасред кар да истодаем? Мо ба ҳузури Худо, дар Масеҳ сухан меронем, ва ҳамаи ин, эй маҳбубонам, барои ибрат гирифтани шумост. 20 Зеро метарсам, ки дар омаданам мабодо шуморо, ончунон ки меҳоҳам, наёбам, шумо низ маро, ончунон ки меҳоҳед, наёбед; мабодо низоъ, ҳасад, ҳашм, ҷанҷол, бӯҳтон, ғайбат, ғурур ва бетартибиҳо мавчуд бошад; 21 Мабодо боз, вакте ки оям, Худои ман маро назди шумо ҳакир созад, ва ман азо гирам барои бисьёр касоне ки пештар гуноҳ кардаанд ва аз нопокӣ, зино ва фиску фучуре ки ба амал овардаанд, тавба накардаанд.

2 Қӯринтиён 13

Имондоронро лозим аст, ки худро дар қуввати файзи Масеҳ тафтиш ва имтиҳон кунанд

1 ДАФЪАИ сеюм аст, ки назди шумо меоям: бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар сухан исбот хоҳад шуд. 2 Онҳоеро, ки пештар гуноҳ кардаанд, ва ҳамаи дигаронро, - ҳам он вакт, ки дафъаи дуюм омада будам, ва ҳам ҳоло, ки ғоиб ҳастам, - таъкид намудаам ва таъкид менамоям, ки агар боз оям, амон нахоҳам дод. 3 Шумо далели онро меҷӯед, ки оё Масеҳ дар ман суҳан меронад: Ӯ барои шумо оҷиз нест, балки дар миёни шумо боиктидор аст. 4 Зеро, агарчи Ӯ дар ҳолати заъф маслуб шуд, лекин бо куввати Худо зинда аст; мо низ дар Ӯ заиф ҳастем, лекин ҳамроҳи Ӯ бо куввати Худо, ки дар шумост, зиндагӣ хоҳем кард. 5 Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед. Ё шумо ҳудро намешиносед, ки Исои Масеҳ дар шумост? Магар ин ки шумо на ончунон ҳастед, ки бояд бошед. 6 Дар ҳусуси мо, умедворам, шумо ҳоҳед донист, ки мо ончунон ҳастем, ки бояд бошем. 7 Мо ба Худо тазаррӯъ менамоем, ки шумо ҳеҷ бадӣ накунед, на аз барои он ки мо худро ончунон нишон диҳем, ки бояд бошем; балки аз барои он ки шумо некӣ кунед, агарчи мо на ончунон ба назар намоем, ки бояд бошем. 8 Зеро ки мо на бар зидди ростй, балки фақат барок ростӣ кувват дорем. 9 Зеро шодӣ мекунем, вакте ки мо заиф ҳастем, вале шумо бокувват; ва барои ҳамин, яъне дар хусуси комил шуданатон, мо дуо мегӯем. 10 Аз он сабаб ман инро дар вакти набуданам навиштаам, ки дар омаданам сахтгирӣ накунам аз рӯи он ихтиёре ки Худованд ба ман, на аз барои харобкорӣ, балки барои буньёдкорӣ додааст.

Насиҳатҳои хотимавӣ. Саломҳо

11 Хуллас, эй бародарон, шод бошед! Комил шавед, тасалло ёбед, якдил бошед, осоиштагиро ҳифз намоед, - ва Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд. 12 Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед. Ҳамаи муқаддасон ба шумо салом мерасонанд. 13 Файзи Исои Масеҳи Худованд, ва муҳаббати Худо, ва ширкати Рӯҳулкудс бо ҳамаатон бод. Омин.

Ғалотиён 1

Файз ва осошитагӣ аз чониби Худо

1 ПАВЛӮСИ ҳавворй, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кардааст, 2 Ва ҳамаи бародароне ки бо ман мебошанд, ба калисоҳои Ғалотия: 3 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод, 4 Ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то ки моро аз ин олами шарир, мувофиқи иродаи Худо, Падари мо, халос кунад, 5 Ки Ӯро то абад ҷалол бод, омин.

Одамоне ки ба изтироб меандозанд

6 Тааҷҷуб менамоям, ки ин қадар зуд шумо аз Он ки шуморо ба файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба башорати дигаре мегузаред, 7 Ки он на дигарест, балки фақат баъзе касоне ҳастанд, ки шуморо ба изтироб меандозанд ва башорати Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд. 8 Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чи мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад, - малъун бод. 9 Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегӯям: агар касе бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад, - малъун бод. 10 Оё ман алҳол назди одамон ҳусни таваҷҷӯҳ меҷӯям, ё назди Худо? Оё саъю кӯшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанӯз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам.

Павлус на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худо ба ҳавворшӣ даьват шудааст

11 Ба шумо, эй бародарон, эълон мекунам: Инҷиле ки ман башорат додаам, аз они одамизод нест; 12 Зеро ки ман онро на аз одамизод қабул кардаам ва таълим гирифтаам, балки ба василаи ваҳйи Исои Масеҳ. 13 Зеро шумо тарзи ҳаёти пештараи маро дар миёни яҳудиён шунидаед, ки ман Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам, 14 Ва дар дини яхудӣ дар авлодам назар ба бисьёр ҳамсолони худ бештар комьёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам ниҳоятдараҷа ғайрат мекардам. 15 Аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷӯҳ намуд, 16 Ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то ки Ӯро дар миёни ҳалқҳо башорат диҳам, - ман он вақт бо ҷисм ва хун машварат накардам, 17 Ва ба Ерусалим назди онҳое ки пеш аз ман ҳавворӣ буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва боз ба Димишқ баргаштам. 18 Сонӣ, пас аз се сол, ба Ерусалим барои дидани Петрус рафтам ва понздаҳ рӯз назди ӯ истодам. 19 Аз ҳаввориён, ғайр аз Яъқуби бародари Худованд, каси дигарро надидаам. 20 Ва он чи ба шумо менависам, инак, ба ҳузури Худо, дурӯғ намегӯям. 21 Пас аз он ман ба кишварҳои Сурия ва Қилиқия равона шудам. 22 Аммо калисоҳои Масеҳ дар Яҳудо маро шаҳсан намешиноҳтанд, 23 Балки фақат шунида буданд, ки ҳамон шаҳсе ки як вақте онҳоро таъқиб менамуд, ҳоло имонеро башорат медиҳад, ки иештар онро несту нобуд мекард, - 24 Ва Худоро ба ҳотири ман мадҳ мегуфтанд.

Ғалотиён 2

Ба халкҳо башорат додани Павлусро ҳаввориёни дигар эътироф кардаанд

1 СОНӢ ман, пас аз чордаҳ сол, бо Барнаббо боз ба Ерусалим рафтам, Титусро низ бо худ бурдам. 2 Ба он ҷо аз рӯи ваҳй равона шудам ва ба онҳо ва алоҳида ба шахоне ки соҳибэътибор буданд, он башоратро, ки дар миёни халқҳо мавъиза менамудам, баён кардам: мабодо бар абас бидавам ё давида бошам. 3 Аммо Титус ниэ, ки ҳамроҳи ман буд, бо вучуди юнонй буданаш, маҷбур нашуд, ки махтун гардад: 4 Аз боиси бародарони козиби ба миёни мо сар даровардае ки барои дидани озодие ки мо дар Исои Масеҳ дорем, ба таври пинҳонӣ омада буданд, то ки моро ғулом гардонанд: 5 Мо ба онҳо як соат ҳам гузашт накардем ва итоат нанамудем, то ки ростии башорат дар шумо маҳфуз дошта шавад. 6 Ва онҳое ки ба назари касе соҳибэътибор буданд, - онҳо ягон вакт ҳар чй хел бошанд ҳам, барои ман аҳамияте надорад: Худо ба рӯи кас нигоҳ намекунад, - ин соҳибэътиборон ба зиммаи ман ҳеҷ чизе нагузоштанд; 7 Балки, баръакс, чун диданд, ки башорат барои номахтунон ба ман супурда шудааст, чунон ки барои махтунон ба Петрус, - 8 Зеро Он ки ба Петрус дар ҳавворияташ назди махтунон мадад карда буд, ба ман низ назди халқҳо мадад кардааст, - 9 Ва чун Яъқуб ва Кифо ва Юҳанно, ки эътибори арконро доштанд, аз файзе ки ба ман ато шудааст, вуқуф ёфтанд, дасти ширкат ба ман ва Барнаббо доданд, то ки мо назди халқҳр биравем, ва онҳо назди махтунон; 10 Фақат ин ки мо бенавоёнро дар хотир нигоҳ дорем, ва ман иштиёқманд будам, ки маҳз ҳаминро ба ҷо оварам.

Павлус «бо имон сафед шудан» - ро дар Антиёхия аз Петрус ҳимоят мекунад

11 Аммо вақте ки Петрус ба Антиёхия омад, ман шахсан ба ӯ мухолифат кардам, чунки ӯ айбдор буд. 12 Зеро, пеш аз он ки баъзе касон аз ҷониби Яъқуб биёянд, ӯ бо ғайрияҳудиён хӯрок мехӯрд; лекин вақте ки онҳо омаданд, аз тарси маҳтунон худро дур кашид ва канорагирӣ кард. 13 Бо якҷоягии ӯ яҳудиёни дигар ҳам риёкорӣ карданд, ба тавре ки Барнаббо низ саргарми риёкории онҳо щуд. 14 Аммо, чун дидам, ки онҳо мувофиқи ростии Инҷил рафтори рост намекунанд, дар ҳузури ҳама ба Кифо гуфтам: "Агар ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, на ба тариқи яҳудиён, балки ба тариқи ғайрияҳудиён зиндагӣ мекунӣ, чаро ғайрияҳудиёнро маҷбурменамой, ки ба тарики яҳудиён рафтор кунанд? 15 "Мо табиатан яҳудӣ ҳастем, на ин ки гуноҳкороне аз байни ғайрияҳудиён; 16 "Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли щариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд. 17 "Аммо агар, дар Масеҳ сафед шудан хоста, худамон ҳам гуноҳкор бароем, - наход ки Масеҳ хизматгузори гуноҳ бошад? Ба ҳеҷ сурат! 18 "Зеро, агар ман он чиро, ки хароб кардаам, аз нав ба вуҷуд оварам, ман худро ҷинояткор мегардонам.

Масеҳи бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунад

19 "Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагй кунам. 20 "Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагй мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард. 21 "Файзи Худоро ботил намекунам; зеро, агар сафед шудан ба воситаи шариат бошад, Масеҳ бар абас мурдааст".

Ғалотиён 3

Бахшоиши Рӯҳулқудсро бо имон ёфтан мумкин астъ на бо аъмоли шариат

1 ЭЙ ғалотиёни нофаҳм! Кӣ шуморо ба васваса андохт, ки аз ростӣ сар тобед, дар сурате ки пеши назари шумо Исои Масеҳи маслуб тасвир ёфтааст? 2 Фақат инро аз шумо фаҳмидан мехоҳам: оё шумо Рӯҳро аз аъмоли шариат қабул кардаед, ё ки аз мавъизаи имон? 3 Оё он қадар шумо нофаҳм ҳастед, ки бо Рӯҳ сар карда, алҳол бо ҷисм анҷом медиҳед? 4 Оё бар абас ин қадар заҳмат кашидаед? Тасаввур намекунам. 5 Пас, Он ки Рӯҳро ба шумо мебахшад ва дар миёни шумо мӯъҷизот ба амал меоварад, оё инро ба воситаи аъмоли шариат мекунад ё ки ба воситаи мавъизаи имон? 6 Чунончи, Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд. 7 Пас бидонед, ки аҳли имон фарзандони Иброҳим ҳастанд. 8 Ва Навиштаҳо чун лешбинӣ намуд, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода, гуфт: "Дар ту ҳамаи халқҳо баракат хоҳанд хост". 9 Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд, 10 Лекин тамоми аҳли аъмоли шариат зери дасти лаънат мебошанд; зеро ки навишта шудааст: "Малъун аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо доимо ба ҷо намеоварад". 11 Ва ин ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат ба ҳузури Худо сафед намешавад, ин равшан аст, чунки одил ба воситаи имон зиндагӣ хоҳад кард. 12 Аммо шариат аз имон нест, вале касе ки онро ба ҷо меоварад, бо он зиндагӣ хоҳад кард. 13 Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, - зеро ки навишта шудаасг: "Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст", - 14 То ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайрияҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рӯҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем.

Ваъдаҳои ба Иброҳим додашударо шариат ботил иакардааст; шариат асокаши мо суи Масеҳ гардид

15 Эй бародарон! Ба тариқи одамизод сухан меронам: ҳатто васиятеро, ки одамизод тартиб дода бошад, ҳеҷ кас ботил намекунад ва чизе ба он илова наменамояд. 16 Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ӯ дода шудааст. Нагуфтааст: "Ва ба наслҳои ту", гӯё ки дар бораи бисьёре, балки дар бораи яке: "Ва ба насли ту", ки он Масеҳ аст. 17 Ва ман чунин мегӯям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ муқаррар намудааст, шариат, ки баъд аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, ботил намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад. 18 Зеро, агар мерос аз рӯи шариат бошад, он дигар аз рӯи ваъда нахоҳад буд; аммо Худо онро аз рӯи ваъда ба Иброҳим ато намудааст. 19 Пас, шариат барои чист? Он баъдтар аз боиси ҷиноятҳо дода шудааст, то вақти омадани Насле ки ваъда ба Ӯ дахл дорад, ва он ба воситаи фариштаҳо бо дасти миёнарав фармоиш карда шудааст. 20 Аммо миёнарав назди як намешавад, вале Худо як аст. 21 Пас, оё шариат ба ваъдаҳои Худо мухолиф аст? Ба ҳеҷ сурат! Зеро, агар шариате дода мешуд, ки қобили ҳаётбахшй бошад, адолат ҳақиқатан аз шариат мебуд; 22 Аммо Навиштаҳо ҳама чизро зери дасти гуноҳ банд кардааст, то ки ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад. 23 Аммо пеш аз омадани имон зери дасти посбонии шариат банд будем, то даме ки имон мебоист зоҳир мешуд. 24 Пас, шариат асокаши мо сӯи Масеҳ гардид, то ки ба воситаи имон сафед шавем; 25 Аммо вақте ки имон омад, мо дигар зери дасти асокаш нестем. 26 Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед; 27 Зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед. 28 Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед. 29 Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ворисонед мувофиқи ваъда.

Ғалотиён 4

Масеҳ моро аз таҳти васояти шариат раҳо кард; ба воситаи Ӯ мо фарзандони озоди Худо шудаем

1 АММО мегӯям: ворис, то даме ки кӯдак аст, аз ғулом ҳеҷ фарқ надорад, гарчанде ки огои ҳама аст: 2 Балки зери дасти васиён ва амалдорон аст, то мӯҳлате ки падараш муайян намудааст. 3 Хамчунин мо, то даме ки кӯдак будем, ғуломи аносири ҷаҳон будем; 4 Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод,ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд, 5 То барои онҳое ки зери дасти шариат буданд, фидия диҳад, то ки мо ба писарй қабул шавем. 6 Ва азбаски шумо писар ҳастед, Худо ба дилҳои шумо Рӯҳи Писари Худро фиристодааст, ки нидо мекунад: "Эй Або, эй Падар!" 7 Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, вориси Худо низ ба василаи Масеҳ ҳастӣ.

Маҳзунии Павлус дар бораи он ки ғалотиён чудо шуда, сӯи шариати халқҳо ва яҳудиён рафтаанд

8 Лекин дар он замон, ки Худоро намешинохтед, шумо онҳоеро ибодат мекардед, ки аслан худо набуданд; 9 Аммо алҳол, ки Худоро мешиносед ва, илова бар он, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна аз нав сӯи он аносири заифу фақир баргашта, худро боз ба онҳо ғулом кардан мехоҳед? 10 Рӯзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед. 11 Аз шумо хавотир дорам, ки мабодо дар миёни шумо беҳуда меҳнат карда бошам. 12 Эй бародарон, аз шумо хоҳишмандам, ки мисли ман бошед, чунки ман ҳам мисли шумо ҳастам; шумо маро ҳеҷ озор надодаед: 13 Шумо медонед, ки ман дар заъфи ҷисм ба шумо дафъаи аввал башорат додам; 14 Ва шумо аз озмогапи ман, ки дар ҷисми ман аст, нафрат накардед ва кароҳат надопттед, балки маро мисли фариштаи Худо, мисли Исои Масеҳ пазирой намудед. 15 Пас куҷост он саодати шумо? Зеро ба шумо гувоҳй медиҳам, ки агар имконпазир мебуд, чашмони худро канда гирифта, ба ман медодед. 16 Пас, наход ки ба шумо рости гапро гуфта, душмани шумо шуда бошам? 17 Онҳо барои шумо ба некӣ ғайрат намекунанд, балки шуморо ҷудо кардан меҳоҳанд,то ки шумо барои онҳо ғайрат кунед. 18 Дар кори хайр ҳамеша ғайрат кардан хуб аст, на танҳо вақте ки ман назди шумо бошам. 19 Эй фарзандони ман, ки барои таваллудатон ман аз нав азоб мекашам, то даме ки дар шумо Масеҳ сурат бандад! 20 Хоҳиш доштам, ки ҳоло назди шумо бошам ва овози худро тағьир диҳам, зеро ки дар хусуси шумо дар ҳайрат мондаам.

Ғуломи зери дасти шариат ва озодии имон дар писарони Иброҳим тасвир ёфтааст

21 Шумо, ки мехоҳед зери дасти шариат бошед, ба ман бигӯед, ки магар шумо ба шариат гӯш намеандозец? 22 Зеро ки навишта шудааст: "Иброҳим ду писар дошт, яке аз каниз ва дигаре аз зани озод". 23 Лекин он ки аз каниз буд, ба ҳасби ҷисм таваллуд ёфтааст, ва он ки аз зани озод буд, - ба ҳасби ваъда. 24 Ин кинояомез аст, зеро ки ин ду аҳд аст: яке аз кӯҳи Сино, ки барои ғуломӣ мезояд, ва ин Ҳоҷар аст, 25 Зеро ки Ҳоҷар кӯҳи Сино дар Арабистон аст ва ба Ерусалими ҳозира мувофиқ меояд, зеро ки он бо фарзандони худ дар ғуломӣ мебошад; 26 Аммо Ерусалими арши аъло озод аст, ки он модари ҳамаи мост; 27 Зеро ки навишта шудааст: "Шод бош, эй нозой, ки назоидаӣ; хурсандӣ ва нидо бикун, ки дарди зоиш накашидаӣ; зеро фарзандони зане ки партофта шудааст, назар ба шавҳардор зиёдтаранд". 28 Вале мо, эй бародарон, мисли Исҳоқ, фарзандони ваъда ҳастем. 29 Аммо чӣ тавре ки он вақт ба ҳасби ҷисм таваллудьёфта ба ҳасби Рӯҳ таваллудьёфтаро пеш мекард, алҳол низ ҳамон тавр аст. 30 Аммо Навиштаҳо чӣ мегӯяд? "Каниз ва писари ӯро пеш кун, зеро писари каниз бо писари зани озод мерос нахохад гирифт". 31 Хуллас, эй бародарон, мо фарзандони каниз нестем, балки фарзандони зани озодем.

Ғалотиён 5

Насиҳат дар бораи он ки аз юги ғуломии шариат озод бимонем

1 ПАС, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед. 2 Инак, ман, Павлус, ба шумо мегӯям: агар махтун мешуда бошед, Масеҳ ба шумо ҳеҷ нафъ намебахшад. 3 Ва ман боз ба ҳар каси махтуншаванда шаҳодат медиҳам, ки ӯ бояд тамоми шариатро ба ҷо оварад. 4 Шумо, ки худро бо шариат сафед мекунед, аз Масеҳ ҷудо шудаед, аз файз маҳрум гардидаед. 5 Зеро ки мо ба воситаи Рӯҳ аз имон мунтазири ҳамон адолатем, ки онро умедворем. 6 Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунй, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад. 7 Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт? 8 Ин таъсир аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест. 9 Андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонаа. 10 Ман ба шумо дар Худованд эътимод дорам, ки ҳеҷ фикри дигаре нахоҳед дошт, ва касе ки шуморо ба изтироб меандозад, ҳар кӣ бошад ҳам, маҳкум хоҳад шуд. 11 Валекин, эй бародарон, агар ман ҳозир ҳам хатнаро мавъиза мекарда бошам, чаро ҳанӯз гирифтори таъқибот мешавам? Дар он сурат васвасаи салиб ботил мешудку! 12 Кошки онҳое ки шуморо ба изтироб меандозанд, аз байн бурда мешуданд!

Озодии ҳақиқӣ ба воситаи муҳаббат ва дар рӯҳ зистан исбот карда мешавад

13 Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед. 14 Зеро ки тамоми шариат аз як калима иборат аст, чунончи: "Ёратро мисли худат дӯст бидор". 15 Аммо агар шумо якдигарро газкда, мехӯрда бошед, эҳтиёт шавед, ки мабодо аз дасти якдигар несту нобуд гардед. 16 Вале ман мегӯям: бар тибқи Рӯҳ рафтор кунед, ва щумо ҳавасҳои ҷисмро ба амал нахоҳед овард; 17 Зеро ки ҷисм хилофи Рӯҳро хоҳон аст, ва Рӯҳ - хилофи ҷисмро: онҳо зидди якдигаранд, ба тавре ки шумо он чи мехостед, намекунед. 18 Лекин агар роҳнамоятон Рӯҳ бошад, зери дасти шариат нестед. 19 Корҳои ҷисм маълум аст, ки инҳост: фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур, 20 Бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хаиш, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо, 21 Нафрат, қатлҳо, бадмастй, бетартибӣ ва монанди ин; шуморо пешакӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт. 22 Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, 23 Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест. 24 Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд. 25 Агар мо бар тибқи Рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд бар тибқи Рӯҳ рафтор ҳам кунем: 26 Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабонӣ накунем, аз якдигар ҳасад набарем.

Ғалотиён 6

Барои иҷро кардани шариати Масеҳ, борҳои якдигарро бардоштан лозим аст

1 ЭЙ бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад. 2 Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард. 3 Зеро касе ки худро чизе ҳисоб мекунад, дар сурате ки ҳеҷ аст, вай худро фиреб медиҳад. 4 Бигзор ҳар кас амали худро имтиҳон намояд, ва он гоҳ фақат дар худ фахр хоҳад дошт, на дар дигаре; 5 Зеро ҳар кас бори худро хоҳад бардошт. 6 Он ки бо каломи Худо насиҳат дода мешавад, бигзор насиҳатдиҳандаро дар ҳар нозу неъмат шарик созад. 7 Фирефта нашавед: Худо намегузорад,ки Ӯро тамасхур кунанд. Зеро ки он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид: 8 Касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фаноро хоҳад даравид, ва касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти ҷовидониро хэҳад даравид. 9 Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустй накунем. 10 Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони ҳуд.

Салиби Масеҳ цалоли ягонаи ҳавворй мебошад

11 Бубинед, чӣ гуна калон аст мактубе ки ба шумо бо дасти худ навиштаам. 12 Онҳое ки ба ҳасби ҷисм фахр намудан мехоҳанд, шуморо ба махтун шудан водор менамоянд, фақат барои он ки аз боиси салиби Масеҳ ба таъқибот гирифтор нашаванд; 13 Зеро ки худи махтуншавандагон ҳам шариатро риоя намекунанд, лекин мехоҳағд, ки шумо махтун шавед, то ки бо ҷисми шумо фахр намоянд. 14 Ва ман, ҳошо ва калло, ки фахр намоям, магар ин ки фақат бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман маслуб шудааст, ва ман - барои ҷаҳон. 15 Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав. 16 Ва онҳое ки мувофики ҳамин қоида рафтор мекунанд, осоиштагӣ ва марҳамат бар онҳо бод, ва бар Исроили Худо! 17 Минбаъд бигзор ҳеҷ кас маро уқубат надиҳад, зеро ки ман ҷароҳатҳои Исои Худовандро дар бадани худ дорам. 18 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод, эй бародарон, омин.

Эфсӯсиён 1

Ҷалол додани Худо барои сирри нацшаи абадии начоти Ӯ, ки дар Масеҳ ба амал омадааст

1 ПАВЛӮС, ки бо иродаи Худо ҳаввории Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфсӯс мебошанд ва дар Исои Масеҳ аминанд: 2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додааст, 4 Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббаг муқаддас ва беайб бошем. 5 Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад, 6 Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандй бахшидааст. 7 Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем, 8 Ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ, 9 Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ӯ барқарор намуд. 10 Вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ хоҳад кард. 11 Мо низ дар Ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ӯ пешакй муайян шуда будем, 12 То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем. 13 Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед, 14 Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ.

Сарвати беҳадди мероси пур аз цалоли Худо барои имондорон

15 Бинобар ин ман низ, вақте ки аз имони шумо ба Исои Масеҳ ва аз муҳаббати шумо ба ҳамаи муқаддасон хабардор шудам, 16 Шукргузориро барои шумо бас намекунам ва пгуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам, 17 То ки Худои Исои Масеҳи Худовағди мо, Падари ҷалол рӯҳи ҳикмат ва ваҳйро барои шинохтани Ӯ ба шумо ато намояд, 18 Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст, 19 Ва бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими Ӯст, 20 Ки дар Масеҳ амал кардааст, вақте ки Ӯро аз мурдагон эҳьё намуд ва ба ямини Худ дар афлок шинонд, 21 Болотар аз ҳар сарварй, ва ҳукуматдорй, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад, 22 Ва ҳама чизро|зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод, 23 Ки он Бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.

Эфсӯсиён 2

Худо бар ҳасби муҳаббати бузурги Худ имондоронро ба воситаи Хуни Масеҳ начот медиҳад

1 ШӮМО ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед. 2 Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед. 3 Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем. 4 Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад, 5 Моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, - бо файз шумо наҷот ёфтаед, - 6 Ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд, 7 То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд. 8 Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, 9 Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад. 10 Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем. 11 Пас, дар хотир дошта бошед, ки як вақте ба ҳасби ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки махтун номида мешаванд, шуморо номахтун меномиданд, вале хатнан онҳо ҷисмонист ва бо дасти инсон ба амал оварда шудааст; 12 Дар он замон шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил чудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олам бе умед ва бе Худо будед. 13 Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед. Ба воситаи Исо яҳудиён ва халқҳо ичозат доранд, ки ба Падаре ки дар осмон аст, наздик шаванд. 14 Зеро ки Ӯ осоиштагии мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудоиро, яъне адоватро дар Бадани Худ хароб кард, 15 Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд, 16 Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад. 17 Ӯ ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад ва осоиштагиро башорат дод, 18 Зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем. 19 Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо, 20 Ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст. 21 Бар Ӯ тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад, 22 Ва бар Ӯ шумо низ бино меёбед, то ки дар Рӯҳ маскани Худо бошед.

Эфсӯсиён 3

Ваколати сирри Худо ба воситаи Калисои Масеҳ маълум мешавад

1 БАРОИ ҳамин ҳам ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам. 2 Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед, 3 Яъне чӣ тавр ба василаи ваҳй сирре ба ман маълум шудааст, ки дар бораи он мухтасаран дар боло навиштаам, 4 Ва шумо онро хонда, метавонед бифаҳмед, ки ман аз сирри Масеҳ чӣ қадар воқиф ҳастам. 5 Он дар наслҳои пешина ба банӣодам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба ҳаввориёни муқаддаси Ӯ ва ба анбие ба василаи Рӯҳ ошкор щудааст, 6 Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд. 7 Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасби амали қуввати Ӯ ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам. 8 Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам 9 Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард, 10 То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад, 11 Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онроӮдар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст, 12 Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯиҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем. 13 Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахри шумост.

