Tajik Mark

1 Ибтидои Инҹили Исои Масеҳ, Писари Худо, Чунон ки дар суҳафи анбиё навишта шудааст: Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад. Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ўро рост кунед. Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард. Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рўди Ўрдун аз вай таъмид меёфтанд. Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбой мехўрд. Ва мавъиза карда, мегуфт: Аз паси ман Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, даволи пойафзоли Ўро воз кунам; Ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ў шуморо бо Рўҳулқудс таъмид хоҳад дод.

Дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Исо аз Носираи Ҹалил омада, дар Ўрдун аз Яҳьё таъмид ёфт. Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рўҳро, ки монанди кабўтаре бар Ў нозил мешавад. Ва овозе аз осмон даррасид: Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастй, хусни таваҹщўҳи Ман бар Туст.

Пас аз он фавран Рўҳ Ўро ба биёбон бурд. Ва Ў чиҳил рўз дар биёбон буд, ва шайтон Ўро меозмуд; бо даррандагон рўз мегузаронд, ва фариштагон Ўро парасторй мекарданд.

Пас аз он ки Яҳьё таслим карда шуд, Исо ба Ҹалил омад ва Инҹили Малакути Худоро мавъиза кард, Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: Тавба кунед ва ба Инҹил имон оваред.

Ва чун аз канори баҳри Ҹалил мегузашт, Шимъўн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳр тўр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳй буданд. Ва Исо ба онҳо гуфт: Маро пайравй кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам. Дарҳол онҳо тўри худро монда, аз паи Ў равона шуданд. Чун аз он ҹо каме пеш рафт, Яъкуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ тўрҳои худро таъмир мекунанд, ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қақ бо коргарон гузошта, аз паи Ў равона шуданд.

Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд: ва дере нагузашта Ў дар рўзи шанбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурўъ намуд. Ҳама аз таълими Ў дар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрар таълим медод, на ҳамчун китобдонон. Дар куништи онҳо касе буд, ки рўҳи палид дошт, ва якбора фарьёд зада, гуфт: Туро бо мо чй кор аст, эй Исои Носирй? Ту барои нест кардани мо омадай! Ман медонам, ки Ту кистй, эй Қуддуси Худо! Исо вайро манъ карда, гуфт: Хомўш шав ва аз вай берун ой! Рўҳи палид вайро ба ларза андоҳта, бо овози баланд фарьёд заду аз вай берун шуд. Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҹае ки аз якдигар мепурсиданд: Ин чист? Ин чй таълимоти навест, ки Ў ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояад, ва онҳо ба Ў итоат мекунанд? Ва овозаи Ў зуд дар тамоми сарзамини Ҹалил паҳн шуд.

Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъкуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъўн ва Андриёс омаданд. Модарарўси Шимъўн дар ҳолати табларза хобида буд; ва дарҳол Ўро аз ин ҳолати вай хабардор карданд. Ва Ў наздик шуда, аз дасти вай гирифту бархезонд; табларзаи вай дарҳол нест шуду вай ба парастории онҳо машғул гашт.

Бегоҳй, ки офтоб фурў рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ў оварданд. Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд. Ва Ў бисьёр касонро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисьёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ўро медонистанд.

Пагоҳй, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҹо дуо гуфт. Шимъўн ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ў шитофтанд; Чун Ўро ёфтанд, гуфтанд: Ҳама Туро меҹўянд. Ў ба онҳо гуфт: Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҹо низ мавъиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам. Ва Ў дар тамоми Ҹалил дар куништҳои онҳо мавъиза менамуд ва девҳоро берун мекард.

Махавие назди Ў омада, зорй кард ва зону зада гуфт: Агар хоҳй, метавонй маро пок кунй. Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: Мехоҳам, пок шав! Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест шуду вай пок гардид. Ва ба вай чашм ало карда, дарҳол аз Худ дур намуд ва ба вай гуфт: Зинҳор, ба касе чизе магў, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани шуд он чи Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад. Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҹае ки Ў дигар ошкоро ба шаҳр даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр, дар ҹойҳои хилват рўз мегузаронд. Ва мардум аз ҳар сў назди Ў меомаданд.

2

free web site hit counter