Дуои ҳавворӣ дар бораи калисо ба хотири файзи фаровони Худо

14 Бинобар ин ман зону мезанам назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ, 15 Ки аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад, 16 Ва илтимос мекунам, ки Худо бар тибқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин қавӣ ва мустаҳкам шавед, 17 Ба тавре ки Масеҳ ба василаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад, 18 То ки шумо, дар муҳаббат реша давонда ва устувор шуда, битавонед бо ҳамаи муқаддасон пай бурда дарк намоед, ки чист арзу тӯл ва умку баландии 19 Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед. 20 Ӯро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад, - 21 Ӯро дар Калисо ва дар Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин.

Эфсӯсиён 4

Онҳое ки ба Исо имон доранд> осоиштагӣ ва ягонагиро нигоҳ дошта, Калисоро ташкил мекунанд

1 ПАС, ман, ки дар Худованд бандй ҳастам, аз шумо хоҳипгмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед, 2 Бо тамоми мулоимат ва фурӯтанй ва пурсабрй якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед, 3 Ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагй нигоҳ доред: 4 Як Бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед; 5 Як Худованд ҳаст, як кмон, як таъмид, 6 Як Худо ва Падари ҳама, ки Ӯ бар болои ҳама, ва ба воситаи ҳама, ва дар ҳама мебошад.

Хизматгузории гуногун дар калисо барои такмили он дар таҳти Сари он, ки Масеҳ аст, мебошад

7 Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст. 8 Бинобар ин гуфта шудааст: "Ба афроз сууд намуда, асиронро ба асирӣ бурд ва баодамон бахшоишҳо дод". 9 Ва "сууд намуд" гуфтан чкст, чуз ин ки Ӯ пештар ба асфали замин нузул ҳам карда буд? 10 Он ки нузул карда буд, Хдмон аст, ки болотар аз тамоми афлок сууд ҳам намуд, то ки ҳама чизро пур кунад. 11 Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд, 12 Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ, 13 То даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба дараҷаи шахси комил, ба апдозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем, 14 То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунад, 15 Балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем. 16 Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунавда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар ағдоми ҷудогона ба ағдозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.

Дар бораи ҳаёти нави онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд

17 Пас, чунин мегуям ва дар Худованд шаҳодат медиҳам, ки шумо дигар он тавр рафтор накунед, ки бутпарастон аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунағд. 18 Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаағд, ба сабаби ҷаҳолат ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст. 19 Онҳо то ба дараҷаи лоуболй расида, ба фиску фучур моил шудаағд, ба тавре ки ҳар кори зиштро бо рағбати тамом ба ҷо меоварағд. 20 Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтед, 21 Дар сурате ки дар бораи Ӯ шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, - ба ҳасби ростие ки дар Исост, - 22 Пас рафтори пештараи одами кӯхнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед, 23 Ва хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад, 24 Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед. 25 Бинобар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ери худ рост гӯед, чунки мо андоми якдигарем. 26 Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки газаби шумо то ғуруби офтоб боқй бимонад; 27 Ва ба иблис ҷой надиҳед. 28 Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷмавде бибахшад. 29 Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад. 30 Ва Рӯҳулкудси Худоро, ки бо Он ба интизори рӯзи озодӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед. 31 Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарьёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад; 32 Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст.

Эфсӯсиён 5

1 ПАС, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед, 2 Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд. 3 Лекин зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст; 4 Ҳамчунин алфози қабеҳа ва жожхоӣ ва масхарабозӣ, ки аз рӯи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ лозим аст; 5 Зеро инро яқин бидонед, ки ҳеч як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор, ки вай бутпараст аст, дар Малакути Масеҳ ва Худо мерос надорад. 6 Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо суҳанони ботил фирефта накунад, зеро ки барои ин газаби Худо бар писарони исьён меояд. 7 Пас, шарики онҳо нашавед. 8 Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед, 9 Чунки самари нур аз ҳар меҳрубонӣ, адолат ва ростӣ иборат аст; 10 Ва таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист. 11 Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед. 12 Зеро дар бораи корҳое ки онҳо пинҳонӣ мекунанд, сухан рондан ҳам нанговар аст. 13 Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар рӯшной зоҳир мешавад, зеро ҳар он чи зоҳир мешавад, нур аст; 14 Бинобар ин гуфта шудааст: "Эй ту, ки ҳоб рафтаӣ, барҳез ва аз мурдагон эҳьё шав, ва Масеҳ бар ту нур хоҳад пощид". 15 Пас, бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон, 16 Ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо шарир аст. 17 Бинобар ин нодон набошед, балки дарк кунед, ки иродаи Худо чист. 18 Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда, 19 Ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ сухан гӯед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед, 20 Ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба исми Худованди мо Исои Масеҳ шукр гӯед, 21 Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед.

Қоидаҳои ҳаёти оилавии масеҳиён

22 Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад, 23 Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст; 24 Аммо, чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд. 25 Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд, 26 То ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд, 27 Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад. 28 Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад. 29 Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад нал^ебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисоро; 30 Чунки мо андоми Бадани Ӯ ҳастем, аз гӯшти Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ. 31 Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд. 32 Ин сир бузург аст, вале ман нисбат ба Масеҳ ва Калисо сухан меронам. 33 Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад.

Эфсӯсиён 6

1 ЭЙ фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. 2 "Падар ва модари худро иззат намо", ин аст.ҳукми аввалин бо чунин ваъда: 3 "То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинй". 4 Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед. 5 Эй ғуломон, ба оғоёни башарии худ бо тарсу ларз ва бо соддадилӣ, мисли он ки ба Масеҳ бошад, итоат намоед, 6 На бо ҳозирхизматии зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон^ балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки иродаи Худоро аз таҳти дил ба чо меоваранд. 7 Ғаӣратмандона хизмат кунед, мисли он ки ба Масеҳ бошад, на ба одамон, 8 Зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, ба андозаи кори неке ки кардааст, аз Худованд мукофот хоҳад гирифт. 9 Ва шумо, эй оғоён, бо онҳо низ ҳамин тавр рафтор кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва бидонед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Оғое ҳаст, ва Ӯ рӯйбинӣ надорад.

Зиреҳи куллии рӯҳонӣ

10 Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед. 11 Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед. 12 Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст. 13 Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед. 14 Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед, 15 Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед, 16 Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед; 17 Ва хӯди наҷотро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост; 18 Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илгимос кунед, 19 Барои ман низ дуо гӯед, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри башоратро боҷуръат баён намоям, 20 Ки барои 0н ман дар занҷирҳо вазифаи сафирро ба ҷо меоварам, то ки далерона ва ба таври бояду шояд сухан гӯям.

Сухани хотимавӣ

21 Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тӯхиқӯс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард, 22 Ки ӯро барои ҳамин назди шумо фиристодам, то ки аз вазъияти мо огоҳ бошед, ва ӯ дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад. 23 Бародаронро осоиштаги ва муҳаббат бо имон аз ҷониби Худои Пддар ва Исои Масеҳи Худованд бод. 24 Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати бефано доранд, файз бод, омин.

Филиппиён 1

Масеҳ ҳаёти имондор аст

1 ПАВЛӮС ва Тимотиюс, ғуломони Исои Масеҳ, ба ҳамаи муқаддасон дар Исои Масеҳ, ки дар Филиппӣ мебошанд, бо усқуфон ва ходимон: 2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 3 Дар ҳар боре ки шуморо ёд мекунам, Худои худро шукр мегӯям, 4 Ҳамеша дар ҳар дуои худ барои ҳамаи шумо бо шодӣ дуо мегӯям, 5 Барои иштироки шумо дар башорат аз рӯзи аввал то алҳол, 6 Ва яқин дорам, ки Ӯ, ки дар шумо ба кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд, 7 Чунон ки маро лозим аст дар бораи ҳамаи щумо ҳамин тавр фикр кунам, чунки шумо дар дили ман ҷойгир шудаед, ки ҳам дар занҷирҳоям ва ҳам дар муҳофизат ва барқарор кардани башорат ҳамаатон шарики ман дар файз ҳастед.

Шодие ки укубатро мағлуб мекунад, ба башорат мадад мерасонад

8 Зеро Худо маро шоҳид аст, ки ман бо муҳаббати Исои Масеҳ иштиёқманди ҳамаи шумо ҳастам; 9 Ва дар он хусус дуо мегӯям, ки муҳаббати шумо дар дониш ва мулоҳизакорӣ торафт афзунтар гардад, 10 То шумо дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст, барои он ки дар рӯзи Масеҳ пок ва беайб бошед, 11 Ва аз самари адолат пур шавед, ки он ба василаи Исои Масеҳ барои ҷалол ва ҳамду санои Худост. 12 Эй бародарон, мехоҳам шумо бидонед, ки саргузашти ман боиси пешрафти зиёдтари башорат гардидааст, 13 Ба тавре ки занҷирҳои ман дар Исо ба тамоми сарбозхона ва ба ҳамаи дигарон машҳур шудааст, 14 Ва аксарияти бародарон аз занҷирҳои ман дар Худованд устувор гардида, ба андозаи бештар ҷасорат мекунанд, ки каломи Худоро нотарс мавъиза намоянд. 15 Дуруст аст, ки баъзе касон аз рӯи ҳасад ва рақобат, ва баъзеи дигарон аз рӯи хайрхоҳӣ Масеҳро мавъиза менамоянд: 16 Баъзеҳо аз рӯи рақобат, на бо дили соф Масеҳро мавъиза менамоянд, ба гумони он ки гаронии занҷирҳои маро афзун мекунанд, 17 Вале дигарон аз рӯи муҳаббат, чун медонанд, ки ман барои муҳофизат кардани башорат дар ин ҷо гузошта шудаам. 18 Хайр, чӣ мешавад? Масеҳро ба ҳар тарз, риёкорона ё самимона, мавъиза намоянд ҳам, ман аз ин шодам, ва шодй хоҳам кард, 19 Зеро медонам, ки ин боиси наҷоги ман хоҳад шуд, мувофиқи дуои шумо ва бо мадади Рӯҳи Исои Масеҳ, 20 Ва ман яқин дорам ва умедворам, ки дар ҳеҷ хусус шарманда нахоҳам шуд, балки бо камоли ҷуръат ҳозир ҳам, чунон ки ҳамеша буд, Масеҳ дар ҷисми ман бузургӣ хоҳад ёфт, хоҳ дар ҳаёт бошад, хоҳ дар мамот. 21 Зеро ки барои ман ҳаёт - Масеҳ аст, ва мамот - фоида аст. 22 Аммо агар ба ҳасби ҷисм дар ҳаёт буданам ба кори ман самаре мебахщида бошад, пас намедонам, ки кадомашро интихоб намоям. 23 Ҳар дуяш ҳам маро ҷазб мекунад: орзу дорам, ки баромада равам ва ҳамроҳи Масеҳ бошам, чунки ин беандоза беҳтар аст; 24 Валекин дар ҷисм монданам барои шумо заруртар аст. 25 Ва ман аниқ медонам, ки хоҳам монд ва барои пешрафт ва шодии имони шумо бо ҳамаи шумо хоҳам буд, 26 То ки ҳамду санои шумо дар Исои Масеҳ ба воситаи ман афзунтар шавад, чун бори дигар назди шумо бкёям.

Даъват ба ҷидду ҷаҳди якдилона барои имони Инҷил

27 Фақат ин ки муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед, то ки ман - хоҳ омада шуморо бинам, хоҳ аз шумо дур бошам - дар бораи шумо бишнавам, ки шумо дар як рӯҳ қоим буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед, 28 Ва дар ҳеҷ хусус аз душманон наметарсед, ки ин барои онҳо аломати ҳалокат аст, вале барои шумо аломати наҷот аст, - ва ин аз ҷониби Худост, 29 Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ӯ на танҳо имон оваред, балки барои Ӯ уқубат ҳам кашед, 30 Бо ҳамон корнамоие ки шумо дар ман дидаед ва ҳоло дар бораи ман мешунавед.

Филиппиён 2

Даъват ба ягонагӣ ва фармонбардорӣ

1 ПАС, агар тасаллое дар Масеҳ бошад, агар хушнӯдии муҳаббат бошад, агар алокаи рӯҳ бошад, агар марҳамат ва дилсӯзи бошад, - 2 Пас шодии маро пурра кунед, ба тавре ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед, 3 Аз руи рақобат ё шӯҳратпарастй ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед, 4 Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд. 5 Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд, 6 Ки Ӯ, бо вучуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт. 7 Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд, 8 Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд. 9 Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номедод, ки аэ ҳар ном болотар аст, 10 То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, ҳам шавад, 11 Ва ҳар забон зътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.

Ғамхорӣ дар бораи наҷоти ҷон

12 Пас, эй маҳбубонам, модоме ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рӯ - на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол, дар вақти набудани ман, - бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред, 13 Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад. 14 Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред, 15 То ки бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо мисли найирҳо дар ҷаҳон медурахшед, 16 Ва каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ки ман дар рӯзи Масеҳ фахр намоям, ки ман бар абас надавидаам ва бар абас меҳнат накардаам. 17 Лекин, агар ман қурбонии рехтание бар қурбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам; 18 Шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед.

Ба зудӣ фиристодани Тимотиюс ва фавран баргардонидани Эпафрӯдитус

19 Ва дар Масеҳи Худованд умедворам, ки Тимотиюсро ба зудй назди шумо фиристонам, то ки ман низ аз аҳволатон хабар ёфта, рӯҳбаланд шавам. 20 Зеро каси дигаре мисли ӯ надорам, ки дар бораи шумо аз самими қалб ғамхорӣ мекарда бошад; 21 Чунки ҳама нафъи худро толибанд, на он чиро, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ дорад. 22 Вале шумо бовафоии ӯро медонед, чунки ӯ ба ман, мисли писар ба падар, дар башорат хизмат кардааст. 23 Пас, умедворам, ки ӯро дарҳол равона кунам, чун бубинам, ки аҳволи ман чи мешавад; 24 Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ биёям. 25 Аммо лозим донистам, ки Эпафрӯдитусро назди шумо баргардонам. Ӯ бародар ва ҳамкор ва ҳамсафи ман аст, ва шумо ӯро чун элчӣ ва хизматгузор дар мӯҳтоҷии ман фиристода будед. 26 Чунки ӯ иштиёқманди дидори ҳамаи шумо буд ва бисьёр андӯҳгин шуд аз он ки овозаи бемории ӯ ба гӯши шумо расидааст. 27 Ҳақиқатан бемории ӯ марговар буд; лекин Худо ба ӯ марҳамат кард, ва на фақат ба ӯ, балки ба ман низ, то ки бар ғуссаи ман ғуссае зам нашавад. 28 Бинобар ин ба фиристодани ӯ шитоб намудам, то ки шумо Ӯро аз нав дида, хурсанд шавед, ва ғуссаи ман низ сабук гардад. 29 Пас ӯро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед, 30 Зеро ки ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.

Филиппиён 3

Огоҳонидан аз баргаштан ба акидаи яҳудиён дар бораи сафедшавӣ ба воситаи аъмол.

Бузургии беҳадди дониши Исо

1 ПАС, эй бародаронам, дар Худованд щод бошед. Айни ҳамон нуктаро ба шумо навиштанам барои ман гарон нест, лекин барои шумо қувватбахш аст. 2 Аз сагон эҳтиёт шавед, аз коркунони бад эҳтиёт шавед, аз хатна эҳтиёт щавед; 3 Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рӯҳ ибодат менамоем, ва боИсои Масеҳ фахр мекунем, ва бачисм эътимод надорем, 4 Гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман - бештар, 5 Ки ман дар рӯзи ҳащтум махтун шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз сибти Биньёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати щариат - фарисӣ, 6 Аз ҷиҳати ғайрат - таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ - беайб. 7 Лекин он чи барои ман бартарӣ буд, ба ҳотири Масеҳ нуқсон донистам. 8 Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам 9 Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст, 10 То ки Ӯро, ва қуввати эҳьёи Ӯро, ва ширкати укубатҳои Ӯро дарк намоям ва дар мамоти Ӯ ба Ӯ монанд шавам, 11 Ба умеди он ки ба эҳьёи мурдагон бирасам. 12 На ин ки аллакай расида бошам, ё комил шуда бошам, балки саъю кӯшиш менамоям, ки шояд ман ҳам бирасам, чунон ки Исои Масеҳ ба ман расидааст. 13 Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегуям: он чиро, ки дар қафост, аз ҳотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда, 14 Ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ. 15 Пас, ҳар касе аз мо, ки комил бошад, бояд ҳамин тавр фикр ронад; вале агар шумо фикри дигаре дошта бошед, Худо инро ҳам ба шумо ошкор ҳоҳад соҳт. 16 Аммо ба ҳар чи мо расидаем, аз рӯи он бояд рафтор кунем.

Онхое ки ба таври дуньёвй фшр мекунанд ва табааи осмон мебошанд

17 Эй бародарон, ба ман тақлид намоед ва ба касоне нигоҳ кунед, ки онҳо мувофиқи намунае ки дар мо доред, рафтор мекунанд. 18 Зеро бисьёр касон, ки дар бораи онҳо ба шумо борҳо гуфтаам, ва ҳоло низ бо гирья мегӯям, ҳамчун душманони салиби Масеҳ рафтор мекунанд; 19 Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд. 20 Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем, 21 Ки Ӯ ҷисми залили моро ба шабоҳати ҷисми ҷалили Ӯ бо амали ҳамон қуввате дигаргун ҳоҳад кард, ки бо он Ӯ' ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад.

Филиппиён 4

Машваратҳои хотимавй

1 ПАС, эй бародарони маҳбуб ва матлуби ман, эй шодмонӣ ва тоҷи сари ман, дар Худованд ҳамин тавр истодагй намоед, эй маҳбубон. 2 Аз Авҳӯдия илтимос мекунам ва аз Сунтихӣ илтимос мекунам, ки дар Худованд ҳамфикр бошанд. 3 Аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кӯмак бирасонӣ, ки онҳо дар роҳи башорат бо ман ва бо Қлимис ва бо ҳамроҳони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд. 4 Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед. 5 Бигзор фурӯтании шумо ба ҳамаи одамон машҳур гардад; Худованд наздик аст. 6 Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукрузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, - 7 Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт. 8 Хуллас, эй бародарон, ҳар он чи рост аст, ва ҳалол аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва Хушоянд аст, ва шоёни таҳсин аст, ва ҳар эҳсон ва ҳамде ки бошад, - дар бораи онҳо фикр кунед. 9 Он чи шумо дар ман омӯхтаед, ва кабул кардаед, ва шунидаед, ва дидаед, - онҳоро ба ҷо оваред, ва Худои осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.

Миннатдории ҳавворй барои садақае ки ба у фиристода шудааст

10 Ва ман дар Худованд багоят шод шудам, ки алҳол шумо гамхории худро дар ҳақки ман аз нав ривоҷ додаед; пештар ҳам шумо ғамхорӣ менамудед, вале вазъият мусоидат намекард. 11 На ин ки ба сабаби мӯҳтоҷӣ мегуфта бошам; зеро ман ёд гирифтаам, ки бо он чи дорам, қакоат намоям: 12 Дар камбагалй ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; дар ҳар чиз ва дар ҳар ҷо аз сар гузаронидани серӣ ва гуруснагӣ, фаровонй ва камиро ёд гирифтаам; 13 Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад. 14 Лекин хуб кардед, ки дар андӯҳи ман шарик шудед. 15 Ва шумо, эй филигатиён, медонед, ки дар ибтидои башорат, вакте ки аз Макдуния баромадам, ҳеҷ як калисо дар кори додану гирифтан бо ман шарикӣ накард, ба ғайр аз шумо; 16 Ҳатто ба Таслӯникӣ шумо якду карат барои эҳтиёҷоти ман фиристодед. 17 На ин ки ман талабгори ҳадия бошам, балки толиби самаре ҳастам, ки ба фоидаи шумо биафзояд. 18 Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам. 19 Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард. 20 Худо, Падари моро то абад ҷалол бод, омин.

Саломҳо

21 Ба ҳар як муқаддас дар Исои Масеҳ салом гӯед. Бародароне ки бо ман мебошанд, ба шумо салом мегӯянд. 22 Ҳамаи муқаддасон, алалхусус аз хонаи қайсар ба шумо салом мегӯянд. 23 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод, омин.

Қӯлассиён 1

Салом ва дуои ҳавворй

1 ПАВЛӮС, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс 2 Ба муқаддасон ва бародарони амин дар Исои Масеҳ, ки дар Қӯлассо мебошанд: файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худр ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 3 Худо, Падари Худованди мо Исои Масеҳро шукргузорӣ мекунем дар ҳар вақте ки дар ҳаққи шумо дуо мегӯем, 4 Баъд аз шунидани овозаи он имоне ки шумо ба Исои Масеҳ ва он муҳаббате ки ба ҳамаи муқаддасон доред, 5 Ба хотири умеде ки бароятон дар осмон муҳайёст, ки дар бораи он шумо пештар дар каломи ростӣ, яъне дар башорат шунидаед, 6 Ки он ба шумо, чунон ки ба тамоми ҷаҳон низ расидааст, ва он самара мебахшад ва афзоиш меёбад, чунон ки дар миёни щумо низ аз он рӯзе ки файзи Худоро дар ростӣ шунидаед ва донистаед, 7 Чӣ тавре ки аз Эпафрос таълим гирифтаед, ки ӯ ҳамкори маҳбуби мо ва хизматгузори амине барои шумо дар Масеҳ аст, 8 Ва ӯ моро аз муҳаббати шумо, ки дар Рӯҳ аст, огоҳ кардааст. 9 Бинобар ин мо низ аз он рӯзе ки инро шунидаем, дар ҳаққи шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то ки шумо аз дониши иродаи Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шавед, 10 Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед, 11 Ва бар тибки иқтидори ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват мустаҳкам шавед, то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр бошед, 12 Ва Падарро шукргузорӣ намоед, ки Ӯ моро ба мероси муқаддасон дар нур шарик гардонидааст, 13 Ва Ӯ моро аз салтанати зулмот халосӣ дода, ба Малакути Писари маҳбуби Худ дохил кардааст, 14 Ки дар Ӯ мо фидияе ба воситаи Хуни Ӯ ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем,

Ҷалоли беқиёси шахсият ва корнамоии Масеҳ

15 Ки Ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст; 16 Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо, - ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст; 17 Ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад. 18 Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад, 19 Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад, 20 Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад. 21 Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед, 22 Ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ ба воситаи мамоти Ӯ он1тӣ додааст, то ки пгуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад, 23 Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устуьор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда щудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.

Вазифаи мубораки ҳавворӣ дар бобати ба халқҳо мавъиза кардани сирри таъиноти Худо

24 Алҳол дар уқубатҳои худ барои шумо шодмонам ва камии андӯҳҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои Бадани Ӯ, ки Калисост, пур мекунам, 25 Ки ман хизматгузори он гардидаам мувофиқи ваколати Худо, ки барои гдумо ба ман ато шудааст, то ки мавъизаи каломи Худоро ба ҷо оварам, 26 Яъне он сирро, ки асрҳои аср аз наслҳо ниҳон буд ва ҳоло ба муқаддасоғи Ӯ ошкор шудааст, 27 Ки ба онҳо Худо таваҷҷӯҳ намуда огоҳӣ дод, ки сарвати ҷалоли ин сирро барои халқҳо огоҳӣ диҳам, ва он сир ин аст, ки Масеҳ дар нгумо умеди ҷалол аст, 28 Ва Ӯро мо мавъиза намуда, ба ҳар кас мефаҳмонем ва ба ҳар кас ҳар ҳикматро ёд медиҳем, то ки ҳар касро дар Исои Масеҳ комил гардонда ҳозир кунем; 29 Барои ҳамин ҳам ман меҳнат мекунам ва бо таъсири қуввати Ӯ, ки дар ман қодирона амал мекукад, ҷидду ҷаҳд менамоям.

Қӯлассиён 2

Имондор файзи комилро ба еоситаи Писари муҷассамшудаи Худо меёбад

1 ЗЕРО мехоҳам шумо бидонед, ки ман чӣ гуна заҳмат кашидам барои шумо ва барои касоне ки дар Лудкия мебошанд, ва барои ҳамаи онҳое ки қиёфаи маро ба ҳасби ҷисм надидаанд, 2 То ки дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, дар муҳаббат пайванд шавад, барои ҳар сарвати фаҳми комил, то сирри Худо ва Падар ва Масеҳро бғдонанд, 3 Ки дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст.

Огоҳонидан аз фалсафаи халқҳо ва таълимоти козибонаи яҳудиён

4 Инро ман барои он мегӯям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб дар иштибоҳ наандозад; 5 Зеро, агарчи ҷксман ғокбам, рӯҳан бо шумо мебошам, ва саранҷоми хуби щумо ва матонати имони шуморо дар Масеҳ дида, шодӣ мекунам. 6 Пас, чӣ тавре ки Исои Масеҳро ба унвони Худованд қабул кардаед,_ҳамон тавр дар Ӯ рафтор намоед, 7 Ки дар Ӯ реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳкам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегӯед. 8 Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад. 9 Зеро ки дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст, 10 Шумо низ дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва ҳукуматдоркст; 11 Ва дар Ӯ шумо махтун шудаед, вале на ба хатнае ки бо дасти одамизод сохта шудааст, балки ба хатнаи Масеҳ, ки ҷисми башариро канор мегузорад, 12 Ки бо Ӯ дар таъмгд дафн шудаед ва дар Ӯ эҳьё шудаед ба василаи имон ба қуввати Худо, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, 13 Ва шуморо,_ки дар гуноҳҳо ва дар номахтунии ҷисми худ му рда будец, бо Ӯ зинд а карда, ҳамаи гуноҳҳотонро ому рзид. 14 Ва он дастнавксро, ки_бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард, 15 Ва сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта, гирифтори шармандагй кард ва бар онҳо дастболо шуд. 16 Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ва нӯшокӣ, ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад: 17 Инҳо сояи чизҳои оянда аст, аммо ҷисм аз они Масеҳ аст. 18 Касе шуморо ба воситаи хоксорй ва ибодати фариштагон аз подош маҳрум накунад, дар сурате ки вай ба чизҳое ки надидааст, мудохила менамояд, аз ақли чисмонии худ беҳуда меболад. 19 Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо қуввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост. 20 Агар шумо бо Масеҳ нисбат ба аносири ҷаҳон мурда бошед, пас чаро, мисли онҳое ки дагТ ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, фароизи: 21 "Нарас", "начаш", "даст наков"ро пайравӣ менамоед, 22 Дар сурате ки онҳо пас аз истеъмол фано мешавад, зеро бар аҳком ва таълимоти инсонӣ бино шудааст? 23 Ҳамаи ин дар ибодати худсарона, хоксорӣ ва озори ҷисм ба назар ҳиқмат менамояд, лекин дар ҷилавгирӣ кардани ҷисм фоида надорад.

Қӯлассиён 3

Ҳаёти масеҳӣ хизматгузорист ба Исои Худованд

1 ПАС, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳьё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ ба ямини Худо нишастааст; 2 Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст. 3 Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаети шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст: 4 Вакте ки Масеҳ, ки ҳаёти шумост, зоҳир шавад, шумо низ бо Ӯ дар ҷалол зоҳир хоҳед шуд. 5 Пас, андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед, 6 Ки барои онҳо ғазаби Худо бар писарони исьён меояд, 7 Ки шумо низ як вакте дар онҳо рафтор мекардед, ҳангоме ки дар миёни онҳо мезистед. 8 Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: хашм, газаб, кина, бадгӯӣ ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед; 9 Ба якдигар дурӯғ нагӯед, дар ҳолате ки одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед 10 Ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офаринандаи худ нав мешавад, 11 Ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудй, на хатна, на номахтунӣ, на варварӣ, на скиф, на ғулом ва на озод, балки ҳама чиз ва дар ҳама чиз Масеҳ аст. 12 Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанй ва пурсабриро дар бар кунед, 13 Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед; 14 Ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст; 15 Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед. 16 Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед. 17 Ва ҳар он чи бо сухан ё амал мекунед, ҳамаашро ба исми Исои Масеҳи Худованд ба ҷо оварда, ба василаи Ӯ Худои Падарро шукр гӯед.

Мушоракат дар хонаи имондорон

18 Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст. 19 Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед. 20 Эй фарзандон, ба падарону модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед, зеро ки ин писандидаи Худованд аст. 21 Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд. 22 Эй ғуломон, ба оғоёне ки ба ҳасби ҷисм доред, дар ҳар бобат итоат намоед, на бо хизматгузории зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки бо соддадилй ва бо тарси Худо. 23 Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон, 24 Чун медонед, ки аз Худованд меросро мукофот хоҳед гирифт, зеро ки ба Масеҳи Худованд хизмат мекунед. 25 Ҳар кӣ ноинсофона рафтор мекунад, мувофиқи ноинсофии худ подош ҳоҳад гирифт: Ӯ рӯйбинӣ надорад.

Қӯлассиён 4

Дар бораи дуо, илтимос ва ҳикмати масеҳи

1 ЭЙ оғоён, ба ғуломони худ он чи лозим аст ва он чи ҳақ доранд, бидиҳед, ва бидонед, ки шумо низ Огое дар осмон дореД. 2 Доимо бо дуо машгул буда, дар он бо шукргузорй бедор бошед; 3 Дар ҳакки мо низ дуо гӯед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандй ҳастам, баён намоем, 4 То ки ман онро ончунон зоҳир созам, чукон ки баён карданам лозим аст. 5 Фурсатро ганимат дониста, бо онҳое ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед. 6 Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чй гуна ҷавоб диҳед. 7 Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тӯхиқӯс хабардор хоҳад кард. Ӯ бародари маҳбуб ва хизматгузори амин ва ҳамкори ман дар Худованд аст. 8 Ва ӯро маҳз барои он назди шумо фиристодам, ки аз аҳволи шумо хабар гирад ва дилҳои шуморо тасаллй диҳад, 9 Бо якҷоягии бародари амин ва маҳбуб Онисимус, ки аз байни шумост: онҳо шуморо аз ҳамаи корҳои ин ҷо хабардор хоҳанд кард.

Саломҳо

10 Ористархус, ки ҳамроҳи ман дар ҳабс аст, ба шумо салом мерасонад, ва Марқӯс, ҷияни Барнаббо, - ки шумо дар бораи ӯ фармон гирифтаед: агар наздатон биёяд, ӯро пазирой кунед, - 11 Ҳамчунин Ешуа, ки лақабаш Юстус аст; ҳар ду аз махтунонанд, ва танҳо онҳо ҳамкоронанд барои Малакути Худо, ки сабаби тасаллои ман шудаанд. 12 Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бакдаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷахд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед. 13 Ва ман дар бораи ӯ шаҳодат медиҳам, ки ӯ барои шумо ва барои онҳое ки дар Лудкия ва дар Хирапӯлис мебошанд, бисьёр меҳнат мекунад. 14 Луқос, табиби маҳбуб, ва Димос ба шумо салом мерасонанд. 15 Ба бародароне ки дар Лудкия мебошанд, ба Нумфос ва ба аҳли калисое ки дар хонаи ӯст, салом бирасонед. 16 Баъд аз он ки ин нома дар миёни шумо хонда шуд, коре кунед, ки он дар калисои Лудкия низ хонда шавад; ва номаеро, ки аз Лудкия аст, шумо низ бихонед. 17 Ба Архипус бигӯед: "Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ". 18 Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. Занҷирҳои маро дар ҳотир дошта бошед. Файз бо шумо бод, омин.

1 Таслӯникиён 1

Ҳавворй барои ҳаёти намунавии имони таслӯникиен шукргузорӣ менамояд

1 ПАВЛӮС ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд аст: файз ва осоиштагй аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 2 Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем, 3 Ва доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем, 4 Чун медонем, ки шумо, эй бародарон ва эй маҳбубони Худо, баргузида шудаед; 5 Зеро ки башорати мо казди шумо на танҳо дар сухан, балки низ дар кувват ва дар Рӯхулқудс ва дар эътимоди бузурге буд; ва шумо медонед, ки мо дар миёни шумо барои шумо чй гуна будем. 6 Ва шумо таклидкунандагони мо ва Худованд гардида, каломро дар ранҷу заҳмати азим бо шодии Рӯҳулқудс қабул кардед, 7 Ба тавре ки барои ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед. 8 Зеро ки аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки моро ҳоҷат нест чизе бигӯем. 9 Зеро вакте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегӯянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷӯъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед 10 Ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосй медиҳад.

1 Таслӯникиён 2

Хаввориёни Масеҳ ҷалолро барои худашон не, балки барои Худо толибанд

1 ХӮДИ шумо, эй бародарон, медонед, ки омадани мо назди шумо бе натиҷа набуд; 2 Мо пеш аз он дар Филиппй, чунон ки медонед, азобу уқубат кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ қавӣ гардидем, то ки дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем. 3 Зеро ки исрори мо аз рӯи иштибоҳ ё нопокй ё макр нест, 4 Балки, чй тавре ки Худо моро лоиқ донист, ки башорат ба мо супурда шавад, ҳамон тавр мо сухан меронем ва толиби он нестем, ки ба одамон писағд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад. 5 Зеро ки мо ҳаргиз, чунон ки медонед, бо тамаллуқ гап назадаем ва ба чизе тамаъ накардаем - Худо шоҳид аст! - 6 Ва ҷалолро аз одамизод толиб нашудаем, на аз шумо ва на аз дигарон. 7 Мо, ҳамчун ҳаввориёни Масеҳ, метавонистем бо ихтиеру қудрат рафтор кунем, аммо дар миёни шумо мулоим будем, монанди дояе ки кӯдакони худро навозиш мекунад. 8 Мо чунон ба шумо дил бастаем, ки хостем ба шумо на танҳо башорати Худоро бидиҳем, балки ҷонҳои худро низ дар роҳи шумо фидо созем, азбаски шумо ба мо азиз будед. 9 Зеро ки шумо, эй бародарон, заҳмат ва ранҷи моро дар ҳотир доред: шабу рӯз кор кардем, бе он ки ба касе аз шумо гаронӣ кунем, мо башорати Худоро ба шумо мавъиза менамудем. 10 Шумо шоҳид ҳастед ва Худо низ, ки чй гуна пеши шумо, имондорон, мо муқаддасона ва одилона ва бенуқсон рафтор кардем; 11 Ва шумо медонед, ки чӣ гуна ҳар яке аз шуморо, мисли падар фарзандони худро, 12 Насиҳат медодем, дилдорӣ мекардем ва вазифадор менамудем, ки муносиби Худо, ки шуморо ба Малакут ва ҷалоли Худ даъват менамояд, рафтор кунед. 13 Ба ни сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо пгунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад. 14 Зеро ки шумо, эй бародарон, ба калисоҳои Худо, ки дар Яҳудо дарИсоиМасеҳ мебошанд, тақлид намудед,чунки шумо аз дасти ҳамватанони худ ҳамон укубатро дидаед, ки онҳо низ аз дасти яҳудиён дидаанд, 15 Ки Исои Худованд ва анбиёро куштанд, ва моро гирифтори таъқибот карданд, ва дар назари Худо писанд намеоянд, ва ба ҳамаи одамон муқобиланд, 16 Ва ба мо монеъ мешаванд ба халқҳо бигӯем, ки наҷот ёбанд, ва ба ин васила ҳамеша зарфи гуноҳҳои худро лабрез мекунанд; аммо, ниҳоят, ба ғазаб гирифтор шуданд.

Пазмонии Павлус ба таслуникиён

17 Лекин мо, эй бародарон, баъд аз он ки ба муддати кӯтоҳе ҷисман, на қалбан, аз шумо ҷудо шудем, бо иштиёқи зиёдтар саъю кӯшиш намудем, ки рӯи шуморо бубинем, 18 Ва ба ин сабаб мо, - яъне ман, Павлус, - якду маротиба хостем назди шумо биёем, вале шаитон ба мо монеъ шуд. 19 Зеро кист умеди мо, ё шодмонии мо, ё тоҷи фахри мо дар хузури Худованди мо Исои Масеҳ дар вақти омадани Ӯ - оё шумо нестед? 20 Оре, шумо ҷалол ва шодмонии мо ҳастед.

1 Таслӯникиён 3

Фиристодани Тимотиюс

1 БИНОБАР ин мо дигар сабр карда натавонистем ва розӣ шудем дар Атино танҳо монем, 2 Ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва хизматгузори Худо ва ҳамкори мо дар башорати Масеҳ аст, фиристодем, то ки шуморо дар имонатон устувор гардонад ва тасаллӣ диҳад, 3 То ки ҳеҷ кас дар ии азобу уқубатҳо дудила нашавад, зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо. 4 Зеро ки мо ҳамон вакт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгӯӣ кардем, ки моро азобу уқубат дар пеш аст, чунон ки низ ба вуқӯъ омад, ва шумо медонед. 5 Аз ин рӯ ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ӯро фиристодам, ки имони шуморо бифаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад.

Щодмонии ҳавворӣ дар бобати хабарҳои хуш ва дуои ӯ барои таслӯникиён

6 Аммо акнун, ки Тимотиюс аз пеши шумо назди мо омад ва муждаи имон ва муҳаббати шуморо ба мо расонд, ва ин ки шумо ҳамеша моро ба некй ёд мекунед ва муштоқи дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ муштоқи дидори шумо ҳасгем, - 7 Пас мо, эй бародарон, бо вуҷуди тамоми андӯҳ ва азобу укубати худ, аз имони шумо тасаллӣ ёфтем, 8 Чунки акнун мо зинда ҳастем, модоме ки шумо дар Худованд қоим мебошед. 9 Зеро чй гуна мо метавонем ба Худо барои шумо шукргузорӣ кунем, барои тамоми шодмоние ки дар бораи шумо ба ҳузури Худои мо дорем, 10 Ки шабу рӯз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегӯем, ки бо шумо рӯ ба рӯ шавем ва камии имони шуморо пур кунем? 11 Худи Худо ва Падари мо ва Худованди мо Исои Масеҳ роҳи моро сӯи шумо рост оварад. 12 Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, чунон ки мо низ ба шумо муҳаббат дорем, 13 Ва дилҳои шуморо устувор гардонад, то ки дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Ӯ дар кудсият ба ҳузури Худо ва Падари мо беайб бошед. Омин.

1 Таслӯникиён 4

Даъват ба қудсият

1 ВА боз, эй бародарон, аз шумо дар Исои Масеҳ хоҳиш ва илтимос мекунем, ки чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред; 2 Зеро медонед, ки чӣ гуна аҳкоме аз ҷониби Исои Худованд ба шумо додаем. 3 Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунсд; 4 Ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покй ва шараф нигоҳ дорад, 5 На дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд; 6 Ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худоваид барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем. 7 Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ, балки ба қудсият даъват кардааст. 8 Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба мо ато намудааст. 9 Аммо дар хусуси бародардӯстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро ки худи шумо аз Худо омӯхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед; 10 Ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред 11 Ва саъю кӯшиш намоед, ки сокитона зиндагӣ кунед ва кори худро бо амали дастҳои худ ба ҷо оваред, чунон ки ба шумо дастур додаем, 12 То назди онҳое ки дар берунанд, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошед.

Тасалло дар хусуси қисмати имондороне ки то омадани дуюми Худованд мемиранд

13 Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед. 14 Зеро, агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳьё шуд, ба ҳамин тарз шгз Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо Ӯ хоҳад овард. 15 Зеро инро ба шумо бо каломи Худованд мегӯем, ки мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқй мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард, 16 Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаакд, аввал эҳьё хоҳанд шуд; 17 Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд. 18 Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллй диҳед.

1 Таслӯникиён 5

Имондорон бояд дар интизори рӯзи Худованд бедор бошанд

1 АММО дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад, 2 Зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон ки дузд дар шаб. 3 Чун бигӯянд: "Осоиштагй ва амният", - он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд. 4 Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд; 5 Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот. 6 Пас, набояд мисли дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушьёр бошем. 7 Зеро ки хобидагон шабона меҳобанд, ва мастон шабона маст мешаванд; 8 Вале мо, ки писарони рӯз ҳастем, бояд ҳушьёр бошем ва зиреҳи имон ва муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем, 9 Чунки Худо моро на барои ғазаб таъин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ, 10 Ки барои мо мурд, то ки мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ӯ зист кунем. 11 Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед.

Насиҳат. Саломҳо

12 Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд, 13 Ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед. 14 Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед. 15 Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадй бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед. 16 Ҳамеша шод бошед. 17 Пайваста дуо гӯед. 18 Барои ҳама чиз пгукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ. 19 Рӯҳро ҳомӯш накунед. 20 Нубувватҳоро хор нашуморед. 21 Ҳдма чизро озмоиш кунед, чизи хубро нигоҳ доред. 22 Аз ҳар гуна бадй худдорӣ кунед. 23 Худи Худои осоиштагй бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вакти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад. 24 Даъваткунандаи шумо амин аст, ва инро низ ба амал меоварад. 25 Эй бародарон, барои мо дуо гӯед. 26 Ба ҳамаи бародарон бо бӯсаи муқаддас салом расонед. 27 Щуморо ба исми Худованд вазифадор менамоям, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас биҳонед. 28 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.

2 Таслӯникиён 1

Саломи ҳавворй ба имондорон

1 ПАВЛӮС ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст: 2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.

Щукргузорй барои устувории имони таслӯникиён. Дар бораи омадани дуюми Масеҳ

3 Ҳамеша мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, чунон ки сазовор аст, шукргузорй намоем, чунки имони шумо афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад, 4 Ба тавре ки худи мо дар калисоҳои Худо аз шумо фахр мекунем, дар хусуси сабр ва имони шумо дар ҳамаи таъқибот ва азобҳое ки аз сар мегузаронед. 5 Ин гувоҳиест бар доварии одилонаи Худо, то ки шумо сазовори Малакути Худо ҳисоб ёбед, ки барои он низ укубат мекашед. 6 Зеро ба назари Худо одилона аст, ки уқубатдиҳандагони шуморо уқубат диҳад, 7 Ва шуморо, ки укубат мекашед, бо якҷоягии мо фароғат бахшад, ҳангоме ки Исои Худованд аз осмон бо фариштаҳои куввати Худ 8 Дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад. 9 Онҳо гирифтори ҷазои ҳалокати абадӣ гардида, аз ҳузури Худованд ва ҷалоли қудрати Ӯ маҳрум хоҳанд шуд 10 Дар он рӯзе ки Ӯ омада, дар муқаддасони Худ ҷалол ёбад ва ҳамаи имондоронро ба тааҷҷуб оварад, чунки шумо ба шаҳодати мо имон овардед. 11 Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша барои шумо дуо мегӯем, то ки Худои мо шуморо сазовори даъваташ гардонад ва ҳар салоҳдиди некӣ ва кори имонро бо қуввати Худ ба амал оварад, 12 То ки исми Худованди мо Исои Масеҳ дар шумо ҷалол ёбад, ва шумо дар Ӯ ҷалол ёбед, ба ҳасби файзи Худои мо ва Исои Масеҳи Худованд.

2 Таслӯникиён 2

Зоҳир шудани муртади олиҷоҳ пеш аз омадани дуюми Масеҳ

1 ВАЛЕКИН аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки дар хусуси омадани Худованди мо Исои Масеҳ ва пайвастани мо бо Ӯ 2 Нагузоред, ки фикри щумо зуд ба шубҳа афтад, ва ҳаросон нашавед на аз нубуввати рӯҳ, на аз калом ва на аз номае ки гӯё мо фиристода бошем дар бораи он ки рӯзи Масеҳ фаро расидааст. 3 Ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шуморо фирефта кунад, зеро аввал бояд исьён ба вуқӯъ биёяд ва шахси пур аз шарорат, яъне писари ҳалокат, зоҳир шавад. 4 Вай ба ҳар чизе ки Худо ё маъбуд ном дорад, муқобилият нишон медиҳад ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки дар маъбади Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад. 5 Оё дар хотир надоред, ки вакте ки назди шумо будам, инро ба шумо мегуфтам? 6 Ва алҳол шумо медонед он чист, ки ба вай монеъ мешавад, то дар вакти муайян зоқир гардад. 7 Зеро ки сирри шарорат акнун амал мекунад, вале ҳоло маҳфиёна аст, то даме ки он чи монеъ мешавад, аз миён бардошта шавад, - 8 Он гоҳ шарир зоҳир мегардад, ҳамон ки Исои Худованд варо бо нафаси даҳонаш мекушад ва бо зуҳури омадани Худ несту нобуд мекунад. 9 Омадани ин шарир бо ҳар гуна кувват ва аломот ва мӯъҷизоти сохта аз рӯи амали шайтон аст, 10 Ва бо ҳар навъ талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобудшавандагон барои он ки онҳо Муҳаббати ростиро қабул накарданд, то ки наҷот ёбанд. 11 Ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, то ки ба дурӯғ имон оваранд, 12 То ҳамаи онҳое ки ба ростӣ имон наоварданд, балки ноҳаққиро дӯст доштанд, маҳкум гарданд.

Худованд тасаллои имондорон аст

13 Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рӯҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст. 14 Ва барои он шуморо ба воситаи башорати мо даъват намудааст, то ки ба ҷалоли Худованди мо Исои Масеҳ ноил шавед. 15 Пас, эй бародарон, истодагй кунед ва ривоятҳоеро, ки ё аз калом, ё аз номаи мо таълим гирифтаед, нигоҳ доред. 16 Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадй ва умеди некро бо файз ато намудааст, 17 Бигзор дилҳои шуморо тасаллй диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад.

2 Таслӯникиён 3

Имондорон бояд барои башорати Каломи Худо дуо гуянд

1 БА ҳар ҳол, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гӯед, то ки каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст, 2 Ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва шарир халос шавем; зеро ки на ҳар кас имон дорад. 3 Лекин Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад. 4 Ва мо ба шумо дар Худованд зътимод дорем, ки он чи ба шумо амр фармоем, ба ҷо меоваред ва ба ҷо хоҳед овард. 5 Ва Худованд бигзор дилҳои шуморо ба муҳаббати Худр ва ба сабри Масеҳ ҳидоят намояд.

Калисо бояд ба танбалй еа касони бекорагард муқобил баромада, тартибро таълим диҳад

6 Валекин ба шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекорагардӣ мекунад ва на мувофиқи ривояте ки аз мо қабул кардаед, дур шавед, 7 Зеро худи шумо медонед, ки чй гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро ки мо дар миёни шумо бекорагард набудем: 8 Нони касеро муфт нахӯрдем, балки шабу рӯз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ки ба касе аз шумо гаронӣ накунем, - 9 На аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки ҳудамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ки ба мо тақлид намоед. 10 Зеро, вақте ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, бигзор хӯрок ҳам нахӯрад. 11 Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекорагардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд |мекунанд; 12 Ба чунин шахсон дар Худованди мо Исои Масеҳ амр мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки сокитона кор карда, нони худро бихӯранд. 13 Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед. 14 Ва агар касе ба суханоне ки мо дар ин нома навиштаем, гӯш надиҳад, - ӯро дар хотири худ гирифта монед ва бо ӯ муошират накунед, то ки хиҷил шавад; 15 Аммо ӯро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед.

Салом бо дасти худ ба ҳамаи имондорон

16 Валекин Худи Худованди осоиштагӣ бигзор ҳамеша дар ҳама чиз осоиштагй ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод! 17 Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам: 18 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.

1 Тимотиюс 1

ФайЗу марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худо

1 ПАВЛӮС, ҳаввории Исои Масеҳ бо амри Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Исои Масеҳи Худованд, ки умеди мост, 2 Ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиштагй аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.

Насиҳат дар бораи мукобилат кардан ба воизони козиби шариат

3 Вакте ки ба Мақдуния равона шудам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар Эфсӯс бимонӣ, то баъзе касонро насиҳат диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд 4 Ва бо қиссаҳо ва насабномаҳои бепоен машғул нашаванд, ки ин чизҳо на ба ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бештар ба мубоҳисот оварда мерасонад. 5 Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё падид меояд, 6 Ки баъзе касон аз он баргашта, ба ёвагӯӣ моил шудаанд, 7 Дар ҳолате ки мехоҳанд муаллимони шариат бошанд, аммо намефаҳманд на он чиро, ки мегӯянд, на он чиро, ки даъво мекунанд. 8 Лекин мо медонем, ки шариатнек аст, кас агар онро ба таври шаръӣ ба кор барад, 9 Ва инро бидонад, ки шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон, осиён ва гуноҳкорон, фосиқон ва палидон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон, 10 Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст, 11 Ба ҳасби башорати пурҷалоли Худои таборак, ки ба ман супурда шудааст.

Сазовори марҳамат шудани ҳавворӣ мисоли тасаллибахш аст барои вщдони ғамгин

12 Исои Масеҳи Худованди моро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд, - 13 Маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рӯи нодонӣ, дар беимонй амал мекардам; 14 Аммо файзи Худованди мо бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, дар ман ниҳоятдараҷа зоҳир шуд. 15 Ин сухан дуруст аст ва сазовори қабули куллӣ, ки Исои Масеҳ ба дуньё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам. 16 Лекин ман барои он сазовори марҳамат шудам, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ ба Ӯ имон хоҳанд овард, намунаи ибрат бошам. 17 Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин. 18 Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқи онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ, 19 Ва имон ва виҷдони нек дошта бошӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд; 20 Аз он ҷумла Хумниюс ва Искандар, ки онҳоро ба шайтон супурдам, то таълим диҳам, ки куфр нагӯянд.

1 Тимотиюс 2

Дастурҳо барои ҷамъомадҳои ибодати Худо

Дуо барои ҳамаи одамон

1 ПАС, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо, илтимосҳо, тазаррӯъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон, 2 Барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем; 3 Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст, 4 Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд. 5 Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст, 6 Ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст, 7 Ва барои ин ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъин шудаам, - дар Масеҳ рост мегуям, дурӯғ не.

Рафтори мардон ва занон

8 Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд; 9 Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофй, на бо тилло, на бо марворид ва на бо Либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд, 10 Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст. 11 Бигзор зан дар хомӯшй бо камоли итоат таълим гирад; 12 Ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бар мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад. 13 Зеро ки аввал Одам офарида шудааст, ва баъд аз ӯ Ҳавво; 14 Ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хӯрда, ба гуноҳ дучор щудааст; 15 Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва қудсият бо исмат қоим бошад.

1 Тимотиюс 3

Дар бораи мансабҳои калисо

Дар бораи ускуфҳо

1 ЧӮНИН суҳан амин аст, ки агар касе усқуфиро орзу кунад, кори хубе орзу мекунад. 2 Аммо усқуф бояд беайб, соҳиби як зан, ҳушьёр, боисмат, боодоб, меҳмоннавоз ва омӯзгор бошад; 3 На моили шаробнӯшй, на ҷангара, на тамаъкор, балки сокит ва сулҳҷӯ, на зарпараст; 4 Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад; 5 Зеро, кас агар хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамҳорӣ карда метавонад? 6 Аз ҷумлаи навимонон набошад, мабодо мағрур шуда, зери хукми иблис афтад. 7 Ва ҳамчунин аз ҷониби онҳое ки дар берунанд, ӯ бояд шаҳодати нек дошта бошад, то ки ба мазаммат ва доми иблис гирифтор нашавад.

Дар бораи дьяконҳо

8 Лозим аст, ки дьяконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабон, на шавқманди шаробнӯшӣ, на тамаъкор, 9 Балки сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд. 10 Валекин онҳо ҳам бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, ҳизмат кунанд. 11 Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки хушьёр ва аз ҳар ҷиҳат мӯътамад. 12 Дьяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд, фарзандон ва хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунанд; 13 Зеро онҳое ки нағз хизмат карда бошанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне ки дар Исои Масеҳ аст, муҳайё мекунанд.

Калисо буньёди ростист

14 Инро ба ту менависам ба умеди он ки ба қарибӣ назди ту биёям. 15 Аммо агар даранг кунам, туро лозим аст бидонӣ, ки чй гуна дар хонаи Худо рафтор намоӣ, ки он Калисои Худои Ҳай, рукн ва буньёди ростист. 16 Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида игуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.

1 Тимотиюс 4

Огоҳонидан аз парҳези риёкорона

1 АММО Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шастин гӯщ хоҳанд андохт, 2 Ба воситаи риёкории дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст, 3 Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хӯрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихӯранд. 4 Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд, 5 Чунки он бо каломи Худо ва бо дуо тақдис мегардад.

Дар дораи диндорй ва баракоти он

6 Агар инро ба бародарон талқин намой, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суҳанони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ. 7 Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рӯй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ; 8 Зеро ки машқи ҷисмонй кам фоида дорад, вале диндорй барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад. 9 Дуруст аст ин суХан ва сазовори қабули куллӣ. 10 Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки ӯ Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст. 11 Ҳаминро мавъиза намо ва таълим деҳ. 12 Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош. 13 То вакти омаданам ба қироат, насиҳат ва таълим мащғул шав. 14 Ба бахшоиши Рӯҳ, ки дар туст, беэътиноӣ накун, ки он ба ту ба василаи нубувват бо гузоштани дастҳои гшрон дода шудааст. 15 Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк какун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад. 16 Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.

1 Тимотиюс 5

Дар бораи унвонҳо дар Калисо.

Дар бораи пирамардон ва чавоиои

1 ПИРАМАРДРО мазаммат накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон; 2 Пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покй. 3 Бевазанонро, агар бевазанони ҳақиқӣ бошанд, эҳтиром намо. 4 Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падарону модаронро қадрдонй кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост. 5 Бевазани ҳақиқй ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба тазаррӯъ ва дуо машғул аст, 6 Лекин бевазане ки дар айшу ишрат умр магузаронад, зинда ба зинда мурдааст. 7 Ана ҳаминро ба онҳо талқин намо, то ки беайб бошанд. 8 Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст. 9 Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад 10 Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирй намуда ва ҳар амали некро пайравй карда бошад. 11 Лекин бевазанони ҷавонро қабул накун, зеро вақте ки шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур месозад, мехоҳанд никоҳ кунанд; 12 Бинобар ин маҳкум хоҳанд шуд, чунки имони пештараро рад кардаанд; 13 Илова бар ин, азбаски бекоранд, хона ба хона мегарданд, - ва на танҳо бекоранд, балки низ лаққӣ ва кунҷков буда, суханоне мегӯянд, ки шоиста нест. 14 Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон никоҳ кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ як асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад: 15 Зеро ки баъзе аз онҳо аз паи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд. 16 Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар Калисо гаронӣ накунад, то ки Калисо ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад.

Дар бораи пирон

17 Пироне ки нағз сардорй мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, алалхусус онҳое ки дар ваъз ва таълим меҳнат мекунанд. 18 Зеро ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст: "Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд"; ва боз: "Меҳнаткаш музди худро сазовор аст". 19 Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун. 20 Хатокоронро дар ҳузури ҳама танбеҳ намо, то ки дигарон низ битарсанд. 21 Дар пеши Худо ва Исои Масеҳи Худованд ва фариштаҳои баргузида туро қасам медиҳам, ки инро бе ғаразе риоя намой ва ҳеҷ коре бо рӯйбинй накунӣ. 22 Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор. 23 Минбаъд оби танҳо нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёде ки дорӣ, каме шароб ба кор бар. 24 Гуноҳҳои баъзе касон ошкор аст ва рост сӯи маҳкумият мебарад, лекин гуноҳҳои баъзеи дигарон баъдтар ошкор мешавад. 25 Ҳамчунин аъмоли нек ошкор аст, ва агар ин тавр набошад ҳам, пшгҳон монда наметавонад.

1 Тимотиюс 6

Дар бораи ғуломон

1 ҒӮЛОМОНЕ ки зери юғ мебошанд, бояд оғоёни худро сазовори ҳар иззату икром донанд, то ки исми Худо ва таълимоти мо гирифтори мазаммат нашавад. 2 Вале онҳое ки оғоёни имондор доранд, набояд ба онҳо беэътиноӣ кунанд, чунки онҳо бародаронанд; балки бояд бо ҷидду ҷаҳди боз ҳам зиёдтар ба онҳо хизмат кунанд, зеро онҳое ки аз инҳо баҳрае мебинавд, имондор ва маҳбубанд. Инро таълим деҳ ва насиҳат намо.

Оқибатхои чудошаеӣ аз таьлимоти солим. Насиҳат барои мӯътадилӣ

3 Агар касе таълимоти дитарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худовағди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравй накунад, - 4 Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳксот дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гумонҳои шарирона 5 Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорй манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо. 6 Аммо диндорй бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад. 7 Зеро ки мо ба дуньё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки наметавонем чизе аз он низ бибарем. 8 Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд. 9 Лекин онҳое ки мехоҳанд сарватдор шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисьёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо мардумро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғӯтонанд. 10 Зеро ки решаи ҳамаи бадихо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд.

Павлус Тимотиюсро ба талош дар роҳи имон даъват менамояд

11 Аммо ту, эй одами Худо, аз ин ҳазар намо ва аз паи адолат, диндорӣ, имон, муҳаббат, сабр ва фурӯтанй бирав; 12 Дар роҳи имон ба таври нек талош намо, ҳаёти ҷовидониро аз они худ бисоз, ки барои он ту даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисьёр эътирофи нек кардаӣ. 13 Ба ҳузури Худое ки ҳамаро ҷон мебахшад, ва ба ҳузури Исои Масеҳ, ки дар пеши Понтиюс Пилотус эътирофи нек кардааст, ба ту амр мефармоям, 14 Ки ҳукмро то вакти зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ беайб ва бенуқсон риоя намоӣ, 15 Ки онро Фармонгузори таборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон дар вақти худ нишон хоҳад дод, 16 Ки танҳо Ӯ Ҳайй лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст,ва Ӯро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ӯро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин. 17 Сарватдорони ин дуньёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад; 18 Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд 19 Ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки хаёти ҷовидониро аз они худ созанд.

Огоҳонии хотимавӣ. Салом

20 Эй Тимотиюс! Он чиро,ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон, 21 Ки баъзе касон ба он часпида, аз имон баргаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.

2 Тимотиюс 1

Худо имондорро дар қувват, муҳаббат ва парҳезгорӣ мустаҳкам мекунад

1 ПАВЛӮС, ҳаввории Исои Масеҳ бо иродаи Худо, ба ҳасби ваъдаи ҳаёт, ки дар Исои Масеҳ аст, 2 Ба Тимотиюс, фарзанди маҳбубам: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бод. 3 Шукргузорй менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ӯ ибодат мекунам, барои он ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рӯз ба ёд меоварам. 4 Шавқманди дидори ту ҳастам, - дар ҳолате ки ашкҳои туро дар хотир дорам, - то аз шодӣ пур шавам, 5 Зеро ки имони бериёи туро, ки пештар дар модаркалонат Лӯид ва модарат Авниқо сокин буд, ба ҳотир меоварам ва яқин дорам, ки он дар ту низ сокин аст. 6 Ба ин сабаб ба ту хотиррасон мекунам, ки он бахшоинш Худоро, ки ба василаи гузоштани дастҳои ман дар туст, авҷ гиронӣ; 7 Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст. 8 Пас, на аз шаҳодат додан ба Худованди мо ва на аз ман, ки бандии Ӯ ҳастам, ор дор,балки барои башорат ба ҳасби қуввати Худо уқубат бикаш, 9 Ки Ӯ моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз ааал дар Исои Масеҳ ато шудааст, 10 Вале алҳол ба василаи зуҳури Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ошкор гардидааст, ки Ӯ мамотро ботил намуд ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи башорат дурахшон кард, 11 Ки барои он ман воиз ва ҳавворй ва муаллими халқҳо таъин шудаам. 12 Ба ин сабаб ман чунин укубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад. 13 Намунаи суҳанони солимро, ки аз ман шунидай, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравй намо. 14 Он амонати некро ба воситаи Руҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.

Ҳамкорони бовафо ва бевафои Павлус

15 Ту медонй, ки ҳамаи онҳое ки дар вилояти Осиё ҳастанд, маро тарк карданд; аз он ҷумла Фуҷлус ва Ҳармуҷнис. 16 Худованд ба аҳли хонаи Анисифӯрус марҳамат намояд барои он ки ӯ чандин бор маро дилдорй дод ва аз занҷирҳоям хиҷил нашуд, 17 Балки, ҳангоме ки ба Рум омад, бо ҷидду ҷаҳди зиёде маро чустуҷӯ намуда, ёфт. 18 Худованд ба ӯ ато фармояд, ки ба ҳузури Худованд дар он рӯз марҳамат пайдо кунад. Ва хизмати бисьёреро, ки у дар Эфсӯс барои ман кардааст, ту хубтар медонй.

2 Тимотиюс 2

Касе ки ба Исо имон дорад, бояд бо файз қавй бошад ва адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагиро пайравй намояд

1 ПАС, эй фарзандам, бо файзе ки дар Исои Масеҳ аст, қавй бош. 2 Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисьёр пгунидай, ба одамони мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд. 3 Ҳамчун сарбози неки Исои Масеҳ ба уқубатҳо тоб овар. 4 Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ки ба сипаҳсолор писанд афтад. 5 Ва агар касе мубориза кунад ҳам, соҳиби тоҷ намешавад, агар ғайриқонунӣ мубориза карда бошад. 6 Зироаткори меҳнаткаш бояд аввалин шахс бошад, ки аз ҳосил баҳра барад. 7 Он чи мегӯям, бифаҳм ва Худованд дар ҳама чиз ба ту фаҳм хоҳад дод. 8 Исои Масеҳро дар хотир нигоҳ дор, ки аз насли Довуд буд ва аз мурдагон эҳьё шуд, ба ҳасби башорати ман, 9 Ки барои он, мисли бадкоре, то ба дараҷаи занҷирҳо уқубат мекашам, аммо каломи Худо ба занҷирҳо банд нест. 10 Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири баргузидагон сабр мекунам, то ки онҳо низ ба наҷоте ки дар Исои Масеҳ аст, бо ҷалоли абадӣ ноил шаванд. 11 Дуруст аст ин сухан: агар бо Ӯ мурда бошем, бо Ӯ зиндагй ҳам хоҳем кард; 12 Агар тоқат оварем, бо Ӯ салтанат ҳам хоҳем ронд; вале агар инкор кунем, Ӯ низ моро инкор хоҳад кард; 13 Агар мо бевафо бошем, Ӯ вафодор аст, зеро ки Худро инкор карда наметавонад.

Огоҳонидан аз баҳсу мунозираи бефоида

14 Ҳаминро хотиррасон карда, ба ҳузури Худованд ба онҳо дастур деҳ, ки ба баҳсу мунозира машғул нашаванд, ки он ҳеҷ фоида намебахшад, балки шунавандагонро парешонхотир месозад. 15 Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад. 16 Вале аз ёвагӯии ношоям канорагирӣ намо; зеро ки ин кор мардумро боз ҳам зиёдтар ба маъсият гирифтор хоҳад кард, 17 Ва суханашон, ҳамчун мараз, паҳн хоҳад шуд. Дар миёни онҳо Ҳумниюс ва Филитус ҳастанд, 18 Ки аз ростӣ дур шуда, мегӯянд, ки "эҳьё аллакай воқеъ шудааст", ва имони баъзеро хароб мекунанд.

Калисои ҳакикӣ устувор аст

19 Аммо буньёди матини Худо қоим аст ва чунин мӯҳре дорад: "Худованд мансубони Худро мешиносад"; ва боз: "Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирй намояд". 20 Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок. 21 Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи соҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек.

Дар бораи рафтори дуруст

22 Аз шаҳавоти ҷавонӣ бигрез ва бо ҳамаи онҳое ки Худовандро аз самими қалб мехонанд, аз паи адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагӣ бирав. 23 Аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва ҷоҳилона канорагирй намо, чун медонӣ, ки онҳо чанҷолҳоро ба вуҷуд меоваранд; 24 Лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад, 25 Бо фурӯтанй мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд 26 Ва аз доми иблис раҳоӣ ёбанд, ки вай онҳоро асири иродаи худ гардондааст.

2 Тимотиюс 3

Вайронии ахлоқи одамон дар замони охир

1 ВА инро бидон, ки дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид. 2 Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл, 3 Ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ, 4 Ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодй, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд, 5 Ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирй намо. 6 Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки пинҳонӣ ба хонаҳо даромада, занони заифмизоҷеро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғӯтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд. 7 Ин занон ҳамеша таълим мегиранд, вале ҳаргиз ба донидш ростӣ расида наметавонанд. 8 Чунон ки Янис ва Ямбрис ба мукрбили Мусо қиём карда буданд, ончунон инҳо низ, ки мардуми олудафикр ва мардуди имон мебошанд, ба муқобили ростӣ киём мекунанд. 9 Аммо бисьёр комьёб нахоҳанд шуд, зеро ки аблаҳии онҳо дар пеши назари ҳама ошкор ҳоҳад шуд, чунон ки дар хусуси Янис ва Ямбрис низ воқеъ шуда буд.

Имони зинда бе таьқибот намемонад

10 Лекин ту таълим, тарзи ҳаёт, рафтор, имон, ҳиммат, муҳаббат ва тоқати маро медонӣ, 11 Ҳамчунин таъқибот ва уқубатҳоеро, ки дар Антиёхия, Иқуния ва Лустра ба сари ман омад, ва чӣ тавр он таъқиботро ман аз сар гузарондам, ва Худованд маро аз ҳамааш халосӣ дод. 12 Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунапд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд; 13 Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.

Насиҳат дар бораи пайравӣ кардани таълимоти ҳаввориён ва Навиштаи Муқаддас

14 Лекин ту дар он чи таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ, қоим бош, чун медонӣ, ки туро кӣ таълим додааст; 15 Ва аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонй, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст. 16 Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, 17 То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад.

2 Тимотиюс 4

Насиҳати охирин дар бораи вафодорӣ ба мавъиза. Павлус ба зудӣ вафот карданашро ншарон аст

1 ПАС, туро ба қузури Худо ва Исои Масеҳи Худованд, ки зиндагон ва мурдагонро доварӣ хоҳад кард, ва ба зуҳури Ӯ ва ба Малакути Ӯ қасам медиҳам, 2 Ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақги муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ омӯзгорй ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ. 3 Зеро замоне фаро Ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд; 4 Ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рӯ ҳоҳанд овард. 5 Аммо ту дар ҳама чиз ҳушьёр бош ва уқубат кашида, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо. 6 Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст. 7 Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам; 8 Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайе гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зухури Ӯро дӯст доштаанд.

Ахборот. Дар мурофиа Павлус аз ҷонибиХудо тақвият ёфт

9 Саъю кӯшиш намо, ки ба зудй назди ман биёӣ. 10 Зеро ки Димос ин дуньёро дӯст дошта, маро тарк кард ва ба Таслӯникӣ равона шуд; Қрисқис ба Ғалотия рафт, ва Титус - ба Далмотия; танҳо Луқос бо ман аст. 11 Марқӯсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст. 12 Ман Тӯхиқӯсро ба Эфсӯс фиристодам. 13 Хднгоми омаданат ридоеро, ки ман дар Трӯас назди Қарпӯс мондаам, биёр, китобҳоро низ, алалхусус онҳоеро, ки ба коғази пӯстӣ навишта шудаанд. 14 Искандари мисгар ба ман бисьёр бадй кард. Худованд мувофиқи аъмолаш подоше ба ӯ хоҳад дод. 15 Ту низ аз ӯ эҳтиет шав, зеро ки ӯ ба паёми мо сахт муқобилият кард. 16 Дар муҳокимаи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад! 17 Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавй кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам. 18 Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.

Саломҳо

19 Ба Прискила ва Акило ва аҳли хонаи Анисифӯрус салом расон. 20 Арастус дар Қӯринтӯс монд; ва Трофимӯсро дар Милитус бемор вогузоштам. 21 Саъго кӯшиш намо, ки пеш аз зимистон биёй. Ӯвулус ва Пудис, ва Линӯс ва Клавдиюс, ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд. 22 Исои Масеҳи Худованд бо рӯҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.

Титус 1

Ба калисоҳо бояд мардони беайб сардорӣ кунанд

1 ПАВЛӮС, бандаи Худо ва ҳаввории Исои Масеҳ, ба ҳасби имони баргузидагони Худо ва дониши ростие ки дар диндорист, 2 Ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд, онро аз азал ваъда кардааст, 3 Ва дар замони муайян каломи Худро дар паёме зоҳир намудааст, ки он бо амри Наҷотдиҳағдаи мо Худо ба ман супурда шудааст, - 4 Ба Титус, фарзанди ҳақикиам, ки ҳар дуи мо дар як имон муштаракем, файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳи Худованд бод. 5 Барои он туро дар Крит мондаам, ки корҳои нотамомро ба анҷом расонй ва дар ҳамаи шаҳрҳо пиронро таъин намоӣ, чунон ки ба ту амр фармудаам: 6 Агар касе беайб ва соҳиби як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар фиску фуҷур ё беитоатӣ мазаммат нашудаанд. 7 Зеро ки ускуф бояд, чун муваккали Худо, беайб бощад, на худгшсанд, на ҳашмгин, на бадмаст, на муштзӯр, на тамаъкор, 8 Балки меҳмоннавоз, хайрхоҳ, боксмат, боинсоф, парҳезгор, худдор. 9 Ӯ бояд ба каломи ҳақиқи, ки мувофиқи таълимот аст, қоим бошад, то ки баъзеро бо таълимоти солим насиҳат диҳад ва мухолифонро танбеҳ кунад. 10 Зеро ки бисьёр касони беитоат, ёвагӯй ва фиребгар ҳастанд, алалхусус аз байни махтунон. 11 Даҳонашон бояд баста шавад: олҳо хонаҳои томро фосид карда, аз рӯи тамаи нангин, чизҳое таълим медиҳанд, ки шоиста нест. 12 Шоире аз байни хуцашон чун набие чунин гуфтааст: "Критиён ҳамеша дурӯғгӯ ҳастанд, ва даррандагони бадкин, ва шикампарастони танбал". 13 Ин шаҳодат дуруст аст. Ба ин сабаб онҳоро ба таври ҷиддӣ мазаммат намо, то ки дар имон солим бошанд, 14 Ва ба қиссаҳои яҳудиён ва ба аҳкоми одамоне ки аз ростй рӯй мегардонанд, гӯш наандозанд. 15 Барои покон ҳама чиз пок аст; вале барои палидон ва беимонон ҳеҷ чиз пок нест, балки ҳам хиради онҳо ва ҳам виҷдонашон палид гардидааст. 16 Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, лекин бо аъмолашон Ӯро инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд.

Титус 2

Вазифаҳои унвонҳои ҷудогона дар калисо; пирамардон, ҷа вонон ва ғуломон

1 ВАЛЕКИН ту суханонеро, ки ба таълимоти солим муносиб аст, бигӯ. 2 Ба пирамардон бигу, ки ҳушьёр, ботамкин ва боисмат буда, дар илюн, муҳаббат ва тоқат солим бошанд; 3 Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд, 4 То ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд, 5 Боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад. 6 Ҷавононро низ насиҳат намо, ки боисмат бошанд. 7 Дар ҳама чиз дар шахси худ намунаи аъмоли нек бош. Дар омӯзгории худ покӣ, ботамкинй ва бенуқсониро зоҳир намо, 8 Ва каломи солим ва беайбро кор фармо, то ки душман шарманда шуда, ҳеҷ чизи баде дар ҳаққи мо гуфта натавонад. 9 Ғуломонро насиҳат намо, ки ба оғоёни худ мутеъ бошанд, дар ҳар хусус дили онҳоро ёбанд, эътироз накунанд, 10 Ва дуздӣ накунанд, балки камоли вафои некро нишон диҳанд, то ки таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат зебу оро диҳанд.

Куввати тарбиявии файзи Худо

11 Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст, 12 Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳавоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорй зиндагй кунем, 13 Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем, Г4 Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд. 15 Инро бигӯ ва насиҳат бидеҳ ва бо тамоми қудрат мазаммат бикун, то ки ҳеҷ кас ба ту беэътиной накунад.

Титус 3

Онҳое ки ба Исо бар ҳасби файз имон дорандз ворисони ҳаёти човидонй шудаанд

1 БА онҳо хотиррасон бикун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар амали нек тайер бошанд, 2 Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор намоянд. 3 Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем. 4 Аммо вакте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд, - 5 Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулкудс аст. 6 Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт, 7 То ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем. 8 Дуруст аст ин сухан, ва ман мехоҳам, ки ту дар он қоим бошӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, саъю кӯшиш намоянд, ки дар аъмоли нек муваффақият ёбанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст.

Муносибат ба муаллимони козиб

9 Валекин аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва мунозира ва ҷанҷолҳои оид ба шариат рӯй гардон, зеро ки онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд. 10 Аз шахси бидъаткор, баъд аз он ки якду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо, 11 Чун медонй, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, худро маҳкум менамояд.

Супоришҳо ва саломҳо

12 Вакте ки Артемос ё Тӯхикӯсро назди ту равона кунам, саъю кӯшиш намо, ки ба Никӯпӯлис назди ман биеи, зеро ки қарор додаам зимистонро дар он ҷо гузаронам. 13 Зеноси қонундон ва Апӯллӯсро бо ғамхорӣ ба сафар тайёр намо, то ки аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошақц. 14 Бигзор одамони мо низ таълим гиранд, ки машғули аъмоли нек бошанд, то ки эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд. 15 Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дӯст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.

Филемӯн 1

Таъсири неки Филемӯн ба имондорон

1 ПАВЛӮС, бандии Исои Масеҳ, ва Тимотиюси бародар, ба Филемӯни маҳбуб ва ҳамкори мо, 2 Ва ба Апияи маҳбуба, ва ба Архипуси ҳамсафи мо, ва ба калисое ки дар хонаи туст: 3 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 4 Худои худро шукргузорӣ менамоям ва ҳамеша туро дар дуоҳои худ зикр мекунам, 5 Чун дар бораи муҳаббати ту ба ҳамаи муқаддасон ва имоне ки ба Исои Худованд дорӣ, мешунавам, - 6 Дуои ман ин аст, ки муоширати имони ту чунон таъсирбахш бошад, ки беҳтар бидонӣ ҳар некие ки дар мо барои Исои Масеҳ мебошад, чист. 7 Зеро ки мо аз муҳаббати ту шодӣ ва тасаллои бузурге пайдо кардем, чунки ба туфайли ту, эй бародар, дилҳои муқаддасон осуда шудааст.

Шафоат барои Онисимуси ғулом, ки аз пеши Филемун гурехпга буд, вале алҳол ислоҳ шудааст

8 Бинобар ин, агарчи дар Масеҳ ҷуръати зиёде дорам, ки вазифаатро ба ту амр фармоям, 9 Аммо бештар аз рӯи муҳаббат хоҳиш менамоям, - гарчанде ки ман Павлуси пиронсол ва алҳол бандии Исои Масеҳ низ ҳастам, - 10 Аз ту дар хусуси фарзанди худ Онисимус хоҳиш менамоям, ки ӯро дар вактеки дар занҷирҳобудам, бадуньё овардаам, 11 Ки як вақте ӯ барои ту муфид набуд, вале акнун ҳам барои ту муфид аст, ҳам барои ман; ӯро назди ту бармегардонам, 12 Ва ту ӯро ҳамчун дили ман пазироӣ намо. 13 Мехостам ӯро назди худ нигоҳ дорам, то ки ба ҷои ту ба ман дар занҷирҳои башорат хизмат кунад; 14 Лекин бе розигии ту нахостам коре бикунам, то ки амали неки ту на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври иҳтиёрӣ бошад. 15 Зеро, шояд, ӯ барои он мувақкатан аз ту ҷудо шуда бошад, ки ту ӯро ба сурати абадӣ қабул кунӣ, 16 Ва акнун на ҳамчун ғуломе, балки аз ғулом болотар, яъне ҳамчун бародари маҳбубе. Ӯ алалхусус барои ман, зиёдтар аз он ҳам барои ту, ҳам ба унвони ҷисм ва ҳам дар Худованд бояд маҳбуб бошад. 17 Пас, агар ту маро шарики худ бидонӣ, ӯро мисли ман пазирой намо. 18 Аммо агар ӯ осебе ба ту расонда бошад, ва ё чизе ба гарданаш дайн бошад, онро ба ман ҳисоб кун. 19 Ман, ки Павлус ҳастам, бо дасти худ менависам: худам талофӣ хоҳам дод; ҳоло онро ба ту намегӯям, ки ту барои вуҷудат низ мадьюни ман ҳастӣ. 20 Бале, эй бародар, бигзор, ки аз ту дар Худованд хурсанд шавам: дили маро дар Худованд осуда намо. 21 Ба умеди фармонбардории ту ман ба ту менависам, чун медонам, ки аз гуфтаи ман зиёдтар ҳам хоҳӣ кард.

Салом ба имондорон

22 Дар баробари ин барои ман хонае низ муҳайё бикун, зеро умедворам, ки ба ҳасби дуоҳоятон ба шумо ато хоҳам шуд. 23 Эпафрос, ки бо ман ба хотири Исои Масеҳ бандӣ мебошад, ва Марқӯс, ва Ористархус, ва Димос, ва Луқос, ки ҳамкорони мананд, ба ту салом мерасонанд. 24 Файзи Худованди мо Исри Масеҳ бо рӯҳи шумо бод. Омин.

Ибриён 1

Вахӣи хотимавии Худо дар Писар

1 ХӮДОЕ ки аз қадимулайём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст, 2 Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард. 3 Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибрие дар афроз нишаст,

Бартарии Исо аз фариштагон

4 Ва чй қадаре ки аз фариштагон бартарӣ пайдо кард, ҳамон қадар аз онҳо исми аълотаре мерос гирифтааст. 5 Зеро ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: "Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз ПадариТу шудаам"? Ва боз: "Ман ба Ӯ Падар хоҳам буд, ва Ӯ ба Ман Писар хоҳад буд"? 6 Ва боз, вакте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд: "Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ӯро парастиш кунанд". 7 Дар бораи фариштагон гуфта шудааст: "ФаришТагони Худро ба бодҳо табдил медиҳад ва хизматгорони Худро ба отапш сӯзон". 8 Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст: "Тахти Ту, эй Худо, то абад аст, ва асои садоқат асои салтанати Туст. 9 "Адолатро дӯст дошта, аз шарорат нафрат дорй. Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст". 10 Ва боз: "Дар эамони кадим Ту, эй Худованд, заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст. 11 "Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд; ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғдаҷиғда хоҳанд шуд, 12 "Мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид, ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд. Валекин Ту айни ҳамон ҳастӣ, ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд". 13 Ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: "Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери лои Ту андозам"? 14 Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?

Ибриён 2

Агар ба шариатиАҳди Кадим мутеӣ муносиб омада бошад, он боз ҳам зиёдтар ба Каломи Масеҳ муносиб аст

1 БИНОБАР ин мо бояд ба он чи игунидаем, маҳсусан бодиққат бошем, то ки аз он дур нашавем. 2 Зеро, агар каломе ки ба василаи фариштагон гуфта шудааст, матин буда, барои ҳар ҷиноят ва беитоатй подоши одилона дода шуда бошад, 3 Чй гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ пгунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд, 4 Ва Худо низ ба он шаҳодат дод ба воситаи аломот ва мӯъҷизот, ва ҳар навъ қувваҳо, ва бахшоиши Руҳулқудс ба ҳасби иродаи Худ?

Масеҳ ба воситаи залолат ва мамот бар мамот ғолиб омад

5 Зеро олами ояндаро, ки дар бораи он сухан меронем, Худо ба фариштагон мутеъ накардааст, 6 Балки касе дар ҷое шаҳодат дода, гуфтааст: "Чист инсон, ки ӯро ёд кунй, ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд намоӣ? 7 Ӯро аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ; ва тоҷи ҷалол ва шавкат бар сари ӯ гузоштай; ӯро бар аъмоли дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ; 8 "Ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ". Модоме ки ҳама чизро ба ӯ мутеъ кардааст, пас ҳеҷ чизе намондааст, ки мутеи ӯ набошад. Вале ҳоло ҳанӯз намебинем, ки ҳама чиз мутеи ӯ бошад; 9 Балки мебинем, ки Исо, ки аз фариштагон андак кам карда шуда буд, ба сабаби азоби мамот алҳол тоҷи ҷалол ва шавкат бар сар дорад, то ки ба ҳасби файзи Худо зоиқаи мамотро барои ҳама бичашад. 10 Зеро лозим буд, ки Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ин ки фарзандони бисьёрро ба ҷалол бирасонад, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи уқубатҳо комил гардонад. 11 Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд: 12 "Исми Туро ба бародаронам шуҳрат хоҳам дод, дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард". 13 Ва боз: "Ман ба Ӯ таваккал хоҳам кард". Ва боз: "Инак, Ман ва фарзандоне ки Худо ба Ман додааст". 14 Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд. 15 Ва онҳоеро, ки аз тарси мамот тамоми умри худ гирифтори ғуломй буданд, халосй диҳад. 16 Зеро ки Ӯ фариштагонро дастгирӣ накардааст, балки насли Иброҳимро дасттирӣ кардааст. 17 Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад, 18 Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад.

Ибриён 3

Бартарии Исо аз Мусо

1 ПАС, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонй шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо - Исои Масеҳ назар дӯзед, 2 Ки Ӯ ба Он ки Ӯро таъин намуд, амин буд, чунон ки Мусо низ дар тамоми хонаи Ӯ амин буд. 3 Зеро Ӯ нисбат ба Мусо сазовори ҷалоли бештаре гардид, чунки меъмори хона, назар ба худи хона, эҳтироми бештаре дорад; 4 Зеро ки ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост. 5 Ва Мусо дар тамоми хонаи Ӯ мисли хизматгузор амин буд, то шаҳодат диҳад дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шавад. 6 Аммо Масеҳ мисли Писар аст бар хонаи Ӯ; ва хонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то ба оҳир боматонат нигоҳ дорем.

Мисоли Исроили замони Мусо аз шахшудамондагӣ ва якравӣ огоҳ менамояд

7 Бинобар ин, чунон ки Рӯҳулқудс мегӯяд, "имрӯз агар овози Ӯро бишнавед, 8 "Дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб, мисли рӯзи озмоиш дар биёбон, 9 "Ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро чил сол дида буданд. 10 "Ба ин сабаб бар ин насл дарғазаб шудам ва гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд; 11 "Ва Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд щуд". 12 Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ва беимоне ки аз Худои Хдй рӯй мегардонад, надошта бошад, 13 Балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки "имрӯз" гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, сахтдил нашавад. 14 Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем, 15 Чунон ки гуфта мешавад: "Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб". 16 Зеро киҳо буданд, ки шунида, ошӯб бардоштанд? Оё на ҳамаи онҳое ки ба туфайли Мусо аз Миср берун омада буданд? 17 Ва бар киҳо Ӯ чил сол дар ғазаб шуд? Оё на бар осиёне ки ҷасадҳошон дар биёбон фурӯ ғалтид? 18 Ва дар ҳаққи киҳо Ӯ қасам хурд, ки ба оромии Ӯ дохил нахоҳанд шуд? Оё на дар ҳаққи онҳое ки беитоатӣ карДанд? 19 Ва мо мебинем, ки онҳо аз боиси беимонӣ натавонистанд доҳшт шаванд.

Ибриён 4

Оромие ки дар каломи Худо дарАҳдиКадим ваъда карда шуда буд, ҳоло ба воситаи Масеҳ ба қавми Худо ошкор шудааст

1 ПАС, дар сурате ки ваъдаи дохилшавй ба оромии Ӯ ҳанӯз боқист, мо хавотир хоҳем дошт, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо муваффақ нашудааст. 2 Зеро ки башорат ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо ба онҳо каломе ки шуниданд, фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайваст. 3 Зеро мо, ки имон овардаем, ба он оромй дохил хоҳем шуд, чунон ки Ӯ гуфтааст: "Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд", гарчанде ки корҳои Ӯ аз хилқати олам анҷом ёфта буд. 4 Зеро ки дар ҷое дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфта шудааст: "Ва Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ ором гнрифт". 5 Ва боз дар ин ҷо: "Онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд". 6 Пас, дар сурате ки баъзе касон имконият доранд ба он дохил шаванд, вале онҳое ки башорат барояшон пештар мавъиза карда шуда буд, аз боиси беитоатӣ дохил нашуданд, - 7 Боз Ӯ рӯзеро муайян намуда, баъд аз муддати дуру дарозе ба воситаи Довуд "имрӯз" мегӯяд, чунон ки дар боло гуфта шудааст: "Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед". 8 Зеро, агар Еҳушаъ баонҳо оромӣ медод, баъд аз ин дар бораи рӯзи дигар сухан ронда намешуд. 9 Пас, барои кдвми Худо боз оромии щанбе боқӣ мемонад. 10 Зеро, касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ. 11 Пас, саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ дохил шавем, мабодо касе гирифтори он беитоатии ибратомез шуда, фурӯ ғалтад. 12 Зеро ки каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад. 13 Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.

Масех, ҳамчун Саркоҳини ҳақиқй, аз ҷониби Худо таъин шудааст; Ӯ аз Ҳорун болотар аст

14 Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем. 15 Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард. 16 Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвакт файз ёбем.

Ибриён 5

Масеҳ Саркоҳин аст ба монанди Малкисодақ

1 ЗЕРО ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то ки барои гуноҳҳо ҳадия ва курбониҳо тақдим кунад, 2 Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамхорй намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст, 3 Ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро такдим кунад. 4 Ва ҳеҷ кас худ аз худ ин мартабаро соҳиб намешавад, балки фақат вақте ки аз ҷониби Худо даъват шавад, чунон ки Ҳорун низ. 5 Ҳамчунин Масеҳ низ ҷалоли Саркоҳинро Худаш аз они Худ накардааст, балки Он ки ба Ӯ гуфтааст: "Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Падари Ту шудаам"; 6 Чунон ки дар ҷои дигар низ мегӯяд: "Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақя. 7 Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобаг карда шуд, 8 Ва агарчи Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд, 9 Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид, 10 Ва Худо Ӯро Саркоҳине ба монанди Малкисодақ ном ниҳод.

Дар бораи норасогии мийяи шунавандагон

11 Дар ин хусус мебоист бисьёр суҳан мерондем, лекин фаҳмондани он душвор аст, чунки гӯшҳои шумо вазнин шудааст, 12 Зеро, мувофиқи дарозии замон, мебоист шумо муаллим мешудед, лекин аз нав ба шумо асосҳои аввалини каломи Худоро таълим додан лозим меояд, ва барои шумо шир даркор аст, на ғизои сахт. 13 Зеро ҳар кӣ ширхӯр аст, аз каломи адолат беҳабар аст, чунки кӯдак аст; 14 Вале ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд, ки ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст.

Ибриён 6

ИмонЪорон ба воситаи пурсабрй вориси ваъдахои Худо мегарданд

1 БИНОБАР ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо, 2 Ба таълимоти оид ба таъмидҳо, оид ба гузоштани дастҳо, оид ба эҳьёи мурдагон ва оид ба доварии ҷовидонӣ. 3 Ва инро ба амал хоҳем овард, ба шарте ки Худо изн диҳад. 4 Зеро касоне ки боре фикрашон равшан шудааст, ва бахшоиши осмониро чашидаанд, ва шарикони Рӯҳулқудс гардидаанд, 5 Ва каломи неки Худо ва қувваҳои олами ояндаро чашидаанд, 6 Ва ҷудо шуда афтодаанд, - онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз маслуб мекунанд ва беобрӯ месозанд. 7 Зеро замине ки борҳо борони бар он боридаро мехӯрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, набототи фоиданоке мерӯёнад, - аз Худо баракат меёбад; 8 Вале замине ки хору хас мерӯёнад, нобоб буда, ба лаънат наздик аст, ва фарҷоми он сӯхтан аст. 9 Аммо дар хусуси шумо, эй маҳбубон, мо яқин дорем, ки шумо дар холати беҳтар ва ба наҷот наздике мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан меронем. 10 Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон ҳизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад. 11 Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нищон диҳед, то ки умедатон комилан ҳосил шавад; 12 То ки шумо танбал нащавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд. 13 Зеро, вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист касам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард 14 Ва гуфт: "Ҳақиқатан туро бисьёр баракат хоҳам дод ва туро бағоят афзун ҳоҳам кард". 15 Ва Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гарДид. 16 Зеро ки одамон бо он чи бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботест, ки ба ҳар мунозираи онҳо хотима медиҳад. 17 Бинобар ин Худо, ки мехост тагьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд, 18 То бо ду чизи тагьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад. 19 Он умед барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва андаруни парда дохил мешавад, 20 Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо - Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.

Ибриён 7

Масеҳ Коҳин аст ба монанди Малкисодақ, ва Ӯ аз коҳинони левизода болотар аст

1 ЗЕРО ки Малкисодақ подшоҳи Салим, коҳини Худои Таоло, - ҳамон касе ки ба пешвози Иброҳим баромад ва ӯро баракат дод, вақге ки ӯ баъд аз шикаст додани подшоҳон бармегашт, 2 Ва Иброҳим ба вай аз ҳар чиз даҳьяк дод, - вай, аввалан, мувофиқи маънои номаш подшоҳи адолат аст ва сонӣ подшоҳи Салим низ, яъне подшоҳи осоиштагй, 3 Бе падар, бе модар, бе насабнома, дар ҳолате ки на ибтидои айем дорад, на интиҳои ҳаёт, балки ба Писари Худо монанд буда, ба сурати абадй коҳин мемонад. 4 Пас бубинед, чй гуна бузург аст он касе ки Иброҳими сарқабила низ ба вай аз беҳтарин ғанимати худ даҳьяк дод. 5 Онҳое ки аз миёни фарзандони Левӣ каҳонат пайдо мекунанд, ҳукм доранд, ки мувофиқи шариат аз қавм, аз бародарони худ даҳьяк ситонанд, гарчанде ки онҳо низ аз камари Иброҳим ба вуҷуд омадаанд. 6 Аммо ин касе ки аз авлоди онҳо ба вучуд наомадааст, аз Иброҳим даҳьяк гирифт ва соҳиби ваъдаро баракат дод. 7 Тамоман баҳснопазир аст, ки хурд аз ҷониби бузург баракат дода мешавад. 8 Ва дар ин ҷо одамони миранда даҳьяк меситонанд, лекин дар он ҷо Он ки дар ҳаққи Вай шаҳодат дорад, ки Ӯ зинда аст. 9 Ва, гуфтан мумкин, худи Левй, ки даҳьяк меситонад, ба воситаи Иброҳим даҳьяк дод: 10 Зеро ки ӯ ҳанӯз дар камари падар буд, вакте ки Малкисодақба пешвози Иброҳим баромад.

Каҳонати левизодагон тамом шудааст; Масеҳ Саркоҳин аст то абад

11 Пас, агар камол ба василаи каҳонати Левӣ муяссар мешуд, - зеро ки шариат дар он айём ба қавм расид, - боз чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре ба монағди Малкисодақ ба майдон ояд, ва ба монағди Ҳорун номида нашавад? 12 Зеро ки дар баробари дигаргунии каҳонат дигаргунии шариат низ зарур мешавад. 13 Зеро Он ки дар ҳакқи Ӯ ин сухан гуфта мешавад, ба сибти дигаре мансуб буд, ки аз он ҳеҷ кас хизмати қурбонгоҳро ба чо наовардааст; 14 Зеро маълум аст, ки Худованди мо аз сибти Яҳудо тулӯъ намуд, ки Мусо дар бораи он оид ба каҳонат чизе нагуфтааст. 15 Ва ин боз ҳам равшантар дида мешавад, ки агар ба монанди Малкисодак коҳини дигаре ба майдон ояд, 16 Ки вай на бар тибқи қонуни як мизони ҷисмонй, балки ба ҳасби куввати як ҳаёти бепоён чунин шуда бошад. 17 Зеро ки шаҳодат дода шудааст: "Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ". 18 Зеро ки ҳукми пештара, ба сабаби заъф ва бефоидагии он, ботил мешавад, 19 Чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба василаи он мо ба Худо наздик меоем. 20 Ва ин умед бе қасам нест, - 21 Зеро ки онҳо бе қасам коҳин шудаағд, аммо Ӯ бо қасам, чунки дар ҳаққи Ӯ гуфта шудааст: "Худованд қасам хӯрдааст, ва таассуф нахоҳад хӯрд: Ту коҳин ҳастй то абад, ба монанди Малкисодақ", - 22 Бинобар ин ба аҳди беҳтаре Исо зомин шуд. 23 Ва он коҳинон бисьёр буданд, чунки мамот намегузошт, ки боқӣ монанд; 24 Аммо Ӯ, ки то абад боқист, каҳонати бефано дорад, 25 Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад. 26 Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷдорем: муқаддас, аз бадӣ дур,беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада, 27 Ки эҳтиёҷ надорад ҳаррӯз,мислион саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонй тақдим кард. 28 Зеро ки шариат одамони гирифтори заъфро коҳин таъин мекунад, вале каломи қасам, ки баъд аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил шудааст, таъин кард.

Ибриён 8

Саркоҳини абадй, назар ба саркоҳинони Аҳди Қадим, маснади баландшаре дорад; Ӯ Шафоатгари Ахди Ҷадид аст

1 ДАР он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст; мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст, 2 Ва хизматгузори кудс ва хаймаи ҳақиқй мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод. 3 Зеро ки ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад. 4 Пас, агар Ӯ бар замин мемонд, коҳин ҳам намешуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки ба ҳасби шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд, 5 Ва онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ хизмат мекунанд, чунон ки ба Мусо гуфта шуда буд, вакте ки ӯ ба соҳтани хайма шурӯъ менамуд: "Бохабар бош", гуфта шудааст, "ки ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварй". 6 Аммо алҳол Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст. 7 Зеро, агар он аҳди якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд. 8 Зеро ки Худо онҳоро мазаммат намуда, мегӯяд: "Инак, айёме мерасад, мегӯяд Худованд, ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди ҷадид хоҳам баст, 9 "На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам дар рӯзе ки дасташонро гирифгам, то онҳоро аз замини Миср берун оварам; чунки онҳо дар аҳди Ман қоим набуданд, ва Ман ба онҳо эътино накардам, мегуяд Худованд. 10 "Зеро ин аст аҳде ки бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, мегуяд Худованд: қонунҳои Худро дар афкори онҳо хоҳам гузошт ва дар дилҳои онҳо хоҳам навишт, ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд. 11 "Ва касе ёри худро, ва касе бародари худро дигар таълим нахоҳад дод ва нахоҳад гуфт: Худовандро бишинос; чунки ҳама, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт; 12 "Чунки ба ноинсофиҳои онҳо шафаққат хоҳам кард ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро дигар ба ед нахоҳам овард". 13 Бо гуфтани "аҳди ҷадид" Ӯ қадимагии аҳди якумро нишон дод; ва он чи қадима ва кӯҳна аст, ба нестшавӣ наздик аст.

Ибриён 9

Саркоҳини абадй, назар ба каҳонати Аҳди Қадим, каҳонати баландшаре дорад; Ӯ қурбонии олие, яьне Хуни шахсии Худро, меоварад

1 ПАС, аҳди якум низ дастурҳои оид ба ибодати Худо, ва қудси заминӣ дошт; 2 Зеро хайма ба қисмҳо сохта шуда буд: қисми якум, ки дар он чароғдон ва миз ва нони тақдим буд, ва он "қудс" номида мешавад. 3 Ва дар паси парда кислш дуюми хайма буд, ки "қудси қудсҳо" номида мешавад, 4 Ки дар он бухурдони тиллоӣ ва сандуқи ахд буд, ки ҳама ҷояш тиллокӯб шуда буд, ва дар он зарфи тиллоие пур аз манн, асои шукуфтаи Ҳорун ва лавҳаҳои ахд буд, 5 Ва ба болои он каррубиёни ҷалол буданд, ки бар кафоратгоҳ соя меафканданд; дар ин хусус ҳоло муфассал сухан рондан лозим нест. 6 Дар чунин шароит, коҳинон ба қисми якуми хайма ҳамеша медароянд, то ки ибодати Худоро ба ҷо оваранд; 7 Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад. 8 Ва Рӯҳулкудс бо ин нишон медиҳад, ки то даме ки хаймаи якум вуҷуд дорад, ҳанӯз роҳи қудс кушода нашудааст. 9 Вай тимсоли замони ҳозира аст, ки дар он ҳадияҳо ва қурбониҳое тақдим карда мешаванд, ки қодир нестанд виҷдони тақдимкунандаро осуда гардонанд, 10 Ва онҳо, бо чизҳои хӯрданй ва нӯшиданй ва бо ҳар гуна таҳорат ва маросим, дастурҳои мансуб ба ҷисм буда, фақат то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд. 11 Аммо Масеҳ ҳамчун Саркоҳини некиҳои оянда омада, ба воситаи хаймаи бузургтар ва мукаммалтаре ки бо дасти одам сохта нашудааст, яъне сохташ чунин нест, 12 Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба қудс дохил шуда, кафорати абадӣ паиДо кард. 13 Зеро, агар хуни бузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба палидон попшда мешавад, онҳоро то ба дараҷаи татҳири ҷисм тақдис мекарда бошад, 14 Чӣ қадар бештар Хуни Масеҳ, ки ба василаи Рӯҳи абадӣ Зоти беайби Худро ба Худо тақдим намуд, виҷдони моро аз аъмоли беҷон татҳир хоҳад кард, то ки Худои Хдй ва ҳақикиро ибодат намоем! 15 Бинобар ин Ӯ Миёнарави аҳди ҷадид аст, то ки пас аз мамоти Ӯ, ки он барои кафорати ҷиноятҳои замони аҳди якум вокеъ шудааст, даъватшудагон мероси абадии мавъудро пайдо кунанд. 16 Зеро, дар ҳар ҷое ки васияте ҳаст, бояд собит шавад, ки васияткунанда мурдааст, 17 Чунки васият пас аз мурдан эътиборнок аст; он, то даме ки васияткунанда зинда аст, ҳеҷ зътибор надорад. 18 Бинобар ин аҳди якум низ бе хун барқарор нашудааст. 19 Зеро, вақте ки Мусо ҳамаи аҳкомро мувофиқи шариат пеши тамоми қавм хонд, хуни говҳо ва бузҳоро бо об ва пашми арғувонй ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм, 20 Ва гуфт: "Ин аст хуни аҳде ки Худо ба шумо амр фармудааст". 21 Ҳамчунин бар хайма ва тамоми олоти ибодати Худо хун попгид. 22 Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун татҳир меёбад, ва бе рехтани хун омурзиш нест. 23 Пас, тимсоли чизҳои осмонӣ мебоист бо ин воситаҳо татҳир меёфт, аммо худи чизҳои осмонй - бо қурбониҳои хубтар аз инҳо. 24 Зеро Масеҳ на ба қудси бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудси ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад, 25 На аз барои он ки борҳо Худро қурбонй кунад, чунон ки саркоҳин ҳар сол ба қудс бо хуни дигарон медарояд; 26 Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳиршуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад. 27 Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як бор бимиранд ва пас аз он ба доварӣ дучор шаванд, 28 Ончунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисьёр касон курбонӣ намуда, бори дуюм на аз барои татҳири гуноҳ зоҳир хоҳад шуд, балки барои онҳое ки Ӯро интизор доранд, то наҷот ёбанд.

Ибриён 10

Исо ба воситаи Курбонии Ҷолҷолто имондоронро ба сурати абадӣ аз гуноҳҳо озод кард

1 ЗЕРО шариате ки сояи некиҳои оянда аст ва воқеияти онҳо нест, ҳаргиз наметавонад ба воситаи айни ҳамон қурбониҳое ки ҳамеша, сол ба сол тақдим карда мешаванд, такдимкунандагонро комил гардонад. 2 Вагар на, ба тақдим кардани онҳо ҳотима медоданд, чунки тақдимкунандагони қурбонӣ як бор татҳир ёфта, дигар хеҷ идроки гуноҳҳоро намедоштанд. 3 Лекин ба василаи ин қурбониҳо сол ба сол дар бораи гуноҳҳо хотиррасон карда мешавад; 4 Зеро аз имкон берун аст, ки ҳуни говҳо ва бузҳогуноҳҳоро нест кунад. 5 Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда, мегӯяд: "Курбонй ва ҳадияро Ту нахостй,балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ; 6 "Қурбонии сӯҳтанӣ ва қурбонии хато барои Ту писандида набуд. 7 "Он гоҳ гуфтам: «Инак, меоям, - чунон ки дар тӯмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст, - то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам»". 8 Аввал мегӯяд: қурбонӣ ва ҳадия ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо, - ки мувофиқи шариат тақдим карда мешавад, - Ту нахостӣ, ва онҳо барои Ту писандида набуд; 9 Баъд, илова намуда, гуфтааст: "Инак, меоям, то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам". Ӯ якумро ботил мекунад, то ки дуюмро барқарор намояд. 10 Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем. 11 Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва айни ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро нест кунанд. 12 Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст, 13 Ва пас аз ин мунтазир аст то даме ки душманонаш зери пои Ӯ андохта шаванд. 14 Зеро ки Ӯ ба василаи як қурбонӣ тавдисшавандагонро то абад комил гардондааст. 15 Рӯҳулқудс низ ба мо шаҳодат медиҳад, зеро ки гуфта шу дааст: 16 "Ин аст аҳде ки бо онҳо баъд аз он айём хоҳам баст, мегӯяд Худованд: қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо хоҳам гузошт ва дар афкори онҳо хоҳам навишт, 17 "Ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро ба ёд нахоҳам овард". 18 Ва дар он ҷое ки омурзиши гуноҳҳо ҳаст, қурбонӣ барои онҳо дигар лозим нест.

Даъват ба вафодорӣ ба Масеҳ ва Калисо ҳатто дар шароити таъкибот

19 Пас, эй бародарон, модоме ки мо ҷуръат дорем ба қудс ба василаи Хуни Исои Масеҳ, 20 Бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба василаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст, 21 Ва модоме ки мо Коҳини муаззаме бар хонаи Худо дорем, 22 Пас бо Дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисмн худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем, 23 Ва зътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст; 24 Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, 25 Ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед.

Қурбониҳои яҳудиён аҳамияти худро гум кардааст, ва одил бо имон хоҳад зист

26 Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани донищи ростӣ, худсарона гуноҳ кунем, - дигар қурбоние барои кафорати гуноҳ боқӣ намемонад, 27 Балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва пшддати оташе ки хасмҳоро ба коми ҳуд хоҳад кашид. 28 Агар касе шариати Мусоро рад мекард, дар асоси баёноти ду ё се шоҳид бе марҳамат ба қатл расонда мепгуд, 29 Пас, ба гумонатон, сазовори чй қадар ҷазои сахттар хоҳад буд шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва Хуни аҳдро, ки аз он такдис ёфтааст, азиз намедорад ва Рӯҳи файзро таҳқир менамояд? 30 Зеро мо Ӯро мешиносем, ки гуфтааст: "Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд". Ва боз: "Худованд қавми Худро доварӣ хоҳад кард". 31 Ба дасти Худои Ҳай афтодан даҳшатангез аст! 32 АЙеми пештараро ба хотир оваред, ки шумо, баъд аз равшан шудани фикратон, бори гарони укубатҳоро бардоштед, 33 Дар ҳолате ки гоҳ худатон дар миёни ҳориҳо ва андӯҳҳо ба тамошогоҳе барои дигарон мубаддал мешудед, гоҳ шарики онҳое мегардидед, ки ба чунин аҳвол дучор шуда буданд; 34 Зеро ки шумо ба занчирҳои ман низ ҳамдардӣ изҳор кардед, ва тороҷи дороии худро бо шодмонӣ қабул кардед, чун медонистед, ки шумо дар осмон молу мулки беҳтар ва бобақое доред. 35 Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад. 36 Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред; 37 Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард. 38 Одил бо имон ҳоҳад зист; ва агар касе рӯй гардонад, ҷони Ман ба вай таваҷҷӯҳ нахоҳад кард. 39 Вале мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд.

Ибриён 11

Роҳҳои имони кадимиен

1 ИМОН эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд. 2 Зеро ки ба василаи он қадимиён шаҳодат пайдо кардаанд. 3 Бо имон мо дарк мекунем, ки оламҳо бо каломи Худо тартиб ёфтааст, ба тавре ки аз чизҳои нонамоён чизҳои намоён ба вуҷуд омадааст.

Замонҳои нахустпадарон

4 Бо имон Ҳобил ба Худо, назар оа Қобил, курбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад. 5 Бо имон Ҳанӯх тавре кӯчонида шуд, ки мамотро надид; ва ӯ пайдо нашуд, чунки Худо ӯро кӯчонид. Зеро ки пеш аз кӯчонида шуданаш шаҳодат пайдо кард, ки ба Худо писанд омадааст. 6 Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод. 7 Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳЙ ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.

Замонҳои саркабилагон

8 Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад. 9 Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагй кард; 10 Зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост. 11 Бо имон худи Соро низ барои қабули насл қувват пайдо кард ва баъд аз фарсудагиаш зоид; зеро Ваъдадиҳандаро амин донист. 12 Бинобар ин аз як нафар, ки он ҳам мисли беҷон буд, ончунон бисьёр зоида шуданд, чунон ки ситораҳои осмон бисьёр аст, ва чунон ки реги лаби баҳр бешумор аст. 13 Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд; 14 Зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд. 15 Ва агар ватанеро, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоварданд, фурсат доштанд, ки баргарданд; 16 Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст. 17 Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд, 18 Ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд: "Насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд"; 19 Зеро ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст аз мурдагон низ эҳьё кунад; ба ин сабаб Исҳоқ ба таври тимсол аз мурдагон ба ӯ баргардонида шуд. 20 Бо имон Исҳоқ Яъқуб ва Эсовро барои оянда низ баракат дод. 21 Бо имон Яъқуб, пеш аз мурданаш, ҳар писари Юсуфро баракат дод ва бар сари асои худ такья намуда, саҷда кард. 22 Бо имон Юсуф, дар вакти вафоташ, хуруҷи банӣИсроилро зикр намуд ва дар бораи устухонҳои худ васият кард.

Замонҳои Мусо ва Еҳушаь ибни Нун

23 Бо имон падару модари Мусо ӯро, чун таваллуд шуд, се моҳ пинҳон доштанд, зеро диданд, ки кӯдаки зебост, ва аз амри подшоҳ натарсиданд. 24 Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки гшсари духгари фиръавн хонда шавад, 25 Ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донкст аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад, 26 Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт. 27 Бо имон ӯ Мисрро тарк кард ва аз ғазаби подшоҳ натарсид; зеро ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд. 28 Бо имон ӯ фисҳ ва пошидани хунро ба амал овард, то ки несткунандаи нахустзодагон ба онҳо даст нарасонад. 29 Бо имон онҳо аз баҳри Қулзум, чун аз хупгкй, гузаштанд, вале вақте ки мисриён ба гузаштан ҳаракат карданд, ғарқ шуданд. 30 Бо имон деворҳои Ериҳӯ пас аз даврзании ҳафтрӯза фурӯ ғалтид. 31 Бо имон Роҳоби фоҳиша, ки ҷосусонро ба саломатӣ қабул карда буд, бо исьёнгарон ба ҳалокат нарасид.

Дертарин таърихи Исроил

32 Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя камекуиад барои он ки дар бораи "Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям, 33 Ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мусаххар карданд, адлро ба амал оварданд, ба ваъдаҳо муваффақ шуданд, даҳони шеронро бастанд, 34 Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд,аз заъф бокувват шуданд,дар ҷанг кавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд; 35 Занон мурдаҳои худро эҳьешуда ёфтанд; вале дигарон аз шиканҷа нобуд шудағд ва озодиро қабул накарданд, то ки ба эҳьёи беҳтаре ноил гарданд; 36 Ва баъзеи дигарон ҳақоратҳо ва шаллоқро, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз сар гузаронданд. 37 Сангсор шудаид, бо арра дупора гардиданд, ба шиканҷа гирифтор шуданд, аз дами шамшер мурданд; пӯстҳои гӯсфағду буз дар тан сарсону саргардон шуда, мӯҳточӣ, тангӣ ва уқубат кашиданд; 38 Онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар мағораҳо ва дараҳои замин овора шуда гапгтанд. 39 Ва ҳамаи онҳо, ки ба хотири имон шӯҳрат пайдо карда буданд, ваъдаро сохиб нашуданд, 40 Чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то ки онҳо бе мо комил нагарданд.

Ибриён 12

Роҳи имони масеҳиён дар замонҳои уқубатҳо ва ҳарбу зарбҳо

1 БИНОБАР ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давондавон таЙ кунем 2 Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар Дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиной намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст. 3 Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед. 4 Дар талоши зидди гуноҳ шумо ҳанӯз то ба дараҷаи рехтани хун муқобилият накардаед 5 Ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардаед: "Эй писарам! Ба ҷазои Худованд беэътиноӣ накун, ва ҳангоме ки Ӯ туро мазаммат намояд, маъюс нашав; 6 "Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медидиҳад; ҳар писари писандидаи Худро мезанад". 7 Агар ба ҷазо тоб оваред, Худо бо пгумо, чун бо писарон, рафтор мекунад. Зеро, оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад? 8 Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насибаи ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон. 9 Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонй ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар итоат намоем, то ки зист кунем? 10 Зеро ки онҳо моро ба салоҳдиди худашон барои айёми андак ҷазо медоданд, аммо Ӯ ин корро ба манфиати мо, то ки дар қудсияти Ӯ ширкат дошта бошем, анҷом медиҳад. 11 Ҳар ҷазо дар замони ҳозира ба назари кас на шодй, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи адолатро меоварад.

Бе қудсият ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид.

Дар бораи ҷалоли Ахди Ҷадид

12 Пас, дастҳои беқувват ва зонуҳои бемаҷолро қавй кунед 13 Ва барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед, то он чи мелангад, бероҳа нагардад, балки ба хубӣ шифо ёбад. 14 Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид, 15 Ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вучуд омада, осеб расонад, ва бисьёр касон аз он палид шаванд, 16 Мабодо зинокоре ё осие ёфт шавад, ки мисли Эсов барои як таом аз нахустзодагии худ даст кашад. 17 Зеро шумо медонед, ки баъд аз он ӯ, чун хост вориси баракат гардад, рад карда шуд: тафаккури падарро дигаргун карда натавонист, гарчанде ки дар ин ҳусус ашк рехта илтимос намуд. 18 Шумо наздик наомадаед ба кӯҳе ки ламсшаванда ва оташфишон аст, ба торикй ва зулмот ва тундбод, 19 Ё ба овози карнай ва садои суханон, ки пгунавандагонаш илтимос карданд, ки ба онҳо дигар сухане гуфта нашавад, 20 Зеро ба он тоб оварда натавонистанд, ки амр фармуда шуда буд: "Агар ҳайвоне низ ба кӯҳ бирасад, сангсор ё тирборон хоҳад шуд". 21 Ва ин манзара он қадар даҳшатангез буд, ки Мусо гуфт: "Ман тарсону ларзон шудам". 22 Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои Ҳай, ба Ерусалими осмонӣ ва беварҳои фариштагон, 23 Ва ба анҷумани пуртантана ва Калисои нахустзодагоне ки дар афлок навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба арвоҳи одилоне ки ба камол расидаанд, 24 Ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди ҷадид аст, ва ба Хуни пошиданй, ки назар ба хуни Ҳобил хубтар сухан мегӯяд. 25 Бохабар бошед, ки шумо низ аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро, агар онҳое ки бар замин ба сухангӯ гӯш наандохтанд, аз ҷазо раҳо нашудаанд, пас алалхусус мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо наҳоҳем игуд. 26 Дар он вакт овози Ӯ заминро ба ларза андохта буд, ва Ӯ ҳоло чунин ваъда додааст: "Боз як бори дигар на танҳо заминро, балки осмонро низ ба ларза хоҳам андохт". 27 Ибораи "боз як бори дигар" маънои онро дорад, ки чизҳое ки ба ларза меафтад, ҳамчун чизҳои офаридашуда, аз миён хоҳад рафт, то чизҳое ки ба ларза намеафтад, боқӣ монад. 28 Пас мо малакутеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро маҳфуз хоҳем дошт ва бо он Худоро ба таври писандида бо таъзиму такрим ва тарс ибодат хоҳем кард, 29 Чунки Худои мо оташи фурӯбаранда аст.

Ибриён 13

Пандҳо ва баракоти хотимавии ҳавворй барои имондорон

1 БИГЗОР бародардӯстӣ барқарор бошад. 2 Меҳмоннавозиро фаромӯщ накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд. 3 Бандиёнро ба ёд оваред, гӯё ки шумо низ бо онҳо дар занҷирҳо бощед, ва ситамкашонро, мисли он ки худатон бо онҳо як ҷисм мебощед. 4 Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойҳоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард. 5 Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: "Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт", 6 Бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: "Худовағд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?" 7 Сардорони худро, ки каломи Худоро ба шумо мавъиза кардаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед. 8 Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст. 9 Ба таълимоти гуногун ва бегона моил нашавед; зеро хуб аст, ки дилҳо бо файз қавӣ гардад, на бо таомҳо, ки аз онҳо касони пурхӯр манфиате надидаанд. 10 Мо қурбонгоҳе дорем, ки хизматгузорони хайма ҳақ надоранд аз он чизе бихӯранд. 11 Часади ҳайвоноте ки хунашонро саркоҳин барои кафорати гуноҳ ба қудс меоварад, берун аз бошишгоҳ сӯзонида мешавад, - 12 Бинобар ин Исо низ, барои он ки одамонро бо Хуни Худ тақдис намояд, берун аз дарвоза уқубат кашид. 13 Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем; 14 Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем. 15 Бинобар ин ҳамеша ба василаи Ӯ қурбонии пгукронаро ба Худо тақдим менамоем, яъне самараи лабҳоеро, ки ба исми Ӯ ҳамду сано мехонанд. 16 Инчунин инсондӯстӣ ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд. 17 Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебощанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодй ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест, 18 Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро мо яқин медонем, ки виҷдони нек дорем, чунки дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем. 19 Ва махсусан ба ҷо овардани инро илтимос менамоям, то ки ман зудтар назди шумо баргардонида шавам. 20 Ва Худои осоиштагӣ, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон - Исои Худованди моро бо хуни аҳди абадӣ аз мурдагон ба по хезонд, 21 Бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин. 22 Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ки ба шумо мухтасар низ навиштаам. 23 Бидонед, ки бародари мо Тимотиюс озод шуд; ва агар ӯ зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо хоҳам омад. 24 Ба ҳамаи сардорони худ ва ба ҳамаи муқаддасон салом расонед. Итолиявиён ба шумо салом мерасонанд. 25 Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.

Ваҳйи 1

Хушо касе ки суханони ин нубувватро мехонад ва мешунавад

1 ВАҲЙИ Исои Масеҳ, ки Худо ба Ӯ ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки ба қарибй чиҳо бояд ба вукӯь ояд. Ва Ӯ онро ба воситаи фариштаи Худ ба бандаи Худ Юҳанно фиристода, зоҳир сохт, 2 Ки вай ба каломи Худо, ва ба шаҳодати Исои Масеҳ, ва ба ҳар чизе ки дида буд, гувоҳӣ дод. 3 Хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин нубувватро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст.

Исо бо абрҳо меояд, ва Ӯро ҳар чашм хоҳад дид

4 Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо бод аз ҷониби Ӯ, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд, 5 Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосй дод, 6 Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худо ва Падари Худ гардонд, то абад ҷалол ва салтанат бод! Омин. 7 Инак, Ӯ бо абрҳо меояд, ва Ӯро ҳар чапгм хоҳад дид, ва онҳое низ, ки Ӯро найза заданд; ва ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар ҳаққи Ӯ навҳа хоҳанд кард. Оре, омин. 8 «Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам», мегӯяд Худованд, Он ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, Худованди Қодири Мутлақ.

Рӯъё дар Патмӯс

9 Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики андӯҳ ва малакут ва сабри Исои Масеҳ ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмӯс будам. 10 Ва дар рӯзи Худованд дар Рӯҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт: «Ман Алфа ва Омега, Аввалин ва Охирин ҳастам; 11 «Он чи мебинӣ, дар китобе бинавкс ва ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд, бифиркст: ба Эфсӯс, ва Исмирно, ва Парғомус, ва Тиётиро, ва Сардис, ва Филоделфия, ва Лудкия». 12 Ман руҷӯъ намудам, то овозеро, ки ба ман сухан мегуфт, бубинам; ва чун руҷӯъ намудам, ҳафт чароғдони тилло Дидам, 13 Ва дар миёни ҳафт чароғдон касеро монанди Писари Одам, ки камзӯли дарозе дар бар дошт ва бар синааш камарбанди тилло баста буд; 14 Сари Ӯ ва мӯи Ӯ мисли пашм ё барф сафед буд; ва чашмони Ӯ мисли шӯълаи оташ; 15 Ва пойҳои Ӯ монанди мисе ки дар кӯра сурх шуда бошад; ва овози Ӯ мисли шувваси обҳои бксьёр; 16 Ва Ӯ дар дасти рости Худ ҳафт ситора дошт, ва аз даҳони Ӯ шамшери дудама берун меомад; ва рӯи Ӯ мисли офтобе буд, ки дар қувваташ медурахшад. 17 Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам Аввалин ва Охирин 18 «Ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дӯзах вамамот дар дасти Ман аст.

Сирри рӯъё

19 «Пас бинавис он чи ту Дидаӣ, ва он чи ҳаст, ва он чи баъд аз ин бояд ба вуқӯъ ояд. 20 «Сирри ҳафт ситорае ки дар дасти рости Ман дидй, ва ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт калисо ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт калисо мебошанд».

Ваҳйи 2

Нома ба калисои Эфсус.

(Норасогии муҳаббат)

1 «БА фариштаи калисои Эфсӯс бинавис: Ӯ, ки дар дасти рости Худ ҳафт ситора дорад ва дар миёни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегӯяд: 2 "Аъмоли туро медонам, ва меҳнати туро, ва сабри туро, ва ин ки ту ба шарирон наметавонй тоб оварӣ, ва онҳоеро, ки худро ҳавворй меноманд, вале чунин нестанд, имтиҳон кардаӣ ва онҳоро дурӯғгӯ ёфтаӣ; 3 "Ва сабр дорӣ, ва барои исми Ман бисьёр чизҳоро аз сар гузарондаӣ, ва бемадор нагаштаӣ. 4 "Аммо иддаое бар ту дорам, ки муҳаббати аввалини худро тарк кардаӣ. 5 "Пас ба ёд ор, ки аз куҷо афтодаӣ, ва тавба кун ва аъмоли пештараро ба ҷо овар; вагар на, ба зудй назди ту меоям ва чароғдонатро аз ҷояш меҷунбонам, агар тавба накунй. 6 "Лекин фазилати ту ин аст, ки аз аъмоли николосиён нафрат дорӣ, ки Ман низ аз аъмоли онҳо нафрат дорам. 7 "Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз дарахти ҳаёте ки дар биҳишти Худост, бихӯрад"».

Нома ба калисои Исмирио.

(Таъқиботи яҳудиёни имондор)

8 «Ва ба фариштаи калисои Исмирно бинавис: Аввалин ва Охирин, ки мурда буд ва зинда шуд, чунин мегӯяд: 9 "Аъмоли туро медонам, ва андӯҳи туро, ва бенавоии туро, - валекин ту сарватдор ҳастӣ, - ва куфри онҳоеро, ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки куништи шайтонанд. 10 "Аз машаққатҳое ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро аз миёни шумо дар зиндон хоҳад андохт, то ки нгуморо биозмояд, ва шумо даҳ рӯз дар андӯҳ хоҳед афтод. То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод. 11 "Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, аз мамоти дуюм зараре нахоҳад дид"».

Нома ба калисои Парғомус.

(Дар миёни имондорон николосиён ҳастанд)

12 «Ва ба фариштаи калисои Парғомус бинавис: Ӯ, ки шамшери дудама дорад, чунин мегӯяд: 13 "Аъмоли туро медонам, ва маскани туро, ки тахти шайтон дар он ҷост; ва ту исми Маро маҳкам нигоҳ доштаӣ ва ҳатто дар айёме ки шоҳиди амини Ман Антипас дар миёни шумо, дар ҷое ки шайтон сокин аст, кушта шуд, имони Маро тарк накардаӣ. 14 "Аммо иддаои каме бар ту дорам, чунки дар он ҷо назди ту пайравони таълимоти Билъом ҳастанд, ки вай Болоқро таълим дода буд, ки дар сари роҳи банӣИсроил дом ниҳад, то ки онҳо курбониҳои бутҳоро бихӯранд ва зино кунанд. 15 "Ҳамчунин назди ту пайравони таълимоти николосиён ҳастанд, ки аз он таълимот Ман нафрат дорам. 16 "Пас тавба кун, вагар на, ба зудй назди ту хоҳам омад ва бо шамшери забони Худ бо онҳо ҷанг хоҳам кард. 17 "Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолкб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз манни ниҳонӣ бихӯрад; ва ба вай санги сафеде хоҳам дод, ва бар ин санг исми наве навишта шудааст, ки онро ҳеҷ кас намедонад, ҷуз касе ки онро гирифтааст"».

Нома ба калисои Тиётиро.

(Он чи доред, маҳкам нигоҳ доред)

18 «Ва ба фариштаи калисои Тиётиро бинавис: Писари Худо, ки чашмонаш мисли шӯълаи оташ аст, ва пойҳояш мисли миси барроқ аст, чунин мегӯяд: 19 "Аъмоли туро медонам, ва муҳаббати туро, ва ҳизмати туро, ва имони туро, ва сабри туро, ва ин ки аъмоли оҳиринат аз авваликат бештар аст. 20 "Аммо иддаои каме бар ту дорам, зеро ба зане Изобал ном, ки худро набия меномад, роҳ медиҳӣ; вай бандагони Маро таълим дода, дар иштибоҳ меандозад, то ки онҳо зино кунанд ва қурбониҳои бутҳоро бихӯранд. 21 "Ман ба вай фурсат додам, ки аз зинокории худ тавба кунад, валекин ваи тавба накард. 22 "Инак, Ман вайро бар бистаре меандозам, ва онҳоеро, ки бо вай зино мекунанд, гирифтори андӯҳи азиме мегардонам, агар аз аъмоли худ тавба накунанд. 23 "Ва фарзандони ваиро ба қатл мерасонам, ва ҳамаи калисоҳо хоҳанд донист, ки Ман Имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастам, ва ба ҳар яке аз шумо мувофиқи аъмолаш подош хоҳам дод. 24 "Валекин ба шумо ва касони дигаре ки дар Тиётиро ҳастанд, ва ҳамаи онҳое ки ин таълимотро пайравӣ накардаанд ва, чунон ки мегӯянд, аз умқҳои шайтон хабар надоранд, мегӯям: бар шумо бори дигаре намегузорам; 25 "Фақат он чи доред, маҳкам нигоҳ доред, то даме ки биёям. 26 "Ва касе ки голиб ояд ва аъмоли Маро то ба охир риоят кунад, ба вай бар халқҳо қудрат хоҳам бахшид, 27 "Ва онҳоро вай бо асои оҳанин чӯпонӣ хоҳад кард, ва онҳо мисли кӯзаи кулол ҳоҳанд шикаст, - чунон ки Ман низ аз Падари Худ қудрат ёфтаам. 28 "Ва ба вай ситораи субҳро ато хоҳам кард. 29 "Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд"».

Ваҳйи 3

Нома ба калисои Сардис.

(Касе ки голиб ояд, либоси сафед дар бар хоҳад кард)

1 «ВА ба фариштаи калисои Сардис бинавис: Ӯ, ки ҳафт рӯҳи Худо ва ҳафт ситора дорад, чунин мегӯяд: "Аъмоли туро медонам; агарчи ту ном дорӣ, ки зинда ҳастӣ, валекш: мурда ҳастӣ. 2 "Бедор бош ва бақиятеро, ки наздик ба мурдан аст, устувор намо, зеро ки Ман аъмоли туро дар пеши Худои Худ комил наёфтаам. 3 "Ба ёд ор, ки он чи дорӣ, чӣ гуна ёфтаӣ ва чй гунашунидаӣ, ва онро нигоҳдорӣ намо ва тавба кун. Ва агар бедор набошӣ, Ман мисли дузд бар сари ту ҳоҳам омад, ва ту нахоҳӣ донист, ки дар кадом соат бар сари ту меоям. 4 "Валекин назди ту дар Сардис якчанд нафар ҳастанд, ки либоси худро палид накардаанд ва дар либоси сафед бо Ман ҳоҳанд гашт, чунки онҳо сазовори ин мебошанд. 5 "Касе ки ғолиб ояд, либоси сафед дар бар ҳоҳад кард; ва Ман номи вайро аз дафтари ҳаёт пок нахоҳам кард ва номи вайро ба ҳузури Падари Худ ва ба ҳузури фариштагони Ӯ эътироф хоҳам кард. 6 "Ҳар кӣ гӯш дорад, бипшавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чй мегӯяд"».

Нома ба калисои Филоделфия.

(Касе ки ғолиб ояд, Худованд вайро рукне дар маъбади Худо мегардонад)

7 «Ва ба фариштаи калисои Филоделфия бинавис: он Куддус ва Ҳақ, ки калиди Довудро дорад, ки мекушояд - ва ҳеҷ кас нахоҳад баст, ва мебандад - ва ҳеҷ кас нахоҳад кушод, чунин мегӯяд: 8 "Аъмоли туро медонам; инак, Ман дареро барои ту кушодаам, ва ҳеҷ кас наметавонад онро бандад; ту куввати каме дорй, ва каломи Маро риоят намудаӣ, ва исми Маро инкор накардай. 9 "Инак, Ман тавре амал мекунам, ки аз куништи шайтон, аз онҳое ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки дурӯғ мегӯянд, - инак, Ман тавре амал мекунам, ки онҳо омада, пеши пойҳои ту таъзим намоянд ва бидонанд, ки Ман туро дӯст доштаам: 10 "Ва азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудаӣ, Ман низ туро аз соати озмоиш нигоҳдорӣ хоҳам кард, ки он бар тамоми ҷаҳон хоҳад омад, то ки сокинони рӯи заминро имтиҳон кунад. 11 "Инак, ба зудӣ меоям; он чи дорӣ, маҳкам нигоҳ дор, то ки касе тоҷи туро нагирад. 12 "Касе ки ғолиб ояд, вайро дар маъбади Худои Худ рукне хоҳам гардонд, ва дигар вай берун нахоҳад рафт; ва исми Худои Худро ва исми шаҳри Худои Худро, яъне Ерусалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои Ман нузул мекунад, ва исми нави Худро бар вай хоҳам навишт. 13 "Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чй мегӯяд"».

Нома ба калисои Лудкия.

(Ғаюр бош ва тавба кун)

14 «Ва ба фариштаи калисои Лудкия бинавис: Омин, ки шоҳиди амин ва ҳақ, ибтидои хилқати Худост, чунин мегӯяд: 15 "Аъмоли туро медонам; ту на сард ҳастӣ на гарм; о, кошки ту сард ё гарм мебудй! 16 "Лекин азбаски ту ширгарм ҳастӣ, яъне на гарм ва на сард, бинобар ин туро аз даҳони Худ қай хоҳам кард. 17 "Зеро ки ту мегӯӣ: «Ман сарватдор ҳастам, сарват ғун кардаам ва ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорам»; аммо намедонй, ки ту бадбахт ва ҳақир ва мкскин ва нобино ва бараҳна ҳастӣ. 18 "Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо бихарй, то ки сарватдор шавӣ; ва либоси сафедро, то ки бипӯшӣ, ва расвоии бараҳнагии ту аён нашавад; ва сурмаро, то ки ба чашмони худ кашида, бино шавӣ. 19 "Ҳар киро Ман дӯст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун. 20 "Инак, назди дар истода, тақтақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада, бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо Ман. 21 "Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахти Ман биншинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам. 22 "Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегуяд"».

Ваҳйи 4

Худое ки бар тахт нишастааст

1 БАЪД аз ин ман назар андохтам, ва инак, даре бар осмон кушода шуд, ва он овози пештара, ки ҳамчун садои карнай шунида будам, ки бо ман сухан меронд, гуфт: «Ба ин ҷо сууд намо, то он чиро, ки баъд аз ин бояд ба вуқӯъ ояд, ба ту нишон диҳам». 2 Ва дарҳол ман дар Рӯҳ шудам; ва инак, тахте дар осмон меистод, ва бар тахт Нишинандае буд; 3 Ва намуди Он Нишинанда монанди санги яшм ва ақиқ буд, ва рангинкамоне гирдогирди тахт, ва намуди он монанди зумуррад.

Пироне ки бар тахтҳо нишастаанд

4 Ва гирдогирди тахт бисту чор тахт; ва бар тахтҳо бисту чор пирро нишаста Дидам, ки либосҳои сафед дар бар карда буданд ва бар сарҳошон тоҷҳои тилло доштанд. 5 Ва аз тахт барқҳо ва раъдҳо ва овозҳо мебаромаданд, ва ҳафт машъали оташин дар пеши тахт фурӯзон буданд, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо мебошанд.

Чор ҳайвоне ки Қодири Мутлакро ҷалол медиҳанд

6 Ва дар пеши тахт баҳре аз шиша, монанди булӯр; ва дар миёнаи тахт ва гирдогирди тахт чор ҳайвон, ки аз пеш ва аз пас пур аз чашмон буданд. 7 Ва ҳаивони якум монанди шер, ва ҳайвони дуюм монанди гӯсола, ва хайвони сеюм қиёфае мисли одам дошт, ва ҳайвони чорум монанди уқобе ки дар парвоз бошад. 8 Ва ҳар яке аз он чор ҳайвон гирдогирд шаш бол дошт, ва онҳо аз дарун пур аз чашмонанд, ва шабу рӯз ором нагирифта, мегӯянд: «Қуддус аст, куддус аст, куддус аст Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ӯ буд, ҳаст ва ҳоҳад омад».

Ҳайвонҳо ва пирон ба Худои ҷовидонӣ саҷда мекунанд

9 Ва ҳангоме ки он ҳайвонҳо ба Нишинандаи тахт, ки то абад Зинда аст, ҷалол ва шавкат ва сипос медиҳанд, - 10 Он бисту чор пир пеши Нишинандаи тахт афтода, ба Ӯ, ки то абад Зинда аст, саҷда мекунанд, ва тоҷҳои ҳудро пеши таҳт гузошта, мегӯянд: 11 «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастй, ки ҷалол, шавкат ва кудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст».

Ваҳйи 5

Китобе ки бо ҳафт муҳр баста шудааст

1 ВА дар дасти рости Нишинандаи тахт китобе дидам, ки аз дарун ва аз берун навишта ва бо ҳафт мӯҳр баста шуда буд. 2 Ва фариштаи қавие дидам, ки бо овози баланд нидо мекунад:«Кист сазовори он ки ин китобро воз кунад ва мӯҳрҳои онро бардорад?» 3 Ва ҳеҷ кас на дар осмон, на бар замин, на дар зери замин натавонист он китобро воз кунад ва ба он назар андозад. 4 Ва ман бисьёр гиристам дар бораи он ки ҳеҷ каси сазоворе ёфт нашуд, ки он китобро воз карда хонад ё лоақал ба он назар андозад.

Барраи Худо, Масеҳ китобро мекушояд

5 Ва яке аз он пирон ба ман гуфт: «Гирья накун; инак, шере аз сибти Яҳудо, ки решаи Довуд аст, ғолиб омад, то китобро воз кунад ва ҳафт мӯҳри онро бардорад». 6 Ва назар андохтам, ва инак, дар миёнаи тахт ва он чор ҳайвон ва дар миенаи он пирон Баррае, мисли забҳшуда, истодааст ва ҳафт шох ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд. 7 Ва Ӯ омада, китобро аз дасти рости Нишинандаи тахт гирифт.

Хайвонҳо ва пирон суруди наве барои Барра мехонанд

8 Ва ҳангоме ки Ӯ китобро гирифт, он чор ҳайвон ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд, дар ҳолате ки ҳар яке барбатҳо ва косаҳои тиллои пур аз бухур дошт, ки онҳо дуоҳои муқаддасон ҳастанд; 9 Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастй, ки китобро воз кунӣ ва мӯҳрҳоро аз он бардорй; зеро ки Ту забҳ шудй ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ, 10 «Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд».

Фариштагон Барраро чалол медиҳанд

11 Ва дидам, ва овози фариштагони бисьёрро шунидам, ки гирдогирди тахт ва он ҳайвонҳо ва пирон буданд, ва шумораи онҳо беварҳобевар ва ҳазорҳоҳазор буд, 12 Ки бо овози баланд мегуфтанд: «Барраи забҳшуда сазовори он аст, ки қудрат, ва сарват, ва ҳикмат, ва қувват, ва шавкат, ва ҷалол, ва баракат биёбад».

Коинот Нишинандаи тахт ва Барраро ҳамду сано мегӯяд

13 Ва ҳар офаридае ки дар осмон, ва бар замин, ва дар зери замин, ва дар баҳр аст, ва ҳар он чи дар онҳост, шунидам, ки мегуфт: «Нишинандаи тахт ва Барраро баракат ва шавкат ва ҷалол ва салтанат бод то абад». 14 Ва он чор ҳайвон гуфтанд: «Омин». Ва он бисту чор пир афтода, ба Ӯ, ки то абад Зинда аст, саҷда карданд.

Ваҳйи 6

Мӯҳри якум - саворе бар аспи сафед

1 ВА дидам, ки Барра яке аз ҳафт мӯҳрро бардошт, вашунидам,киякеаз он чор ҳайвон бо овози монанди раъд мегӯяд: «Биё ва бубин». 2 Ва назар андохтам, ва инак, аспи сафед, ва бар он - саворе ки камон дорад, ва ба ӯ тоҷ дода шудааст: ва ӯ галабакунон берун омад, то ғалаба кунад.

Мӯҳри дуюм - аспи куранд (осоиштагӣ аз замин гирифтга шуд)

3 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри дуюмро бардошт, ҳайвони дуюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин». 4 Ва астш дигари куранд берун омад, ва ба савори он ихтиёр дода шудааст, ки осоиштагиро аз замин бигирад, то ки якдигарро ба қатл расонанд; ва ба вай шамшери бузурге дода шудааст.

Мӯҳри сеюм - саворе бар аспи сиёҳмушкин (ҳаҳтй)

5 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри сеюмро бардошт, ҳайвони сеюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин». Ва назар андохтам, ва инак, аспи сиёҳмушкин, ва савори он дар дасташ тарозуе дорад. б. Ва овозе аз миёни он чор ҳайвон шунидам, ки мегӯяд: «Як андозаи гандум ба як динор, ва се андозаи ҷав ба як динор; вале ба равғани зайтун ва шароб зарар нарасон».

Мӯҳри чорум - саворе бар аспи саманд (мамот)

7 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри чорумро бардошт, овози ҳайвони чорумро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин». 8 Ва назар андохтам, ва инак, аспи саманд, ва бар он - саворе ки номаш мамот аст; ва дӯзах аз қафояш меомад, ва ба вай ихтиёри чорьяки замин дода шудааст, то ки бо шамшер ва қаҳтй, ва бо вабо ва ҳайвоноти ваҳшии замин одамонро бикушад.

Мӯҳри панчум - риёзаткашон дар таги қурбонгоҳ

9 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри панчумро бардошт, дар таги курбонгоҳ ҷонҳои онҳоеро, ки барои каломи Худо ва барои шаҳодате ки доштанд, кушта шуда буданд, дидам. 10 Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд: «То ба кай, эй Парвардигори Қуддус ва Ҳақ, доварй намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?» 11 Ва ба ҳар яке аз онҳо либоси сафед дода шуд, ва ба онҳо гуфта шуд, ки боз муддати каме ором бошанд, то даме ки шумораи онҳо ва ҳамкорони онҳо ва бародарони онҳо, ки мисли онҳо кушта хоҳанд шуд, пурра шавад.

Муҳри шашум - ғазаби Барра (ҳодисаҳои пурдаҳшати табиат)

12 Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри шашумро бардошт, назар андохтам, ва инак, заминҷунбии азиме ба вуқӯъ омад, ва офтоб мисли палоси пашмин сиёҳ шуд, ва моҳтоб мисли хун гашт; 13 Ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, мисли дарахти анҷире ки аз шамоли сахт ҷунбиш карда, анҷирҳои хоми худро мепартояд; 14 Ва осмон мисли тӯморе печида, нопадид шуд; ва ҳар кӯҳ ва ҷазира аз ҷои худ ҷунбид; 15 Ва подшоҳони замин, ва олиҷоҳон, ва сарватдорон, ва мириҳазорон, ва зӯроварон, ва ҳар ғулом ва озод дар мағораҳо ва дараҳои кӯҳҳо пинҳон щуданд, 16 Ва ба кӯҳҳо ва сангҳо мегӯянд: «Бар мо биафтед ва моро аз ҳузури Нишинандаи тахт ва аз ғазаби Барра пинҳон кунед; 17 «Зеро ки рӯзи бузурги ғазаби Ӯ омадааст, ва кист, ки битавонад истодагй намояд?»

Ваҳйи 7

Пеш аз бардошпгани муҳри ҳафтум - муҳр бар пешонии бан дагони Худо

1 ВА баъд аз ин чор фариштаи дар чор гӯшаи замин истодаро дидам, ки чор боди заминро нигоҳ медоштанд, то ки ба замин, ба баҳр ва ба ҳеҷ дарахте бод навазад. 2 Ва фариштаи дигаре дидам, ки аз ҷониби тулӯи офтоб сууд менамояд ва мӯҳри Худои Ҳайро дорад. Ва бо овози баланд ба чор фариштае ки вазифаашон ба замину баҳр зарар расондан буд, нидо карда, мегӯяд: 3 «Ба замин, ба баҳр, ба дарахтон зараре нарасонед, то даме ки бар пешонии бандагони Худои мо мӯҳр занем».

Начотьёфтагон аз дувоздаҳ сибти Исроил

4 Ва шумораи мӯҳр зада шудагонро шунидам: саду чилу чор ҳазор мӯҳр зада шудагон аз ҳамаи сибтҳои банӣИсроил: 5 Аз сибти Яҳудо дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Реубен дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти "Ҷод дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; 6 Аз сибти Ошер дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Нафтолй дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Менашше дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; 7 Аз сибти Шимъӯн дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Левӣ дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Иссокор дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; 8 Аз сибти Забулун дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Юсуф дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Биньёмин дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон.

Имондорон аз миёни ҳамаи қавмҳо аз азоби азим начот хоҳанд ёфт

9 Баъд аз ин ман назар андохгам, ва инак, анбӯҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши таҳт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд. 10 Ва онҳо бо овози баланд нидо карда, мегӯянд: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!» 11 Ва ҳамаи фариштаҳо гирдогирди тахт ва он пирон ва чор ҳайвон меистоданд, ва пеши таҳт бар рӯи худ афтода, ба Худо саҷда карданд, 12 Ва гуфтанд: «Омин! Баракат, ва ҷалол, ваҳикмат, ва сипос, ва шавкат, ва кудрат, ва қувват то абад аз они Худои мо бод! Омин». 13 Ва яке аз он пирон ба сухан оғоз карда, аз ман пурсид: «Ин сафедпӯшон кистанд, ва аз куҷо омадаанд?» 14 Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд; 15 «Бинобар ин онҳо дар пеши тахти Худо меистанд ва шабу рӯз дар маъбади Ӯ ба Ӯ хизмат мекунанд, ва Нишинандаи тахт дар миёни онҳо сокин хоҳад буд; 16 Юнҳо дигар гурусна ва ташна нахоҳанд монд, ва онҳоро офтоб ва ҳеҷ гармо нахоҳад сӯзонд: 17 «Зеро Баррае ки дар миёнаи тахт аст, онҳоро чӯпонӣ хоҳад кард, ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд, ва Худо ҳар ашкро аз чашмонашон пок хоҳад кард».

Ваҳйи 8

Муҳри ҳафгпум - хомушӣ

1 ВА ҳангоме ки Ӯ мӯҳри ҳафтумро бардошт, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ барқарор шуд.

Шаш карнаи аввалин. Фаришта бо мачмари тилло дуоҳои ҳамаи муқаддасонро ба забон меронад

2 Ва ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шудааст. 3 Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бксьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад. 4 Ва дуди буҳур бо дуоҳои муқаддасон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо сууд намуд. 5 Ва фаришта маҷмарро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, вабар замин партофт; ва садоҳо, ва раъдҳо ва барқҳо, ва заминҷубй ба вуқӯъ омад. 6 Ва он ҳафт фариштае ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан тайёр шуданд.

Карнаи якум - жола ва оташ омехта бо хун.

7 Фариштаи якум карнай кавоҳт, ва жола ва оташ омехта бо хун ба вуҷуд омад, ва ба замин борид; ва сеяки дарахтон сӯхт, ва тамоми алафи сабз сӯхт.

Карнаи дуюм - кӯҳи азими оташ дар баҳр сарнагун шуд

8 Фариштаи дуюм карнай навохт, ва чизе монанди кӯҳи азими оташ дар баҳр сарнагун шуд; ва сеяки баҳр ба хун мубаддал гашт, 9 Ва сеяки махлуқоти ҷондори баҳр мурданд, ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.

Карнаи сеюм - ситораи «Явшон»

10 Фариштаи сеюм карнай навохт, ва аз осмон ситораи бузурге афтод, ки монанди машъал фурӯзон буд, ва он бар сеяки дарьёҳо ва бар чашмаҳои обҳо афтод. 11 Ва номи ин ситора Явшон буд; ва сеяки обҳо ба явшон мубаддал гашт, ва бисьёре аз одамон аз обҳо мурданд, чунки обҳо талх шуда буд.

Карнаи чорум ва сеяки офтоб, моҳтоб ва ситораҳо зарар мерасонад

12 Фариштаи чорум карнай навохт, ва сеяки офтоб ва сеяки моҳтоб ва сеяки ситораҳо зарар дид, ба тавре ки сеяки онҳо торик шуд, ва сеяки рӯз, - ва ҳамчунин шаб, - равшан набуд. 13 Ва як фариштаро дидам ва шунидам, ки дар миёнаи осмон парвоз карда, бо овози баланд мегӯяд: «Вой, вой, вой бар ҳоли сокинони замин аз садоҳои дигари карнайҳои се фаришта, ки хоҳанд навоҳт!»

Ваҳйи 9

Карнаи панчум - малахҳо ва фариштаҳои варта

1 ФАРИШТАИ панҷум карнай навохт, ва ситораи аз осмон ба замин афтодаро дидам, ва ба вай калиди чоҳи варта дода шудааст: 2 Вай чоҳи вартаро воз кард, ва аз чоҳ дуде мисли дуди танӯри бузурге берун омад; ва офтоб ва ҳаво аз дуди чоҳ торик шуд. 3 Ва аз дуд бар замин малахҳо баромаданд, ва ба онҳо он кудрате дода шудааст, ки каждумҳои замин доранд. 4 Ва ба онҳо гуфта шудааст, ки ба алафи замин, ва ба ҳеҷ сабзае, ва ба ҳеҷ дарахте зарар нарасонанд, балки фақат ба одамоне ки бар пешонии шуд мӯҳри Худоро надоранд. 5 Ва ба онҳо ихтиёр дода шудааст, ки одамонро накушанд, балки фақат панҷ моҳ азоб диҳанд; ва азоби онҳо монанди азоби каждум аст, вақте ки одамро заҳр мезанад. 6 Дар он айём одамон толиби марг хоҳанд шуд, вале онро наҳоҳанд ёфт; мурданро орзу хоҳанд кард, вале мамот аз онҳо хоҳад гурехт. 7 Намуди он малахҳо монанди аспҳое буд, ки барои ҷанг ороста шуда бошанд; бар каллаҳошон гӯё ки тоҷҳои тиллое буд, ва рухсорҳошон мисли рухсорҳои одамон; 8 Ва мӯйҳошон мисли мӯйҳои занон, ва дандонҳошон мясли дандонҳои шер; 9 Ва ҷавшанҳошон мисли ҷавшанҳои оҳанин, ва садои болҳошон мисли тақартақари аробаҳои ҷангӣ, вақте ки аспҳои бисьёр ба корзор мераванд; 10 Онҳо думҳое доштанд мисли каждумҳо, ва дар думҳошон - нешҳо, ва қудраташон ин буд, ки ба одамон панҷ моҳ зарар расонанд. 11 Онҳо бар худ подшоҳе доштанд, ки фариштаи варта аст; номи он ба забони ибронӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн аст. 12 Як мусибат гузашт; инак, аз қафои он боз ду мусибат меояд.

Карнаи шашум - чор фариштаи ҳалокатовар

13 Фариштаи шашум карнай навохт, ва аз чор шохи қурбонгоҳи тилло, ки дар пеши Худо истода буд, овозе шунидам, 14 Ки ба фариштаи шашуми карнайдор мегуфт: «Он чор фариштаро, ки назди дарьёи бузурги Фурот дар қайду банд мебошанд, озод намо». 15 Ва он чор фаришта озод гардиданд, ки барои соат ва рӯз ва моҳ ва соли муайян тайёр пгуда буданд, то ки сеяки одамонро бикушанд. 16 Шумораи қӯшуни савора ду бевари беварҳо буд: ман шумораи онро шунидам. 17 Ба ҳамин тариқа ман дар рӯъё аспон ва саворони онҳоро дидам, ки ҷавшанҳое ба ранги оташ ва ёкути зард ва кибрит доштанд; каллаҳои аспон мисли каллаҳои шерон буд, ва аз даҳони онҳо оташ, дуд ва кибрит мебаромад. 18 Аз ин се бало, яъне оташ, дуд ва кибрит, ки аз даҳони онҳо мебаромад, сеяки одамон мурданд; 19 Зеро ки кудрати аспон дар даҳонашон ва дар думҳошон буд; ва думҳошон монанди морҳо буда, калла доштанд, ва ба воситаи онҳо осеб мерасондавд. 20 Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо намурда буданд, аз аъмоли дастҳои худ тавба накарданд, ва ибодати девҳо ва бутҳои тилло, нукра, мис, санг ва ҷӯбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк нанамуданд. 21 Ва онҳо аз одамкушиҳо, ҷодугариҳо, зинокорӣ ва дуздиҳои худ тавба накарданд.

Ваҳйи 10

Фаришта бо китоби кушода

1 ВА фариштаи қавии дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва бо абре фаро гирифта шуда буд, рангинкамоне бар сараш буд ва рухсораш монанди офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин; 2 Дар дасташ китоби кушодае буд. Ва пои росташро бар баҳр гузошт, ва пои чапашро бар замин, 3 Ва бо овози баланд нидо кард, чунон ки шер наъра мекашад; ва ҳангоме ки вай нидо кард, ҳафт раъд бо садоҳои ҳуд сухан гуфтанд. 4 Ва ҳангоме ки ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд, мехостам бинависам; Лекин овозе аз осмон шунидам, ки ба ман мегӯяд: «Он чи ҳафт раъд гуфтанд, мӯҳр зан ва инро нанавис». 5 Ва он фаришта, ки ӯро дидам бар баҳр ва бар замин истода буд, дасташро сӯи осмон бардошт, 6 Ва ба Ӯ, - ки то абад Зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, - қасам ёд кард, ки дигар вақт нахоҳад буд, 7 Балки дар айеме ки садои фариштаи ҳафтум барояд, яъне вақге ки вай карнай навозад, сирри Худо анҷом ҳоҳад ёфт, чунон ки Ӯ ба бандагони Худ - анбиё башорат додааст.

Овозе аз осмон ба нубувват кардан амр мефармояд

8 Ва овозе ки аз осмон шунидам, боз ба ман сухан ронда, гуфт: «Бирав ва китоби кушодаро аз дасти фариштае ки бар баҳр ва бар замин истодааст, бигир». 9 Ва назди фаришта рафта, бавайгуфтам: «Китобро ба ман деҳ». Гуфт: «Онро бигир ва бихӯр; он дар шикамат талх ҳоҳад шуд, аммо дар даҳонат мисли асал ширин ҳоҳад буд». 10 Ва китобро аз дасти фаришта гирифта, ҳӯрдам; ва он дар даҳонам мисли асал ширин буд; лекин вақте ки онро ҳӯрдам, шикамам талҳ шуд. 11 Ва ба ман гуфт: «Ту боз дар бораи қавмҳо, ва қабилаҳо, ва забонҳо, ва подшоҳони бисьёр бояд нубувват кунӣ».

Ваҳйи 11

Андоза кардани маьбад

1 ВА ба ман нае дода шуд, ки монанди асо буд, ва гуфта шуд: «Барҳез ва маъбади Худо ва қурбонгоҳро андоза намо ва касонеро, ки дар он ибодат мекунанд, бишумор; 2 «Вале рӯи ҳавлии маъбадро истисно бикун ва андоза накун, зеро ки он ба ҳалқҳо дода шудааст: онҳо шаҳри муқаддасро чилу ду моҳ поймрл ҳоҳанд кард.

Ду шоҳиди Худо бар замин нубувват мекунанд

3 «Ва ба ду шоҳиди Худ қудрате ато ҳоҳам кард, ва онҳо ҳазору дусаду шаст рӯз нубувват ҳоҳанд намуд, дар ҳолате ки палос дар бар карда бошанд». 4 Инҳо ду дараҳти заитун ва ду чароғдоне ҳастанд, ки дар пеши Худованди замин истодаанд. 5 Ва агар касе бихоҳад онҳоро озор диҳад, аз даҳонашон оташ баромада, душманони онҳоро меҳӯрад; ба ин тариқ, ҳар кӣ бихоҳад онҳоро озор диҳад, кушта мешавад. 6 Онҳо қудрат доранд осмонро бандубаст кунанд, то ки дар рӯзҳои нубувваташон ба замин борон наборад; ва бар обҳо кудрат доранд, ки онҳоро ба хун табдил диҳанд, ва заминро, ҳар вакте ки биҳоҳанд, ба ҳар гуна бало гирифтор кунанд. 7 Ва ҳангоме ки онҳо шаҳодати худро анҷом диҳанд, ҳайвони ваҳшие ки аз варта мебарояд, бо онҳо ҷангида, бар онҳо ғолиб хоҳад омад, ва онҳоро хоҳад кушт. 8 Ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаи шаҳри бузург, ки ба киноя Садӯм ва Миср ном дорад, ва дар он ҷо Худованди мо низ маслуб шудааст, вокеъ хоҳад буд. 9 Ва мардуми зиёде аз қавмҳо, ва сибтҳо, ва забонҳо,. ва қабилаҳо се ва ним рӯз ба ҷасадҳои онҳо назар хоҳанд кард ва нахоҳанд гузошт, ки ҷасадҳои онҳоро ба гӯр супоранд. 10 Ва сокинони ҷаҳон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиркстод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият додаанд. 11 Валекин баъд аз се ва ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо андаруни онҳо дохил шуд, ва ҳар дуяшон ба по бархостанд; ва касонеро, ки ба онҳо назар мекарданд, тарси азиме фаро гирифт. 12 Ва онҳо овози баланде аз осмон шуниданд, ки ба онҳо мегуфт: «Ба ин ҷо сууд кунед». Ва онҳо бар абр ба осмон сууд карданд; ва душмаконашон ба онҳо назар мекарданд.

Заминчунбии азим

13 Ва дар ҳамон соат заминҷунбии азиме рӯй дод, ва даҳьяки шаҳр фурӯ ғалтид, ва дар заминҷунбӣ ҳафт ҳазор одам нобуд шуд; ва боқимондагон ба ҳарос афтоданд ва Худои Осмонро ҳамду сано хонданд. 14 Мусибати дуюм гузашт; инак, мусибати сеюм ба зудй меояд. 15 Ва фариштаи ҳафтум карнай навоҳт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ то абад салтанатхоҳад ронд». 16 Ва он бисту чор пир, ки дар пеши Худо бар тахтҳои худ нишастаанд, бар рӯи худ афтода, Худоро ибодат карданд. 17 Ва гуфтанд: «Туро шукр мегӯем, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ту ҳастй ва будй ва хоҳй омад, ва Ту бар тибқи қуввати бузурги Худ амал карда, бар тахти салтанат нишастй. 18 «Ва халқҳо дар қаҳр пгуданд; ва ғазаби Ту омад, ва. вақти он расид, ки мурдагонро доварӣ намой ва ба бандагони Худ, яъне ба анбиё ва муқаддасон ва касоне ки аз исми Ту метарсанд, ҳам ба хурдон ва ҳам ба бузургон подош диҳй ва нобудкунандагони заминро нобуд кунй». 19 Ва маъбади Худо дар осмон воз птуд, ва сандуқи аҳди Ӯ дар маъбади Ӯ зоҳир гардид; ва барқҳо ва садоҳо, ва раъдҳо ва заминҷунбй ва жолаи бузурге ба вуқӯъ омад.

Ваҳйи 12

Зан ва кӯдаки вай. Зане ки либосаш офтоб аст

1 ВА аломати бузурге дар осмон зоҳкр шуд: зан, ки либосаш офтрб аст, моҳтоб дар зери пойҳояш, ва тоҷе иборат аз дувоздаҳ ситора бар сараш. 2 Вай ҳомиладор буд, ва аз дард ва азоби зоиш фарьёд мезад.

Аждаҳои ҳафтсар занро бо кӯдаки вай таъциб мекунад

3 Ва аломати дигаре дар осмон зоҳир шуд: инак, аждаҳои бузурги сурх, ки ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар каллаҳояш ҳафт афсар; 4 Думи он сеяки ситораҳоро аз осмон кашида, бар залшн афканд. Ин аждаҳо пеши зане ки бояд мезоид, истод, то ки ҳангоми зоидани вай кӯдаки вайро фурӯ барад. 5 Вай писаре зоид, ки ӯ бояд ҳамаи халқҳоро бо асои оҳанин чупонй кунад: ва писари вай сӯи Худо ва тахти Ӯ бурда шуд. 6 Ва он зан ба биёбон гурехт, ки дар он ҷо барои вай аз ҷониби Худо махоне муҳайё гардидааст, то ки ба вай ҳазору дусаду шаст рӯз ғизо дода шавад.

Фариштаи муқарраб Микоил аждаҳоро бар замин сарнагун мекунад

7 Ва дар осмон ҷанг шуд: Микоил ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо меҷангиданд, ва аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд, 8 Аммо натавонистанд истодагӣ кунанд, ва дар осмон барои онҳо дигар ҷое ёфт напгуд. 9 Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадкмй, ки кблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд. 10 Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегӯяд: «Акнун наҷот ва кувват ва Малакути Худои мо ва қудрати Масеҳи Ӯ фаро расид, чунки маломатгари бародарони мо, ки дар ҳаққи онҳо шабу рӯз дар пеши Худои мо маломат мекард, сарнагун шуд; 11 «Онҳо бар вай ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд ва ҷони худро то ба ҳадди мамот гиромӣ надоштанд. 12 «Пас, шодӣ кунед, эй афлок ва сокинони он! Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!»

Аждаҳои иблис боз занро бо кӯдаки вай ва бокии насли вай таькиб мекунад

13 Ва чун аждаҳо дид, ки бар замин сарнагун шуд, занеро, ки писар зоида буд, таъқиб намуд. 14 Ва ба он зан ду боли уқоби бузурге дода шуд, то ки вай аз пеши мор ба биёбон ба макони худ парвоз кунад, ва дар он ҷо дар давоми замон ва замонҳо ва нисфи замон ғизо гирад. 15 Ва мор аз даҳонаш аз ақиби зан обе мисли дарьё сар дод, то ки дарьё вайро барад. 16 Лекин замин ба зан мадад кард, ва замин даҳонашро кушода, он дарьёро, ки аждаҳо аз даҳонаш сар дода буд, фурӯ бурд. 17 Ва аждаҳо ба зан дарғазаб пгуда, рафт, то бо боқии насли вай, ки аҳкоми Худоро риоят мекунанд ва шаҳодати Исои Масеҳро доранд, ҷанг кунад.

Ваҳйи 13

Ду ҳайвони ваҳшии шайтон: зиддимасеҳ ва набии вай.

Ҳайеони ваҳшии ҳафтсар, ки аз баҳр берун меояд

1 ВА бар реги баҳр истода, ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меояд, ва ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар шохҳояш даҳ афсар, ва бар каллаҳояш номҳои куфр. 2 Ҳайвони ваҳшие ки ман дидам, монанди паланг буд, пойҳояш мисли пойҳои хирс, ва даҳонаш мисли даҳони шер; ва аждаҳо қуввати худ ва тахти худ ва кудрати бузурге ба вай дода буд. 3 Ва дидам, ки яке аз каллаҳои вай гӯё ба дараҷаи марговар ярадор шудааст, валекин он яраи марговар шифо ёфтааст. Ва тамоми аҳли замин дар ҳайрат афтода, аз паи ҳайвони ваҳшӣ рафтанд; ва аждаҳоро, ки ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дода буд, ибодат карданд; 4 Ва ба ҳайвони ваҳшй саҷда карда, гуфтанд: «Кист, ки мисли ин ҳайвони ваҳшӣ бошад, ва кист, ки битавонад бо вай ҷанг кунад?» 5 Ва ба вай даҳоне дода шуд, ки суханони пурғурур ва куфр гӯяд, ва ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ амал кунад. 6 Ва даҳонашро барои куфри Худо воз кард, то ки бар исми Ӯ ва маскани Ӯ ва сокинони осмон куфр гӯяд. 7 Ва ба вай ато шуд, ки бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб ояд; ва ба вай салтанат бар ҳар сибт, ва қавм, ва забон, ва қабила дода шуд. 8 Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст. 9 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад. 10 Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт; ҳар кӣ бо шамшер мекушад, худаш бояд бо шамшер кушта шавад. Дар ин ҷост сабр ва имони муқаддасон.

Ҳайвони ваҳгиии дорои ду шох, ки аз замин берун меояд

11 Ва ҳайвони ваҳшии дигаре дидам, ки аз замин берун меояд; вай ду шох дошт монанди шохҳои барра, ва мисли аждаҳо сухан мегуфт. 12 Вай дар пеши ҳайвони ваҳшии якум бо тамоми қудраташ амал мекунад, ба тавре ки тамоми замин ва сокинони онро маҷбур менамояд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум, ки яраи марговараш шифо ёфтааст, саҷда кунанд; 13 Ва аломати бузурге ба амал меоварад, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурӯ меоварад. 14 Ва бо мӯъҷизоте ки дар пеши ҳайвони ваҳшй метавонист нишон диҳад, сокинони заминро фиреб дода, ба сокинони замин мегӯяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд. 15 Ва ба вай ато шудааст, ки ба он пайкари ҳайвони ваҳшӣ ҳаёт бахшад, то пайкари ҳайвони ваҳшй тавре сухан гӯяд ва амал кунад, ки ҳамаи онҳое ки ба пайкари ҳайвони ваҳшӣ саҷда намекунанд, кушта шаванд. 16 Ва тавре рафтор мекунад, ки ҳама - хурдон ва бузургон, сарватдорон ва мискинон, озодон ва гуломон - бояд бар дасти росташон ё бар пешониашон тамға зананд, 17 Ва ҳеҷ кас харидан ва фурӯхтан нахоҳад тавонист, ҷуз касе ки чунин тамға: е номи ҳайвони ваҳшӣ ё шумораи номи онро дорад. 18 Дар ин ҷо ҳикмат аст. Ҳар кӣ ақл дорад, шумораи ҳайвони ваҳширо ҳксоб кунад, зеро ки он шумораи одамизод аст; шумораи он шашсаду шасту шаш мебошад.

Ваҳйи 14

Барра бар кӯҳи Сион ва 144000 кафоратшудагон

1 ВА назар андохтам, ва инак, Барра бар кӯҳи Сион истодааст, ва бо Ӯ саду чилу чор ҳазор нафар, ки бар пешониҳошон исми Падари Ӯ навишта шудааст. 2 Ва овозе аз осмон шунидам, мисли шувваси обҳои бисьёр ва монанди садои раъди пурзӯр; ва овозе ки шунидам, монанди овози барбатнавозоне буд, ки барбатҳои худро менавозанд: 3 Онҳо дар пеши тахт ва дар пеши он чор ҳайвон ва пирон суруди наве месароянд; ва ҳеҷ кас натавонист он сурудро ёд гирад, ҷуз он саду чилу чор ҳазор нафар, ки аз замин харида шуда буданд. 4 Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон палид нашудаанд, зеро ки онҳо боисматанд; штҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд, 5 Ва дар даҳонашон макре нест; онҳо дар пеши тахти Худо беайбанд.

Эьяон кардани он ки соати доварии Худо фаро расидааст. Фариштае бо Инчили абадй

6 Ва фариштаи дигаре дидам, ки дар миёнаи осмон парвоз мекунад ва Инҷили абадй дорад, то ки ба сокинони замин ва ба ҳар қабила ва сибт, ва забон на қавм башорат диҳад; 7 Ва ӯ бо овози баланд мегуфг: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридагори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед».

Фариштаи дигар фурӯ ғалтидани Еобилро эьлон мекунад

8 Ва фариштаи дигар аз ақиби ӯ омада, мегуфт: «Бобил, шаҳри бузург, фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз шароби пурғазаби зинокории худ нӯшонид».

Фариштаи сеюм кисмати парастишкунандагони ҳайвони ваҳширо эълон мекунад

9 Ва фариштаи сеюм аз ақиби онҳо омада, бо овози баланд мегуфт: «Ҳар кй ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда кунад ва бар пешонии худ ё бар дасти худ тамға занад, - 10 «Вай аз шароби хашми Худо, аз шароби холисе ки дар косаи ғазаби Ӯ муҳайё шудааст, хоҳад нӯшид, ва дар пеши фариштагони муқаддас ва дар пеши Барра дар оташ ва кибрит азоб хоҳад кашид; 11 «Ва дуди азобҳои онҳо то абад баланд хоҳад шуд, ва касоне ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва паикари он саҷда менамоянд ва тамғаи номи онро қабул мекунанд, на рӯз ором хоҳанд гирифт, на шаб». 12 Дар ин ҷост сабри муқаддасон, ки аҳкоми Худо ва имони Исоро риоят мекунанд.

Хушбахтии онҳое ки дар Худованд мемиранд

13 Ва овозе аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Бинавис: хушо мурдагоне ки минбаъд дар Худованд мемиранд; оре, мегӯяд Рӯҳ, инҳо аз меҳнатҳои худ ором мегиранд, ва аъмолашон аз қафояшон меравад».

Ибтидои доварии Худо. Доси Худо барои дарав бар замин андохта шудааст

14 Ва назар андохгам, ва инак, абри сафед, ва бар абр касе монанди Писари Одам нишастааст, ки бар сараш тоҷи тилло, ва дар дасташ доси тез дорад. 15 Ва фариштаи дигар аз маъбад баромад ва бо овози баланд ба Нишинандаи абр нидо кард: «Доси Худро ба кор андоз ва дарав кун, чунки вақти дарав расидааст; зеро ки ҳосили замин пухтааст». 16 Ва Нишинандаи абр доси Худро бар замин андохт, ва замин даравида шуд. 17 Ва фариштаи дигар аз маъбаде ки дар осмон аст, берун омад, ки ӯ низ доси тез дошт. 18 Ва фариштаи дигар, ки бар оташ қудрат дорад, аз қурбонгоҳ берун омад ва бо овози баланд ба он ки доси тез дошт, нидо карда, гуфт: «Доси тези худро ба кор андоз ва сарҳои ангури заминро бибур, чунки ангураш пухтааст». 19 Ва он фаришта доси худро бар замин андохт, ва сарҳои ангури заминро бурид, ва онро дар чархушти бузурги ғазаби Худо афканд, 20 Ва чарҳушт дар беруни шаҳр пойкӯб карда шуд, ва хун аз чархушт то ба ҷилави аспон, ба масофаи ҳазору шашсад стадия ҷорӣ шуд.

Ваҳйи 15

Тахдиди ҳафт балои охирин. Ҷалол додани Барра

1 ВА дар осмон аломати дигаре дидам, ки бузург ва аҷоиб буд: ҳафт фаришта, ки ҳафт балои оҳирин доранд, чунки хашми Худо бо онҳо анҷом ёфт. 2 Ва гӯё баҳре аз шиша дидам, ки бо оташ омехта буд; ва касоне ки бар ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он ва тамғаи он ва шумораи номи он ғолиб омада буданд, бар ин баҳри шиша истодаанд, ва барбатҳои Худо дода дар дасти онҳост, 3 Ва суруди Мусои бандаи Худо ва суруди Барраро хонда, мегӯянд: «Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ! Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон! 4 «Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва ислш Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳои одилонаи Ту зоҳир шудааст».

Тайёрй ба ҳафтп бало

5 Ва баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, маъбади хаймаи шаҳодат дар осмон воз шуд, 6 Ва аз маъбад ҳафт фаришта баромаданд, ки ҳафт бало доштанд, ва катони тоза ва дурахшон дар бар карда ва то синаашон камарбанди тилло баста буданд. 7 Ва яке аз он чор ҳайвон ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тиллои пур аз ғазаби Худоро дод, ки Ӯ то абад Зинда аст. 8 Ва маъбад аз ҷалоли Худо ва аз қуввати Ӯ пур аз дуд шуд, ва то ҳафт балои ҳафт фаришта анҷом наёфт, ҳеҷ кас натавонист ба маъбад дарояд.

Ваҳйи 16

Косаҳои ғазаби Худо бар замии рехтпа мешавад

1 ВА овози баланде аз маъбад шунидам, ки ба ҳафт фаришта мегӯяд: «Биравед ва ҳафт косаи ғазаби Худоро бар замин бирезед».

Косаи лкум - яраҳои бади фасоднок бар одамон

2 Фариштаи якум рафта, косаи худро бар замин рехт, ва бар одамоне ки тамғаи ҳайвони ваҳширо доранд ва ба пайкари он саҷда мекунанд, яраҳои бад ва зишти фасоднок пайдо шуд.

Косаи дуюм - ба хун мубаддал шудани обҳои баҳр

3 Фариштаи дуюм косаи худро дар баҳр рехт; ва он ба хуне мисли хуни мурда мубаддал шуд, ва тамоми махлуқоти ҷондори баҳр мурд.

Косаи сеюм - ба хун мубаддал шудани чашмаҳо ва даръёҳо

4 Фариштаи сеюм косаи худро дар дарьёҳо ва чашмаҳои об рехт, ва онҳо ба хун мубаддал шуданд. 5 Ва фариштаи обҳоро шунидам, ки мегуфт: «Ту одилй, эй Худованд, ки ҳастӣ ва будӣ, ва куддус мебошӣ, зеро ки чунин ҳукм кардаӣ; 6 «Азбаски онҳо хуни муқаддасон ва анбиёро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки бинӯшанд: ин сазои онҳост». 7 Ва курбонгоҳро шунидам, ки мегӯяд: Юре, эй Худованд Худои Кодири Мутлақ, довариҳои Ту ҳақ асту рост».

Косаи чорум - гармои сӯзон

8 Фариштаи чорум косаи худро бар офтоб рехт, ва ба вай қудрате ато шуд, ки одамонро ба оташ бисӯзонад. 9 Ва одамонро гармои зӯре сӯзонд, ва онҳо ба исми Худо, ки бар ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то ки Ӯро ҷалол диҳанд.

Косаи панҷум - ғазаби Худо бар малакути ҳайвони ваҳшй

10 Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ рехт, ва малакути он торик шуд, ва онҳо забонҳои худро аз дард мегазиданд, 11 Ва ба Худои Осмон аз боиси азобҳои худ ва яраҳои худ куфр мегуфтанд, ва аз аъмоли худ тавба накарданд.

Косаи шашум - рӯҳҳои дев, ки аломот ба амал меоваранд

12 Фариштаи шашум косаи худро дар дарьёи бузурги Фурот рехт, ва оби он хушк пгуд, то барои подшоҳоне ки аз ҷониби тулӯи офтоб ҳастанд, роҳ муҳайё шавад. 13 Ва дидам, ки аз даҳони аждаҳо, ва аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ, ва аз даҳони набии козиб се рӯҳи палиде монанди қурбоққаҳо мебароянд. 14 Онҳо рӯҳҳои деванд, ки аломот ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то ки онҳоро барои ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд. 15 Инак, мисли дузд меоям: хушо касе ки ҳушьёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то ки бараҳна роҳ наравад, ва расвоии ӯро набинанд. 16 Ва онҳоро ба мавзее ҷамъ оварданд, кн ба забони ибронӣ Ҳармиҷидӯн ном дорад.

Косаи ҳафтум - заминҷунбии азим ва жола

17 Фариштаи ҳафтум косаи худро бар ҳаво рехт, ва аз маъбади осмон аз ҷониби тахт овози баланде баромад, ки мегуфт: «Ба амал омад!» 18 Ва барқҳо, раъдҳо ва садоҳо ба вуқӯъ омад, ва заминҷунбии азиме рӯй дод, ки мислаш, аз замоне ки одамон бар замин ҳастанд, рӯй надода буд, - он қадар заминҷунбии пурзӯр ва азим буд! 19 Ва шаҳри бузург ба се қисм аз ҳам ҷудо шуд, ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ ғалтиданд, ва Бобили бузург дар пеши Худо зикр ёфт, то ки косаи шароби пурхашми ғазаби Худро ба он диҳад. 20 Ва ҳар ҷазира гурехт, ва кӯҳҳо нопайдо гашт; 21 Ва жолаи бузурге ки гӯё ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало бағоят сахт буд.

Ваҳйи 17

Доварй бар фоҳишаи бузург

1 ВА яке аз он ҳафт фариштае ки ҳафт коса доштанд, омад ва бо ман сухан ронда, гуфт: «Ин ҷо биё, то довариро дар ҳаққи фоҳишаи бузурге ки бар обҳои бисьёр нишастааст, ба ту нишон диҳам, 2 «Ки подшоҳони замин бо вай зино кардаанд, ва сокинони замин аз шароби зинокории вай маст шудаанд». 3 Ва маро дар Рӯҳ ба биёбон бурд; ва занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии арғувонӣ, ки аз номҳои куфр пур буд, ва ҳафт калла ва даҳ шоҳ дошт, нишаста буд. 4 Ва он зан либоси қирмизӣ ва арғувонӣ дошт, бо тилло, ҷавоҳирот ва марворид зинат ёфта буд, ва дар дасташ косаи тиллое нигоҳ медошт, ки аз қабоҳат ва наҷосати зинокории вай пур буд; 5 Ва бар пешонии вай номи сирре навишта шуда буд: «Бобили бузург, модари фоҳишагон ва қабоеҳи замин». 6 Ва дидам, ки он зан аз хуни муқаддасон ва аз хуни шоҳидони Исо маст аст, ва аз дидани вай ниҳоятдараҷа ҳайрон шудам.

Сирри зани фоҳиша ва ҳайеони ваҳшӣ

7 Ва фаришта ба ман гуфт: «Чаро ҳайрон шудӣ? Ман сирри ин зан ва он ҳайвони ваҳширо, ки зан бар он савор аст, ва ҳафт калла ва даҳ щох дорад, ба ту мегӯям. 8 «Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз варта хоҳад баромад ва ба сӯи ҳалокат хоҳад рафт; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз ибтидои ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва зоҳир хоҳад шуд, дар ҳайрат хоҳанд афтод. 9 «Дар ин ҷост ақле ки ҳикмат дорад. Ҳафт калла ҳафт кӯҳест, ки он зан бар онҳо нишастааст, 10 «Ва инҳо ҳафт подшоҳ ҳастанд, ки панҷ нафарашон фурӯ ғалтидаанд, яке ҳаст, ва дигаре ҳанӯз наомадааст, ва ҳангоме ки ояд, муддати каме бояд бимонад.

Ғалабаи Барра, ҳалокати ҳайвони ваҳшӣ ва ҳамаи пайравони вай

11 «Ва он ҳаивони ваҳшӣ, ки буд ва нест, ҳащтум аст, ва аз ҷумлаи ҳафт аст, ва ба сӯи ҳалокат хоҳад рафт. 12 «Ва он даҳ шоҳ, ки ту дидӣ, даҳ подщоҳ ҳастанд, ки ҳанӯз малакут ба даст наовардаанд, лекин барои як соат бо ҳайвони ваҳшӣ, ҳамчун подшоҳон, салтанат пайдо хоҳанд кард; 13 «Онҳо як ният доранд, ва куввату салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ хоҳанд дод; 14 «Онҳо ба Барра ҷанг хоҳанд кард, ва Барра бар онҳо ғолиб хоҳад омад; зеро ки Ӯ Худованди худовандон ва Подшоҳи подшоҳон аст, ва онҳое ки бо Ӯ ҳастанд, даъватшудагон ва баргузидагон ва аминон мебошанд». 15 Ва он фаришта ба ман гуфт: «Обҳое ки ту дидӣ, ки он ҷо фоҳиша нишастааст, одамон ва қавмон, ва қабилаҳо ва забонҳо мебошанд. 16 «Ва он даҳ щох, ки ту дидӣ, ва ҳайвони ваҳшӣ аз фоҳища нафрат хоҳанд дошт, ва ӯро хонавайрон ва урьён хоҳанд кард, ва ҷисми ӯро хоҳанд хӯрд, ва ӯро дар оташ хоҳанд сӯзонд; 17 «Чунки Худо дар дили онҳо андохтааст, ки иродаи Ӯро ба ҷо оваранд, ба тавре ки ҳама якдилона салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ диҳанд, то ки суханони Худо иҷро шавад. 18 «Ва он зане ки Дидӣ, шаҳри бузург аст, ки бар подшоҳони замин салтанат меронад».

Ваҳйи 18

Доеарии Худо бар фоҳишаи бузург - Бобил

1 БАЪД аз ин ман фариштаи дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекунад ва қудрати бузурге дорад; ва замин аз ҷалоли ӯ мунаввар шуд. 2 Ва ӯ бо овози кавӣ нидо карда, гуфт: «Фурӯ ғалтид! Фурӯ ғалтид Бобили бузург! Вай маскани девҳо ва паноҳгоҳи ҳар рӯҳи палид ва пакоҳгоҳи ҳар мурғи палид ва кароҳатангез гардид; зеро ҳамаи халқҳо аз шароби пурғазаби зинокории вай нӯншданд, 3 «Ва подшоҳони замин бо вай зино карданд, ва тоҷирони замин аз айшу нӯши бузурги вай сарватдор шуданд». 4 Ва овози дигаре аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то ки дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед; 5 «Зеро ки гуноҳҳои вай то ба осмон расидааст, ва Худо зулмҳои вайро ба хотир овардааст. 6 «Сазояшро диҳед, чунон ки вай низ шуморо сазо додааст, ва бар тибқи аъмоли вай сазояшро дучандон диҳед; дар косае ки вай барои шумо шароб тайёр карда буд, барои вай дучандон тайёр кунед. 7 «Ҳар кадар вай ҷалол ёфта, айшу нӯш мекард, ҳамон қадар бо азият ва бадбахтӣ сазояшро Диҳед. Зеро ки вай дар дили худ мегӯяд: "Малика шуда нишастаам, ва бева нестам, ва бадбахт нахоҳам буд". 8 «Бинобар ин дар як рӯз балоҳо, мамот ва мотам ва қаҳтй ба сари вай хоҳад омад. Вай дар оташ хоҳад сӯхт, зеро пурқувват аст Худованд Худо, ки вайро доварй мекунад.

Навҳа ва гирья дар бораи ҳалокати Бобил

9 «Ва подшоҳони замин, ки бо вай зино ва айшу нӯш кардаанд, вакте ки дуди сӯхтори вайро бинанд, дар ҳаққи вай гирья ва навҳа хоҳанд кард, 10 «Ва аз тарси азобҳои вай, дуртар истода, хоҳанд гуфт: "Вой, вой бар ҳоли ту, эй шаҳри бузурги Бобил, эй шаҳри мустаҳкам! Зеро ки дар як соат қазои ту омадааст". 11 «Ва тоҷирони замин дар ҳаққи вай гирья ва навҳа хоҳанд кард, чунки молҳои онҳоро дигар ҳеҷ кас намехарад: 12 «Молҳои тилло ва нуқра, ва ҷавоҳирот, ва марворид, ва катон, ва арғувон, ва абрешим, ва қирмиз, ва ҳар дарахти муаттар, ва ҳар маснуот аз оҷ, ва ҳар маснуот аз дарахтони гаронбаҳо, аз мис ва оҳан ва мармар, 13 «Ва дорчин, ва бухур, ва равғани атрафшон, ва лодан, ва шароб, ва равғани зайтун, ва орд, ва гандум, ва чорво, ва гӯсфандон, ва аспҳо, ва аробаҳо, ва ҷисмҳо ва ҷонҳои одамӣ. 14 «Аз меваҳое ки ҷони ту тамаъ дорад, маҳрум гаштай, ва ҳар чизи фарбеҳ ва боҳашамат аз ту дур шудааст, - онро дигар нахоҳй ёфт. 15 «Тоҷирони ин чизҳо, ки аз ин сарватдор шудаанд, аз тарси азобҳои вай, дуртар истода, гирья ва навҳа хоҳанд кард. 16 «Ва хоҳанд гуфт: "Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки катон ва арғувон ва қирмиз дар бар дошт ва бо тилло ва ҷавоҳирот зинат ёфта буд! 17 "Зеро ки дар як соат чунин сарват нобуд шуд". Ва ҳамаи суккондорон, ва ҳамаи киштилишинон, ва ҳамаи маллоҳон, ва ҳамаи онҳое ки дар баҳр тиҷорат мекунанд, дуртар истода 18 «Ва дуди сӯхтори вайро дида, фиғон кашиданд ва гуфтанд: "Кадом шаҳр монанди ин шаҳри бузург будааст!" 19 «Ва ба сарҳошон хок пошиданд ва фарьёд зада, бо гирья ва навҳа гуфтанд: "Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳои вай ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватдор шудаанд! Зеро ки дар як соат вай хароб гардидааст".

Шодии муҳаддасон бар осмон

20 «Шодӣ кунед дар ҳаққи вай, эй осмон, ва ҳаввориёни муқаддас, ва анбиё, зеро ки Худо доварй намуда, интиқоми шуморо аз вай гирифтааст. 21 Ва як фариштаи қавӣ сакги бузургеро монанди санги осиё бардошта, дар баҳр андохт ва гуфт: «Бо чунин шиддат шаҳри бузурги Бобил сарнагун хоҳад шуд, ва дигар ёфт нахоҳад шуд; 22 «Ва овози барбатнавозон, ва сарояндагон, ва найнавозон ва карнайнавозон дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, ва ҳеҷ як санъаткори ҳеҷ як санъате дар ту дигар нахоҳад буд, ва садои сангҳои осиё дар ту дигар шунида нахоҳад шуд; 23 «Ва рӯшноии чароғ дар ту дигар пайдо нахоҳад шуд, ва овози домод ва арӯс дар ту дигар шунида нахоҳад пгуд, зеро ки тоҷирони ту акобири рӯи замин буданд, ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо дар иштибоҳ афтодаапд. 24 «Ва дар вай хуни анбиё ва муқаддасон ва ҳамаи мақтулони рӯи замин ёфт шудааст».

Ваҳйи 19

Шодмонӣ бар осмон дар бобати фурӯ талтидани Бобил

1 ПАС аз ин ман овози баланде мисли овози издиҳоми бузург дар осмон шунидам, ки мегуфт: «Ҳалелуёҳ! Наҷот ва ҷалол ва қувват аз они Худованди мо мебошад, 2 «Зеро ки аҳкоми Ӯ ҳақ асту рост! Чунки Ӯ фоҳишаи бузургеро, ки заминро бо зинои ҳуд фосид карда буд, маҳкум намуд, ва хуни бандагони Худро аз дасти вай ситонид». 3 Ва дубора гуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Дуди Бобил то абад баланд мешавад». 4 Ва он бисту чор пир ва чор ҳайвон афтода, ба Худое ки бар тахт нишастааст, саҷда карданд ва гуфтанд: «Омин! Ҳалелуеҳ!» 5 Ва овозе аз ҷониби тахт баромад, ки мегуфт: «Эй ҳамаи бандагони Ӯ ва тарсгорони Ӯ, ҳурдон ва бузургон, мадҳ кунед Худои моро!» 6 Ва овозе шунидам мисли овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисьёр, мисли садои раъдҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар тахти салтанат нишастааст.

Никохи Барра

7 «Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ӯро ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст». 8 Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст. 9 Ва ба ман гуфт: «Бинавис: "Хушо онҳое ки ба базми никоҳи Барра даъват шудаанд"». Ва ба ман гуфт:"Инҳо суханони ҳақикии Худост". 10 Ман бар пойҳояш афтодам, то ки ба ӯ таъзим кунам; лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; ман бо ту ва бо бародарони ту, ки шаҳодати Исоро доранд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо, зеро ки шаҳодати Исо рӯҳи нубувват аст».

Зоҳир шудани Масеҳ

11 Ва осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва Савори он Амин ва Ҳақ ном дорад, ва Ӯ аз рӯи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад. 12 Чашмони Ӯ мисли пгӯълаи оташ аст, ва бар сари Ӯ афсарҳои бисьёр; Ӯ исми навиштае дорад, ки онро, гайр аз Худи Ӯ, ҳеҷ кас намедонад; 13 Ва Ӯ либоси хунолуде дорад, ва исми Ӯ хонда шудааст: Каломи Худо. 14 Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз паи Ӯ мерафтанд. 15 Ва аз даҳони Ӯ шамшери тез берун меояд, то ки халқҳоро бо он бизанад. Ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонй мекунад; Ӯ чархушти шароби хашм ва ғазаби Худои Кодири Мутлақро пойкӯб мекунад. 16 Бар либос ва бар рони Ӯ навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон».

Шикасти ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб

17 Ва як фариштаро Дидам, ки бар офтоб меистод; ва ӯ бо овози баланд нидо карда, ба ҳамаи мурғоне ки дар миёнаи осмон парвоз мекарданд, гуфт: «Биёед, ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед, 18 «То ки ҷасадҳои подшоҳонро, зӯроваронро, мириҳазоронро, аспон ва саворонашонро, ҷасадҳои ҳамаи озодон ва ғуломон, ва хурдон ва бузургонро бихуред». 19 Ва ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони замин ва лашкарҳошонро дидам, ки ҷамъ шуда буданд, то ки бо Савори асп ва бо лашкари Ӯ ҷанг кунанд. 20 Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мӯъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кӯли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт; 21 Ва касони бокӣ бо шамшери Савори асп, ки аз даҳони Ӯберун омада буд, кушта шуданд; ва ҳамаи мурғон аз ҷасадҳои онҳо сер пгуданд.

Ваҳйи 20

Шайшон ба муддати ҳазор сол занҷирбанд шуд

1 ВА фариштае Дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва калиди варта ва занҷири бузурге дар дасташ буд. 2 Ва ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки кблкс ва шайтон аст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд, 3 Ва онро дар варта андохт, ва онро бандубаст кард, ва бар он мӯҳр зад, то ки халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки ҳазор сол анҷом ебад; баъд аз ин вай бояд ба муддати каме озод шавад.

Эҳьёи якум ва малакути ҳазорсолаи Масеҳ

4 Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагокро дидам, ки кхтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд, ва ҷонҳои касонеро дидам, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳо ба ҳайвог.и ваҳшӣ ва ба пайкари он саҷда накарда буданд ва тамғаи онро бар пешонӣ ва дасти худ назада будакд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ ҳазор сол салтанат рондакд; 5 Вале боқии мурдагон зинда нашуданд, то даме ки ҳазор сол анҷом ебад. Ин эҳьёи якум аст. 6 Хушбахт ва қуддус аст касе ки дар эҳьёи якум иштирок дорад: бар онҳо мамоти дуюм қудрат надорад, балки онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд шуд ва бо Ӯ ҳазор сол сантанат хоҳанд ронд.

Ҳуҷуми охирини шайтон ва ғалабаи цатьӣ бар он

7 Ва ҳангоме ки ҳазор сол анҷом ёбад, шайтон аз зиндони ҳуд озод хоҳад шуд, 8 Ва берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Чуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо мисли реги баҳр аст. 9 Ва ба арзи замин баромаданд ва қароргоҳи муқаддасон ва шаҳри маҳбубро иҳота карданд. Ва аз осмон аз ҷониби Худр оташ фуромада, онҳоро хӯрд; 10 Ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кӯли оташ ва кибрит андохта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб ҳастанд, ва онҳо шабу рӯз то абад азоб хоҳанд кашид.

Эҳьёи куллй ва доварии охирин

11 Ва тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ӯ осмон ва замин мегурехтанд, ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд. 12 Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушоца буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварй карда шуданд. 13 Ва баҳр мурдагонеро, ки дар вай буданд, дод, ва мамот ва дӯзах мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд; ва ҳар яке мувофиқи аъмолаш доварӣ карда шуд. 14 Ва мамот ва дӯзах дар кӯли оташ андохта шуданд. Ин мамоти дуюм аст. 15 Ва ҳар ки дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, дар кӯли оташ акдохта шуд.

Ваҳйи 21

Ерусалими нав; арӯси Барра

1 ВА осмони нав ва замини навро дидам; зеро ки осмони пештара ва замини пештара гузашт, ва баҳр дитар набуд. 2 Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас - Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст. 3 Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ваӮ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд; 4 Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт. 5 Ва Нишинандаи тахт гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Ва ба ман гуфт: «Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост». 6 Ва ба ман гуфт: «Ба амал омад! Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам; ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод; 7 «Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ӯ Худо хоҳам буд, ва ӯ барои Ман писар хоҳад буд; 8 «Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро - насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст». 9 Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, назди ман омада, гуфт: «Биё, то ба ту арӯсро, завҷаи Барраро нишон диҳам», 10 Ва маро Дар Рӯҳ ба кӯҳи бузурғ ва баланде бурд ва шаҳри бузург - Ерусалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо нузул мекард, 11 Ки вай ҷалоли Худоро дорад; найири вай ба санги бағоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булӯр шаффоф бошад; 12 Вай девори бузург ва баланде дорад, ва дувоздаҳ дарвоза дорад, ва бар онҳо - дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳои дувоздаҳ сибти банӣИсроил навишта шудааст: 13 Аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза. 14 Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дорад, ва бар онҳо - номҳои дувоздаҳ ҳаввориёни Барра. 15 Ва он ки бо ман сухан меронд, ба сифати андоза наи тиллое дошт, то ки шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад. 16 Шаҳр ба шакли мураббаъ воқеъ аст, ва дарозии он баробари фарохии он аст. Ва ӯ шаҳрро бо най андоза карда, дувоздаҳ ҳазор стадия ёфт; дарозӣ ва фароҳӣ ва баландии он баробар аст. 17 Ва девори онро андоза карда, саду чилу чор зироъ ба андозаи одамизод ёфт, ки андозаи фаришта низ чунин аст. 18 Девори он аз яшм сохта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза дюнандӣ дорад. 19 Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна ҷавоҳирот мурассаъ аст: таҳкурсии якум - яшм, дуюм - ёқути кабуд, сеюм - ақики сӯхта, чорум - зумуррад, 20 Панҷум - ақиқи гулобӣ, шашум - ақиқ, ҳафтум - забарҷад, ҳащтум - берил, нӯҳум - ёқути зард, даҳум - ақиқи сабз, ёздаҳум - гиацинт, дувоздаҳум - нилум. 21 Ва дувоздаҳ дарвоза - дувоздаҳ марворид: ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кӯчаи шаҳр - зари ҳолис, монанди шишаи шаффоф. 22 Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, ҳамчунин Барра. 23 Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст. 24 Ва халқҳои ҷаҳон дар рӯшноӣи вай роҳ хоҳанд рафт, ва подшоҳони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай хоҳанд овард. 25 Ва дарвозаҳои шаҳр рӯзона баста нахоҳад шуд, зеро ки дар он ҷо шаб наҳоҳад буд; 26 Ва ҷалол ва шавкати халқҳоро ба вай ҳоҳанд овард; 27 Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғғӯй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.

Ваҳйи 22

Дарьёи покизаи Худо ва дарахти ҳает

1 ВА дарьёи покизаи оби ҳаётро ба ман нишон дод, ки мисли булӯр дурахшон буда, аз ҷониби тахти Худо ва Барра ҷорӣ мешуд. 2 Дар миёнаи кӯчаи шаҳр, дар ҳар ду канори дарьё, дараҳти ҳаёт аст, ки дувоздаҳ мева меоварад, яъне ҳар моҳ меваи худро медиҳад; ва баргҳои дарахт барои муолиҷаи халқҳост. 3 Ва ҳеҷ лаънатшудае дигар нахоҳад буд; ва тахти Худо ва Барра дар вай хоҳад буд, ва бандагони Ӯ ба Ӯ хизмат хоҳанд кард, 4 Ва рӯиӮро хоҳанд дид, ва исми Ӯбар пешониҳошон хоҳад буд. 5 Ва шаб дигар нахоҳад буд, ва онҳо ба чароғ ва рӯшноии офтоб эҳтиёҷ нахоҳанд дошт, зеро ки ХудованД Худо ба онҳо рӯшноӣ мебахшад; ва то абад салтанат хоҳанд ронд.

Хотимаи китоб. Инак, ба зудӣ меоям

6 Ва ба ман гуфт: «Ин суханон ҳақ асту рост»; ва Худованд Худои анбиёи муқаддас фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ба қарибӣ ба вуқӯъ ояд, ба бандагони Худ нишок диҳад. 7 «Инак, ба зудй меоям. Хушокасеки суханони нубуввати ин китобро риоят мекунад». 8 Ва ман, Юҳанко, инро дидам ва шунидам. Ва ҳангоме ки шунидам ва дидам, бар пойҳои фариштае ки инро ба ман нкшон дод, афтодам, то ки ба ӯ таъзим кунам. 9 Лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; зеро ки ман бо ту, ва бо бародаронат - анбиё, ва бо онҳое ки суханони ин китобро риоят мекунакд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзкм намо». 10 Ва ба ман гуфт: «Суханони нубуввати ин китобро мӯҳр накун; зеро ки вақт наздик аст. 11 «Бигзор золим боз зулм кунад, ва палид боз худро палид созад, ва одил боз адолат варзад, ва муҳаддас боз худро тақдис намояд. 12 «Инак, ба зудй меоям, ва муксфоти Мап бо Ман аст, то ки ҳар касро мувофиқи аъмолаш сазо диҳам. 13 «Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо, Аввалин ва Охирин ҳастам». 14 Хушо онҳое ки аҳкоми Ӯро риоят мекунанд,то ки ба дарахти ҳаёт хуқуқдор шаванд ва ба дарвозаи шаҳр дароянд. 15 Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зикокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, - берун аз он хоҳанд буд. 16 «Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба ш>'мо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам». 17 Ва Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: «Биё!» Ва ҳар кӣ мешунавад, бигӯяд: «Биё!» Бигзор таигна биёяд, ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад. 18 Ман низ ба ҳар касе ки суханони нубуввати ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ӯ балоҳое илова хоҳад кард, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст. 19 Ва агар касе аз суханони ин китоби нубувват чизе кам кунад, Худо насиби ӯро аз дарахги ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, кам хоҳад кард. 20 Шаҳодатдиҳандаи ин мегӯяд: «Оре, ба зудӣ меоям!» Омин. Оре, биё, эй Исои Худованд! 21 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.